Научная статья на тему 'ИСТОРИЯ РАЗВИТИЯ СЕЛЬСКОГО ХОЗЯЙСТВО ГБАО В КОНЦЕ ХХ-НАЧАЛО ХХI ВВ.'

ИСТОРИЯ РАЗВИТИЯ СЕЛЬСКОГО ХОЗЯЙСТВО ГБАО В КОНЦЕ ХХ-НАЧАЛО ХХI ВВ. Текст научной статьи по специальности «Социальная и экономическая география»

CC BY
57
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ГБАО / СССР / ГРАЖДАНСКАЯ ВОЙНА / РАЗВИТИЕ СЕЛЬСКОГО ХОЗЯЙСТВА / ПРИВАТИЗАЦИЯ / ФЕРМЕРСКИЕ ХОЗЯЙСТВА / АССОЦИАЦИИ / УСПЕХИ / ПРОБЛЕМЫ

Аннотация научной статьи по социальной и экономической географии, автор научной работы — Абдурамонова Подшохоним Давлатамоновна

В статье рассматривается история развитие сельского хозяйство ГБАО в конце ХХ-начало ХХ1 вв., негативное влияние эпохи развала СССР, гражданская война 90-х годов ХХ в. на развитие сельского хозяйство. Кроме того в статье анализируется старание государства и международных организаций в период перехода от плановой к рыночной экономики, процесса приватизациии сельского хозяйства, организации дехканских (фермерских) хозяйств и дехканских ассоциаций, развитие растениводства, животноводства, пчеловодства, организации новой отрасли - рыбоводства, а также успехи и проблемы сельского хозяйства ГБАО.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

HISTORY OF CREATION AND DEVELOPMENT OF TOURISM IN GBAO AT THE END OF XX- BEGINNING OF THE XXI CENTURY

The article describes the history of the agriculture development in GBAO in the late XX century and beginning of the XXI century, the period of the collapse of the USSR, and the negative impact of the civil war in the 1990s of the XX century on the agricultural sector in the region. Besides, the article discusses the efforts and resources invested by the Government of Tajikistan and the international organizations in the agricultural sector aimed at transiting from the economic planning to the market economy, the privatization process, creation of new farms and various forms of agricultural associations, development ofplanting, livestock sector, beekeeping and fishery in the case of GBAO. The article also discusses the success and issues faced during the mentioned period and provides analytical insight on the researched topic.

Текст научной работы на тему «ИСТОРИЯ РАЗВИТИЯ СЕЛЬСКОГО ХОЗЯЙСТВО ГБАО В КОНЦЕ ХХ-НАЧАЛО ХХI ВВ.»

ТАЪРИХИИНКИШОФИ АБДУРАМОНОВА Подшохоним Давлатамоновна,

ХОЧАГИИЦИШЛОЦИВМКБ аспиранти кафедраи таърихи умумии факултети

ДАР ОХИРИ АСРИХХ ВА таърих ва %уцуци Донишго^и давлатии Хорог АВВАЛИАСРИХХ1 (Тоцикистон, Хорог)

ИСТОРИЯ^ РАЗВИТИЯ АБДУРАМОНОВА Подшохоним Давлатамоновна, СЕЛЬСКОГО ХОЗЯЙСТВО ГБАО аспирант кафедры общей истории факультета В КОНЦЕ ХХ-НАЧАЛО ХХ1 вв. истории и права Хорогского Государственного

университета (Таджикистан, Хорог)

HISTORY OF CREATION AND ABDURAMONOVA Podshokhonim Davlatamonovna, DEVELOPMENT OF TOURISM applicant of the Tajik University IN GBAO AT THE END OF XX - of Khorog (Tajikistan, Khorog),

BEGINNING OF THEXXI CENTURY E-MA1L:podshokhonim91@mail.ru

Калидвожа^о: ВМКБ, ИЧ,ШС, цанги шаурвандй, рушди кишоварзй, хусусигардонй, хоцагщои дещонй, ассотсиатсияуо, комёбщо, мушкилот.

Дар мацола таърихи рушди кишоварзй дар ВМКБ дар охири солуои бистум ва ибтидои асри XXI, таъсири манфии фурупошии замони Шуравй, цанги шацрвандии сол^ои 90-уми асри XX ба рушди сощи кишоварзй баррасй мегардад. Хамчунин дар мацола сайъу кушишуои давлат ва созмонуои байналмилалй дар давраи гузариш аз ицтисодиёти нацшавй ба бозорй, раванди хусусигардонии хоцагии цишлоц, ташкили хоцагщои дещонй (фермерй), асосиатсияуои дещонй, рушди растанипарварй, чорводорй, занбурпарварй, ташкили саноати нав - моуипарварй, инчунин пешрафт ва мушкилотуои сощи кишоварзй дар ВМКБ таулил карда шудааст.

