Научная статья на тему 'БАЪЗЕ МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА ҷОЙГОҲИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҷТИМОӢ'

БАЪЗЕ МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА ҷОЙГОҲИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҷТИМОӢ Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
76
14
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МАТБУОТИ МАҲАЛЛИ / РУЗНОМАҲОИ АНЪАНАВИ / ШАБАКАҲОИ ИҷТИМОИ / НАШРИЯҲОИ МАҲАЛЛӢ / СОМОНАҲО / ТЕХНОЛОГИЯИ ИНТЕРНЕТӢ

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Комилов Каримбой Исломович

Махсусияти ҷойгоҳи матбуоти маҳаллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқиқ шудааст. Таъкид гардидааст, ки технологияҳои сатҳи баланди иттилоотию коммуникатсионӣ имкон медиҳанд, ки маҳсулоти нави иттилоотӣ, усулҳои нави ҳамкорӣ бо аудитория ба роҳ монда шавад. Барои нашрияҳои чопии минтақавӣ, маҳаллӣ ин метавонад имкони дастрасӣ ба маводи электронии нашрияҳои сатҳи миллӣ ва ҷаҳонии маҳфузи бойгонии электронӣ низ бошад. Ҳузури рӯзнома дар шабакаҳои иҷтимоиро танҳо дар сурате самаранок дониста шудааст, ки агар идораи нашрия мундариҷаи маводи худро бо фазои ин майдонҳои интернетӣ мутобиқ намояд. Маводи журналистӣ шаклу симои тоза мегирад ва ба онҳо унсурҳои мултимедиавӣ илова мешавад, ки ин ҳама талаботи муқаррарии маводи интернетӣ аст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SOME CONSIDERATIONS ON THE PLACE OF REGIONAL PRESS IN SOCIAL NETWORKS

The article examines the specificity of the place of regional media in social networks. The author emphasizes that high-level information and communication technologies allow creating new information products, new ways of working with the audience. For regional and local publications it can also provide access to electronic content from national and global electronic archives. The author considers the newspaper's presence in social networks to be effective only if the leadership of editions adapts the themes of its content to the space of those from Internet sites. Journalistic material takes on a new form and image, multimedia elements are added to it, that being a common requirement for online content.

Текст научной работы на тему «БАЪЗЕ МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА ҷОЙГОҲИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҷТИМОӢ»

10 01 10 ЖУРНАЛИСТИКА 10 01 10 JOURNALISM

УДК 070 ББК 76.12

БАЪЗЕМУЛОХЦЗАХ<О Комилов Каримбой Исломович, н.и.ф дотсент,

ОИД БА ЦОЙГОХЦ мудири кафедраи журналистика ва назарияи МАТБУОТИМАХАЛЛЙ тарцумаи факултети филологияи тоцики МДТ "ДДХ ДАРШАБАКАХ<ОИИЧ,ТИМОЙ ба номи академик Б. Fафуров" (Тоцикистон, Хуцанд)

НЕКОТОРЫЕ Комилов Каримбой Исломович, канд.филол.наук.

СООБРАЖЕНИЯ О МЕСТЕ доцент, заведующий кафедрой журналистики и

РЕГИОНАЛЬНОЙ ПРЕССЫ В теории перевода ГОУ "ХГУ имени академика Б.

СОЦИАЛЬНЫХ СЕТЯХ Гафурова " (Таджикистан, Худжанд)

SOME CONSIDERA TIONS ON Komilov Karimboi Islomovich, candidate of philological

THE PLACE OF sciences, head of the department of journalism and translation REGIONAL PRESS IN theory under the SEI "KSU named after acad. B. Gafurov "

SOCIAL NETWORKS (Tajikistan, Khujand) E-MAIL: komilov-62@mail.ru

Каливожщо: матбуоти мауалли, рузномауои анъанави, шабакауои ицтимои, нашрияуои мауалли, сомонауо, технологияи интернетй

