13.00.00.илм^0и ПЕДАГОГИ 13.00.00.ПЕДАГ0ГИЧЕСКИЕ НАУКИ 13.00.00.PEDAG0GICAL SCIENCES
13Ж01ЛЕДАГОГИКАИ УМУМЙ, ТАЪРИХИ ПЕДАГОГИКА ВА МАОРИФ 13.00.01.ОБЩАЯ ПЕДАГОГИКА, ИСТОРИЯ ПЕДАГОГИКИ И ОБРАЗОВАНИЯ 13.00.01.GENERAL PEDAGOGICS, THE HISTORY OF PEDAGOGY AND EDUCATION
УДК 37с ББК 63.3
МАСЪАЛАИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ХАЁТИ СОЛИМ ДАР ТА ЪРИХИ А ФКОРИ ПЕДАГОГИ
ВОПРОСЫ ФОРМИРОВАНИЯ ЗДОРОВОГО ОБРАЗА ЖИЗНИ В ИСТОРИИ ПЕДАГОГИЧЕСКОЙ МЫСЛИ
ISSUES OF FORMING A HEALTHY LIFESTYLE IN HISTORY OF PEDAGOGICAL THOUGHT
Шаропов Шавкашцон А^мадович, д.и.п., профессори кафедраи педагогикаи ицтимой ва касби; Каримова Замира Абдугафуровна,унвонцуи кафедраи педагогикаи ицтимой ва касбии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Гафуров» (Тоцикистон, Хуцанд)
Шаропов Шавкатджон Ахмадович, д.п.н., профессор кафедры социальной и профессиональной педагогики; Каримова Замира Абдугафуровна, соискатель кафедры социальной и профессиональной педагогики ГОУ "ХГУ имени акад. Б.Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)
Sharopov Shavkatjon Akhmadovich, Dr. of Pedagogy, Professor of the department of social and professional pedagogy;Karimova Zamira Abdugafurovna, applicant for the department of social and professional pedagogy under the SEI "KSU named after acad. B.Gafurov" (Tajikistan, Khujand) E-mail: [email protected]
Вожа^ои калиди: тарзи цаёти солим, ташаккул, рушд, тарбия, цамкорй, раванди таълиму тарбия
Дар мацола масъалаи му^ими илми педагогика, ташаккули тарзи цаёти солим дар таърихи афкори педагогй баррасй гардидааст. Кайд шудааст, ки ошнои бо вижагщощои низоми тандурустии даврацои пешин собит менамояд, ки мацсади асосии ощо на табобати беморщо, балки ташаккул, цифз ва тацкими саломати ва дар мацмуъ истифодаи неру ва имкониятцои табиии инсон бо мацсади барцарор ва мустацкам намудани саломати будааст.Хулоса шудааст, ки аз даврацои пешин тамаддущои цадима барои инсоният мероси арзишманде боци гузоштаанд, ки барои ба роц мондани низоми тарбия ва таълими насли солими наврас ва цавонони замони муосир сацми назаррас дорад.
Ключевые слова: здоровый образ жизни, формирование, развитие, воспитание, взаимодействие, учебно-воспитательный процесс
В статье рассматривается важный вопрос педагогической науки о формировании здорового образа жизни в истории педагогической мысли. Отмечается, что знакомство с основными положениями перечисленных систем показывает, что основной их идеей является не лечение болезней, а формирование, сохранение и укрепление здоровья, а также использование резервных возможностей организма для его восстановления. Сделан вывод, что древние цивилизации оставили человеку бесценное наследие, которое на всем протяжении развития общества вносило весомый вклад в дело воспитания и формирования всесторонне развитой личности.
Key words: healthy lifestyle, formation, development, upbringing, interaction, educational process
The article considers the important issue of pedagogical science of the formation of a healthy lifestyle in the history of pedagogical thought. It is noted that acquaintance with the main provisions of the listed systems shows that their main idea is not the treatment of diseases, but the formation, preservation and strengthening of health, as well as the use of the reserve capabilities of the body to restore it. It is concluded that ancient civilizations left man an invaluable legacy, which throughout the
development of society make a significant contribution to the upbringing and formation of a comprehensively developed personality.
