ФАЛСАФА ВА ХУКУК ФИЛОСОФИЯ И ЮРИСПРУДЕНЦИЯ
У. А бдулатипов
МАФХ.УМИ АДОЛАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯМ ИЧ^ИМОИИ ИДОРАКУНИИ НИЗОЪ
Вожатой калидй: адолат, идоракунии низоъ, технологиям щтимой, технологиям идоракунии низоъ, пешгирй ва огох;й аз низоъ
Таърихи инсоният собит месозад, ки нобаробарии ичтимой дар хама гуна сохти давлатдорй буд ва бокд мемонад. Зеро давлате набудааст, ки дар он манфиати тамоми табакрти чомеа ба пуррагй конеъ шуда бошад. Аз дигар тараф, агар хамин тавр хам мешуд, пас инкишофи чомеа намебуд. Бинобар ин нобаробариро хатто дар кишвархои тараккикарда хам бартараф кардан номумкин аст, зеро талаботу манфиати хар фарди чомеа соат ба соат ва руз ба руз тагйир ёфта дигаргун мешавад. Баробарии ичтимой маънои конеъ будани хар фарди чомеаро дошта, барои фаъолияти эчодй ва ташаббускории одамон чой намегузорад. Аз ин чост, ки нобаробарии ичтимой чихати мусбат дошта, сарчашмаи тамоми пешравихои инсоният дар раванди таърих мебошад. Нобаробарии ичтимой заминаи пайдоиши адолати ичтимой гардида, дар мафкураи хар фарди чомеа хамчун арзиши олй ифода мегардад.
Адолат аз замонхои кадим яке аз арзишхои мухи ми ба танзими муносиботи ичтимоии мардум ва давлат ба шумор меравад. Зеро адолат хамеша хусусияти ифодашавии марому максади мардум буда, сохторхои давлатй ин ормонхоро дар асоси конунхои ба танзимоваранда коркард карда барои чомеа пешниход мекунад. Дар хикмат адолат хамеша ифодагари на ормони фарде, гурухе, хизбе, балки аксарияти мардум маънидод мешавад. Дар замони муосир махз идеяи адолатхохй дар сохторхои давлатй байни
кишрхову ниходхои чомеа сабаби cap задани низоъхои ошкоро дар кишвархои Шарк, гардидааст. Арзиши олии конеъ кардани талаботи ичтимой аз мафхуми адолат ofo3 гардида, рох,у усулхои бартарафсозии мушкилоти ичтимой сабаби пайдо шудани мафхумхои технология, технологияи ичтимой, технологияи ичтимоии низоъ гардидааст. Технология худ калимаи юнонй буда, таълимотест, ки махорату малакаи коркунй (3, 641) ва мафхуми технологияи ичтимой санъати ба танзимоварии муносибатхои ичтимоиро ифода мекунад.
Дар атрофи мафхуми технологияи ичтимой фикру назархои мухталиф баён шудаанд. Масалан, мухаккик. Тошенко Ж.Т. дар натичаитахлил нишонахои зерини технологияи ичтимоиро муайян кардааст: а) Мачмуи амалиёти бонизом, максаднок. ки барои амалй гардидани накщаи тархрезишуда равона карда мешавад; б) Усулхои махсуси расидан ба хадафхои гузошташуда; в) Дар асоси дастовардхои илмй истифодаи амалхои махсус барои фаъолияти самаранок дар муносибати ичтимой. Мухаккик мафхуми технологияи ичтиморо бо ду мазмун ифода мекунад: хамчун лоихае. ки фаъолияти минбаъдаро дар бар мегирад ва он амалхое, ки дар асоси хамин лоиха муайян карда шудаанд (6, 458-459).
Дар баробари ин мухаккики дигари рус Коробов В.Б. чунин мепиндорад, ки «технологияи ичтимой, ин раванди пай дар паи амалй шудани накшахои муайяни чомеа мебошад. Бинобар ин технологияи ичтимой на коркарди ягон ниходи ичтимой, балки яке аз вазифахои асосии давлат ва чомеа аст» (2, 23).