Махсусияти цойгоуи матбуоти мауалли дар шабакауои ицтимои тауциц шудааст. Таъкид гардидааст, ки технологиями сатуи баланди иттилоотию коммуникатсиони имкон медиуанд, ки маусулоти нави иттилооти, усулуои нави уамкори бо аудитория ба роу монда шавад. Барои нашрияуои чопии минтацавй, мауалли ин метавонад имкони дастраси ба маводи электронии нашрияуои сатуи милли ва цауонии мауфузи бойгонии электроны низ бошад. Хузури рузнома дар шабакауои ицтимоиро тануо дар сурате самаранок дониста шудааст, ки агар идораи нашрия мундарицаи маводи худро бо фазои ин майдонуои интернети мутобиц намояд. Маводи журналисти шаклу симои тоза мегирад ва ба онуо унсуруои мултимедиави илова мешавад, ки ин уама талаботи муцаррарии маводи интернети аст.

Ключевые слова: региональная пресса, традиционные газеты, социальные сети, местная печать, веб-сайты, интернет-технологии

Исследуется специфика места региональных СМИ в социальных сетях. Подчеркивается, что информационно-коммуникационные технологии высокого уровня позволяют создавать новые информационные продукты и новые способы работы с аудиторией. Региональным и местным публикациям это также может обеспечить доступ к электронному контенту из национальных и глобальных электронных архивов. Утверждается, что присутствие газеты в социальных сетях эффективно только в том случае, если руководство издания адаптирует содержание своего контента к пространству интернет-сайтов. Журналистский материал приобретает новую форму и образ, к нему добавляются мультимедийные элементы, что является обычным требованием к онлайн-контенту.

Key-words: regional press, traditional newspapers, social networks, local press, websites, internet technologies

Комилов К.И. Баъзе мулощзщо оид ба цойгощ матбуоти мащлли дар шабакауои ицтимой

The article examines the specificity of the place of regional media in social networks. The author emphasizes that high-level information and communication technologies allow creating new information products, new ways of working with the audience. For regional and local publications it can also provide access to electronic content from national and global electronic archives. The author considers the newspaper's presence in social networks to be effective only if the leadership of editions adapts the themes of its content to the space of those from Internet sites. Journalistic material takes on a new form and image, multimedia elements are added to it, that being a common requirement for online content.

Технологиями компютерй, хосатан интернетй дар рушду нумуи журналистика тахаввули чиддй ва имкониятхои мухим фарохам овард, ки он дар муттахидсозии медиахои нав тавассути ба вучуд овардани контенти ягона дар заминаи хавзаи интернетй, бузургии хачми мундаричавии мавод ва пайдо намудани хусусиятхои гиперматнии он, истифодаи воситахои мултимедиявй ва бо ин рох таъмин намудани зарурат ва талаботи муттасили истифодабарандагон бо иттилоот, баркарор кардани иртиботи дучониба, интерактивй бо максади чалби мунтазами таваччухи корбарон ифода меёбад.

Интернет дар чомеаи муосири тамаддуни инсонй на танхо технологияи нави иртиботиву муоширатй, балки хамчунин воситаи чахонигардонии муносибатхои иттилоотии байни одамон ва ташкилотхо низ гаштааст [2, с.44]. Технологияи мазкур ва Интернет харочоти раванди истехсолии ВАО ва воситахои пахнкунии махсулотро кам мекунанд ва имкони маротибаи дуюм дар майдони Интернет истифода намудани махсулоти иттилоотиро фарохам меоранд. Маводи журналистй шаклу симои тоза мегирад ва ба онхо унсурхои мултимедиавй илова мешаванд. Мутаносибан, байни журналист ва истеъмолкунанда шаклхои нави робитаи интерактивй баркарор мегардад. Бо кумаки имконияти интерактивй, корбар метавонад ба маводи пешниходшуда дар вакти вокей вокуниш зохир намояд: чавоб дихад, бахс намояд, рад кунад ва ё розигии худро изхор созад, харчанд ВАО-и анъанавй низ хусусиятхои интерактивй дорад [3, с.127]. Технологияхои сатхи баланди иттилоотию иртиботй имкон медиханд, ки махсулоти нави иттилоотй, усулхои нави хамкорй бо аудитория ба рох монда шавад. Барои нашрияхои чопии минтакавй, махаллй ин метавонад имкони дастрасй ба маводи электронии нашрияхои сатхи миллй ва чахонии махфузи бойгонии электронй низ бошад.

