Научная статья на тему 'КОНСЕПСИЯИ МУОСИРИ ПЕДАГОГӣ ОИД БА МОҳИЯТИ ТАЪЛИМИ ХУСУСӣ-ТАМОЮЛӣ'

КОНСЕПСИЯИ МУОСИРИ ПЕДАГОГӣ ОИД БА МОҳИЯТИ ТАЪЛИМИ ХУСУСӣ-ТАМОЮЛӣ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
95246
2508
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЛИЧНОСТНО-ОРИЕНТИРОВАННОЕ ОБУЧЕНИЕ / ОБРАЗОВАНИЕ / ВОСПИТАНИЕ / УЧАЩИЕСЯ / УЧИТЕЛЬ / ЛИЧНОСТЬ / МОДЕЛИРОВАНИЕ / ГУМАНИЗМ / СУЩНОСТЬ / КОНЦЕПЦИЯ / ТРАДИЦИОННОЕ ОБУЧЕНИЕ / ТАЪЛИМИ ХУСУСӣ-ТАМОЮЛӣ / ТАЪЛИМ / ТАРБИЯ / ХОНАНДА / ОМӯЗГОР / ШАХСИЯТ / ЛОИҳАКАШӣ / ИНСОНГАРОӣ / МОҳИЯТ / КОНСЕПСИЯ / ТАЪЛИМИ АНЪАНАВӣ / TUITION ORIENTED ON AN INDIVIDUAL / EDUCATION / UPBRINGING / PUPIL / TEACHER / PERSONALITY / MODELLING / HUMANISM / ESSENCE / CONCEPTION / TRADITIONAL TUITION

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Каримова Д. А.

В данной статье речь идёт о современной педагогической концепции личностноориентированного обучения. Выбранная автором проблема достаточно актуальна, так как во многих регионах страны и в современном обществе в целом происходит переход от традиционного к личностноориентированному обучению, сущность и специфика которого тесно связаны с гуманистическими принципами. На основе анализа существующих моделей личностно-ориентированного обучения раскрывается процесс поиска новой парадигмы образования. В частности, определяются и подвергаются подробному анализу основные компоненты, представленные в гуманистической парадигме, предложенной Е.В.Бондаревской, и отмечается их роль и значение в личностно-ориентированном обучении. Формируется вывод о том, что основными ценностями гуманистического личностно -ориентированного обучения выступают: человек как предмет воспитания; культура как среда, растящая и питающая личность; творчество как способ развития человека в культуре.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Современная педагогическая концепция о сущности личностно-ориентированного обучения

The article dwells on the modern pedagogical conception beset with tuition oriented on an individual. The issue chosen by the author is considered as a rather urgent one, both in many regions of the country and in modern society upon the whole, and it transforms from traditional tuition to that one oriented on an individual, the essence and specifics of which are closely connected with humanistic principles. Proceeding from the assumption of the analysis dealing with the existing models of tuition oriented on an individual, the author discloses the process aimed at searching a new paradigm of education. In particular, the principal components presented in humanistic paradigm which were introduced by E.V. Bondarevskaya are identified and analyzed comprehensively. Their role and importance of the tuition oriented on an individual are emphasized by the author. The author comes to the conclusion that man is presented as a subject of upbringing; culture as a milieu that raises and nurtures a personality; creativity as a way of human-being development in culture; all the basic values of humanistic tuition being oriented on an individual.

Текст научной работы на тему «КОНСЕПСИЯИ МУОСИРИ ПЕДАГОГӣ ОИД БА МОҳИЯТИ ТАЪЛИМИ ХУСУСӣ-ТАМОЮЛӣ»

УДК 371,01 ББК 74,202

Д.А.КАРИМОВА

КОНСЕПСИЯИ МУОСИРИ ПЕДАГОГИ ОИД БА МО^ИЯТИ ТАЪЛИМИ ХУСУСИ-ТАМОЮЛИ

Дар назария ва амалияи педагогикаи муосир ба тарзи нав кушиши шарх додани муносибатхои умумй оид ба таълими инсонгароёна мавчуд аст, аммо ин консепсия хануз такмил наёфта ва ба расмият дароварда нашудааст.