Мувофики таърифхои муайянкардаи мухаккикон маълум мешавад, ки хар яки онхо нишонаву фаъолияти минбаъдаи идоракунии ичтимоиро муайян кардаанд. Аз назари мо, рохи халли тадричан бартарафсозии мушкилотро бо дастгирии чомеа, ки аз талаботи бевоситаи мардум бармеояд, технологияи ичтимой номидан мумкин аст. Технологияи ичтимой чун максад ифодагари бевоситаи талаботи мардум мебошад, бинобар ин дар асоси fohxoh адолатпарварй бояд амалй гардад. Зеро адолат дар он замоне барои омма арзишнок мегардад, агар чомеа ба бухронхои гуногун дучор гардида бошад ва фардхои он дар муносибатхои нобаробар ва номувофик карор дошта бошанд. Дар ин маврид зарурати технологияи ичтимой дар чомеа б а миён меояд.
Ба назар чунин метобад, ки мафхуми технологияи ичтимой бо гояи адолат мувофик бошад, вале аз назари мантикй мафхуми адолат нисбати технологияи ичтимой васеътар буда, арзишхои ахлокиву хукукй ва сиёсиро низ доро мебошад. Аз ин чост, ки дар технологияи ичтимой (яъне дар санъати идоракунии муносиботи ичтимой) махз хамин унсурхои адолат ба назар гирифта мешаванд. Пойдории сохахои ахлок. хукук ва сиёсат дар чомеа заминаи густариши адолат мегардад.
Х,ангоми бухрони иктисодй дар чомеа махсусан гояхои адолатчуй ва адолатхохй зиёд мешавад. Бинобар ин роххои халли он дар барнома ва лоихахои давлатй инъикос карда шуда, дар асоси хаёти вокеии чомеа ва ниёзи он ба ин ё он сохаи саноат тархрезй мегардад. Масалан: Точикистон аз руи мавкеи чугрофй тарзе чойгир шудааст, ки пас аз истиклолият дар бунбасти коммуникатсионй монд, яъне мо аз чихати рох. барк, газ ва тараккй додани сохахои саноат ба дигар кишвархо вобаста гардидем. Бинобар ин барномаву лоихахои аз тарафи ниходхои давлатй кашида шуда, тавонистанд, ки мардуми минтакахои гуногуни кишварро бо хам пайваста ба вахдати мардум асос гузоранд. Ба монанди роххои Кулоб Кулма Кдрокорум. Душанбе Оби Гарм, Нуробод FapM Ч^иргатол, Душанбе Айнй Панчакент, сохташудани накби Анзоб, Шахристон, Шар Шар, Чормагзак ва гайра. Хдмчунин неругохи оби баркии (НБО) Сангтуда -1, 2 ба истифода дода шуда, бунёди НБО-и Рогун тархрезй шуд. Кушодашавии роххо, таъмини ахолй бо неруи барк заминаи минбаъдаи сохта ба истифода дода шудани корхонахои истехсолй мешаванд.
Технологияи идоракунй яке аз шаклхои технологияи ичтимой буда, бевосита раванди идоракунии чомеаро инъикос менамояд. Он санъат, махорату малака ва истифодаи усулхои гуногун барои амалй намудани барномахои максаднок мебошад.
Аммо раванди чомеа аз тазоду низоъхои гуногун орй нест. Бинобар ин барои халли низоъхои ба миёноянда низ мафхуми технологияи идоракунии низоъро баррасй кардан зарур аст.
Технологияи идоракунии низоъ нисбати мафхуми технологияи идоракунй махдудтар буда, раванди идорасозии як чузъи фаъолияти чомеаро фарогир аст. Бинобар ин технологияи идоракунии низоъ бо мафхумхои технологияи идоракунй ва технологияи ичтимой робитаи диалектикй дошта, хамдигарро
аз чихати мазмун пурра месозанд. Пас, истифодаи дурусти технологияи ичтимой заминаи тараккиёти чомеа мешавад. Вале хусусияти вок,ей доштани низои ичтимой водор месозад, ки технологияи идоракунии низоъ мавриди омузиш карор бигирад.
Мафхуми технологияи идоракунии низоъ дар илми низоъшиносй мафхуми навеет, ки заминахои таърихии он дар низоъшиносии точик аз замонхои кадим ва аерхои миёна маншаъ гирифтааст. Масалан, дар замони пеш аз исломй барои бартарафсозии муносибатхои номатлуби чомеа пеш аз хама ба масъалаи пешгирии низои ичтимой ахамияти чиддй додаанд, ки аз чодаи ахлок огоз шудааст. Ба монанди пиндори нек, кирдори нек, рафтори нек. Яке аз проблемахои минбаъд тахкикшаванда дар таърихи илми низоъшиносии точик махсуб меёбад.