Ключевие слова: ГБАО, СССР, гражданская война, развитие сельского хозяйства, приватизация, фермерские хозяйства, ассоциации, успехи, проблемы.

В статье рассматривается история развитие сельского хозяйство ГБАО в конце ХХ-начало ХХ1 вв., негативное влияние эпохи развала СССР, гражданская война 90-х годов ХХ в. на развитие сельского хозяйство. Кроме того в статье анализируется старание государства и международных организаций в период перехода от плановой к рыночной экономики, процесса приватизациии сельского хозяйства, организации дехканских (фермерских) хозяйств и дехканских ассоциаций, развитие растениводства, животноводства, пчеловодства, организации новой отрасли - рыбоводства, а также успехи и проблемы сельского хозяйства ГБАО.

Key words: GBAO, the USSR, civil war, development of agriculture, privatization, farms, associations, successes, problems.

The article describes the history of the agriculture development in GBAO in the late XX century and beginning of the XXI century, the period of the collapse of the USSR, and the negative impact of the civil war in the 1990s of the XX century on the agricultural sector in the region. Besides, the article discusses the efforts and resources invested by the Government of Tajikistan and the international organizations in the agricultural sector aimed at transiting from the economic planning to the market economy, the privatization process, creation of new farms and various forms of agricultural associations, development ofplanting, livestock sector, beekeeping and fishery in the case of GBAO. The article also discusses the success and issues faced during the mentioned period and provides analytical insight on the researched topic.

Мавзуи мазкур аз чониби А. А. Антоненко [1, 208-241] аз соли 1917-1977 ва солхои 1991-2008 аз чониби З.М. Бахромов [12,15] то андозае омухта шудааст. Вале аз тадк,ик,оти Антоненко А.А. то тадк,ик,оти Бахромов З.М. ва инчунин аз соли 2008 то соли 2017 таърихи хочагии кишлоки ВМКБ умуман омухта нашудааст. Максади навиштани маколаи мазкур аз он иборат аст, ки проблемаи зерин - яъне таърихи ин давраро омухта, ба тадкикотхои болой маводи тозае ворид намоем.

То солхои 90-уми асри ХХ дар ВМКБ хочагихои машхур «50 солагии Помири Советй», «Фучик», «Сулх», «60-солагии СССР» ва гайра вучуд дошта, даромади солонаи баъзе аз онхо то 1 млн. рубли советиро ташкил мекард. Номи чорводорони машхури он давраи вилоят Кдхрамони Мехнати Сотсиалистй Б. Муродбеков, пиллакори номй Ф. Суфихонова, говдушзан-депутати Совети Олии СССР Г. ^урбонова, говдуши номй X,. Бодурова ва дигарон берун аз Ч,умхурии Точикистон низ машхур буданд.

Аммо дар давраи бозсозй дар тамоми сохахои хочагии вилоят камбудихо пайдо шуда, дар ин бора котиби аввали Хизби коммунисти ВМКБ Зоиров М. дар Пленуми III Комитети партиявии вилоят (26 июли соли 1986) гуфта буд: «Плани наслгирии гусола дар вилоят хдмагй 64% ичро шуда, дар нохияи Мургоб 492 сар гусола кам гирифта шуд. Плани гирифтани барра, бузгола дар тамоми вилоят 86%, дар нохияхои Ванч - 69%, Рушону Ишкошим - 77% ичро шуду халос. Дар нохияи Ишкошим 522 сар гов ба гушт дода шуда, байтор А. Султонбеков ва директори совхози «Вахон» Файзуллобеков барои ин кор аз вазифа озод карда шуданд.

Дар совхози «^изил чегарачй»-и н. Мургоб (директор Мусаев И.) плани супоридани гушт ба давлат ичро нашуда, рохбарон сабабгори онро сардии хаво медонад. Агар ин тавр бошад, пас чаро совхози «60-солагии СССР» (директор Атабаев)-и ин нохия плани ба давлат супоридани гуштро хануз то мохи июн ичро кард? Ичрои плани хошоктайёркунй дар совхозхои «Рушон»-и н. Рушон, ба номи «Шотемур»-и н. Шугнон, «Бадахшон», «Вахон»-и Ишкошим ба номи «Фучик» -и н. ^алъаи Хум хеле хам бад аст. Дар ш. Хоруг беш аз 100 нафар чавонон бекор буда, ин дар шароитест, ки корхонахои саноатии шахр ба коргарон сахт мухточ хдстанд. Бештари чавонони вилоят дар Институти хочагии кишлок тахсил карданро нахоста, хама барои дохил шудан ба институтхои педагогй майли калон доранд» [11, 2].