Дар расму оини тамаддунхои щадима ба монанди Миср, Юнон, Чин, Рим, Эрон махсус дастурхое мавчуд буданд, ки дар онхо зарурати гамхорй намудан ба саломатии насли наврас ва ташаккули тарзи хаёти солим таъкид карда мешуд. Дар гузаштаи дур, замоне, ки инсон дар бобати табиати офатхои табий тасаввуроти комил надошт, аз руи а;идахои хурофотиаш полати чисмониашро ба таъсири ходисахои табий вобаста менамуд. Дар хамин мархилаи инкишоф хануз вобастагие мавчуд буд, ки инсон онро мебоист дар зиндагии худ, хдёти рузмарра дар ;абила амалй мекард.
Бояд тазаккур кард, ки тасаввуроти инсон дар бораи бехдошти саломатй аз давраи гуломдорй батадрич ба як низоми муайян дароварда мешуд. Хднуз дар хамон даврахо олимон барои созмони низоми муайяни бехдошти саломатй кушиш ба харч медоданд, ки пайдоиши "Конг-фу"-и чиниён (2600 сол пеш аз милод), "Аюверда"-и хиндён, рисолаи "Дар бораи хаёти солим"-и хаким ва мутафаккири Юнони ;адим Су;рот далели ин гуфтахост. Ба хамин монанд низоми бехдошти саломатй дар Спартаи ;адим низ мавчуд буд, ки тиб;и он машгулиятхои чисмонии шахрвандон тахти назорати ;атъии давлат ;арор дода шуда буд.
Шиносой бо махсусиятхои низоми тандурустии даврахои пешин собит менамояд, ки ма;сади асосии онхо на табобати беморихо, балки ташаккул, хифз ва тахкими саломатй ва дар мачмуъ, истифодаи неру ва имконоти табиии инсон бо ма;сади бар;арор ва мустахкам намудани саломатй будааст.
Ба хамин тартиб, фарх,анги сихатии чисмонй ва равонй, бехдошти гизо, сару либос, хонаву манзил, андешидани тадбирхои пешгирии беморихо, фархднги рафтори репродуктивй - яке аз ;адимтарини оинхои чомеа махсуб шудааст. Бо вучуди ин, бо мурури ба таба;ахои ичтимой чудо шудани чомеа, муносибати инсон ба саломатии хеш, бахусус дар даврахои гуломдорй тадричан тагйир пазируфт. Дар ин давра аксар гуломдорон бештар аз пайи хузуру халовати хеш буданд ва дар масъалаи саломатй ба табибон умед баста, дар бобати бехдошти саломатии хеш кам андеша мекарданд. Махз хамин гуна муносибат боис шуд, ки дар илми тиб масоили бехдошти саломатй аз мадди назар дур монда, масъалаи табобати беморй ахамияти бештар касб намуд. Дар холе ки, маъруфтарин нобигагони илми тиб хануз дар асрхои миёна таъкид менамуданд, ки рохи бехтарини дарозумрй нигох доштани саломатист, на табобати беморихо. Дар тибби точик низ яке аз бузургтарин донишмандони давраи худ Абуалй ибн Сино (980-1037) бехдошти саломатиро омили асосии тандурустй хисобидааст, ки дар ин бора дар боби якуми рисолаи хеш "Конуни тиб" андешахояшро баён кардааст (4).
Дар тарбияи насли солим асархои илмии олимони шинохта Я.А. Коменский, Ж.-Ж.Руссо, И.Г.Песталотси, К.Д.Ушинский, Е.А.Покровский, Е. Н.Водовозов, В.М.Бехтерев, П.Ф.Лесгафт, М.Монтессори, В.А. Сухомлинский низ хеле мухиманд.
Дар ин самт педагоги чех, асосгузори педагогикаи илмй Я.А.Коменский (1592-1670) нахустин олимест, ки принсипи мутоби;гардонии раванди таълиму тарбияро ба табиати инсон асоснок намудааст. Ба андешаи ин олим инсон дорои неруи пешбаранда аст. Дар боби понздахуми китоби "Дидактикаи бузург" (1632) - "Асосхои дароз кардани
умр" Я.А. Коменский таъкид кардаст, ки хаёт дар сурати саломатии мустахкам доштан метавонад бобаракат бошад. У менависад: "Мо вазифадор хастем, ки чисми худро аз беморихо ва фалокатхо х,ифз намоем,... зеро он махзани чону рух аст ва илова бар ин ягона..." ва бинобар ин "... мо вазифадорем, ки ба ин гилофи зинда гамхорона муносибат кунем" . Дар ин асно муаллиф барха; менигорад, ки "... сохтори дурусти мактабхо асосан аз та;симоти дурусти мехнат ва истирохат ё машгулиятхо, фарогат ва истирохат" вобаста аст (5, 84).
