Научная статья на тему 'АЗ ТАЪРИХИ АРЗЁБИИРАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР МУАССИСАҳОИ ТАҳСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ПЕДАГОГИ'

АЗ ТАЪРИХИ АРЗЁБИИРАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР МУАССИСАҳОИ ТАҳСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ПЕДАГОГИ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
163
20
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
БАҳОГУЗОРӣ / НАТИҷАҳОИ ТАЪЛИМ / НИЗОМИ ТАЪЛИМИ КРЕДИТИ / ТАЪРИХИ ПЕДАГОГИКА / ШАКЛҳО ВА УСУЛҳОИ БАҳОГУЗОРӣ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Шарипов Қаҳрамон Баҳромович

Дар мақола таърихи рушди арзёбии натиҷаҳои таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, алахусус дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ инъикос ёфтааст. Ба ҷуз аз ҷамъбаст намудани далелҳо ва рӯйдодҳои таърихӣ, раванди гузариш аз низоми анъанавии таълим ба низоми кредитӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қайд мешавад, ки дар натиҷаи гузариш аз як низоми омӯзиш ба низоми таълими дигар тагироти баҳо ва арзёбии натиҷаҳои таълим ба амал омад, ки ин нукта муфассал таҳлил ёфтааст. Муаллиф инчунин таҳлили муқоисавии намудҳои арзёбӣ аз усулҳои таърихӣ, анъанавӣ то муосирро анҷом додааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

FROM THE HISTORY OF LEARNING PROCESS ASSESSMENT AT HIGHER PEDAGOGICAL EDUCATIONAL INSTITUTIONS

The article under consideration reflects the history of assessment of learning results development at higher educational institutions, especially in the Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini. In addition to summarizing facts and historical events the article includes the process of transition from the traditional education system to the credit one. Naturally, in connection with the transition there was a transformation of marks and assessment of learning outcomes it is these transformations that the article given tells about. As well as, the author makes a comparative analysis between types of assessment from historical, traditional to modern assessment methods.

Текст научной работы на тему «АЗ ТАЪРИХИ АРЗЁБИИРАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР МУАССИСАҳОИ ТАҳСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ПЕДАГОГИ»

ТДУ 37.0 ТКБ 74.03(5т)

АЗ ТАЪРИХИ АРЗЁБИИРАВАНДИ Шарипов Цахрамон Бахромович, сармуаллими

ТАЪЛИМДАРМУАССИСА^ОИ кафедраи асос^ои технологияи

ТА^СИЛОТИ ОЛИИ информатсионии - и Донишгоуи давлатии

КАСБИИ ПЕДАГОГИ омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

(Тоцикистон, Душанбе)

ИЗ ИСТОРИИ ОЦЕНИВАНИЯ Шарипов Кахрамон Бахромович, старший ПРОЦЕССА ОБУЧЕНИЯ В ВЫСШИХ преподаватель кафедры основ информационной ПЕДАГОГИЧЕСКИХ УЧЕБНЫХ технологии Таджикского государственного ЗАВЕДЕНИЯХ педагогического университета имени С. Айни (Таджикистан, Душанбе)

FROM THE HISTORY OF LEARNING PROCESS ASSESSMENT AT HIGHER PEDAGOGICAL EDUCATIONAL INSTITUTIONS

Sharipov Qahramon Bahromovich, senior lecturer of the department of grounds of informational technology under the Tajik State Pedagogical University named after S.Aini (Tajikistan, Dushanbe) E-mail: kahramons@mail.ru.

Вожщои калиди: бауогузора, натицауои таълим, низоми таълими кредита, дидактика, таърихи педагогика, шаклуо ва усулуои бауогузора

Дар мацола таърихи рушди арзёбии натицауои таълим дар муассисауои таусилоти ола, алахусус дар Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айна инъикос ёфтааст. Ба цуз аз цамъбаст намудани далелуо ва руйдодуои таъриха, раванди гузариш аз низоми анъанавии таълим ба низоми кредита низ мавриди барраса царор гирифтааст. Цайд мешавад, ки дар натицаи гузариш аз як низоми омузиш ба низоми таълими дигар тагироти бауо ва арзёбии натицауои таълим ба амал омад, ки ин нукта муфассал таулил ёфтааст. Муаллиф инчунин таулили муцоисавии намудуои арзёба аз усулуои таърихи, анъанава то муосирро анцом додааст.

