М. Цураев
АЗ ТАЪРИХИ ИСТЕХ.СОЛИ ОРДКАШЙ ВА РАВГАНКАШЙ (дар мисоли дехаи Ёва)
Вожатой калидй: таърихи истеусолот ва х,унармандй, ордкашй, равганкашй, осиёб ва обцувоз, дех,аи Ева
Орду равганкашй аз мухимтарин ва кадимтарин нешахои мар-думй ба х,исоб рафта, мухтассоти онхо бавижа дар махалхои алохи-да, аз чумла зодгохи ин чопиб - дехаи бузургу пуршухрати Ёва то хол пурра тахкик. нашудааст. Дехаи Ёва яке аз махалхои калонта-рини мулки Хучанди бостон махсуб ёфта, аз замонхои кадим маъруф аст. Вожаи "ёва" дар «Авасто», махсусан дар кисмати «Вандидот», якчанд маротиба дучор омада (1, 435), ба гувохдоди ахли назар, аз чумла олими тавонои вожашинос, профессори факид Абдулман-нони Насриддин маънии «галлазор»-ро ифода мекунад (4, 6-7).
Ордкашй ва равганкашй аз суннатхои деринаи точикон буда, хусусияти хоси худро дорад. Хдфриёти бостоншиносй башорат медиханд, ки орд кардани галла аз давраи палеолит огоз гардида, галларо бо I аллакубаки кадимаи сангин, яъне «дастос» (6, 60), дар Вахону Ишкошим - «дос-дос» мекуфтанд (3, 92). Дар Авасто омада, ки галларо бо дастосу ховани аз санг омодашуда мекуфтанд (2, 77).
Дар натичаи инкишофи дуру дарози илму техника дастгохи одии ордкашй ба вучуд омад, ки он бо неруи об кор мекард. Вожаи «осиё» ё «осиёб» маънои осеро дорад, ки тавассути неруи об фаъолият мекунад. Калимаи «ос», бино ба гуфти муаллифи «Бурхони котеъ»: «Мутлак осиёро гуянд, хох ба даст гардонанд ва хох ба об ва хох ба чорво» (5,52). Хдмин муаллиф дар шархи калимаи «осиё» овардааст: «Маъруф аст ва он санге бошад мусаттах ва мудаввар дар болои санги дигар, ки об ва бод ва одамй ва хайвон ва дигар онро баргардонанд; ва баъзе он чй ба об гардад, осиё гуянд ва он чиро ба даст гардонанд ё чорво гардонанд, осиё намегуянд. Чй асли ин лугат
особ буда, синро касра додаанд, осиоб туда». Сипае муаллиф сабаби то гунаи «осиё» тагйир ёфтани калимаро шарх дода, илова мекунад: «Пас осиёи дастй ва осиёи бод гуфтан сах,сх, набошад. Ва бино бар ин осе, ки хар ва гов гардонанд, «харос» ва он чй ба даст гардонанд, «дастос» гуянд» (5, 54).
Чй тавре ки маълум мешавад, гузаштагони мо вобаста ба неруи хдракатдихднда харос, дастос, осиёбро фарк, мекарданд. Вале ба сабаби касрати истеъмол вожаи «осиёб» алхол ба маънои мутлаки дастгохе. ки галларо орд мекунанд, истифода мешавад. Бинобар ин, хдрчанд «осиёи баркй» гуфтан хдшв аст, дар истифодаи ин ибора ногузирем.
Дар дехаи Ёва мувофики хуччатх,о ва маълумоти бойгонии давла-тии Ч,Т дар солхои 1900-1913 ду кушосиёб дар чуйи Ёва, ду кушосиёб дар чуйи Ёва-Раззок, як кушосиёб дар чуйи Чорсу зикр шудаанд. Обчу-вози шоликубй бошад, ба шаш адад мерасид, ки аз онхо дутоаш дар чуйи Мингбошй ва чахортоаш дар чуйи Ёва карор доштанд (14, 5).
