Научная статья на тему 'Imlo Bukhorois outlook and his comments to the most important foundations of human morality, reflected in his ghazels'

Imlo Bukhorois outlook and his comments to the most important foundations of human morality, reflected in his ghazels Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
375
26
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИМЛО / ГАЗАЛ / АХЛОЦ / ЦАҳОНШИНОСӣ / АФКОРИ АХЛОЦӣ / ТАРБИЯИ МАЪНАВӣ / ГАЗЕЛЬ / МОРАЛЬ / МИРОВОЗЗРЕНИЕ / ЭТИЧЕСКИЕ ВЗГЛЯДЫ / ДУХОВНОЕ ВОСПИТАНИЕ / IMLO / GAZEL / MORALITY / OUTLOOK / ETHICS / SPIRITUAL EDUCATION

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Маҳмудзода Обидцони Бекназар

Дар мацола муҳацциц цаҳоншиносии шоири орифи форсу тоцик дар асри XVII-ибтидои асри XVIII Имлои Бухороӣ ва шарҳи муҳимтарин аркони ахлоци инсониро дар газалиёти ӯ баррасӣ намудааст. Муҳацциц дар асоси нусхаҳои мухталифи девони шоир, ки дар Китобхонаи миллии Тоцикистон ва муассисаҳои дигари таълимию илмии Тоцикистон маҳфузанд, инчунин дар асоси таҳлили абёти алоҳидаи газалиёти ӯ баёни афкору эҳсоси ишци ирфонӣ ва цаҳоншиносии шоирро муцаррар намуда, бардоштҳои вайро дар шинохти ҳацицати зиндагонӣ, фалсафаи ҳузури инсон дар цаҳони омадушуд, шеваҳои тарбияи маънавии инсони комил ва роҳҳои расидан ба мацоми бузурги инсонӣ, дурӣ аз муҳаббати олам ва меҳру ихлос ба дӯстиву рафоцати инсон шарҳу тавзеҳ додааст. Дар асоси ин муаллиф ба чунин хулоса расидааст, ки дар газалиёти Имло бо абёти зиёде мувоцеҳ мегардем, ки дар ощо ин шоири ориф аз мавцеъ ва дидгоҳи худ муносибаташро ба цаҳони ҳастӣ ва зиндагиву муносибати байни инсонҳо ва меъёрҳои ахлоцу маънавият дар цомеаи инсонӣ бо таври шевову равон баён кардааст.В статье автор анализирует мировоззрение персидско-таджикского поэта-мистика XVII-начала XVIII вв. Имло Бухорои и его комментарии, которые даны к важнейшим основам человеческой морали в его газелях. На основе различных копий диванов поэта, хранящихся в Национальной библиотеке Таджикистана и других образовательных и научных учреждениях Таджикистана, а также на основе анализа отдельных строк из его газелей автором исследованы взгляды и чувства поэта по отношению к мистической любви, определены основы его мировоззрения. Наряду с этим в статье проанализированы идеи Имло Бухорои о познании истин жизни, философии нахождения человека в бренном мире, способы духовного воспитания совершенного человека и путях достижения степени великого человека, а также об отречении от любви к материальному миру и о дружбе и любви между людьми. На этой основе автор заключает, что в творчестве Имло встречается множество бейтов, в которых этот поэт-мистик со своей позиции и своеобразной точки зрения в изысканной и слаженной манере отражает свое отношение к материальному миру, к жизни и взаимоотношеням между людьми, а также к нормам морали и духовности.The author analyzes outlook the of Persian-Tajik poet-mystic of the XVII-the early XVIII the centuries Imlo Bukhoroi and his comments to the most important foundations of human morality that reflected in his ghazels. On the basis of different copies of the poet ‘s divan, preserved referring to in the National library of Tajikistan and other educational and research institutions of Tajikistan, and based on the analysis of some lines from his ghazels the author explored the views and feelings of the poet towards mystical love, defines the basis of his worldview. Along with this, the article analyzes the ideas Imlo Bukhoroi on the knowledge of the truths of life, philosophy of being in the mortal world, the ways of the spiritual education of the perfect person and how to achieve a degree of a great man, and the renunciation of love for material world, on friendship and love between people. On this basis the author concludes that there are many bayts in the work of Imlo, in which the poet-mystic from their position and peculiar point of view with sophisticated and coordinated manner reflects his attitude to the material world, life and relationships between people and the norms of morality and spirituality.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «Imlo Bukhorois outlook and his comments to the most important foundations of human morality, reflected in his ghazels»

