Научная статья на тему 'ИЗ ИСТОРИИ ПОЯВЛЕНИЯ, ТОПОНИМОВ И ОНОМАСТИКИ, СВЯЗАННЫХ С ЛЕТОВКОЙ'

ИЗ ИСТОРИИ ПОЯВЛЕНИЯ, ТОПОНИМОВ И ОНОМАСТИКИ, СВЯЗАННЫХ С ЛЕТОВКОЙ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
64
19
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
BADAKHSHAN / YEL / YELCHIZAN / TOPONIM / YELAK / YELICH / CENTRAL ASIA / TAJIKISTAN / PAMIR / VAKHSH

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Саидшоева Мадина Фаруховна

Пастбищное хозяйство является одним из древнейших и важных направлений занятности народа, и в жизни бадахшанцев считается основным источником обеспечения семьи такими продуктами как мясо и кисломолочные продукты. Согласно исследованиям до настоящего времени малоизученным остается вопрос изучения «элдори», имена людей и топонимы связанные с йелом (летовкой) не только в Бадахшане, но в целом по Центральной Азии. Эта статья также посвящена теме слов Элдори, которые до сих пор остаются в топонимии и ономастике.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

FROM THE HISTORY OF THE EMERGENCE OF THE TOPONYMS AND ONOMASTICS CONNECTED WITH PASTURE

Pasture farming is one of the most ancient and important directions of people’s amusement, and in life Badakhshantsev is considered the main source of providing the family with such products as meat and dairy products. According to research, the question of studying “Yeldori”, the names of people and toponyms associated with Yelom not only in Badakhshan, but in Central Asia as a whole, remains to be little studied. This article is also devoted to the topic of Eldori words, which still remain in toponymy and onomastics.

Текст научной работы на тему «ИЗ ИСТОРИИ ПОЯВЛЕНИЯ, ТОПОНИМОВ И ОНОМАСТИКИ, СВЯЗАННЫХ С ЛЕТОВКОЙ»

УДК:-392+394 (575.3)

АЗ ТАЪРИХИ ПАЙДО ШУДАНИ ТОПОНИМ^О ВА ОНОМАСТ^О ДАР МАЪРИФАТИ ЭЛДОРИ

САИДШОЕВА М. Ф., Донишгохи миллии Точикистон

Мардуми кухистони Бадахшон, аз чумла водии Дарвоз аз аввали бахор то охири тирамохи сари кавс чорвои худро дар девлох-эл нигох медоранд. Ч,ойи нигох, доштану парвариши говхо ва бузу гусфандон дар гуйиши мардумони минтакаи Дарвоз хел, дар гуйиши мардуми Бадахшон йел ва дар гуйиши мардуми туркзабон айлок ном дорад [13,159]. Вожаи "эл-йел" дар топонимхо ва ономастхои Осиёи Марказй зиёд ба назар мерасанд.Аз хамин лихоз маколаи мазкур ба мавзуи номхои элдорй, ки дар топонимика ва ономастика боки мондаанд бахшида шудааст.

Элдорй, яке аз шуглхои кадимтарини ахолй дар чахон буд.Гузаштагони халки точик аз замони неолит ва аввали асри биринч, яъне хазорахои VI-III пеш аз милод дар сахрохои чануби Украина, Россия аз Дунай то кули Байкал, аз Урал то укёнуси Динд ба чорводорй машгул буда, аз худ осори гаронбахо дар бахшхои топонимика, ономастика ва гайра бокй мондаанд.Омузиши топонимхои чойхои зикршуда барои муайян намудани худуди зисти ориётаборон ахаммияти калон дорад. Дар гузаштаи дур хамаи мардумони чахон чорводор буданд ва чорво хастии зиндагонии онхо ба хисоб мерафт. Дар Авесто Худои бузурги Ориёихо Ахура Маздо ба Ч,ам, саравлоди точикон, ки сохиби рамаву галаи зиёд будааст, эхтиром гузошта, "Чдми хурчехраи хубрама" гуфта мурочиат менамояд [1,424].

