УДК 930
DOI 10.24412/3005-849X-2024-3-33-37
ИНЪИКОСИ ТА ЪРИХИ АМОРАТИ БУХОРО ДАР "БУХОРО-ГАХВОРАИ ТУРКИСТОН"-И САИД МАНСУР ОЛИМИ (Такриз ба асари Саид Мансур Олими "Бухоро - гах^вораи Туркистонбошиги".- Бухоро, 2004.- 128 б.)
ОТРАЖЕНИЕ ИСТОРИИ БУХАРСКОГО ЭМИРАТА В КНИГЕ "БУХАРА-КОЛЫБЕЛЬ ТУРКЕСТАНА" САИДА МАНСУРА ОЛИМИ (Отзыв на книгу Саида Мансура Олими "Бухара -колыбель Туркестана". - Бухара, 2004. -
128 с.)
REFLECTION OF THE HISTORY OF BUKHARA EMIRATE IN "BUKHARA -THE CRADLE OF TURKESTAN" BY SAID MANSUR OLIMI (Review of the book by Said Mansur Olimi "Bukhara - the cradle of Turkestan " -Bukhara, 2004. - 128p.
Абдукаримов Цамолиддин А^мадалиевич,
н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халци тоцики МДТ "ДДХ ба номи акад.Б. Fафуров; Абдукодиров Абду^афиз Абдукудусович, н.и.т., дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДХрСТ (Хуцанд, Тоцикистон)
Абдукаримов Джамолиддин Ахмадалиевич,
канд. истор. наук, доцент кафедры истории таджикского народа ГОУ "ХГУ имени акад. Б.Гафурова"; Абдукодиров Абдухафиз Абдукудусович, канд. истор. наук, доцент кафедры истории и религиоведения ТГУПБП (Худжанд, Таджикистан)
Abdukarimov Jamoliddin Ahmadalievich,
candidate of History, associate professor of the department of the history of Tajik nations under the SEI "KhSU named after acad. B.Gafurov"; Abdukodirov Abduhafiz Abdukudusovich, candidate of History, associate professor of history and religious studies department under TSULBP (Khujand, Tajikistan) е-mail: [email protected]
Доир ба таърихи сулолаи Мангития дар Бухоро сарчашмахои зиёди таърихй таълиф шудааст. Дар сарчашмахои мазкур хусусиятхои хоси вазъи сиёсй, харбй, щтисодй, ичтимой ва фархангии аморати Бухоро, шахсияти намояндагони сулолаи Мангития инъикоси худро ёфтаанд.
Дар омузиши таърихи аморати Бухоро дар нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XIX сарчашмахои ^аламй? аз забили "Тухфат ул-хонй"-и Мухаммад Вафои Карминагй, "Гулшан ул-мулук"-и Мухаммад Ящуб, "Точ ут-таворих"-и Мухаммад Шариф, "Таърихи Му^имхонй"-и Мухаммад Юсуфи Муншй, «Таърихи салотини Мангития»-и Мирзо Абдулазими Сомй , «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Мангития»-и Ахмади Дониш, «Таърихи нофеъй»-и Мухаммад Алй ибни Мухаммадсаиди Балчувонй, «Силсилаи салотини Мангития»-и Садри Зиё, «Таърихи амирони Мангитияи Бухоро»-и Садриддин Айнй ва гайра ахаммияти калони илмй доранд.
Яке аз чунин асархои чолиб оид ба таърихи аморати Бухоро "Бухоро-гахвораи Туркистон" ном асари яке аз фарзандони охирин намояндаи сулолаи Мангития амир Олимхон - Саид Мансур Олимй ба хисоб меравад. Тиб^и маълумоти Мачид Хасанй аз завчахои мухталифаш амир Олимхон 37 фарзанд (16 писар, 21 духтар) дошт. Номхои духтарони амир, ки маълум гаштааст, инхоянд: 1. Шукрия. 2. Мухсина. 3. Хайрия. 4. Муслима. 5. Солеха. 6. Назокат. 7. Муборак. 8. Муъмина. 9. София. 10. Узрй; писарон: 1. Саид Умар. 2. Саид Мурод. 3. Саид Иброхим. 4. Саид Абдурахим. 5. Саид Абдуфаттох. 6. Саид Абдулкабир. 7. Саид Азимшиор. 8. Саид Мансур (шоир). 9. Саид Абдулло. 10. Саид Абдулхочй. 11. Саид Абдугаффор. 12. Саид Хочй. 13. Саид Абдусаттор. 14. Саид
Абдyрayф. 15. Саид Мудаммад. 16. Саид Ориф [4, с.162]. Аз мaълyмоти болозикр бармеояд, ки Саид Мансур Олимй даштумин фарзанди Олимxон мебошад.
