Научная статья на тему 'Communities and distinctions of two poetic tezkires'

Communities and distinctions of two poetic tezkires Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
160
59
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСТОРИЯ ТАДЖИКСКОЙ ЛИТЕРАТУРЫ XIX-XX ВЕКОВ / ТРАДИЦИЯ СОСТАВЛЕНИЯ ТЕЗКИРЕ / ТЕЗКИРЕ "МАДЖМУАТ-УШ-ШУАРО" ФАЗЛЙ / ТЕЗКИРЕ "ТАЗКОРИ АШ'ОР" САДРИ ЗИЁ / FAZLI S TEZKIRE "MADJMUAT-USH-SHUARO" / SADRI ZIYO'S TEZKIRE "TAZKORI ASH'OR" / THE HISTORY OF THE TAJIK LITERATURE OF THE XIX-TH THE XX-TH CENTURIES / TRADITION OF TEZKIRE COMPOSITION

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Раджабов Эхсон

В статье осуществлён сопоставительный анализ первого после почти полувекового молчания в традиции составления тезкире, труда Фазлй Намангони, составленного в стихотворной форме в 1822 году в Коканде, и на сегоднящний день в истории таджикско-персидской литературы второго образца стихотворного тезкире «Тазкори аш’ор» известного проеветителя конца XIX-начала XX веков Садри Зиё, вторая редакция которого была зовершена уже в годы советской власти. Конкретными примерами убедительно и аргументированно автор показывает общие черты и отличия указанных тезкире.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on the correlative analysis of the first work of Fazli Namangoni composed in poetical form in 1922 in Kokand and the second paragon of the poetical tezkire “Tazkori ash’or” belonging to the pen of Sadri Ziyo, the well-known enlightener of the end of the XIX-th the beginning of the XX-th centuries; the second recension being accomplished in the Soviet years. The first tezkire appeared after the silence mustering almost half a century; the second tezkire is another variant in the history of the Tajik-Persian literature. Resorting to concrete and convincing examples the author of the article shows provingly common features and distinctions of the two tezkires.

Текст научной работы на тему «Communities and distinctions of two poetic tezkires»

Э. Рацабов

ШАБОХАТ ВА ТАФОВУТИ ДУ ТАЗКИРАИ МАНЗУМ (« М а ч м у аг - у 111 -111 у а р о»- и Фазлй ва «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё)

Вожатой калидй: таърихи адабиёти тоцик дар первой XIX-XX, анъанаи тазкиранавией, тазкираи « Мацмуат-уш-шуаро»-и Фазлй, тазкираи «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё

Мукоисаи «Мачмуат-уш-шуаро»-и Фазлии Намангонй бо «Тазкори ашъор»-и Шарифчон махдуми Садри Зиё аз чанд чихат кобили таваччух аст. Тазкираи манзуми Садри Зиё аз мухимтарин сарчашмахои адабй буда, дар каламрави Мовароуннахр баъд аз тазкираи Фазлй дуюмин тазкираи манзум мебошад. Аз ин лихоз. ба мукоиса гирифтани ин ду тазкира аз назари шабохати мухтавову сабк, вежагихои сохторй ва мушаххасоти тасниф дар омузиш ва тахкики таърихи тазкирахои манзуми аерхои Х1Х-ХХ муфид хохад буд. Кабл аз он, ки перомуни сабк ва вежагихои тазкираи манзуми Садри Зиё маълумот дихем. зарур аст, ки рочеъ ба асолати нусхаи тазкираи мазкур ва ахамияту арзиши он сухан ронем. Тазкираи манзуми Садри Зиё замоне таълиф гардид, ки чараёни тазкиранавией дар хавзаи адабии Бухоро чони тоза гирифт ва накши мухиме дар шинохти адабиёт гузошт. Дар мукаддимаи академик М. Шакурй ба нашри нави эронии тазкира ва рисолаи илмии С. Сиддиков перомуни ин тазкира мулохизоти судманде баён шудааст. Аз руи андешаи ин пажухандагон тазкираи мазкур дар чавоб ва тасхехи иштибохоти тазокири Мухтарам ва Афзал тасниф шудааст, ки ба назари мо то чое бахсангез мебошад. Дар назар бояд дошт, ки ин тазкира аз чониби муаллиф дубора таълиф гардида, аксари матолиби мавчуд дар нусхаи сонй сарфи назар шудааст. Ин амр ба ин хотир сурат гирифтааст, ки Садри Зиё наметавонист дар замони салтанати

