Научная статья на тему 'ДОИР БА БАРХЕ МАСЪАЛАҳОИ АСОСИИ ТАШАККУЛИ МАВқЕИ ҳАЁТИ ФАЪОЛ ВА ОГОҳОНАИ МАКТАББАЧАГОН'

ДОИР БА БАРХЕ МАСЪАЛАҳОИ АСОСИИ ТАШАККУЛИ МАВқЕИ ҳАЁТИ ФАЪОЛ ВА ОГОҳОНАИ МАКТАББАЧАГОН Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
96
12
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МАВқЕИ ФАЪОЛОНАИ ҳАЁТ / ШУУР / ДОНИШҳОИ КИТОБӣ / ДОНИШҳОИ ҳАЁТӣ / ТАРЗИ ҳАЁТИ БОШУУРОНА / ИТТИЛООТ / ТАШКИЛ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ КОМПУТЕРӣ / САВОДНОКИИ КОМПУТЕРӣ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Раҳматуллоев Набиҷон Разоқович

Дар мақолаи мақоми шуур ва тарзи ҳаёти бошуурона дар ташаккули мавқеи фаъолонаи ҳаёти одам-гурӯҳи иҷтимоии ҷомеа мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар ҳамин замина ташаккули мавқеи фаъолона ва бошууронаи мактаббачагон мадди назари муаллиф қарор гирифтааст. Нақш ва ҷойгоҳи донишҳои ҳаётӣ ва китобӣ, мавқеъ ва мақоми китоб, китобхона, китобхонӣ, шавқу рағбат нисбат китобхонӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар як вақт нақш ва мақоми иттилоотии соҳаҳои гуногуни ҳаёт, саводнокии компутерӣ, техника ва технологияи иттилоотӣ мавриди тадқиқ гардидааст. Дар ташаккули мавқеи фаъолона ва бошууронаи ҳаётӣ мақоми илму маориф, ҳамкории судманди байни онҳо, нақш ва ҷойгоҳи навгониҳои илмӣ, ҳамкории судманди байнамиллалӣ дар соҳаи илму маориф ҳамчун заминаи пешравии аҳли башар дар ин самт арзёби гардидааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по языкознанию и литературоведению , автор научной работы — Раҳматуллоев Набиҷон Разоқович

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ON CERTAIN MAIN ISSUES CONCERNED WITH FORMATION OF AN ACTIVE AND CONSCIOUS LIFE POSITION OF STUDENTS

The article under consideration dwells on the role of consciousness and conscious lifestyle in formation of an active life position of a person-social group-society. Proceeding from this consideration, the author focuses on an active and conscious life position of schoolchildren formation. In reference to it, the role and place of life knowledge, book knowledge, the role and place of a book, library, reading books, interest and need for reading books are disclosed. At the same time, the role and place of informatization of various spheres of life, computer literacy, information techniques and technologies is revealed as well. In the formation of an active and conscious life position, role and place of science and education, their rational integration and role and place of scientific innovation, rational international cooperation in the field of science and education are considered as the basis for the advancement of mankind in the relevant streamline.

Текст научной работы на тему «ДОИР БА БАРХЕ МАСЪАЛАҳОИ АСОСИИ ТАШАККУЛИ МАВқЕИ ҳАЁТИ ФАЪОЛ ВА ОГОҳОНАИ МАКТАББАЧАГОН»

ТДУ 371. 01 ТКБ 74.200

ДОИР БА БАРХЕ МАСЪАЛА^ОИ АСОСИИ ТАШАККУЛИМАВЩИ ХАЁТИ ФАЪОЛВА ОГОХОНАИ МАКТАББАЧАГОН

О НЕКОТОРЫХ ГЛАВНЫХ ВОПРОСАХ ФОРМИРОВАНИЯ АКТИВНОЙ И СОЗНАТЕЛЬНОЙ ЖИЗНЕННОЙ ПОЗИЦИИ ШКОЛЬНИКОВ

ON CERTAIN MAIN ISSUES CONCERNED WITH FORMATION OF AN ACTIVE AND CONSCIOUS LIFE POSITION OF

STUDENTS

Ра^матуллоев Набицон Разоцович,

саромузгори кафедраи умумидонишгоуии тарбияи цисмонии МДТ "ДДХ ба номи акад. Б. Fафуров" (Тоцикистон, Хуцанд)