Саид Мансур Олимй дар асар дар бораи xyд маълумот надодааст. Бино ба маълумоти мутарчими асари мазкур ба забони yзбекй Х. Тyрaев y соли 1931 дар Афгонистон ба дунё омада, чанд муддат бо шугли омузгорй машгул гаштааст.
"Бyxоро-гaдворaи Туркистон"-и Саид Мансур Олимй дар доираи илми таържнигории муосир чандон маълум нест. Асари мазкур бо дуруфоти арабиасоси форсй навишта шуда, бори аввал соли 1996 дар Туркия нашр гаштааст. Соли 2004 бошад аз чониби номзади илмдои тaъриx, дотсенти кафедраи таържи Университети давлатии Бyxоро Халим Тyрaев ба забони yзбекй тарчума ва бо дуруфоти кириллй нашр гаштааст [5, с.З].
Худуди xронологии асари Саид Мансур Олимй "Б^оро-гадвораи Туркистон" аз давра истилои Осиёи Миёна аз чониби арабдо то солдои 20-уми асри ХХ-ро дарбар мегирад. Дар асар пас аз ^исмати му^аддимавй дар бораи зудури дини ислом дар каламрави Мавароуннадр, оид ба топоними Бyxоро, масодати Бyxоро, китобxонaдои Бyxоро бо нишон додани ном ва теъдоди китобдо, каламрави Бyxоро, соxтори идоракунй ва мансабдо, мадрасадои Бyxоро (рyйxaти сад мадраса ва маблаги барои бунёди он масраф гардида), даммомдо, дарвозадои Б^оро ва дашт сулолае, ки дар Бyxоро дукумат ронданд, аз Сомониён то Мангитдо маълумоти xеле чолибу нодир инъикос гаштааст. Кисмати асосии асар бештар ба во^еадои сиёсй, дарбй, и^тисодиву ичтимой ва мадании Мавороуннадр дар давраи дукмронии сулолаи Мангития, мaxсyсaн дар бораи шaxсият ва xyсyсиятдои xоси давраи дукмронии оxирин намояндаи сулола, яъне падари муаллиф -амир Олимxон бaxшидa шудааст [5].
Кайд кардан бамаврид аст, ки бештари тaъриxномaдо, солномадо, мано^ибдо аз чониби во^еанависон, тaъриxнигорони дарбор бо дастуру супоришдои амиру xондо навишта шуда, дар ондо дар аксари маврид шaxсият ва музаффариятдои дарбии докимони давр, адли дарбор ва сарлашкарон дамчун футудот, кишваркушой, чидод ва газовот инъикос ёфтаанд. Дар ин асардо баъзан додисаву вокеадои тaъриxй яктарафа инъикос меёбанд, муаллифон бештар ба таърифу тавсифи шaxсони олима^ом мепардозанд ва дар ин маврид мансубияти ичтимой, ^аробату наздикй ба дарбор ва мав^еи муаллиф ба мадди аввал мебарояд. Бинобар ин зарурати муносибати инти^одй, тадлили илмию во^еъбинона (объективй), назари да^бин ба чунин сарчашмадо ва му^оисаю му^обилаи ондо ба дигар мaъxaздо ба миён меояд.
