Таджикского национального университета. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, пр. Рудаки, 17. Телефон: (+992) 881888082. E-mail: qb1701@list.ru
About the authors:
Sharipova Madina Yodgorovna - Tajik national university, the candidate of psychological sciences, the associate professor of the Department of Psychology, faculty of Philosophy, Tajik national university. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Ave., 17. Phone: (+992) 934490049/ E-mail: madinjasha@yandex.ru
Karimov Qutbiddin Mamadrajabovich - Tajik national university, the assistant of the Department of Psychology, faculty of Philosophy, Tajik national university. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Ave., 17. Phone: (+992) 881888082. E-mail: qb 1701@list.ru
БАНАКШАГИРИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ОМОДАГИИ ИБТИДОИИ ^АРБЙ ДАР МУАССИСАХ,ОИ ТА^СИЛОТИ МИЁНАИ УМУМЙ
Холмуродов M.F.
Донишкадаи тарбияи цисмонии Тоцикистон ба номи С. Рахимов
Раванди таълими омодагии ибтидоии харбй тибки талаботи карор дар бораи таълими омодагии ибтидоии харбии навчавонон ва барномаи омодагии хдрбй ба накша гирифта шуда, ташкил карда мешавад. Бояд дар назар дошт, ки банакшагирии раванди таълими омодагии ибтидоии харбй хусусиятхои худро дорад. Курси омодагии ибтидоии харбй бисёрчанба буда, аз бахшхои алохидаи мустакил иборат мебошад. Ин банакшагирии бодиккати гузаронидани бахшхо ва мавзуъхои барномаро дар пайдархамии мантикии худ, хусусан хангоми тартиб додани накшаи хафтаина барои соли хониш, талаб мекунад.
Дар ин зимн, рохбари харбй чунин накшаи хафтаинаро барои синфхои 10 ва 11 ба таври алохида тартиб медихад. Х,ангоми тартиб додани накшаи якхафтаина бояд пайдархамии гузаронидани бахшхо ва мавзуъхои барнома дар иртибот ва вобастагии онхо хамачониба фикр карда шавад. Х,амзамон, бояд шароити махаллии кори муассисаи тахсилоти миёнаи умумй, мавчудияти захирахои таълимию моддй ва мавсими сол ба назар гирифта шаванд [1].
. Накшаи хафтаина бояд татбики пайдарпай, пурра ва босифати маводи барномаро аз руйи соли таълим барои писарон ва духтарон таъмин намояд. Бояд махсусан машгулиятхои сахрой бо навчавонони синфи 10 ва гузаронидани тирпарронй бо патронхои чангй аз автомат ба накша гирифта шаванд. Ин дарсхо, чун коида, дар хайати муассисахои тахсилоти миёнаи нохия дар пойгохи таълимии кисми харбй ё лагери харбй-варзишй ташкил ва гузаронида мешаванд. Директор ва рохбари харбии муассисаи тахсилоти миёнаи умумй вакт ва ташкили ин машгулиятхоро дар накшахои кори таълимй - тарбиявй инъикос мекунанд. Барои гузаронидани хар як дарс накша -конспект тартиб дода мешавад. Машгулиятхо оид ба омодагии ибтидоии харбй ба чадвали умумии дарсхои муассисаи тахсилоти миёнаи умумй 2-соатй дар як хафта бо хар як синф дохил карда мешаванд. Х,ар як бахши мавзуъ дар давоми як катор дарсхои бо хам зич алокаманд омухта мешавад [5, с.33-36].
Барои ичрои босифати вазифахои таълимию тарбиявй рохбари харбй бояд ба якчанд дарсхо оид ба ин мавзуъ омода шавад, яъне накшаи мавзуиро тартиб дихад. Дар пайдарпайии мантикй робитаи байни дарсхои тамоми мавзуъ ё бахши барнома фикр карда шуда, истифодаи дастурхои зарурй ва маводи дигари дидактикиро таъмин кардан зарур аст. Дар асоси накшаи мавзуй пеш аз огози дарс накша-конспекти хар як дарс тартиб дода мешавад, ки дар он чунин саволхо, ба мисли мавзуи дарс, вакт ва макони гузаронидани дарс, максадхои таълимй ва тарбиявй, вакти пешниходи онхо инъикос карда мешаванд [4, с. 56].
