ББК 76.17
Ф. А. ЮСУПОВА
ХДМКОРИИ ВОЛИДАЙН ВА ОМУЗГОР ДАР ТАЪЛИМИ ИНФОРМАТИКА
Президенти Ч,умх,урии Точикистон Эмомалй Рахмон аз тахлили амики равандхои таълиму тарбияи насли наврас дар чомеаи точикон, зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба парлумони кишвар, ба натичае расидаанд, ки волидайн бояд "аз рузи таваллуди фарзандашон ба таълиму тарбияи у ди;;ати чиддй диханд, барои дуруст ба камол расидани у шароит фарохам оваранд, асбобу ашёи таълимиашро таъмин намоянд ва зав;и уро барои интихоби дурусти касб бедор созанд"(7).
Ин нукта моро водор мекунад, ки ба масъалахои мухими тарбияву парвариши насли нав, хдмзамон хамкории мактаб ва оила дар таълими компютерй диккати хоса дихем. Бо такя ба тачрибахои хоси педагогй ба акидае расидан мумкин аст, ки дар рохи омода намудани мутахассисони баландихтисоси дорои маълумоти зарурии компютерй устодони фанни информатика бояд бо падару модарон дар хамкорй бошанд ва аз хамаи имконоти дидактикиву молиявй истифода баранд.
Тарбия ва ба воя расонидани фарзанд ;арзи мухим ва вазифаи масъули падару модар дар назди чомеа, миллат, Ватан ва, умуман, инсоният мебошад. Конститутсияи кишвар волидайнро дар тарбияи фарзанд мухим мешуморад(2). Одобу ахло;и нек, инсонпарварй, мехнатдустй, хоксорй, ватандустй хислатхои бехтарини инсонианд, ки ба фарзандон дар бештари маврид аз тари;и волидайн омузонида мешаванд. Дар рохи устувор шудани оила ва хушбахт шудани падару модар фарзанд бояд аз илму хунар во;иф бошад. Агар дар оила мухити фархангй устувор бошад, таъсири он , албатта, ба фарзандон хам мерасад. Падару модарони бофарханг ба бархадар сарф шудани ва;ти фарзандон имкон намедиханд. Оила бояд пайваста бо мактаб ва мухити чомеа дар иртибот бошад ва аз холи фарзандаш во;иф гардад. Ин тарзи кор барои ба даст овардани натичахои дилхох дар таълиму тарбияи фарзанд имкон фарохам меорад.
^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 2-юми августи соли 2011(№762) бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Ч,умх,урии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон ба тасвиб расидааст. Ин ;онун замина ва имкон фарохам овард, ки як силсила муаммои марбут ба парвариши насли наврас дар мархалаи ичтимоии замони хозира ба эътидол оварда шавад.
Конун аз 6 боб ва 17 модда иборат буда, ма;сади асосии он пурзур намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рухияи инсондустй, ифтихори ватандорй, эхтироми арзишхои миллй, умумибашарй ва фархангй, инчунин хифзи ху;у;у манфиатхои фарзанд мебошад.
Дар конуни мазкур вазифаи падару модар, омузгор, давлат ва чомеа дар таълиму тарбияи фарзанд, баробарии ху;у; ва ухдадории падару модар, ухдадории падару модар дар тарбияи фарзанд, ухдадории падару модар дар таълими фарзанд, ухдадории фарзанди болигу ;обили мехнат дар нигохубин ва таъмини падару модар, ма;омоти ваколатдори давлатй оид ба танзими масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак, ухдадории омузгор, ма;омоти давлатй, муассиса ва дигар ташкилоте, ки масъалахои вобаста ба таълиму тарбияи кудакро танзим мекунанд, ухдадории шахсони во;ей ва ху;у;й оид ба хифзи ху;у; ва манфиатхои кудак, чорахои пешгирй барои ичро накардан ё ба тари;и дахлдор ичро накардани ухдадорихои падару модар, чавобгарии падару модар ва омузгор дар таълиму тарбияи фарзанд, чавобгарии ма;омоти давлатй, муассиса, дигар ташкилот ва шахсони мансабдор ифода ёфтааст.