Рахматуллаев Набиджон Разакович,

старший преподаватель

общеуниверситетской кафедры физкультуры ГОУ "ХГУ имени акад. Б. Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)

Rahmatulloev Nabijonov Razaqovich, senior teacher of the all-university department of physical education under the SEI "KhSU named after acad. B.Gafurov" (Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected]

Вожа^ои калиди: мавцеи фаъолонаи уаёт, шуур, донишуои китоби, донишуои уаёти, тарзи уаёти бошуурона, иттилоот, ташкил ва технологияи компутери, саводнокии компутери

Дар мацолаи мацоми шуур ва тарзи уаёти бошуурона дар ташаккули мавцеи фаъолонаи уаёти одам-гурууи ицтимоии цомеа мавриди таулил царор дода шудааст. Дар уамин замина ташаккули мавцеи фаъолона ва бошууронаи мактаббачагон мадди назари муаллиф царор гирифтааст.

Нацш ва цойгоуи донишуои уаёти ва китоби, мавцеъ ва мацоми китоб, китобхона, китобхони, шавцу рагбат нисбат китобхони мавриди таулил царор дода шудааст. Дар як вацт нацш ва мацоми иттилоотии соуауои гуногуни уаёт, саводнокии компутери, техника ва технологияи иттилооти мавриди тадциц гардидааст. Дар ташаккули мавцеи фаъолона ва бошууронаи уаёти мацоми илму маориф, уамкории судманди байни онуо, нацш ва цойгоуи навгониуои илми, уамкории судманди байнамиллали дар соуаи илму маориф уамчун заминаи пешравии аули башар дар ин самт арзёби гардидааст.

Ключевые слова: активная жизненная позиция, сознание, книжные знания, жизненные знания, сознательный образ жизни, информатизация сферы образования, информационная техника и технология, компьютерная грамотность

В статье анализируется роль сознания и сознательного образа жизни в формировании активной жизненной позиции человека-социальной группы-общества. На этой основе в центре внимания автора находится проблема формирования активной и сознательной жизненной позиции школьников.

В связи с этим раскрываются роль и место жизненных знаний, книжных знаний, роль и место книги, библиотеки, чтения книг, формирования интереса и потребности к чтению книг. Вместе с тем также анализируются роль и место информатизации различных сфер жизни, компьютерной грамотности, информационной техники и технологии. В формировании активной и сознательной жизненной позиции немаловажной значение имеют наука и образование, их рациональная интеграция, научные инновации, рациональное международное сотрудничество в этих сферах как основа продвижения человечества в данном направлении.

Key words: active life position, consciousness, book knowledge, life knowledge, conscious lifestyle, informatization of sphere of education, informational technics and technology, computer literacy

The article under consideration dwells on the role of consciousness and conscious lifestyle in formation of an active life position of a person-social group-society. Proceeding from this consideration, the author focuses on an active and conscious life position of schoolchildren formation.

In reference to it, the role and place of life knowledge, book knowledge, the role and place of a book, library, reading books, interest and need for reading books are disclosed. At the same time, the role and place of informatization of various spheres of life, computer literacy, information techniques and technologies is revealed as well. In the formation of an active and conscious life position, role and place of science and education, their rational integration and role and place of scientific innovation, rational

№1(66) 2021

• НОМАИ ДОНИШГО^ • УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ • SCIENTIFIC NOTES

international cooperation in the field of science and education are considered as the basis for the advancement of mankind in the relevant streamline.

