Научная статья на тему 'АЗ ТАҶРИБАИ ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ МЕТОДИИ ОМӮЗГОРОНИ ФИЗИКА ТАВАССУТИ ҲАМКОРӢ ДАР ИТТИҲОДИЯИ МЕТОДӢ'

АЗ ТАҶРИБАИ ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ МЕТОДИИ ОМӮЗГОРОНИ ФИЗИКА ТАВАССУТИ ҲАМКОРӢ ДАР ИТТИҲОДИЯИ МЕТОДӢ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
84
11
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
методическая служба / повышение методического мастерства / качество образования / интерактивная методика / развитие критического мышления / сотрудничество / разработка урока / тематический тренинг / обработка личного опыта / открытые задания.

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Нурматова Ғумчагул Раҳматуллоевна, Боев Суҳроб Гулмуродович

В статье анализируется опыт методического объединения учителей физики СОУ №9 города Бохтара Республики Таджикистан, по реализации инновационной деятельности учителей на основе выполнения коллективной проектной работы. Рассматривается опыт выполнения творческого проекта по совершенствованию методики преподавания физики, оценивается передовой опыт членов методобъединения по разработке открытых заданий и организации интерактивного обучения стратегией развития критического мышления знаю/хочу знать/узнал.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по наукам об образовании , автор научной работы — Нурматова Ғумчагул Раҳматуллоевна, Боев Суҳроб Гулмуродович

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «АЗ ТАҶРИБАИ ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ МЕТОДИИ ОМӮЗГОРОНИ ФИЗИКА ТАВАССУТИ ҲАМКОРӢ ДАР ИТТИҲОДИЯИ МЕТОДӢ»

УДК: 371.321.2

АЗ ТАЧ,РИБАИ ТАКМИЛИ МА^ОРАТИ МЕТОДИИ ОМУЗГОРОНИ ФИЗИКА ТАВАССУТИ ХДМКОРЙ ДАР ИТТЩОДИЯИ МЕТОДЙ

НУРМАТОВА ГУМЧАГУЛ РА^МАТУЛЛОЕВНА

унвончуи кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгохи давлатии Бохтар ба номи

Носири Хусрав.

БОЕВ СУГРОБ ГУЛМУРОДОВИЧ

н.и.п., донсенти кафедраи методикаи таълими технологияи Донишгохи давлатии Бохтар ба

номи Носири Хусрав.

ИЗ ОПЫТА СОВЕРШЕНСТВОВАНИЯ МЕТОДИЧЕСКОГО МАСТЕРСТВА УЧИТЕЛЕЙ ФИЗИКИ В СОТРУДНИЧЕСТВЕ НА МЕТОДИЧЕСКОМ

ОБЪЕДИНЕНИИ

НУРМАТОВА ГУМЧАГУЛ РАХМАТУЛОЕВНА

соискатель кафедры методики преподавания физики Бохтарского государственного университета имени Носира Хусрава, Республика Таджикистан, г. Бохтар

БОЕВ СУХРОБ ГУЛМУРОДОВИЧ

кандидат педагогических наук, доцент кафедры методики преподавания технологии Бохтарского государственного университета имени Носира Хусрава, Республика

Таджикистан, г. Бохтар

Аннотация: В статье анализируется опыт методического объединения учителей физики СОУ №9 города Бохтара Республики Таджикистан, по реализации инновационной деятельности учителей на основе выполнения коллективной проектной работы. Рассматривается опыт выполнения творческого проекта по совершенствованию методики преподавания физики, оценивается передовой опыт членов методобъединения по разработке открытых заданий и организации интерактивного обучения стратегией развития критического мышления знаю/хочу знать/узнал.

Ключевые слова: методическая служба, повышение методического мастерства, качество образования, интерактивная методика, развитие критического мышления, сотрудничество, разработка урока, тематический тренинг, обработка личного опыта, открытые задания.

