Научная статья на тему 'ХОТИРАҲОИ МУҲАММАД ҲАКИМХОН ДАР БОРАИ АМИР ДӮСТ МУҲАММАДХОН'

ХОТИРАҲОИ МУҲАММАД ҲАКИМХОН ДАР БОРАИ АМИР ДӮСТ МУҲАММАДХОН Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Мунтахаб ат-таворих” / Муҳаммад Ҳакимхон / Дӯстмуҳаммадхон / Аморати Бухоро / Афғонистон / Осиёи Миёна / Мунтахаб ат-таварих” / Мухаммад Хаким-хан / Дустмухаммад-хан / Бухарский эмират / Афганистан / Средняя Азия

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Абдукаримов Ҷамолиддин Аҳмадалиевич

Дар мақола маълумоти яке аз сарчашмаҳои ҳавзаи таърихнигории Қӯқанд “Мунтахаб ат-таворих”Муҳаммад Ҳакимхон доир ба шахсият ва фаъолияти амири Афғонистон Дӯстмуҳаммадхон оварда шудааст. Таъкид шудааст, ки «Мунтахаб ат-таворих» сарчашмаи нодир оид ба таърихи хонигарии Қӯқанд ва аморати Бухоро ба ҳисоб рафт, дар баробари ин дар омӯзиши вазъи сиёсии Афғонистон дар нимаи аввали асри XIX аҳамияти калони илмӣ дошта, ҳатто баъзе аз маълумоти Муҳаммад Ҳакимхон дар сарчашмаҳои таърихии ин кишвар инъикос наёфтаанд. Муҳаммад Ҳакимхон дар асараш дар бораи амири маъруфи Афғонистон Дӯст Муҳаммадхон, ки шахсан мешинохт ва робитаҳои дустӣ дошт, маълумоти хеле ҷолибу шавқангез овардааст, ки барои муайян намудани лаҳзаҳои ҳаёт ва фаъолияти ин шахси таърихӣ ва таърихи Афғонистон қобили аҳамиятанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ВОСПОМИНАНИЯ МУХАММАДА ХАКИМХАНА ОБ АМИРЕ ДУСТ МУХАММАДХАНЕ

В статье представлены сведения одного из источников историографического круга Коканда «Мунтахаб ат-таварих» Мухаммада Хакимхана о личности и деятельности афганского эмира Дуст Мухаммад-хана. Подчеркнуто, что «Мунтахаб ат-Таварих» считался редким источником по истории Кокандского ханства и Бухарского эмирата, в то же время он имеет большое научное значение при изучении политической ситуации в Афганистане в первой половине XIX века. Отмечается, что некоторые сведения Мухаммада Хакимхана не нашли отражения даже в исторических источниках этой страны. Мухаммад Хакимхан в своем произведении о знаменитом афганском эмире Дуст Мухаммад-хане, с которым он лично был знаком и имел дружеские отношения, предлагает очень интересные сведения, имеющие существенное значение для определения моментов жизни и деятельности этой исторической личности и истории Афганистана.

Текст научной работы на тему «ХОТИРАҲОИ МУҲАММАД ҲАКИМХОН ДАР БОРАИ АМИР ДӮСТ МУҲАММАДХОН»

Абдукаримов Цамолиддин А^мадалиевич, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халци тоцики МДТ "ДДХ ба номи акад.Б. Гафуров (Тоцикистон, Хуцанд )

Абдукаримов Джамолиддин Ахмадалиевич, к.и.н., доцент кафедры истории таджикского народа ГОУ "ХГУ имени акад.Б.Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)

Abdukarimov Jamoliddin Ahmadalievich, candidate of historical sciences, Associate Professor of the department of the history of Tajik nations under the SEI "KhSU named after acad. B.Gafurov" (Tajikistan, Khujand),E-mail: abdukarimov_1979@mail.ru Вожа^ои калиди: "Мунтахаб ат-таворих", Мущммад Хакимхон, Дустмущммадхон, Аморати Бухоро, Афгонистон, Осиёи Миёна

Дар мацола маълумоти яке аз сарчашмщои щвзаи таърихнигории Куцанд "Мунтахаб ат-таворих"-и Мущммад Хакимхон доир ба шахсият ва фаъолияти амири Афгонистон Дустмущммадхон оварда шудааст. Таъкид шудааст, ки «Мунтахаб ат-таворих» сарчашмаи нодир оид ба таърихи хонигарии Куцанд ва аморати Бухоро ба щсоб рафт, дар баробари ин дар омузиши вазъи сиёсии Афгонистон дар нимаи аввали асри XIX ащмияти калони илми дошта, уатто баъзе аз маълумоти Мущммад Хакимхон дар сарчашмащи таърихии ин кишвар инъикос наёфтаанд. Мущммад Хакимхон дар асараш дар бораи амири маъруфи Афгонистон Дуст Мущммадхон, ки шахсан мешинохт ва робитащи дусти дошт, маълумоти хеле цолибу шавцангез овардааст, ки барои муайян намудани лацзащи щёт ва фаъолияти ин шахси таърихи ва таърихи Афгонистон цобили ащмиятанд.

