Научная статья на тему 'Legal essence of social-cultural services in individual''s formation'

Legal essence of social-cultural services in individual''s formation Текст научной статьи по специальности «Прочие медицинские науки»

CC BY
853
37
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СОЦИАЛЬНО-КУЛЬТУРНЫЕ УСЛУГИ / SOCIAL-CULTURAL SERVICES / ГРАЖДАНИН / CITIZEN / ДУХОВНЫЕ ПОТРЕБНОСТИ / SPIRITUAL NEEDS / ИНТЕЛЛЕКТУАЛЬНЫЕ ПОТРЕБНОСТИ / INTELLECTUAL NEEDS / ФИЗИЧЕСКИЕ ПОТРЕБНОСТИ / PHYSICAL NEEDS / ПОТРЕБИТЕЛЬ / CONSUMER

Аннотация научной статьи по прочим медицинским наукам, автор научной работы — Сангинов Дониёр Шомахмадович

В данной статье проанализированы законодательство и научные взгляды ученых о правовой сущности социально-культурных услуг в формировании личности. Формирование личности невозможно без отлаженного механизма обеспечения должного и эффективного оказания социально-культурных услуг. Ведь социально-культурные услуги являются средством формирования личности, воздействуют на гражданина для познания им культуры, правовой жизни, восприятия общечеловеческих ценностей, создают и формируют условия, образ и качество жизни.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Правовая сущность социально-культурных услуг в формировании личности

In his article the author has analyzed the legislation and scientific views of scientists concerned with the legal essence of social-cultural services in individual ''s formation. The latter is impossible without an adjusted mechanism of proper and effective social-cultural services being provided. The latters are a means of individual''s formation, they exert influceruce upon a citizen to make him/ her cognize culture, legal life, perceive general human values; they create conditions for modus vivendi and quality of life.

Текст научной работы на тему «Legal essence of social-cultural services in individual''s formation»

УДК 34С Д.Ш. САНГИНОВ

ББК 67.021

С18

МО^ИЯТИ ^УКУЦИИ ХИЗМAТРAСОНИИ ИЧТИМОИЮ ФAР^AНГИ ДAР ТAШAKKУЛИ ШAХСИЯТ

Дар Точикистон тамоми чорахоро оид ба амалисозии хукукхои конститутсионии шахрвандон ба хифзи саломатй, иштироки озодона дар хдёти фархангию чамъиятй, эчодиёти бадей, илмй ва техникй, аз дастовардхои онхо истифода бурдан, хукук ба тахсил, инкишофи варзиши оммавй, тарбияи чисмонй ва сайёхй андешида шуда истодааст. Ин хукукхои шахрвандон аз чониби давлат на танхо ройгон таъмин карда мешаванд, инчунин давлат ба шахрвандон имконияти амалй намудани хукукхои худро дар асоси шартномахои гражданй -хукукй медихад. Хукукхои номбаршудаи шахрвандон музднок дар асоси шартномаи хизматрасонии пулакй амалй карда мешавад. Барои таъмин намудани талаботи рухй, зехдй ва нигохдории хаёти муътадили шахрванд хизматрасонии ичтимоию фархангй ба рох монда шудааст.

Дар айни замон сохаи хизматрасонй ба хаёти чамъиятии мо дохил гардид. Вазъияти имрузаи чамъият бе хизматрасонй ва шаклу намудхои гуногуни он имконнопазир мебошад.

Мусаллам аст, ки хизматрасонии ичтимоию фархднгй амали сохибкори инфиродй ва шахси хукукй оид ба таъмин намудани талаботи рухй, зехнй, чисмонии истеъмолкунанда, таъмин ва баркарор намудани саломатй, инкишофи чисмонии шахс ва баланд бардоштани махорати касбии он мебошад. Ба хизматрасонии ичтимоию фархангй хизматрасонии тиббй, хизматрасонии фархангй, хизматрасонии сайёхию экскурсионй, хизматрасонии тахсил ва хизматрасонии чисмонию варзишй дохил мешавад.