Бо назардошти баланд бардоштани сатху сифати таълиму тарбияи насли наврас ва чавонони имруза, барои назорати танзими фаъолияти муассисахои маориф ва омузишгоххои касбию техникй, бахри фаъолияти пурсамари омузгорон ва чомеаи педагогй, ^онуни Ч,Т «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар амал татбик шуда истодааст. Дар баробари ин масъулияти волидайн хам дар бобати таълиму тарбияи фарзанд дучанд гардида, дар раванди таълим, ки «фаъолияти муштараки падару модар, омузгор ва муассисаи таълимй бахри инкишофи шахсият, истеъдод, малака ва кобилияти фикрию
чисмонии кудак» равона шудааст, дар хамкорй бо омузгор сифатхои дар боло зикршударо, дар ниходи фарзанд хамачониба ташаккул медиханд (4).
Тарбия дар ин радиф масъулияти дучонибаи омузгору волидонро такозо дошта, чун мафхуми асосии конун «раванди максадноки ба воя расонидани фарзанд аз чониби падару модар, муассисаи таълимй, чомеа ва ба зиндагонии мустакилона омода намудани у» тафсир шудааст (4).
Ба рох монда шудани хамкории зич ва иртиботи доимии байни оила ва мактаб масъулияти хар ду чонибро дар раванди тарбия ва таълими фарзанд тибки моддахои конун баробар ба миён мегузорад.
Асри рушд ва такомули олами техника ва технологияи муосир донишхои хуби компютерй ва технологияи иттилоотиро такозо дорад. Аз талаботи чомеаи мутамаддини имруз яке фарогирии насли наврас ба омузиши алифбои донишхои компютерй аз огози муассисаи тахсилоти томактабй мебошад. Аз ин лихоз, чой додани омузиши донишхои компютерй дар накшаи таълимии муассисахои томактабй ва мактабй, донишгоххои олй ва миёнаи касбй вазифаи мухим мебошад, ки бо рохи чудо шудани соатхои фаровони вакантй амалй мешавад. Дурнамои мазкур дар сохаи маълумотнокии комютерй самараи хуб меорад, ба шарти он ки:
1. Агар шумораи кофии мутахассисони баландихтисос - омузгорони информатика омода карда шавад, яъне захираи кадрй пуркувват гардад;
2. Муассисахои маориф бо максади таълими донишхои компютерй аз воситахои техникаи муосир - компютерхо, тахтахои электронй ва г. мучаххаз карда шаванд;
3. Вобаста ба фанни таълимй номгуи зиёди адабиёти илмй ва дастурхои методй-таълимй интишор ва дастрас гардад;
4. Чанд синфхонаи махсус - синфхонахои таълимй ташкил карда шавад.
Албатта, бахри ноил шудан ба ин максадхо бояд тамоми сохаи иктисодро бо техникаи хисоббарори муосир таъмин кард, ки ин сиёсат сохаи иктисоди кишварро рушду такомул дода, аз омилхои пуркувват дар рохи баланд бардоштани сатхи некуахволии халк мегардад.
Дар ин радиф пеш аз хама базаи моддиву техникй таъсис дода, дар сохаи илму маориф гурухи бузурги мутахассисон-барномасозони сохибмаълумот ва баландихтисосро муттахдд кард.
Дар вокеъ, омузгори сохибкасб дар таълиму тарбияи шогирдон рисолати касбиашро дарк намуда, фанни таълимиро чукуру доманадор меомузад ва зуд ба максад ноил мегардад. Аз дониши касбй, махорату малака ва хамчунин касбияти у сифати дониши компютерии толибилмон вобаста аст. Ин бартарии дидактикй дар чй зохир мешавад:
Аввалан, омузгори информатика хусусият ва тавсифи техникаи иттилоотиро ба дарачаи касбй медонад;
Дувум, муаллим бо назардошти донишхои касбй муносибати солими хонандаро бо компютер ташкил ва таъмин менамояд;
Севум, омузгор хусусияти равониву педагогии донишчуро ба инобат гирифта, дар мархалахои гуногуни таълим усулхои педагогиро истифода мебарад;
Чахорум, аз хама мухим, омузгори информатика тамоми нозукихои илми муосирро дар сатху савияи касбй меомузад.