Аз ахамияти калон банакшагирии дурусти чорабинихои беруназсинфй ва берун аз муассисаи тахсилот оид ба омодагии ибтидоии харбй ва тарбияи харбй-ватандустй низ бархурдор аст [3, с.22]. Ин бахш аз чониби ташкилкунандаи корхои беруназсинфй якчоя бо омузгори тарбияи чисмонй тартиб дода мешавад. Он бояд шумора ва равияи махфилхои харбй, намоиши филмхои харбй-таълимй ва хуччатй, ташрифро ба кисмхои харбй, осорхонахои шарафи харбй пешбинй намояд.
Ташкили раванди таълим. Бояд кайд кард, ки шакли асосии ташкили раванди таълими омодагии ибтидоии харбй дарс мебошад. Он бояд ба талаботи умумй чавоб дода, тибки барнома ва накшаи хафтаина гузаронида шавад. Х,амзамон, дарсхои омодагии харбй хусусиятхои худро доранд. . Дар синфхои омодагии харбии хонандагон бояд дар рухияи ватандустй ва омодагй ба химояи Ватан тарбия карда шаванд. Дар онхо малакахои хизмати хдрбй, зохири озодаро тарбия кардан зарур аст. Ба ин максад тавсия карда мешавад, ки дар машгулиятхои омодагии харбй ташкили сафкашии хонандагон вучуд дошта, синф взвод номида шавад [2, с. 36]. Взводро ба се гурухи 8 - 10 - нафарй (отделение) таксим карда, аз чумлаи хонадагони бехтарин командирхои взводхо ва отделенияхо таъйин карда мешаванд. Дар дарсхои омодагии харбй хонандагон бояд тайёр, бо либоси озода, бехтараш - шакли яксон биёянд. Х,ангоми сафкашй хонандагон бояд чойи худро дар саф дониста, ба фармонхо ва бонгхои командир бодиккат буда, онхоро зуд ва дакик ичро кунанд. Машгулиятхои омодагии харбй бо сафкашии хонандагон аз чониби командирони взводхо ва гузориши у ба рохбари харбй огоз меёбанд. Дар ин зимн бояд талаботи низомномаи сафкашй риоя карда шаванд. Омузгор - ташкилотчй, рапортро кабул карда, ба хонандагон салом медихад ва пас аз ин машгулият огоз меёбад. Дар чараёни дарсхо боят тартиб ва муташаккилии дакик нигох дошта шаванд. Рохбари харбй дар машгулиятхо ба хонандагон бояд "Шумо" гуфта мурочиат кунад.
Рохбари илмй хангоми гузаронидани кори таълимй-тарбиявй бояд на танхо саволхоро оид ба фан фикр карда барояд, балки инчунин маводи заруриеро, ки дар раванди таълим ба максади тарбияи харбй-ватании хонандагон истифода хоханд шуд, интихоб намояд. Х,амзамон, бояд дар назар дошт, ки курси ибтидоии омодагии харбй бисёрфаннй буда, хар кадоме аз ин фанхо хусусиятхои худро дошта, методхои махсус ва шаклхои ташкилии таълимро талаб мекунад. Бо ин масъалахои мушаххас методикахои хусусй, масалан, методикаи омодасозии тактикй, тирандозй, машкхои сахрой ва гайра машгул мешаванд.
Х,ангоми ташкили раванди таълим бояд дар назар дошт, ки чизи асосй дар раванди таълим мусаллахсозии хонандагон бо донишхои мустахкам мебошад. Танхо дар асоси донишхои мустахкам махоратхо ва малакахо ташаккул ёфта метавонанд. Аз ин ру, донишхои назариявй бояд хамеша пеш аз донишхои амалй карор гирифта бошанд. Барои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия ба максад мувофик аст, ки аз руйи бахшхо ва мавзуъхои асосй мачмуъхои таълимй-методие эчод карда шаванд, ки аз мачмуи дастурхои таълимй, методй ва аёнй (дастгоххо, макетхо, плакатхо, диафилмхо ва гайра) иборат мебошанд.