Технологияи идоракунии низоъ дар мачмуъ тамоми усулхо, тарзхои тахлили сарчашмахо ва сабабхои ба вучудоии низоъ, муайянкунии манфиату максади тарафхои низоъ, имкониятхо, худуди таъсиррасонй ба ин низоъхо, табдили зинахои низоъ аз харобкунанда (деструктивй) ба созанда (конструктивй), ёфтани роххои халли мусолихаи тарафхои мукобилро ифода мекунад.
Пас, технологияи идоракунии низоъ мачмуи раванди бошууронаи пай дар пай барои тагйир додани самти низоъ ва тамоюли он дар асоси барномахои тархрезишуда мебошад. Зарурати технологияи идоракунии барои халли низоъ аз мохияти он бармеояд.
Барои пешгирй намудани низои ичтимой идоракунии раванди чомеа накши мухимро мебозад. «Агар пайдоиш ва инкишофи низоъро дар чомеа ба тарики мафкуравй ва ё шифохй рад карда, чорахои амалй дида нашаванд, вай тадричан шиддатнок шуда, хох нохох сохтори ичтимоии хамон давлату чомеаро аз байн мебарад» (4,122).
Идоракунии низоъ унсури таркибии идоракунии муносибатхои ичтимоии чомеа мебошад. Мухаккики дигари рус Чумиков А. Н. дар зери мафхуми «идоракунй» - танзим ва халли масъалахои мубрамро ифода карда, хатто чисман нобудсозии субъектхои ба ахли чомеа хавфнокро пешниход кардааст (7,123).
Бинобар ин, идоракунии низоъхои ичтимой махорату малакаи махсусро талаб менамояд. Ба танзимоварандаи низоъ дар чомеа хокимияти расмии амалкунанда ва макомоти хифзи
хуку к махсуб меёбанд. Идоракунии низоъ ин таъсири бевоситаи бошуурона ва максаднокест, ки зиддияти ба амаломадаи чомеаро чй дар шакли чузъй ва чй дар шакли пурра тагйир медихад. Бо баробари тагйирёбии низоъ манбаъхои пайдоиш ва даврахои он тахлил гардида, тахти назорати ичтимой карор дода мешавад.
Барои идора намудани низоъ се унсури таъсиррасонй вучуд дорад: а) огохёбй ва пешгирии низоъ дар давраи пешазнизой; б) танзими доираи низоъ дар давраи мукобилати ошкоро; в) таъсиррасонй ба хотимаи низоъ ва давраи пас аз низоии он;
Нисбат ба мукобилати ошкоро гузаштани низоъ пешгирй намудани он афзалиятнок мебошад. Бинобар ин огохёбй аз низоъ ва амалхои пешгирикунандаи он яке аз чорахои аз байнбарии низоъ махсуб меёбад. Огохёбй аз низоъ имконият медихад, ки пеш аз ба вукуь пайвастани он роххои бартарафкунй ва чорахои зарурй андешида шаванд. Барои ин аз талаботу дархостхои мардум, зисту зиндагонии онхо бохабар гардидан, яке аз заминахои асосии халли низои минбаъда мебошад.
Пешгирии низоъ ин мачмуаи чорабинихоест, ки барои бартараф намудани зиддиятхои ичтимой равона гардида, бо максади ба миён овардани шароити муътадили чомеа татбик мешавад. Ба маънои дигар, вай раванди идоракуниест, ки бахри сари вакт ошкор намудан ва аз байн бурдани шароитхои низоъ амалй мегардад. Ба монанди вохурии раисони нохияхо, вилоятхо бо мардум бахри бартараф намудани мушкилоти мавчуда; хисоботи мутасаддиёни сохахои мухталифи давлативу чамъиятй дар назди васоити ахбори омма бо максади бохабар кардани мардум аз бурду бохти фаъолияти рузмарраи онхо ва гайрахо.