Накши хизматрасонии ичтимоию фархангиро дар ташаккули шахс метавон бо ёрии шархи кисмхои алохидаи таркиби он, тахлил намуд.

Сохаи хизматрасонии ичтимоию фархангй хамчун омили устувори тавлидкунанда ва амалисозии талаботхои инсонии тамоми сатх баромад мекунад. Ахамияти онхо барои шахс бошад дар якчоякунии самти ичтимой ва гуманитарй хизматрасонии ичтимоию фархангй зохир гашта, воситаи самара-ноки ичтимоисозии шахсият мегардад. Тачрибаи инкишофи бисёри давлатхо тасдик мекунанд, ки инкишоф наёфтани сохаи хизматрасонии ичтимоию фархангй чараёни инкишофи имрузаи одамро хамчун корманд, шахсият, шахрванд ва оиладор бозмедорад. Иктисодиёти баланд ба хизматрасонй ба талафи бузург дар худи истехсолоти моддй мебошад, амалисозии омили инсониро аз нуктаи назари намунаи «сармояи инсонй» мушкил месозад.

Ин талофихо мумкин аст дар майзадагй, нашъамандй, зуд паст шyдани фарханги умумй ва рухияи чамъият, талаф додани вакти кори аз сабаби беморй, хастагй, дискомфорт, сарбории рухй тачассум гардад. Х,амаи ин метавонад ба паст шудани имконияти амалисозии кобилияти эчодй, зехнии инсон хдмчун кувваи истехсолкунандаи асосии чамъияти имруза оварда расонад. Ма^з барои хдмин диккати чомеаи имруза бояд ба ахдмияти шахсию хайати хизматрасонии ичтимоию фархангй равона гардида бошад: аз чониби инсон дар чараёни гирифтани хизматрасонии ичтимоию фархангй дарк гардидани фарханг ба худ кувваи инсондустиро доро мебошад ва кабулкунии арзишхои умумиинсониро имконпазир мегардонад, бо он шароит ва тарзи хаёти инсонро таъсис ва ба вучуд меорад [1, 24].

Аз мафхуми хизматрасонии ичтимоию фархднгй субъекти ин муносибатхои хукукй муайян карда мешавад: ичрокунандагон - сохибкори инфиродй ва шахсони хукукй; фармоишгар - истеъмолкунанда.

Тибки б. 17 м. 17 КА Ч,Т сохибкори инфиродй шахси вокеиест, ки фаъолияти сохибкориро бе таъсис додани шахси хукукй дар асоси патент ё шаходатнома ба амал мебарорад [2]. Сохибкори инфиродй шахси вокеие (шахрванде) мебошад, ки корро шахсан аз номи худ, аз хисоби худ ва таваккали худ пеш мебарад, мустакилона карорхои хочагидорй кабул менамояд [3, с. 224-226]. Шахси хукукй ташкилоте мебошад, ки дар пешбурди хочагидорй ё идоракунии оперативй молумулки мустакил дошта, аз руи ин молумулк чавобгар мебошад, метавонад аз номи худ хукуки молумулкй ва шахсии гайримолумулкиро ба даст орад, ухдадорй гирад, дар суд даъвогар ва чавобгар бошад [4, с.105].

Хусусияти субъектон - ичрокунандагони хизматрасонихои ичтимоию фархангй дар он аст, ки хам сохибкори инфиродй ва хам шахси хукукй бояд дар сохахои алохида мушаххас шуда бошанд (дар сохаи тандурустй, фарханг, сайёхй, маориф, тарбияи чисмонй ва варзиш).