Омодагии рохбари илмй ба дарс. Сифат ва самаранокии хар як дарси омодагии ибтидоии харбй аз сифати омодагии рохбари илмй ба он вобаста мебошанд. Барои омодашавй ба дарс рохбари илмй бояд:
- мавзуъро дарк намуда, максад ва методи гузаронидани дарсро муайян кунад;
- масъалахои асосии таълимии мавзуъро муайян кунад;
- бахшхои дахлдори китоби дарсй, макола, оинномахо, дастурамалхо ва адабиёти дигарро интихоб карда, омузад;
- воситахои аёнии зарурй (плакатхо, диаграммахо, наворхо, кисми моддии ярок, дастгоххо) - ро омода созад
- макони гузаронидани машгулиятхоро муайян кунад; дарсхоро муайян кунад;
- накша-конспекти машгулиятхоро тартиб дихад;
- дар сурати зарурй, бо командирони отделенияхо машгулияти методй ё дастурдихиро гузаронад.
Методи гузаронидани машгулиятро муайян карда, рохбари харбй хачм ва мураккабии маводи таълимиро дакик намуда, равшан месозад, ки чй тавр мавзуъро омухтан мумкин аст (назариявй ё амалй), ба хонандагон чй чиз оид ба мавзуи додашуда аз машгулиятхои каблй маълум аст ва чй тавр ин донишхоро дар дарси додашуда истифода бурдан мумкиин аст.
Максади машгулиятро муайян карда, рохбари харбй дар накша - конспект бояд кайд кунад, ки чиро у мехохад аз хонандагон ба даст орад, ба онхо чиро омузонад, бо чй шинос намояд, кадом донишхо ва малакахои онхоро амик ё мустахкам кардан лозим аст, чиро ва чй тавр тарбияи харбй-ватандустии хонандагонро амалй созад [3, с. 44].
Адабиёти барои машгулиятхо заруриро интихоб карда, рохбари харбй бояд мавчудияти ин адабиётро дар китобхона ва хонандагон дакик кунад, то ки мукаррар созад, ки оё онхо метавонанд маводи додашударо аз руйи китобхо такрор кунанд ё
нуктахои асосии мавзуъро ба онхо лозим аст, ки дар дафтар нависанд. Барои амиксозии донишхо аз чониби хонандагон адабиёти иловагиро оид ба мавзуи додашуда кайд кардан лозим аст.
Тамрини шахсии рохбари харбй дар ичрои усул (амалхо), ки у ба воситаи онхо хонандагонро таълим хохад дод, барои намоиши намунавй дар дарс, хусусан оид ба омодагии кадамзанй, оташкушой ва тактикй, инчунин зимни омухтани дастгоххои истихбороти радиатсионй, химиявй ва назорати дозиметрй зарур аст.
Машгулиятхо ё дастурдихии методии командирони отделенияхоро гузаронида, ба омузгори омодагиии харбй дар навбати аввал зарур аст ба онхо ичрои дакики усул (амалхо) - еро ёд дихад, ки дар дарс мавриди омузиш карор хоханд гирифт, ва пас аз ин пайдарпайии омузиши усул (амалхо) ва вакти барои машгулият чудошударо нишон дихад.
Х,амин тарик, вазифаи аввалини рохбари харбй омодасозии харрузаи хонандагон ба химояи Ватан, ва вазифаи навчавонон - омодашавии бевосита ба хизмати харбй дар сафи ^уввахои Мусаллах мебошад.
Дарси омодагии ибтидоии %арбй. Дарси омодагии ибтидоии харбй, ки аз чониби рохбари харбй аз руйи чадвал гузаронида мешавад, ба у имкон медихад, ки ба таври мунтазам ва пайдарпай барномахои ба мавзуъ дахлдорро баён карда, хонандагонро бо низоми донишхо ва махоратхо мусаллах намуда, кобилиятхои зехнии онхоро рушд дода, онхоро ба химояи Ватан омода созад [6, с. 19].
Дар дарс бо истифодаи усули гуногун кори гурухй ва инфиродии хонандагонро ташкил кардан мумкин аст. Дарси омодагии ибтидоии харбй ба кори муассисаи тахкилоти миёнаи умумй равшании муайянро андохта, ба тарбияи хонандагон дар рухияи муташаккилй ва интизомнокй мусоидат мекунад.