Дар илмхои педагогй ба инсонгароии таълим аз охири солхои 80-уми асри гузашта эътибори махсус дода мешавад ва тавассути коркарди мушаххаси технологияхои таълиму тарбия рушди самараноки шахсият ба рох монда мешавад. Таълим бо тамоюли инфиродй гохо тарики ба тарзи оддй хамрох намудани мавчудияти пешинаи дониш, махорат ва малака, гохи дигар бидуни тафаккури чиддй ва сохтори низоми таълимй ба назар мерасид. Бо вучуди ин, гуфтан мумкин аст, ки имруз тамоюли ба шахсият равоншуда ба сифати максади таълим кабул гардидааст. Дар бештари минтакахои кишвар аз таълими анъанавй ба таълими тамоюли фардидошта мегузаранд, ки мохият ва махсусияти онхо бо принсипхои гуманистй робита доранд.

Таълими хусусй-тамоюлй - таълимест, ки инкишоф ва худинкишофёбии кудакро аз хисоби пайдо гардидани хусусиятхои инфиродии онхо хамчун субъекти маърифат ва воситаи фаъолият таъмин менамояд. Он ба хар як хонанда хукуки интихоби рохи инкишофи хусусиро тавассути таъсис додани шакли алтернативии таълим сурат мебахшад.

Таълими хусусй-тамоюлй бо такя ба кобилият, рагбат, хавас ва малакаи субъективии хар як хонанда ба рох монда шуда, шароити зухур намудани имконоти фитрии уро хини омузиш ва тахсил фарохам меорад (2).

Акидае мавчуд аст, ки таълими хусусй -тамоюлй дар киёс бо таълими анъанавй ягон нуктаи комилан наве надорад. Аммо як назари сатхии ретроспективй ба низоми таълимй ба андешае водор менамояд, ки дар низоми анъанавй шахсият ва манфиати рушди он ба хисоб гирифта нашуда, балки авлавият ба бартарихои дигар дода мешавад. Ба назари мо, мактаби анъанавиро чун модели таълими сотсиократй тасаввур кардан ба хакикат наздик аст ва манфиати он аз истифодаи таълим барои максаднок равона гардидани ташаккули шахсият тибки талаботи давлат ва чавобгу ба ниёзхои ичтимоии чомеа иборат аст. Ин чунин маъно надорад, ки дар модели мазкур талаботи инфиродй ва ниёзхои хонандагон аз эътибор дур буд, балки он дар мувофика бо манфиатхои давлат амалй мегардид. Дар низоми сотсиократй меъёри сифати бахогузории асосии таълим муайян намудани сиёсати одамон, риояи конунпазирии онхо ба шумор меравад, на инкишофи хусусии инфиродй.

Дар таълими хусусй-тамоюлй ташаккули шахс тибки коидахои пешгузошташуда сурат намегирад, балки барои пайдоиш ва рушди имкониятхои субъекти раванди таълими хусусй шароит фарохам меоварад. Роххои риояи меъёрхои зарурй, ахлона баровардани ниёзхои ичтимой ва ахлокй, инкишофи озод, гурез аз модели хусусии тоталитарй ё тарбияи озод - масъалахои мазкур хамеша дар чараёни чустучуйхои парадигмахои нави таълим ба миён меояд. Тадкикотхои мухим доир ба халли муаммохои номбурда аз чониби як катор пажухандагон ба монанди Ю.И.Турчанинова, И.С.Якиманская, Е.В.Бондаревская, В.В.Сериков руи кор омадааст (8-9;4-6).

