Научная статья на тему 'ЭКОНОМИЧЕСКИЕ ОТНОШЕНИЯ МЕЖДУ РЕСПУБЛИКОЙ ТАДЖИКИСТАН И ГОСУДАРСТВОМ КАТАР'

ЭКОНОМИЧЕСКИЕ ОТНОШЕНИЯ МЕЖДУ РЕСПУБЛИКОЙ ТАДЖИКИСТАН И ГОСУДАРСТВОМ КАТАР Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
79
21
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЭКОНОМИЧЕСКАЯ ПОЛИТИКА / РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН / КАТАР / РАЗВИТИЕ / ЭКОНОМИКА / КОММУНИКАЦИЯ / СОГЛАШЕНИЕ

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Болтуев Сафарбой Муродович

В данной статье автор анализирует сотрудничество между Республикой Таджикистан и Государством Катар, которое включает в себя торгово-экономические отношения. Следует отметить, что в период независимости Республика Таджикистан приложила максимум усилий за создание иностранных учреждений, состоящих из посольств, консульских представительств Республики Таджикистан за рубежом и постоянных представительств страны при международных организациях. Прежде всего, вклад Президента страны, Основателя мира и национального единства, Лидера нации очень важны для установления экономических отношений. Внешняя политика Таджикистана известна на мировом масштабе, и поэтому зарубежные страны, с которыми сотрудничает Республика Таджикистан, имеют высокий статус и престиж. В результате в странах, с которыми тесно сотрудничает Республика Таджикистан, существуют постоянные представительства республики.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ECONOMIC RELATIONS BETWEEN THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN AND THE STATE OF QATAR

In this article, the author analyzes the cooperation between the Republic of Tajikistan and the State of Qatar, which includes trade and economic relations. It should be noted Tajikistan made a lot initiatives during the period of Independence of the Republic of Tajikistan for the establishment of foreign institutions consisting of embassies, consular missions of the Republic of Tajikistan abroad and permanent missions of the country to international organizations. First of all, the contribution of the President of the country, the Founder of peace and national unity, the Leader of the nation are very important for establishing economic relations. The foreign policy of Tajikistan is known in the world at wide level and therefore the Republic of Tajikistan which cooperates with the foreign countries they have high status and prestige. As a result, the Republic of Tajikistan which works closely with the foreign countries, there are permanent representations of the Republic.

Текст научной работы на тему «ЭКОНОМИЧЕСКИЕ ОТНОШЕНИЯ МЕЖДУ РЕСПУБЛИКОЙ ТАДЖИКИСТАН И ГОСУДАРСТВОМ КАТАР»

percent of the region's cotton. With the formation of the Gissar region in 1932, the regional department of culture (previously called the department of culture) was created, which plays an important role in the cultural and spiritual development of the people. During these years, the House of Culture was reestablished, on February 21, 1968 - the People's Theater, and in 1993 - the People's Philharmonic (now named after the late Todjiddin Mukhiddinov).

Key words: sources, local, Russians, crafts, business, diplomats, tourists, spies, region.

Сведение об авторе:

Хайдарова Гулрухсор Ёдгоровна - ассистентнт кафедры таджикского народа Таджикского государственного педагогического университета им. САйни Республики Таджикистан. 070009, Республика Таджикистан Шахринав, к. Богистон, тел.:(+992) 880086272.

About the autor:

Khaidarova Gulrukhsor Yodgorovna - Assistant of the Department of the Tajik People of the Tajik State Pedagogical University named after S. Aini of the Republic of Tajikistan. 070009, Republic of Tajikistan Shakhrinav, K. Bogiston, tel.: (+ 992) 880086272.

МУНОСИБАТХОИ ЩТИСОДИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ВА ДАВЛАТИ КАТАР

Болтуев С.М.

