Научная статья на тему 'БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ПРИНСИПҲОИ УМУМӢ-ҲУҚУҚИИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ ҲАМЧУН НАМУДИ ҶАВОБГАРИИ ҲУҚУҚӢ'

БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ПРИНСИПҲОИ УМУМӢ-ҲУҚУҚИИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ ҲАМЧУН НАМУДИ ҶАВОБГАРИИ ҲУҚУҚӢ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
181
14
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Область наук
Ключевые слова
ПРИНЦИП / PRINCIPLE / ФУНКЦИЯ / FUNCTION / ЦЕЛЬ / PURPOSE / ПРИНЦИП ЗАКОННОСТИ / PRINCIPLE OF LEGALITY / СПРАВЕДЛИВОСТЬ / JUSTICE / ГУМАННОСТЬ / HUMANITY / ЮРИДИЧЕСКАЯ ОТВЕТСТВЕННОСТЬ / LEGAL RESPONSIBILITY / НАКАЗАНИЕ / PUNISHMENT / МЕРА / MEASURE / АДМИНИСТРАТИВНАЯ ОТВЕТСТВЕННОСТЬ / ADMINISTRATIVE RESPONSIBILITY

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Шодизода Наҷибулло Маҳмадризо

В данной статье рассматриваются некоторые вопросы общеправовые принципы уголовного наказания как вида юридической ответственности. Автор исследует понятие и сущность общеправовых принципов уголовного наказания как вида юридической ответственности с точки зрения отечественных и зарубежных ученых, которые высказывают свое мнение по данному вопросу.This article discusses some issues of general legal principles of criminal punishment as a type of legal responsibility. The author explores the concept and essence of the general legal principles of criminal punishment as legal liability from the point of view of domestic and foreign scientists, expresses his opinion on this issue.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ПРИНСИПҲОИ УМУМӢ-ҲУҚУҚИИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ ҲАМЧУН НАМУДИ ҶАВОБГАРИИ ҲУҚУҚӢ»

БАЪЗЕ МАСЪАЛАхОИ ПРИНСИПх.ОИ УМУМй-хУкУкИИ чДЗОИ чиноятй хАМЧУН НАМУДИ чАВОБГАРИИ хУкУкй

ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА

НЕКОТОРЫЕ ВОПРОСЫ ОБЩЕПРАВОВЫХ ПРИНЦИПОВ УГОЛОВНОГО НАКАЗАНИЯ КАК ВИДА ЮРИДИЧЕСКОЙ

ОТВЕТСТВЕННОСТИ

Ключевые слова: принцип, функция, цель, принцип законности, справедливость, гуманность, юридическая ответственность, наказание, мера, административная ответственность.

Аннотация. В данной статье рассматриваются некоторые вопросы общеправовых принципов уголовного наказания как вида юридической ответственности.

Автор исследует понятие и сущность общеправовых принципов уголовного наказания как вида юридической ответственности с точки зрения отечественных и зарубежных ученых, высказывающих свое мнение по данному вопросу.

SOME ISSUES OF GENERAL LEGAL PRINCIPLES OF CRIMINAL PUNISHMENT AS A TYPE OF LEGAL RESPONSIBILITY

Abstract. This article discusses some issues of general legal principles of criminal punishment as a type of legal responsibility.

The author explores the concept and essence of the general legal principles of criminal punishment as legal liability from the point of view of domestic and foreign scientists, expresses his opinion on this issue.

Key words: principle, function, purpose, principle of legality, justice, humanity, legal responsibility, punishment, measure, administrative responsibility.

ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА

Тахкику омузиши масъалахои алокаманд ба татбику амалисозии принсипхои муайяни хукукй хангоми ба чавобгарии мухталифи хукукй кашида шудани шахсони хукуквайронкунанда ахамияти мухим ва назарраси назариявй ва амалй дорад. Институти чавобгарии хукукй дар илми назарияи давлат ва хукук, яке аз чойхои мухимро ишFOл менамояд, зеро системаи ба низом даровардани муносибатхо дар чомеа ва давлат, дар занчираи умумии хукукй халкаи мухим арзёбй мегардад. Илми муосир ба масъалаи тахкику баррасии принсипхои чавобгарии хукукй таваччухи чиддй нишон медихад [1, с. 178], ки ин аз ба кадри лозим ва дар хадди кофй мавриди омузиш карор гирифтани проблематикаи (мавзуъи) мавриди назар дарак медихад.