Аз чониби амалияи муассиссахои тахсилоти миёнаи умумй намудхои асосии зерини дарсхо, ки рохбарони харбй дар кори худ истифода мебаранд, мукаррар шудаанд:
Дарсхои омехта. Дар ин дарсхо донишхои нав расонида шуда, санчида мешавад, ки онхо гуна онхо азхуд шудаанд, ва онхоро мустахкам мекунанд. Дарс унсурхои кори мустакилонаро дар бар мегирад. Дарси омехта, ки якчанд вазифахои дидактикиро муттахид менамояд, интишори бештари худро дар кори таълимии рохбаронин харбй ба даст овардааст. Дар огоз синфро ташкил мекунанд (сафкаширо ичро карда, намуди зохирии хонандагонро месанчанд), сипас дарс аз руйи тархи классикй (пурсиш бо максади санчиши донишхо, баёни маводи нав, мустахкамкунии донишхо, супоришхо барои худомодасозй) гузаронида мешавад.
Дарсхои иттилои донишхои нав, ки дар онхо дар шакли сухбат, накл донишхои назариявй, далелхо, падидахо иттилоъ дода шуда, хулосахо ва натичагирихо бароварда мешаванд. Чунин дарс, чун коида, аз чониби рохбари харбй дар огози омузиши бахш ё мавзуи барнома гузаронида мешавад. Донишхои навро рохбари харбй дар шакли сухбати кушода бо истифодаи васеи воситахои техникии таълим ва дастурхои аёнии утоки харбй иттилоъ медищад.
Одатан, муаррифии маводи нав бо пайдарпайии зерин сурат мегирад:
- такрори маводи каблан омухташуда, ки барои омузиши маводи нав заруранд;
- расонидани омилхо ва падидахои нав бо чамъбасту хулосаи онхо;
- такрори донишхои азхудшуда бо истифодаи унсурхои кори мустакилонаи хонандагон барои мустахкам кардани ин донишхо;
- супориш барои худомодасозй бо тавзехоти дахлдори рохбари харбй.
Дарсхо оид ба мустахкамкунии донишу малакахо дар шакли такрори маводи чорй ё тамоми мавзуъ, бахши барнома гузаронида мешаванд. Дарси ин навъро асосан дар самти мустахкам кардани малакахо ва махоратхои муносибат бо яроки оташфишон, чудо кардан ё насби нопурраи автомати Калашников, кобилияти кор кардан бо дастгоххои мудофиаи шахрвандй ва мустахкамкунии малакахои омодагии кадамзанй мегузаронанд. Одатан, ин дарсхо вобаста ба шумораи автомату тачхизоти мавчуда аз руйи шуъбахои таълимй гузаронида мешаванд. Ин дарсхо омодагии хаматарафаи рохбари харбиро талаб мекунанд.
Бояд кайд кард, ки санчиши донишхо ва малакахои хонандагон, чун коида, дар охири соли хониш гузаронида шуда, барои ин соатхои таълимй чудо карда мешаванд. Дар ин машгулиятхо донишхои назариявй ва малакахои амалии хонандагон мавриди санчиш карор дода мешаванд. Донишхои назариявй аз руйи билетхо ё тестхои аз чониби рохбари харбй тахияшуда санчида мешаванд, малакахо ва махоратхо бошанд бевосита дар раванди кор бо силохи оташфишон, тачхизоти мудофиаи шахрвандй ва
омодагии санитарй гузаронида мешавад. Санчиши назоратии донишхо аз чониби рохбари харбй, чун коида, дар хузури директори муассисаи тахсилоти миёнаи умумй ва намояндаи комиссисариати харбй гузаронида мешавад.
Аз ахамияти махсус дар дарс интизоми баланд ва мутташакилии хонандагон мувофики талаботи барномаи таълими ибтидоии харбй бархурдор мебошад. Дар ташаккули сифатхои зарурй дар хонандагон хамчун мухофизони ояндаи Ватан сифатхои шахсии рохбари харбй, дониши у дар бораи мавзуъ, муносибати у ба кор, либоси озода ва хушандомй накши мухим мебозанд.