FROM THE EXPERIENCE OF IMPROVING THE METHODOLOGICAL SKILLS OF PHYSICS TEACHERS IN COOPERATION AT A METHODOLOGICAL ASSOCIATION

NURMATOVA GUMCHAGUL RAHMATULLOEVNA

Applicant of the Department of Methods of Teaching Physics at the Bokhtar State University named after Nosiri Khusrav, Republic of Tajikistan, Bokhtar.

BOEV SUHROB GULMURODOVICH

Candidate of Pedagogical Sciences, Associate Professor of the Department of Methods of Teaching Technology, Bokhtar State University named after Nosiri Khusrav, Republic of

Tajikistan, Bokhtar.

Annotation: The article analyzes the experience of the methodological association of teachers ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

of physics in secondary school No.9 of the city of Bokhtar of the Republic of Tajikistan, in the implementation of innovative activities of teachers based on the implementation of collective project work. The experience of implementing a creative project to improve the methods of teaching physics is considered, the best practices of the members of the methodological association in developing open tasks and organizing interactive learning with a strategy for developing critical thinking know/want to know/learned are evaluated.

Key words: methodological service, methodological skill improvement, quality of education, interactive methodology, development of critical thinking, cooperation, lesson development, thematic training, processing of personal experience, open tasks.

Солх,ои охир амалияи такмили ихтисоси омузгорон, низоми мавчудаи такмили ихтисос ба талаботи х,озира мувофикат намекунад. Ба ташаккули салох,иятнокии омузгорон ва истифодаи технологияи замонавии таълим, аз чумла методх,ои интерактивии таълим мусоидат намекунанд. Дар ин маврид, хадамоти методии муассисаи таълимй ягона рох,и такмили мах,орати методй оид ба баланд бардоштани сифати тах,силот бокй мемонад.

Имруз барои касе пушида нест, ки хадамоти методй дар муассисах,ои таълимй дар вазъияти мураккаб карор дорад. Мо бо пурра номбар кардани сабабх,ои самаранок кор накардани хадамоти методй даъво надорем.

Ба чои он мо мех,ох,ем ба хдлли проблема таваччу^ кунем: чй тавр хадамоти методиро ба фаъолияти инноватсионй ва тачрибавй равона кунем? Вобаста ба проблемаи мазкур вазифах,ои навсозй пеш меоянд, ки чунин тах,ия кардан мумкин аст:

- татбики очилонаи технология, методика, усулх,о ва шаклх,ои нави таълим;

- тачрибаи пештараро аз нав тах,ия намудан ва самаранок истифода кардан;

- мунтазам чамъ овардани тачрибаи фаъолияти инноватсионй;

- бунёди системаи такмили мах,орати методй дар чои кор.

Чунонки аз вазифах,ои номбаршуда бармеояд, фаъолияти иттих,одиях,ои методй дар асоси навсозих,о барои татбики навгоних,о ва инкишофи рушди неруи эчодй ва касбии омузгор равона карда мешавад. Яке аз чунин навгоних,о ин тах,ия ва ичрои лоих,ах,ои коллективии аъзои иттих,одияи методй мебошад.

Лоих,ах,ои коллективии омузгорон як навъи самараноки кори методй мебошанд, ки мо як мисолро аз фаъолияти иттих,одияи методии омузгорони фанни физика тах,лил мекунем.

Мавзуи лоихд хдмчун мавзуи методй, ки ба хдлли масоили дохилимактабй тавассути хадамоти методй равона карда шудааст, интихоб карда мешавад. Дар ин маврид риояи як шарт мух,им аст, ки мавзуъро худи омузгорон интихоб мекунанд.

Масалан, дар ибтидои соли нави тах,сил Шурои методии мактаб мавзуи «Такмили шаклуои анъанавии таълим ва истифодаи технология ва усулуои нави таълимй»-ро интихоб кардааст.

Самти корй, албатта, васеъ аст ва дар он танх,о масъалах,ои умумй нишон дода шудаанд. Вазифаи омузгорони фанх,ои таълимй интихоби мавзуъ барои лоихди коллективй мебошад.

Мисол. Аъзои иттих,одияи методии омузгорони фанни физика чунин мавзуъро барои як давраи муайян, яъне нимсола ё соли тах,сил тах,ия ва ичро мекунанд.