Ключевые слова: оценивание, результаты обучения, кредитная система обучения, дидактика, история педагогики, формы и способы оценивания

Статья отражает историю развития оценивания результатов обучения в высших учебных заведениях, особенно в Таджикском государственном педагогическом университете имени Садриддина Айни. Кроме обобщения фактов и исторических событий, статья включает процесс перехода с традиционной системы обучения на кредитную. Отмечается, что вследствие перехода произошла и трансформация отметок и оценивания результатов обучения, о чем и повествует данная статья. Автор также делает сопоставительный анализ между видами оценивания, от исторических, традиционных до современных методов.

Key words: assessments, learning outcomes, credit training system, didactics, history of pedagogy, forms and methods of assessment

The article under consideration reflects the history of assessment of learning results development at higher educational institutions, especially in the Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini. In addition to summarizing facts and historical events the article includes the process of transition from the traditional education system to the credit one. Naturally, in connection with the transition there was a transformation of marks and assessment of learning outcomes it is these transformations that the article given tells about. As well as, the author makes a comparative analysis between types of assessment from historical, traditional to modern assessment methods.

Назорат ва арзёбии дониш, майорату малакахои амалии донишчуён таърихи кадима дорад. Аз огози пайдоиши муассисахои таълимй назорат ва бахогузории дониш, майорат ва малакахо хамчун як амали гуманистии хавасмандкунй анчом дода мешуд. Дар аксар муассисахо, агар натичахои бахогузории фаъолияти таълимй гайриканоатбахш эътироф мегардид, ба мухдссилин чазои чисмонй пешбинй мешуд. Х,ангоми натичахои мусбат чазои чисмонй роич набуд, ки ин худ ба худ хавасмандкунй хисоб меёфт. Бахогузорй зуд ба тачрибаи кори муассисахои таълимии гуногун ворид гардида, шаклхои мухталифро кабул намуд, ахамияти ичтимой пайдо кард ва хамчун «воситаи фишор ба мухдссилин» табдил ёфт. Ба шарофати бахогузорй мухассилилин аз руйи кобилият, дониш, махорату малака ва вазъи ичтимой

№1 (6 6)НОМАИ ДОПИШИ О\ « УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ « SCIENTIFIC NOTES

гурухб андй карда шуданд, хамзамон варакаи бахо чун шаходатнома барои гирифтани идрорпупй ва ёрдампулихои гуногун, мукофот ва гайрахо хизмат мекард [4, С. 67-93].

Такрибан аз миёнахои асри XVIII дар Русия бахогузории шифохй ба монанди «тахсил ва рафтори хуб» ё «тахсил ва рафтори бад» чорй шуданд. Низоми бахогузорй бо вариантхои гуногуни шифохй нихоят дуру дароз, то ба чойи он омадани аломатгузорй (холл-ифодаи ракамии бахо) давом кард. Дар Русия низоми холгузории бахогузории тахсил назар ба Аврупо нихоят дертар чорй гардидааст [5, с. 40-63].

Низоми сехолаи бахогузорй аввалин маротиба дар муассисахои таълимии асримиёнагии Олмон пайдо шуд. Х,ар як хол савия (якум-бехтарин, дуюм-миёна, сеюм-бадтарин) ва чойи хонандаро (аз руйи давомот) дар байни хонандагони синф муайн мекард.

Ч,адвали панчхолаи бахо соли 1837 дар Русия расман чорй гардид. ^оидаи санчидан дар омузишгоххои миёна ва гимназияхоро Вазорати маорифи халк тасдик намуда, холхои зеринро мукаррар кард: 3 «кифоя», «4» хуб ва «5» аъло [9 с. 12-46].

