Мирзоюнус Матлуба, доктори илмуои филология, профессори МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Гафуров» (Тоцикистон, Хуцанд)
Мирзоюнус Матлуба, доктор филологических наук, профессор ГОУ "ХГУим. акад. Б.Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)
Mirzoyunus Matluba,
Dr. of Philology, Professor of the SEI "KSU named after acad. B.Gafurov" E- mail: [email protected]
Вожа^ои калиди: ховаршинос, шеър, тасаввуф, мауастишиноси, мууацциц
Мацола ба фаъолияти шарцшиноси суисии олмонизабон Фритс Майер бахшида шуда, дар он ду самти фаъолияти илмии у - тауцици назми форсу тоцик ва тасаввуф дар ислом мавриди омузиш царор гирифтааст. Муаллиф ба монографияи Майер «Мауастии зебо» таваццууи хос зоуир намуда, мазмуну мундарицаи ин китобро мухтасар ба доираи тауциц мекашад ва моуияти ин асарро дар рушди мауастишиноси нишон медиуад. Дар поёни мацола ба хулосае меояд, ки Фритс Майер аз донишмандони борикбини Аврупо буда, дар шинохти адабиёти форсу тоцик сауми шоиста дорад.
Ключевые слова: востоковед, поэзия, мистицизм, махастиведение, исследователь
Статья посвящена деятельности швейцарского востоковеда, пишущего на немецком языке, Фрица Майера. В ней рассмотрены два основных направления его деятельности - исследование персидско-таджикской поэзии и исламский мистицизм. Особое внимание автором уделено монографии Майера «Прекрасная Махасти», изучены содержание и значение этого труда в махастиведении. Делается вывод о том, что Фриц Майер был тонким европейским знатоком Востока, внесшим достойный вклад в исследование персидско-таджикской литературы.
Key words: orientalist, poetry, mysticism,mahastiology, researcher
The article is devoted to the Swiss Orientalist Fritz Mayer's creativity, who writes in German. In her article the author considers two main areas of his activity- the study of Persian- Tajik poetry and Islamic mysticism. The author pays special attention to Mayer's monograph "The Beautiful Mahasti". The article discusses the content and significance of the relevant work in mahasti studies as well. It is concluded that Fritz Mayer was a subtle European expert of the East who made a worthy contribution into the study of Persian-Tajik literature.
Пайвандхои адабии Шарку Гарб собикаи тулонй дошта, донишмандони Аврупо ба ин масъала беш аз сесад сол аст, ки таваччухи хос зохир менамоянд. Хаммер-Пургштал, Ф. Рюккерт, Херман Эте, Э.Браун, Р.Николсон, В.Ч,онс, Ч,.Арбери, Ш.Стори, Нёлдеке, X,. Риттер, Анна Мари Шиммел ва садхо ховаршиносони дигар адабиёти моро ба чомеаи Гарб тавассути тадкикоти арзишманд, тахия ва тарчумаи матнхо муаррифй намудаанд.
Дар миёни ин ховаршиносони номвар дар садаи ХХ дар шахри Базели Суис (Швейтсария) мухдккики борикбине бо исми Фритс Майер (1912-1998) низ кору фаъолият дошт, ки дар шинохт ва таргиби адабиёти форсу точик хидмати мондагоре анчом дод. Ин донишманди олмонизабони суисй, шогирди шаркшиносон Рудолф Чуди ва Хелмут Риттер буда, солиёни зиёд дар кишвархои Шарк, аз чумла Туркияву Миср умр ба сар бурдааст. Майер дар зодгохи худ Базел гимназияи илмхои чомеашиносй ва бахши филологияи классикии Донишгохро хатм намуда, дар хамин донишгох рисолахои номзадиву доктории худро дифоъ кард ва беш аз сй сол мудири кафедраи исломшиносй буд.
У борхо ба Эрону Афгонистон, Марокко ва кишвархои дигар сафар карда, бо омузиши сарчашмахои нодир ва масоили исломшиносиву назми форсй шугл варзидааст.