амир Абудулахадхон шуарои мухолифи дарборро васф кунад ва дар мавриди шахсияти эшон забони мадх боз намояд. Дувум казияе. ки тагйири нусхаро аз аввал тасдик, менамояд, он аст, ки муносибати Садри Зиё дар натичаи бухтон ва дасисабозии бархе аз нотавонбинон ба амир то чое халалдор шуда буд, аз ин чихат таълифи тазкира василае барои наздик кардани шоир ба шох махсуб меёфт. Дар ин бобат дар маснавие, ки дар он хддафи таълиф зикр шудааст, ишороте ба назар мерасад. Як муддат хуб набудани муносибати шохро бо Садри Зиё аз он хам метавон пай бурд, ки уро дарбориён аз умури салтанат дур сохта, дар дуртарин мавзеъ вазифаи козигиро муносиб донистанд, ки ин аз нохубии муносибати шох бо шоир дарак медихдд. Садри Зиё бо таълифи тазкира кушиш намуд, то муносибати каблии худро бо шох баркарор намояд. Севум далеле, ки аз тагйири мухтавои нусхаи аслии тазкира дарак медихдд, андешаи С. Сиддиков мебошад. Дар рисолаи «Садри Зиё ва тазкирахои у» омадааст, ки «Садри Зиё хднгоми бахо додан ба эчодиёту шахсияти шоиру олимон ба ихтилофхои чиддй рох додааст: у аз як тараф, фактхои хаёту эчодиёти шоирони пенщадаму равшанфикри замонро дуруст ва (албатта, аз нуктаи назари он замон) хакикатнигорона шарх дода, дар мухити илмию адабии аср мавкеи асосй доштанашонро таъкид намояд, аз тарафи дигар, дар вакти бахо додан ба эчодиёти шоирони дарбор бо кайд кардани чихатхои «хуби» ашъорашон конеъ шуда, дар бораи камбудихои он хомуш мондааст. Ва хол он ки муаллиф дар дигар асархояш нуктаи назари аслии худро дар бораи табъу кудрати шоирии онхо ошкоро изхор намудаст. Х,амин чихати тазкира ахли тахкикро водор мекунад, ки хангоми аз маводи он истифода бурдан эхтиёткор бошанд» (4,5).

Аз чунин хулосаи С. Сиддиков низ маълум аст, ки ба «Тазкори ашъор» дигаргунии зиёд ворид шуда, мухтавои нусхаи асли тазкира ва ахдофи аслии мусанниф тагйир ёфтааст (3).

Аз ин р> метавон гуфт, ки нусхаи нахустини тазкираи Садри Зиё аз нусхаи хозира тафовути чиддие дорад. Адабиётшиносон дар асоси нусхаи хозир ба мулохизоти фавк омадаанд, аммо дар ин нусха низ дар чавоби тазкирахои хамзамонон таълиф намудани ин тазкира ишороте ба назар намерасад. Аз хамин чихат, наметавон таъкид кард, ки акоиди муаллиф дар нусхаи баъдй бидуни тагйир бокй мондааст. Дар ин бора Садри Зиё

таъкид медорад, ки «бинобар касрати парешонй ва адами фурсат тачдиди он мумкин нашуд. Варна асли нусха аз дусад нафар мутачовиз буд» (3, 232).