Ч,олиби диккат аст, ки низоми анъанавии тахсилот аз аввал назорат ва бахогузорй (хатто назариявй)-ро пешбинй намекард. Асосгузорони низоми анъанавии тахсилот (Я. А. Коменский, В. Ратихиус, И. Ф. Гербарт, Н. Гартман ва дигарон) тахсилро шабехи фаъолияти идрок баррасй мекарданд. Дар тасаввуроти назариявии идроки мутобикаткунандаи он замон назорат ва бахогузории натичахои таълим хатто ба он маъное, ки холо мефахманд, пешбинй нашуда буд. Бинобар ин, пешниход гардид, ки низоми назорати натичахои таълим минбаъд бояд пурра карда шуда, ба низоми аллакай амалкунандаи таълим «иловатан ворид карда шавад» [9,c. 24-64]

Аз ибтидои мавчудияти ин низом оид ба максаднокии он мубохисахои шадид огоз гардиданд. Масъалахои такмил додани низоми бахогузорй педагогхоро ором намегузошт. Х,амин тавр, вакте ки дар муассисаи шарикии педагогии Петербург мубохиса дар бораи чадвали бахо авч гирифт, акидахои монанд оид ба он дар назарияи педагогикаи чахонй ва тачрибаи муассисахо вучуд надошт.

Дар бораи ин мулохизаи мухаккикон рочеъ ба шаклхои баходихй ба дониш, малака ва махорати донишчуён якхела набуд.

Мукарризи низоми холгузорй И.Ф. Рашевский (солхои 1831-1897) буд, ки у чандин камбудии вокеии холхоро таъкид кард, ки вакте мухассилин ба хондан шуруъ менамоянд, на барои дониш, балки барои аз омузгор гирифтани хол бо роххои гуногун кушиш мекунанд. «Шакли холгузорй расмиятчигиро тарбия ва тайёр мекунад, барои рушди расмиятпарастй замина бунёд мекунад, ки дар он когазбозй бо ракаму когаз одамро пинхон мекунад»[1,с.67-94].

Олимони маъруфи рус А.Н. Страннолюбский ва П.Г. Редкин чунин акида доштанд, ки тибки он «ракам» харгиз варианти шархи фаълияти мухассилин ва бахои педагогй буда наметавонад. Он чиро инъикос мекунад? Азхудкунии хуб ё бади донишхо ва рафтори намунавии танбалиро тавзех медихад ва ё хамзамон хардуро? Микёси ихотакунандаи «ракам» ва далелхои хакикати педагогй равшан ва меъёрхое маълум нестанд, ки омузгорон «ракам-аломатро» гузошта, тибки онхо амал намоянд.

Яке аз тарафдорони низоми холгузорй В.А. Евтушевский (солхои 1836-1888) буд. Ба андешаи у, окибатхои манфии истифодаи низоми холгузорй бештар аз бемахоратй ва бевичдонии омузгорон руй медихад, бинобар ин «ба дасти ин кабил одамон додани на танхо холхо, балки дигар чизхо низ зараровар аст... яъне ман барои нигохдории ракамхои кухнае, ки дар тамоми Аврупо ва дар мо истифода мекарданд ва дар хеч кучо зарар наоварда буданд пофишорй хохам кард» [6].

Инчунин, Г.Репкин ва К.К. Сент-Иллер тарафдори низоми холгузорй буда, ба он диккат медоданд, ки мукобилони холгузорй бештар пешниход мекунанд, то ки он бо такризхои шифохй ё хаттй оид ба муваффакиятхои хонандагон иваз карда шавад ва ба он таваччух мекунанд, ки «камбудихое, ки дар холгузорихо меёбанд, дар ин тавсифот нисбатан зиёдтар дидашаванда мебошанд [5, с. 18-56].

^арнхои XIX-XX дар Русия ва як катор мамлакатхои Аврупо принсипхои мактабхои Волдорфй (Р. Штайнер) ва инчунин гояи педагогии М. Монтессори оид ба тахсили «беаломатгузорй» машхур шуданд ва тахсили беаломатгузорй мавриди тачриба карор гирифта шуда, бахохо бо тавсифоти шифохй иваз карда шуданд. Мохияти ин аз он иборат буд, ки омузгор раванди азхудкунии дониши хар як хонандаро доир ба хар як фан шарх дода, кушиш мекард, ки сабабхои боздорандаи ин равандро фахмонида, майли шахсии хонанда ва гайрахоро тавзех дихад [4].