Номи лоиха: Омухтани мавзуи «^онун^ои Нютон» дар асоси муносибати системавй. Вазифахои лоих,а:

- Коркарди дарси мукаддимавй - тавзех,и мавзуъ дар асоси муносибати системавй.

- Коркарди мачмуи дарсх,о дар асоси истифодаи усулх,ои инноватсионии таълим.

- Коркарди саволх,о ва супоришх,ои кушода барои дарсх,ои алох,ида аз руи мавзуъ.

- Татбики усулх,ои хдмпурсиш ва назорати хдмдигарй.

- Омода намудани лавхди методй.

- Гузаронидани тренинги мавзуй барои аъзои иттих,одияи методй.

Х,амкории аъзои иттих,одияи методй дар асоси таксими вазифах,о ва ичрои кисмати ба

ухдаи хар кадоми у гузошташуда, сурат мегирад. Ин маънои онро надорад, ки хамаи аъзои иттиходияи методй бояд хдмаи шаклхоро истифода баранд. Аммо аз ин доира, хар омузгор метавонад барои синфи худ ва тачрибаи мавчуда аз хама шавковар, дастрас ва маъкулашро интихоб намояд.

Интихоби шакли кори методй ба тахассуси педагогхо, хавасмандй ва хамдигарфахмии онхо вобаста аст.

Аз ин чо вазифахои аввалиндарача барои хамаи аъзои иттиходияи методй бармеояд, ки онхоро шартан ба ду мархила таксим кардан мумкин аст: 1. Коркарди тачрибаи шахсй:

а) Интихоб. Дар байни аъзои иттиходияи методй ва ба рохбари он мувофика кардан: ки, кадом технология ё гурухи усулхоро озмоиш мекунад;

б) Озмоиш. Мунтазам истифода бурдан дар дарсхо, ба низом даровардани тачрибаи худ;

в) Датсгирй. Иштирок ба дарси хамдигар, мухокима, тавсияхо;

г) Банакшагирй. Вобаста ба тачрибаи андухта, ба накша гирифтани мачмуи чорабинихои методй.

Дар доираи ичрои ин лоиха яке аз аъзои иттиходияи методии омузгорони физикаи МТМУ-и №9-и шахри Бохтар оид ба масъалахои кушода аз фанни физика чунин мазмун пешниход кардааст:

Масъалаи кушода, ки аз руи маводи А. Гин «Усулхои техникаи педагогй» мутобик карда шудааст.

Педагогикаи назарияи халли масъалахои кашфиётй дар назди худ максади омузонидани халли супоришхои эчодиро мегузорад. Бо назардошти номуайянии истилохи «эчодиёт» ва мувофикан «масъалаи эчодй», истилохи дакиктар «супориши кушода» истифода мешавад.

Супориши кушода хамон аст, ки шарти номуайян (нокифоя ва ё барзиёд) дорад.

Мисол аз мачмуаи масъалахои сифатй оид ба физикаи Капитса: «Х,асиби галатй». Чаро дар вакти чушонидан хасиб бо дарозиаш мекафад на баракй? Фикри худро бо хисобхо тасдик намоед.

Кушиш кунед шарти масъаларо тартиб дихед:

Дода шудааст: ...

Ёбед: ...

Дар бораи хал чй?

Барои омузонидани халли супоришхои кушода лозим аст, кй:

а) доштани хачми зиёди супоришхо, ки мувофики барномаи таълимии мактабй бошад.

б) Супоришхо бояд ба дарачаи гуногун кушода ва мураккаб бошанд.

Ба туфайли он аз доираи мазмун баромадан мумкин аст; кори пешакй бо мафхумхои мураккаб; ташаккули алокамандй ва диди системавй.

Дар замони хозира устодони назарияи халли масъалахои кашфиётй хачми беназири супоришхои кушодаро доир ба биология ва физика тахия кардаанд.

Мисол: Фанни физика

Мавзуъ: ^онунхои Нютон - синфи 7.

Супориши таълимй:

- Санчед, ки схемахо дуруст тартиб дода шудаанд ё не?