Fояхои навоваронаи олими дигар Ч,он Локк (1632-1704) бошад дар он ифода меёбанд, ки у раванди ташаккул ва тарбияи инсонро дар ало;аи ногусастании саломатии чисмонй, равонй ва зехнй арзёбй менамояд, ки ин а;идахои олим дар фасли якуми рисолаи илмииаш "Андешахо дар бораи тарбия" марбут ба масъалахои бехдошт ва тахкими саломатй, арзёбй шудаанд. Педагоги машхур таъкид кардааст, ки паи хам гузаронидани маш;хои чисмонй ва зехнй барои бехтар гардонидани кори тамоми узвхои инсон кумак мерасонад . Ба андешаи ин олим "... касе, ки чисми носолим ва заиф дорад, харгиз ба пеш рафта наметавонад..."(6, 64).
Инчунин дар рисола таъкид меравад, ки дар тарбияи насли наврас ма;оми хеле мухим ва асосиро машгулиятхои чисмонй ишгол менамоянд, зеро танхо чисми солим ва устувор
метавонад ба вазнинй ва хастагй тоб оварда тавонад: "Охир, табиатан аксари мардум аз нозпарварй ва нозукй хароб шуда, дар натича зарар мебинад"(6,72). Ч,он Локк бо ин суханони худ пеш аз хама на ба табибон, ки вазифаи онхо табобати кудакон аст, балки ба падару модарон, мурочиат менамуд, то ки онхо барои бехдошти саломатии фарзандони худ ва устувор гардонидани чисми онхо тамоми чорахоро андешанд. Баъдан дар рисола аз омилхои асосии инкишофи чисмонй сухан меравад, аз чумла обутоб додани бадан, ташаккули одатхо, тарзи истеъмоли гизо ва коидаи тозагй.
Барои кудакро ба як низом одат кунонидан, уро бояд аз хурдй, хангоми таъсирпазир буданаш, тарбия намуд. Усули аз хама осон ва таъсирбахши тарбиявй-намунаи ибрат будани худи волидайн ва мураббиён аст. Ба кудакон бояд бо амалу рафтори худ нишон дод, ки чй тавр бояд рафтор ва муносибат кард ва дар кадом холатхо бояд эхтиёт шуд (6).
Яке аз пайравони Ян Амос Коменский маорифатпарвар, файласуф, нависанда ва педагоги машхур Жан-Жак Руссо (1712 -1778) буд, ки дар асари худ " Андешахо дар бораи пайдоиши нобаробарии инсонхо ва сабабхои асосии он " чунин изхори а;ида намудааст, ки дар огоз табиат инсонро бисёр мутаносиб офаридааст, аммо чомеа уро баъдан хароб карда, бадбахт мегардонад. Ба а;идаи Жан-Жак Руссо ба табиати кудак се омили асосй таъсир мерасонад: табиат, инсон ва чомеа. Табиат кобилият ва хиссиёти инсонро инкишоф медихад; инсонхо чй тавр истифода намудани онхоро меомузонанд; чомеа- тачрибаи шахсиро бой ва ганй мегардонад (9).
Максади тарбия дар муттахид намудани ин се омил зохир мегардад. Жан - Жак Руссо дар таълимоти худ ба тарбияи чисмонй хамчун яке аз воситахои созмон додани муносибати созгори инсон ба табиат ва ичтимоъ, бартараф кардани пайомадхои халокатовар, ташаккули маънавияти баланд, инкишоф ва такомули чисми инсон эътибори махсус медод. Методика ва дастурхои пешниходкардаи у оид ба тарбияи чисмонй бо назардошти зиндагии кудакон дар шароити ба табиат ва мехнати дастй наздик тахия гардидаанд. Максади асосии барномаи Жан-Жак Руссо ташаккули шахсияти кудак бар мабнои тарбияи чисмонй, маънавй ва мехнатй мебошад. Дар баробари ин педагоги машхур дастур медод, ки дар тарбияи зехнй ва маънавии тарбиятгирандагон бештар хайрхох бошанду дар чодаи рушду такомули чисмонии кудакон сахтгириро пеша намоянд. Ин буд, ки дар баъзе мавридхо у метавонист тарбиятгаронро як андоза ба хатархо низ гирифтор кунад. " Ба кудак бояд хифз кардани худро ёд дод, то ки у хангоми ба камол расидан, ба мушкилихои хаёт тобовар бошад, аз бенавой натарсад, агар зарурат шавад дар яххои Исландия ва куххои тафсони Малта низ зиндагй карда тавонад"(9,126).
