Научная статья на тему 'ДОИР БА МАСЪАЛАИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ИРТИБОТЇ ДАР КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОҶИКИСТОН'

ДОИР БА МАСЪАЛАИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ИРТИБОТЇ ДАР КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОҶИКИСТОН Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
84
15
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
промышленные предприятия / коммуникация / коммуникационная политика / маркетинг / крупные / средние и малые предприятия / отрасли промышленности / реализация продукции.

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Қурбонова Хиромон Ниёзовна

В докладе рассматривается роль и значение коммуникационной политики на промышленных предприятиях Республики Таджикистана в развитии отрасли. Исследование проводилось путем прямого опроса предприятий с использованием опросных анкет, всего в обследование было включено 69 промышленных предприятий г. Душанбе и Согдийской области. При обследовании промышленных предприятий учитывались размер, форма собственности и отрасль экономики. Результаты опроса и конкретные рекомендации по реализации коммуникационной политики на промышленных предприятиях представлены автором в данной статье, которые включают: во всех промышленных предприятиях и компаниях, занимающихся производством товаров и услуг, должны быть созданы маркетинговые службы с современным оборудованием информационных технологий и высококвалифицированными кадрами; руководители промышленных предприятий должны пройти курсы повышения квалификации в области маркетинга; широко реализовать вопрос о переходе от административных рычагов управления предприятием к экономическим рычагам; Торгово-промышленная палата РТ должна определит льготы для участии предприятий в региональных и международных выставках товаров и продукции.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ДОИР БА МАСЪАЛАИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ИРТИБОТЇ ДАР КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОҶИКИСТОН»

УДК:08.00.05

ДОИР БА МАСЪАЛАИ ТАТБИЦИ СИЁСАТИ ИРТИБОТИ ДАР КОРХОНАХОИ САНОАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧ,ИКИСТОН

ЦУРБОНОВА ХИРОМОН НИЁЗОВНА

соискатель кафедры экономика предприятий и предпринимательства Таджикского национального университета

К ВОПРОСУ О РЕАЛИЗАЦИИ КОММУНИКАЦИОННОЙ ПОЛИТИКИ НА

ПРОМЫШЛЕННЫХ ПРЕДПРИЯТИЯХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАНА

КУРБАНОВА ХИРОМОН НИЕЗОВНА

соискатель кафедры экономика предприятий и предпринимательства Таджикского национального университета

Аннотация: В докладе рассматривается роль и значение коммуникационной политики на промышленных предприятиях Республики Таджикистана в развитии отрасли.

Исследование проводилось путем прямого опроса предприятий с использованием опросных анкет, всего в обследование было включено 69 промышленных предприятий г. Душанбе и Согдийской области. При обследовании промышленных предприятий учитывались размер, форма собственности и отрасль экономики. Результаты опроса и конкретные рекомендации по реализации коммуникационной политики на промышленных предприятиях представлены автором в данной статье, которые включают: - во всех промышленных предприятиях и компаниях, занимающихся производством товаров и услуг, должны быть созданы маркетинговые службы с современным оборудованием информационных технологий и высококвалифицированными кадрами; - руководители промышленных предприятий должны пройти курсы повышения квалификации в области маркетинга; - широко реализовать вопрос о переходе от административных рычагов управления предприятием к экономическим рычагам; - Торгово-промышленная палата РТ должна определит льготы для участии предприятий в региональных и международных выставках товаров и продукции.

Ключевые слова: промышленные предприятия, коммуникация, коммуникационная политика, маркетинг, крупные, средние и малые предприятия, отрасли промышленности, реализация продукции.

Саноат сохаи мухимтарини истехсолот аст, ки ба рушди сатхи иктисодиёти чомеа, саноатикунонии асосхои моддии иктисодиёт таъсири халкунанда дорад. Тахлили вазъияти ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон аз он шаходат медихад, ки рушди иктисодй, халли бештари муаммохои ичтимой, баландбардории некуахволии ахолии мамлакат дар асоси инкишофи сохаи саноат муайян карда мешавад. [1. С. 209]

Барои муайян кардани тамоилхои рушди корхонахои сохаи саноат дар чадвали 1. динамикаи онхо дар Чумхурии Точикистон дар солхои 2015-2020, ки оварда шудааст, тахлил менамоем.