Истеъмолкунанда шахси вокей ё хукукие мебошад, ки максади фармоиш додан ё ба даст овардани моли фармуда, бадастоварда ё истифодашуда (кор ё хизматрасони)-ро танхо барои талаботи шахсй, оилавй, хонагй, ки ба фаъолияти сохибкорй алокамандй надорад, дорад [5]. Ба акидаи мо, гирандаи хизматрасонии ичтимой танхо шахси вокей мебошад, фармоишгари хизмат-расонй бошад, метавонад хам шахси вокей ва хам шахси хукукй бошад.

Масъалаи дигари мухими тадкикоти мо дар ин рисола самти фаъолияти ичрокунандагон мебошад, яъне таъмин намудани талаботи рухй, зехнй, чисмонии истеъмолкунанда, нигохдории хаёти муътадили он, таъмин ва баркарор намудани саломатй, инкишофи чисмонии шахс ва баланд бардоштани махорати касбии он.

Зери мафхуми талабот, ниёз холати ботинии хиссиёти рухй ё функсионалии норасогии ягон чй, ки вобаста аз омилхои вазъиятй зохир мегардад, фахмида мешавад [7, с. 46-54]. Талабот намуди ниёзи функсионалй ё рухй ё нарасидани ягон намуди объект, субъект, фард, гурухи ичтимой ё худ чамъият мебошад. Талабот ангезандаи дохилии фаъолнокй буда, вобаста аз вазъият гуногун зохир мегардад, зеро чараёни таъмин намудани талабот хамчун фаъолияти максаднок баромад мекунад. Гузашта аз ин, талабот сарчашмаи фаъолнокии шахс

мебошад. Инсон максадро субъективона хамчун талабот дарк намуда, боварй хосил мекунад, ки таъмин намудани талабот танхо ба воситаи ба даст овардани максад имконпазир аст. Ин ба он имконият медихад, ки фахмишхои субъективии худро оид ба талабот бо мазмуни объективии он таносуб кунад. Ба инсон хос аст, ки хатто он талаботе, ки бо вазифаи мавчудияти чисмонии он алокаманданд, аз талаботи шабехи хайвонот фарк кунад. Ба туфайли ин, онхо кобилияти вобаста аз шакли чамъиятии фаъолияти зиндагии онхо шакливаз-куниро доранд. Агар дар талабот фаъолият аз руи мазмун аз мазмуни мавзуию чамъияти он вобаста бошад, пас дар ангезахо ин вобастагй хамчун фаъолии шахсии субъект баромад мекунад. Аз ин лихоз, низоми ангезахои дар рафтори субъект ошкоргардида аз аломатхо бой мебошанд ва аз талабот дида серхаракаттаранд. Тарбияи талабот яке аз вазифахои марказии ташаккули шахс мебошад. Талабот аз руи таъиноти худ ба ду гурухи ба хам мукобил - рухй ва чисмонй чудо мешавад. Дар рафти инкишофи инсон онхо бо талаботи мачмуавй ва дарккунию ичтимой пурра мегарданд [6].

Талаботи инсон аз вазъияти чамъият, гурухи ичтимой, ки ба онхо тааллук доранд, муайян карда мешавад. Вобаста аз сохтори иктисодй ва чамъиятй, низоми истеъмолнамой ва коидахои рафтори кабулшуда инсон талаботи гуногуни фархангиро ба даст меорад, тарзхо ва усулхои гуногуни таъмин намудани онхоро азхуд мекунад. Аммо барчастатарин хусусияти хама анвои талаботи инсонй вокеан сер нашудани онхо мебошад, яъне ягон талаботро якумра таъмин намудан имконнопазир аст. Пас аз таъмин намудан он талабот боз пайдо мешавад, инкишоф меёбад ва дар ин хол инсонро водор месозад, ки он ашёи фархангии моддй ва рухии навбанав ба вучуд орад.