Таваччухи Фритс Майерро голибан ду равияи мухими шаркшиносй - яке шеъри форсй ва дигар - тасаввуф дар ислом чалб мекунанд. Дар шинохти ислом ба у донишманди маъруфи туркшинос Рудолф Чуди ва дар тахкики адабиёт ховаршиноси тавоно Хелмут Риттер рахнамой кардаанд. Шиносоии у бо Хелмут Риттер соли 1935 дар Истанбул сурат гирифт
УДК 8Т1 ББК 83,3
ФРИТС МАЙЕР ВА НАЦШИ УДАР РУШДИ РОБИТА^ОИ АДАБИИ ШАРЦУ ГАРБ
ВКЛАД ФРИЦА МАЙЕРА В РАЗВИТИЕ ВОСТОЧНО-ЗАПАДНЫХ ЛИТЕРА ТУРНЫХ
СВЯЗЕЙ
FRITZ MAYER -А STUTE SCHOLAR ORIENTALIST
ва махз бо рахнамоии у нахустин асари Фритс Майер тахти унвони «Дастхатхои истанбулии се орифи форс» руйи кор омад. Соли 1937 Фритс Майер тахти рахнамоии Рудолф Чуди рисолаи доктории худро рочеъ ба рузгор ва осори Шайх Абуисхоки Козарунй анчом дод ва пас аз чахор соли дигар рисолаи постдоктории у марбут ба зиндагй ва осори Махастй ба химоя пешниход карда шуд.
Ба фикри ахли тахкик, асари Фритс Майер "Махсатии зебо"(1) бехтарин ва мукаммалтарин тадкикотест, ки рочеъ ба зиндагй ва ашъори Махастй дар Fарб анчом пазируфтааст. Ин асар соли 1963 дар як чилд ба табъ расидааст, вале, ба кавли шогирди Майер Бернд Радке, он дар ду чилд ба накша гирифта шуда буд (2, 36). Ч,илди аввали китоб хануз дар соли 1941 дар шакли рисолаи докторй таълиф шуда буд, вале муаллиф ба чопи он шитоб накарда, танхо соли 1963 онро тахти унвони «Махастии зебо» дар хачми 412 сахифа ба табъ расонид. Ч,илди дувум дар шакли роман навишта шуда, то имруз руи чопро надидааст. Сабаби чоп нашудани онро худи Майер дар дастрас набудани маводи муътамад дар бораи Махастй мешуморад, зеро ин кисмати асар гуё бар киссаи муошикати шоира бо Амир Ахмад асос ёфтааст ва дастнависи достони «Амир Ахмад ва Махастй»-ро профессор Х,елмут Риттер ба у додааст, ки муаллиф дар хеле маворид аз ин китоб истифода бурдааст.
Дар китобе, ки интишор ёфтааст, Фритс Майер дар бораи рубоиёти Махастй, сабки фардии шоира, воситахои бадеие, ки дар ашъори у ба кор рафтаанд, андеша ронда, мавзуи мухаббатро дар он батафсил шарх додааст. Ч,олиб он нукта низ хаст, ки Майер 279 рубоии Махастиро ба забони олмонй тарчума карда, дар китоби худ чой додааст.