Бо аз байн рафтани СССР ва огози чанги гражданй дар Точикистон вазъияти хочагии кишлоки вилоят боз хам бадтар шудан гирифт. Дар натича алокахои иктисодии байни чумхурихо канда шуда, бо огози чанги бародаркуш бошад ба ахолии ВМКБ хавфи гуруснагии оммавй тахдид намуд.

Дар чунин шароити Точикистон зарурият пайдо шуд, ки бар асари бархам хурдани сохти шуравй ва пайдо шудани иктисоди бозорй низоми хочагии кишлок низ бояд дигаргун карда шавад. Аз хамин сабаб дар чумхурй конунхои «Дар бораи аз нав дида баромадани нархи хариди пахта ва дигар махсулотхои хочагии кишлок» (27.09.1992) [15, 38] ва «Оиди андоз аз даромади гражданинхои Ч,умхурии Точикистон ва гражданхои давлатхои хоричй» (23.11.1992) [14, 289] кабул шуда, дар онхо мафхумхои нав, чун «иктисоди бозорй», «тафаккури нави иктисодй» руи кор оварда шуданд. Аммо чанги дохили кишвар ба пурра амалй шудани онхо халал расонида, дар кишвар кризиси амик ба амал овард.

Бо максади ба низом даровардани иктисоди кишвар, аз чумла хочагии кишлок дар мамлакат барномахои зидди инхисорй: «Барномаи ислохотхои иктисодй дар солхои 1995-2000» (01.1995), [20, 64] «Барномаи хусусигардонии объектхои комплексхои агросаноатй барои солхои 1995-1996» (1995) [15, 67], «Барномаи инкишофи ВМКБ дар солхои 1995-2005» (12.04.2005) [20, 32] ва г. кабул шуда, дар онхо афзалият ба макроэкономика, хусусигардонии хочагии кишлок дода шуда буд.

Дар бо рохи дигаргун намудани вазъи хочагии кишлоки вилоят, ташкил намудани хочагихои дехконй (фермерй) накши калон дошта буданд. Аз ин сабаб Хукумати ВМКБ тибки Фармони Президенти кишвар дар соли 1995 карори махсус кабул намуда, 1220 га замин, ки то ин дам дар дасти совхозхо буд, онро ба захматкашон таксим карданд. Дар натича, дар вилоят 3900 хочагихои дехконй (фермерй) ташкил шуда, онхо беш аз 1500 га заминро ба истифодаи худ гирифтанд [23, 28].

Дар кори дастгирй намудани хочагихои дехконй Фармони Президенти кишвар Эмомалй Рахмон «Дар бораи аз нав таъсисдихии корхонахои хочагии кишлок» (25.06.1996, №522) [19, 28], ки тавассути он бояд тамоми колхозу совхозхои аз назари иктисоди зараровар бархам дода шуда, ба чои онхо бояд хочагихои нави дехконй ташкил карда мешуданд, роли калон бозид. Дар асоси он Хукумати вилоят "Барномаи бо галла ва картошка таъмин намудани ахолй" - ро тартиб дода, соли 1996 - 26 ва соли 1997 - 33 совхозхои вилоятро ба хочагихои дехконй табдил дод, ки онхо акнун дар ихтиёри худ 5400 га замин дошта буданд. Акнун дар вилоят 137 ассосиатсияи дехконй, бо фарогирии 67% захматкашон ташкил карда шуда буданд [25, 5].

Анчоми чунин корхо боиси он шуданд, ки дар соли 2004 истехсоли махсулоти хочагии кишлок назар бар соли 1991 то 14 маротиба афзуд. Аз чумла истехсоли галла - 5, картошка - 6,4, сабзавот то 4,6 баробар афзуда, саршумори талафёфтаи хайвонот аз нав баркарор карда шуд [17, 5354]. Дар соли 2006 дар вилоят 7863 т галла, 6863 т картошка, 2270 т сабзавот, 5995 т мева, 3958 т гушт, истехол шуда, он 47% талаботи ахолиро конеъ кард, [2, 3] ки ин назар бар соли 1994 22% бештар буд [21, 62].