Талаботи ру^й. Талаботи рухй дар худ вазъи муайяни шуурро ифода намуда, хохиши даркнамудаи инсонро ба эчодиёти рухй, ба бунёд ва истифодабарии арзишхои фархангй дарбар мегирад. Ин тачассумёбии акл ва хиссиёти инсон аст. А.Г. Здравомислов якчанд нуктаи назари истилохи «талаботи рухй»-ро чудо намудааст: 1) кушиш намудан ба бадастории натичаи истехсолоти рухй: иштирок намудан дар илм, санъат, фарханги фалсафй; 2) хамчун шакли ифодасозии талаботи тартиби моддй ва муносибатхои синфию ичтимой дар чомеаи имруза; 3) инкишофи мувофики шахс. Талаботи рухй хамчун ангезаи дохилии инсон ба эчодиёти рухй, бавучудории арзишхои фархангй ва ба истеъмоли онхо, ба муоширати рухй баромад мекунад [6, с. 223]. Таснифи баръакси талаботи рухиро Ю.В. Шаров додааст. Дар миёни онхо Ю.В. Шаров талаботи зеринро чудо намуд: талаботи фаъолияти мехнатй; талаботи муошират; талаботи ахлокй; талаботи эстетикй; талаботи илмию тадкикотй; талаботи солимгардонии саломатй; талаботи карзи харбй [7, с. 176-177].

Талаботи зе^нй. Талаботи зехнй талабот дар даркнамоии нав дар халли вазифахо, дар ошкор намудани асрор аст. Инкишофи дахлдори ин талабот инсонро ба дарки падидахои илмй водор месозад, мушохидакориро талкин мекунад, фикррониро васеъ месозад. Махз инкишофи зарурй, барои он ки инкишофи нодурусти талаботи зехнй мумкин аст, таъминотро дар зери дари хамсоя бо гапгушкунй пайдо созад. Талабот ба таври катъй шахсияти инсонро муайян месозад. Талаботи зехнй баёнгари вазъи устувори шахс мебошад, ки дар

он эхтиёчот ба халли вазифахои халкунанда ифода мегардад ва инсонро ба фаъолнокй, равона сохтан ба чустучу, ба даст овардан ва истифода намудани иттилооти илмй водор месозад. Аз руи субъективият ин талабот дар шакли хохишхои хиссиётии руйпуш, шавк, кушиш, аммо муваффакияти инкишофи онхо бошад, дар шакли хиссиёти баходихй арзи хастй мекунад. Худи талабот дар ин маврид метавонанд, ки дарк хам карда нашаванд. Интеллект (аз калимаи лот. intellectus - фахмидан) кобилияти умумй ба шуур ва хдлли мушкилот мебошад, ки хама кобилиятхои шуурии инсонро муттахид мекунад: хдскунй, дарккунй, хотира, маълумот, фикрронй, тасаввурот [8].

Талаботи цисмонй бо таъмин ва нигохдории вазъияти чисмонй ва рухию чисмонии инсон алокаманд мебошад. Намуди мазкури талабот дар худи табиа-ти организми инсон ва мухити зист мавчуд аст. Мазмуни мухтасари ин талабот ба зарурати чудо намудани онхо ба гуруххо бо назардошти чинс, синну сол, махсусияти миллй, макони истикомат, алокамандии фардй ва гурухй, манфи-атхо ва бисёр дигар омилхои дар инчо номбарнашуда оварда мерасонад. Вазъи чисмонии инсон яке аз нишонахои саломатии он мебошад. Ба он сатхи омодагии инсон ба ичро намудани сарборихои мушакй ва мехнатии гуногун дар вакти кутох хос аст. Ин омодагй аз сатхи сифати чисмонии он, махсусияти инкишофи чисмонй, имкониятхои функсионалии организмхои алохида, мавчудияти беморй ё чархат вобаста аст. Барои шахсони тамоман солим омилхои муайянкунандаи вазъи чисмонй инкишофи чисмонй, кобилияти кории чисмонй, имконияти функсионалии низоми рохи нафас ва синну сол мебошад. Инкишофи чисмонии инсон ба пайвасткунии муайяни нишондихандахои антропометрй ва функсионалй хос мебошад [9, с. 97].