^ариб 20 сол мактабхои шуравй бидуни бахохо расман амал карданд, ки бо когазхои ихтиёран тартибдодаи омузгорон ва маъмурият иваз карда шуд ва онхо аз муваффакияти

№1(бб) 2G21

• НОМАИ ДОНИШГО^ • УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ • SCIENTIFIC NOTES

хонандагон дар дарсно ва «фаъолияти фоиданоки чамъиятй» ë баръакс, аз рафтори гуногуни хонандагон ва кафомониашон аз хониш шанодат медоданд [6, с. 45-87].

Тачрибаи тансили бидуни бано дар макотиби умумии солнои бистуми асри XX бомуваффакият анчом наëфт. «Набудани низоми муайяни бано ба тамоми раванди таълиму тарбия таъсири манфй расонид» [7]. Ин боиси бемасъулият шудани мактаббача, суст гардонидани масъулияти шахсии хонанда барои ичрои талаботи барномавй ва чавобгарии омузгорон барои натичанои таълим гардид. Сабаби асосии нокомии чорй намудани низоми бидуни баноии дониш дар он буд, ки консепсияи умумипедагогии мунтазам ва илман асоснокшудаи тансилотии ба инкишофи шахсият равонашудаи якчоякунандаи гоянои пешкадами педагогии раванди таълими аз мачбурсозй озодбуда вучуд надошт.

Омузгорон бо хониши худ ва танти таъсири анъананои каблй, гайримуташаккилона дар раванди назорат ва санчиши дониши мухассилин (бештар аз руйи чадвали сехола) баногузориро истифода мекарданд. Ин сабаб гардид, ки нукуматнои расмии вакт масъалаи низоми назорат ва баногузориро тачдиди назар намоянд. Bобаста ба ин, мони сентябри соли 1935 бо карори Kомиссариати халкии ИЧ,ШС ва KM BKQ (б) дар муассисанои таълимии шуравй низоми баногузории панчхола баркарор шуд. Фаркияти ин низом аз низоми анъанавии ракамй дар он буд, ки ба чойи ракам банонои «аъло», «хуб», «миëна», «бад» ва «хеле бад» гузошта мешуд, аммо монияти баногузорй тагйир наëфт. Аломатгузорй ва баногузории фаъолияти таълимии мунасилин чун синоним тафсир мешуданд. Оид ба ин навоварй банснои умумй пайдо нашуданд ва мутахассисон андешанояшонро пешнинод накарданд, чунки дар бораи карорнои макомоти болоии низбй мубониса кардан кобили кабул набуд. Оид ба ин масъла аз тарафи чомеаи педагогии шуравй вокуниши муайян вучуд надошт ва соли 1944 банои «аъло» ба 5 хол, «хуб» ба 4 хол, «каноатбахш» ба 3 хол, «гайриканоатбахш» ба 2 хол ва «хеле бад» ба 1 хол табдилдода шуданд [6, с. 24-96].

Аз солнои 50-уми асри XX низоми панчхолаи баногузорй ониста-ониста танг гардид ва ба сехола табдил ëфт, чунки банои «1» ва «2» дар баногузории чамъбастии дониш, манорат ва малаканои мунассилин истифода нашуданд. Мушкилоти истифодаи низоми панчхолаи баногузорй дар мавчудияти меъëрнои миëнаи пешакии баногузорй фанмонида мешавад. Дар нолати ба амаломада барои омузгор низоми сехола мувофик набуд, бинобар ин худи y аломатнои начотдинандаи «мусбат» ва «манфй»-ро истифода карда, онро васеъ мекунад. Дар натича се дарачабандии банои 5:5+, 5,5-, се дарачабандии банои 4:4+, 4, 4- ва се дарачабандии банои 3:3+, 3, 3- ба вучуд меоянд.