Ба андешаи В.В.Сериков, имконоти инфиродии хонандагон ба раванди таълим танхо хамон вакт ворид мешавад, ки тамоюли когнитивй мавкеи мутаносиби хонандагонро дар сохтори таълим таъмин карда натавонад. Вазифахои хусусй - дар ин маврид сифатхои махсусро доро намебошад, вале хамон сифоти инсон, ки ба таври хусусй зухур меёбад, хамчун фармудаи ичтимоии «шахсият будан» бокй мемонад. В.В.Сериков вазифахои хусусиро ба таври умумй чунин тасниф менамояд: асоснокшуда (кабул намудан ва асоснок кардани фаъолияти худ), гайримустаким баён намудан (шахсият таъсири беруна ва ангезахои рафтори дохилиро гайримустаким баён менамояд), коллизия-манфиатхои ба хамдигар зид дар муносибатхои инсонй (шахсият таносуби комилро намепазирад, шахсияти пешрафта дар зиндагй мухолифатро чустучу менамояд), танкидй (шахсият нисбат ба арзиш ва меъёрхои аз берун воридшуда назари танкидй дорад), рефлексй (тартиб додан ва нигох доштани образи муайяни «Ман»), мохиятчуй (шахсият хамеша низоми мафхумхои хаётиро то хадди охирин - муайян кардани мохияти хаёт месанчад), тамоюл бахшидан (доштани тасвири хусусй дар бораи олам, чахонбинии инфиродй, таъмини автономй ва устувории олами дохилй); эчодкорона дигар кардан (таъмини хусусиятхои эчодии фаъолияти хусусидошта), худбавучудоварй (кушиши эътироф шудани «ман»-и шахсият аз

чониби атрофиён), таъмини дарачаи маънавии зиндагй тибки ниёзхои шахсият (шахсият кушиш мекунад, ки истифодаи фаъолияти хусусии худро бо максади манфиатчуй пешгирй намояд) (7).

Комилии вазифахои мазкур, тасаввурот дар фаъолияти субъектхои раванди таълим аз он шаходат медихад, ки чараёни таълим тавассути зинаи вазифаи хусусй боло рафтааст.

Тавсифи пурраи таълими хусусй-тамоюлй дар парадигмаи гуманистии Е.В.Бондаревская пешниход гардидааст (4,11-17). Парадигмаи мазкур дар панч нуктаи зерин мавриди баррасй карор мегирад:

1. Мохияти тамоюли фардии таълим. Таълим - пеш аз хама, ташаккули одамон, муносибати онхо нисбат ба худ, образи худ, чанбаи нотакрори инфиродй, маънавиву ахлокй, эчодй мебошад. Инсонро ташаккул додан - ин маънои ёрии амалй расонидан ба он хамчун ба субъекти фарханг ба шумор меравад ва омузонидани хаёт бахри эчодиёт мухим арзёбй меёбад.

2. Муносибати педагог ба кудак ва мавцеи у дар раванди таълим

Ахдмияти муносибати мазкурро Ш.А.Амонашвили дар робита бо муайян намудани муносибати хусусй-инсондустй дар таълим дар мавриди он ки хар як рафтори кудак тамоюли хусусй дорад ва мохияти хусусии таълим ва он нукта, ки дар раванди омузиш педагог бояд бо такя ба онхо фаъолият барад, мушохида намудааст. Агар дар кудак унсурхои хусусй ба назар нарасад, дар ин холат бояд ба у барои ташаккули он бояд ёрии амалй расонида шавад.

Х,амин тарик, максади таълими хусусй-тамоюлй на дар ташаккул, балки дар дарёфт, дастгирй, тарбияи инсоният дар вучуди инсон ва ба рох мондани механизмхои худбаамалбарорй, худинкишофдихд, худтанзимкунй, худдифоъкунй, худтарбиякунй ва монанди инхост, ки барои ташаккули образи шахсияти мустакил, муносибат ва муоширати муколамавй ва безарар бо одамон, табиат, фарханг ва тамаддун зарур аст.