Соли 1903 тибки фармони императори Русия аз санаи 14-уми октябри соли 1903, №162 оид ба нархгузорй ва ичозат додан барои ба кор шуруъ кардани осиёбхои уезди Хучанд, аз он чумла осиёбхои дехаи Ёва, комиссияи махсуси салохдятдор ташкил карда мешавад. Мутобики ин фармон ду осиёби ордкашии дар чуйи Ёва санчида ва нархгузорй карда мешаванд. Ин осиёбх,о ба Козихон Мирзо-каримов ва Мирзо Мадамин Мирзомуъминов мансуб буданд. Осиёби Козихон Мирзокаримов аз чахор бино иборат будааст. Сохтмони осиёб хеле кадима буда, он ба 600 рубл нархгузорй карда мешавад. Баъди санчидани осиёби Козихон комиссия дар хдмин сана осиёби Мирзо Мадамин Мирзомуъминовро санчида мебарояд. Ин осиёб аз нав баркарор карда шуда, он низ аз чахор бино иборат буд ва аз сабаби нав буданаш ба маблага 1000 рубл нархгузорй карда мешавад (15, 10-11).
Дар яке аз хуччатхои бойгонй оид ба аризаи истикоматкунандаи дехд Муинов Мирзо ба губернатори хдрбии вилояти Самарканд дар барои бино кардани обчувози шоликубй дар чуйи Ёва маълумот мавчуд аст. Дар санад гуфта шудааст, ки аз тарафи ахолй барои ин сохтмон ягон монеа дида намешавад (16, 42).
Дар дафтари №95 (Журнал общего присутствия Самаркандского областного правления. Отделение II, стол 1,1910г.) дар бораи аз нав нархгузорй гардидани осиёби ордкашии Муинов Мирзо,
ки дар чуйи Ёва-Раззок чойгир аст, маълумот оварда шудааст. Осиёбро аз нав санчида ба маблаги 1983 рублу 83 копейка нархгузорй мекунанд (15, 15-16).
Дар дафтари №96 маълумот дар бораи санчиши мукаррари нарх-гузории осиёби ч^йи Чорсу сохибаш Бобоев Зоитбой мебошад, мавчуд аст. Дар натичаи санчиш маълум мегардад, ки осиёб дусанга, яъне кушосиёб буда, он ба маблаги 1042 рублу 50 тин нархгузорй карда мешавад (14, 25-26). Кунюсиёби дар чуйи Чорсу чойгир бударо «Накорахона» мегуфтанд. То соли 1926 осиёби Накорахонаро Мулло-бойоксаккол ном осиёбоне идора карда, баъд аз фавти у идораи онро то миёнахои солхои 60-ум Каримбойосиёбон дар зимма дошт. Ин кушосиёб дар як шабонаруз то 6 тонна гандумро орд мекард.
Каме поёнтари ин кушосиёб боз як осиёби дигаре мавчуд буд, ки онро Бобочони Тагора идора менамуд. Осиёб як санг дошта, дар як шабонарузто 1,5 тонна гандумро орд мекард (10,24). Азруи шаходати сокини калонсоли дехаи Ёва Очилбойамак ахолй осиёби Бобочони Тагораро инчунин «Осиёби Тиллобой» меномиданд.
Мувофики дафтари №104 бошад, осиёби ордкашии Мирзо Каримов дар чуйи Ёва чойгир буда, аз сари нав аз тарафи комиссия санчида ба маблаги 1652 рублу 50 тин нархгузорй карда шудааст (14,20-21). Сабаби аз нав нархгузорй кардани осиёбх,ои дехд дар он мебошад, ки дар тули 6 сол баъзе кисмхои осиёб, махсусан сангу нова ва иморати он фарсуда гаштанд. Гайр аз ин ордкашй яке аз сохахои сердаромад ба хдсоб рафта, хукуматдорон ба ин соха андози калон ва афзоянда мебастанд. Хдчми андоз хар мох 2 фоизи арзиши аслии осиёбро ташкил мекард.