Солнои 60-уми асри гузашта ба баногузорй чун як чузъи раванди таълим ва тарбия аз нав таваччун зонир гардид. Дар таърихи тулонии мавчудияти низоми баногузорй ва аломатгузории анъанавй ланзанои ногувор мушонида гардиданд. Дар асоси нишондинанданои давомоти хонандагон-фаъолияти муассисаи таълимй, вале фаъолияти мунассилин бошад, аз руйи банонои y арзëбй мешуданд. Мукаррар карда шуд, ки кафомонии хонандагон дар хониш аз сабаби бо назари интикодй баногузорй карда натавонистани натичанои фаъолияти таълимии худи омузгор ба амал меояд. Зарурати чустучуйи роннои самараноки ташкили фаъолияти баногузории омузгор ва мунассилин пайдо шуд. Олимон ва педагогнои сонибтачриба барои налли ин масъала фармоиши ичтимой дарëфт карданд [4, с. 46-97]

Х,амин тавр, баногузорй дар муассисанои таълимй барои сонаи маорифи ватанй ва хоричй таърихи на як дансола дорад, аммо масъалаи кобили кабул будани истифодаи холно дар муассисанои таълимй чун ченаки микдории сатни дониш, манорат ва малаканои донишчyëн дар тули ин муддат тарафдорон ва мукобилони худро дошт. Бинобар иваз шудани низоми панчхолаи баногузорй ба сехола дар арзëбии донишнои бисëрсатна расмиятпарастй мушонида мегардид. Дар ноли нозир омузгорро лозимаст, ки сатннои гуногуни донишро бо холнои якхела баногузорй намояд. Ин эътимоднокй ва боварибахшии чадвали панчхолаи баногузориро намчун ченкунии савияи донишу манорат ва малаканои мунассилин ва талаботи стандарти давлатии тансилот кониш мединад [8].

Бансно атрофи баногузорй то имруз идома доранд, ки ин фанмо мебошад, чунки дар мачмуи саволнои ба арзëбй мансуббуда ланзанои бансй бештар мебошанд. Бо вучуди ин, чамъбаст ва танлили муносибатно ва нуктаи назарнои нисбатан паннгашта имкон мединанд, ки аз байни онно намонноеро чудо намоем, ки микдори зиëдтари тарафдоронро доранд.

Имрузно баъзе аз кишварно низоми тансилоти кредитиро дар фазои тансилоти олии касбй чорй кардаанд. Принсипнои асосии Баëнияи Болония дар асоси Эъломияи намкоринои Сорбон (Франсия) доир ба ташкили низоми тансилоти олии аврупой, ки соли 1998 аз тарафи вазирони маорифи давлатнои Франсия, Олмон, Италия ва Британияи ^бир ба имзо расид, сурат

№1 (6 6)НОМАИ ДОНИШГОХ « УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ « SCIENTIFIC NOTES

гир и фт а аст . Б аъдтар с оли 1999 29 давлати Аврупо ва то соли 2010 47 давлат зина ба зина, аз чумла Россия, Арманистон, Озарбойчон, Гурчистон, Молдова, Украина ва ^азокистон ба он пайваст гардиданд [1].

Максади кабули низоми мазкур он аст, ки нишондихандахои низоми байналмилалии тахсилотро ба эътибор гирифта, риоя намоем. Дарачаи тахассусие, ки ба хатмкунандагон медихем, бояд хам дар бозори чахонии тахсилот ва хам дар бозори мехнат эътироф гардад ва дипломхо баробарарзиш гарданд [3].

Гарчанде Чумхурии Точикистон ба Баёнияи Балония аъзо набошад хам, онро тасдик кардааст ва дар тахсилоти олии касбй дигаргунихо ворид намудааст. Бо назардошти зарурати воридшавй ба фазои ягонаи тахсилоти чахонй тибки дастурхои Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон ва фармоиши вазири маорифи ва илми Ч,умхурии Точикистон аз 22. 03. 2004, № 698 бо тартиби конунгузорй дар мамлакат, ба татбики низоми кредитй ивдом карда шуд.

Соли тахсили 2007-2008 дар Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи Садриддин Айнй бори нахуст курсхои якуми ихтисоси математикаи факултети математика ба таври озмоишй, хамчун пешоханг барои татбики низоми тахсилоти кредитй гузаронида шуданд. Барои гузариш ба низоми нави тахсилот тамоми хуччатхои меъёрии хукукй аз чумла: низомнома, накшахои таълимй аз руйи ихтисосхо, дастурхои таълимй, шаклхои варакахои имтихоноти рейтингй ва чамъбастй, намунаи хуччатхои бакайдгирии донишчуён ва устодон тахия шуда, аз чониби Вазорати маориф ва илми Ч,умхурии Точикистон тасдик карда шуданд.