Вазифахои инсонсози таълими хусусй-тамоюлй

Вазифаи мухим инсонгарой аст, ки мохияти он дар хифз ва баркарор намудани экологияи инсон: сихатии чисмонй ва маънавй, мохияти зиндагй, озодии шахс ва ахлоки хамида мебошад. Барои ин зарур аст, ки дар инсон механизмхои фахмиш, хамдигарфахмй, робита ва хамкориро ба вучуд оварда шавад.

Боз як вазифаи дигар ташкил намудани фарханг ба хисоб меравад, ки хифозат,интикол, истехсол ва инкишофи маданиятро тавассути таълим ба рох мемонад. Таълим бояд ба инсон механизми идентификатсияи фархангро чойгузин намояд. Ин чунин маъно дорад, ки тарики ба рох мондани робитаи ахлокй байни хамдигар ва халки худ, дилсузй ба фарханги миллй, арчгузорй ба арзишхои тамаддун, хаёти шахсии худро ба ташаккул ва сохтори он равона намудан аст.

Дигар вазифаи мухими таълим - сотсиализатсия, яъне таъмини аз худ намудан ва тачдиди тачрибаи ичтимоии фард барои осон рох ёфтани инсон ба хаёти чамъиятй махсуб меёбад. Сотсиализатсия дар чараёни фаъолияти хамкорй ва муносибат дар мухити муайяни фархангй ба вучуд меояд. Махсули сотсиологизатсия мохияти инфиродй дорад ва мухтавои он гувохй медихад, ки инсон аз тачрибаи ичтимой ба андозаи андухтахои худ бардошт мекунад ва чи гуна шуури инсон ин андухтаро сифатан коркард намуда, чи ахамияте ба он медихад. Барои он ки сотсиализатсия бе ягон камбудии чиддй сурат бигирад, ба таълим бояд механизмхои мутобикшавй, рефлексия, зинда мондан, хифзи сифатхои инфиродии инсон дохил карда шавад.

4.Мухтавои таълими хусусй-тамоюлй

Мафхуми таълими хусусй-тамоюлй бояд хамаи он чизхоеро, ки барои сохтмон ва инкишофи шахсият зарур аст, дар бар гирад. Мутобикан таълими хусусй-тамоюлй бояд компоненти (ачзои) аввалдарачаи мазкурро дошта бошад:

• аксиологй,

• когнитивй,

• фаъолиятй-эчодй,

• хусусй.

Компоненти аксиологй барои бо арзишхои асили чахонй ошно кардани хонандагон, барои ёрй расонидан дар интихоби низоми дурусти тамоюлхои арзишманд равона шудааст.

Компоненти когнитивй хонандагонро бо донишхои илмй доир ба инсон, фарханг, таърих, табиат хамчун асоси инкишофи маънавй таъмин менамояд.

Компоненти фаъолиятй-эчодй ташаккул ва инкишофро дар хонандагон бо роххои гуногуни фаъолият, махсусиятхои эчодй ба рох монда, барои татбики имконоти хусусй дар кор, илм, санъат ва дигар намудхои фаъолият зарур аст. Компоненти хусусй худшиносй, роххои худидоракунй, рушди махорати рефлексивй, худшиносии ахлокиро таъмин менамояд ва мавкеи хаётиро ташаккул медихад.

Компоненти хусусй дар мундаричаи таълими хусусй-тамоюлй батанзимдарорй махсуб меёбад ва он хусусияти фарккунандаи ин низом аст, аммо дар низоми анъанавй компоненти когнитивй авлавият дорад .