Чи тавре ки аз ракамхои чадвали 1 дида мешавад, дар давраи баррасишаванда шумораи умумии корхонахои саноатй дар Чумхурии Точикистон зиёда аз 1,5 маротиба (55%) афзудаанд. Дар ин давра дар сохаи саноати истихрочи маъдан шумораи корхонахо 23,4% афзудаанд, аммо дар сохаи саноати коркард корхонахо 10,9% кам шудаанд. Бояд кайд намуд, ки дар ин давра корхонахо дар сохахои истехсолу таксими неруи барк, об, газ ва гармй кариб 7 маротиба (692,0%) зиёд шудаанд, бо сабаби ахамияти махсус додан ба ин сохахо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон.

Чадвали 1.

Динамикаи нишондихандахои умумии сохаи саноати Чумхурии Точикистон дар солхои 2015-2020 (вохид) [2. 8-9; 30]

Нишондихандахо 2015 2016 2017 2018 2019 2020 С.2020 нисбат ба с. 2015, %

Шумораи корхонахо 2310 2043 1999 2161 2164 2283 155,0

аз он чумла

Саноати истихрочи 214 232 229 249 250 264 123,4

маъдан

Саноати коркард 2071 1772 1732 1806 1746 1846 89,1

Истехсолу таксими 25 39 38 106 168 173 692,0

неруи барк, об, газ ва

гармй

Воридшавй ба чомеаи иттилоотй на танхо тавассути афзоиши босуръати равандхои иттилоотй, ки ба истифодаи технологияхои нав асос ёфтаанд тавсиф мешавад, инчунин он ба тагйирёбии мундаричаи худи воситахои иртиботй каробат дорад.

Иртибот дар чомеа бо максади табодули иттилоот барои якдигарфахмй ва мувофикасозии фаъолият байни одамон дар сохахои гуногуни муносибатхои чамъиятй ахамияти мухим дорад. Ба истилохи дигар бе иртибот мавчудияти хамагуна ташкилот гайриимкон аст ва аз ин хотир пажухиши мавзуи мазкур аз ахамият холй нест.

Иртибот фарогири хама намудхои фаъолият дар ташкилот, муассиса ва корхонахо буда, ягона воситаест, ки барои хамохангсозии тащкили фаъолияти муназзами хама зерсохторхои он имконият фарохам меорад.

Бо ёрии он самаранокии фаъолияти ташкилот, муассиса ва корхонахо баланд мегардад, хадафхои дар назди корхона гузошташуда босамар татбик мешаванд, сатхи зарурии хамкорй бо шарикони хамкор, корохонахои ракиб, истифодабарандагони махсулоти корхона, мизочон ва чомеа таъмин карда мешавад. Ташкилот, муассиса ва корхонахои муосир барои нигохдории мавкеи худ дар чомеа системаи мураккаби маркетинги иртиботиро рохандозй менамоянд.

Чунин тарзи фаъолият имконият фарохдм меорад, ки иртибот бо чомеа, дигар субъектхои фаъолияти иктисодй дар бозор, мизочон, миёнаравхо устувор нигох дошта шавад ва ба ин васила фаъолияти корхона ва молу махсулоти дар он истехсолшаванда ва ё хизматрасонихои он ба таври васеъ ташвик ва таргиб гардад. Хадафи асосии сиёсати иртиботй хам аз хамин иборат мебошад.[3. 93]

Сиёсати иртиботии корхона воситаи таъсиррасонии он ба мухити дохила ва беруна тавассути табодули иттилоот буда, ба ташаккули талабот ва танзими фуруши махсулот нигаронида шудааст. Ахамияти сиёсати иртиботй барои корхона аз руи талаботи бозор ба махсулоти он муайян карда мешавад.

Аз ин хотир, мавриди тахкик карор гирифтани масъалаи рохандозии васеи сиёсати иртиботй дар корхонахои саноатй хеле мухим буда, дар ин замина хадаф, соха ва мавзуи тахкикоти мазкур муайян гардидаанд.

Бо ин максад аз чониби муаллиф дар 69 корхонахои саноатй пурсиши корфармоён оид ба татбики сиёсати иртиботй дар фаъолияти корхонахо гузаронида шуд, ки аз ин теъдод 18 корхона ба шахри Душанбе ва 51 адад ба шахру нохияхои вилояти Сугд тааллук доранд.