Дар инкишофи хочагихои дехконии ВМКБ, дар баробари давлат инчунин Фонди Огохон, ки соли 1993 фаъолияти хешро дар вилоят сар карда буд низ сахмгузор буд. Чунончи тавассути барномаи MSDSP-и ин Фонд "Барномаи дастгирии навохии кухй" (с. 1993) [21, 62], «Барномаи ташкилотхои дехотй» (1998 с) [21, 64] ва г. кабул шуда, онхо дар ташкили хочагихои дехконй бо давлат сахим буданд. Ин боиси он шуд, ки дар вилоят дар соли 2007 илова ба ракамхои бол ой боз 14 хочагихои нави дехконй, аз чумла 1 хочагии истехсоли гушту шир, 5 хочагии сабзавоткорй, 7 богдорй-

паррандапарварй-занбyри асалпарварй ташкил шyданд. Даромади xочагихо 5874 сомонй (2800 долл. ИМА) ва дар соли 1997 то 9340 сомонй ва (5830 долл. ИМА)-ро дар соли 2007 ташкил карда 6уд [21, 64].

Илова бар ин камзаминй имкон намедод, то ахолии BMKБ xyдро бо махсулоти xочагии кишлок таъмин намояд. Аз ин сабаб Хукумат, барномаи MSDSP-и Фонди Огоxон, TASIF дар хамкорй бо дигар ташкилотхои байналxалк,й дар Бартанг, нохияи ^убоддан ва вилояти Хатлон ба аз xyд намудани заминхои нав шуруъ намуданд [22, 6]. Дар амалй намудани ислохот ва ëрии моддй ба BM^ донорхо чун MSDSP-и Фонди Огоxон WL (ИМА), GTZ (Германия), CIDA ^анада), TACIS (Иттиходи Аврупо), DG-VIII, ки xочагихои дехкониро бо равганхои молиданй, сузишворй, тyxмии гандум, картошка ва сабзавот таъмин карданд. Ин боиси он шуд, ки дар соли 1999 ахолии вилоят эхтдачоти xyдро бо галла то 60% таъмин карда, ин дар шароите буд, ки дар соли 1989 вилоят эхтдачоти xешро хамагй то 15% таъмин мекарду xалос [6, 17]. Соли 1999 GTZ барои инкишофи xочагии кишлоки BMKБ маблаги здада аз 1 млн. долл. ИМА гузошта буд [6, 18]. Бо ташаббуси MSDSP-и Фонди Огоxон соли 2001 барои рушди xочагихои нав 8702 долл. ИМА ва барои фуруши махсулот дар бозор 1842 долл. ИМА чудо шуда, ин боиси он шуд, ки дар соли 2001 масохати кишти сабзавот то 89 га дар мукоиса бо соли 1997 здад шуда буд [22, 4].

Ба xочагихои Bанчy Pyшон аз соли 2001 мунтазам тyxмй чудо шуда, аз соли 2003-2004 тукмии галла- 360 кг, сабзй - 240 кг, бодиринг - 140 кг, помидор - 115 кг, мурч - 40 кг, нурихои кимдавй: аммофос - 40 кг, карбомид - 30 кг ва гайра чудо шуда буд. Барои ичрои ин барнома дар хачми 1161 долл. ИМА сарф шуд [2, 13].

Солхои 90-уми асри ХХ сохаи чорводории BMKБ хам ба кризиси амик дучор шуда, ходисаи дуздида шудани чорвои чамъиятй, xyрyчи касалихои гуногуни чорво чун брyселлëз ва талафоти хайвонот аз онхо ба мушохида расида буданд. Ин боиси он шуд, ки соли 1995 назар бар соли 1994 саршумори чорво ба 3808 сар (13%) кам шуд [20, 180].

Бо кушишу захмати Хукумати Точикистон пеши рохи ин амали номатлуб гирифта шуда, «...дар соли 2009 саршумори хайвони калони шоxдор дар вилоят беш аз 97,9 хаз. сарро ташкил дод, ки ин нишондиханда назар бар соли 2008 2,9 хазор здад буд. Саршумори кутосхо ба 3 хаз. 767 сар, паррандахои xонагй ба 4 хаз. сар расонида шуд. Дар семохаи аввали соли 2009 дар вилоят 7435 хаз. сентнер гушт истехсол шуд, ки назар бар соли 2008 983 сентнер зтед буд" [18, 2].