Хдмасола адади нашри медиахои чопй кам мешавад, ё кисман бетагйир мемонад, харчанд харчи раванди истехсолу интишор меафзояд, дар ин холат табиист, ки вазъи молиявй сол ба сол кохиш ёфта, окибат боиси кать гардидани фаъолияти нашрия мегардад, дар сурате, ки идораи ВАО ягон манбаи дигари маблаггузорй пайдо накунад [1, с.37]. Бо дарки мушкилот, медиа-холдингхои нисбатан калон тавонистанд тамоюлхои рушди технологияи муосирро кабул ва бо корбарон хамкорй намоянд. Вазъият дар журналистикаи махаллй дупахлу аст, аз як тараф, кариб хамаи медиахои махаллй расман моли макомоти ичроияи хокимияти махаллй махсуб меёбанд ва аз хисоби буча ва обуна маблаггузорй мешаванд. Аз чониби дигар, макомоти ичроия ба медиахои махаллй танхо мустакилияти худмаблагёбй дода, махдудияти контентиро нигох доштаанд. Зиёд шудани шумораи нашрия наметавонад вазъи молиявиро бехтар намояд, зеро баробари он харчи маблаг низ зиёд мешавад. Барои ВАО фарохам омадани бозори рекламавй, аз мусоид будани бозори истеъмолй аст, ки хануз дар кишвар дар сатхи дахлдор нест.

Яке аз роххои алтернативии халли мушкилот фаъол будан дар шабакахои ичтимой махсуб меёбад. Аммо, ВАО-и сатхи минтакавй, дар киёс аз нашрияхои чумхуриявй ба

чалби аудиторияи иловагй дар шабакахои ичтимой шитоб надоранд. Ин холатро мо хангоми тахкики сатхи иштироки медиахои махаллй дар интернет муайян намудем.

Аз омузиш маълум гашт, ки то огози соли 2021 беш аз 20 рузномаи шахриву нохиявй ва вилоятии хавзаи Сугд хама дар интернет фаъолият мебаранд, харчанд на хамаи онхо фаъол буда аз имкониятхои онлайнй истифода мекунанд.

Омузиши сатхи истифодаи шабакахои ичтимоиро аз чониби ВАО-и минтакаи Сугд аз руи чунин меъёрхо анчом додем: шумораи иштирокдорон (истехсолгарон ва корбарон); меъёри даврй аз руи микдори паёмакхои дар як руз чопшуда; сатхи фаъолнокии корбарон, шумораи лайкхо, репостхо ва шарххо - вохидхои фаъолнокии корбарон дар чомеахои шабакавй; истифода аз услуби баёни гайрирасмй аз чониби идораи медиа хангоми навиштани паёмхо.

Мо тахлили худро дар давраи аз 20 январ то 20 феврали соли 2021 анчом додем. Дар чараёни тахкик чойгохи 21 рузномаи махаллй ва минтакавии хавзаи Сугд ва сатхи фаъолнокии онхо дар шабакахои ичтимой тахлил гардид.

Аз 21 рузнома 15-тоаш дар шабакаи ичтимоии Facebook ва 4-тоаш дар YouTube намояндагй доранд. Гуруххои онхо танхо 36 ва 17 нафар аъзо доранд ва паёмакхои охирин санаи 27-уми феврал гузошта шудааст. Аз 12 нашрияи шахру навохии дар Facebook буда, 6-тоаш: "Машъал" (Мастчох), "Набзи Деваштич", "Паёми Бустон", "Икбол" (Ч,. Расулов), "Зарбдор" (Зафаробод), "Паёми Спитамен" ва "Паёми кухистон" (Кухистони Масчох) нусхаи чопии худро танхо дар шакли акси сахифахо бо PDF пешниход кардаанд, ки истифодаи онхо барои корбарон мушкил аст. Максади дар чунин шакл пешниход намудан на барои истифода шудани акси нусхаи нашрияхо дар шабака, балки танхо расонидани хабари чопи рузнома аст. Дар ин холат ин хабаррасонй бештар ба хонандаи шумораи навбатй дахл дорад, на ба корбари шабакаи ичтимой.