Ключевые слова: "Мунтахаб ат-таварих", Мухаммад Хаким-хан, Дустмухаммад-хан, Бухарский эмират, Афганистан, Средняя Азия

В статье представлены сведения одного из источников историографического круга Коканда «Мунтахаб ат-таварих» Мухаммада Хакимхана о личности и деятельности афганского эмира Дуст Мухаммад-хана. Подчеркнуто, что ««Мунтахаб ат-Таварих» считался редким источником по истории Кокандского ханства и Бухарского эмирата, в то же время он имеет большое научное значение при изучении политической ситуации в Афганистане в первой половине XIX века. Отмечается, что некоторые сведения Мухаммада Хакимхана не нашли отражения даже в исторических источниках этой страны. Мухаммад Хакимхан в своем произведении о знаменитом афганском эмире Дуст Мухаммад-хане, с которым он лично был знаком и имел дружеские отношения, предлагает очень интересные сведения, имеющие существенное значение для определения моментов жизни и деятельности этой исторической личности и истории Афганистана.

Key words: "Muntahab at-tawarikh", Muhammad Hakim Khan, Dost Muhammad Khan, Bukhara Emirate, Afghanistan, Central Asia

The article presents information from one of the sources of the Kokand historiographic circle "Muntahab at-tawarikh" by Muhammad Hakimkhan about the personality and activities of the Afghan emir Dost Muhammad Khan. It is emphasized that "Muntahab at-Tawarikh" was considered a rare source on the history of the Kokand Khanate and the Bukhara Emirate, at the same time it is of great scientific importance in studying the political situation in Afghanistan in the first half of the 19-th century. It is noted that some information from Muhammad Hakim Khan were not reflected even in the historical sources of this country. Muhammad Hakimkhan, in his work about the famous Afghan emir Dost Muhammad Khan, with whom he was personally acquainted and had friendly relations, offers very interesting and interesting information that is essential for determining the moments of the life and work of this historical figure and the history of Afghanistan

«Мунтахаб ат-таворих»-и Мухдммад Хдкимхон сарчашмаи нодир оид ба таърихи хонигарии Куцанд ва аморати Бухоро ба х,исоб меравад. Асари мазкур аз панч боб ва ду тоифа (боб) иборат буда, доираи хронологии он аз «офариниши олам» то солх,ои 40-уми асри XIX-ро дар бар мегирад.

DOI:10.51844-2077-4990-2023-4-22-25

ХОТИРАХОИ МУХАММАД ХАКИМХОН ДАР БОРАИ АМИР ДУСТ МУХАММАДХОН

ВОСПОМИНАНИЯ МУХАММАДА ХАКИМХАНА ОБ АМИРЕДУСТ МУХАММАДХАНЕ

MEMORIES OF MUHAMMAD HAKIMKHAN ABOUT AMIR DUST MUHAMMADKHAN

Боби панчум ва тоифаи якуми асар ба таърихи сулолаи Мангит, ки дар Бухоро хукмронй мекард, бахшида шуда, чараёнхои мухимми сиёсй, харбй ва и;тисодие, ки дар аморати асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX ба амал омадааст, инъикос ёфтааст.

Мухаммад Хдкимхон дар чараёни тавсифи таърихи аморати Бухоро аз маълумоти мансабдорони гуногун, аз чумла Накиб Эшони Тура Х,очй, ки аз мансабдорони бонуфузи дарбори амир Насрулло буд, истифода кардааст. Гайр аз ин, тафсилоти вокеахои аморати Бухоро дар охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX дар асоси маълумоти Динносир, писари амир Шохмурод (1785-1800), ки дар шахри Техрон умр ба сар мебурд ва бо набераи шохд Эрон Фатхалишох издивоч карда, хамеша аз руйдодхои аморат огох буд, истифода намудааст [4, с.18].

Добили зикр аст, ки дар «Мунтахаб ат-таворих» хотирахои шахсии муаллиф на;ши мухим доранд. Маълумоти Мухаммад Хдкимхон дар бораи во;еахое, ки солхои 1828-1842 дар сарзамини аморати Бухоро ба амал омадаанд, бешубха, арзиши нодири таърихй дорад. Зеро дар ин давра Мухаммад Х,акимхон дар ;аламрави аморат зиндагй карда, асари нодири худ «Мунтахаб ат-таворих»-ро навиштааст.