Тибки карори Хукумати Точикистон аз 2-ноября 2007, № 542 «Дар бораи барномаи инкишофи кутоспарварй дар Ч,Т барои солхои 2008-2015» соли 2011 аз xочагихои н. Мургоб ба микдори 1000 сар, аз чумла ба Тавилдара - 30, Айнй - 200, Мастчохи Kyхй - 200, Ч,иргатол - 350, Bарзоб - 20, Балчувон - 50 ва ба нохияхои дигари BMKБ - 150 сарй кутос дода шуданд.

Барои инкишофи "Барномаи бузхои махинпашм" бо ëрии ташкилоти байналxалкии "ИKАPДА" дар чамоати ба номи А. Замирови н. Ишкошим "Барномаи бузпарварй" ташкил шуда буд. Бо ин максад соли 2010 аз кишвари Олтойи Федератсияи Pоссия ба вилоят 8 сар зоти нави бузхо оварда шуда, соли 2011 шумораи онхо ба 50 сар расида буд. Дар маъракаи наслгирии оxири сол бошад шумораи онхо ба 400 сар расида аз ин хисоб ду ферма ташкил шуд. Солхои 2010-2011 ба микдори 1 кг пашми буз бо нарxи 100 сомонй аз xочагхои мазкур xаридорй карда шуд. Барнома бо максади кам кардани бекорй ва сатхи камбизоатй дар байни ахолй амалй шуда, акнун занон ба тоза кардани пашми буз дар xочагихо машгул хастанд.

Дар хамкорй бо ташкилоти байналмилалии "Милал-Интер" дар Ч,авшангози н. Pоштк,алъа кооперативи "Чдвшангоз" бо фарогирии 25 xочагй ташкил шуд. Дар холати 1 января соли 2011 дар ин кооператив 793 сар хайвони калони шоxдор ва 5111 хайвоноти xyрд мавчуд буданд" [3, 5].

Дар соли 2011 дар чарогоххои зимистонаи "Ок,таш"-и н. Pyшон, "Булункул"-и н. Шугнон,"Ч,авшангоз"-и н. Pошткалъа, "Харгуши"-и н. Мургоб ва "Чолтов"-и н.Дангара 20606 сар хайвони калони шоxдор, 62280 сар хайвони xyрд ва 166 сар асп нигахдорй карда мешуданд. Дар соли 2011 бо ташаббуси барномаи MSDSP-и Фонди Огоxон ва ташкилоти PALM-и Швейтсария дар масохати 3 га барои омузиши илмй ва бехтар намудани дар зимистон бехтар нигахдории чорво 14 400 доллари ИМА чудо шуд [3, 5].

Бо максади афзоиши сохаи кутоспарварй 50 сар кутос аз фермахои xочагии "Булункул"-и н. Мургоб ба xочагии навташкили "Азизxон"-и н. Pошткалъа гузаронида шуданд [3, 5].

Дар н. Дарвоз сохибкор Абдулвохидов Ч,. ва дар нохияи Bанч Мухаббатов С. фермахои бурдокипарварй ташкил карда буданд. Дар фермаи Дарвоз 100 сар хайвони калони шоxдор ва дар Bанч 50 сар хайвони калон ва 100 сар моли майда парвариш карда мешуданд [3, 6].

Соли 2014 дар чамоати ба номи М. Миршакари н. Pошткалъа сеxи коркарди пусту пашм бо фарогирии 12 коргар, бо ташаббуми чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон ташкил ва бо дастгоххои маxсyси замонавй тачхизонида шуд [7, 7].

Дар холати 1 января 2016 дар тамоми xочагихои вилоят 114530 сар хайвони калони шовдор, аз онхо 42381 сар гов, 23408 сар кутос, 380050 сар бузу гусфанд, 141960 сар парранда, 325 сар асп,

6638 оилаи занбypи асал парвариш карда мешyданд. Ин нишондихандахо назар бар соли гузашта, аз чумла хайвони калони шоxдоp 3585 сар, аз онхо 2183 сар гов, 89 сар кутос, 18848 сар 6узу гyсфанд, 13749 сар парранда ва 4 оилаи занбypи асал бештар аст. Дар ин давра истехсоли гушт (бо вазни зинда) 9534 т, шир 20509 т, ба маблаги 5400 хаз. сомонй тyxм, 126 т асал, 245 т пашм, ки дар мукоиса назар бар соли гузашта истехсоли гушт 157 т, шир 380 т, парранда 43 хаз. сар здадтар мебошад. Дар тамоми xочагихо 83892 т xypоки чорво чамъ карда шуд, ки ин назар бар соли гузашта 3163 т зтедтар мебошад [8, 6]. Дар водии Аличури Мургоб саршумори кутосхо 95 сарро ташкил кард [8, 9].