Мундаричаи китоби Майер чунин матрах шудааст. Дар огози китоб пешгуфтор, сипас панч боб ва дар поёни китоб фехрасти номхо ва истилохот оварда шудааст. Дар боби аввал сухан дар бораи жанри рубой, маншаъ ва мабдаи он рафтааст. Дар боби дувум, ки «^адимтарин шоирахои форс» ном дорад, дар бораи ду тан шоирахои форсизабон Робиаи Балхй ва Мутрибаи Кошгарй маълумот дода шудааст. Боби се «Махсатии таърихй» ном гирифтааст, ки дар он дар бораи номи шоира, замон ва макони зисти у, касбу хунар ва аз муносибаташ ба образхои шеърй сухан рафтааст. Боби чахорум «Рубоиёти Махсатй ва сарчашмахои онхо» ном гирифта, масъалаи тасхех ва баркарор кардани асолати матн, интисоби рубоиёт ва хусусиятхои ашъори Махситиро фаро гирифтааст. Дар боби охирин девони Махсатй мураттаб шуда, тарчумаи олмонии он, шархи рубоиёт ва ашъори дигар аз назари Майер чой дода шудааст. Имтиёзи рисолаи мазкур дар он аст, ки Фритс Майер сарчашмахои зиёдро омухта, онхоро ба кор гирифтааст. Аз чумла дар рисолаи у осори мухим ва нодире чун «Мунис-ул ахрор»-и Бадриддини Чрчармй, «Нузхат-ул-мачолис»-и Ч,амолиддин Халили Шарвонй, Ч,унги рубоии асри 1Х хичрй, Ч,унги Искандарй, «Анис-ул-хилват»-и Музаффар ибни Носир, «Ч,унги Гуё»-и Ч,уё Эътимодии Кобулй, «Хайр-ул-баён»-и Шоххусайни Каёнй, Тазкираи Такиуддини Балёнй, «Мунтахаб-ул-ашъор»-и Мухаммадхони Мубтало, Тазкираи «Риёз-уш-шуаро»-и Волехи Догистонй, Тазкираи «Оташкада»-и Озар, Тазкираи Исхокбек, «Махзан-ул-гароиб»-и Ахмад Алихони Х,ошимй, «Риёз-ул-чаннат»-и Занузии Хуй, Ч,унги Табрез, «Мачмуаи Махмудй»-и Махмуди ^очор, мачмуаи Ягмо, Тазкираи Козим, Ч,унги Харобот, тазкираи «Х,афт иклим»-и Амин Ахмади Розй, «Натоич-ул-афкор»-и ^удрат, «Мачма-ал-фусахо»-и Ризокулихони Х,идоят, тазкираи «Рузи равшан»-и Сабо, «Ч,унги Х,абиб» - и Мирзо Х,абиби Исфарангй, «Тазкират-ул-хавотин»-и Зехнии Афандй, «Ч,унги шеър»-и Ахмад Сухайлии Табрезй, «Донишмандони Озарбойчон»-и Мухаммад Алии Тарбият, «Райхонат-ул адаб»-и Мухаммадалии Табрезй, «Достони Амир Ахмад ва Махастй» ва гайра ба сифати сарчашма хидмат кардаанд. Истифодаи чунин сарчашмахои нодир дар солхои чихилуми садаи мозй захмати зиёде мехост ва аз он гувохй медихад, ки ин олими нуктасанч ва хушкор ба хар кишваре, ки сафар мекард, дастхатхои мухимро чустучу ва пайдо намуда, барои исботи фикру мулохизахои худ онхоро мавриди бахрабардорй карор медод.
Ч,олиб он нукта аст, ки Майер аз достони мардумии «Амир Ахмад ва Махастй» дар бораи шахри Хучанд будани зодгохи Махастй маълумот пайдо кардааст. Албатта, андешахои дигаре низ дар бораи зодгохи ин шоираи мумтози садаи Х11 вучуд доранд ва мавзеи Родкон дар наздикии шахри Тус, шахрхои Ганча ва Нишопур низ дар баъзе сарчашмахо чун зодгохи ин бонуи суханвар зикр шудаанд. Бинобар ин Майер аз адами сарчашмаи муътамад дар ин маврид азхори таассуф мекунад.
Маълум аст, ки Махастй маъмулан дар гуфтани рубой шухрат ёфтааст ва Майер анвои дигари ашъори уро, ки аз сарчашмахои мухталиф ба даст омадаанд, як-як омухта, вазни онхоро муайян мекунад ва дар бораи интисоби онхо ба калами Махастй изхори назар
менамояд. Аз чумла вакте сухан дар бораи газали маъмуле бо радифи «хештан», ки ба Махастй нисбат медиханд ва дар байти мактаи ин газал тахаллуси шоир зикр шудааст, чунин акида дорад, ки он ба калами ин шоира мансуб нест, зеро сабки нигориш ва луготе, ки дар он истифода шудааст, ба замони пас аз Махастй ишора мекунад.
Соли 1957 Фритс Майер асари монографии худ «Фавоих-ал чамол ва фавотех-ул чалол»-и Начмуддини Куброро ба охир расонида, дар он дар бораи ин орифи маъруф, шоир ва мутафаккири мутасаввифи форсу точик, бунёдгузори тарикати кубравия ва мохияти ин тарикат изхори назар намуд.