Ин тазкира хамчун тазкираи манзум дар тазкиранигории Вароруд чойгохи хосе дорад. Тазкирашиносон рочеъ ба тазкирахои манзум на он кддар маълумоти кофй ва котеъ додаанд. Бо вучуди ин, С. Сиддиков чунин ишора дорад: «Дар таърихи адабнёти точик таълифи тазкиратушшуарои манзум хеле кам вокеъ шудааст. Агар хато накунем, аввалин касе, ки ба ин кор даст зада буд, маликушшуарои дарбори Умархон (1809-1822) Фазлии Намангонист, ки бо унвони «Мачмуаи шоирон» («Мачмуат-уш-шуаро») дар соли 1822 тазкираи манзуме мураттаб намудааст. Дувумин тазкираи шеърй асари Садри Зиё «Тазкори ашъор» аст. Дар бораи ин ки баъд аз Садри Зиё каси дигаре ба назм тазкира навиштааст ё не, маълумоте дар даст надорем. Вале маълум аст, ки Идрисхочаи Рочй (ваф. 1338-1919-1920) дар ибтидои асри XX «Тазкират-ул-хаттотин»-и манзум таълиф карда буд» (3,107).

Ахмад Гулчини Маонй аз ду тазкираи манзум ёдовар мешавад, ки таълифшон пас аз солхои таълифи тазкираи Фазлй сурат гирифтааст. Агар иттилои мухаккики мазкурро ба назар бигирем, равшан мегардад, ки кабл аз «Мачмуат-уш-шуаро»-и Фазлй дар хавзахои мухталифи адабиёти форсй тазкираи манзум таълиф нагардидааст. Пас бо назардошти ин иттилоъ метавон хадс зад, ки дар каламрави забон ва адабиёти форсй нахустин тазкираи манзум «Мачмуат-уш-шуаро»-и Фазлй мебошад. Аммо аз вучуди лугатномаи манзум ва таърихномаи манзум дар таърихи адаби форсй иттилоъ хает.

Муайян намудани вежагихои сабкиву сохтории ин тазокир дар посухи чунин суолхо муфид хохад буд. Муаллифи «Тазкори ашъор», ки аввалин мусаннифи тазкираи манзум набудааст, дар ин ибтикор мукаллиди Фазлй аст ё эчодкор? Оё мусаннифи «Тазкори ашъор» сабку услуби нигориши сохиби «Мачмуат-уш-шуаро»-ро ба кор гирифта ё тозачуй кардааст? Оё «Тазкори ашъор» дар равиши таълиф ва чузъиёти дигар тафовут ва ё шабохате аз «Мачмуат-уш-шуаро» дорад ё муаллифи он, равиши мусаннифи «Мачмуат-уш-шуаро»-ро дар шинохт ва муаррифии шуаро пайгирй кардааст? 1^абл аз он ки ба мукоисаи ин ду тазкира бипардозем, бояд муайян намоем, ки бахрабардории

муаллифи «Тазкори ашъор» аз «Мачмуат-уш-шуаро» то чи хад буда ва дар тадвини тазкира ба кор омадааст ё на? Бе хеч шак муаллифи «Тазкори ашъор» аз «Мачмуат-уш-шуаро» бохабар буд ва онро дар ихтиёр дошт. Аммо дар тазкира аз Фазлй ишороте нашудааст. Далели бохабар будани муаллифи «Тазкори ашъор» аз «Мачмуат-уш-шуаро» дар муаррифиномаи фехристи китобхонаи Садри Зиё сабт шудааст: «Мачмуат-уш-шуаро»-и Хуканд мачмуаест зебо, тазкираест шавкафзо, ки фозили бехамто, шоири ангуштнамо, мафкуду-л-мадил маъдуму-л-бадил сухандони лисонй Фазлии Намангонй, ки номи он фозили сонй Фазлиддин аст, дар ахди давлати амири беназир, доништаъмири олии фузунатмаонй фитратсохибу-л-сайфу-л-алам в-ал-калам, хокони волонишон Умархон надими хоси хон ихтисос дошт ва «Тазкират-уш-шуаро»-е махсур ва максур ба зикри шуарои он ахди хуррамй махз бо фармудаи хони саодаттавъамон тартиб додааст, ки багоят зебо аст ва ин тазкира низ дар он овон бо амри хони фазо-илнишон навишта, ба когази амирхонй ба хати зебои настаълик музайяни махаллй аст. Кимати он дах хазор танга» (1).