Дар "Форснома" дах пушти Фаридун бо номи гови тур алокаманд аст (Форснома, С. 11) ва духтари Ч,ам ва писари Фаридун Тур ном доранд. Ориёих,о ромкунандаи гови тур мебошанд.Гови тур тотемаи ориёих,о буд ва аз хдмин сабаб мардуми ориётабор лакаби чорводорияшон туронй буд [15,381-388].Дар оини ориёихо асп, гов, шутур, гусфанд, гавазн, нагум ва бузи кух,й мукаддас шуморида мешаванд, яъне тотема буданд, ки далел аз шугли чорводории гузаштагонамон мебошад.

Дар топоними Осиёи Марказй номхои зиёд бокй мондаанд, ки як кисмашон марбут ба чорводорон-элдорон мебошанд. Масалан дар нохияи Файзобод дехаи калон бо номи Элок ва дарёи Элок мавчуд аст. Деха дар чойи зебоманзар чойгир буда, дорои обу чарогохи фаровон аст. Дар гузашта дар ин чо эл-йел (х,ел) чойи зисти мавсими бахорона ва тобистонаи чорводорони точик будааст.Имруз он яке аз дехах,ои бузурги нохияи Файзобод мебошад.Бояд кайд кард, ки ин деха яку якбора пайдо

нашyдааст. Дар ин чо сараввал як оилаи айлокдор бо чорвои хеш омада зиндагй кардааст. Охиста-охиста хешон, наздикон ба ин чо омада, хонаву йел сохта дар ибтидо мавсимй ва дар нихоят ба деха табдил ëфтааст.

Дехаи Элок дар рохи корвонгарди Балхy ЧаFOниëн, Шyман ва Раштy Чин чойгир аст. Номи ин деха дар сарчашмахои замони Сомониëн "Дудуд-yл-олам" ва ал-Истахрй "Масолик ва Мамолик'^д мешавад. Он хамчун як истгох бо корвонсарой, дар рохи корвонгузари Шумон, Андигон (Вахдат), Вашгирд (Файзобод), Дарбанд (Нуробод) ва Рашт ëд карда мешавад. Бозëфтхои археологй нишон медиханд, ки Элок-Делак таърихи беш аз духазорсола дорад [12,369].

Маркази водии Вахш дар гузашта Делевард ном дошта аст. Шакли дурусти ин ном Деловар буда, он аз ду бахш: хел ба маънои ихота, шиF ва вар чой зистро дорад, яъне маънои чойи зисти молу говро ифода мекунад.

Тахкикотхо дар ин бахш нишон медиханд, ки иклими водии Вахш дар зимистон нарму мулоим ва тобистон хело гарм мешавад.Тахмин меравад, ки дар ибтидо чорводорон дар ин чо зимистонро гузаронида,тобистон ба кухистон, ба нохияи Файзобод-Элок рафта молу говро то сардихои шадид нигох медоштаанд. Дар ин чо низ дар ибтидо зисти мавсимй буд ва дар натичаи зисти бардавом ба дехд ва охиста-охиста ба шахр ва маркази маъмурии вилояти Вахш табдил ëфтааст. Ин яке аз воситахои пайдошавии дехаву шахрхо ба хисоб меравад [7,46-48].

Элигавора дехаест дар дараи Дашти Ч,ум (Ч,ам-Ч,амшед). Ачоибаш он аст, ки вожа дар шакли кадимааш "ейл" бокй мондааст. Имруз аксарияти точикон ин вожаро дар шакли хели молхо истифода мекунанд. Танхо мардуми Бадахшон онро йел мегуянд. Вожа аз ду бахш: "йел" ва "говора" иборат буда, маъноаш чои зисти говхоро ифода мекунад, яъне дар ибтидо ин чо хели говон будааст. Мувофики маълумотхо дар замонхои кадим йелдорон асосан барои мухофизати говхои ширдор аз хайвонхои вахшй онхоро шабонгах дар чойхои махсус, ки онро хеШ мегуянд нигох медоштанд. Тибки сарчашмахои хаттй маълум аст, барои ейлдорй хама вакт чойи махсусро интихоб менамудаанд. Ин хел хам дар як дараи калони хушманзараи Дашти Ч,ум чой гирифта, бо гузашти замон, ба як дехаи зебоманзаре табдил ëфтаст, бо вучуди он ки дар гузаштаи дур ин як бошишгохи молу гов будааст. Элигахвора имрузхо низ як дехаи калон дар нохияи Шамсиддини Шохин вокеъ мебошад.