Ин чо дар боби омузиши касбй ва гайри касбии фанни информатика низ метавон сухан кард. Сатуи касбии омузиш раванди максаднок ва пешакй ба накша воридшудаи таълим ба шумор рафта, он бо такя ба донишхои илмй-методй, дидактикй ва психологй-педагогй чараён мегирад. Дар баробари ин, сатуи гайрикасбй ё сатхи интихоби озоди омузиш дар доираи махдуд гузаронида шуда, дар раванди таълим функсияи омузгор дар сатхи дувумдарача эхсос мегардад ва толибилм бештар мустакилона, бе кумаки шахси масъул донишхои компютериро аз худ менамояд. Ба ин намуди омузиш на муаллими махсус, балки яке аз аъзои оила ё наздиконро ба сифати омузгор кабул намудан мумкин аст. Лекин, агар ба тарозуи киёс ва тачриба назар афканем, аён мегардад, ки мувофики коидаи дидактикй «чй кадар шумораи хонандагон зиёд бошад, хамон андоза имконияти дидактикй барои гирифтани дониши амик фаровон аст», ё бараъкси хол, агар «чй кадар теъдоди донишчу кам бошад, хамон кадар имкони донишазхудкунй паст мешавад» (10, 112).
Дар ин маврид аз мавкеи омузгор дар чараёни омузиш сухан меравад. Маълум аст, ки омузгор дар дарси худ рохнамо, довар ва рохбар аст. Аз чумла, дар боби 4-уми ^онун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъкидан аз боби «ухдадорихои омузгор, макомоти давлатй, муассиса ва ташкилотхое, ки масъалахои вобаста ба таълиму тарбияи кудакро танзим мекунанд» сухан рафтааст (4).
Аз ин сабаб муаллим вазифадор аст, ки хамаруза аз чараёни хониши хонандагон назорат барад, чараёни таълимро танзим ва идора намояд, ба дониши толибилм бахогузорй ва дар чояш галатхояшро ислох кунад, аз пешрафту камбудии у бохабар бошад. Дар натичаи ошкор гардидани муаммохо барои азхудкунии барномаи дарсй муаллим бояд саривакт ба волидони хонанда маълум намояд ва пешниход кунад, ки барои фарзанд дарсхои иловагй созмон дода, муаллим-репетитор интихоб ё ба курсхои кутохмуддати омузиши компютерй номнавис намоянд.
Хулоса, чамъият аз хонаводахо иборат аст ва оилаи солим чомеаи солимро ташкил медихад. Ч,омеа бе оила вучуд дошта наметавонад, чунки оила пойдевори чамъият аст. Агар тарбияи оилавй дуруст ба рох монда шавад, зинахои дигари фаъолияти фарзандон бомуваффакият паси сар мегардад.Бояд муаллими фанни компютер ба волидон фахмонад, ки ин воситаи техникй дар баробари афзалиятхои зиёд ба саломатй, речаи руз ва бучаи ва;ти фарзандони онхо таъсири манфй мерасонад.Аз ин ру, хар хонандае, ки дар хона комютер ва ё нотбук дорад, масъулияти волидайни онхоро дучанд менамояд.Муаллими фанни комютер бояд фехрасти талабагоне, ки дар хона компютер ва ё нотбуку нетбук доранд, зери даст дошта бошанд ва бо волидайни онхо дар мавриди зарару фоидаи ин воситаи техникй сухбат намояд.
Аз тачрибаи хамкори муаллимони комютер бо падару модарон маълум мешавад, ки бисёр аз волидоне, ки дар хона комютер доранд, аз он шикоят мекунанд, ки фарзанди онхо саргарми бозихои комютерй шуда, барои ичрои дигар вазифахои таълимй фурсати кам дорад. Дар халли ин мушкил хамкории педагог ва оила хеле мухим аст. Шартхои асосии чунин хамкорй ба назари мо бояд чунин бошад:
- манфиатхои тарафайн дар татби;и хадафхои мушаххаси педагогй баробар бошанд;
- ошкоро ва боз будани боварии мута;обила;
- кумаки мута;обила;
Волидон бояд фахманд, ки на;ши онхо дар тарбияву таълими фарзанд аз мактабу муаллим камтар нест, балки дар баъзе мавридхо масъулияти онхо дучанд аст.Онхо бояд донанд, ки чй гуна ба муаллим дар халли мушкил кумак кунанд, хамон гуна барои таълиму тарбияи фарзанди худ кумак менамоянд..