Дар замимаи дувуми нашри «Тазкори ашъор» (Техрон. 2002), ки дар он маълумотномаи шоирон аз дигар асархои Садри Зиё бо кушиши С. Сиддиков фарохам омадааст, аз чунин хабари мухиме иттилоъ меёбем:

«Дар вактхои охир ба фахми мусаввиди аврок (яъне Садри Зиё-Э. Р.) се тасниф аз се нафар фозили комил ба зухур омад, ки чахоруми он аз мутасаввир нест: «Тазкират-уш-шуаро»-и манзуми Фазлй, «Тазкират-уш-шуаро»-и Корй Рахматуллохи Возехи Бухорой, «Наводир-ул-вакоеъ»-и Ахмади Дониш мулаккаб ба Калла» (3, 303).

Аз ин иттилоъ пайдост, ки Шарифчон махдуми Садри Зиё яке аз нусхахои тазкираи Фазлиро дар ихтиёр дошта, дар таълифи тазкираи худ сабк ва тарзи нигориши Фазлиро мавриди корбаст карор додааст.

Х,адафи таълифи тазкираашро Садри Зиё чунин арзёбй мекунад:

Мурспптаб намуданд х,ар як китоб, Ба номи шах,аншох,и олицаноб. Биёмад маро низ шавцу х,авас Фитодам дар инрох, чун хору хас... (3, 19).

Аз абёти фавк, маълум мешавад, ки мусанниф сабаби таълифи тазкираи худро дар ислохи иип ибохоти тазкирахои хамзамонони худ, ба монанди Афзал Махдуми Пирмастй ва Абдуллохочаи Абдй, чунонки баъзе адабиётшиносон зикр намудаанд, ба шумор наовардааст. Ба чунин акида итминон варзидани алокдмандон шояд дар он бошад, ки дар тазкира нисбат ба бархе аз шуаро иттилооти тоза ва гуфтори интикодй нисбат ба тазкирахои Афзал ва Абдй бештар ба назар расидаанд. Зеро дар нусхаи «эхёшуда» чунин кушиши мусанниф гох-гох ба назар мерасад. Аз чониби дигар, бо такозои замон Садри Зиё баъд аз таназзули салтанати шохй хадафу андешаи худро дигар карда, шояд дар нусхаи аз нав навиштааш ин тасимимро пеш гирифтааст. Илова бар ин академик М. Шакурй таъкид доштааст, ки шуарои пайрави шеъри нав ва макбули назари Садри Зиё дар ин асар интихоб ва муаррифй шудаанд. Аз хамин чихат шояд адабиётшиносони мазкур тазкираи мавриди назарро давоми мантикй ва пуркунандаи галатхои тазкирахои каблй донистаанд. Ба андешаи мо, тазкираи Садри Зиё на дар чавоби тазкираи Афзал ва Абдй, балки бо такозои сиёсати замон ва назардошти манофеи шахсии муаллиф таълиф шудааст. Таълифи «Тазкори ашъор» ягона василае буд, ки муаллиф муносибати пешинаи худро ба шох баркарор намояд. Аз хамин лихоз, тазкира аз чихати мухтаво ва хадаф наметавонист дар чавоби тазкирахои хамзамонон таълиф шавад. Агар хадафи таълифи худро муаллиф дар посух ва ё ислоху интикоди тазкирахои хамзамонон медонист, маълум буд, ки ба дарбор макбул намегардид ва ба шох бахшида шудани он махалли тардид карор мегирифт. Ба эхтимоли кавй, метавон таъкид дошт, ки муаллиф андешаву акоид ва самтгирии худро дар тадвини дувуми тазкира тагйир дода, аз хамин чихат аксари исми шуаро дар нусхаи эхёй ихтисор намуда, рочеъ ба шуарои мухолифи дарбор бештар изхори назар намудааст.

Аз андешахои Фазлй ва Садри Зиё равшан мегардад, ки хар ду низ дар таълифи тазкира як хадафро пайгирй намудаанд. Аз маснавии огозии тазокири мазкур маълум мешавад, ки онхо шохи замонро мукарраран тавсиф намуда, нисбат ба у забони ситоиш боз кардаанд.