Нигохдории фаъолияти уаётии муътадил. Фаъолияти хаётии инсон тарзи мавчудияти он ва фаъолияту истирохати харрузаи он мебошад. Фаъолияти хаётй дар муносибати доимй бо мухити зист мегузарад. Хузуру халоват гуфта чунин мухити зистеро меноманд, ки дар он чо мухайё сохтани фаъолияти хаётии бехтарин имконпазир бошад. Дар чараёни фаъолияти худ инсон дар робита бо тамоми унсурхои мухити зист сарбасар мешавад, ки мумкин аст ба маишй ва истехсолй чудо кунем. Дар мухити зисти истехсолй инсон дар хамкорй бо машинахо ва дигар одамон барои худ воситаи мавчудиятро ба даст меорад. Мехнати чисмонй аз хисоби фаъолияти мушакхо ба амал бароварда мешавад. Фаъолияти мушакй ба инхо чудо мешавад: динамикй - кувваи ивазшавандаи мушакй бо ивазшавии дарозии мушак ва холати тана; статикй - кувваи доимй бе тагйирёбии мушакхо. Дар мавриди бедоршавии мушак мубаддалгардии энергияи потенсиалии воситахои истеъмолкунанда ва оксиген дар кор бо чудо намудани гармй, ба амал меояд. Фаъолияти муътадили хаётй - фаъолияти хаётие, ки дар он чо хама чараёнхои асосй дар доираи меъёрхои кабулгардида, бе радсозихои муаммогй ё беморй, аммо бе хубшавии зарурй амал мекунад.

Таъмини саломатй. Саломатй вазъи тамоми организми зинда, ки дар он хама органхо пурра кобилияти ба амал баровардани функсияи худро доранд ва набудани беморй мебошад. Аз руи Оинномаи ТБС (ВОЗ) «саломатй на танхо набудани беморй ва нуксонхои чисмонй, балки ин вазъи бехбудии чисмонй, рухй ва хатто ичтимой мебошад» [10]. Шахрвандони Ч,умхурии Точикистон аз

руи хохиши худ аз хизматрасонии пулакии муассисахои тиббии хусусй ё духтурони инфиродие, ки тибки конунгузории Ч,Т ва бо тартиби мукар-рарнамудаи Хукумати Ч,Т амал мекунад, истифода мебаранд [11]. Ба омилхои асосии саломатй ё аломати он инхоро дохил намудан лозим аст: 1) Сатхи маълумотнокй - тарбия, тахсил, инкишофи инсон; 2) Сатхи шуур - синнусолй, гурухй, касбй, миллй; 3) Сатхи фарханг - хиссиёт, рафтор, фарханги шахсй, ичтимой ва санитарй; 4) Тарзи хаёт - фаъолнокии эчодй ва тарзи хаёти боак-лона (муътадил, бехатар ва солим), бо назардошти таъминкунй - фаъолияти самаранок, мувозинатй, бехатарии эчодй - чисмонй, аклй, комплексй; 5)Бехатарии комплексй - экологй, ичтимоию иктисодй, харбию сиёсй; 6) Одат-кунии (яъне мувофикшаванда) инсон ба таъсироти иттилоотй, рухй, чисмонй, ва комплексй. Ин имкониятхо аз сатхи иммунитет, зехни инсон, хусусиятхои фардии таассуроти биохимикй ба организм, устувории генетикии он вобаста аст.