Холатхои дар шабакахои ичтимой чой додани маводи алохидаи рузномахо низ ба назар мерасад, ки дар ин холат микдори паёмакхо то ба 10 фоиз нисбат ба паёмакхои ба нусхаи PDF-и он гузошта бештар аст. Нашрияхои "Икбол", "Паёми Спитамен" ва "Чашмаи Шахристон" дар шабакаи ичтимоии YouTube видеонаворхои корй, аз чумла сабти табиати махалли худро зиёд чой додаанд. Панч (5) нашрия дар шабакахои ичтимой фаъол буда, онхо хар вакт маводи худро ба корбарон дар шакли гуногун пешниход мекунанд. Баъзе нашрияхо, аз чумла "Насими Исфара" беш аз хама фаъол хастанд ва хатто аз хисоби хамватанони дар хоричи кишвар буда дустони зиёд дорад.

Храмин тавр рузномахои "Насими Исфара" дар 5 шабака - Facebook, Twitter, Odnoklassniki, YouTube, ВКонтакте, "Паёми Истаравшан" дар 4 шабака - Facebook, Odnoklassniki, ВКонтакте ва Instagram, "Тирози чахон" дар 3 шабака - Facebook, Odnoklassniki, ВКонтакте, "Садои Конибодом" дар 4 шабака - Facebook, Odnoklassniki, YouTube, ВКонтакте, "Файзи Зарафшон" дар 2 шабака - Facebook, Odnoklassniki фаъол буда, маводи хар шумораи онхо кисман дар ин шабакахо чой дода мешавад. Аз хама бештар истифодаи имкониятхои журналистикаи мултимедиавй дар маводи рузномаи "Насими Исфара" назаррастар аст. Мухаккикон чунин мешуморанд, ки имкониятхои журналистикаи мултимедиавй ба ракобапазирии ВАО-и анъанавй, стратегияи расонахои анъанавй ва шакли онлайнии онхо, чун дастгохи маркетингй ба «second life» (хаёти дуюм (дигар), "хаёти интернетй") таъсир мерасонанд [5. c.48].

Лозим ба таъкид аст, ки иштироки баъзе аз ин нашрияхо дар майдони шабакахои ичтимой шартй буда, ба таври дилхох фаъол нест. Як кисми онхо дар шакли аксй (PDF), як кисми дигар бо пешниходи маводи алохида каноат кардаанд. Ин чо аз чониби ин нашрияхо имконияти онлайнии шабакахои ичтимой истифода нашудааст. Аввалан, аз як чихат,

Комилов К.И. Баъзе мулоуизауо оид ба цойгоуи матбуоти мауалли дар шабакауои uцтuмоû

маводи аз 3 то 10 руз пешина дар шабакахо чой дода шуда, аз чихати дигар, навсозии маводи ба шабака гузошта умуман сурат намегирад.

Нашрияуои "Зарафшон", "Навиди Истщлол", "Сохил", "Хучанд" ва "Шухрати Ашт" дар сомонахои ма^омоти ичроияи хокимияти давлатии шахру нохияхои Панчакент, Истщлол, Гулистон, Б. Fафуров ва Ашт маводи худро пешниход менамоянд. Навсозии маводи сомонахои мазкур ба назар намерасад.

Аз 18 нашрияи махаллй 3 нашрия вебсомонаи худро дорад, харчанд, онхо мунтазам фаъол нестанд. Fайр аз нусхаи шуморахои чопии дар шакли аксхо бо PDF пешниход гашта, маводи алохида дар шакли маводи мултимедиавй манзур гаштааст. Бахши иттилоотии сомонаи нашрияхо хамаруза "пур" карда намешаванд ва давоми руз навсозии маводи онхо ба назар намерасад.