Китоби дигари у ба рузгор ва корномаи Абу Саиди Абулхайр, орифи номвари садахои Х-Х1 ихтисос ёфта, ангезаест аз таълифоти Р.Николсон ва Х,.Риттер, ки кабл аз у ба ин мавзуъ мурочиат кардаанд. Ин китоб аз чониби Офок Вайбурдй ба забони форсй тарчума шуда, соли 1999 пас аз вафоти муаллиф интишор ёфт.
Соли 1989 Фритс Майер рузгор ва осори Бахои Валад, падари Мавлоно Ч,алолиддини Балхиро мавриди тахкик карор медихад ва дар он имкониятхову зарфияти фикриву маънавии ин марди бузургро, ки заминае барои тавлид ва тарбият ёфтани нобигае мисли Мавлавй фарохам овард, нишон медихад.
Охирин осори арзишманди Майер «Ду рисола дар бораи Накшбандия» ном дошта, соли 1994 ба табъ мерасад ва дар онхо масоили робитаи шогирд бо устод ва тасарруф ба миён кашида шудааст. Дар заминаи хамин асари монографй, ки беш аз 200 сафха дорад, муаллиф як брошюра низ тахия намуда, матни онро дар суханронихои худ дар хамоишхои илмии байналмилалй истифода намудааст. Ин матн бо унвони «Устод ва шогирд дар тарикати Накшбандия» ба забонхои гуногун, аз чумла ба забони русй тарчума ва нашр шудааст. Дар ин асар муалиф дар бораи тасаввуф, тарика ва сулук изхори назар намуда, аз чумла кайд мекунад, ки «Худо чун рухе тасаввур мешавад, ки инсон имкон дорад бо рохи баланд кардани рухи худ ва тагйир додани «ман»-и худ ба он расида бошад» (4, 96). Пас чй бояд, кард, ки инсон ба Худованд наздик шавад? Майер муътакид аст, ки фуру нишонидани гаризахо, даст кашидан аз хохишхои дуниявй, бартараф намудани тамоюлхои зохирй ё нихонй нисбат ба бадй, афзун намудани сифоти хамида ва инкишоф додани идроки ботинии узвхо барои ахли тасаввуф аз ахдофи мухимтарини зиндагй ба шумор меоянд, вале инсон наметавонад дар танхой ин мушкилихоро паси сар намояд. Бинобар ин у ба устоди рахнамо ва мушриде эхтиёч дорад. Муаллифи асар зикр мекунад, ки «ба забони арабй чунин устоди рахнаморо «шайх» мегуянд, ба форсй «пир» меноманд, хароина хам ин ва хам он маънии «муйсафед»-ро дорад, аммо бехтар аст, «устод» тарчума шавад»(5, 96). Дар идомаи асар сухан дар бораи «суфия», этимологияи ин вожа, робитаи он бо намояндагони дину тарикатхои дигар, корномаи шайххои маъруфи тарикати Накшбандия ва таъсири онхо бо соликони ин тарикат рафтааст, ки аз дониши густурдаи Фритс Майер перомуни ислом ва тасаввуф гувохй медихад.
Майер ният дошт, ки дар бораи корномаи Мухаммад (а) низ асаре нависад ва барои ин тадкикот маводи зиёде чамъ оварда буд, аммо умр вафо накард ва у соли 1998 дар синни 86-солагй аз дунё рафт. Х,ануз айёми дар кайди хаёт буданаш, соли 1992 осори у дар ду чилд чамъ оварда шуда, ба табъ расид ва баъди вафоташ, соли 1999 бархе аз таълифоти у дар тарчумаи Ч,он О'Кейн зери назари шогирди содикаш Бернд Радтке дар Лейдан интишор ёфт.