Мутобикшавии одам ба мухити атроф мустакиман аз фаъолияти шуури одам вобаста аст. Барои хамин хам ташаккули шуур яке аз вазифахои аввалиндарача дар ин самт махсуб меёбад. Пас худи шуур чист? "Шуур, яке аз мафхумхои асосии фалсафа, равоншиносй ва социология, ки дарачаи олии фаъолнокии психикаи одамро хамчун мавчудоти ичтимой ифода мекунад. Хусусияти ин фаъолнокй аз он иборат аст, ки инъикоси вокеият дар шакли образхои хиссй ва зехнй амалхои одамро пешакй фахмида ба он характери максаднок медихад" [4, с.622]. Агар инсон хама амалхои худро тибки пешниходи акл, шуур ичро намоянд, пас ба натичахои баланд дар фаъолияти хаётии худ ноил мегарданд. Аз ин лихоз ташаккули шуур аз замонхои кадим диккати олимонро ба худ чалб менамояд. Барои ташаккули шуур ба одам чунин омилхои биологй амсоли магзи сар, тани солим ва омилхои ичтимой амсоли тачрибаи ичтимой, дониш ва малака лозим аст. "Бинобар чой доштани инкилоби илмиву-техникй ва торафт афзун гардидани иттилоот одам аз синни хурди бачагй мачбур аст, ки хачми зиёди маълумотро дар бораи олами атроф азхуд намояд. Муайян карда шудааст, ки дар чор соли аввали хаёт 50%, ва дар 8-солагй боз 30% акли одам ташаккул меёбад[2, с.48].Аз руи ин нишондодхо маълум мегардад, ки тарбияи томактабй ва тахсилоти ибтидой то ба кадом андоза накш ва чойгохи мухимро дар ташаккули аклии бачагон ишгол менамоянд. Вобаста ба ин ташаккули шуурро ба таври зайл тасвир намудан мумкин аст.

О Д А М Омилхои биологй Омилхои ичтимой

Магзи сар Тачрибаи ичтимой

Тани солим Дониш, махорат

Ташаккули шуур

Расми №1. Омилхои биологи ва ицтимоии ташаккули шуур

Ташаккули шуур тавассути аз чониби инсон азхудкунии тачрибаи ичтимой, донишу майорат ба вукуъ меояд. Тачрибаи ичтимой ин донишхои хаётиро инсон мустакиман аз худи хдёт меомузад. Дар ин бобат Рудакии бузургвор фармудааст:

Бирав зи тацрибаи рузгор бахра бигир,

Ки бахри дафъи хаводис туро ба кор ояд [4, с. 60].

Аз ин лихоз инсонро ба омузиши хаёт даъват намудани Рудакй бесабаб нест, зеро худи хаёт омузгори бузург аст. Аммо барои инсон боз донишхои китобй низ зарур аст. Дар ин бобат низ ба ашъори Рудакии бузургвор ру меоварем:

То цахон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз рози дониш бениёз.

Мардумони бихирад андар хар замон,

Рохи донишро бо хар гуна забон

Гирд карданду гироми доштанд,

То ба санг андар хаме бингдоштанд.

Дониш андар дил чароги равшан аст,

В-аз хама бад бар тани ту цавшан аст [4, с.52].

Аз ин гуфтауо якчанд хулосаи мууим бармеояд:

Якум - дониш бо баробари пайдоиши одаму олам арзи вучуд дорад. Дуюм - дар кашф намудани донишхои илмй олимони тамоми дунё сахм гузоштаанд; савум - дониш ганчинаи бебахо буд ва хаст, аз ин ру онро хамеша гиромй медоранд; чахорум - дониш машъали фурузон аст, ки инсонро ба равшанй, ба некй рахнамо месозад ва аз хар гуна офату хатархо чу чавшан эмин медорад. Дар мачмуъ, донишхои хаётй ва донишхои илмй-китобй имкон медиханд, ки инсон ташаккули шуури худро ба таври бояду шояд ба рох монад. Инсон аз ин лихоз хамеша бояд аз дониш бахраманд гарданд ва фаъолияти худро дар асоси нишондоди дониш, акл, хирад ташкил намоянд. Аз ин ру шахс кадру киммати донишро, арзиши маънавию рухии онро пеш аз