Дар ^онуни Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи маориф» омадааст: «Волидайн вазифадоранд, ки барои сихатии чисмонй ва равонии кудак пайваста гамхорй кунанд, уро ба мактаб омода ва барои инкишофи кобилиятхои вай шароити зарурй мухдйё созанд, фарзандонро дар рухияи башардустй, мехнатдустй, хисси накукорй, рахмдилй, муносибати боэхтиромона нисбат ба ахли хонавода, забони модарй, адабиёту таърих, эхтиром нисбат ба арзишхои миллй, таърихи фархангии дигар халкхо тарбия намоянд» (3).
Дар замони истиклолият муносибатхои оилавй дар сатхи меъёрхои хукукии Конститутсияи Ч,Т ва конунхои амалкунанда ба танзим дароварда шудаанд, ки ин гамхорй ва пуштибонии давлатро нисбат ба оила нишон медихад. Аз чумла, меъёрхои вобаста ба муносибатхои оилавй дар моддахои 33 ва 34-уми Сарконуни Ч,Т (асоси чамъият будани оила ва химояи модару кудак), Кодекси оилаи Ч,Т (муносибатхои вобаста ба никох ва оила), ^онуни Ч,Т «Дар бораи масьулияти падару модар дар таьлиму тарбияи фарзанд», ^онун «Дар бораи маориф» (вобаста ба ухдадорй ва масъулияти волидон дар таьлиму тарбияи фарзанд), хамчунин дар Кодекси чиноятй ва граждании Ч,Т дарч шудаанд.
Х,амин тарик, Конситутсия (Сарконун)-и Ч,Т оиларо хамчун асоси чамьият дониста, дар зери химояи давлат будани онро кафолат медихад (2).
ПАЙНАВИШТ:
1. Вульфов, Б. З. Основа педагогики / Б. З. Вульфов, В.Д. Иванов.- Москва, 2000.
2. Конститутсия (Сарконун)-и Ч,Т.-Душанбе, 2016.
3. ^онуни Ч,Т «Дар бораи маориф».-Душанбе, 2006.
4. ^онуни Ч,Т «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».-Душанбе, аз 2 августи соли 2011.
5. Лихачев, Б.Т. Педагогика / Б.Т. Лихачев.-Москва: Юрайт, 2003.-316 с.
6. Миралиев, А.М. Педагогика ва психология / А.М. Миралиев, М. Давлатов.-Душанбе, 2007.
7. Паёми Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон 23.01.2015 //http://president.tj/node/8136
8. Харламов, И.Ф. Педагогика. / И.Ф. Харламов.- Москва: Гардарики, 2005.
9. Шарифзода, Ф. Педагогикаи умуми ва касби / Ф. Шарифзода.-Душанбе: Ирфон, 2012.560 с.
10. Юсупова, Ф.А. Роль родителей при организации компьютерного обучения детей / Ф. А. Юсупова // Вестник ТГПУ.-2011, №6(43).-С. 111-113.
REFERENCES:
