Научная статья на тему 'ИЗ ИСТОРИИ СОЗДАНИЯ ТАДЖИКСКОГО ПЕДАГОГИЧЕСКОГО ИНСТИТУТА В РАШТСКОМ РАЙОНЕ'

ИЗ ИСТОРИИ СОЗДАНИЯ ТАДЖИКСКОГО ПЕДАГОГИЧЕСКОГО ИНСТИТУТА В РАШТСКОМ РАЙОНЕ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
62
7
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАДЖИКИСТАН / РАШТ / ИНСТИТУТ / ОБРАЗОВАНИЕ / ГОСУДАРСТВО / СТУДЕНТЫ / НАУЧНАЯ РАБОТА / ПРЕПОДАВАТЕЛЬ / УЧЕБНЫЙ ПРОЦЕСС

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Махсудов Аслиддин Мухаббатович

В статье рассматривается история создания Таджикского педагогического института в Раштском районе. Автор на основе научной литературы и популярной источников раскрывает основные этапы создания первого вуза в Раштском регионе.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

FROM THE HISTORY OF THE CREATION OF THE TAJIK PEDIGOGICAL INSTITUTE IN THE RASHTK DISTRICT

The article deals with the history of the establishment of the Tajik Pedagogical Institute in the Rasht district. The author, on the basis of scientific and memoir literature and sources, disseminates the main stages of the creation of the first university in the Rasht region.

Текст научной работы на тему «ИЗ ИСТОРИИ СОЗДАНИЯ ТАДЖИКСКОГО ПЕДАГОГИЧЕСКОГО ИНСТИТУТА В РАШТСКОМ РАЙОНЕ»

АЗ ТАЪРИХИ МАХСУДОВ Аслиддин Му^аббатович,

ТАЪСИСЕБИИДОНИШКАДАИ докторанти PhD - и Институти таърих, бостоншиносй ва

омУзгории ТОЧ,ИКИСТОН мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ Цумх,урии Точикистон

ДАР НОХ,ИЯИ рАШТ (Точикистон, нохияи Рашт)

ИЗ ИСТОРИИ СОЗДАНИЯ МАХСУДОВ Аслиддин Мухаббатович,

ТАДЖИКСКОГО PhD докторант Института истории, археологии и

ПЕДАГОГИЧЕСКОГО этнографии имени А. Дониша АН Республики Таджикистан,

ИНСТИТУТА (Таджикистан, Раштскийрайон) В РАШТСКОМ РАЙОНЕ

FROM THE HISTORY OF THE MAKHSUDOV Asliddin Muhabbatovich,

CREATION OF THE TAJIK doctoral student of the Ahmad Donish Institute of history, PEDIGOGICAL INSTITUTE IN archaeology and ethnography, Academy of Sciences of the THE RASHTK DISTRICT Republic of Tajikistan. (Tajikistan, Rasht region)

Е - MAIL: makhsudov@inbox.ru.

Калидвожщо: Точикистон, Рашт, донишкада, маълумот, донишчуён, кори илмй, омузгор, равияи таълим.

Дар мацола таърихи ташкили Донишкадаи омузгории Точикистон дар нохияи Рашт баррасй шудааст. Муаллиф дар асоси сарчашмацои илмй ва расмй таъсиси аввалин донишкадаро дар минтацаи Рашт ба цалам додааст.

Ключевые слова: Таджикистан, Рашт, институт, образование, государство, студенты, научная работа, преподаватель, учебный процесс

В статье рассматривается история создания Таджикского педагогического института в Раштском районе. Автор на основе научной литературы и популярной источников раскрывает основные этапы создания первого вуза в Раштском регионе.

Key words: Tajikistan, Rasht, institute, education, states, students, scientific works, teacher, educational process.

The article deals with the history of the establishment of the Tajik Pedagogical Institute in the Rasht district. The author, on the basis of scientific and memoir literature and sources, disseminates the main stages of the creation of the first university in the Rasht region.

Донишкадаи омузгории Точикистон дар нохияи Рашт дар давраи сохибисти;ололии Ч,умх,урии Точикистон арзи хастй намуда, айни замон дар тарбияи кадрхои омузгории водии Рашт ва хамчунин минта;ахои гуногуни чумхурй на;ши муассир дорад. Ташкили донишкада дар минта;а зарурати таърихй буда, дар рушди маориф, тарбияи чавонон дар рухияи ватандустй, худшиносии миллй ва тахкими Вахдати миллй ахамияти вижа дорад.