Як бахши калони вилояти Тошкентро водии Элак-ейлак ташкил менамояд. Дар замони Сомондан он дорои 14 шахр ва маркази он шахри Тунукат буд. Элак маркази истехсоли нукра ва зарробхонаи сиккахои замони Сомониëн шуморида мешуд (Истахрй, С. 232). Вожаи "Йелак" дар замони баъд элак шудааст, ки хамон хел аст ва дар кадим яке аз нишастгоххои мардумони ордатабори чорводор, аз он чумла элдорон будааст.

Ин вожаи кадими точикиро дар топоними дур аз Точикистон, Осдаи Мдана дар харитаи географии Бурятмонголияи Федератсияи Россия мебинем. Элок дар шакли Илок яке аз шахрхои калони Бурятмонголия мебошад. Бозëфтхои археологй ва мардумшиносй аз он шаходат медиханд, ки дар асри биринчй хазорахои се ва дуи пеш аз милод, дар ин чо кабилахои ордай мезистанд ва элдориро турку мугул аз онхо ëд гирифтаанд. Ин ном аз хамон замон дар ин чо бокй мондааст, (нигаред ба Атласи СССР, сахифаи 94).

Аз ин бармеояд, ки омухтани топоними вожахои марбут ба таърихи чорводории точик, ахаммияти калони фархангй дорад. Дар баробари он маълум мешавад, ки чорводории мавсимй-элдорй таърихй бисëpхазоpсола дорад ва омузиши онро яке аз сарчашмахои мухимми таърихи халки точик мехисобанд.

Анъанаи элдорй хамчун шуглхои кадимй ва мухим дар рузгори мардумони Бадахшон бокй монда, сарчашмаи асосии таъмини оила бо махсулоти ширй дар тобистон ва зимистон шуморида мешавад [2,18-22].

Мардуми Бадахшон дар гузашта, бештари фасли солро дар худуди элдорй мегузарониданд ва дар он чо занхо таваллуд мекарданд ва мувофики урфият ба нафароне, ки дар элга таваллуд мешуданд, номи ба вожаи "эл" алока дошта мегузоштанд. Тибки таомули ачдодон агар падар дар сафар бошаду занаш тифл ба дуте орад Сафарбек, агар духтар бошад Сафармо номгузорй карда мешуданд. Чунин номгузорихо то холо идома дорад, азбаски мавзуи мо элдорй аст, масъаларо дар байни оилахое, ки ба айлокдорй машгуланд тахкик менамоем ва ин анъана аз замонхои дур то имруз бокй мондааст.

Аз тахкикот бармеояд, ки элдорй дар бахши пайдо шудани номгузории одамон накши мухим дорад ва ин анъана на танхо дар Точикистон, балки дар тамоми Осдаи Марказй мавчуд аст. Зиндагй дар шароити баландкух, ки элхо чой доранд мушкилихои здад дорад. Элдорон дар муддати панч-шаш мох дар эл то шиддати сардихо молу гови худро нигох медоштанд, мечарониданд, зеро дар деха барои нигох доштани молу гови зтед шароит набуд. Ва аз ин лихоз, дар ин муддати тулонй занони хомилае, ки дар оила танхо буданд ва нигохубини моли хонаи худро дар элга ба душ доштанд, дар он чо таваллуд менамуданд ва тифли навзодро мувофик ба замони элдорй низ номгузорй менамуданд. Ба монанди Элчй, Элмурод, Элбон, Элбой, Элчон, Чупон, Элбек, Элчибек, Элвард, Элназар, Элич, Девлохй, ки хар яки инхо боз тобишхои маъноии худро доранд. Агар дар эл духтарча таваллуд шавад, вайро Элнисо, Элчй, Элэор, Элмох, Элеонора, Элбибй, Элмомо, Элнигор ва амсоли инхо ном мениходанд. Бояд гуфт, ки дар шароити баландкух, шароити Fайpисанитаpй, сардй, набудани сару либоси лозимй, Fайpичашмдошт баъзе аз таваллудшудагон

даp элга, даp чомеа шахсони машхypи сохахои гуногуни илму фаpханг ва аpбобони сиëсй ва хочагй мебошанд.

Яке аз занхои машхypи замони Шypавй даp нохияи Даpвоз ^а^амони мехнати сотсиалистй Элич низ даp эл таваллуд шудааст ва волидайнаш ба y Элчй ном гузоштанд. Даp давpони Шypавй хангоми гиpифтани шиноснома, коpманди милиса, бонуи pyс маънии ин калимаpо нафахмида,номи ин дyхтаppо Элич менависад ва мавсуф бо ин ном шyхpатëp мешавад.