Саид Мансур Олимй низ меxост, ки доир ба зиндагй ва фаъолияти падараш асаре таълиф намояд. Таълифи асари мазкур, аз як чониб, карзи фарзандй дар назди падар бошад, аз тарафи дигар, бо ин васила меxост, вокеадои дар Бyxоро ба ву^уъ омадаро дар як асар инъикос намояд. Дар натичаи омузиши маълумоти асари мазкур ба чунин xyлосa омадан мумкин аст, ки Саид Мансур Олимй дар асари xya, ба во^еаву додисадои замони падараш эътибори мaxсyс зодир намудааст, аммо ин давра аз чониби муаллиф аз нигоди яктарафа тадлил гашта, манфиатдои аморати Б^ороро ба мадди аввал гузошта шудааст. Бо вучуди ин асари мазкур дар омузиши баъзе падлудои норавшани дукмронии сулолаи Мангития, мaxсyсaн давраи дукмронии амир Олимxон адаммияти калони илмй дорад.
Дар таълифи асари xya, муаллиф аз "Хотирадо"-и амир Олимxон, маълумоти шaxсоне, ки амир Олимxонро мешиноxтaнд, бо y дамсудбат гаштаанд, асардои аз чониби мyaрриxони Афгонистон ва мамлакатдои Шар^ навишта шуда, инчунин маълумоти рузномаву мачалладо ба таври фаровон истифода намудааст. Бино ба таъкиди xy^ муаллиф y аз маълумоти асари "Таврии Салимй"-и Мирзо Салимбек, ки дар китобxонaaш мадфуз буд, истифода намудааст [5, с.З]. Бино ба таъкиди мудавдщон Ш.Водидов ва Ф.
Ансорова соли 1949 ба Пажудишгоди шар;шиносии АИ Узбекистан асаре дастрас шудааст, ки "Таърихи Салимй" ном дошт. Соли 1952 дар чилди 1-уми "Собрания восточных рукописей Института востоковедения (СВР) АН Узбекистана" ин дасхат бо тавсифи мухтасар ворид гардидааст [2, с.4]. Аз маълумоти Саид Мансур Олимй бармеояд, ки нусхаи дигари 'Таърихи Салимй"-и Мирзо Салимбек дар Афгонистон мадфуз будааст.
Дар чараёни омузиши маълумоти асар маълум мешавад, ки Саид Мансур Олимй дар таълифи асари худ асардои дигари таърихй, аз ;абили "Афгонистон дар масири таърих"-и Мудаммад Fубор ва дигаронро истифода намудааст. Аммо муаллифи асари "Бухоро -гадвори Туркистон" кушиш намудааст, ки маълумоти онро дар доираи манфиатдои падараш Олимхон мавриди тадлил ;арор дидад [5, с.74-86].
Лозим ба ёдоварист, ки галабаи Ин;илоби Октябр дар сарнавишти минбаъдаи мардуми аморати Бухоро дигаргунидои куллиро ба миён овард. Пас аз сарнагун гардидани "Мухторияти Туркистон" кушишдои нахустин барои аз байн бурдани аморати Бухоро огоз гардид, ки он дар таърих бо номи "Во;еаи Колесов" маълум аст [1, с. 173-178; 5, с. 285287]. Вале кушишдои аввалини дукумати Шуравй дар роди сарнагун намудани аморати Бухоро бенатича, бо маглубияти лашкари рус анчом ёфт. Омилдои зерин сабабдои маглубияти дукумати Шуравй гардиданд:
1. Аз руздои нахустини галабаи Ин;илоби Октябр аморати Бухоро ба яке аз марказдои бузурги даракати зиддишуравй табдил ёфта буд. Амир Олимхон бо ма;сади дифзи докимияти худ тамоми имконияту чорачуидоро истифода кард. У бо дастадои дарбии атаман Дутов, ки дар Оренбург ;арор дошт, робитаро мустадкам намуд. Дастадои босмачиён ва тарафдорони дукумати подшодиро, ки пас бар;ароршавии дукумати шуродо дар Точикистони Шимолй, Помир ва сарнагун гаштани Мухторияти Ку;анд ба ;аламрави аморати Бухоро фирор карда буданд, дастгирй намуд ва кушиш ба харч дод, ки бо истилогарони хоричй муносибати худро мустадкам кунад.