хам а в асеъ в а чукур д арк намоянд. Аклу хирад ва заковати инсон туфайли дониш пуркувват мегардад. Барои хамин хам дар микёси кишвар, шахру нохия,оилаю мактаб кадру арзиши китоб, китобхона ва китобхонй ба арсаи олй бояд бардошта шавад. Зеро китоб ганчинаи бебахои маънавй-рухй махсуб меёбад. Ва бехуда Ч,омии бузургвор нафармуда буд:

Хуштар зи китоб дар цахон ёре нест, Дар гамкадаи замона гамхоре нест. Х,ар лахза аз у ба гушаи танхои, Сад рохат хасту харгиз озоре нест [6, с.402]. Ва боз хам Ч,омй мегуяд:

Аниси кунци танхои китоб аст,

Фуруги субхи донои китоб аст.

Бувад бемузду миннат устоде,

Зи дониш бахшадат хар дам кушоде [6, с.372-373].

Мехру мухаббати бачагонро нисбат ба китоб аз хурдсолй ташаккул додан лозим аст, то дар оянда онхо чун инсони китобдуст ба воя расонд. Зеро макоми китоб, китобхона ва китобхонй дар ташаккули мавкеи фаъолонаи хаёти инсон хеле бузург аст [6, с. 9]. Зеро китоб ба инсон рохи дурусти хаётро нишон медихад. Барои хамин хам аввал худи тарбиядихандагон худашон хамчун намунаи ибрат бояд китобдуст бошанд. Пеш аз хама оила ва мактаб ба китоб, китобхона, китобхонаи бачагон шароит фарохам оварданашон лозим аст. Зеро огози кор аз оилаю мактаб, аз хамкории судманди онхо мустакиман вобаста аст. Ба масъалаи технологияи омузиши китобу китобхонй эътибори махсус бояд дод. Дар айни замон китоб на танхо манбаи дониш ба хисоб меравад, балки донишу китоб дар ташаккули мавкеи фаъолонаи хаёти инсон накш ва чойгохи мухимро ишгол менамояд.

Алхол ояндаи инсонро бидуни иттилоот, техника ва технологияи иттилоотй тассавур кардан имконнопазир аст. Иттилоотонии чомеа ва тамоми сохахои хаёти инсон яке аз муаммохои мубрами хаёти имруза махсуб меёбад. Сохахои маориф, илм, истехсолот, техника, тансихати ва тамоми дигар сохахои хаёти инсон бо техника ва технологияи иттилоотй бояд мучаххз карда шавад. Ин заминаи моддию техникй барои ташаккули мавкеи фаъолонаи хаётй мебошад, ки барои бошуурона амал намудани инсон шароит фарохам меоварад. Дар мачмуъ, хамаи инро бе саводнокии компютерии инсон тассавур кардан имконнопазир аст. Дар ин самт макоми омузгорони фанни технологияи иттиллотй ва баъдан дигар омузгорон, ки онхо низ хангоми таълими фанни худ аз техника ва технологияи иттилоотй самаранок истифода мебаранд, бузург аст. Зеро махз онхо дарачаи саводнокии компьютерии наслхои имруза ва ояндаро муайян менамоянд. Аз ин лихоз компютеркунонии сохаи маориф яке аз вазифахои аввалиндарача махсуб меёбад. Дар ин бобат Б.С.Гершунский хеле бамаврид таъкид менамояд. "Зарурати вокей баланд бардоштани самаранокии тахсилот гох-гох ба вайрон намудани номураттаб дар истифодаи воситахои ташкили мехнатии хама субъектхои фаъолияти тахсилотй - хонандагон, омузгорон, кормандони сохаи идоракунй оварда мерасонад. Дар катори чунин воситахо, хамандоза, чй тавре ки бахо медиханд, ба дарачаи ахамияти худ бо чорй намудани хат ва китобчопкунй ва ба тагйироти кулли тасаввуроти дар тули асрхо вучуддошта оид ба вазифахои мехнатй хама аъзои тахсилот даъвогар, бояд воситахои гуногуни техника ва технологияи компютерй ва иттилоотиро мансуб донист" [2, с.327].Барои хамин хам бояд махсус кайд намуд, ки иттилоотикунонии сохаи тахсилот барои ташаккули саводнокии компютерии мутахассисони оянда мусоидат менамояд.