- масъалахоро хал намоед:

- ба саволхо чавоб дихед:

Барои хонандагони хубхон схемахои кисман пур карда ё пур накарда дода мешавад.

R - масофаи байни чисмхои ба хам таъсиркунанда

Инертсия

Вазни чисм (m)

Шитоби чисм (а)

Супориш: Мошин бо суръати муайян харакат карда, яку якбора тормоз мекунад.

Оё мошин харакаташро давом

Кувва

Супориш: Кувва ба вазни 5 кг хамагй 2 сония таъсир мерасонад. Суръати вазн баробари 4 м/с афзуд. Афзоиши кувва чй гуна буд?

Оромии нисбии чисм

Дилхох чисм оромии нисбии харакати ростхатта ва доимии худро нигох медорад

Хусусияти чунин дарс фаро гирифтани мазмуни тамоми боби мавзуъ мебошад. Ба схемахои галатдор хонандагон фардй ва ё дар гуруххо кор карда метавонанд. Х,ангоми кор бо китоби дарсй на танхо донистани донишхои вокей инчунин фахмидани он низ санчида мешавад.

Кашиш G - коэффитсиенти кашиш

1 r \ G = 6.67 • 10-11 H m2

mimi G—^ R2

F = R - масофаи байни чисмхои

Ба гайр аз ин, хангоми ичрои чунин намуди супоришхо дар хонандагон малакаи тахлили мукоисавй хосил мешавад.

Хонандагон чунин схема/матнхоро хеле хуб дарк мекунанд. Фар; карда тавонистани маълумоти дуруст аз нодуруст барои хонандагон маънои худро «боакдтар аз муаллифи он» эхсос карданро дорад.

Аъзои дигари иттиходияи методй чанд методу усулхои кисмати огози дарсро барои гузаронидани зинаи водорнамой самаранок истифода карда, натичаи онро ба дигарон пешниход кардааст.

Масалан усули «Чархи акидахо»

Дар маркази «чарх» мафхум, савол ё проблемаи мавзуи нав навишта мешавад. Вазифаи хонандагон аз он иборат аст, ки ду ё чорнафарй кор карда, маълумотхои доштаашонро оид ба ин мавзуъ нависанд.

Бояд зикр намуд, ки «Чархи акидахо» метавонад аз ададуои гуногун: бо микдори 4-7 ё 12 иборат бошад. Ин аз максадхои мушаххас ва сатхи омодагии хонандагон вобаста аст.

- Савол - Чй бояд кард, агар хонандагон микдори муайяншудаи акидахоро навишта натавонанд?

- Цавоб - Дар ин сурат метавонед навиштани саволхоеро, ки мехоханд ба он чавоб гиранд, пешних,од намоед. Мухим: пурра кардани хамаи «акидахо» мебошад. Дар ин маврид номуваффакй бокй намемонад. Бори дигар ёдрас менамоем: асос «бедор намудани шавцу уавас, муайян кардани саруади донишуои мукаммал ва нопурраи мавцудаи хонандагон мебошад. Сухан на дар бораи донишуои галат, балки донишуои алуол нопурраи хонандагон меравад».

Мисоли дигар: Дар назди хонандагон вазифаи аник гузошта мешавад: 4-5 далел, ё 2-3 савол доир ба мавзуи нав. Фанни физика. Мавзуъ. Суръат - синфи 7.

Тавсияхо. «Чархи акидахо» дар холатхое истифода мегардад, ки агар хонанда мачмуи муайяни донишхоро доир ба ин мавзуъ дошта бошад. Мисоли дигар:

Мавзуъ: «Хусусияти кувваи барк дар металлхо» - синфи 10 радами 1. Кор бо сутуни «Медонам»:

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Ба воситаи саволхои фаъолгардонй сатхи дониши мавчудаи хонандагонро муайян месозем:

- Барои чй металлхо кувваи баркро мегузаронанд?

- Кадом металлхо кувваи баркро бехтар мегузаронанд?

- Х,аракати электронхо дар металлхо чй гуна сурат мегирад?