Институти омузиши масъалщои давлат^ои Осиё ва Аврупои АМИТ

Тахкику тахлилхои пайвастаи раванди робитахои дипломатй ва иктисодй-тичоратии кишвархои мухталифи чахон чун давлатхои араб, аз чумла Давлати ^атар бо Чумхурии Точикистон дар шароити чахонишавй шарт ва зарур буда, кафолати бартараф гардидани камбудихо мебошад ва он заминаи рушди мехварии онро фарохам меоварад. Хангоми ба вукуъ пайвастани хар гуна робитахо камбудихо низ пайдо мешаванд, ки ислохи онхо дар навбати худ зарурият, бартарию авлавиятхои хоси худро дорад. Бинобар ин мо кушиш ба харч додем, ки ин равандхоро мавриди омузиш карор дода, камбудихоро бартараф созем ва аз хама имкониятхои мавчуда ба пуррагй истифода кунем [4, с. 67].

Давлати ^атар яке аз кишвархои пуриктидорест, ки бо иктисодиёти худ дар чахон пас аз Иёлоти Муттахидаи Америка (ИМА), Чумхурии Халкии Хитой, Федератсияи Россия ва f. чойи хаштумро ишшл менамояд. Рушди бемайлони иктисоди баланд дар ин кишвар рохи онро ба бозори чахонй кушод, ки такрибан бо тамоми чахон додугирифтхои иктисодиву тичоратй дорад. Робитахои Чумхурии Точикистон бо ин кишвари кудратманд аз ахамияти вижа бархурдор аст. Харчанд додугирифти кишвари мо бо Давлати ^атар нисбатан кам аст, вале имкониятхои фаровон мавчуд хастанд, ки метавонанд ин додугирифтро ба сатхи баланд бардорад. Савол ба миён меояд, ки то хол равобити ин ду кишвар дар кадом сатх буд? Дурнамои муносибату хамкорихо ва афзалиятхои онхо чй гуна аст? Истифодаи хама гуна имкониятхои мавчуда бо кадом роххо имконпазир шуданаш мумкин аст, то шароитхои мусоид фарохам ояд ва боиси густариши босуръати хамкорихо гардад? Хадафи ин макола махз аз тахлилу тахкик хамин матлабхо иборат аст [7, с. 1].

Пас аз ду соли эълони истиклолияти Точикистон рузи 13-уми декабри соли 1994 муносибатхои дипломатй бо Давлати ^атар ба рох монда шуд. Аммо аз сабаби сар задани чанги шахрвандй дар Точикистон танхо мохи ноябри соли 2012 Давлати ^атар тавонист сафорати худро дар Душанбе ифтитох намояд. Сафорати Чумхурии Точикистон дар Давха бошад, дертар дар мохи майи соли 2013 ифтитох шуд. Дар зарфи 26 сол Президента Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон чахор маротиба ва нахуствазири Давлати ^атар як маротиба аз кишвархои якдигар дидан намуданд. Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон бори аввал дар сахифаи таърихи ин ду кишвари дуст рузхои 6-7 майи соли 2007 ба Давлати ^атар сафар анчом додааст. Минбаъд намояндагони парлумон ва вазоратхои гуногуни харду кишвар пайваста ба кишвархои якдигар сафар мекарданд ва масъалахои мубрам дар муносибатхо миёни Чумхурии Точикистону Давлати ^атарро марвиди баррасй карор медоданд [6, с. 119].

Бо вучуди ин хама кушишу талошхо аз хар ду чониб гардиши молу махсулот миёни Точикистону ^атар ночиз бокй мемонад. Бо сабабхои гуногун мо натавонистем имкониятхои мавчударо амалй намоем ва аз натичаи он суди назаррас ба даст оварем. Ин дар холест, ки барои ривочи хамкорихо чандин санади дучонибаву бисёрчониба ба имзо расонида шудааст. Барои нишон додани холати мавчуда ва самти харакати робитахои иктисодии ду кишвар дар зер маълумотхои омории дастрасро тахлилу баррасй мекунем.