Дар асоси карори Хукумати Чумхурии Точикистон "Барномаи инкишофи зоти нави хайвонот дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020" [9, 8] тибки фармони вазорати xочагии кишлоки чумхурй аз 3 июни соли 2016, №57 "Оиди ташкили xочагии бузпарварй» гузаронидани бузхои махинпашми точикй аз xочагии давлатии зотпарварии ба номи Т. Эрйигитови н. Ашти вилояти Сугд 100 сар буз ба баланси н. Ишкошим гузаронида шуда, дар д. Дашт филиали муассисаи мазкур ташкил ва сардори он аз 16 сентябри соли 2016 Боймамадов Ч,. таъйин шуд [9, 2].

Дар соли 2016 барои муайян кардани касалии бpyселëз тахлили лаборатории 23102 сар хайвони калон ва 22924 сар хайвони xypд гузаронида шуд. Дар натича 238 сар хайвони калон ва 58 сар моли майда ба куштори мачбурй дар чойхои маxсyи байтории барои ин кор ташилшуда дода шуда, санади маxсyс дар ин бора тартиб дода шуд [9, 8].

Дар соли 2016 дар BM^ барфи бехад здад борида аз 25 ноябр то мохи апрели соли 2017 хаво он Кадар сард шуд, ки дар Дарвоз 24 сар моли майда ва Мургоб 18 сар хайвони калон ва 40 сар моли майда талаф ëфтанд [10, б].

Дар тамоми xочагихои вилоят дар оxиpи соли 2017 - 119655 сар хайвони калони шоxдоp, аз он чумла 41346 сар гов, 24563 сар кутос, 399487 сар бузу гусфанд, 130145 сар паранда, 329 сар асп, 6705 оила занбури асал вучуд доштанд. Ин нишондиханда назар бар соли 2016 хайвони калони шовдор 3577 сар, аз онхо 817 сар гов, 249 сар кутос, 8837 сар бузу гусфанд, 3666 сар парранда зтед аст. Дар xочагихо 9712 сар гусола, 65564 сар бузу бузгола гирифта шуд, ки ин назар бар соли гузашта 118 сар гусола, 776 сар барра ва бузгола здад аст. Дар ин давра истехсоли гушт бо вазни зинда то 1490 т, шир 2033 т, тyxм 526 хаз. дона, пашм 30 т, ки назар бар соли пешина гушт то 35 т, шир то 30 т ва тyxм то 16 хаз. дона бештар аст [10, 5].

Дар BMKБ нуктахои маxсyси бордоркунии сунъии хайвонот ташкил шуда, дар онхо 142 сар гов, аз чумла дар нохияхои Дарвоз - 22, Bанч - 49, Рушон - 13, Шугнон - 28, Рошткала - 6 ва ш. Xоpyг - 14 сар хайвонот бордор ва дар натича 86 сар гусолахои нави зотй pyëнда шуданд.

Ба сохаи паррандапарварй аз соли 1991 то 2007 10 xочагии дехконй машгул буданд, вале онхо талаботи ахолиро бо тyxмy гушт конеъ кардан натавонистанд [22, 3]. Аз ин сабаб Bазоpати xочагии кишлок дар соли 2013 дар н. Bанч сеxи инкубатсионй ташкил карда, он дар се баст дар як шабонаруз кор карда, танхо дар соли 2013 ба xочагихои вилоят 6500 сар чуча фypyxтанд [4, 6].

Солхои 80-уми асри XX дар дехаи Бунии н. Шугнон фабрикаи мургпарварии замонавй соxта ба истифода дода шуда буд, вале баъди бархам xypдани СССР ва баxyсyс сар шудани чанги бародаркуш дар чумхурй он тамоман вайрон карда шуд. Акнун онро дар соли 2013 сохибкор аз ш. Xоpyг K. Чиниев аз нав баркарор намуда, бо ëpии Bазоpати кишоварзй 5000 сар чуча гирифта, корро аз нав шуруъ намуд. Сохибкор X. Ашрафбеков аз д. Тангии н. Шугнон сеxи собики мургпарварии дехаашонро бозсозй намуда, он хам ба истехсоли махсулот шуруъ намуд [3, 4].