Барои ёфтани чавобхо бехтар мебуд агар хонандагон дунафарй кор кунанд. Блитс-пурсишро истифода намуда чавобхои хонандагонро дар сутуни «Медонам» чой медихем.

Медонам Мехохам донам Донистам

- Металлхо кувваи баркро

мегузаронанд

- Х,ангоми аз металлхо

гузаштани кувваи барк онхо

гарм мешаванд

- Х,ангоми аз металлхо

гузаштани кувваи барк кисме

аз чараёни электрикй гум

мешавад

- Нокили мисин нисбат ба

нокили алюминй кувваи

баркро хубтар мегузаронад

радами 2. Тахия намудани саволхо барон сутуни «Мехохам донам»

- Ин мархилаи мухимми дарс ба хисоб меравад. Махз дар ин мархила шавку хавас ба мавзуи нав пайдо ё гум мешавад.

- Хонандагон ду ё чорнафарй руйхати саволхои худро вобаста ба шавку завки худ менависанд.

Блитс-пурсиш гузаронда руйхати савохои коллективиро тартиб медихем.

Медонам Мехохам донам Донистам

- Металлхо кувваи баркро мегузаронанд - Барои чй металлухо кувваи баркро мегузаронанд, аммо пластмасса не?

- Х,ангоми аз металлхо гузаштани кувваи барк онхо гарм мешаванд - Барои чй хангоми гузаштани кувваи барк нокилхо гарм мешаванд?

- Х,ангоми аз металлхо гузаштани кувваи барк кисме аз чараёни электрикй гум мешавад - Электронхо дар нокилхо чй гуна харакат мекунанд?

- Нокили мисин нисбат ба нокили алюминй кувваи баркро хубтар мегузаронад - Чй тавр ва аз хисоби чй дастаи электронхо аз металлхо мегузаранд?

- Барои чй хангоми ба занчир пайваст кардани асбобхо тез ба кор cap мекунанд?

- Барои чй нокилхо шарора мебароранд?

- Чй тавр ва барои чй паррандахо дар нокилхои баркдор нишаста метавонанд?

Инак, мо чи дорем? Донишхои мавчудаи хонандагон аён гашт, саволхое, ки онхо мехоханд ба он чавоб гиранд тайёр аст. Дар натича барои омузиши маводи нав шароити фарохам мухайё шуд.

радами 3. Кор бо маводи нав

Омузиши маълумотхои нав цисм ба цисм сурат мегирад. Фахмондадихии омузгор ва хондани параграф бо истхо, мухокимахои фосилавй сурат мегирад. Кор пайваста бо се сутуни чавал (ММД) мегузарад. Дар фазои маълумоти нав донишхои мавчуда санчида мешаванд, яъне ба кадом саволхои гузошта чавоб ёфтем ва кадоме бе чавоб мондааст.

Медонам Мехохам донам Донистам

- Металлхо кувваи баркро мегузаронанд - Барои чй металлухо кувваи баркро мегузаронанд, аммо пластмасса не? - Электронхо дар металлхо цар харакати беист мебошанд

- Х,ангоми аз металлхо гузаштани кувваи барк онхо гарм мешаванд - Барои чй хангоми гузаштани кувваи барк нокилхо гарм мешаванд? - Харакати бетартибонаи электронхо ба харакати молекуллахо цар гази идеалй монанд мебошанд.

- Х,ангоми аз металлхо гузаштани кувваи барк кисме аз чараёни электрикй гум мешавад - Электронхо дар нокилхо чй гуна харакат мекунанд? - Ионхо ва электронхои озод дар атоми металлхо барои гузаштани барк «рохрав» гаъмин мекунанд.

- Нокили мисин нисбат ба нокили алюминй кувваи баркро хубтар мегузаронад - Чй тавр ва аз хисоби чй дастаи электронхо аз металлхо мегузаранд? - Суръати харакати электронхо дар металлхо нисбат ба газхо зиёдтар мебсошад, 105 м/с.

- Барои чй хангоми ба занчир пайваст кардани асбобхо тез ба кор cap мекунанд? - Электронхо ва ионхо ба гиреххои панчараи кристаллй таъсир карта ба онхо энергия медиханд.