УДК 8т1 О.Б.МАХ,МУДЗОДА

ББК 83,3

ЧА^ОНШИНОСИИ ИМЛОИ БУХОРОЙ ВА ШАР^И МУ^ИМТАРИН АРКОНИ АХЛОЦИ ИНСОНИ ДАР ГАЗАЛИЁТИ У

Имлои Бухорой дар баробари ин ки хдмчун суханвари мумтоз ва шоири сохибназар шинохта шудааст, дар сурудахои вай афкори панду ахлокй ва шарху тавзехи масоили марбут ба тарбияи маънавии инсони комил чойгохи хосае касб намудаанд. Аз ин ру, дар газалиёти Имло бо абёте мувочех мегардем, ки дар онхо шоири ориф аз мавкеъ ва дидгохи худ муносибаташро ба чахони хастй ва зиндагиву муносибати байни инсонхо ва меъёрхои ахлоку маънавият баён кардааст. Аз нигохи Имло чахони хастй ва дунёи моддй ба ачузаи дилфиребе мемонад, ки хазорон ошикони гумрох худро фиреб додаву ба хеч яке аз онхо вафо накардааст. Кори у фиребу найранг аст ва у ошикони худро ба коми халокат мерасонад. Х,азорон Сулаймону Кайкубодхо ва Чдмшеду Сикандархо аз ин чахони фиреб нокому номурод рафтаанд. Пас, дил ниходан ба ин чахони бебахо ва бевафо монанди он аст, ки дар ба рохи сел манзил бунёд кунй: Ба дунё дил манец, марди рацй, роци цунун паймо. Ба роци сел оцил кай кунад рахти щоматро (1, 23б).

Фахру такя ба дунё ва умри зудгузар набояд кард, ки он бебакост ва хар лахза метавонад аз даст равад. Аз ин ру шоир таъкид медорад, ки ин ифтихор ба моли дунё баробар ба он аст, ки аз як вазидани бод аз каф сабу меравад:

Зинцор, хоца, фахр ба дунёи дун макун,

Аз як насим меравад аз каф сабуи у (1,140б -141а).

Шоир барои таквияти ин афкори хикамии худ аз рузгори подшохони гузашта мисол меорад, ки бо вучуди бузургиву шахомату кудрат ва мамлакати онхо, вафое аз дунё надиданд ва бо хасрату ноилочй дунёро падруд гуфтаанд. Аз чумла, окибати кори Сулаймони набиро, ки подшохи инсу чин буд, мисол меорад:

Барбод рафт мулки Сулаймон ба як нафас, Зинцор айши мамлакати бебацо мацуй (1, 161а-161б).

Х,ар чизе, ки дар ин суратхонаи гетй ба он дил мебандй, бебако ва зудгузар аст, хар рузу хар лахза занги чудой аз ёронро мешунавй, хандаи гулхои навшукуфта, нишоне аз хубруёни гуландоми аз чахон рафта аст. Гардиши даврон ба навбат хоки хамаро хохад бехт ва бе ному нишон аз лавхи хастй бурун хохад кард.