Хар се нашрияуои вилоятии давлатй - "Ха^щати Сугд", "Согдийская правда" ва "Сугд ха^щати" дар майдони интернетй чахди нисбатан фаъол будан доранд. Иштироки онхо дар интернет, инчунин дар шабакауои ичтимой ба назар мерасад. Нашрияуои мазкур сомонахои интернетии худро доранд, на дар хамаи онхо навсозии маводи сахифахои иттилоотй мунтазам сурат мегирад. Ин нашрияхо дар шабакахои ичтимои Facebook, Twitter, Instagram фаъоланд ва веб-сомонахои "Ха^щати Сугд"- 1 139, "Согдийская правда"- 2074 ва "Сугд ха^ик;ати" 1 125 нафар аъзо дар Facebook доранд, ин холат дар рузхои гуногун тагйнр меёбад. Холатхои барои баррасй дар шабакахои ичтимой чой додани маводи алохидаи рузномахо аз чониби журналистони алохидаи ин нашрияхо ба назар мерасад, дар ин холат шумораи корбарон вобаста ба обруи журналист дар чомеа то 40-50 нафар мерасад, лекин дар холатхои алохида вобаста ба мухиммияти мавзуъ беш аз сад хамовоз пайдо мекунад.

Хузури рузнома дар шабакаи ичтимой танхо дар сурате самаранок аст, ки агар идораи нашрия мундаричаи маводи худро бо фазои ин майдонхои интернетй мутобиц кунад. Масалан, дар ВКонтакте ё Odnoklassniki чиддияти аз хад зиёд хонандаро мерамонад, зеро мохияти фаъолияти онхо дар муколамаи баробар байни корбарон аст, ки байнихам бо хамсол ва ё дар доираи ба хам наздик ба синну сол сурат мегирад.

ВАО-и ичтимой ба мавод талаботи зеринро пешниход мекунад: сода будани сабк, дастрасй, мусоидат ба хуш гузаронидани ва^т. Аз ин ру дар тахлили мо боз як меъёри дигар -яке аз ^оидахои бунёдии SMM - оханги гайрнрасмй оварда шудааст. Шакли пешниход бояд ба монанди "анчом додем", "назар кардем" бошад, ки ба хонанда эхсоси иштироки уро дар шабака фарохам оварад ва ин нукта талаби интерактии шабакавй дар муколама аст.

Хулоса, аксари ВАО мухиммияти иштирок дар шабакахои ичтимоиро медонанд, аммо намедонанд аз кучо сар кунанд. Ва на хама метавонанд мутахассиси SMM1 -и худро дошта бошанд. Аз ин ру, барои онхо танхо як чиз бо^й мемонад: ба кори нашрияхои бузург нигох карда, кушиши муста^илонаи дар шабакахои ичтимой кор карданро пайдо намоянд.

Идорахои ВАО аз шабакахои ичтимоии Facebook, Twitter, ВКонтакте, Odnoklassniki, ва Instagram аз хама бештар истифода мекунанд. Аммо ба тамоми шабакахои ичтимой пахн кардани иттилооти комилан якранг, ки айни хол чунин аст - бехуда ва беманфиат аст.

Бояд дар ёд дошт, ки тарзи пешниходи мавод ва кор бо корбарон дар шабакахои гуногуни ичтимой ба куллй фар^ мекунад.

ВКонтакте барои чалби аудиторияи омма бештар мувофи^ аст. Ин чо холатхои зерин

1 Social Media Marketing, маъно «маркетинг дар шабакахои ичтимой»

диккатро ба худ чалб мекунад: визуалй (басарй), сарлавхахои дабдабанок, аксхои хайратангез ва хангомавй.

Facebook бештар ба нашрияи тичоратй ва инчунин васоити ахбори сохавй мувофиктар аст. Ин шабакаи ичтимой фикру акидаро чамъ меоварад, ки тавассути онхо иттилоот пахн кардан, мубохисахои сиёсй ва тичоратй гузаронида мешаванд.

Шабакаи ичтимой имкон медихад, ки мундаричаи чиддй ба корбарони синну соли баркамол равона гардад. Онхо одатан дар ин чо матнхои хачман калонро мехонанд ва тасвирхои баландсифат ба онхо имкон медиханд, ки хар чи зудтар ба сахифаи корбарон ворид шаванд.