Дар асари И. Г. Песталотси (1746 - 1828) "Методика. Дафтарчаи хотираи Песталотси" бошад дар бораи бозёфтхои педагогии олим дар самти тахлили равонии раванди таълими хусусиятхои табий дошта (аз усули содда ба мураккаб) сухан меравад. Бояд тазаккур кард, ки дар таълимоти худ Песталотси гояи Коменскийро дар бораи тарбияи ба табиат созгор инкишоф додааст. Бо номи ин олим инчунин кушишхои бархам додани чанбаи натуралистии муносибати ба табиат созгор, яъне ба рох мондани таълиму тарбияи мутоби; ба талаботи хоса, шавку хавас ва хиссиёти кудак бо максади инкишофи тафаккури у, алокаманд аст. Худи инкишофи кудак дар таълимоти мазкур хамчун раванди зиёд гардонидани тагйиротхои ададй арзёбй карда шудааст, ки ба "усули механикии тафаккури материализми кухна " рабт дорад. Зиёда аз ин, И.Г.Песталотси инкишофи табиии тамоми ;обилият ва неруи кудакро бидуни фаъолнокии маърифатй, маънавй ва чисмонй тасаввур намекард. Бояд зикр кард, ки асоси назарияи таълими соддагардонидашудаи олимро гояи максад ва вазифахои инкишофёбанда ташкил мекунад, ки назарияи рушди маърифатй, маънавй ва чисмониро фаро мегирад. Яъне рушди кудак бояд аз унсурхои нисбатан содда ба мураккаб равона карда шавад. Бояд гуфт, ки ин чо кушиши содда гардонидани методикаи таълими ибтидой бо максади дастрасй ба хамагон ба назар мерасад (8).
Назарияи таълими соддагардонидашуда ва омузиши инкишофдихандаи педагоги демократ И.Г.Песталотси хамчун шиори равияи пешкадами педагогй, ки созмони мактаби нави мардумиро хадафи худ карор дода буд, кабул карда шуд. Дар Аврупои Гарбй равияи мазкурро педагог -демократхои немис А.Дистервег, К.Ф.Вандер ва дар Россия - К. Д.Ушинский намояндагй карданд.
Константин Дмитриевич Ушинский (1824-1870) дар асари педагогии худ "Инсон хамчун предмети тарбия. Тачрибаи антропологияи педагогй", ки баъдан бо номи "Антропологияи педагогй" машхур шудааст, чунин ибрози андеша намудааст: Мафхуми "чисми инсон" зарурати арзёбй намудани инсонро хамчун махлуки ягонаи психофизиологй такозо менамояд, ки дар он хусусиятхои маънавй ва чисмонй алокаи ногусастанй доранд. Иродаи инсон, аз руи акидаи у,
неруи бузургест, ки на танхо сиришт, балки чисмашро низ тагйир медихад...- ирода ;увваи чисмонии организми инсонро ба ин ё он узв равона карда, чисми уро дигаргун месозад ва аз беморихо рахо мекунад" (11, 24).
Аз ин чо метавон дар бобати муттаносибии тарбияи маънавй ва чисмонй хулоса кард. Мафхуми "инкишоф" муносибатро ба кудак хамчун шахсияте, ки доимо мутоби;и ;онунхои имманентй дар инкишоф аст, та;озо менамуд; аз таваллуд кудак дороии як ;атор ;обилият ва истеъдодхо мебошад, аммо рушди онхо аз шароити зиндагй ва раванди тарбия вобаста аст. Ана дар хамин чода, ба а;идаи олим, на;ши мухими таълиму тарбия зохир мегардад, ки ба дониши ;онуниятхои инкишофи маънавй ва чисмонии шахсият асос меёбад.