Дар чуйи Мингбошй ё курук бошад, осиёби ордкашй набуд, зеро чараёни об нисбат ба чуйи Чорсу ва Ёва сусттар буда, чойи нишебй барои бо суръати тез фаромадани об вучуд надошт. Танхо обчувози шоликубй мавчуд буд. Ду обчувози дар боло зикргардида то солхои 50-ум фаъолият мекард ва сохдби яке аз онхоро Нурбой меномиданд. Иктидори обчувози Нурбой нисбат ба обчувози Муллобой-оксаккол заифтар буд ва дар як шабонаруз наздик 0,5 тонна шолй мекуфт (7, 278).
Обчувози Нурбой дар махал, гаи Осарики деха вокеъ буд. Барои хушсифат баромадани биринч одамон хдни куфтани шолй ба он арзан, маъсар, кунок ва гайра хамрох мекарданд. Баъди куфта шудан, махсулотро аз галбер гузаронида, биринчро аз омехтагихои
6eF0Ha чудо мекарданд. Мувофики маълумоти сокини калонсоли махалла Очилбойамак обчувози Нурбой, ки чор ховании калони чубин дошт, то соли 1967 амал мекард.
Дуюмин обчувози калони шоликубй ба Муллобойоксаккол таал-лук дошт. Осиёбонро Х,алим Чукака меномиданд. Ин обчувоз низ дар як шабонаруз то 1,5 тонна шолй мекуфт. Мувофики маълумоти бойгонй солхои 1909-1910 дар чуй Ёва чахор обчувози шоликубй мавчуд буд. Мутаассифона, муайян кардани номи сохибон ва иктидори исгехсолии он дуконхо ба мо муяссар нагардид.
Маъмулан ба истилохи осиёбу обчувоз номи сохибонашро хамрох баён мекарданд, ба монанди: «осиёби Тиллобой», «обчувози Нурбой», «Накорахона» ва гайра. Х,амаи он осиёбхое. ки дар боло зикр кардем, накора ё карнайчаи гилй доштанд, ки ин асбоби садодиханда барои даъвати мизочон истифода бурда мешуд. Аз чумла «бук» ном асбоби карнаймонанди аз карнай кутохтар ва дахонадор мавчуд буд, ки асосан барои даъвати мизочон ба осиёб истифода бурда мешуд. Навохта шудани он аломати ба кор даромадани осиёб ё хаммомро дошт. Ин анъана танхо ба минтакахои шимолии Точикистон, хусусан ба шахри Хучанд ва дехахои гирду атрофи он хос буд (9, 473-474).
Баъзе солхо дар фасли зимистон руди Хочабокиргон ях мебаст ва дар натича обчувозу осиёбхо аз фаъолият бозмемонданд. Дар чунин мавридхо мардуми шахри Хучанд ва дехоти атрофи он галлаи худро бо аробахо ба осиёби Дехмой бурда, орд мекарданд (17). Гап дар сари он аст, ки манбаи осиёб ва чувозхои Дехмой оби фаровони Сарчашмаи номй ба хисоб мерафт, ки ба сабаби аз каъри замин чушида баромаданаш дар зимистони кахратун хам аз яхбандй эмин буд ва чархи дуконхояш тамоми сол аз гардиш бознамонда, мушкили мардумони зиёдро осон месохт.
Солхои 50-60-уми асри XX дар баробари осиёбхои маъмулй осиё-хои баркй низ пайдо шуданд. Чунин осиёхоро осиёи «аловй» меномиданд. Сохиби яке аз ин осиёхо Абдугаффор ном одам буд. Дуюм осиёи аловй дар махалли бинои МТМУ №31 -и дехаи Ёва чой гирифта, он ба Чурабой-осиёбон тааллук дошт ва то соли 1957 фаъолият дошт (17).