Элчимо-бибикалоне, ки зодаи нохияи Шугнон буд, тамоми yмpаш бо элдоpй сипаpй гаpдидааст, y низ набеpаи хyдpо низ Элчиваp номгyзоpй каpдааст.

Элбон-ба забони точикй маънояш посбони йел "девлох" мебошад. Ин ном даp сypате, ки айлокзан кyдакашpо шаб таваллуд кунад чунин гузошта мешавад. Элмypод- кyдаке, ки баъди чанд соли хонадоpй ба дуте меояд ва тамоми хонавода ypо интизоp буданд ва ба дуте омадани он ба мypод pасидани падаpy модаppо ифода мекунад. Девлохй аслан ин ном даp байни маpдyми Ванчу Даpвоз зиëд вомехypад. Маънои девлох даp элга таваллуд шyданpо доpад. Вожаи хеле кадима аст, маpдyмони Даpвоз элгаpо бештаp девлох мегyянд, ки ин вожа аз калимаи авастоий "дайва", маънояш Худо буда, чойи мyкаддасpо низ ифода мекунад. Ба хотиpи он, ки шиp, мост, дyF, pавFанy чypFOт Fизои мукаддас шyмоpида мешаванд, ибоpаи дайвлох имpyз даp шакли девлох истифода шудааст [9,65].

Даp элга ба дуте омадан, даp чое, ки хеч шаpоит баpои таваллуд каpдан нест зинда мондан даp мафхуми имpyза тааччyбоваp аст. Аммо даp давpахои пеш таваллуди кyдак, даp йелга, чойи мукаддас хисобида мешуд ва yмpи ояндаи онpо хамчун шахсияти бyзypг yмедвоp мешуданд. Бо вучуди ин аз деха модаpкалонхои тачpибадоpи зоишpо кабул менамyдагиpо ду ë се pyз пеш даъват мекаpданд. Чунки усули .nypyCT ва солим таваллуд шудани тифлpо онхо хеле хуб медонистанд. Тахкикот даp ин бахш нишон медихад, ки кyдакони даp девлохчойхо ба дyнë омада, солиму баpдам буда, чи тавpе даp боло ëд намудем бештаpи онхо сохиби касбу коp ва даp чомеа доpои обpyвy эътибоp мебошанд. Яке аз чунин шахсон бостоншиноси машк^и точик, академик Юсуфшо Ёкубшо мебошад, ки 16-уми декабpи соли 1937 даp элгаи баландкухи мулки Равнови нохияи Даpвоз ба дyнë омадааст. Дигаpй Ошypбибй аз дехаи Typбати нохияи Шугнон даp айлоки Алайи нохияи МypFоб ба дyнë омада сохиби 9 нафаp фаpзандони солех мебошад ва холо хамаи онхо сохиби касбу коpи гуногун хастанд ва ду нафаpи онхо, даp Aмpиковy Олмон коpy фаъолият доpанд.

Биëбонй Одилбеков сокини нохияи Рошткалъа, соли 1968 даp айлоки Виpчинд ба дyнë омадааст, муаллими мактаби мдана даp дехаи худ мебошад. Чупон Тиллоев соли 1972 даp элгаи нохияи Рошткалъа чашм ба олами хастй кушодааст. Баpодаpон Афзалшо ва Муъминшох

15б

Муборакшоевхо дар эли Богевдараи нохияи Шугнон ба дунё омадаанд ва алъон эшон сохиби касбу кори хуб мебошанд.

Масалан гирем, Элчибеков Курбонбек-номзади илмхои таърих, соли 1936 дар Ч,амоати дехоти Вири нохияи Шугнон ба дунё омада, соли 2015 ин оламро падруд гуфтааст. Мо бо бародараш Кудратбек Элчибеков феълан ходими пешбари илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмхои Точикистон хамсухбат шудем ва устод зимни сухбат чунин афзуданд: "Бобои мо дар замонхои хело кадим дар эла ба дунё омадааст ва волидайнаш уро Элчибек ном ниходаанд. Аз хамин сабаб авлоди мо бо номи Элчибековхо маъмул аст".