Интихоби корхонахо дар ин минтакахо бар он асос меёбад, ки ин минтакахо аз чихати рушди саноат пешрав мебошанд.

Дар тахкикот усули интихоби эхтимолй истифода гардида, корхонахо аз руи андоза, шакли моликият, сохахои иктисодиёт интихоб ва мавриди пурсиш карор дода

шудаанд. [4. С. 113] Таксимоти корхонахо аз руи андоза, шакли моликият ва сохахои иктисодиёт дар чадвали 2 оварда шудааст.

Чддвали 2.

Таксимоти корхонахо аз руи андоза, шакли моликият ва сохахои иктисодиёт [5]

Рт/т Корхонахо Душанбе Сугд Хамагй

1 Андозаи корхонахо 18 51 69

Калон 4 9 13

Миёна 7 14 21

Хурд 7 28 35

2 Шакли моликият

Давлатй 3 3 6

Хусусй 15 36 51

Саххомй - 5 5

Муштарак - 7 7

3 Сохахои саноат

Агросаноатй - 6 6

Саноати истихроч - 6 6

Саноати коркард 11 19 30

Неруи барк, таъминоти газ ва об 1 - 1

Мошинсозй 1 1 2

Маводи сохтмонй 5 14 19

Хизматрасонй - 5 5

Бояд кайд намуд, ки корхонахои калон корхонахое мебошанд, ки дорои зиёда аз 201 вохиди корй, корхонахои миёна аз 31 то 200 вохиди корй ва корхонахои хурд аз 5 то 30 вохиди корй мебошанд.

Шумораи умумии кормандони корхонахои ба пурсиш фарогирифташуда 16201 нафарро ташкил намуд.

Таксимоти корхонахо аз руи шакли моликият нишон дод, ки 6 адад корхонахои давлатй (8,7%), 51 адад корхонахои хусусй (73,9%), 5 адад корхонахои саххомй (7,2%) ва 7 ададро корхонахои муштарак (10,1%) ташкил медиханд.

Вобаста ба сохахои иктисодиёт 6 адад корхонахо ба сохаи кишоварзй (8,7%), 6 адад ба сохаи саноати истихроч (8,7%), 30 адад ба саноати коркард (43,5%), 2 адад ба саноати мошинасозй (2,8%%), 19 адад сохаи сохтмон (27,5%), 5 адад ба сохаи хизматрасонй (7,2%) ва 1 адад ба сохаи таъминоти неруи барк, газ ва об (1,4%) тааллук доштанд. Таксимоти корхонахо вобаста ба сохахои иктисодиёт дар диаграммаи 1 оварда шудааст.

Пурсиши корхонахо дар заминаи анкета анчом дода шуд, ки фарогири 6 номгуи маълумоти зерин мебошад:

- Номи корхона, ширкат ва нишонй;

- Маълумоти умумй дар бораи корхона ва ширкат;

Тарафхои пуркуввати корхона, ширкат нисбат ба дигар корхона ва ширкатхои хамсон;

- Харидорони асосии махсулоти корхона ва ширкат;

- Бозоршиносй (маркетинг) дар корхона ва ширкат;

- Маълумоти иловагй оид ба корхона ва ширкат.

Коркарди анкетахои пурсиши корхонахо нишон дод, ки аз 69 корхонаи ба пурсиш фарогирифташуда танхо дар 25 корхона (36,2%) шуъбахои маркетинг мавчуд мебошад,

ки аз ин шумора 4 адад ба шахри Душанбе ва 21 адад ба вилояти Сугд рост меояд. Нишондихандаи мазкур аз он гувохй медихад, ки ба масъалаи маркетинг дар корхонахои саноатии кишвар эътибори чиддй зохир намешавад ва тасдики ин гуфтахо бар он асос меёбад, ки махсулоти корхонахо асосан дар сатхи махали чойгиршавии онхо (89,8%) ба фуруш бароварда мешавад.

Тахлили сатхи фуруши махсулоти корхонахо дар сатхи махал, минтака ва хорич аз худуди Точикистон нишон медихад, ки 89,8 фоизи махсулоти корхонахо танхо дар сатхи махал, 49,2 фоиз дар сатхи минтака ва хамагй 20,3 фоиз дар хорич аз марзи Точикистон ба фуруш бароварда мешавад. Нишондихандахои мазкур бараъло аз он гувохй медиханд, ки хануз дар Точикистон ба масъалахои маркетинг аз чониби ташкилоту корхонахо диккати чиддй дода намешавад ва сиёсати иртиботии корхонахо дар сатхи зарурй рохандозй нагардидааст (Диаграммаи 2).