Дар сохту мундарича ва равиши пешниходи маълумот тазкирахои мазкур умумият ва тафовут доранд. Агар тазкираи

Фазлй бо назардошти анвои адабй ба чахор кдсмат таксим шуда бошад, дар «Тазкори ашъор» чунин таксимбандй вучуд надорад. Фазлй дар тазкирааш баъди зикри хддафи таълиф, наъти Худову Расул ва васфи шох, аз касоиди шуаро намуна оварда, баъд газалиёту анвои дигари шеърии шуароро пешкаш менамояд. Маълум мешавад, ки мусанниф дар тадвини тазкира мавкеи жанрхоро ба назар гирифтааст.

Дар «Тазкори ашъор» муаллиф баъд аз зикри хадафи таълиф ва дуруди Худованду васфи шох, суханро бевосита аз муаррифии шуаро 0F03 мекунад ва катъи назар аз шакли шеърй намунаи ашъори шуароро меоварад. Аз назари хдчм тазкираи Фазлй нисбат ба «Тазкори ашъор» зиёд буда, тазкираи Садри Зиё 1444 байт аз худи муаллиф ва 2616 байт намунаи шеъри дигаронро дар бар мегирад. Тазкираи Фазлй зиёда аз 6 хдзор байтро танхо аз ашъори шуаро чой додаст. Дар пешних,оди иттилооти марбут ба шуаро тазокири фавк тафовут доранд. Садри Зиё дар ин маврид сабки тазкиранигорони салафро пазируфтааст. Яъне, аввал рочеъ ба шоир маълумот медихдд ва мавкеи адабиву хасоили шахсии уро таъйину таъкид медорад, баъд намунаи газал ё рубой ва ё дигар анвои шеърии он шоирро накл менамояд. Дар тазкираи Фазлй чунонки дар боло зикр гардид, тарзи пешниходи иттилоъ перомуни шахсият ва ашъори шуаро ба тарзи хос сурат гирифтааст. Фазлй дар кисми касоиди тазкира аз ин ё он шоир касидаеро интихоб мекунад ва кабл аз намуна овардан дар бораи он шоир маълумоти кучаку мухтасар меоварад. Агар дар кисмати газалиёти тазкира аз шоири фавк газале намуна оварданй шавад, дар бораи у маълумоти тозае меоварад, ки марбут ба шахсият ва ё мавкеи адабии он шоир аст. Дар кисмати рубоиёту мухаммасот ва анвои дигари шеърй аз рубоиёт ё мухаммасоти хамон шоир намуна оварданй шавад, иттилои дигареро рочеъ ба чанбахои норушани хает ва шахсияти у пеш мекашад. Аз хамин чихдт, дар тарзи оварданй маълумот ва фарогирии он нисбат ба «Тазкори ашъор» имтиёз дорад. Шумори шуаро низ дар тазокири мавриди назар мухталиф буда, теъдоди шуаро дар тазкираи Садри Зиё (49) нисбат ба тазкираи Фазлй хеле кам мебошад.

Як нуктаи мух,им перомуни тазокири мазкур дар он аст, ки Садри Зиё дар муаррифии шуаро ва оварданй ашъори эшон абёти зиёдеро мазмунан ва баъзе айнан аз тазкираи Фазлй овардааст.

Фазлй бо назардошти анвои адабй ба чахор кдсмат таксим шуда бошад, дар «Тазкори ашъор» чунин таксимбандй вучуд надорад. Фазлй дар тазкирааш баъди зикри хадафи таълиф, наъти Худову Расул ва васфи шох аз касоиди шуаро намуна оварда, баъд газалиёту анвои дигари шеърии шуароро пешкаш менамояд. Маълум мешавад, ки мусанниф дар тадвини тазкира мавкеи жанрхоро ба назар гирифтааст.