Дар «Мунтахаб ат-таворих» вазъи сиёсии Афгонистон дар нимаи аввали асри XIX, чанги Англиву Афгонистон, муборизаи Дустмухаммадхон барои тахт бо Шучо ал-мулк, ки солхои дароз аз чониби хукумати Англия дастгирй меёфт, фирори Дустмухаммадхон ба Бухоро, муносибати амир Насруллох нисбат ба у, ба ватан баргаштани Дустмухаммадхон ва маълумоти нодир дар бораи муборизаи у бар зидди англисхо ва сарнавишти минбаъдааш инъикос ёфтаанд. Хдмчунин, номахое, ки Мухаммад Х,акимхон дар асар овардааст, хатто дар асархои муаррихони Афгонистону Х,индустон мавчуд набуда, барои пурра кардани маълумоти онхо хизмат мекунад.

Таърихи Афгонистон дар асрхои XVIII - XIX бо хонигарихои Осиёи Миёна робитахои ;авй дошт. Баъзе аз маълумоти Мухаммад Хдкимхон дар "Мунтахаб ат-таворих" оид ба ;арор доштани Дустмухаммадхон дар ;аламрави Осиёи Миёна дар асари дучилдаи "Таърихи Афгонистон" инъикоси худро ёфтааст. Тиб;и таъкиди муаллифони асари мазкур Мухаммад Хдкимхон дар ин бора маълумотеро овардааст, ки хатто дар "Сироч ат-таворих" ба назар намерасад [2, с.199].

Мухаммад Хдкимхон дар асараш дар бораи амири маъруфи Афгонистон Дустмухаммадхон, ки шахсан мешинохт ва робитахои дустй дошт, маълумоти хеле чолибу шав;ангез овардааст. Дар доираи як ма;ола овардани хама он маълумоти муаллиф доир ба зиндагй ва фаъолияти амир Дустмухаммадхон гайриимкон аст. Бинобар ин ба баъзе маълумоти Мухаммад Хдкимхон ба таври ичмол тава;;уф менамоем.

Шахсияти Дустмухаммадхон хануз дар асри XIX таваччухи олимон ва сайёхонро ба худ кашида, дар адабиёти илмй доир ба шахсият ва фаъолияти у баъзе маълумот мавчуд аст. Масалан, А. Борнс чунин нигоштааст: "Дили хар касе, ки бо у дар наздик сухбат мекард, бо муомилаи хуш, суханони боназокат, а;л, доногиву зиракиаш тасхир мекард. У бидуни шубха яке аз сардорони боистеъдоди Афгонистон буда, бо шарофати ;обилияти фав;улодаи у кишвар ба имтиёзхои зиёд мушарраф мегардид"[6, с.6].

Бояд гуфт, ки дар асархо доир ба таърихи Афгонистон хангоми тавсифи муборизаи зидди англисхо маълумоте мавчуд аст, ки Дустмухаммадхони ба ватан баргашта, бо сабабхои номаълум лашкари худро тарк карда, ба инглисхо таслим шуда, асир мешавад [1, с. 149].

Мухаммад Хдкимхон бо Дуст Мухаммадхон шиносой дошт ва дуст буд, дар ёддоштхои худ дар бораи ин вокеа маълумоти мушаххас медихад. Бино ба маълумоти муаллиф, инглисхо ба лашкари Дустмухаммадхон барои ба таври пинхонй асир гирифтани у маблаги калон ваъда кардаанд. Хдтто Искандар Борнс (Александр Борнс солхои 1805-1841 зиндагй кардааст, солхои 1839-1841 мушовири сиёсии штаби низомии Бритониё дар Кобул [7], муаллифи рузномаи сечилдаи сафархои Афгонистон, Осиёи Миёна, Эрон, ки соли 1839 дар Лондон нашр шудааст) далерй ва шучоати Дустмухаммадхонро дида, ба у бо овози баланд «Эй амир, чаро ин кадар ба чони худ чабр мекунед. Х,оло мусалмонхои шумо шуморо дастгир карда меоранд. Ин мехнатхои чаноби шумо ройгон меравад»[2, с.508] гуфтааст.

Дустмухаммадхон ба ин эътибор надод ва чангро идома дод, вале чун дид, ки чанговарон уро танхо гузоштаанд, амир мачбур шуд, ки бо як надими худ фирор кунад ва пас аз тай кардани рохи тулонй ба дарвозаи Кобул расида, мохирона ба назди котиби Уилям Макнотен

(котиби хyкyмати Англия дар Х^индустон ва сафир дар давраи хукмронии амир Шучоъ ал-мyлк) Лот дохил мешавад.