Соли 2001 факултети филологияи Донишгохи Санкт Петербург мачмуаи маколотеро тахти унвони «Тасаввуф дар Осиёи Марказй»(2) зери назари А.А.Хисматулин интишор намуд, ки дар он маколоти донишмандоне мисли Бернд Радтке (Утрехт, Нидерландия), Насруллох Пурчаводй (Техрон, Эрон), Фритс Майер (Базел, Швейсария), Юрген Паул (Халле/Заалле, Германия), Девин Ди Уис (Индиана, ШМА), Анке фон Кюгелген (Берн, Швейсария), Бахтиёр Бобочонов (Тошканд, Узбекистан) чой дода шуданд ва ин китоб ба ифтихор ва ёдбуди Фритс Майер интишор ёфт.
Бернд Радтке, ки аз шогирдони номвари Майер аст, соли 1944 дар шимоли Олмон ба дунё омада, дар донишгоххои Хдмбург ва Базел тахсил намудааст, дар Донишгохи Базел рисолахои докторй ва постдоктории худро дар иртибот бо тасаввуфи ислом химоя намудааст. Ин исломшиноси маъруфи олмонй сардабири «Донишномаи тасаввуфи ислом» буда, аз хидоят ва рохнамоихои Майер зиёд бахравар шудааст ва дар мачмуаи мазкур ёдномае низ марбут ба зиндагй ва фаъолияти ин ховаршиноси суисй интишор кардааст. Дар поёни хотироти худ у кайд мекунад, ки «Тамоми осори Майер ба забони олмонй таълиф шудааст ва то имруз шухрати муаллифи онхо берун аз доираи донандагони ин забон дурр
нарафтааст. Тарчумаи ин осор ба забонхои англисй ва форсй метавонад вазъи холро тагйир дихад. Харчанд ки Майер бо интишор ва таргиби осори худ машгул набуд, замнан ба арзиш ва асолати таълифоти худ бовар дошт ва мехост, ки осори уро бихонанд»(2, 39).
Бо вучуди он ки баъзе намунахои осори у ба забонхои англисй, форсй ва русй тарчума шудаанд, маълум мешавад, ки ин хануз танхо муште аз хирвор аст.
Дар Точикистон, мутаассифона, перомуни рузгор ва осори ин ховаршиноси маъруф то имруз маколае ба назар нарасид ва таълифоташ низ ба забони мо руи чопро надидаанд. Ин навиштаи мухтасар ба ёди он донишманди тавоност, ки тамоми умри худро дар омузиш ва тахкики адабиёт ва дини мо сарф кард, нахустин мухаккики рузгор ва осори Махастй буд ва аз худ як силсила таълифоти арзишманде марбут ба шинохти ислом дар Гарб ба ёдгор монд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Фритс, Майер. Махастии зебо. - Вестбаден, 1963.- 412 с. (ба забони олмонй).
2. Бернд, Радке. Памяти Фрица Майера/ Дар китоби «Суфизм в Центральной Азии». Мачмуаи маколот бо кушиши А.Хисматуллин. - Спб., 2001. - С. 36.
3. Суфизм в Центральной Азии. Мачмуаи маколот бо кушиши А.Хисматуллин.- Спб., 2001. -394 с.
4. Фриц, Майер. Учитель и ученик в ордене Накшбандия/ Дар китоби «Суфизм в Центральной Азии». Мачмуаи маколот бо кушиши А.Хисматуллин. - Спб., 2001. - С. 96.
5. Фриц, Майер. Учитель и ученик в ордене Накшбандия/ Дар китоби «Суфизм в Центральной Азии». Мачмуаи маколот бо кушиши А.Хисматуллин. - Спб., 2001. - С. 97.
REFERENCES:
1. Fritz, Mayer. The Beautiful Mahasti.-Westbaden, 1963.- p. 412( in German)
2. Bernd, Radke. In Memory of Fritz Mayer/ in the book "Sufism in Central Asia". Collected articles with the efforts of Hismatullin.-spb., 2001.- p. 36
3. Sufism in Central Asia. Collected Articles with the Efforts of Hismatullin. -Spb., 2001.- p.394
4. Fritz, Mayer. The Master and Apprentice in Naqshbandiya order/ in the book "Sufism in Central Asia". Collected Articles with the Efforts of Hismatullin.-Spb., 2001.- p.96
5. Fritz, Mayer. The Master and Apprentice in Naqshbandiya order/ in the book "Sufism in Central Asia". Collected articles with the efforts of Hismatullin.-Spb., 2001.- p. 97