Дар рисолаи хеш "Мехнат ва ахамияти равонй ва тарбиявии он" олим аз чумла менависад: "Мехнат ;онуни боэътимоди табиати инсонй, хаёти чисмонй, маънавии инсон дар руи замин аст, ва дар чомеа омили мухими рушди чисмонй, маънавй ва зехнй, шаъну шараф, озодй, лаззати инсонии у аст" (11,148). Мехнати чисмонй барои нигох доштани ;увваи чисмонй, саломатй ва ;обилияти чисмонии инсон зарур аст, мехнати зехнй бошад -барои неру ва саломатй, холати дурусти чисми инсон мухим аст. Тарбия ва донишандузй бояд ма;саду мароми мухими зиндагии инсон махсуб ёбад, дар баробари ин у бояд дар фазои созгор ва мусоид ;арор дошта бошад.
Аз омузиш ва баррасии чанбаи таърихии масоили ташаккули тарзи хаёти солим метавон хулоса кард, ки чомеа дар хама давру замон ба тарбияи насли наврас бетараф набуда, аз даврахои пешин тамаддунхои ;адима барои инсоният мероси арзишманде бо;й гузоштаанд, ки барои ба рох мондани низоми тарбия ва таълими насли наврас ва чавонони замони муосир сахми назаррас дорад.
ПАЙНАВИШТ
1. Алямовская, В.Г. Как воспитать здорового ребенка / В.Г.Алямовская. - М., 1993. - 96 с.
2. Егоров, С.Ф. Ушинский К.Д. / С.Ф.Егоров М.: Просвещение. 1977.
3. Ибн, Сина. Избранные философские произведения/ Ибн Сина. -М.: Наука, 1980.
4. Ибн, Сина. Канон врачебной науки : В 5 т / Ибн Сина. -Ташкент, 1956-1960.
5. Коменский, Я.А. Великая дидактика. - В кн. «Избранные педагогические сочинения». Т. 1/ Я.А. Коменский. - М.: Педагогика. - 1982. - 323 с.
6. Локк, Джон. Мысли о воспитании. Педагогическое наследие / Джон Локк. -М.: Педагогика. 1988.-411с.
7. Педагогика, Марии Монтессори // Курс лекций. Интродекция. - Иваново, 1995. -С. 3-18.
8. Песталоцци, И.Г. Избранные педагогические сочинения. Т.1 / И.Г. Песталоцци. М: Педагогика, 1981. -331с.
9. Руссо, Ж.Ж. Педагогические сочинения. / Ж.Ж. Руссо.-М.: Педагогика. 1981. - 682 с.
10. Сухомлинский, В.А. Павлышская средняя школа. Обобщение опыта учебно-воспитательной работы в сельской средней школе. Изд. 2-е. / В.А. Сухомлинский. -М.: Просвещение. 1979. - 393 с.
11. Ушинский, К.Д. Человек как предмет воспитания. Опыт педагогической антропологии: В 2 т. СПб., / К.Д. Ушинский.-М.: Педагогика. 1964.
REFERENCES:
1. Alyamovskaya, V.G. How to raise a healthy child. / V.G. Alyamovskaya. - M., 1993 .-- 96 p.
2. Egorov, S.F. Ushinsky K.D. / S.F. Egorov - M.: Education. 1977.
3. Ibn, Sina. Selected philosophical works. / Ibn Sina. - M .: Science, 1980.
4. Ibn, Sina. Canon of medical science: 5 t. / Ibn Sina. - Tashkent, 1956-1960.
5. Comenius, Ya.A. Great didactics. - In the book. "Selected pedagogical essays." T. 1. / Ya.A. Komensky. - M .: Pedagogy. - 1982. - 323 p.
6. Locke, John. Thoughts on education. Pedagogical heritage. / John Locke. - M .: Pedagogy. 1988. - 411 p.
7. Pedagogy of Maria Montessori // Course of lectures. Introjection. - Ivanovo, 1995. - P. 3-18.
8. Pestalozzi,I.G. Selected pedagogical essays. T.1. / I.G. Pestalozzi.-M: Pedagogy, 1981, - 331p.
9. Russo, Zh.Zh. Pedagogical works. / J.Zh.Russo.-M .: Pedagogy. 1981. - 682 p. 10.Sukhomlinsky, V.A. Pavlysh secondary school. Summarizing the experience of educational work
in a rural secondary school. Ed. 2nd. / V.A. Sukhomlinsky. -M .: Enlightenment. 1979.- 393 p. 11.Ushinsky, K.D. Man as a subject of education. The experience of pedagogical anthropology: In 2 t. St. Petersburg., / K.D. Ushinsky.-M.: Pedagogy. 1964.