Маънои истилохи "принсип" хамчун "холати асосй ва ибтидоии хар гуна назария, таълимот, илм ва Fайра" муайян мегардад [14, с. 921]. Ба андешаи З.Х.Зокирзода принсипи хукук гуфта акидахо, арзишхо, асосхои пешабарандаи хукукро меноманд, ки фарогири акидахои баробарй, озодй ва адолат мебошад, ки дар нихоят мохияти хукукро инъикос менамояд [13, с.15]. Мафхуми фалсафии принсип аз нигохи "маънои субъекивй нуктаи асосй, замина ва пешрафт мебошад; аз нигохи объективй он маънои мабдаъ, шуруъ, нахустин ва асли асосро мефахмонад [11, с. 586]. В.А. Канке зимни мукоисаи мухимтарин категорияхои фалсафй, аз чумла, "назария", "конун" ва "принсип" кайд менамояд,ки "назария ин мачмуъи мукаррароти умумй, конун - робитаи байни вокеъиятхо ва нукоти умумй ва конунхои асосй бошанд, принсипхо"мебошанд [5, с. 288].

Дар адабиёти хукукй таърифхои гуногун дар робита ба мафхуми чавобгарии хукукй ва бархурди Fайриягона нисбат ба тавсифи номгуи принсипхои чавобгарии хукукй ба назар мерасад. А.Ф.Чердансев ёддовар мешавад, ки принсипхои чавобгарии хукукй идеяхои бунёдие мебошанд, ки онхо бояд хангоми ба зиммаи кас гузоштани чавобгарии хукукй риоя карда шаванд. Аз назари ин муаллиф, онхо иборатанд аз: принсипи конуният, принсипи баробар будан дар назди конун, принсипи мувофики максад ва салох будан, адолат, рох надодан ба истифодаи чавобгарии дугона, принсипи баргаштнопазирй [12, с. 429]. Ба андешаи Р.Ш. Сотиволдиев чавобгарии хукукй ба принсипхои зерин такя дорад: конуният, асоснокии чавобгарии хукукй, ногузирии чавобгарии хукукй, адолат, инсондустй, эхтимолияти бегунохй [10, с. 690]. Мутобики дидгох ва назари М.Н. Марченко ба принсипхои чавобгарии хукукй дохил мегарданд: конунй будан, асоснокии чавобгарии хукукй, адолат, баргашнопазирии конун, муносиб будан ва рох надодан ба чавобгарии дугона барои содир намудани як маврид хукуквайронкунй ва конуншиканй [7, с. 239]. Бар асоси таърифе, ки В.С. Нерсесянс матрах менамояд, принсипхои чавобгарии хукукй асосхои ибтидой, такозову талабот, мафхум ва максадхои онро баён месозанд. К,онуният, асоснокй, доштани салохияти хукукй, баргаштнопазирй,

ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА

саривактй будан, рох надодан ба чавобгарии дугона барои содир намудани як конуншиканй ва адолатро муаллифи мазкур кисми чудонопазири принсипхои асосии чавобгарии хукукй арзёбй менамояд [9, с. 560]. Н.И.Матузов ба системаи принсипхои чавобгарии хукукй, принсипхои зеринро ворид менамояд: конуният, асоснокй, баргаштнопазирй, адолат, гуманизм, фарзияи бегунохй [8]. С.А. Комаров чунин меандешад, ки конуният, ногузирии чавобгарй, адолат, гуманизм, баргаштнопазирй, чавобгарии фардй принсипхои чавобгарии хукукй ба хисоб мераванд [6, с. 413].

Аз нигохи мо принсипхои чавобгарии хукукиро метавон хамчун идеяхои асосй, ибтидо, самтхои мушаххас ба хисоб овард, ки хангоми ба чавобгарии хукукй чалб намудани ашхоси конуншикан онхо асос карор мегиранд. Ба сифати принсипхои асосии чавобгарии хукукй метавон принсипхои зеринро муайян намуд: конуният, адолат, баргаштнопазирй, саривактй будан, муносиб будан, асоснокй, гуманизм [3]. Х,ар яке аз ин принсипхои зикршударо дар зер ба таври мушаххасу пурратар баррасй менамоем.