Мухдммад Х,акимхон доир ба сухбати Дустмухаммадхонро бо Лот ва номае, ки ба y навишта буд, чунин маълумоти чолиб медихад: "Амир дарвозаро (ба куввати тамом) (задан гирифт). Дарвозабон дарро нагушод. Амирсохиб гуфт: «Ман элчй мебошам. Аз назди амир Дустмухаммадхон омадаам. Ба Лот кори зарур дорам ва хабарро ба Лот баранд». Лоти чангй номи амир Дустмухаммадхонро шунид. Гуфт: «Зуд элчиро ба назди ман оред». Мулозимон амири гозиро давонида, ба пеши он габр оварданл. Лот аз амир Дустмухаммадхон ахвол пурсид. Амирсохиб гуфт: «Амир Дустмухаммадхон ба шумо як хат додааст. Агар кабул фармоед, холо ба пеши шумо меорам ва агар кабул нафармоед ба мулки Эрон хохад хиромид».

Лот гуфт: «Хат ку?». Амир хатро аз багали (худ кашида) ба дасти Лот дод ва Лот мутолиа фармуд. Мазмуни мактуб ин ки: «Аморат ва иёлатпанох Валй Ямчй Лотро пушида намонад, ки дар миёни мову ту мухориботи бисёр вокеъ шудааст. Бо вучуди хамон моро ту борхо таклиф мекунй, ки биёед ва мо кабул намекардем. Х,оло дар пеши ту гуё айни худро фиристодем. Ба се шарт, аввал он ки ба молу чони мо зарар нарасонй. Дуюм он, ки моро ба Шучоъулмулк мулозим насозй, сеюм он ки то вакте ки ба дасти ту хастам, хар руз билотарк понсад ашрафй бидихй. Ба хамин се шарт аз дини худ ахду паймон кунй ва кабул фармой, ба пеши ту меравем ва илло ба Эрон хохем рафтан». Ва ин хатро амир Дyстмyхаммадхон аз забони худ дуруст карда буд. Чун Лот аз хондани мактуб фориг шуд, бисёр хурсанд шуду гуфт: «Биё ахд кунем». Амир Дyстмyхаммадхон Лотро аз дини y савгандхои гализ дод. Баъд аз фориг шудани ахду паймон гуфт: «Огох бош, ки манам Дyстмyхаммадхон». Лот чун ин сухан аз амири гозй шунид, ангушти тахайюр ба дандон газид ва надимони худро талаб намуд, ки: «Оё ин сухан рост бошад ё дуруг». Чанде надимони у, ки амир Дустмухаммадхонро дида буданд, хама муонака намуда, гувохй доданд, ки ин аст, амир Дустмухаммадхон. Лоти чангй сари худро луч карда, чанд бор ба амир Дустмухаммадхон сар заду худ дар поён нишасту гуфт: Байт:

Мешунидам, ки марди майдонй,

Чун бидидам %азор чандони.

Ва аз корхои амир тахсинхо менамуд ва ин вокеаро ба подшохи худ дар Ландан навишт. Х,ама Фарангистон ба тахаввурияти амир Дустмухаммадхон офарин мекарданд" [2, с.509-510].

Тиб^и маълумоти Мухаммад Хдкимхон ба y муяссар шуд, ки аз зулми амири Бухоро Насрулло гурехта, ба Шахрисабз рафт ва бо амири Афгонистон Дуст Мухаммадхон, ки дар он чо мувак;к;атан истикомат дошт, вохурдааст. Тавдири талхи ба хам монанди Мухаммад Хдкимхон Дyстмyхаммадхон боис гардид, ки байни онро дустию рафо^ат пайдо гардад. Аз маълумоти асар маълум мегардад, ки Дyстмyхаммадхон хангоми ба Афгонистон баргаштан, ба тахт нишастан ва муборизаи озодихохии зидди англисхо ба Мухаммад Хдкимхон борхо мактуб навиштааст[5, с. 46].