Дар «Тазкори ашъор» муаллиф баъд аз зикри хадафи таълиф ва дуруди Худованду васфи шох суханро бевосита аз муаррифии шуаро огоз мекунад ва катъи назар аз шакли шеърй намунаи ашъори шуароро меоварад. Аз назари хачм тазкираи Фазлй нисбат ба «Тазкори ашъор» зиёд буда, тазкираи Садри Зиё 1444 байт аз худи муаллиф ва 2616 байт намунаи шеърй дигаронро дар бар мегирад. Тазкираи Фазлй зиёда аз 6 хазор байтро танхо аз ашъори шуаро чой додаст. Дар пешниходи иттилооти марбут ба шуаро тазокири фавк тафовут доранд. Садри Зиё дар ин маврид сабки тазкиранигорони салафро пазируфтааст. Яъне, аввал рочеъ ба шоир маълумот медихад ва мавкеи адабиву хасоили шахсии уро таъйину таъкид медорад, баъд намунаи газал ё рубой ва ё дигар анвои шеърии он шоирро накл менамояд. Дар тазкираи Фазлй чунонки дар боло зикр гардид, тарзи пешниходи иттилоъ перомуни шахсият ва ашъори шуаро ба тарзи хос сурат гирифтааст. Фазлй дар кисми касоиди тазкира аз ин ё он шоир касидаеро интихоб мекунад ва кабл аз намуна овардан дар бораи он шоир маълумоти кучаку мухтасар меоварад. Агар дар кисмати газалиёти тазкира аз шоири фавк газале намуна оварданй шавад, дар бораи у маълумоти тозае меоварад, ки марбут ба шахсият ва ё мавкеи адабии он шоир аст. Дар кисмати рубоиёту мухаммасот ва анвои дигари шеърй аз рубоиёт ё мухаммасоти хамон шоир намуна оварданй шавад, иттилои дигареро рочеъ ба чанбахои норушани хаёт ва шахсияти у пеш мекашад. Аз хамин чихат, дар тарзи оварданй маълумот ва фарогирии он нисбат ба «Тазкори ашъор» имтиёз дорад. Шумори шуаро низ дар тазокири мавриди назар мухталиф буда, теъдоди шуаро дар тазкираи Садри Зиё (49) нисбат ба тазкираи Фазлй хеле кам мебошад.

Як нуктаи мухим перомуни тазокири мазкур дар он аст, ки Садри Зиё дар муаррифии шуаро ва оварданй ашъори эшон абёти зиёдеро мазмунан ва баъзе айнан аз тазкираи Фазлй овардааст.

ки сабаби ин кор равшан нест. Барои тасдики ин матлаб абёти тазкираи Садри Зиёро, ки дар тазкираи Фазлй ба назар мерасад, мисол метавон овард:

Аз тазкираи Фазлй:

Сари сарварон Хусрави арцманд, Ки шуд поя и шеър аз вай баланд.... Гауе карда бо фатуи кишвар цадал, Гауе сайд карда гизоли газал. (2, 143) Аз «Тазкори ашъор»:

Сари сарварон Хусрави арцманд, Ки шуд пояи шеър аз вай баланд. Гауе карда сайди гизоли газал, Гауе бо мухолиф цитолу цадал. (3, 26) Чунин шабохату хамоханРй ва хамандешй зимни муаррифию тавсифи шохони замон дар хар ду тазкира ба назар мерасанд. Аз далели мазкур равшан мешавад, ки Садри Зиё хатман тазкираи Фазлиро зери назар доштааст. Аммо мусаннифи тазкира аз чи сабаб бошад, маншаи иктибос аз он абётро ёдовар нашудааст. Абёти мазмунан ва лафзан ба хам наздикро дар тазкирахои мавриди назар метавон зиёд мушохида намуд. Х,ангоми маррифии шуаро ва ё зикри хислатхои гуногуни онхо низ Садри Зиё абётеро мавриди истифода карор додааст, ки аз чихати мазмун ва шабохати каломй ба хам наздиканд. Аксари иборахои тавсифй, ки Фазлй ба василаи онхо ин ё он шоири хамзамони худро шиносонидааст, дар тазкираи Садри Зиё бидуни тагйир мавриди корбаст карор гирифтаанд.