Агар ба гузаштаи мактабу маориф дар замони Шуравй нигох кунем, нахустин макотиби замонавй дар Fарм соли 1925 ташкил шуда, дар андак муддат бахши маориф ба дастовардхои назаррас ноил гардид. Ба назари мо бузургтарин дастовард дар бахши маорифи солхои 30-юми асри XX, ин ташкил намудани Омузишгохи омузгории шахраки Навободи нохияи Fарм (хозира Рашт) мебошад. Ин омузишгох соли 1932 ташкил гардида, имсол фаъолияти он ба 86 сол пур мешавад. Дар давоми фаъолияти худ омузишгохи мазкур дар таъмини мутахассисони сохди омузгорй барои макотиби водии Рашт ва дигар музофотхои кишвар, инчунин барои таъмини мактабхои точикони чумхурихои Узбекистану ^иргизистон бо омузгорони синфхои ибтидой на;ши таърихй доштааст. Таълиму тадрис замони Шуравй дар ин омузишгох хуб ба рох монда шуда буд, ки дар натича аксари хатмкунандагони он баъди хатми омузишгох ба мактабхои олии омузгории шахри Душанбе ва ^ургонтеппа дохил шуда, сохиби маълумоти олй гардиданд. Хрло омузишгохи мазкур бо он ифтихор мекунад, ки аз дастпарварони он 2 нафар ба дарачаи академикй ва 40 нафар номзаду докторони илм ба воя расидаанд. Айни замон аксари хатмкунандагони омузишгох (айни замон Коллечи омузгории шахраки Навободи нохияи Рашт) тахсилоти олиро дар назиктарин махалли зист Донишкадаи омузгории Точикистон дар нохияи Рашт мегиранд, ки ин аз самари истиклолияти давлатии Точикистон манша мегирад.

Ифтитохи мактаби олии омузгорй дар минтацаи шарци Тоницистон падидаи нек ва олй буда, заминахои таърихии худро дорад. Собиц мудири маорифи Рашт Муллонон Ахмадов мегуяд, ки гояи ташкил намудани мактаби олии омузгорй дар Рашт хануз дар соли 1989 ба миён омада буд. Ба гуфтаи у, дар охирхои солх,ои мавчудияти Х,окимияти Шуравй бо вунуди гамхорихо нисбати омузгорон, норасоии муаллимон дар макотиби водии Рашт ба назар мерасид. Дар баъзе макотиби навохии водии Рашт муаллимони навон аз дигар минтацахои кишвар, ки он но макотиби олии омузгорй амал мекарданд, даъват мешуданд. Бо ин хама, - меафзояд Муллонон Ахмадов, ин холат норасоии кадрхои омузгориро наметавонист ба пуррагй барорад. Чунин як пешниход ба гуфтаи у, бо далели набудани базаи моддиву техникй барои масъулини Вазорати маорифи Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Тоникистон гайримкон хисобида шуд.

Танхо соли 1992 имконият даст дод, то аввалин филиали Донишгохи омузгории Душанбе дар нохияи Fарм (хозира Рашт) ташкил карда шавад. Мирзохона Пиров нахустин декани факултети филологияи филиал дар ин бора менависад: "Хукумати нумхурии Тоникистон фармон ирсол намуд ва се шуъбаи рузона: филологияи тоник, таърих, математика, инчунин як гурух аз Донишгохи техникии Тоникистон кушода шуд" [1, 78].

Мирзохона Пиров, ки номзади илмхои педагогй, дотсенти кафедраи адбиёти тоники ДДОТ ба номи Садриддин Айнй буд, сарвари он интихоб гардид. Шуъба фаъолияти худро дар заминаи базаи омузишгохи педагогии шахраки Навобод огоз кард. Мувофици гуфтаи Мирзохона Пиров: "Таълими донишнуён дар шахраки Навобод ва сипас дар шахраки Fарм огоз ёфт, ки 360 нафар донишну аз устодони филиал таълим мегирифтанд" [1, 78]. Харчанд аз лихози сиёсй ва ицтисодй солхои душвор буданд, Мирзохона Пиров навиштааст, ки мардум хаманониба филиалро дар шахраки Навобод дастгирй мекарданд: "Дар Санги Кар (дехае дар наздикии шахраки Навобод, -М.А.) бо дастгирии раиси нохия О. Бобононов ошхона, нонвойхона ташкил намудем, ки ба хар донишну ва устод дар руз як дона нони кулча мерасид. Инчунин, як цисми одамон хайру саховаташонро ба мо арзонй медоштанд" [2, 11].