2. Дукумати Ф.И. Колесов вазъи сиёсй ва дарбии аморатро ба инобат нагирифта, ба ваъдадои бардуруги чавонбухориён бовар кард. Чдвонбухориён дар ;аламрави аморат тарафдорони зиёд надоштанд. Тандо дар чанд шадрдои атрофи Бухоро чун Когон (Бухорои нав), Карки, Кармина ва гайра амал менамуданд. Амири Бухоро бар му;обили дама гуна гоядои сиёсиву маърифатй мубориза бурда, намегузошт, ки он дар аморат падн гардад. Зидди чавонбухориён ба таври шадид мубориза мебурд, датто, фаъолияти рузномадо аз чумла "Бухорои шариф"-ро январи соли 1913 пас аз нашри шумори 153-ум бастанд.
3. Мардуми аморати Бухоро ба ин;илоби хал;й омода набуданд. Зеро, амирони Бухоро мардумро дар зулмоту чадолат нигод медоштанд, намегузоштанд, ки ондо ба рушной бароянд ва ё бедор шаванд. Мардум дар бораи ин;илоб, докимияти Шуравй тасаввуроте надоштанд.
Пас аз дучуми фронти туркистонй ба Бухоро амир Олимхон мачбур шуд, ки аввал ба Бухорои Шар;й ва баъд ба Афгонистон фирор намояд [6, с.285-287].
Суоле ба миён меояд, ки чаро амир Олимхон мадз ба Афгонистон фирор намуд? Сабаби асосии ру ба мадз Афгонистон овардани амир дамчавории ин давлат бо аморати Бухоро ва дар дамон давра на он ;адар хуб дифз шудани сардадди байни ду мамлакат буд. Fайр аз ин байни амирони Бухоро ва амирони афгон робитадои наздики сиёсй, дарбй, и;тисодй мавчуд буд. Хамчунин амири Бухоро аз амири Афгонистон умеди мадади дарбй низ дошт.
Дар "Бухоро- гадвораи Туркистон" зиндагй ва фаъолияти минбаъдаи амир Олимхон дар Афгонистон, муло;оти у бо Амонуллохон (1919-1929), дар бораи дастгирй, инъикос гаштааст. Амири афгон гарчанде, ки барои дар ;аламрави сарзамини мазкур ;арор
гирифтани амир Олимхон мусоидат намуда, ба у аз хисоби давлат маош чудо карда бошад хам, нисбат ба ин таклиф мусоидат накард [5, с.74-76].
Дар асари мазкур рочеъ ба сахлангории амири Афгонистон Амонуллохон барои кумак ба амир Олимхон ва на^шаву хамкорихои пинхонии у бо давлати Русия чунин омадааст: "Аз вазъият аён мегардад, ки Амонуллохон хамаи дархои кумакхои харбиро хам аз чониби худ ва хам аз тарафи сафоратхонахои дар Кобул ^арор доштаро барои амири Бухоро баста буд. Ба дустону пайвандони амир Олимхон, ки дар Афгонистон ^арор доштанд, маълум буд, ки ваъдаи кумаки Амонуллохон бардуруг аст. Равшан мегардад, ки таклиф гаштани амир Олимхон ба Афгонистон, ваъдаи кумак ва мусоидат дар ташкили вохурй бо сафирони давлатхои хоричй ба он ма^сад буд, ки то душманони амир дар тасарруфи Осиёи Миёна ба хучуми Бухоро дучор нагарданд ва дар зери назорати амири Афгонистон ^арор гиранд. Дар асару ма^олахои намояндаи маъруфи таълимоти коммунизм ва хамзамонони у дар бораи забти Бухоро ва Осиёи Миёна аз чониби Русия омадааст, ки Амонуллохон аз солхои нахустини хукумати худ бо коммунистони Русия робитахоро мустахкам нумудааст. Аз забти Осиёи Миёна аз чониби коммунистон ягон харос надоштааст. Барои таъмини исти^лолияти Афгонистон кишварро аз инглизхо химоя кард ва онро аз мустамликадорони Британия озод намуд. Акнун хукумати Британия, ки бо падари у муносибати хуб дошт, ба душман табдил ёфт. Барои мубориза бо инглизхо ба у иттифо^чй лозим буд. Бинобар хамин бо хукумати навтаъсиси шурохо робита пайдо намуд [5, с.84-85].