5.Технологиях,ои педагогй

Сарчашмаи инкишофи технологияхои хусусй-педагогй дар низомномаи консепсияи муколамаи фархангхои В.С.Библер ба назар мерасад (3). Дар низоми педагогии анъанавй бунёди хамаи технологиями педагогй бар шарху тафсир карор мегирад, вале дар таълими хусусй-тамоюлй -тафохум ва якдигарфахмй дар чои аввал аст. Калидвожахо дар характеристикаи технологияи таълими хусусй-тамоюлй - ёрии педагогй ва дастгирй ба хисоб меравад. Дастгирй мавкеи гуманистии педагогонро дар муносибат ба кудакон ифода менамояд. Дастгирй дар асоси се принсипи фаъолияти педагогии Ш.А.Амонашвили сурат мегирад: кудаконро дуст доштан, ташхис кардани мухите, ки онхо зиндагй мекунанд, дар зиндагии кудакон тифлии худро аз сар гузаронидан (1).

Бояд зикр кард, ки дар вактхои охир дар раванди таълим хадамоти ёрирасони нав ба монанди валеологй, тиббй, ислохй-ташхисй, хадамоти оилавй, гамхории ичтимой, таълими иловагй ва монанди инхо ба вучуд омадааст.

«Предмети ёрирасони педагогй - менависад О.С.Газман,- чараёни якчоя бо кудак муайян намудани завки хусусии кудак, максад, шароит ва роххои бартараф намудани монеахое мебошад, ки барои хифзи шарафи одамии у ва мустакилона ба даст овардани натичахои дилхох дар таълим, худтарбиякунй, муносибат бо одамон, тарзи зиндагй халал мерасонад» (5).

Дар доираи таълими хусусй-тамоюлй Е.В.Бондаревская асосхои арзишноки тарбияи максадноки хусусй-тамоюлиро тасниф ва мавриди баррасй карор медихад, ки он бо тарбияи шахрвандон, инсони бофарханг ва хушахлок робитаи кавиеро доро аст ва бо назардошти арзишхои миллй сурат хохад гирифт (4).

Сифати нави тарбияи хусусй-тамоюлй тибки усули мутобикат бо фарханг сурат мегирад, ки мувофики он тарбия «пешрафти фархангии кудакро таъмин менамояд ва дар ин раванд ба у ёрй мерасонад». Е.В.Бондаревская кайд менамояд, ки рушди табий ва ичтимоии инсон ба сифати принсипхои асосии тарбияи гуманистй, бидуни мохияти фархангй муносибати инфиродиро низ такозо дорад (4-86).

Баррасии усулхои асосии тарбияи гуманистии хусусй-тамоюлй Е.В.Бондаревскаяро ба андешае водор мекунад, ки дар тарбияи гуманистй ва таълими фархангии хусусй-тамоюлй максаду маром, асосхои методологй ва принсипхо муштарак мебошанд. Тахкики асосхои назариявии таълимоти тамоюлй-хусусй Е.В. Бондаревскаяро ба натичае расонидааст, ки онро ба унвони типпи тарбияи гуманистй, ки нисбат ба тарбияи коллетивй ва таълими тарбиятдиханда, ки ба сифати алтернатива дар фахмиши анъанавй чой дорад, шарх дихад (4-92). Низомхои тарбиявии мазкур асосхои арзишии мухталиф доранд.

Дар чамъбасти ин гуфтахо метавон кайд кард, ки ба сифати арзишхои асосии тарбияи гуманистии хусусй-тамоюлй инсон хамчун воситаи тарбия, фарханг хамчун мухити рушди хусусй, эчодиёт хамчун воситаи рушди инсон дар фарханг шинохта мешаванд.

Х,амин тарик, маълум мешавад, ки консепсияи комилан шаклгирифтаи инсонгарой дар раванди таълим холо мавчуд нест, аммо мусаллам аст, ки он бояд дар заминаи таълимоти хусусй-тамоюлй матрах шавад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Амонашвили,Ш.А. Личностно-гуманная основа педагогического процесса/Ш.А. Амонашвили.- Минск: Университетское изд-во, 1990.-560 с.