Саводнокии компютерй дар ташаккули мавкеи фаъолонаи хаёти одам-гуруххои ичтимой-чомеа накш ва чойгохи мухимро ишгол менамояд. Мактаб, оила, коргох ва дигар чойхои чамъиятй хатталимкон бояд бо техника ва технологияи компютерй ва иттиллотй мучаххаз бошанд. Ташкили марказхои хизматрасонии компютерй, пайвастшавй бо Интернет, истифодаи самараноки почтаи электронй, телефони мобилй, ташкили китобхонаи электронй аз чорабинихои фаврй ва таъчилй дар ин самт бояд хисобида шаванд. Дар микёси кишвар, шахру нохия иттилоотонии хаёти чомеа бояд яке аз масъалахои асосй хисобида шавад. Дар арсаи байналмиллалй низ ин масъала яке аз масъалахои такдирсоз дар хаёти инсон ва ояндаи инсоният, ахли башар хисобида шавад. Танхо дар хамин доира ташаккули саводнокии компютерии мактаббачагон хамчун заминаи дар онхо ташаккул додани мавкеи фаъолонаи хаётй бояд мадди назар гардад. Пеш аз хама мактаббачагон ахамияти ичтимой ва шахсии

№1(66) 2021

• НОМАИ ДОНИШГО^ • УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ • SCIENTIFIC ШТЕ8

дониш, майорат ва малакаи компютерй ва дар мачмуъ саводнокии компютериро дар хаёти имруза ва ояндаи худ дарк намоянд. онхо танхо бо азхуд намудани дарсхои фанни информатика махдуд нагардида, тавассути курсхои иловагй ва худомузй дарачаи саводнокии компютерии худро баланд бардоранд. Барои ин шуурнокй ва фаъолнокии онхоро дар халлу фасли вазифахои зикргардида падару модар ва омузгорон ба зери назорат гиранд. Худи онхо бо дарачаи баланди саводнокии компютерй барои бачахо намунаи ибрат гарданд ва хамаруза барои азхудкунии дониш, махорат ва малакахои компютерй ёрй расонанд. Дар ин маврид низ хамкории мактабу оила судманд аст. Хдмчунин муоширати бачагонро бо компютер аз руи ;оидахои ;абулгардида, тартиби муайяни корй ва ;оидахои бехатарй рохандозй намудан лозим аст.

Илм ;увваи пешбарандаи хаёти чомеа мебошад. Кишвархои пеш;;адами дунё барои инкишофи илм маблагхои зиёдро бехуда масраф намекунанд. Зеро илм хаёти моддиву маишй ва маънавй рухии инсонро аз дидгохи назариявй мавриди баррасй менамояд. Хдма сохахои фаъолияти одам ба навгонихои илмй ниёз доранд, зеро навгонихои илмй барои самаранок гардонидани хаёти инсон нигаронида шудааст. Дарачаи шуурнокй, инкишофи а;лии одам аз ин лихоз аз илм вобастагии калон дорад. Пас худи илм чист? "Илм, сохаи фаъолияти инсонй буда, вазифаи он коркард ва ба низом даровардани донишхо доир ба во;еият. Дар рафти инкишофи таърихй илм ба ;увваи истехсолкунандаи чамъиятй ва институти мухими ичтимой табдил меёбад" [2, с.403]. Донишхои илмй предмет ва ходисахоро хаддалимкон ани;у да;и; ва аз руи манти; инъикос ва баён менамоянд. Донишхои илмй характери назариявй дошта бештар бо мафхумхо сарукор доранд. Алхол чабхахо, тарафхои гуногуни илм аз чониби сохахои гуногуни он амсоли таърихи илм, манти;и илм, ичтимоиёти илм равоншиносии эчодиёти илмй ва алалхусус илмшиносй, ки чабхахои гуногуни онхо мавриди омузиш ;арор додааст басуръат густариш ёфта истодааст."Ба маънои нисбатан васеъ дар зери мафхуми илмшиносй "сохаи тах;и;отй, ки ;онуниятхои фаъолият ва инкишофи илм, сохт ва мохияти фаъолияти илмй, якчоя амал намудан ва хамкории илм бо дигар институтхои ичтимой ва сохахои хаёти моддй ва рухии хаёти ичтимой мавриди баррасй мегардад, фахмида мешавад." [3, с.347]. Одам бояд ;увваи бузурги илм, кашфиётхо ва навгонихои илмиро дарк намуда, барои густариши он шароитхои моддию техникиро фарохам оваранд. Аз ин лихоз дар ташаккули мав;еи фаъолонаи хаётй на;ш ва чойгохи илм багоят бузург аст, зеро илм ;удрати бехтар намудани хаёти инсон ва инсониро доро мебошад. Аз ин ну;таи назар дар мактаббачагон бедор намудани шав;у зав; ва рагбатноки нисбат ба илм ва илмомузй шарти мухими дар онхо ташаккул додани мав;еи фаъолонаи хаётй ба хисоб меравад. Мактаббачагонро дар мисоли хаёт ва фаъолияти олимон, мутафакирони бузург бояд таълиму тарбия дод.