Бо чалби устодони варзида, мутахассисони сохавй бо устодон ва донишчуёни факултет ва кафедрахои тахассусй ва умумидонишгохй чихати азхуд кардани талаботи низоми мазкур, барои ворид шудан ба низоми ягонаи тахсилот семинар - машваратхо баргузор карда шуданд.

Мувофики талаботи ин низоми тахсилот устодони донишгох дар кадами аввал барномахои кории таълимии фан (силлабус), матни мухтасари лексияхо, мачмуи супоришот барои корхои амалй ва мустакилонаи донишчуён, саволномахои тестй барои имтихонхои фосилавии якум, дуюм (рейтинги 1 ва 2) ва имтихонхои чамъбастиро аз фанхои алохида тартиб дода, дар ташкил ва назорати раванди таълим татбик намуданд.

Бояд зикр кард, ки хангоми пур кардани варакахои рейтингхои якум, дуюм ва имтихоноти чамъбастй кисми зиёди устодон ба камбудихо рох медоданд, ки ин боиси норозигии донишчуён мегардид, яъне дар соли аввали гузариш ба низоми нави тахсилот хам устодон ва хам донишчуён аз сабаби хуб дарк накардани асосхо ва мохияти ин низом, ба душворихо дучор гардиданд. Бо гузашти вакт давомоти донишчуён ва дарачаи донишандузии онхо дар натичаи дуруст ба рох мондани ташкил, бахисобгирй ва назорати кабули имтихонхои фосилавй ва имтихон ба тарзи шифохй, тестй ва хаттй бехтар гардид.

Тахлили натичахои соли аввали тахсил тибки низоми тахсилоти кредитй нишон дод, ки истифодаи ин низом дар сурати риояи талаботи зерин, болоравии сифати таълимро таъмин карда метавонад:

• таъмини бахогузории объективона ба савияи дониши донишчуён дар имтихонхои фосилавй ва чамъбастй;

• риояи талаботи дар силлабус дарчёфта аз чониби устодон;

• таъмини кафедрахо бо устодони тасвибй (штатй) бо максади фарохам овардани шароит барои интихоби устод аз тарафи донишчу.

Х,оло дар хамаи факултетхои донишгох раванди таълим тибки ин низом сурат мегирад.

Умуман, аз огози соли тахсили 2007-2008 бо максади таъмини болоравии сифати таълим, кисме аз ин камбудихои дарчёфта бо кушиши Раёсат ва устодони донишгох халли худро ёфтанд.

Аз чумла:

1) маркази низоми кредетии тахсилот ба ду бахш-маркази тестй ва шуъбаи бакайдгирию ва машваратй чудо карда шуд. Дар донишгох барномаи идоракунии раванди таълим вобаста ба талаботи татбики "Консепсияи хукумати электронй" тахия ва насб карда шуд. Тавассути Барномаи мазккур чараёни бакайдгирии устодон ва донишчуён, инчунин хисобкунии натичаи имтихонхои фосилавй ва чамъбастй давра ба давра автоматй кунонида шуд;

2) комплекси таълимй-методии аз чониби устодон тахия карда шуда, чихати дастрасй ба дошишчуён дар кабинети инфиродии омузгорон интикол дода шуданд;

3) дар донишгох барои донишчуён ба максади дарёфт намудани адабиёти илмй, илмй-методй инчунин ворид намудани матнхои лексияхои устодон китобхонаи электронии ба шабакаи Интернет васлгардида, ба истифода дода шуд;

№1(66) 2021

• НОМАИ ДОНИШГО^ • УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ • SCIENTIFIC NOTES

4) кайди мавзуъхои дарсй дар журнали электронй ва чамъбасти холхои хавасмандй дар барномаи идоракунии раванди таълим ба таври автоматй сабт карда мешаванд;

5) аз натичаи холхои хавасмандй ва давомати донишчуён ба таври автоматй ба кабинети инфиродии донишчу, инчунин СМС-паёмакхо ба телефони волидони донишчуён равона карда мешавад.