Диаграммаи 2.

Фуруши мах,сулот

Хорич, аз кишвар; 20,3%

Сат^и минтака; 49,2%

Сат^и ма^ал; 89,8%

Сат^и ма^ал ■ Сат^и минтака ■ Хорич, аз кишвар

Бар замми ин, натичахои пурсиши корхонахо нишон медихад, ки аз чониби онхо бо максади пиёда намудани сиёсати иртиботй хамагй 8,7 фоиз аз очонсихои таблиготй, 26,1 фоиз тавассути пахн намудани варакахои иттилоотй, 50,7 фоиз тавассути ташкил ва баргузор намудани ярмаркаи фуруши махсулот, 26,1 фоиз бо истифодаи таблигот тавассути васоити ахбори омма ва 28,9 фоиз тавассути истифода аз шабакахои ичтимой (интернет) чунин фаъолиятро ба рох мондаанд.

Вазъи мавчуда оид ба рохандозии сиёсати иртиботй дар корхонахои саноатии Точикистон такозо менамояд, ки ин сиёсат бояд куллан тагйир дода шавад, то ин ки корхонахо тавонанд махсулоти худро гайр аз бозори дохили кишвар, инчунин дар бозорхои сатхи минтака ва хорич аз худуди Точикистон ба фуруш бароранд ва ба ин васила аввалан мавкеи худро дар ин бозорхо мустахкам ва баъдан чихати диверсификасияи бозори фуруши махсулоти худ ва таъмини фаъолияти густурда заминаи муътамад фаро биёранд.

Бо ин максад зарур аст, ки:

- дар тамоми корхонахои саноатй ва ширкатхо, ки ба истехсоли молу хизматрасонй машгул мебошанд, раёсат, шуъба ва ё бахшхои маркетинг (бозоршиносй) ташкил карда шуда, вохидхои мазкур бо тачхизоти муосири технологияхои электронй ва кадрхои баландихтисоси сохаи маркетинг таъмин карда шаванд;

- рохбарони корхонахои саноатй ва ширкатхо (корфармоён) аз курсхои такмили ихтисос ва омузиши сохаи маркетинг гузаронида шаванд;

- дастгирии давлатии корхонахое, ки ба истехсоли молу махсулоти воридотивазкунанда машгул мебошанд (гайр аз имтиёзхо дар сохаи андоз) ба рох монда шавад. Аз чумла зимни амалй намудани ташвикоту таргиботи молу махсулоти ин

корхонахо тавассути васоити ахбори омма (ВАО), ташкил ва баргузор намудани ярмаркахои фуруши махсулот дар сатхи минтакахо ва хорич аз марзи Точикистон, инчунин зимни истифода аз шабакахои ичтимой;

- масъалаи гузариш аз фишангхои маъмурии идоракунии корхонахо ба фишангхои иктисодй васеъ ба рох монда шавад;

- аз чониби Палатаи савдо ва саноат зимни иштироки корхонахо дар намоишхои минтакавй ва байналмилалии муаррифии молу махсулот имтиёзхо муайян карда шавад.

АДАБИЁТ:

1. Низомова Т.Д.Накши сохаи саноат дар рушди иктисодиёти Чумхурии Точикистон//Маводи конфронси байналмилалй илмй-амалй «Муаммохои мубрами ташаккули чомеаи иттиоллотй дар ЧТ: вазъият ва дурнамои тараккй». (15. 05. 2018).- Душанбе, 2018. С.209.

2. Саноати Чумхурии Точикистон: 30 соли истиклолияти давлатй. Мачмуаи оморй. АОПЧТ, Душанбе. - 2021. - с. 97. Дисобхои муаллиф.

3. Кубышкина М.В. Методы определения представительной выборки при опросе работодателей. Вестник Российского экономического университета им. Г.В. Плеханова. -2012.- №12.- с. 93-97.

4. Ильясов Ф.Н. Репрезентативность результатов опроса в маркетинговом исследовании // Социологические исследования. -2011. - №3. - с. 112-116.

5. Маводхо дар натичаи пурсиши корхонахои саноатй.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.