Барцарорсозии саломатй. Баркарорсозии саломатй бо ёрии табобат ба амал бароварда мешавад. Табобат чараёнест, ки максади он сабуксозй, мондан ё бартараф намудани ягон беморй, вазъи потологй ё дигар беморихои дар фаъолияту хаёт ба вучуд омада, муътадилгардонии фаъолияти хаётии зарардида ва солимгардй, баркарорсозии саломатй мебошад. Солимгардй мачмуи чораби-нихо барои бехгардонии ахволи чисмонй ва рухй, ки умуман ба устуворсозии саломатй, устуворсозии иммунитет, баланд бардоштани кобилияти корй, хуб намудани сифат ва баланд бардоштани давомияти умри инсон мебошад. Солимгардониро бо табобати бемор иваз намудан лозим нест [11].

Инкишофи цисмонии инсон. Инкишофи чисмонй чараёни динамикии кад (зиёдшавии дарозй ва вазни чисм, инкишофи органхо ва низоми организм ва гайра) ва ба балогатрасии биологии кудак дар давраи муайяни кудакй мебошад. Чдраёни инкишофи мачмуи хусусиятхои морфологй ва функсионалии организм (суръати афзоиш, зиёдшавии вазни чисм, инчунин ба балогат расидани органхои гуногун дар давраи муайяни инкишоф) асосан бо механизми меросй ба рох монда шудааст ва аз руи накшаи муайян дар шароити мувофики фаъолияти хаётй амалй карда мешавад. Барои бахогузории объективии инкишофи чисмонй бузургихои морфологиро дар якчоягй бо нишондодхои вазъи функсионалй бахо додан лозим аст: тобоварии аэробй; тобоварии суръатнок; тобоварии куввагй; тобоварии суръатию куввагй; чобукй; чолокй; кувваи динамикаи мушакй; махорат; таркиби тана; хусусияти вазнию каддии тана ва таносуби он; андом [11].

Баланд бардоштани мауорати касбй. Махорат кобилияти бо сифат ичро намудани ин ё он кор ё хизматрасонй, тавонистан ва доштани махорат дар ин ё он соха, санъати баланди ба амал баровардани ягон кор мебошад. Махорати касбй сатхи доштани намуди махсуси фаъолияти мехнатй дар тамоми соха аст. Ба хусусияти асосии тамоми фаъолияти ба худмуайянкунии касбй таъсир-кунанда инхо дохил мешаванд: мазмуни фаъолияти касбй ва вобаста ба он имконияти худамалисозии шахсият (мувофикати манфиат ва кобилият, имко-нияти худмукаммалгардонй, эчодиёт); ахамияти чамъиятй доштани мехнат, ки бо натича ва окибаташ муайян карда мешавад (фоидаовар ба одамон ва

чамъият); бахогузории чамъиятии фаъолияти касбии инсон, вазъи ичтимоии мутахассис дар сохаи мазкури мехнат. Яке аз механизмхои амалкунандаи баланд бардоштани махорати касбй низоми тахсилоти иловагй, такмили ихтисос ва азнавомодакунии кадрхо мебошад. Ба онхо мукаммалгардонии махорати касбии кадрхое, ки омодагии касбй доранд, тагйири тамоил ва омузонидани махорати касбии кадрхое, омодагии касбй надоранд ё тачрибаи корй дар дигар сохахои хочагии дехот надоранд; азхудкунии малакаи касбй ва чорй намудан ба касб барои кисми кадрхое, ки омодагии касбй надоранд, дохил мегарданд. Тахсилоти иловагй низоми омузиш ва тарбия мебошад, ки дар асоси барномаи тахсилоти иловагй ба амал бароварда шуда, ба омузонидани илми замонавй, техника ва технология, эчодиёт, гирифтани касби нав, азнавомода-созй, мукаммалгардонии ихтисос равона аст, ки шахс метавонад дар вакти тахсил дар мактаб, пас аз хатми мактаб ва пас аз гирифтани диплом дар муассисахои тахсилоти умумй ё касбй берун аз барномаи тахсилоти умумй ё дар муассисахои тахсилотии маълумоти иловагй бе махдудият дар асосй пулакй ё ройгон ба даст орад [12].