Ва;тхои охир дар хамаи кишвархо ба таълим ва тарбияи бачагони болаё;ат, росто сохибистеъдод эътибори махсус дода шуда истодааст. Дар ин Ч,умхурии Точикистон низ истисно нест. Барои ин гуна бачагон мактабхои махсус бо хайати устодони баландихтисос ва шароитхои моддй-техникй ва тахсилотии дарачаи баланд таъсис дода шуда истодааст, ки ин эътибори чиддй нисбат ба воя расонидани кадрхои баландихтисоси илмй махсуб меёбад. Хдмкорихои байналмиллалии илмй тавассути ташкил ва гузаронидани хамоишхо ва анчуманхои илмй, гузаронидани олимпиадахо, озмунхои илмй ва дигар чорабинихои зарурии илмй имкони такон додани фаъолияти илмй ва таълимию тахсилотй дар арсаи байналмиллалй мебошад. Яке аз самтхои мухим дар ин раванд ташви;у таргиби дастовардхои нави илмй ва навгонихои илмй дар сохахои гуногуни илм мебошад. Барои ин хама намудхои китобхонахо бо китобхои нав ба нави илмй ва илмй-техникй бояд таъмин карда шаванд. Омода намудани мактаббачагон нисбат ба дастрасй ба навгонихои илмй шарт ва зарур аст, ки онхо забонхои хоричиро ва алалхусус забонхои русию англисиро ба таври бояду шояд азхуд намоянд ва дар мавриди ошной пайдо намудан бо навгонихои илмй аз техникаи компютерй, интернет ва умуман аз техника ва технологияхои иттилоотй ба таври бояду шояд истифода бурда тавонанд. Хдр як омузгори фаннй дар самти ташаккули шав;у зав; нисбат ба илмомузии мактаббачагон ва шинос намудани онхо бо навгонихои илмй худ бояд сахмгузор бошад. Нашри адабиёти илмй махсус барои наврасон ва чавонон дар ин самт талаботи давру замон аст. Таъсиси махфилхои илмй дар мактабхо ва муассисахои беруназмактабй барои чалб намудани бачагони болаё;ат ба илм имкон медихад, ки ин гуна бачагон аз хурдсолй, аз чихати илмй ба таври бояду шояд ба воя расонида шаванд.