Пас чй бояд кард, бо гардуни бемехр ва чахони бевафо чй гуна бояд муносибат кард? Дар ин маврид шоири гайриориф ва ошики зиндагиву дунё ва хушихои он пешниход мекунад, ки бояд умрро ва зиндагиро ганимат донист, хар лахзаи онро бо хушиву чоми бодаву ишкбозиву кабобу рубоб бояд гузаронд. Умри ганиматро барои хушдиливу некномй, саховату чавонмардй, илму хунаромузй, хайрхохиву некандешй ва амсоли онхо бояд сарф намуд.

Назари Имло нисбат ба дигарон ба ин масъала тафовути чиддй дорад. Дар назари у чун дунё бебако ва бевафову фонист, бояд дар хидмати Маъшуки бокй ва фанонопазир буд ва аз хар чизе, ки тааллук ба дунёи зудгузару бебакост, даст бояд шуст. Дар ин рох каноат, шикастанафсй, тарки хирсу оз ва тамаллуку гадотабъй дастгиру мададгор хохад буд. Аз ин чост, ки шоир мефармояд: Зинцор дар цимояти нафси даго мабош, Бацри тамаъ ба хони касон чун гадо мабош... Дар роци ишц соз цаноат ба хуни дил, Аз бацри цирс дар талаби кимиё мабош (1, 94а).

Цаноат ва шикастанафсй, пархез аз хирсу тамаъ инсонро сарбаланду бениёз мегардонад, гирифтори миннати дунон намегардонад, марди конеъ ва шикастанафс аз тамаллуку тамаъ озод аст, ба касе аз ахли молу сарвати дунё сар хам намекунад. Ба андешаи шоир миннати касе кашидан бадтар аз он аст, ки дар коми аждар бошй:

Х,ар гулистоне, ки дар вай як даме миннат бувад,

Дар цацицат з-он гулистон коми аждар бецтар аст (1, 48б).

Марди каноатпеша ба чуду эхсони касе ниёз надорад ва подшохи нафси худ аст, барои у чуди Х,отам баробар бо бухли бахилон аст. Аз ин ру, у бо ифтихор аз каноати худ монанди вучуди кух дар канораш сухан мекунад, ки пеши он чуди Х,отам баробар ба бухли бахилон аст: Ба бар чун куц аз файзи цаноат ганццо дорам, Надонам бецтар аз бухли бахилон цуди Хотамро (1, 15а-15б).

Ба назар мерасад, ки ин чо пайванди миёни байти Имло ва Бедили дехлавй мавчуд аст, ки фармуда:

Дунё агар дщанд, нахезам зи цои хеш,

Ман бастаам уинои цаноат ба пои хеш (6,70).

Тибки андешаи шоири ориф молу матои дунё боиси фитнаву фасод ва парешонй, сарчашмаи балову гирифторихост, зеро мувофики ривоятхо дар хар кучо ганчест, дар зери он морест: Ганци дунё чй талаб мекунй, эй содазамир, Тауи уар ганц дусад фитнаи аждар дорад (1, 61б).

Сохиби ганч ва молу сарват дар зиндагй хамеша гирифтори сарсониву парешонихост ва, хатто, касе, ки чун гунча мушти заре дорад, аз парешонии айём озод нест: Доим бувад аз сарсари айём парешон, Чун гунча касе мушти заре дошта бошад (1, 48б).

Мувофики андешаи Имло дилозорй ва ранчонидани дили одамон бадтарин кирдорест. Тоату ибодат, хаччу руза ва зухду таквои каси дилозор суде надорад. Аз гусса рахо додан ва шод кардани дили касе аз сад бор хач кардан авлотар аст: То тавонй як дили вайронаро обод кун, Поси як дил аз уазорон уацци акбар беутар аст (1, 39б-40а).

Аз ин хотир, аввал бояд дили худро аз кудурат, душманиву бадбинй, дилозориву тундхуй ва дигар хисоли зишт поку озод намуд. Зеро покиву зебоии зохир, дар холе ки дил зишту афсурда аст, суде надорад:

Бо дили афсурда зебу зинати зоуир чй кор,

Як сари шурида аз сад тоци гавуар беутар аст (1, 39б-40а).