Асосан, хуннатхои бойгонй ба он далолат мекунанд, ки воцеан барои ташкили мактаби олии омузгорй дар Рашт заминахо мавнуд буданд. Зеро аз як нохияи Рашт нафарони зиёди сохибунвон дар риштахои омузгорй ба воя расиданд ва бо ташкили филиал бархе аз ин устодон ба тадрис чалб шуданд: Мирзохона Пиров, (номзади илмхои педагогй, дотсент, сарвари филиал), Акбар Шарифов (номзади илмхои филологй, дотсент), Алишох Шомахмадов (номзади илмхои физика-математика, дотсент), Муродбек Одилов, номзади илмхои тиббй, дотсент), Насрулло Исоев (номзади илмхои кишоварзй, дотсент), Мухаббат ^осимов (номзади илмхои педагогй, дотсент) ва инчунин муаллимони калони сохибтанриба, ки солхои зиёд дар ДДОТ ба номи С. Айнй дарс дода буданд: Довуд Эшонов, Бегинон Эшонов; ассистентон Хотам Махрамов, Махмадй Хасанов, Махмуднон Хонаев ва дигарон. Аксари омузгорон танрибаи калони педагогй дошта, муаллифу мураттиби китоб, дастурхои илмиву методй ва маколахои зиёди илмй-оммавй буданд. Масалан, Мирзохона Пиров муаллифи 12 китоби таълимй-методй, 73 мацолаи илмй-методй ва хамзамон яке аз муаллифони китоби "Адабиёти тоник" барои синфи 5 мебошад.

Солхои 1992 - 1994 руз то руз авзои сиёсй дар нумхурй печида мегардид ва аз хисоби сокинони водии Рашт дар макотиби олии нумхурй нафарони кам тахсил мекарданд. Танхо ФДДОТ ба номи ^андил Чураев (холо ба номи С. Айнй) дар нохияи Рашт метавонист нойхои холии макотиби ин минтацаро бо кадрхои омузгорй таъмин намояд. Дар соли якум 360 нафар ба ФДДОТ дар нохияи Fарм цабул гардиданд, ки 41 нафари онхо духтарон буданд. Дар китоби "Омузгор, мухацциц ва инсони накукор аз Раштонзамин" омадааст: "Хатто ба афроди рахгумзада, ки силох ба даст гирифта буданд, мулоцотхо анном додам ва натинаи чунин амал хамин шуд, ки баъзехо ба нойи силох цалам ба даст гирифтанд" [2, 9].

Машгулиятхо бисёр хуб мегузаштанд ва филиал аз тарафи раиси нохияи Рашт Орифнон Бобононов пурра дастгирй медид. Аммо вазъи бадисиёсй боиси он шуд, ки филиал дар таърихи 3-юми апрели соли 1993 бо фармони раиси нохия Бахриддин Музаффаров аз Навобод ба Fарм кучонида шавад. Лекин бо назардошти базаи мустахкаму тачрибаи зиёди навободии омузишгохи омузгорй боз филиал аз Fарм ба Навобод интицол дода шуда, сарвари омузишгохи омузгории нохияи Рашт Муллонон Ахмадов дар як давра рохбари филиал таъйин мегардад. Аммо вазъи на чандон хуби сиёсй боис мегардад, ки аз 1-уми сентябри соли 1995 фаъолияти филиали ДДОТ дар нохияи Рашт мувацатан цатъ гардад [2,10]. Боиси таассуф аст, ки аксари донишнуёни филиали мазкур дар он солхои мураккаб бо сабабхои гуногуни ицтисодиву интимой натавонистанд тахсилоти худро дар Душанбе идома диханд. Аксари навонон мухонирати мехнатиро ихтиёр

намуданду духтарону бонувон тахсилотро цатъ карданд, бинобар ин хамагй 30 нафар барои тахсил ба ДДОТ ба номи С. Айнй рафтанд.

Пас аз 7 сол, санаи 22-июни соли 2002 дуюмбора фаъолият ФДДОТ ба номи Чураев дар нохияи Рашт содир мешавад.

Аз соли тахсили 2002-2003 дар нохияи Рашт шуъбаи таълими гоибонаи факултети таърих ва филологияи тоники ДДОТ ба номи ^андил Чураев таъсис дода шуд [1,9].

Соли 2007 шуъбахо ба филиал табдил дода шуда, аз 22-юми январи соли 2007, Пиров Мирзохона бо фармони № 88-и Вазири маорифи Чумхурии Тоникистон Абдунаббор Рахмонов директори филиал таъин мегардад"[1,11].