Х,амин тавр, тасдик, намудан мумкин аст, ки ташаккули шахсият бо хачми истеъмоли хизматрасонихои ичтимоию фархангй муайян карда мешавад, зеро, хизматрасонихои ичтимоию фархангй воситаи ташаккули шахс буда, ба шахрванд барои дарки фарханг, хаёти хукукй, кабули арзишхои умумиинсонй таъсир мерасонад, шароит, тарз ва сифати хаётро ба вучуд оварда, онро ташаккул медихад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Беляев, И.А. Ограничение и компенсация способностей и потребностей целостного человеческого существа // Вестник Оренбургского государственного университета /И.А. Беляев. -2009. -№ 2 (96). - С. 24-30. Манбаи электроны: http://elibrary.ru/author_items.asp?authorid=273152. (санаи муроциат: 06.02.2014с.).

2. Кодекси андози Ч,ум%урии Тоцикистон аз 17 сентябри соли 2012, №901// Манбаи электроны: http://andoz.tj/index.php/ru/zakonodatelstvo/nalogovyj-kodeks-rt. (санаи муроциат: 06.02.2014.).

3. Егорова, А. М. Духовные потребности человека //Молодой ученый /А.М. Егорова. -М., -2012. -№2. -С. 224-226.

4. Зайнутдинова, Э.М. Основы физиологии человека: Учебное пособие / Э.М. Зайнутдинова. -Уфа: УГНТУ, 2006. -105 с.

5. Конуни Цум^урии Тоцикистон аз 9 декабри соли 2004, №72 «Дар бораи %имояи ^укуци истеъмолкунандагон»// Ахбори Мацлиси Олии Цум^урии Тоцикистон. -2004. -№ 12. к.1. м. 699; 2008. -№ 10. -м. 805.

6. Здравомыслов, А.Г. Потребности. Интересы. Ценности / А.Г. Здравомыслов. -М.: Политиздат, 1986. -223 с.

7. Шаров, Ю.В. Вопросы психологии духовных потребностей //Проблемы формирования духовных потребностей личности: науч. тр. ПГПИ. Вып. 47. /Ю.В. Шаров. - Новосибирск, 1970. -С. 176-177.

8. Тылевич, И.М. Интеллектуальные потребности /И.М.Тылевич.Ман. электр.: http://www.med312.ru/rukovodstvo_po_medicinskoy_psihologii/lichnost/871.html. (санаи муроциат: 06.02.2014с.).

9. Психология здоровья новое научное направление / Психология здоровья: под редакцией Г.С. Никифорова. -СПб.: Питер, 2003. - 607 с.

10. Хошимов, Д.Д. Услуги в системе объектов гражданских прав / Д.Д. %ошимов. -Душанбе: ЭР-граф, 2013. -172 с.

11. Конуни Цум^урии Тоцикистон аз 15 майи соли 1997, № 420 «Дар бораи %ифзи саломатии а^олй»// Ахбори Мацлиси Олии Цум^урии Тоцикистон 1997. № 9. м. 115; 2003. № 4. м. 149; 2004. № 2. м. 45; 2005. № 12. м. 651; 2009. № 5. м. 339; КЧТаз 22.07.2013. № 1009; ЩТаз 28.12.2013. № 1057.

12. Человек и его потребности. «Курс лекций для специальности 100103» Социально-культурный сервис и туризм. -Воронеж, 2009. -156 с.

Reference literature

1. Belyayev I. A. Limitation and Compensation of Abilities and Needs of an Entire Human Creature // Bulletin of Orenburg State University. -2009, #2 (96) - pp. 24-30. Electronic resource: http://elibrary.ru/author_items.asp?authorid=273152. (data of addressing: 06.02.2014).

2. Tax Code of Tajikistan Republic from September 17, 2012; #901/ Electronic resource: http://andoz. tj/index.php/ru/zakonodatelstvo/nalogovyj-kodeks-rt. (date of addressing:06.02.2014).