Маълумоти мусаннифин дар тазкирахои мавриди назар ба тарзхои мухталиф сурат гирифтаанд. Агар Фазлй перомуни ин ё он шоир дар чанд маврид ба тарзхои гуногун маълумот дода бошад, Садри Зиё рочеъ ба ин ё он шоир нахуст маълумоти мукаммал дода, баъд аз иттилоъ намунае аз ашъори он шоир пешкаш менамояд, ки ин равиши маъмули тазкиранигорй мебошад. Фазлй бештар дар мавриди шеър, мавкеи адабии шуаро ва хислатхои мухталифи онхо маълумот дода, Садри Зиё бештар аз мавкеи ичтимой, осору пайкор ва вазъи хонаводагии шуаро харф задаст. Дар тазкираи Садри Зиё дар баъзе маврид номгуи осори шуаро зикр мешавад. Дар тазкираи Фазлй унвони осори шуаро кам ба назар мерасад. Аммо у аз вучуди девони аксари шуаро иттилоъ медихад.

— 42 -Ç НОМАИ донишгох

Тафовути дигари таз к и pax, о он аст, ки «Тазкори ашъор» аз лихози мазмун ва мухтаво ба гурухи тазкирахои гайриаслй шомил мешавад. Зеро Садри Зиё дар тасдик ё инкори матлаби ин ё он тазкиранигор аз маълумоти тазкирахои хамзамонон истифода намудааст. «Мачмуат-уш-шуаро»-и Фазлй тазкираи аслй аст. Дар фарогирии намунаи ашъоришуаро низ тазкирахои мавриди назар тафовут доранд. Дар тазкираи Фазлй намунаи ашъори шуаро бештар ва дар «Тазкори ашъор» камтар фарохам омадааст. Садри Зиё гохе аз шуаро бо накли як рубой ва ё чанд байт иктифо мекунад. Фазлй хатман як ё ду газал аз шоир намуна меоварад.

Аз лихози шинохти анвои шеърй тазкираи Фазлй нисбат ба «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё имтиёзи зиёд дорад. Дар тазкираи аввал аз анвои гуногуни шеърй намуна оварда мешавад. Дар тазкираи дувум аз чанд анвои адабй ба монанди касида, газал, рубой, фард, маснавй намуна фарохам омадасту бас.

Меъёрхои баходихии мусаннифон ба шуаро низ дар тазкирахо шабохат ва махсусият дорад. Дар тазкираи Фазлй бештар шуарои ба дарбор наздик тавсиф гардида, аз ашъори онхо нисбат ба дигар шоирон зиёдтар намуна оварда шуда бошад, дар тазкираи Садри Зиё голибан аз ашъори шуарои мухолифи дарбор ё аз шуарои ба истилох «халкй» намунахо фарохам омадаанд. Чунончи Садри Зиё аз ашъори шуарое чун Шохин, Фитрат, Савдо, Айнй, Тахсин ба f. бештар намуна овардааст. Дар ин маврид метавон мулохизоти болоро таквият дод, ки Садри Зиё дар нусхаи дубора навиштааш шояд ба ин кор бештар таваччух зохир намудааст. Аз мукобалаву мукоисаи «Тазкори ашъор» ва «Мачмуат-уш-шуаро» метавон ба чунин бардоште расид:

- «Мачмуат-уш-шуаро» аз назари сохт ва мундарича аз «Тазкори ашъор» тафовут дошта, аммо аз лихози хадафи таълиф, тарзи гуфтор ва шеваи нигориш ин ду асар ба хам шабохати наздик пайдо кардаанд.

- тазкирахои мавриди назар дар вазни мутакориби мусаммани максур, дар шакли маснавй эчод шудаанд. Аммо Садри Зиё дар баъзе маврид зимни муаррифии шуаро вазни маснавиро тагйир додааст.