Матлуб хисобида мешавад, то ки хонандагон низ ба машгулиятхои омодагии ибтидоии харбй дар намуди ягонаи либоси низомй биёянд.
Машгулиятхои омодагии ибтидоии харбиро на танхо дар утокхои харбй, балки инчунин дар тири тирандозй, ки дар он силохи оташфишон, коидахо ва малакахои тирпарронии дакикро меомузанд; дар майдончаи кадамзанй, ки дар он усули кадамзаниро сайкал медиханд; дар панохгоххои мудофиаи шахрвандй, ки дар он чо ба хонандагон малакахои рафторро дар онхо меомузонанд, гузаронида мешаванд. Бо хонандагон инчунин экскурсияхоро ба кисмхои харбй барои шиноскунй бо хаёт ва таълими чангии сарбозон мегузаронанд.
Х,амин тарик, рохбари харбй бояд машгулиятхоро чолиб, муътамадона, бо эхсосот гузаронад, зеро эхсоснокй зимни баёни маводи таълимй дар дарс ба хонандагон таъсири калони тарбиявй мерасонад. У инчунин бояд дар хонандагон муносибати масъулиятнокро ба омодагии ибтидоии харбй тарбия намуда, онхоро барои химояи Ватан омода созад.
АДАБИЁТ
1. Аварин А.И., Начальная военная подготовка, 1993.
2. Андреев Е.А.Военно-патриотическое воспитание молодежи призывного возраста в процессе формирования готовности к военной службе: дис. ... канд. пед. наук:Рязань, 2012. 187 с.
3. Баранов А.В. Организация военно-патриотического воспитания учащихся средних школ во внеурочной деятельности в условиях крупного города:дис. ... канд. пед. наук:М., 2011. 166 с.
4. Мизиковский Г.В. Межпредметные связи в курсе допризывной подготовки юношей. - М.: Просвещение, 1990.
5. Скворцов В.А. Формирование готовности будущего учителя ОБЖ к практико-ориентированному обучению старшеклассников:дис. ... канд. пед. наук: Елец, 2012. 171 с.
6. Трубин Ю.В. Педагогическая система подготовки молодежи к военной службе: дис. ... канд. пед. наук:Омск, 2015. 178 с.
ПЛАНИРОВАНИЕ ПРОЦЕССА ОБУЧЕНИЯ ПО НАЧАЛЬНОЙ ВОЕННОЙ ПОДГОТОВКЕ В ОБЩЕОБРАЗОВАТЕЛЬНОЙ ШКОЛЕ
В статье рассматривается планирование процесса обучения по начальной военной подготовке в общеобразовательной школе. Опираясь на работы ученых-педагогов, автор излагает свою мысль об организации этого процесса, подготовке военного руководителя к проведению урока, организации урока начальной военной подготовки и их основных видах: смешанные уроки, уроки доведения новых знаний. Делается вывод, что основной задачей военного руководителя является подготовка защитника своей Родины.
Ключевые слова: планирование урока, обучение, начальная военная подготовка, программа, учащийся, военный руководитель, директор, общеобразовательная школа, защита Родины.
PLANNING THE TEACHING PROCESS FOR INITIAL MILITARY TRAINING IN A GENERAL SCHOOL
The article discusses the planning of the training process for primary military training in a secondary school. Based on the work of scholars-peldgogues, the author sets forth his idea of organizing this process, preparing a military leader for a lesson, organizing an initial military training lesson and their main types: mixed lessons, lessons for bringing new knowledge. It is concluded that the main task of the military leader is to prepare the defender of the Homeland.
Keywords: lesson planning, training, primary military training, program, pupil, military leader, director, secondary school, defense of the homeland.
Сведение об авторе:
Холмуродов Манучехр Гуломхайдарович, старший преподаватель Института физической культуры Таджикистана им. С.Рахимова. Адрес: г. Душанбе. E-mail: Тел.: + (992) 904525306
About the autor:
Kholmurodov Manuchehr Ghulomhaydarovich, a senior teacher of the Institute of Physical Culture of Tajikistan after S.Rahimov. Address: c. Dushanbe. Те1: +(992) 904525306