Ё худ мисол Бироимшоев Амдин сокини дехаи Ривак, ки соли 1991 дар элаки Шризмени дараи Бичанд ба дунё омадаст, холо дар шахри Москва зиндагонй дорад. Мо ин мисолхоро барои он овардем, ки нишон дихем, дар Бадахшон анъанаи элдорй бо расму русумхояш то имруз низ идома дорад, хол он ки дар дигар чойхои Точикистон йелдорй кариб,ки аз байн рафта аст.

Дар бораи кудакони дар доманакуххо ва элчойхо таваллудшуда ва аз онхо шахсиятхои машхури чахонй пайдо шудан, дар таърихи халки точик ривояту киссахои зиёде вучуд доранд. Масалан, Куруши Кабир дар хонаводаи марди чупон дар чарогох ба дунё омада баъдан дар кух бузург шудааст. Мувофики ривояти Деродот, Ахтивайгу хоб мебинад, ки духтараш Мондоно зани шохзодаи Форс Кабучй донаи ангур таваллуд мекунад ва он шоху барг бароварда тамоми мамлакатро фаро мегирад. Шох таъбири хобашро аз муначчимон мепурсад. Муначчимон мегуянд, ки духтари ту писареро ба дунё меорад, ки тахти шохиро аз ту мегирад. Ахтивайгу ба шахси бовариноки худ Гарпаг мефармояд, ки Мондоноро аз Порс биёранд, зери назорат гиранд ва хамин ки писарро таваллуд кард, уро кушанд. Гарпаг кудакро ба хона меорад ва бо зани худ маслихат карда мегуяд, ки Ахтивайгу калонсол аст ва вориси ягонаи у духтараш Мондоно модари хамин писар мебошад. Бинобар ин хуб мешуд, ки ин корро касе аз одамони шох ба ичро расонад. У ба чупони шох, ки Митродод ном дошт, чунин гуфт: Шох ба ту амр кард, ки тифлро ба макони дарандагон бибару бигузор уро нобуд кунанд. Митродот писаракро ба хона овард. Зани у Спак кудаки мурда таваллуд карда буд. Спак маслихат дод, ки писари мурдаро бо шохписар иваз намоянд ва аз ин кор касе хабар наёбад. Дамин тавр, чупон либосу тилловорихои писари Мондоноро ба писари худ пушонд ва ба чои гуфтаи Гарпаг бурд. Баъди се руз чупон назди Гарпаг омада хабар дод, ки супоришро ичро кард. Гарпаг одамони боваринокро ба чои таъиншуда фиристод ва кудакро гурониданд.[Геродот, История. М. 1964, С. 46-60;14,128-129]. Дамин тавр, Курушро чупон ва занаш дар айлок калон менамоянд ва номи Куруш низ маънои марди кур, яъне кур таваллудшуда, бузургшударо дорад, яъне одами дар калп (пешера)

таваллуд шуда. Ба хамин монанд достони "СимypF ва Зол" аз "Шохнома"-и Х,аким Абулкосими Фиpдавсй мебошад. Шохи Зобулистон Соми Наpимон аз бефаpзандй дилаш дог буд ва оpзyи фаpзандpо мекаpд. Даp нихоят занаш писаpи зебои муйи саpи заppиндошта таваллуд мекунад. Шох аз дидани он шаpмгин мешавад ва фаpмон медихад то ypо ба кух баpанд то нобуд шавад.

Даp ин кух симypFе ошëна дошт. У даp пайи pro^ бачахояш аз ошëнааш паpида буд ва аз баландй чашми тезбинаш ба кудак галтида, ба наздаш фypyд омад. Бачаи одамизодpо дид, ки даp офтоби сузон хобида, ангушт мемакад ва фаpëд мекашад. СимypF ypо ба чойи модаp шуд ва паpваpишаш паpдохт, бачахояш хохаpон ва баpодаpони y шуданд. Кудак ба хypиши симypFчахо одат каpд, тани баpахнааш, ба гаpмою саpмо ва боду туфонхо ху гиpифта, обутоб меëфт ва даp нихоят пахлавони номии Сиистон, падаpи Чдхонпахлавон Рустами Достон шуд [10, 48-50].