Twitter формати кутохи паёмхоро кабул мекунад, бинобар ин корбарон аз иктибосхо, далелхо, эълонхо, чавобхои он истифода мебаранд. Вактхои охир хузури корбарон-журналистон, сиёсатмадорон дар шабакахои ичтимоии мазкур бештар гашта, зумрае аз онхо блогхои худро сохтаанд, аз чумла, собик президенти ИМА Доналд Трамп. Харчанд пас аз ходисоти мохи феврали соли чорй ва хамлаи чонибдорони Трамп ба Капитолий (Конгресси ИМА) Twitter Трампро аз майдони худ хорич кард.

Odnoklassniki низ дар байни корбарон маъмул бокй мемонад. К^сми асосии корбарони онро сокинони минтакахо ташкил медиханд, ки аксар синнашон аз 30-сола боло аст. Бо вучуди ин холатхои пайдо шудани иштироки корбарони синну соли нисбатан чавонтар низ ба назар мерасад.

Муттасил, васоити ахбори омма аз Instagram низ истифода мебаранд. Харчанд, Instagram куллан барои иртиботи хусусияти иттилооти фаврй истифода мешавад, аз ин ру иртибот дар шакли маълумоти ихчам ва мухтасар амалй мешавад.

Дар мархилаи имрузаи рушди технологй бо максади баркарор намудани иртиботи муттасил ва муътадил бо корбарон дар хавзаи Интернет, минчумла дар шабакахои ичтимой фаъол будани медиахои минтакавй метавонад ба тагйироти сохторй, мундаричавй расонад.

Агар каблан кори асосии интернетии идораи рузнома воридгардй ба вебсомона ва 'ГИЦ1 буд, имруз аз хисоби мувофикгардонии технологии расонай намояндагии ВАО дар шабакахои ичтимой хеле мухим аст.

Yandex тасмим гирифт, ки ба чои THC (ИИМ) - ИКС (ИСС)2-ро татбик кунад. Ин имкони медихад, фахмем, ки вокеан талабот ба сомона аз чониби корбарон чй гуна аст [6, c. 1]. Мухим на танхо онро чанд нафар мебинанд, балки аз маълумоти он манфиати вокей мегиранд.

Хамин тарик, дар мархилаи имрузаи рушди технологияи иттилоотию коммуникативй, на хама идорахои ВАО-и минтакавии вилояти Сугд аз имкониятхои васеи истифода аз хавзаи интернет тасаввуроти равшан доранд. Аммо, дар асоси намунаи хашт нашрия ("Хакикати Сугд", "Согдийская правда", "Сугд хакикати", "Навиди Исфара", "Паёми Истаравшан", "Тирози чахон", "Садои Конибодом", "Файзи Зарафшон") мебинем, ки нашрияхои махаллй метавонанд бомуваффакият писанди корбарон дар хавзаи интернет гашта, фикру мулохизахои онхоро ба даст оранд. Нашрияхои зикршуда чахд доранд, ки бо истифода аз имконоти технологияи иттилоотию иртиботй хам аудиторияи анъанавиро дар майдони онлайнй нигах доранд ва хам корбарони худро аз хисоби хамватанони берун аз

1 ТИС (ТИЦ-тематический индекс цитирования) - "индекси иктибосоварии мавзуй" (ИИМ) ин нишондихандаи эътибори сомона дар байни манбаъхои дигари мавзуи шабех дар низоми чустучуии Yandex мебошад.

2 ИКС (индекс качество сайта) - индекси сифати сомона (ИСС).

Комилов К.И. Баъзе мулоуизауо оид ба цойгоуи матбуоти мауалли дар шабакауои ицтимои

чумхурй (мухочирон) зиёд намоянд. Дар ин кор рузномаи "Насими Исфара" бештар маваффак гаштааст. Дигар нашрияхои хавзаи Сугд низ дар ин кор метавонанд комёб шаванд, хосатан дар холате ки хамватанони дар хорич буда, ниёз ба хабар аз Ватан доранд.