Х,амин муваффакиятхое, ки донишгох чихати татбики ин раванд ноил гардид, чихати баланд бардоштани сатху сифати таълим, саривакт дастрас кардани нусхаи электронии хама гуна мавод тарики интикол аз як сохтор ба сохтори дигар, яъне кабул ва интиколи ахбор самараи хуб доданд. Такмили он минбаъд барои рушди тамоми сохторхои донишгох пурмахсул хидмат мекунад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Ананьев, Б.Г. Психология педагогической оценки/Б.Г.Ананьев//Избранные психологические труды. - М: Педагогика, в 2 т. - 2000.-273 С.

2. Болонский процесс между Прагой и Берлином: отчет для министров образования стран участников Болонского процесса, Берлин, 2003. - 63с.

3. Болонский процесс: глоссарий (на основе опыта мониторингового исследования) / Под науч.ред. В.И.Байденко и Н.А. Селезневой. М.: Исследовательский центр проблем качества подготовки специалистов, 2009. - 148 с.

4. Гур'янова, О. В. Iсторiя i сьогодення шкшьной ощнки / О. В. Гур'янова // Педагоика толерантность - 2007. - № 2. - С. 67-93.

5.Давыдов,В.В.Проблемы развивающего обучения. Опыт теоретического и экспериментального психологического исследования /В.В.Давыдов.-М.:Педагогика, 1986. - 240 с. 8.

6. История педагогики и образования. От зарождения воспитания в первобытном обществе до конца XX в.: Учебное пособие для педагогических учебных заведений. Под ред. А.И. Пискунова. - М.: ТЦ «Сфера», 2001.-512 с.

7. Киященко, Н.И. Эстетика жизни: Учебн. пособие для учащ. лицеев и гимназий в 3 ч. Ч. 2. -М.: ИНФРА/Н.И.Киященко.-М,: ФОРУМ, 2000.- 124 с.

8.Полуянов,Ю.А.Формирование оценки на начальном этапе учебной деятельности/Ю.А.Полуянов, Т.А.Матис//Психологическая наука и образование.-1996.№ 4.-С.38 - 44.

9. Попов,В.А.История педагогики и образования: учебное пособие для вузов по специальностям «Педагогика и психология»,«Педагогика» /В.А.Попов; Ред. В.А.Сластенин.-М.:АКАДЕМИЯ,2010.-208 с.

REFERENCES:

1. Ananiev, B.G. Psychology of Pedagogical Assessment/B.G.Ananiev//Selected Psychological Compositions. In two volumes. - 2000. - M: Pedagogy, - 273 p.

2. The Bologna Process between Prague and Berlin: a report for the ministers of education of the countries participating in the Bologna process, - Berlin, 2003. - 63 p.

3. Bologna Process: Glossary (based on the experience of monitoring research)/Under scientific ed. V.I.Baidenko and N.A. Selezneva.-M.:Research Center for the Problems of the Quality of Training of Specialists, 2009. - 148 p.

4. Gur'yanova,O.V.History and Current School Assessment/O.V.Gur'yanova//Pedagogy of Tolerance.

- 2007.-No.2.-P.67-93.

5. Davydov, V.V. Developmental Learning Problems. Experience of theoretical and experimental psychological research / V.V. Davydov. - M.: Pedagogy, 1986. - 240 p.

6. The History of Pedagogy and Education. From the origin of education in primitive society to the end of the XX-th century: manual for pedagogical educational institutions. Under the editorship of A.I. Piskunov. - M.: Sphere, 2001. - 512 p.

7. Kiyashchenko, N.I. Aesthetics of Life: manual for teaching. lyceums and gymnasiums at 3 o'clock. Part 2. - M.: INFRA / N.I.Kiyashchenko. - M: FORUM, 2000. - 124 p.

8. Poluyanov, Yu.A. Assessment Formation at the Initial Stage of Educational Activity / Yu.A. Poluyanov, T.A. Matis // Psychological Science and Education. - 1996. No. 4. - P.38 - 44.

9. Popov, V.A. The History of Pedagogy and Education: manual for universities in the specialties "Pedagogy and Psychology" and "Pedagogy" / V.A. Popov; under the editorship of V. A. Slastenin.

- M.: ACADEMY, 2010. - 208 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.