Содироту воридот

Маълумотхо оиди гардиши молу хизматрасонй миёни Точикистону ^атар аз сомонаи байналмилалй, ба мисли СММ, сомонаи Бонки Чахонй, сомонаи Агентии Омори Точикистон ва

сомонаи Бонки миллии Точикистон дастрас карда шудаанд. Аммо мо талош намудем, ки хар чй зиёдтар аз нишондодхои иктисодии оморй истифода намоем, ки онхо бештар асоси дакик доранд, зеро онхо бо нишондодхои СММ мутобик хастанд ва онхо аз чониби макомоти марбутаи Давлати Катар таъмин карда шудаанд. Дар чадвали 1 маълумоти 5 соли охир дар мавриди содироти Точикистон ба Давлати Катар ва воридоти мо аз ин кишвар оварда шудааст.

Чадвали 1. Содироту воридоти Точикистон ба Давлати Катар дар солхои 2015-2019 (бо нишондоди хаз.дол.ИМА) ____

Солх,о Соднрот Воридот Гардиши умумй Бакия

2015 15922,07 1400,24 27312,32 24511,83

2016 13051,46 888,80 13940,26 12162,67

2017 10371,35 7466,99 18338,33 3404,36

2018 1107,03 1342,77 2456,80 -228,75

2019 1393,43 14160,35 15544,78 -12775,91

Аз чадвали 1 бармеояд, ки содироти Точикистон ба Давлати Катар гардиши нисбй дорад. Агар дар соли 2015 он 15922 хазор доллари ИМА-ро ташкил карда бошад, дар соли 2019 он ба 1393 хазор баробар шудааст ва ин пасттарин ракам нест. Камтарини он ба соли 2018 рост меояд, ки он 1107 хазор доллари амрикоиро ташкил медихад. Бештаринаш хамон 15922 хазори соли 2015 мебошад.

Воридоти Точикистон аз Давлати Катар бошад, бо вучуди тобиши мусбат доштан ноустувор аст. Агар дар соли 2015 он ба 15922 хазор доллари ИМА баробар буд, дар соли 2019 он 1393 хазорро ташкил кардааст. Аммо дар соли 2017 содирот ба Давлати Катар 10371 хазор доллари ИМА-ро ташкил кардааст, ки ин бештарин дар ин панч сол мебошад. Камтарин ракам дар ин чо дар соли 2018 ба назар мерасад, ки он баробар ба 1107 хазор доллари ИМА мебошад.

Х,амин тавр, гардиши умумии молу махсулот миёни Точикистону Давлати Катар дар шакли манфй ба назар мерасад. Дар соли 2017 гардиши умумй ба 10371 хазор доллари ИМА баробар буд, ки ин бештарин ракам дар чанд соли охир аст. Аммо соли 2018 он то ба 1107 хазор доллари ИМА поён фаромадааст.

Х,олати гардиши мол дар солхои 2015-2019 ба манфиати хар ду кишвар мебошад. Бояд гуфт, ки хамасола воридоти мо аз содиротамон ба Давлати Катар зиёд будааст. Масалан, дар соли 2017 воридоти мо 10371 хазор доллари ИМА буда, содиротамон танхо 1456 хазорро ташкил медихад. Ин чо содироти мо танхо камтар аз 20 дарсади гардиши умумй миёни ин ду кишвар мебошад, ки хеле кам аст. Вазъи содироту воридот миёни ду кишвар дар чадвали 1 нишон дода шудааст.

Кумакх,ои расмй барон рушд.

Кумакхои расмй барои рушд (КРР) ин грантхо ва карзхои имтиёзнок буда, аз чониби макомоти расмии кишвархои тараккикарда ба кишвархои ру ба тараккй, бо максади мусоидат барои рушд ва некуахволии халк дода мешаванд. Давлати Катар дар миёни 15 кишвари асосие дохил мешавад, ки чунин кумакхоро пайваста ба кишвархои ру ба тараккй мерасонад.

Дар доираи кумакхои расмй барои рушд, Давлати Катар хамасола маблагхои муайянеро барои Точикистон чудо намуда, лоихахои алохидаро маблаггузорй менамояд. Яке аз лоихахое асосие, ки Давлати Катар дар Чумхурии Точикистон амалй намудааст, иборат аз бунёди масчиди Катар мебошад. Ба гайр аз ин, дар доираи КРР Давлати Катар дар хачми 19 млн.долл.ИМА дар соли 2014 лоихаи бехбуди рушдро маблаггузорй кардааст.