Хулоса, аввалан, хаёти инсони муосирро бе интернет тасаввурот кардан амри махол аст [4, с. 141]. Баъдан технологияхои интернетй метавонад ба кори медиахои анъанавии чопй, бехтар шудани самаранокии фаъолияти иктисодии онхо шароит фарохам оварад. Ноширон ва идораи расонаи омма харчи раванди истехсолй ва воситахои пахнкуниву дастраснамоии махсулоти дорои хусусияти ичтимоии омоданамудаи худро бо истифодаи технологияхои иттилоотию коммуникатсионй ва Интернет кам мекунанд. Сониян имконияти дар хавзаи Интернет якчанд маротиба истифода намудани махсулоти иттилоотиву тахлилй пайдо мегардад. Дар ин холат маводи интернетй метавонад дар шакли нусхаи бетагйир ва ё дар шакли ба сомона мувофик тахриршуда пешниход гардад харчанд дар шакли тахрирдида ва тачдидгашта бештар мувофик аст. Маълум, ки дар ин шакл маводи журналистй шаклу симои тоза мегирад ва ба онхо унсурхои мултимедиавй илова мешавад, ки талаботи маводи интернетй аст. Куллан, мавод шакли гиперматнй мегирад. Зиёда аз ин байни истехсолкунанда ва истеъмолкунанда шаклхои нави робитаи интерактивй баркарор мегардад.

Пайнавишт:

1. Градюшко, А. А. Современная веб-журналистика /А.А.Градюшко. - Минск, 2013.- 123 с.

2. Калмыков, А.А., Коханова Л.А. Интернет-журналистика/ А. Калмыков, Л. Коханова. -М., 2018. - 371 с.

3. Комилов, К. И. Вижагиуои интерактивии медиауои нав // Номаи Донишгоуи МДТ "ДДХ ба номи академик Б. Fафуров" (мацаллаи илми). - Хуцанд, 2019. - № 3.- С. 125-128

4. Комилов, К. И. Шабакауои ицтимои: раванди афзоиши сафи корбарон// Номаи Донишгоуи МДТ "ДДХ ба номи академик Б. Fафуров" (мацаллаи илми). - Хуцанд, 2020. - № 3.- С.141-143

5. От традиционных к онлайновым медиа: передовая практика и перспективы/ Ред. М. Стоун; Вена: Представитель ОБСЕ по вопросам свободы СМИ, 2013 - 142 с. // электронный ресурс. https://www.osce. org/files/f/documents/f/2/102323 .Pdf

6. Яндекс заменяет ТИЦ на ИКС — новый показатель качества сайта // электронный ресурс. https://webmaster.yandex.ru/blog/yandeks-zamenyaet-tits-na-iks-novyy-pokazatel-kachestva-sayta

Reference Literature:

1. Gradyushko A. A. Modern Web-Journalism // A. A. Gradyushko. - Minsk, 2013. - 123 pp.

2. Kalmykov A. A., Kohanova L. A. Internet-Journalism // Kalmykov A. A., L.A. Kohanova. -M., 2018. - 371 pp.

3. Komilov K. I. Interactive Peculiarities of New Media // Scientific Notes of SEI "KSU named after academician B. Gafurov (scientific journal). - Khuajnd, 2019, N3. - pp. 125-128.

4. Komilov K. I. Social Networks: the Process of Multiplication of the Number of Users // Scientific Notes of SEI "KSU named after academician B. Gafurov (scientific journal). -Khujand, 2020, N3. - pp. 141-143.

5. From Traditional Media to Online Ones: Progressive Practice and Perspectives // under the editorship of M. Stone; Vienne. OSCE Representative on the Issues of MM Freedom, 2013. -142 pp. //Electronic resource. https://www.osce.org/files/f/documents/f/2/102323 .Pdf.

6. Yandex substitutes IKS for TITS as a New Index of Site Quality// Electronic resources https://webmaster.vandex.ru/blog/vandeks-zamenvaet-tits-na-iks-nowv-pokazatel-kachestva-savta.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.