Принсипи конуният, пеш аз хама дар он ифода меёбад, ки хангоми вогузории чавобгарии хукукй, бояд ба таври дакик асосхои он муайян гардида, хамчунин мукаррароти дакики ба танзим даровардашудаи чавобгарии хукукй мушаххас шавад. Ш.М. Исмоилов, Р.Ш. Сотиволдиев чунин таъкид менамоянд: "Принсипи конуният маънои онро дорад, ки чавобгарии хукукиро танх,о макомоти босалох,ият бо тартиби мукарраршуда татбик мекунад" [4, с. 269]. Ба ин тартиб, мо метавонем ёддовар шавем, ки принсипи конуният ба навъе хамчун кафолати хукукй дар баробари ба таври Fайриконунй ба чавобгарии хукукй кашидани шахс арзёбй мешавад. Мазмуну мухтавои принсипи адолатро хангоми ба чавобгарии хукукй кашидани шахси содирнамудаи хукуквайронкунй аз нигохи мо метавон ба тартиби зерин ошкор намуд:

- намуд ва чораи чазо аз вазнинии хукуквайронкунй вобаста аст;

- чавобгарии хукукй ба ухдаи касе мебошад, ки хукуквайронкуниро содир менамояд;

- барои як хукуквайронкунй истифодаи як чазо мумкин аст;

- конуне, ки чавобгарй пешбинй менамояд ва ё онро вазнин мегардонад кувваи бозгашт надорад;

агар зараре, ки тавассути конуншиканй расонида мешавад, характери бозгаштпазир дошта бошад, дар ин сурат чавобгарии хукукй бояд онро пурра созад [2] Ш.М.Исмоилов, Р.Ш. Сотиволдиев чунин менигоранд: "Принсипи адолат, яъне конуне, ки чазои шахсро вазнин мекунад, кувваи бозгашт надорад; барои як чиноят шахс такроран (дубора) чазо намебинад; мусодираи пурраи молу мулки махкумшуда манъ аст; х,еч кас то эътибори

»

7

ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА

конунй пайдо кардани хукми суд гунахкор дониста намешавад" [4, с. 269]. Принсипи адолат ичозат намедиханд, ки барои содир шудани як маротиба хукуквайронкунй чанд намуди чазо истифода шавад.Тезиси мазкур дар санадхои меъёриву хукукии мухталиф инъикоси худро пайдо намудааст. Барои мисол,"барои хар маврид ва бори вайрон гардидани тартиботи хизматии дистсиплинарй нисбати корманди макомоти дохилй бояд як чазои дистсиплинарй татбик ва амалй шавад". Принсипи мазкур хукмеро сабаб мешавад, ки мувофики он агар барои содир намудани кирдор фаро расидани чавобгарии хукукй пешбинй шуда бошад, дар ин сурат хеч кас наметавонад бе далелу асоси конунй аз ин чавобгарй озод гардад (мавкеъияти чамъиятй, робитахои хешутаборй ва Fайра).

Принсипи асоснокии чавобгарии хукукй дар он зохир меёбад, ки чавобгарй бояд натичаи окибатхои конуншикание бошад, ки дар он тамоми аломатхои таркибй ва асосу далелхои лозими чавобгарй вучуд дошта бошад. Бар асоси чунин муайянсозй, кабл аз он ки ин ё он шахси хукуквайронкунанда ба чавобгарии хукукй кашида шавад, лозим аст то ба таври хатмй дар рафтори вай таркибу унсури хукуквайронкунй ва ё чиноят ошкор карда шавад. Яъне ба таври дигар, аломатхои тарафи объективй ва субъективй, хамчунин тамоми аломатхои хатмии ин унсурхо бояд муайян ва мушаххас карда шаванд, зеро, дар акси хол, асоси вокеъй барои ба чавобгарии хукукй кашида шудани шахси гунахкор вучуд дошта наметавонад.