Х,ачми ин кумак^о аз содироту воридот миёни ин ду кишвар ба таври назаррас зиёд аст. Мо дар боло хдчми содироту воридот миёни Точикистону Давлати Катарро дар чадвали 1 овардаем. Акнун дар чадвали 2 хдчми кумакх,ои расмии Давлати Катар ба Точикистонро, ки барои рушди сох,ах,ои гуногун равона шудаанд, меоварем.

Цадвали 2. Кумащои расмй барои рушд. _____(миллион доллИМА)

2012 27,71 5,27 32,98

2013 19,01 7,65 26,66

2014 17,49 6,05 23,54

2015 14,21 3,61 17,82

2016 25,41 5,63 31,04

Ч,амъ 103,83 28,21 132,04

Сарчашма: сомонаи ВУХ Давлати Катар (https://www.mofa.go.qa/files/008566.pdf) Мукоисаи содироту воридоти мол ва КРР нишон медихад, ки дар панч соли овардашуда (20122016) КРР хамеша аз содироту воридот дар алохидагй ва хам гардиши умумии мол миёни ду кишвар зиёд будааст.

Дар тули панч соли охир КРР-и Давлати Катар ба Точикистон аз содироти мо ба ин кишвар зиёд будааст. Чамъи нишондихандахои панчсола хам нишон медихад, ки агар дар тули ин панч сол Точикистон аз Давлати Катар 112,06 млн.долл.ИМА кумакхо барои рушд гирифта бошад, содирот ба ин кишвар хамагй 13,52 млн.долл. ИМА-ро ташкил мекунад. Ин такрибан 8 маротиба камтар аст. Ин ба он маъност, ки Чумхурии Точикистон натавонистааст аз имкониятхои тичоратй бо Давлати Катар истифодаи дуруст кунад. Содироти молу хизматрасонихо дар холати ба рох мондани муносибатхои иктисодии дуруст, метавонанд ба маротиб аз КРР зиёдтар бошанд. Холати баръаксе, ки мо холо мебинем, кобили кабул нест. Ба ин масъала диккати чиддй додан лозим аст, то аз имкониятхои мавчуда дуруст истифода карда шавад ва рохи бурунрафт аз ин холати ногувор пайдо карда шавад [8, с. 117].

Воридоти Точикистон аз Давлати Катар низ аз КРР-и ин кишвар ба мо такрибан 4 маротиба камтар аст. Яъне Давлати Катар аз тичорати бевосита ба Точикистон агар дар панч соли мавриди назари мо 21,89 млн.долл.ИМА ба даст оварда бошад, 4 маротиба зиёдтар (102,04 млн.долл.ИМА) хамчун кумаки расмй барои рушд ба кишвари мо пардохт кардааст.

Коршиноси катарй Саид ал Нафис яке аз сабабхои асосии кам будани хузури иктисодии Давлати Катар дар кишвархои Осиёи Миёнаро, нисбат ба КРР, паст будани сатхи сармоягузории мустаким медонад. У меафзояд, ки сармоягузорй ба Осиёи Миёна хатархои муайянеро дорад, ки бесуботии иктисодй ва ноустувории сиёсати иктисодй дар ин кишвархо аз чумлаи онхо мебошанд[3]. Барои Точикистон дар баробари ин мушкилот, махдуд будани бозори фуруш, мавкеи номувофики чугрофй ва паст будани хосилнокии мехнат аз омилхои махдудкунандаи рушди муносиботи иктисодй бо Давлати Катар ба шумор мераванд [7, с. 204].

Яке аз роххои таквият бахшидани равобити иктисодии Точикистон ва Давлати Катар ин ташкили фазои мувофики сармоягузорй барои ширкатхои катарй ва ба рох мондани махсулотхое, ки Давлати Катар аз хорич ворид месозад ва кишвари мо дар истехсоли онхо бартарияти нисбй дорад, мебошад. Сармоягузории мустакими хоричиро наметавон танхо бо таблиг ва тавсифхо чалб кард. Фазои мусоидро барои хама фарохам бояд сохт. Чунки дар чунин холат ракобати солим аз миён меравад. Дар холе, ки дар шароити иктисоди бозаргонй танзимгари одилонатарин ракобат мебошад.