Шоир рахму шафкат, лутфу мехрубонй ва гамхориву хамдардиро дар хакки бечорагону мустамандон, гарибону дарвешон ва корафтодагону мазлумон аз чумлаи хисоли хамида медонад ва ба хазар кардан аз дуди охи дарвешон мефармояд: Саркаши фитнафазои дили дарвеш мабош, Эй шау, аз оуи гарибон уазаре бояд кард (1, 49а).

Шоир ёдовар мешавад, ки бо вучуди баландии макому мартаба ва сарвату кудрат ба холи бечорагону дарвешон бояд мутаваччех шуд ва ба онхо бояд лутфу мархамат кард, зеро осмон бо баландии макоми худ руй бар замин овардааст:

Назар бар хоксоре кун, эй мауи ман, гарчи Цамшедй, Фалак бо рафъати худ уар нафас ру бар замин дорад (1, 50а-50б).

Дар газалиёти шоир масъалахои ростиву матиниродагй, азму субот ва устуворй дар рохи расидан ба максад, боке надоштан аз сахтиву душворихо ва амсоли ин ба шоистагй шарху тафсир шудааст. Х,арчанд ки ин масъалахо аз дидгохи ирфонй ифода шудаанд, ахамияти ахлокй ва мавъизатй низ доранд.

Имло таъкид мекунад, ки касе агар дар назди худ талабе ё максаде дошта бошад, бояд дар рохи ба даст овардани он аз хеч сахтиву машаккат нахаросад, пайваста дар фикри он саъю талош намояд.

Рузу шаб дар талабаш хуни цигар бояд хурд, Гар чу Яъцуб касеро писаре мебояд (1, 49а-49б).

Фикри мазкури худро шоир бо тамсиле таквият дода, мегуяд, ки касе агар дар талаби шарбати асал бошад, бояд аз неши занбур нахаросад ва андешаи дарди он накунад. Ин андешаи шоир бозгуи он аст, ки хамаи натичаву самарахои неки олам ба осонй ба даст намоянд ва бояд инсони бахри расидан ба хадафи аслии хеш, ки он хам мунтахо хамон чойгохи инсони комил аст, аз ранчу риёзати зиёд бигузарад ва худро дар ин мархила имтихон намояд: Тани худ бусагоуи неши занбури цафо созад, Х,ар он кас орзуи шарбате аз ангубин дорад (1, 49а-49б).

Мувофики андешаи ахлокии шоир каси огох ва насихатшунав аз душворихои рох ва монеахои он боке надорад ва устувору собиткадам ба рохи худ меравад. У монанди Юсуф аст, ки бими чоху зиндон надорад:

Аз уаводис дили огоу чй парво дорад,

Юсуф аз шаршараву чоу чй парво дорад (1, 50а-50б).

Вале барои касони гофилу гумрох панду насихат ва маслихату рохнамой суде надорад, зеро онхо парвои насихату рохнамой надоранд:

Панди воиз накунад кор ба гафлатзадагон, Аз насиуат дили гумроу чй парво дорад (1, 53а).

Аз дидгохи Имло некй ва бадй пахлуи хам вучуд доранд, вале некй хамеша голиб хохад шуд ва бадандешону сияхдилон хеч гох пеши рохи некону хайрандешонро гирифта наметавонанд. Дар

киёси шоир бад-он качихои рох ва монеахо некон чун шохбозанд, ки барои онх,о качихои рох хеч хавфу хатаре надорад.