3. Yegorova A.M. Spiritual Needs of Man // Young Scientist. - M., 2012, #2. -pp. 224-226.

4. Zaynutdinova E.M. The Foundations of Man's Physiology: educational text-book. Ufa: UGNTU, 2006, 105pp.

5. Tajikistan Republic law from November 9, 2004, #72 "On Consumers' Rights Advocacy"// Majlisi Oli News of Tajikistan Republic. 2004, #12, p.1. point 699; 2008, #10. point 805.

6. Zdravomyslov A.G. Needs. Interests. Values. - M.: Politizdat, 1986. -223pp.

7. Sharov Ya.V. The Issues on the Psychology of Spiritual Needs// scientific works PGPI. Issue 47. - Novosibirsk. - pp. 176-177.

8. Tylevich I.M. Intellectual Needs. Electronic resource: http://www.med312.ru/rukovodstvo_po_medicinskoy_psihologii/lichnost/871.html. (data of addressing 06.02.2014).

9. Psychology of Health: new scientific streamline // Psychology of Health (under the editorship of G.S. Nikiforof, -SPB.: Peter, 2003. 607pp.

10. Khoshimov D.D. Services in the System of the Objects Entitled to Civil Rights. -Dushanbe: "ER-graph", 2013. -172pp.

11. Tajikistan Republic law from May 15, 1997. #420, "Majlisi Oli" News of Tajikistan 1997, #9; point 115, 2003; #4, point 149; 2004,#2, point 45; 2005, #12, point 651, #5, point 339; TRL from 22.07.2013, #1009;TRL from 28.12.2013, #1057

12. Man and his Needs. The course of lectures for speciality 100103 - Social-cultural Service and Tourism. -Voronezh, 2009, 156pp.

Правовая сущность социально-культурных услуг в формировании

личности

Ключевые слова: социально-культурные услуги, гражданин, духовные потребности, интеллектуальные потребности, физические потребности, потребитель

В данной статье проанализированы законодательство и научные взгляды ученых о правовой сущности социально-культурных услуг в формировании личности. Формирование личности невозможно без отлаженного механизма обеспечения должного и эффективного оказания социально-культурных услуг. Ведь социально-культурные услуги являются средством формирования личности, воздействуют на гражданина для познания им культуры, правовой жизни, восприятия общечеловеческих ценностей, создают и формируют условия, образ и качество жизни.

Legal Essence of Social-Cultural Services in Individuales Formation

Key words: social-cultural services, citizen, spiritual needs, intellectual needs, physical needs, consumer

In his article the author has analyzed the legislation and scientific views of scientists concerned with the legal essence of social-cultural services in individual s formation. The latter is impossible without an adjusted mechanism of proper and effective social-cultural services being provided. The latters are a means of individual's formation, they exert influceruce upon a citizen to make him/ her cognize culture, legal life, perceive general human values; they create conditions for modus vivendi and quality of life.

Роцеъ ба муаллиф:

Сангинов Дониёр Шома^мадович, номзади илм%ои %уцуц, дотсент, мудири кафедраи %уцуци со%ибкорй ва тицорати факултети %уцуцшиносии Донишго%и миллии Тоцикистон (Цумуурии Тоцикистон, ш. Душанбе), email: doniyor_sanginov@mail.ru

Сведения об авторе:

Сангинов Дониёр Шомахмадович, кандидат юридических наук, доцент, заведующий кафедрой предпринимательского и коммерческого права юридического факультета Таджикского национального университета (Республика Таджикистан, г. Душанбе), e-mail: doniyor_sanginov@mail.ru

Information about the author:

Sanghinov Doniyor Shomakhmadovich, candidate of Juridical sciences, Associate Professor, chief of the department of entrepreneurship and commercial law under the juridical faculty of the Tajik National University (Dushanbe, Tajikistan), email: doniyor_sanginov@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.