Амонуллохон барои бар^арор намудани робитахои дипломатй бо кишвархои хамчавор таваччухи махсус зохир мекард. Пеш аз хама у эътирофи хукумати шуравиро ба таври расмй эълон дошта, бо хамин восита хамкорихои сиёсиро бо рохи мукотибот ва ташрифи намояндагии расмии хар ду чониб ба рох монд [3, с.192-193].
Бо ма^сади таъмини бехатарии амир аз чониби хукумати афгон аз ^алъаи Футух берун баромадан манъ карда шуд. Дар ва^тхои зарурати сафар гурухи махсус амирро хифз ва назорат менамуд. Ин кор воситаи асосии кандани робитахои амир аз муносибатхои беруна буд. Хдтто, аз шахри Кобул аз 11 км зиёд дур рафтан мумкин набуд. Барои сафар ба Пагмон ё Ч,алолобод амир бояд хукуматро огох менамуд ва ичозат мегирифт [5, с.84-85].
Инчунин Саид Мансур Олимй дар асараш доир ба давраи хукмронии амирони афгон Хдбибулло Килконй (Бачаи Савдо) (1929 январ-октябр), Нодиршох (1929-1933), хаммаслакони амир Иброхимбек, Анвар пошшо, Салим пошшо ва муло^оту муносибатхои онхо бо амир Олимхон маълумот додааст [5, с.76-78].
Хдмин тари^, асари "Бухоро-гахвораи Туркистон"-и Саид Мансур Олимй гарчанде бештар аз руи манфиатхои аморати Бухоро ва падараш амир Олимхон навишта шуда бошад хам, дар омузиши таърих, пахлухои мухимми хаёти сиёсй, харбй, и^тисодй, ичтимоии Бухоро ахаммияти хоса дорад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Айнй С. Тарихи амирони Мангитияи Бухоро. - Куллиёт цилди 10. - Душанбе: Ирфон, 1966. - 344.
2. Воуидов Ш., Ансорова Ф. Мирзо Салимбек ва асари у "Таърихи Салимй"/ Муцаддима, тауияи матн, нусхабадал, эзоуот ва факсимилеи асар. - Панцакент, 2024. - 264 с. (+460 с. факсимиле).
3. ДавлатовМ. Мир Гулам Мухаммад Губар и его книга "Афганистан на пути истории". - Худжанд: Хуросон, 20024. - 328 с.
4. Замонов А. БухоронингМангит амирлари тарихи. - Тошкент, 2023. - 176 с.
5. Саййид Мансур Олимй. Бухоро-гаувораи Туркистон. - Бухоро, 2004. - 128 с.
6. Хотамов Н., Довуди Д., Муллоцонов С., Исоматов М. Таърихи халци тоцик. - Душанбе: «ЭР-граф», 2011. - 644 с.
7. XIX аср охири- ХХ аср бошларида Бухоро // Республика илмий-назарий анжуман материаллари. - Бухоро, 2016. - 184 с.
REFERENCES:
1. Amy S. History of the Emirs of Bukhara.-Kulliyot volume 10.-Dushanbe: Irfan, 1966.- 344pp.
2. Vahidov Sh., Ansorova F. Mirzo Salimbek and His Work "History of Salimi"/ Introduction, preparation of the text, copy, notes and facsimile of the work.- Panjakent, 2024.- 264 pp. (+460 p. facsimile).
3. Davlatov M. Mir Gulam Muhammad Gubar and His Book "Afghanistan on the Path of History ". - Khujand: Khuroson, 20024. -328 pp.
4. Zamonov A. History of the Mangit Emirs of Bukhara. - Tashkent, 2023. -176pp.
5. Sayyid Mansur Olimi. Bukhara-the Cradle of Turkistan.- Bukhara, 2004.- 128 pp.
6. Hotamov N., Davudi D., Mullojonov S., Isomatov M. History of the Tajik People. -Dushanbe: "Er-Graph, 2011.- 644 pp.
7. Bukhara at the End of the 19 th century - the Beginning of the 20th century//Proceedings of the scientific and theoretical conference of the republic.-Bukhara, 2016.- 184 pp.