Топонимхо маънохои гуногуни забонpо вобаста ба хаëт даp худ тачассум мекунанд ва баpои халлу фасли як катоp масъалахои бахсталаб, аз чумла забоншиносии мyосиp заpyp мемонанд. Чун даp боло кайд каpдем даp Осиëи Миëна, бахусус даp Точикистон тахкику омузиши топонимияи махалхо то хол омухта нашудаанд ва баpои пажухандагони номвожахои ЧyFpофй маъхази басо чолиб ба шyмоp меpаванд. Даp ин чо мо бо номхои гyногyнpангy мухталифмаъно дyчоp мешавем, ки бештаpи онхо бо гузаштаи дyp тааллукдошта аз хотиpхо зудуда шудаанд ва баpои илм маводи аpзишманде ба хисоб меpаванд [6,37-46].

Имpyз оиди номвожахои чyFpофии мавзеъхои гуногуни Точикистон як силсила асаpy маколахои илмию тахкикотй ба нашp pасида бошанд хам, даp хаpитаи номшиносии точик сахифахои холй хеле зиëданд.

Номвожахои чyFpофии маpбyт ба элга, девлох, овулхои нохияи СyFд ва дигаp манотики Точикистон даp тули асpхо кабат ба кабат ташаккул ëфтаанд ва то хол тахкик нашудаанд. Ин аст, ки даp лугати топонимии ин кyхандиëp метавонанд сахифаи тозаpо пайдо намоянд, ки аз нигохи баpомад ва мансубият ба гуишхои гуногуни точик иpтибот доpанд [13,7-10].

Даp ин мавpид даp Бадахшон топонимхои йел, хел, элак, девлох здад ба назаp меpасанд, ки насли имpyза бештаpашон ба маънии чунин калимахо саpфахм намеpаванд. Даp дехаи Риваки Ч,амоати Навободи нохияи Шугнон як дехача Йеленакен ном доpад ва бо pивояте даp давpахои пеш як бибй бо номи Донобегим хаp сол даp ин чо йелдоpй каpда, он чойpо аз они худ намуда, Йеленакен ном гузоштааст.

Инчунин даp Ч,амоати Сучони нохияи Шугнон номи як дехачаи хypди дигаp бо номи Йелен мавчуд аст [8,129]. Arap мо бештаp чустучу намоем, чунин номxоpо даp топоними мамлакатамон здад пайдо каpда метавонем.

Номхои кадим ин таъpихи гузаштаву пypFановати халки мо мебошанд. Имpyз даp мавpиди пок намудани номхои Fайpи точикй,

бархехо номхои аслашон ба забони кадими точикй бударо иваз менамоянд, ки иштибохи бузург мебошад. Дехахо таърихи навишта надоранд, ягона таърихашон номи кадимаи онхо мебошад. Забоншиносон аз руйи ному номгузорй метавонанд таърихи ин ва ё он дехаро муайян ва баркарор намоянд. Иваз намудани номи кадими деха, нобуд кардани таърихи он мебошад.

Топонимхои Помирро бисёр олимони забоншиноси дохиливу хоричй солхои зиёде омухтаанд. Аввалин бор топонимхои Помир дар тадкикотхои олимони шинохта А.З. Розенфелд ва Р. Х. Додхудоев дида мешуданд. Олими маъруфи точик Назрй Офаридаев микротопонимияхои Ванчу Дарвозро меомузад, инчунин олиму мухаккики шинохта А. Н. Насреддиншоев Помири Шаркиро тахти тадкикоти хеш карор додааст. Вале ягон олим то холо дар мавзуи топонимхо ва номхои одамони бо йелдорй алокамандро тадкикот набурдааст.Маколаи пешниходшуда кадами аввалин дар ин самт аст.

АДАБИЁТ

1.Авесто. Душанбе, 2001-С.424.

2.Аламшоев,М. Шугнанская животноводческая лексика в этнолингвистическом и сравнительно - историческом освещении / М. Аламшоев.-2007.-С.18-22.

3. Булбулшоев, У. Т. Микротопонимия долины Шахдары в этнолингивсическом освещении / У. Т. Булбулшоев. - 2010. - С.19-21.

4. Буряков, Ю. Ф. Горное дело и металлургия средневековго Илака / Ю. Ф. Буряков. - М., 1974. - С.107-109.

5. Джахонов, У. Традиционное скотоводство у таджиков долины Сох в конце XIX начале XX в / У. Джахонов // История и этнография народов Средней Азии. - Душанбе, 1981.