Аз бадан нацш ба андешаи некон нарасад, Шоубоз аз кации роу ни парво дорад (1, 53а). Дар мачмуъ аз сурудахои Имло дар мавзуи шинохти хакикати олам ва тарбияи инсони комил маълум мегардад, ки у чун шоирони орифи бузург ва номвар аз дарёи андешахои ирфонии шоироне чун Саной, Аттор, Саъдй, Ч,алолиддини Румй, Хрфиз ва амсоли онхо системаи таълимоти муайяни хикамй ва ахлокии худро надорад ва андешахои чудогонаи хешродар абёти алохидаи газалиёташ зимни баёни афкору эхсоси ишкии ирфонй ва дар пайравии хикмат ва ахлоки суннатии шоирони гузаштаи адабиёти асримиёнагии форсу точик ифода намудааст, ки дар онхо низ шевахои хоси расидан ба макоми инсони комил аз рохи маърифати замон ва зиндагй тавзех ёфтаанд. Ба ибораи дигар, дар заминаи ин абёт мо метавонем пеш аз хама чахоншиносии шоирро мукарррар намоем, ки бардоштхои вайро аз шинохти хакикати зиндагонй, фалсафаи хузури инсон дар чахони омадшуд, шевахои тарбияи маънавии инсони комил ва роххои расидан ба макоми бузурги инсонй, дурй аз мухаббати олам ва мехру ихлос ба дустиву рафокати инсон шарху тавзех медиханд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Девони Имло.Нусхаи дастнависи № 105 махфуз дар кабинети ба номи Ш. Х,усейнзода, китобхонаи Донишгохи миллии Точикистон.

2. Девони Имло. Нусхаи дастнависи № 668 махфуз дар захираи дастнависхои шаркии АИ Точикистон.

3. Девони Имло. Нусхаи дастнависи № 1278 махфуз дар захираи дастнависхои шаркии АИ Точикистон.

4. Девони Имлои Бухорой. Гирдоварй ва тасхех: Доктор Шохниёз Мусоев ва доктор Чдъфар Мухаммади Тирмизй. Техрон, ал- Х,удо,1388. -203 с.

5. Девони Возехи Бухорой. Пешгуфтор, матн ва таъликоту лугатнома бо эхтимоми Т. Неъматзода.-Душанбе, 2006.-167 с.

6. Мучаддадй, Гуломхасан. Бедилшиносй^.Мучаддадй. -Кобул, Амирй, 1392. -464 с.

REFERENCES:

1. Imlos Devan No. 105 at the Office named after Sh.Huseinzoda, Library of the Tajik National University.

2. Imlos Devan A copy of the Manuscript No. 668 preserved the Archive of the Eastern Transcripts of Academy of Sciences of Tajikistan Republic.

3. Imlos A copy of the Manuscript No. 1278 preserved the Archive of the Eastern Transcripts of Academy of Sciences of Tajikistan Republic.

4. Imlos Bukhoroi. Compiled and revisid by: Dr. Shohniyoz Musaev and Dr. Ja'far Muhamad Tirmizi. Tehran, al-Khudo, 1388.-203 p.

5. Wazehi Bukhoros Devan Intervoduetion, text, and enlarged, glossary under the editorship of T. Ne'matzoda-Dushanbe, 2006.-167 p.

7. Mujaddadi, GhulomhusenKnowledge of Bedil / Gh.Mujaddadi. -Kabul, Amiri, 1392.- 464 p.

Цауоншиносии Имлои Бухорой ва шаруи мууимтарин аркони ахлокци инсони дар газалиёти у

Вожа^ои калиди: Имло, газал, ахлоц, цауоншиноси, афкори ахлоци, тарбияи маънави. Дар мацола мууацциц цауоншиносии шоири орифи форсу тоцик дар асри XVII-ибтидои асри XVIII Имлои Бухорои ва шаруи мууимтарин аркони ахлоци инсониро дар газалиёти у барраси намудааст. Мууацциц дар асоси нусхауои мухталифи девони шоир, ки дар Китобхонаи миллии Тоцикистон ва муассисауои дигари таълимию илмии Тоцикистон мауфузанд, иннунин дар асоси таулили абёти алоуидаи газалиёти у баёни афкору эусоси ишци ирфони ва цауоншиносии шоирро муцаррар намуда, бардоштуои вайро дар шинохти уацицати зиндагони, фалсафаи уузури инсон дар цауони омадушуд, шевауои тарбияи маънавии инсони комил ва роууои расидан ба мацоми бузурги инсони, дури аз мууаббати олам ва меуру ихлос ба дустиву рафоцати инсон шаруу тавзеу додааст. Дар асоси ин муаллиф ба нунин хулоса расидааст, ки дар газалиёти Имло бо абёти зиёде мувоцеу мегардем, ки дар онуо ин шоири ориф аз мавцеъ ва дидгоуи худ муносибаташро ба цауони уасти ва зиндагиву муносибати байни инсонуо ва меъёруои ахлоцу маънавият дар цомеаи инсони бо таври шевову равон баён кардааст.