2. Артюхов, М.В. Гуманистические основы управления образованием/М.В. Артюхов .- Москва-Новокузнецк: ИПК, 1998.- 195 с.

3. Библер, В.С. Два философских введения в двадцать первый век/В.С. Библер.- М.: Политиздат, 1990. - 413 с.

4. Бондаревская, Е.В. Гуманистическая парадигма личностноориентированного обучения/ Е.В. Бондаревская.- Педагогика.-1997.- №4.- С. 11-17.

5. Газман, О.С. Потери и приобретения в воспитании после десяти лет перестройки: Инновационные движения в российском школьном образовании/О.С. Газман.- Под ред. Э. Днепрова, А. Каспаржака, А. Пинского. - М.: Новая школа,1997.-413 с.

6. Сериков, В.В. Личностно ориентированное образование/В.В.Сериков.- Педагогика. - 1994. -№ 5. - 16-21 с.

7. Сериков, В.В. Образование и личность. Теория и практика проектирования педагогических систем/В.В.Сериков.- М.: Изд. корпорация «Логос», 1999. -272 с.

8. Турчанинова, Ю. Свобода учиться и учить //Директор школы/ Ю. Турчанинова. - 1997. - № 1. -38-47c.

9. Якиманская,И.С.Личностно-ориентированное обучение в современной школе/ И.С. Якиманская. - М.: Сентябрь, 1996.-96 с.

10.Wells, Harry К. The Failure of Psychoanalysis: From Freud to Fromm. - New York: International Publishers Co., Inc., 1963.-252 с.

REFERENCES:

1. Amonashvili, Sh.A. Personal-Human Basis of Pedagogical Process/ Sh.A. Amonashvili .- Minsk: University Publishing House, 1990.- 560 p. (in Russian)

2. Artyukhov, M.V. Humanistic Basic Foundations of Education Management/ M.V. Artyukhov.-Moscow-Novokuznetsk: IPK, 1998.- 195 p. (in Russian)

3. Bibler, V.S. Two Philosophical Introductions to the XXI-st Century/ V.S. Bibler .- M.: Politizdat, 1990.- 413 p. (in Russian)

4. Bondarevskaya, E.V. Humanistic Paradigm of Tuition Oriented on an Individual / E.V. Bondarevskaya.- Pedagogika.- 1997.- #4.- Р. 11-17. (in Russian)

5. Gazman, O.S. Losses and Gains in Upbringing after a Decade of Perestroika: Innovative Movements in School Education of Russia/ O.S. Gazman .-Edited by E. Dneprov, A. Kasparzhak, A. Pinsky.-M.: New School, 1997.- 413 pp. (in Russian)

6. Serikov, V.V. Tuition Oriented on an Individual / V.V. Serikov .- Pedagogics.- 1994.- #5. - Р. 16-21. (in Russian)

7. Serikov, V.V. Education and Personality. Theory and Design Practice of Pedagogical Systems/ V.V. Serikov .- M.: Logos Corporation, 1999. - 272 p. (in Russian)

8. Turchaninova, Yu. Freedom to Learn and Teach// School Headmaster/ Yu. Turchaninova .- 1997.-№1.- Р. 38-47. (in Russian)

9. Yakimanskaya, I.S. Tuition Oriented on an Individual in Modern School/ I.S. Yakimanskaya.- M.: September, 1996.- 96 p.

10.Wells, Harry К. The Failure of Psychoanalysis: from Freud to Fromm. - New York: International Publishers Co., Inc., 1963.-252 p.