Дар ин чода махсусан, фаъолияти макомоти хифзи хукук дар байни мардум бояд назаррас бошад, то ин ки аз унсурхои манфие, ки дар чомеа пинхонй ба миён омада, вазъи ичтимоию сиёсии кишварро халалдор месозанд, саривакт пешгирй карда шаванд. Масалан, вокеахои солхои наздик дар нохияхои Рашт, Исфара, амалхои террористй ва пешгирии он дар шахрхои Душанбе ва Хучанд.
Дар зинаи пешазнизой вазифаи асосии идоракунии низоъ ин хал намудани масъалахои ба вучудомада мебошад. Дар холати ба низои ошкоро табдил ёфтани он, масалан, дар шакли гирдихамой, корпартой, намоиш вазифаи аввалиндарачаи
хокимият дар идоракунии низоъ, аз густариш наёфтани он дар дигар минтакахо иборат мегардад. Афзалияти асосии бо рохи созандагй хал гардидани низоъ ба давраи инкишофёбиаш вобастагй дорад.
Барои пешгирии низоъхои ичтимой бояд: шароити зисту зиндагонии мардум, ба монанди таъминоти моддй, омода намудани замина барои истехсолот. таъмини талаботи мардум махсусан, дар сохахои тандурустй ва маънавиёт бехтар гарданд; санадхои гуногуни хукукй ва чорабинихои мухталиф коркард шаванд; таксимоти одилонаи неъматхои моддй амалй шаванд; сиёсати одилонаи сохахои иктисодиёт. сиёсат, мухити зист ва хукук ба рох монда шавад.
Ин талабот боиси пешгирй намудани хама гуна низоъ гардида, накши хокимияти давлатиро дар назди мардум афзун месозад.
Принсипи асосии пешгирии низоъ такозо менамояд, ки сохторхои идораи давлатй бештар ба сабабхои пайдоиши низоъ ахамият диханд, зеро он сабаби низои ошкоро шуда метавонад. Бартарафкунии сабабхо, бахонахо ва шароитхои низоъ яке аз роххои самараноки пешгирии низоъ ва дар навбати худ раванди хеле мураккаби чомеа аст. Агар ин масъаларо ба тарзи чузъй баррасй намоем, он боз хусусияти куллй гирифта, маънои дигаргунсозй ва бартарафкунии тамоми камбудихои сохахои иктисодй, сиёсй, ичтимой, умуман камбудихои хаёти чомеаро ифода мекунад.
Сабабхои объективии (ичтимоии) низоъ метавонад, аз масъалахои зерин ofo3 гардад. Ба монанди сиёсати нодурусти давлат нисбат ба чомеа; гайримуташаккил ва ба таври бесамар гузаронидани идоракунии ичтимой; ба таври нодуруст истифода бурдани бучаи давлатй аз тарафи ашхоси мансабдор; густариши фасод (коррупсия) дар тамоми чодахои хокимият, макомоти кудратй ва идорй; истифодаи даромадхои корхонахо ба манфиати шахсй; нобаробарии субъектхои чомеа дар назди конун ва хам тарзи зиндагонии онхо; пайдоиши табакахои имтиёзнок дар чомеа ва гайрахо, ки боиси пайдоиши нобоварй ба идорахои давлатй ва хисси нафрат ба ашхоси мансабдор мегардад. Дар ин унсурхои номбаргардида, таъсири манфии онхо ба зисту зиндагонии аксарияти субъектхои ичтимой ба назар мерасад.
Сиёсати иодурусти давлатро Огюст Конт яке аз сабабхои асосии низои ичтимой номида буд (5, 55). Х,амин акидаи Контро дигар мухаккикони рус ба монанди Танчер В.В. ва Казаков B.C. низ дар асархои хеш собит намудаанд. Бинобар ин сиёсати нодуруст ва номуташаккилии хаёти ичтимой аз номукаммалии сохтори давлатй ва идоракунии ичтимой гувохй медихад.
Давлат сохтори идориро созмон дода, ба воситаи конунхое, ки аз талаботи чомеа бармеояд, бояд сиёсати хешро татбик намояд ва талаботи субъектхои ичтимоиро дар мадди аввал бигзорад.