Бо фарохам овардани фазои солими сармоягузорй барои сармояхои мустакими хоричй, тахкикотхои бисёрталаби алохидаро метавон дар Давлати Катар ва Точикистон гузаронд ва талаботи Давлати Катар ва имкониятхои Точикистонро дар назар гирифта, истехсоли махсулотеро чунон ба рох монд, ки Чумхурии Точикистон дар он бартарияти нисбй ё бартарияти мутлак дорад. Танхо дар асоси натичахои чунин тадкикотхои амик метавон равобити иктисодии Точикистону Давлати Катарро ба сатхи баланд расонд ва хама имкониятхои мавчударо самаранок истифода кард. Дар ин замина ба масъалаи мазкур зарур аст, ки мутахассисон ру биёранд ва дар дурнамои барои он тасмимхои чиддиро гиранд. Хар кишвар шароити ба худ хоси рушдро дорад ва тачрибаи яке на хама вакт бо давлати дигар мувофик меояд. Баъдан ракобат хам дар сатхи байналмилалй ва минтакавй вучуд дорад. Ба хамин сабаб роххои нав ва фикрхои нав метавонанд калиди асосй шавад. Таклид ки навоварй буда наметавонад ва таклидгар хамеша дар акиб мемонад. Саид ал Нафис дар ин маврид мегуяд: "ин давлатхо ва мардуми онхо аз Осиёи Миёна хастанд, ки бояд барои дарёфти дониш, технология ва сармоя бо хам ракобат кунанд ва махорати худро дар муносибатхои байналмилалй таквият бахшанд" [10, с. 1].

Бояд гуфт, ки ояндаи дурахшони хар кишвар дар дасти хукумати кишвар ва коршиносони варзидаи он давлат мебошад. Махз дастбакорони имруза вазифадоранд чорахои заруриро барои муносибатхои иктисодии бехтаре миёни Точикистону Давлати Катар (ё кишвархои дигар) андешанд ва амалй созанд.

АДАБИЁТ

1. 25 кадам дар пахнои олам / хайати тахририя: Н. Зохидй, В. Ниятбеков, А. Камолов. Душанбе: Ирфон, 2011.- 129 с.

2. Ахмедов А. Социальная доктрина ислама. М., 1982. - 321 с.

3. Зокиров Г. Донишномаи сиёсй. Душанбе.2007.- 116 с.

4. Зарифй Х. Сиёсати хоричии Точикистон - дар масири истикдолият, хайати тахририя: Н. Зохидов, Д. Назриев.

Душанбе: Ирфон, 2011.- 178 с.

5. Таджикистан: десять лет независимости, национального единства и созидания (2001, в четырех томах) / Зокиров

Г. Душанбе, 2003, - 236 с.

6. Таджикистан: четыре года независимости и самосознания (1995), Таджикистан на пути демократии и

цивилизованного общества (1996), - Душанбе, 2000. - 213 с.

7. Давлятов З.К. Точикистон ва Шохигарихои арабй: хамкорй ва дурнамо /З.К., Давлятов. - Душанбе: Дониш, 2003. -326 с.

8. Оймамадов М. Иктисодиёти чахон, Душанбе, 2000, 568 с.