Сохаи илм бо сохаи маориф алокаи бевосита дорад. Сохаи илм "гизодихандаи" сохаи маориф мебошад. Зеро мактабу маориф хамеша ниёз ба донишхои илмй доранд. Донишхои ил]2й асоси чахонбинии илмиро ташкил медихад. Тарбия ва таълим хам дар асоси илм бояд ки ба рох монда шавад. Аммо сохаи илм хам дар навбати худ аз сохаи маориф вобастагии калон дорад. Густариш ва рушду нумуи илм аз дарачаи салохиятнокии касбии ходимони илмй вобаста аст. Илм чй аз чихати назариявй ва чй аз чихати дар амал татбикнамой аз салохияти касбии мутахассисони сохахои илм, маориф ва истехсолот вобаста аст. Барои хамин хам сохахои илму маориф кувваи азими пешбарандаи сохахои иктисодиёт, сиёсат ва фарханг хисобида мешаванд. Аммо сохаи маориф сохаи ояндасоз ва такдирсози инсону инсоният махсуб меёбад. Дар ин бобат Б.С.Гершунский чунин акида дорад: "Бо омад омади асри XXI мубрамият ва ахамияти махсусро тахлили он тамоюлхои чахонй, ки дар асри XX ба вучуд омада, дар садсолаи оянда метавонанд идома ёбанд, бо ин дар як вакт даъват ба тамаддуни инсонй, даъват нисбат ба кобилияти мукобилат карда тавонистан ба тамоюлхои вайронкунанда ва нигох дошта тавонистани тамоюлхои бунёдкорона, мутараккй, касб менамояд. Ин даъват ба сохаи маориф муносибати бевосита дорад, ки он бояд максаду вазифахо ва арзишхои аввалиндарачаи худро бо дарназардошти на танхо дархостхои имруза, балки оянда ва дарозмуддати хам инсон ва хам чомеа мавриди назар намуда, ислох намояд" [2, с. 13].

Махз тавассути тахсилот, тахсилоти умумй ва тахсилоти касбй одам метавонад дар худ мавкеи фаъолонаи хаётиро ташаккул дихад. Танхо тавассути мавкеи фаъолонаи хаёти одам метавонад пеши рохи тамоюлхои вайронкунадаро гирифта, дар як вакт тамоюлхои бунёдкоронаро афзоиш ва густариш дода, тамаддуни инсониро пеш баранд. Махз аз хамин нуктаи назар дар мактаббачагон ташаккул додани мавкеи фаъолонаи хаётй мавриди назар гардад. Дар ин самт мавкеъ, накш ва чойгохи тахсилот умуман ва тахсилоти умумй ва касбй алалхусус мухим аст. Мактаббачагон пеш аз хама ахамияти ичтимой ва шахсии тахсилоти умумй ва тахсилоти касбиро дарк намоянд. Накш ва чойгохи онро дар хаёти имруза ва ояндаи худ бошуурона дарк намояд. Дар мактаббачагон пеш аз хама шавку завк, рагбатноки нисбат ба хондан ташаккул дода шавад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Бениаминова, М.В. Воспитание детей/М.В. Бениаминова.- М.: Медицина, 1981. - 287с.

2. Гершунский Б.С. Философия образования/Б.С.Гершунский.-М.: Московский психолого-социальный институт, Флинта, 1988. - 432с.

3. Паёми Президенти Ч,умхурии Точикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олй 26.12.2019 13.02, шахри Душанбе

4. Рудакй, А. Девон. Тахия, тасхех ва сарсухан хавошии Кодири Рустам/А.Рудакй.- Олмотй, 2007.- 256 с.

5. Философский энциклопедический словарь / Гл. редакция: Л.Ф.Ильичев, П.Н. Федосеев, С.М.Ковалев, В.Г.Понов - М.: Сов. Энциклопедия, 1983 - 840с.

REFERENCE:

1. Beniaminova, M.V. Children's Upbringing/M.V.Beniaminova.-M.: Medicine, 1981. - 287 p.

2. Gershunsky, B.S. Philosophy of Education/B.S.Gershunsky.-M.: Moscow Psychologico-Social Institute, Flinta, 1988. - 432 p.

3. The Message of the Tajikistan Republic President, Leader of Nation E.Rahmon to the Majlisi Oli of Tajikistan Republic, 26.12.2019 13.02, - Dushanbe,

4. Rudaki, A. Divan. Prepared, enlarged and revised by Kodiri Rustam/A Rudaki.-Almaty, 2007. -256 p.

5. Philosophical Encyclopedic Dictionary /editor-in-charge: L.F. Ilyichev, P.N. Fedoseev, S.M. Kovalev, V.G. Ponov - M.: Modern Encyclopedia, 1983. - 840 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.