- Барои чй нокилхо шарора мебароранд? - Зиёдшавии энергияи ионхо сабаби гармшавии нокилхои металлй мегарданд

- Чй тавр ва барои чй паррандахо дар нокилхои баркдор нишаста метавонанд?

- кувваи чараён гуфта дар муддати вакти аз буриши нокил гузаштани зарядро меноманд

радами 4. Ч,амъбаст

Кор ба анчом расид. Бори дигар аз руйи се сутунча чамъбаст менамоем.

- Омузгор диккати хонандагонро ба сутуни дуюм - «мехохам донам» чалб мекунад.

Бо саволхое, ки чавобашон аз мавод ёфта шудааст, мухокима гузаронда мешавад. Баъди мухокима дар сутуни «Донистам» навишта мешаванд.

Бисёр хуб мебуд, агар чунин савол пешкаш гардад - «Чй барои шумо нав буд, гарчанде саволро нагузошта будед?»

Ин чавобхо хам дар сутуни «Донистам» дарч мешаванд.

- Бозгашт ба сутуни «Медонам».

радами мухиму самараноке, ки ба хонандагон имкон медихад, то донишхои мавчудаи худро бахо диханд. Маълумоти дурурст ва нодурустро ёбанд.

- Нуктаи охирин

Дар охир омузгор диккати хонандагонро ба саволхое чалб мекунад, ки бе чавоб монданд. Вобаста ба максаду вакт:

- ба баъзе саволхо худи омузгор чавоб медихад,

- баъзе чавобхоро то дарси дигар мавкуф гузоштан мумкин аст,

- барои гурухи дигари саволхо адабиётхо тавсия мешавад. Тавсия

- Х,ангоми кор бо сутунхои чадвали М/М/Д нишонахои инсертро истифода баред. Танхо ба хонандагон омузондани муайян кардани дарачаи фахмиш ва ёфтани галатхои

худ кам аст. Инчунин омузонидани усулхои самараноки кор бо матнро низ бояд ба рох монд.

Аз руйи кадом аломатхо муайян кардан мумкин аст, ки дар хонандагон малакахои кор бо матн инкишоф ёфтааст ё не? Ч,авоб оддист, агар хонанда:

- маълумотро ба кисмхои мантикан тамомшуда таксим карда тавонад;

- чизи асосиро чудо кунад;

- дар маводи нав алокамандиро бо донишхои пештара муайян созад;

- кисмхоро ба шакли том дарорад;

- манбаъхои гуногунро мукоиса ва тахлил карда тавонад;

- маълумоти шифохиро дар шакли чадвалхои мукоисавй ва накшахои гуногун дар накшаи функсионалй, чамъбастй, ба низом оваранда, сохтори мантикй дошта омода карда тавонад.

Пас вай асосхои маданияти иттилоотиро дорост.

АДАБИЁТ:

1. Нурматова Г.Р. Вазъи амалии ташаккули тасаввурот рочеъ ба методхои маърифати илмй дар раванди таълими физика дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумии Чумхурии Точикистон / Г.Р. Нурматова // Паёми Донишгохи миллии Точикистон. - 2019. - №9. - С. 299-303.

2. Нурматова Г.Р. Амсиласозй дар дарсхои физика хангоми омузондани методхои илмии маърифат / Е.Р. Нурматова // Паёми Донишгохи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. Силсилаи фанхои гуманитарй ва иктисодй. - 2018. - №1-1(51). - С. 187-191.

3. Нурматова Г.Р. Зарурати рушди салохияти тахкикотии хонандагон хангоми таълими физика / Е.Р. Нурматова // Паёми Донишгохи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. Силсилаи фанхои гуманитарй ва иктисодй. - 2022. - №1-3(101). - С. 197-201.

4. Горелик Ф.Б. Воспитывая гражданина, формируя мировоззрение. - М.: Просвещение, 1986.-208с.

5. Бурлачук Л.Ф., Морозов С.М. Словарь-справочник по психологической диагностике. - Киев: Наукова думка, 1989. - 200 с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.