- хачми маводи тазкирахо низ аз хам тафовут дошта, «Мачмуат-уш-шуаро» нисбат ба «Тазкори ашъор» иттилоот ва анвои шеърии бештарро фаро гирифтааст. Микдори ашъори шуаро дар «Тазкори ашъор» 2616 байт, тазкираи Фазлй зиёда аз 6000 байтро фаро

гирифтааст.

- равиши иттилоъдихй рочеъ ба рузгору шахсият ва осори шуаро низ дар тазкирахо гуногун сурат гирифтаанд. Дар тазкираи Фазлй намунаоварй бо назардошти анвои шеърии шуаро сурат шрифта бошад, дар «Тазкори ашъор» ин равиш риоя нашудааст.

- азбаски муаллифи «Тазкори ашъор» зимни муаррифии шуаро ва овардани намунахои ашъори эшон ба тазкирахои дигар ручуъ намудааст, ин асар ба гурухи тазокири гайриаслй шомил мешавад. Х,ар ду ин тазкирахо асрианд.

- дар «Тазкори ашъор» абёте ба назар мерасанд, ки дар тазкираи Фазлй мазмунан ва ё шаклан баён гаштаанд. Аммо мусаннифи тазкира бо сабаби номаълум маъхази иктибоси абётро ёдовар нашудааст. Садри Зиё зимни муаррифй ва тавсифи шуаро аз ибороту таркиботе истифода намудааст, ки дар тазкираи Фазлй ба таври густарда мавриди истифода карор гирифтаанд.

- Равшан аст, ки Садри Зиё дар таълифи тазкира тарзи нигориш ва сабку услуби баходихии Фазлиро истикбол намуда, бо пайравй аз равиши тазкиранигории Фазлй кори худро ба анчом расонидааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Вохидов III., Чориев 3. Садри Зия и его библиотека (Из истории книги и книжной културы в Бухаре в начале 20 века).-Ташкент: Янги аср авлоди, 2007

2. Намангонй, Фазлй. Мачмуат-уш-шуаро.- Тошканд, 1900

3. Сиддикй С. Садри Зиё ва тазкирахои у, - Душанбе: Шучоиён, 2010

4. Шарифчон махдуми Садри Зиё. Тазкори ашъор. Техрон, 1380

5. Шодиев Э. Фазлий Намангоний ва Хужанд шоирлари.-Хучанд, 1993

6. Шукуров Ш. Нигохи Ахмади Дониш ба Мирзо Бедил ва пайра-вони у // Садои Шарк.- 2006,- № 10,- С. 147-150.

Общность и различия двух стихотворных тезкире Э.Раджабое

Ключевые слова: история таджикской литературы XIX-XX веков, традиция составления тезкире, тезкире «Маджмуат-уш-шуаро» Фазлй, тезкире «Тазкори аш'ор» Садри Зиё

В статье осуществлён сопоставительный анализ первого после-почти полувекового молчания в традиции составления тезкире, труда Фазлй Намангони, составленного в стихотворной форме в 1822 году в Коканде, и на сегоднящний день в истории таджикско-персидской литературы второго образца стихотворного тезкире «Тазкори аш'ор» известного просветителя конца XIX-начала XX веков Садри Зиё, вторая редакция которого была зовершена уже в годы советской власти. Конкретными примерами убедительно и аргументированно автор показывает общие черты и отличия указанных тезкире.

Communities and Distinctions of two Poetic Tezkires E. Rajabov

Key words: the history of the Tajik literature of the XlX-th - the XX-tli centuries, tradition of tezkire composition, Faili's tezkire "Madjinuat-ush-shuaro" Sadri Ziyo's tezkire "Tazkori ash'or"

The article dwells on the correlative analysis of the first work of Fazli Namangoni composed in poetical form in 1922 in Kokand and the second paragon of the poetical tezkire "Tazkori ash'or" belonging to the pen of Sadri Ziyo, the well-known enlightener of the end of the XIX-th - the beginning of the XX-th centuries; the second recension being accomplished in the Soviet years. The first tezkire appeared after the silence mustering almost half a century; the second tezkire is another variant in the history of the Tajik-Persian literature. Resorting to concrete and convincing examples the author of the article shows provingly common features and distinctions of the two tezkires.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.