1. Vulfov, B.Z. The Grounds of Pedagogy / B.Z. Vulfov, V.D. Ivanov. - M., 2000.
2. The Constitution of Tajikistan Republic. - Dushanbe, 2016.
3. Tajikistan Republic Law "On Education". - Dushanbe, 2006.
4. Tajikistan Republic Law "On the Responsibility of Parents for Children's Upbringing" .Dushanbe, August 2. 2011.
5. Likhachev, B.T. Pedagogy / B.T. Likhachev. - M.: Yurayt, 2003. - 316 p.
6. Miraliev, A.M. Pedagogy and Psychology / А.М. Miraliev, M. Davlatov. - Dushanbe, 2007.
7. The Message of Tajikistan Republic President E. Rakhmon to Majlisi Oli of Tajikistan Republic 23/01/2015 //http://president.tj/node/8136
8. Kharlamov, I.F. Pedagogy. /I.F. Kharlamov. - M.: Gardariki, 2005.
9. Sharifzoda, F. General and Professional Pedagogy / F. Sharifzoda.-Dushanbe: Cognition, 2012. - 560 p.
10. Yusupova, F.A. The Role of Parents in Organization of Computer Education for Children / F.A. Yusupova // Bulletin of TSPU. - 2011, №6 (43). - P. 111-113.
Хамкории волидайн ва омузгор дар таълими информатика
Вожа^ои калиди: уамкории омузгор бо волидайн, таълими компютерй, иртиботи
мактаб ва оила, маълумоти компютерй Мацола роцеъ ба уамкории мактаб ва оила дар таълими компютер бщс мекунад. Гуфта мешавад, ки алуол, ки мо дар асри рушд ва такмили олами техника ва технологияи муосир царор дорем, надонистани донишуои компютерй ва балад набудан ба технологияи иттилоотй гайриимкон аст. Ишора мегардад, ки имруз цомеаи мутамаддин тацозо мекунад, ки насли наврас уануз аз муассисаи таусилоти томактабй ба омузиши алифбои дониши компютерй огоз намояд.
Ба ацидаи муаллиф барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси дорои маълумоти компютерй омузгорони фанни информатика бояд дар уамкорй бо падару модарон аз уамаи имкониятуои дидактикй ва молиявй истифода баранд.Дар мацола роцу усулцои гуногуни щмкорй бо падару модарон пешнщод шудааст, ки дар тацрибаи педагогии муаллиф щнгоми кор бо волидайн ба даст омадаанд.
Сотрудничество учителей и родителей при компьютерном обучении
Ключевые слова: сотрудничество учителей и родителей, компьютерное обучение,
сотрудничество школы и семьи, компьютерное образование В статье речь идёт о сотрудничестве учителей с родителями при компьютерном обучении. Отмечается, что целесообразность привлечения родителей, владеющих азбукой компьютерной грамотности, к компьютерному обучению их детей вытекает из того исторического факта, что этим делом, т.е. обучением своих детей, родители занимаются давно.
Упоминается, что сегодня жизнь настоятельно требует приучить подрастающее поколения азбуке компьютерной грамотности буквально с дошкольных учреждений. По мнению автора, учебные планы школьного, вузовского и послевузовского образования должны быть насыщены занятиями данной учебной дисциплины, поскольку компьютерное образование становится системообразующим. В статье представлены методы сотрудничества учителя с родителями, которые практиковал автор в своей педагогической работе при совместной деятельности с родителями.
Cooperation of Teachers and Parents in Computer Training
Keywords: cooperation of teachers and parents, computer training, school and family cooperation, computer education
The article dwells on cooperation of teachers with parents in computer education. It is underscored that the expediency of attracting parents who know the alphabet of computer literacy to computer education of their children follows from the historic fact that in this business i.e., in tuition of children, parents have been engaged for a long time.
It is mentioned that today life urgently requires to accustom the younger generation to the alphabet of computer literacy literally since pre-school institutions. In conformity with the authors opinion, the curricula of school, university and postgraduate education should be saturated with the lessons of the relevant academic discipline, since computer education has been system-forming. The article presents the methods of cooperation between teacher and parents, practiced by the author in his pedagogical work in joint activities with parents.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Юсупова Фирузахон Алиевна, номзади илмуои педагоги, дотсенти кафедраи умумидонишгоуии информатикаи Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик БобоцонFафуров(Цумцурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), Е-mail: [email protected] Сведения об авторе:
Юсупова Фирузахон Алиевна, кандидат педагогических наук, доцент кафедры информатики Худжандского государственного университета имени академика Бободжана Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), Е-mail: fara_ [email protected] Information about the author:
Usupova Firuzakhon Alievna, candidate of pedagogical sciences, Associate Professor of the department of informatics under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), Е-mail: fara_ [email protected]