Баъди бархам xypдани СССР дар BM^ ба сохаи занбури асалпарварй кам диккат медоданд. Танхо дар соли 2009-2013 дар н. ^алъаи Xyм ба ин кори фоиданок таваччух медодагй шуданд. Барои инкишофи асалпарварй ба 89 xочагй карзи дарозмуддат ба маблаги 657, 4 хаз. сомонй дода шуд. Ин боиси он шуд, ки соли 2013 дар нохия 1858 оила занбури асал парвариш шуда, 34 т. асали аз чихати экологй тоза ба даст оварда шуд [13, 9]. Аз соли 2011 бо ëpии ^Д «Асали Точикистон» ба xочагихои н. Шугнон 30 оила занбури асал, соли 2012 - 70 оилаи занбури асал, аз чумла барои н. Шугнон - 40, Bанч - 20 ва Xоpyг - 10 оилаи занбури асал чудо карда шуд [3, 4-5].

Баxшида ба 20-солгаии истиклолияти кишвар тибки супориши Хукумати Чумхурй аз 4 июли соли 2011, № 24385 (13-14) дар маркази тамоми шахру нохияхои чумхурй «Иди асал-2011» баргузор гардид. 2-3 сентябри соли 2011 дар ш. Душанбе чамъбасти конкурси чумхуриявии «Иди асал-2011» гузаронида шуда, дар он асалпарварони вилоят низ ширкат намуда, бо асали аз чихати экологии тоза чои сеюмро ишгол намуданд [3, 2].

Аз соли 2011 сар карда Хукумати Чумхурии Точикистон дар BM^ ба мохипарварй диккати чиддй медодагй шуд. Бо ëpии KBД "Мохии Точикистон» ба xочагихои мохипарварии вилоят 1 млн. дона кирминамохичахо, аз чумла 300 хаз. дона ба xочагихои мохипарварварии н. Bанч (А. Пиров), 700 хаз. дона ба н. Рушон (Ч. Мавлододов) дода шуданд [3, 4]. Соли 2012

Ассосиатсияи мохигирони вилоят дар сафхои худ 6 хочагиро муттахид мекард. Дар ин сол хочагихои мохипарварй бо номи «Друмкул» ва «Трумтайкул»-и н. Рошткалъа, «Вахон» дар н. «Ишкошим», «Суман» дар н. Мургоб ва хочагихои алохида 70 т мохй ба савдо бароварданд. Барои Ассотсиатсияи мохигирони вилоят 2 заврак ва 35 тури мохигирй аз чониби Хукумати Ч,умхурй чудо карда шуд [5, 4-5]. Соли 2014 хочагихои номбурда 108,5 т мохй истехсол намуданд, ки ин назар бар соли гузашта 101,0 % зиёд буд [7, 4-5]. Соли 2013 хочагихои мохипарварии к. Удоби н. Ванч аз КВД "Мохии Точикистон"-и Вазорати кишоварзии кишвар 4000 дона, дар к. Ёмчи н. Шугнон ба сохибкори хусусй Ф. Ниёзмамадова 3500 дона мохй, ба хочагии дехконии "Ч,амшед"-и н. Рушон 5000 дона мохй чудо карданд. Соли 2015 истехсоли мохй дар вилоят то ба 109 т. расонида шуда [8, 6], бо максади инкишофи минбаъдаи сохаи мохипарварй аз чониби Агентии захирахои моддии назди Хукумати Ч,Т дар соли 2016 барои Ассотсиатсияи мохигирони вилоят 1 адад мошини махсус - рефрижератори тамгаи "Фотон" чудо карда шуд [9, 2].

Дар баробари муваффакиятхо дар аввали асри ХХ1 дар сохаи хочагии кишлоки ВМКБ чунин камбудихо ба назар расида буданд:

1. Тибки карори машварати Коллегияи Раёсати кишоварзй аз 7 июли соли 2014, №2 бояд дар тамоми хочагихо фермахои махсуси бурдокикунонии чорво ташкил карда мешуданд, вале ба гайр аз н. Ванчу Дарвоз дар ягон нохия ин кор амалй карда нашуд;

2. Ба бонки давлатй пурра баргардонида натавонистани маблаги карзии пулии соли 2012-и картошкаи тухмии аз вилояти Гончии вилояти Сугд гирифташудаи хочагихои вилоят буд. То мохи апрели соли 2017 карздории бонкй 42,3% ва бакияи он дар квартали 1 соли 2017 286 хаз. сомониро (57,7%) ташкил кард; [10, 8]

3. Сарфи назар аз ичрои алохида корхои анчомдодашуд оиди мубориза бо касалии чорво -бурселлёз дар хочагихои Дарвоз, Ванч, Шугнон ва Мургоб фавт ва куштори мачбурии чорво холо хам ба назар мерасанд [10, 8].