Соли 2008 дар ФДДОТ ба номи С. Айнй дар нохияи Рашт 4 шуъбаи бунавй ва 5 шуъбаи шартномавй амал мекарданд, ки дар онхо 708 нафар донишнуён, аз нумла 156 нафар духтарон, ба таълим фаро гирифта шудабуданд. Аз соли 2002 то 2007 дар филиал 4 нафар доктори илм, профессор ва 8 нафар номзад, дотсент, 10 нафар муаллими калон дарс мегуфтанд. Аввалин хатмкунандагониборат аз 56 нафар филиалросоли 2007 хатм намуданд, ки хамчун воцеаи мухими таърихй номи онхо дар китоби "Боргохи маърифат" (24 нафар дар риштаи филология ва 32 нафар дар риштаи таърих ва хуцуц) цайд шудаанд [1, 213-214].

Руйдоди мухими дигари таърихй он буд, ки филиали раштй соли 2008-ум сохиби бинои панчошёна гардид ва лентаи рамзии онро Пешвои миллат,Асосгузои сулху вахдат, Президенти Чумхурии Тоникистон мухтарам Эмомалй Рахмон бурид. Филиал бо хобгоххам таъмин гардид. Албатта, дар ифтитохи чунин як бинои мухташаму замонавй сахми Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон таърихист ва умуман асосгузори мактаби олии омузгории Рашт Эмомалй Рахмонаст. Махз дастгирии хамнонибаи Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат Эмомалй Рахмон буд, ки мохи майи соли 2013 филиали мазкур макоми донишкадаро гирифт. Сохтмони ин бино дар цатори дигар макотиби олии Тоникистон аз хисоби маблагхои дохилй амалй гардид [3, 181].

Донишкадаи омузгории Тоникистон дар нохияи Рашт сол то сол рушд намуда, холо дар 4 факултети он аз руйи 16 ихтисос донишнуён тахсил мекунанд. Сол то сол шумораи донишнуён меафзояд. Агар дар соли тахсили 2013/ 2014 теъдоди донишнуён дар шуъбаи рузона-957 нафар ва дар шуъбаи гоибона 844 нафар бошад, дар соли тахсили 2015/2016 шумораи донишнуён дар шуъбаи рузона 1114 нафар ва дар шуъбаи гоибона ба 1368 нафар расид [5,8].

Сол аз сол шумораи довталабон ба донишкада меафзояд. Масалан, тибци иттилои Маркази миллии тестии Тоникистон дар соли тахсили 2018/2019 раками рамзии ДОТ дар нохияи Раштро беш аз 3000 довталаб интихоб намудаанд. Ба иттилои шуъбаи омори донишкада ин бори аввал аст, ки аз тарици маркази миллии тестй чунин шумораи зиёди довталабон донишкадаро интихоб намудаанд.

ДОТ дар нохияи Рашт аз лихози базаи модиву техникй тайи ин солхо рушд намуда, ба шабакаи нахонии интернет пайваст гардид. ДОТ дар нохияи Рашт дар соли тахсили 2017-2018 аз низоми анъанавй пурра ба низоми тахсилоти кредитй, ки талаботи бозори тахсилоти нахонй мебошад, гузашт.

Дар донишкада хамчунин корхои илмй низ ба таври чашмрас рушд намуда, сол аз сол шумораи номзадхои илм меафзояд.

Хулоса, фаъолияти мактаби олии омузгорй дар шахраки Fарми нохияи Рашт ицдоми таърихии Хукумати Тоникистон ва самараи бебахои истицлолияти давлатй аст, ки имруз кадрхои он дар сохаи маориф ва дигар бахшхои хаётан мухими истехсолот фаъолият менамоянд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Боргохи Маърифат. - Душанбе: Деваштщ, 2007. -232 с.

2. Омузгор, мухацциц ва инсони накукор аз Раштонзамин. - Душанбе: Сифат, 2014. -94 с.

3. Рушди маориф ва илм дар даврони Исти^лолияти давлатй. - Душанбе: Маориф, 2016.-192 с.

4. Махмуди Шодй. Ноширони маориф дар Рашт (охири асри XIX ва ибтидои асриXIX), - Душанбе: Илм. - 208 с.

5. www.dot.tj: Хисоботи солонаи Ректори ДОТ дар нохияи Рашт барои соли хониши 2016-2017. -Рашт, 2017. - С 8.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.