Дар «Мунтахаб ат-таворих» яке аз номахое, ки Дyстмyхаммадхон ба Мухаммад Хдкимхон фиристодааст, чунин оварда шудааст: "Баъд аз катъи манзил дар вилояти Кобул нузули ичлол фармуд. Рузи дигар санаи 1259 гурраи рабеъулаввал мукаррар аруси мамолики афгонияро танг дар огуш кашида, бар сарири салтанат ором гирифт ва ба адлу дод пардохт. Салхи мохи мазкур ба факир хатти амир Дустмухаммадхон ва Акбархон ба хамин мазмун расид. Назди хамгинон нухуфта намонад, ки чун амир Дустмухаммадхон ба чониби Шахрисабз гурехт, рузи дигар амир Насруллох ин хабарро шунида, оташи хасрат дар сина ниход. Билоэхмол амр намуд, ки сардор Мухаммад Акбархон ва Султон Ахмадхонро дастгир намуда, кайд кунанд ва эшон махфй шуда буданд. Х,арчанд кушиш карданд асарро наёфтанд. Баъд аз як хафта худи эшон ба хизмати Эшони Сохибзода рафтанд.Ч,аноби эшон хамрохи худ ба пеши амир Насруллох бурданд ва амир Насруллох ба чаноби эшон кафил дод. Чанд руз дар катори суфиён мегаштанд. Баъд аз чанд вакт амир Насруллох эшонро аз хонаи чаноби сохибзода ба пеши худ талаб намуд ва хабс фармуд. Се мох дар кайд буданд. Боз амир Насруллох эшонро аз хабс баровард. Эшон аз кайд халос шуданд .Намедонистанд, ки кучо раванд. Дар кучахои Бухоро мегаштанд. Ба хонаи хар кас раванд, аз тарси амир Насруллох рох намедоданд ва аз Бухоро берун рафтан манъ буд ва эшон орзуи хабсро мекарданд, ки ба хар хол чои хоб маълум буд. Баъд аз саргардонии бисёр ба хонакохи чаноби сохибзода омаданд" [2,с.514-515]. Дар "Мунтахаб ат-таворих" инчунин дар бораи сарнавишти ояндаи Акбархон ва Султон Ахмадхон ва рафтани онхо ба Афгонистон маълумоти муфассал оварда шудааст.

Хдмин тарщ, маълумоте, ки аз чониби Мухаммад Хдкимхон дар «Мунтахаб ат-таворих» оварда нашудааст ва сарчашмахои дигар ба назар намерасад, дар омузиши таърихи равобити

Бухорову Афгонистон, равандхои сиёсии дар Афгонистон ва хонихогарии Осиёи Марказй дар нимаи аввали асри XIX ва махсусан зиндагй ва фаъолияти амири шучои афгон Дустмухаммадхон хамчун сарчашмаи аввал хизмат мекунад ва барои ошкор намудани чихатхо и н о р ав ш ани ин давра ахамияти калони илмй дорад.

ПАЙНАВИШТ:

1. История Афганистана. С древнейших времен до наших дней.-М., 1982.- 368 с.

2. Массон, В.История Афганистана. В двух томах. Т. 2./В.Массон, В.Ромодин.-М., 1965.- 552 с.

3. Мухаммад, Хакимхан. Мунтахаб ат-таворих/Х.Мухаммад.- Токио (Япония), 2009.- 666 с.

4. Мухаммад, Хдкимхон Тура. Мунтахаб ат- таворих. Форс- тожик тилидан таржима, му^аддима, изохлар муаллифи Ш. Вохидов.- Тошкент: Янги аср авлоди, 2010.-716 с.

5. Хуршут, Э. Хдкимхоннинг хаёти ва саёхатлари/Э.Хуршут.-Тошкент: Фан, 1987.- 48 с.

6. Хуршут, Э. Хдкимхоннинг Дуст Мухаммадхон ха^идаги эсдаликлари/Э.Хуршут.- Тошкент: Фан, 1989.- 20 с.

7. Хуршут, Э. Александр Борнс/Э.Хуршут// Звезда Востока.- 1993.- № 2.

REFERENCES:

1.History of Afghanistan. From ancient times to the present day.-M., 1982.- 368 p.

2.Masson V., Romodin V. History of Afghanistan. In two volumes. Ch. 2.-M., 1965.- 552 p.

3.Muhammad Hakimkhan. Muntahab at-tavorih. - Tokyo (Japan), 2009. - 666 p.

4.Muhammadhakimkhan Tura. Muntakhab at- tawarikh. Translated from Farsi-Tajik, the author of the introduction and notes is Sh. Vahidov.- Tashkent: New age generation, 2010.-716 p.

5. Khurshut, E. Hakim Khan's life and travels/ E. Khurshut.-Tashkent: Fan, 1987.- 48 p.

6. Khurshut, E. Hakim Khan's memories of Dust Muhammad Khan/ E. Khurshut.- Tashkent: Fan, 1989.- 20 p.

7. Khurshut, E. Alexander Borns/ E. Khurshut // Star of the East. - 1993. - № 2.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.