Равгани рустанй яке аз хурданихои серистеъмол ба шумор меравад. Дар дехаи Ёва равганро маъмулан аз махсулоти равганди-хандаи зерин мекашиданд: загар, кунчид, бокила (индов), тухми харбуза, зардолу, шафтолу, маъсар, чормагз, кукнор, каду ва дар
даврони шуравй чигити пахта.
Нахустин дас п )ххои равганкашй аз порчаи санги лундашакл иборат буда, дар руи тахтасанг бо рох,и фишурдан аз зироатхои магздор равганашро чудо менамуданд (13, 92-93).
Махз чунин олати сангин ба чувозхои равганкашй замина гузоштанд. Чувози равганкашй низ аз даврони кадим дар байни кишоварзони ориёй, аз чумла точикон, маъмул гашта буд.
Мутобики маълумоти олими мардумшинос Н.О.Турсунов, дар дехаи Ёва чахор чувозхона фаъолият дошт (12, 97). Солхои 50-60-уми асри XX бошад, дар Ёва хдмагй ду чувози равганкашй фаъолият мекард, ки он дар худуди хочагии колективии «Коминтерн» (хозира АИИ ба номи Р.Набиев) карор дошт. Ин чувозхо бо неруи асп кор мекарданд. Сохдби яке аз ин чувозхо Шарофиддин ном сокини деха буд. Ч^увози дигар ба Мирзобарот писари Мирзошариф тааллук дошт.
Новобаста ба шумораи зиёди осиёбу чувозу обчувозхо, кариб хар як хонадони дехаи Ёва хованхои калони бобой доштанд, ки онро аз танаи дарахти зардолу, чормакз, тут, челон ва гайра месохтанд. Дар шахри Хучанд ва гирду атрофии он ба чои истилохи «хован» бештар вожаи «угур» корбаст мегардад. Дар чунин дастгох гайр аз зироатхои галладона хамчунин нони кок. намак ва дигар масолехд рузгорро мекубиданд. (Тарзи тайёр кардани хован чунин буд: зардолуи танумандро дар хачми 1метру 20 сантиметр бурида, тарики амудй устувор карда, болои он ангишти сурхкардаро мегузоштанд, ки сухта-сухта тадричан хавзаке пайдо мегардид. Сипае, ба ин хавзаки хосилшуда равган пур карда як шабонаруз нигох медоштанд. Ба хадду андозаи зарурй кофтани кисмати кории хованро устохои хунарманд ба воситаи тешахои махсуси миероншакл ва новаисканахои дароздаст ба сомон мерасониданд. Айни замон, мутаассифона, анъанаи сохтани чунин хованхо аз байн рафтааст.
Яке аз сабабхои аз байн рафтани ин осиёбу обчувозу чувозхо инкишофи бемайлони техника ва зиёд шудани шумораи ахолй мебошад. Сабаби дуюми асосй он аст, ки чуйхое, ки вазифаи асосиашон бо оби чонбахш таъмин намудани ахолии шахри Хучанд ва дехоти наздишахрй буд, рисолати азалии худро аз даст доданд ва осиёбу обчувозхо аз манбаи харакатдиханда махрум шуданд. Ногуфта намонад, ки дар нохияхои вилоят, бахусус дар кухистон, ин намуди хунармандй то хол мавкеи худро нигох доштааст ва анъанаи бо усули бобой кашидани орду равган имруз хам идома дорад. Дар бозори
галлафурушии Истарвшан имрузхо хам орди осиёби обиро ба фуруш мебароранд, ки харидор, яънеталабот дорад. Х,ованхои дастии бобой, ки дар боло тавсифашон кардем, холо хам дар дехот ахамияти худро гум накардаанд ва барои куфтани шолй ва махсулоти дигар хизмат мекунанд.