6. Кисляков, Н. А. Древние формы скотоводство и молочное хозяйства у горных таджиковбасейна р.Хингоу / Н. А. Кисляков // Известия Тадж. ФАН СССР. - 1949. -№15.- С.37-46.

7. Литвинский, Б.А., Соловёв, В.А. Средневековая культура Тохаристана. М.1985.С46-48.

8. Офаридаев, Н. Ойконимияи ВМКБ / Н. Офаридаев . - Душанбе, 2010. - С.129.

9. Рахимов, М. Р. Некоторие обычаи и обряды связанные со скотоводом у таджиков Карате-

гина и Дарваза-Памяти М.С. Андреева /М. Р. Рахимов. - Сталинабад, 1960.С.65.

10. Фирдавсй. Шохнома. - Душанбе, 2016. - Ч,.1. - С.48-50.

11. Форснома. Душанбе,1989.С.160.

12 Дудуд-ул-олам. Душанбе, 2014.С.369.

13. Дусайн, Амид. Фарханги амид / Дусайн Амид.-Техрон.1931.С.159. Ч,умъахон, Алимй. Топонимияи минтакаи Кулоб / Ч,умъахон Алимй. - Душанбе.

2015.С.7-10.

14. Якубов, Ю. Таърихи кадими халки точик / Ю. Якубов.-Алмато, 2000. - С.128-

15.Яъкубшох, Ю. Давлати Каёниён./Ю. Яъкубов.- Душанбе, 2012, С.381-388.

АЗ ТАЪРИХИ ПАЙДО ШУДАНИ ТОПОНИМ^О ВА ОНОМАСТ^О ДАР МАЪРИФАТИ ЭЛДОРИ

Элдорй яке аз шуглх,ои кадим ва мухдмми мардумй дар рузгори бадахшониён буда, сарчашмаи асосии таъмини оила бо ширу чургот, каймок, гушт, курут ва равган шуморида мешавад. Аз тах,кикотх,о бармеояд, ки то имруз ба омузиши элдорй, номгузории одамон, топонимх,ои марбут ба эл на танх,о дар Бадахшон, балки дар Осиёи Марказй таваччух, зохир нашудааст.Маколаи номбурда низ ба мавзуи марбути вожах,ои элдорй, ки то имруз дар топонимика ва ономастика бокй мондаанд бахшида шудааст.

Калидвожа^о: Бадахшон,эл,элдори, топоним, элак, Элич, Осиёи Марказй, Тоцикистон, Помир, Вахш.

ИЗ ИСТОРИИ ПОЯВЛЕНИЯ, ТОПОНИМОВ И ОНОМАСТИКИ, СВЯЗАННЫХ С ЛЕТОВКОЙ

Пастбищное хозяйство является одним из древнейших и важных направлений занятности народа, и в жизни бадахшанцев считается основным источником обеспечения семьи такими продуктами как мясо и кисломолочные продукты. Согласно исследованиям до настоящего времени малоизученным остается вопрос изучения «элдори», имена людей и топонимы связанные с йелом (летовкой) не только в Бадахшане, но в целом по Центральной Азии. Эта статья также посвящена теме слов Элдори, которые до сих пор остаются в топонимии и ономастике.

Ключевые слова: Бадахшан, эл, летовка, топоним, элак, Элич, Центральная Азия, Таджикистан,Памир, Вахш.

FROM THE HISTORY OF THE EMERGENCE OF THE TOPONYMS AND ONOMASTICS CONNECTED WITH PASTURE

Pasture farming is one of the most ancient and important directions of people's amusement, and in life Badakhshantsev is considered the main source of providing the family with such products as meat and dairy products. According to research, the question of studying "Yeldori", the names of people and toponyms associated with Yelom not only in Badakhshan, but in Central Asia as a whole, remains to be little studied. This article is also devoted to the topic of Eldori words, which still remain in toponymy and onomastics.

Key words: Badakhshan,yel, yelchizan,toponim, yelak,Yelich, Central Asia, Tajikistan, Pamir,Vakhsh.

Сведения об авторе: Саидшоева Мадина Фаруховна - докторантка PhD исторического факультета ТНУ. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, проспект Рудаки, 17. Тел: (+992) 501264777 E-mail: [email protected]

Information about the author: Saidshoeva Madina Farukhovna - doctor PhD of Historical faculty of TNU. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Avenue, 17. Tel: (+992) 501264777.E-mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.