Дар интихо зимни натичагирй аз он чи дар боло ишора шуд, лозим медонем ба нуктахои зерин таъкид шавад:

1) тахкику омузиши институти чавобгарии хукукй, баррасии принсипхои чавобгарии хукукй бо максади мураттабсозии донишхои мавчудаи хукукиву назариявй дар сохаи мавриди назари муаллиф ва хамчунин аз мавкеъи асосноксозии пешниходот доир ба такмили тачрибаи амалии хукуктатбиккунй дар амри чалб намудани шахси хукуквайронкунанда ба намудхои мухталифи чавобгарии хукукй аз ахамияти махсус бархурдор аст;

2) дар миёни олимони хукукшинос ба истилох муд шудааст, ки нуктаи назархои гуногунро дар робита ба чавобгарии хукукй матрах намоянд ва ин бештар ба татбику амалисозии чунин принсипи дарки падидахои ичтимоиву хукукй, принсипи плюрализму гуногунандешй, ки он дар вучуд доштани равишхои гуногуни идеявию назариявй зохир меёбад, алокаманд мебошад;

3) аз нуктаи назари мо принсипхои умдаву аслии чавобгарии хукукй, ки хангоми муайян гардидани асосхои чавобгарии хукукй хамчун идеяхои бунёдй хангоми татбики протседураи ба чавобгарй кашида шудани шахсони гунахкор махсуб мешаванд, иборатанд аз: конуният, адолат, бозгаштнопазирии конун, саривактй будани конун, мувофики максад будан, асоснокй ва инсондустй.

»

8

ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА

4) тахлилу тачзияи принсипхои чавобгарии хукукй ба кушода шудани мохияти аслии чавобгарии хукукй хамчун яке аз мухимтарин унсурхо дар низоми танзими хукукии муносибатхои чамъиятй мусоидат менамояд;

5) аз нигохи мо дар чараёни ба чавобгарии хукукй кашида шудани шахси гунахкор, бидуни шакк, бояд ба хар яке аз принсипхои муайяншудаи хукукй таваччухи махсус дода шавад. Зеро нодида гирифтан шудани принсипхои хукукй, хатто яке аз ин принсипхо имкон намедихад, ки ба таври пурра максадхои чавобгарии хукукй ичро шуда, функсияхои он дар амал татбик гарданд.

Литература:

1. Алиев А.У. Принципы юридической ответственности и проблемы их реализации: дис. ... канд. юрид. наук. - Махачкала, 2005.

2. Бялт В.С. Теория государства и права: краткий курс в вопросах и ответах: альбом схем. - СПб.: Лема, 2016.

3. Бялт В.С. Понятие и принципы юридической ответственности // Современное состояние и перспективы развития российского и международного законодательства: сборник статей Международной научно-практической конференции (10 февраля 2016 года, г. Уфа). - Уфа: АЭТЕРНА, 2016.

4. Исмоилов Ш.М., Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи давлат ва хукук. Китоби дарс! барои донишлуёни соааи аукук ва иктисод. - Душанбе: Деваштич, 2008. - С. 269.

5. Канке В.А. Основы философии: учебник для студентов средних специальных учебных заведений. - М.: Логос, 2014.

6. Комаров С.А. Общая теория государства и права: учебник, 6-е изд. дополн. - СПб.: Издательство Юридического института (Санкт-Петербург), 2001.

7. Марченко М.Н. Теория государства и права: учебник / 2-е изд., перераб. и доп. - М.: Проспект, 2014.

8. Матузов Н.И., Малько А.В. Теория государства и права: учебник / 4-е изд., испр. и доп. - М.: Изд. дом «Дело» РАНХиГС, 2013.

9. Нерсесянц В.С. Общая теория права и государства: учебник. - М.: Норма: Инфра-М, 2014.

10. Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи давлат ва хукук. Китоби дарсй барои муассисахои тахсилоти олии касбй. - Душанбе: Сино, 2018. - С. 690.

11. Философский энциклопедический словарь. - М.: Инфра-М, 2003.

12. Черданцев А.Ф. Теория государства и права: учебник для вузов. - М.: Юрайт, 1999.

13. Зокирзода З.Х. Назарияи давлат ва хукук.Воситаи таълимй:нашри аввал [Матн] / З.Х. Зокирзода. - Душанбе: Ашуриён, 2021. - 40 с.

14. Ожегов С.И. Словарь русского языка / Под ред. чл.-кор. АН СССР Н.Ю. Шведовой / 20-еизд. - М.: Русский язык, 1988.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.