9. Basic Approaches of Qatar's ODA

10. (https://www.mofa.go.qa/policy/oda/summary/1995/1basic.html)

11. Qatar's ODA Data for Tajikistan

12. (https://www.mofa.go.qa/files/000142566.pdf)

13. Qatar's Policies in Relation to Central Asia (http://mitp-content.server.mit.edu:18180/.books/content/sectbyfn?collid=books_pres_0&id=6802&in=9780262621748_sch_0005.pdf)

14. Аналитическая таблица экспорта-импорта товаров по странам

15. (https://nbt.tj/ru/payments_balance/analytical_table.php)

16. Qatar Product exports and imports from Tajikistan 2016-2019 (https://wits.worldbank.oig/CountryProiile/en/Country/JPN/Year/2017/TradeFlow/EXPIMP/Partner/TJK/Product/All-Groups#)

17. UN Comtrade Database (https://comtrade.un.org/data)

18. Катар в Центральной Азии в начале XXI века (https://www.researchgate.net/publication/319062911_Aponia_v_Centralnoj_Azii_v_nacale_HHI_veka_izucenie_problemy_ ekonomiceskogo_vliania_qatar_specialistami/link/5a218288aca2727dd87a9ei0/download)

ЭКОНОМИЧЕСКИЕ ОТНОШЕНИЯ МЕЖДУ РЕСПУБЛИКОЙ ТАДЖИКИСТАН И

ГОСУДАРСТВОМ КАТАР

В данной статье автор анализирует сотрудничество между Республикой Таджикистан и Государством Катар, которое включает в себя торгово-экономические отношения. Следует отметить, что в период независимости Республика Таджикистан приложила максимум усилий за создание иностранных учреждений, состоящих из посольств, консульских представительств Республики Таджикистан за рубежом и постоянных представительств страны при международных организациях.

Прежде всего, вклад Президента страны, Основателя мира и национального единства, Лидера нации очень важны для установления экономических отношений. Внешняя политика Таджикистана известна на мировом масштабе, и поэтому зарубежные страны, с которыми сотрудничает Республика Таджикистан, имеют высокий статус и престиж. В результате в странах, с которыми тесно сотрудничает Республика Таджикистан, существуют постоянные представительства республики.

Ключевые слова: экономическая политика, Республика Таджикистан, Катар, развитие, экономика, коммуникация, соглашение.

ECONOMIC RELATIONS BETWEEN THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN AND THE STATE OF QATAR

In this article, the author analyzes the cooperation between the Republic of Tajikistan and the State of Qatar, which includes trade and economic relations. It should be noted Tajikistan made a lot initiatives during the period of Independence of the Republic of Tajikistan for the establishment of foreign institutions consisting of embassies, consular missions of the Republic of Tajikistan abroad and permanent missions of the country to international organizations.

First ofall, the contribution of the President of the country, the Founder ofpeace and national unity, the Leader of the nation are very importantfor establishing economic relations. The foreign policy of Tajikistan is known in the world at wide level and therefore the Republic of Tajikistan which cooperates with the foreign countries they have high status and prestige. As a result, the Republic of Tajikistan which works closely with the foreign countries, there are permanent representations of the Republic.

Keywords: economic policy, Republic of Tajikistan, Qatar, development, economy, communication, agreement.

Сведения об авторе:

Болтуев Сафарбой Муродович, аспирант Института изучения проблем стран Азии и Европы АНРТ, E-mail: boltuev.s@gmail.com

About the author:

Boltuev Safarboy Murodovich, Post-graduate student of the Institute of studying of the issues of Asian and European countries of the Academy of Sciences of Tajikistan, E-mail: boltuev. s@gmail. com

МАСЪАЛАХРИ АЗХУДКУНИИ ЗАХИРАДОИ ЭНЕРГЕТИКИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Мирзоев Ф. А.

Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи Садриддин Айнй

Яке аз масъалахои дорои хусусияти минтакавй дошта дар Осиёи Марказй масъалаи истифодаи комплекси захирахои об мебошад. Захирахои гидроэнергетикии Точикистон фаровон буда, чумхурй дар микёси чахон яке аз чойхои аввалинро ишгол менамояд. Ин вокеият стратегияи рушди энергетикаро дар кишвар муайн месозад. Дар раванди амалй намудани хадафхои стратегии миллии кишвар доимо бо таъмини истиклолияти энергетикй ахамияти хоса дода мешавад. Рушди сохаи энергетика дар Точикистон барои тараккй додани сохахои истехсолот, баланд бардоштани иктидори истехсолй, паст кардани сатхи камбизоатй накши хоса дорад. Чи тавре ки аз Паёмх,ои Сарвари давлат бар меояд рушди мунтазами иктисодиёти кишвар бе истиклолияти пурраи энергетикй гайриимкон аст, бинобар он Хукумати Чумхурии Точикистон ба рушди босуботи сохаи энергетика хамачониба мусоидат менамояд. Хусусан Паёми Президента Чумхурии Точикистон ба Мачлиси олии Чумхурии Точикистон, 24 апрели соли 2010 дар бораи хадафхои стратегии Чумхурии Точикистон чунин гуфта шудааст: «Максади асосии сиёсати иктисодии давлати Точикистон ба рох мондани рушди устувори иктисод буда, хамаи накшахои мо асосан дар доираи се хадафи стратегй, яъне таъмини истиклолияти энергетикй, аз бунбасти коммуникатсионй рахой бахшидани кишвар ва хифзи амнияти озукаворй тархрезй гардидаанд ва тадричан амалй карда мешаванд».[3,с. 20]

Яке аз омилхои калидии бехбудй дар Осиёи Марказй истифодаи захирахои обй-энергетикй бо назардошти манфиатх,ои хамаи давлатхои минтака мебошад.[2, с. 90-91] Об дар Осиёи Марказй неъмати бебахо, мухимтарин унсури миллй ва амнияти минтакавист. Он дар баробари неъмати истеъмолии зарурии хаётй будан, асосан дар хочагии халк бо максади обёрии замин ва тавлиди энергия истифода бурда мешавад. Чумхурии Точикистон дорои захирахои фаровони обист ва 60 фоизи оби дарёхои Осиёи Марказй, аниктараш 64 миллиард метри мукааб об харсол дар каламрави кишвар тавлид меёбад. Манбаи ин оби фаровон дар навбати аввал агар боришоти зиёди барфу борон дар минтакахои баландкух бошад, аз тарафи дигар пиряххо мебошанд.[8] Пиряххо сарчашмаи асосии дарёхо буда, шумораи онхо дар чумхурй 14509 ададро ташкил дода, масохати умумии майдони яхбандии онхо 11146 километри квадратиро дар бармегирад. Тавассути каламрави кишвар 947 дарёхои хурду калон чори мешавад, ки дарозии умумии онхо беш 28500 км аст.[6] Инчунин 1300 кул ва чашмахои сершумор мавчуд буда захираи обхои зеризаминиаш бошад ба 6,8 км/мураббаъ баробар аст.[5] Аз ин лихоз метавон танхо дар дарёхои чоригардидаи чумхурй даххо неругоххои обии хурду калон сохт, ки натанхо бахри таъмини энергия, балки миллионхо гектар заминхои кишоварзй ва дигар сохахои хочагии халкй минтакаи Осиёи Миёнаро бо об таъмин намоянд.

Шароити кухсори Точикистон барои истехсоли неруи барк хело мусоид аст, бинобар ин аз нигохи илмй, сохтани неругоххои обию баркй нисбат ба дигар минтакахои сайёра камхарч мебошад.

Дар айни замон Точикистон ба захираи бою нодири энергияи об молик аст. Тибки кудрати захиравй он дар чахон дар чои хаштум ва ба хар сари ахолй ва нисбати каламрав мутаносибан чои дуюм (87,7 хазор киловат соат ба хар сари ахолй) ва мавкеи аввалро (3,62 миллион киловатт соат-километри квадратй) ишгол мекунад.[1] Мувофики маълумоти атласи чахонии гидроэнергетикй HVDROWERENDDAMS (1997) захирахои энергетикаи обии Точикистон зиёда аз 527 млрд кВ/с дар як сол аст. Хулоса дар Точикистон 4% захирахои гидроэнергетикии чахон чойгир мебошанд, ки танхо захираи гидроэнергетикии дарёи Вахш 45 млрд.кВтс.дар як сол мебошад. Точикистон бо ба кор андохта шудани неругоххои сохташаванда метавонад дар як сол 33,5 млрд. кВтс. барк истехсол

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.