Консепсияи муосири педагоги оид ба мо^ияти таълими хусусй-тамоюлй Вожа^ои калидй: таълими хусусй-тамоюлй, таълим, тарбия, хонанда, омузгор, шахсият,

лоиуакашй, инсонгарой, мохият, консепсия, таълими анъанавй Мацолаи мазкур ба консепсияи педагогии муосир оид ба таълимоти хусусй-тамоюлй бахшида шудааст. Мавзуи интихобшуда хеле мубрам аст, зеро дар манотици мухталифи кишвар ва дар мацмуъ дар цомеаи муосир гузариш аз усули анъанавй ба усули хусусй-тамоюлии таълим, ки бо принсипхои инсонгарой алоцаманд аст, ба мушо%ида меояд. Дар мацола зимни та%лили модел%ои мавцудаи хусусй-тамоюлии таълим цараёни цустуцуи парадигма%ои нави таълим баррасй шудааст. Аз цумла унсур%ои асосии ин навъи таълим, ки дар парадигмаи Е.В.Бондаревская пешни%од шудааст, муфассал мавриди арзёбй царор гирифта, цойго% ва мо%ияти он дар таълимоти хусусй-тамоюлй зикр ёфтааст. Дар хулосаи мацола цайд карда мешавад, ки ба сифати арзиш%ои асосии раванди таълими хусусй-тамоюлй инсон %амчун васоити тарбия, фар%анг %амчун му%ити рушди хусусй ва эцодиёт %амчун воситаи рушди инсон дар фар%анг шинохта мешаванд.

Современная педагогическая концепция о сущности личностно-ориентированного обучения Ключевые слова: личностно-ориентированное обучение, образование, воспитание, учащиеся, учитель, личность, моделирование, гуманизм, сущность, концепция, традиционное обучение

В данной статье речь идёт о современной педагогической концепции личностно-ориентированного обучения.

Выбранная автором проблема достаточно актуальна, так как во многих регионах страны и в современном обществе в целом происходит переход от традиционного к личностно-ориентированному обучению, сущность и специфика которого тесно связаны с гуманистическими принципами.

На основе анализа существующих моделей личностно-ориентированного обучения раскрывается процесс поиска новой парадигмы образования. В частности, определяются и подвергаются подробному анализу основные компоненты, представленные в гуманистической парадигме, предложенной Е.В.Бондаревской, и отмечается их роль и значение в личностно-ориентированном

обучении. Формируется вывод о том, что основными ценностями гуманистического личностно -ориентированного обучения выступают: человек как предмет воспитания; культура как среда, растящая и питающая личность; творчество как способ развития человека в культуре.

Modern Pedagogical Conception on the Essence of Tuition Oriented on an Individual

Key words: tuition oriented on an individual, education, upbringing, pupil, teacher, personality, modelling, humanism, essence, conception, traditional tuition

The article dwells on the modern pedagogical conception beset with tuition oriented on an individual. The issue chosen by the author is considered as a rather urgent one, both in many regions of the country and in modern society upon the whole, and it transforms from traditional tuition to that one oriented on an individual, the essence and specifics of which are closely connected with humanistic principles.

Proceeding from the assumption of the analysis dealing with the existing models of tuition oriented on an individual, the author discloses the process aimed at searching a new paradigm of education. In particular, the principal components presented in humanistic paradigm which were introduced by E.V. Bondarevskaya are identified and analyzed comprehensively. Their role and importance of the tuition oriented on an individual are emphasized by the author. The author comes to the conclusion that man is presented as a subject of upbringing; culture - as a milieu that raises and nurtures a personality; creativity - as a way of human-being development in culture; all the basic values of humanistic tuition being oriented on an individual.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Каримова Дилбар Абдуллоевна, сармуаллимаи кафедраи забонуои хориции Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Гафуров(Чум%урии Тоцикистон, ш.Хуцанд), E-mail: [email protected] Сведения об авторе:

Каримова Дилбар Абдуллаевна, старший преподаватель общеуниверситетской кафедры иностранных языков Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: [email protected] Information about the author:

Karimova Dilbar Abdulloevna, senior lecturer of the all-University department of foreign languages under Khujand State University named after academician B.Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), E-mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.