ПАЙНАВИШТ:
1.Авасто. Гузориш ва пажухиши Чалили Дустхох. - Душанбе, 2001
2.Авеста. Избранные гимны. Перевод с авестийкого и комментарии проф. И.М. Стеблин-Каменского. - Душанбе: Адиб, 1990
3.Андреев М.С. Таджики долины Хуф (Верховья Аму-Дарьи). Вып. II. Подготовила к печати А.К. Писарчик. - Сталинабад, 1956
4.Бахром Алй Ахмадзода. Шахсони баруманди Ёва.-Хучанд, 2002.
5.Бурхони котеъ. 4.1.- Душанбе, 1993
6. Джахонов У. Земледелие таджиков долины Соха в конце Х1Х-начале XX в. (Ист.-этнограф, исследование). - Душанбе: Дониш, 1989
7. Мирбабаев А.К. Джуи Мингбоши //Худжанд. (Энциклопедия). -Душанбе: Главная научная редакция Таджикских энциклопедий, 1999
8. Мирбабаев А.К. Джуи Чорсу //Худжанд. (Энциклопедия). -Душанбе: Главная научная редакция Таджикских энциклопедий, 1999
9. Мирбабаев А.К. Мельницы//Худжанд. (Энциклопедия). - Душанбе: Главная научная редакция Таджикских энциклопедий, 1999
10. Мирбабаев А.К. История водоснабжения Худжанда и его округи.
- Худжанд: Хуросон, 2005
11. Мирбобоев А.К. Накдш ориёихо дар тамадцуни чахонй. - Хучанд, 2006
12. Турсунов Н.О. Сложение и пути развития городского и сельского населения Северного Таджикистана в Х1Х-начале XX вв. - Душанбе: Ирфон, 1976
13. Эшонкулов У. История земледельческой культуры горного Согда (с древнейших времен до начала XX в.). - Душанбе, 2007
14. ЦГА РТ. Ф-ист.№1, оп.№1, Ед.хр.№143
15. ЦГА РТ. Ф-ист.№1, оп.№1, Ед.хр.№1891
16. ЦГА РТ. Ф-ист.№1, оп.№1, Ед.хр.№1867
17. Маводи сахроии аспирант Чураев М.С. дар солхои 2011-2012
Руйхати ахборотдихандагон Ном ва насаб Соли таваллуд чойи зист Отачонов Шодибой 1933 дехаи Ёва Рахмонов Абдуманон 1940 дехаи Ёва Рустамов Очилбой 1931 дехаи Ёва
Косимов Рахматчон 1928 дехаи Ева
Х,ошимов Рачабой 1932 девди Ёва
Из истории мукомольного и маслобойного производства (на примере селения Ява) М. Джураев
Ключевые слова: история ремёсел и народных промыслов, мукомольное дело, маслобойное производство, мельницы и маслобойки, селение Ява
В статье рассматривается краткая история мукомольного и маслобойного производства в селении Ява в XX в. Исходя из древности происхождения названия селения, обозначающего в авестийском языке «зерно», автор отмечает, что селение Ява является одним из древнейших земледельческих центром Худжандского оазиса. По данным архивных документов установлены количество, имена владельцев, стоимость и производственная мощность мельниц и маслобоен селения в первой четверти XX века. Опросные данные использованы для отражения состояния традиционного производства муки и масла в 50-е - 70-е гг. XX в.
From the History of Flour - Grinding and Oil-Pressing Industries
M. Djuraev
Key words: history of folk handicrafts, flour-grinding industry, oil-pressing, mills and oil-pressing, Yova settlement
The article dwells on the brief history offlour-grinding and oil-pressing industries in Yova settlement in the XX-ieth century. Proceeding from the ancient origin of the settlement name, which designated "gram" in theAvestian language the author states that the settlement of Yova is one of the oldest agricultural centers of Khujcmd oasis. When working with the archive data the author ascertained the number of agrarians, their names, cost and productive capacities of mills and oil-presses in the settlement in the first quarter of the XX-ieth century. The information conducted by questioning has been used for a reflection of the state of the traditional production of flour and oil in the 50-ies -70- ies of the XX - th century.