Мухаккик Г.В. Атаманчук тарафдори назарияест, ки мувофики он чомеаву давлат бояд хамдигарро пурра намоянд. Давлат дар тараккиёти худ бояд ба талабот, манфиат ва максадхои чомеа такя кунад (1, 5-6). Ба ин маънй хар кадар, ки давлат ба чомеа наздик бошад, ифодакунанда ва татбиккунандаи ормони он гашта, хамон кадар таъсири он ба чомеа зиёдтар мегардад. Барои ин раванд сохтори хокимияти давлатй кавй шуда, имконияти унсурхои бегонаи дохиливу хоричиро ошкор ва бартараф намоянд, зеро онхо метавонанд робитаи чомеаву давлатро халалдор созанд.
Мутахассисони сохаи низоъ собит намудаанд, ки агар масъалахои мухталифи низоъ дар зинаи давлатй хал карда нашаванд, пас ба амнияти кишвар хатар тахдид менамояд. Кишвари сохибистиклоли мо низ дар давраи гузариш ба сохти демократй карор дорад, бинобар ин дар муносиботи ичтимоии чомеа низ амалхои номатлубе (ба монанди фасод -коррупсия, суъистифода аз мансаб, бухрони маънавй махсусан дар мафкураи чавонон) вучуд доранд, ки бартараф кардани онхо баробари пешгирй кардани низои ичтимой аст. Аз амалхои номатлубе, ки кайд шуданд ба оромии чомеа аз хама бештар хатарноктар, ин бухрони мафкуравй дар байни чавонон махсуб меёбад. Барои бартараф кардани бухрони маънавй бояд ниходхои мафкуравй чавононро дар рухияи чавонмардй, садокатмандй ва ватандорй тарбия карда тавонанд.
Аз ин чо, масъалахои рушди маориф, сохтмони мактабхо иншоотхои фархангй, варзишй ва сифатан тагйир додани муносибати кормандони ин соха ба таълиму тарбияи чавонон ба миён омадааст.
Х,амин тавр, пешгирии низои ичтимой бидуни инкишоф додани сохахои ичтимой, икдисодй, сиёсати маданй дар чомеа амалй намешавад. Мафхумхои технологияи ичтимой ва идоракунии низоъ бош дар асоси меъёрхои ахлокй, хукукй ва сиёсй, ки ифодагари тяхои адолат дар чомеа мебошад, амалй шаванд. Татбики ин меъёрхо яке аз масъалахои мубрами чомеа буда, макоми адолатро дар чомеа муайян месозад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Атаманчук Г. В. Государственное управление организационно -функциональные вопросы): Учеб. Пособие. М., 2000
2.Коробов В.Б. Социальные технологии и государственное управление. М., 2001
3.Словарь иностранных слов. М., 1964
4.Соколов C.B. Социальная конфликтология: Учеб. пособие для вузов. - М.: ЮНИТИ-ДАНА, 2001
5.Танчер В.В., Казаков B.C. Технологии регуляции конфликтов: исторический характер, параметры консесуса // Современная конфликтология в контексте культуры мира: Материалы 1-го Международного конгресса конфликтологов. / Под ред. Е.И. Степанова. М.: Эдиториал УРСС, 2001
6.Тощенко Ж.Т. Социология. Общий курс. 2-е изд. доп. и перераб. М., 2001
7.Чумиков А.Н. Конфликтология социальных отношений как комплексная научная дисциплина и практическая специализация // СОЦИС, 1997. №7
Концепция справедливости и возможности технологии управления конфликтом
У. Абдулатипов
Ключевые понятия: справедливость, управление конфликтами, социальная технология, технология управления конфликтом, профилактика и предупреждения конфликта
Управление конфликтом является составным элементом управления социальными отношениями в обществе. Поэтому, управление социальными конфликтами требует особых навыков
и способности^. Профилактика конфликта — это комплекс мер, направленных на устранение социальных противоречии с целью создания нормальных условии жизни в обществе. Статья посвящается технологии управления конфликтом в процессе профилактики конфликта на примере РТ.
Conception of Justice and Potentialities of Conflict Governance Technology
U. Abclulatipov
Key words: justice, conflict governance, social technology, conflict governance technology, prophylactics and preclusion of conflicts
Conflict governance is a constituent element of that one referring to social relations in a society. Therefore, governance over social conflicts requires special habits and abilities. Prophylactics of conflicts is a complex of measures aimed at obviation of social contradictions with the purpose of creation of normal conditions in a society. The article is devoted to conflict governance technology in the process of con flict prophylactics ; concrete examples from RT real life being adduced.