Мировоззрение имло Бухорои и его комментарии к важнейшим основам человеческой морали, отраженных в его газелях

Ключевые слова: Имло, газель, мораль, мировоззрение, этические взгляды, духовное воспитание . В статье автор анализирует мировоззрение персидско-таджикского поэта-мистика XVII-начала XVIII вв. Имло Бухорои и его комментарии, которые даны к важнейшим основам человеческой морали в его газелях. На основе различных копий диванов поэта, хранящихся в Национальной библиотеке Таджикистана и других образовательных и научных учреждениях Таджикистана, а также на основе анализа отдельных строк из его газелей автором исследованы взгляды и чувства поэта по отношению к мистической любви, определены основы его мировоззрения. Наряду с этим в статье проанализированы идеи Имло Бухорои о познании истин жизни, философии нахождения человека в бренном мире, способы духовного воспитания совершенного человека и путях достижения степени великого человека, а также об отречении от любви к материальному миру и о дружбе и любви между людьми. На этой основе автор заключает, что в творчестве Имло встречается множество бейтов, в которых этот поэт-мистик со своей позиции и своеобразной точки зрения в изысканной и слаженной манере отражает свое отношение к материальному миру, к жизни и взаимоотношеням между людьми, а также к нормам морали и духовности.

Imlo Bukhorois Outlook and his Comments to the most Important Foundations of Human Morality, Reflected in his Ghazels

Key words: Imlo, gazel, morality, outlook, ethics, spiritual education

The author analyzes outlook the of Persian-Tajik poet-mystic of the XVII-the early XVIII the centuries Imlo Bukhoroi and his comments to the most important foundations of human morality that reflected in his ghazels. On the basis of different copies of the poet's divan, preserved referring to in the National library of Tajikistan and other educational and research institutions of Tajikistan, and based on the analysis of some lines from his ghazels the author explored the views and feelings of the poet towards mystical love, defines the basis of his worldview. Along with this, the article analyzes the ideas Imlo Bukhoroi on the knowledge of the truths of life, philosophy of being in the mortal world, the ways of the spiritual education of the perfect person and how to achieve a degree of a great man, and the renunciation of love for material world, on friendship and love between people. On this basis the author concludes that there are many bayts in the work of Imlo, in which the poet-mystic from their position and peculiar point of view with sophisticated and coordinated manner reflects his attitude to the material world, life and relationships between people and the norms of morality and spirituality.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Ма^мудзода Обидцони Бекназар, номзади илмуои филология, дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С.Айнй(Цум^урии Тоцикистон, ш. Душанбе), E-mail: мirobid-26@mail.ru

Сведение об авторе:

Махмудзаде Обиджони Бекназар, кандидат филологических наук, доцент кафедры теории и истории литературы Таджикского государственного педагогического университета им. С.Айни, (Республика Таджикистан, г. Душанбе),E-mail: мirobid-26@mail.ru

Information about the author:

Mahmudzoda Obidjoni Beknazar - Candidate of Philological Sciences, lecturer of Department of theory and history of literature of the Tajik state pedagogical University named after S. Ayni( Republic of Tajikistan, Dushanbe), E-mail: мirobid-26@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.