Ислохи камбудихои номбурда имкон медихад, то сохаи кишоварзии вилоят боз хам бештару хубтар тараккй намояд.

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Антоненко Б.А. Социалистические аграрные преобразования в ГБАО/Очерки по истории Советского Бадахшана. - Душанбе: Ирфон, 1981. - 350 с.

2. Архиви цории Хукумати ВМКБ. Ба ММХД. Хисоботи Управленияи хоцагии цишлоци ВМКБ барои сол^ои 2006-2008. - 302 с.

3. Архиви цории Хукумати ВМКБ. Хисобот оиди цамъбасти фаъолияти Раёсати кишоварзии ВМКБ дар давоми соли 2013. - 361 с.

4. Архиви цории Хукумати ВМКБ. Хисобот оиди цамъбасти фаъолияти Раёсати кишоварзии ВМКБ дар соли 2011. - 298 с.

5. Архиви цории Хукумати ВМКБ. Хисобот оиди цамъбасти фаъолияти Раёсати кишоварзии ВМКБ дар давоми соли 2012. - 401 с.

6. Архиви цории Хукумати ВМКБ. Хисоботи Управленияи хочагии кишлок дар сол^ои 1992-2008. -250 с.

7. Архиви цории Хукумати ВМКБ. Хисобот оид ба тахлили цамъбасти фаъолияти Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кууистони Бадахшон дар соли 2014. - 324 с.

8. Архиви цории Хукумати ВМКБ. Хисобот оид ба цамъбасти фаъолияти Раёсати кишоварзии ВМКБ дар соли 2015. - 394 с.

9. Архиви цории Хукумати ВМКБ. Хисобот оид ба цамъбасти фаъолияти Раёсати кишоварзии ВМКБ ва сохторхои сохавии он дар соли 2016. - 385 с.

10. Архиви цории Хукумати ВМКБ. Хисобот оид ба цамъбасти фаъолияти Раёсати кишоварзии ВМКБ дар семохаи аввали соли 2017. - 32 с.

11. Бадахшони Советй, 1991. 9 феврал. - 4 с.

12. Бахромов З. М. Социально-экономическая и культурная жизнь ГБА О Республики Таджикистан в годы независимости (1991-2008 гг.). Автореферат дисс. на соиск. учёной степени к.и.н. -Душанбе. - 24 с.

13. Лутфалиев Д. Бунёдкорй дар Сагирдашт идома дорад. - Бадахшони Советй, 2013. - 4 с.

14. Налоговый кодекс Республики Таджикистан. - Душанбе, 2005. - 163 с.

15. Предпосылки и экономические основы социальной защиты населения в условиях становления рыночных отношений. - Душанбе, 1999. - С. 38- 67.

16. Программа поддержки развития обществ горных регионов. Годовой отчет МЗБЗР за 2005 г. -12 с.

17. Развитие горных регионов: проблемы и перспективы (Материалы семинара). - Душанбе: Ирфон, 2006. - 312 с.

18. Растет поголовье домашнего скота и производство продукции животноводства. - Газ. Импульс, № 64 (70) 2009. - 23 с.

19. Ра^монов Э. Точикистон: чор соли истицлолият. - Душанбе: Ирфон, 1995. - 342 с.

20. Ра^монов Э. Экономические реформы - веление времени. -Душанбе: Ирфон, 1998. - 28 с.

21. Собирова К. Вклад фонда Ага Хана в развитие ГБАО. Душанбе: Матбуот 2005. - 174 с.

22. Текущий архив МБВБР. Годовой отчет за 2001 г. - 352 с.

23. Текущий архив Хукумата ГБАО. Отчеты Комитета по делам женщин и семьи области за

1995-2000 гг. - 16 с.

24. Текущий архив Хукумата ГБАО. Отчеты Комитета по делам женщин и семьи области за

1996-1997 гг. -13.

25. Хуцасаидова Н. Участие женщин ГБАО в общественно-политической, культурной и экономической жизни Республики Таджикистан (1991-2008гг.): Автореф. дис. на соиск. канд. ист. наук - Душанбе, 2008. - 24 с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.