Научная статья на тему 'РЕШЕНИЕ ЗАДАЧ ЭКОЛОГИЧЕСКОГО СОДЕРЖАНИЯ С УЧЁТОМ ИСПОЛЬЗОВАНИЯ КРАЕВЕДЧЕСКОГО МАТЕРИАЛА В ПРЕПОДАВАНИИ ФИЗИКИ'

РЕШЕНИЕ ЗАДАЧ ЭКОЛОГИЧЕСКОГО СОДЕРЖАНИЯ С УЧЁТОМ ИСПОЛЬЗОВАНИЯ КРАЕВЕДЧЕСКОГО МАТЕРИАЛА В ПРЕПОДАВАНИИ ФИЗИКИ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
172
27
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ФИЗИЧЕСКИЕ ЗАДАЧИ ЭКОЛОГИЧЕСКОГО СОДЕРЖАНИЯ / ЭКОЛОГИЧЕСКОЕ ВОСПИТАНИЕ / КАЧЕСТВЕННЫЕ ЗАДАЧИ / ДВИЖЕНИЕ МОЛЕКУЛ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Мирзозода Фирузи Талбидаги, Мираков Насим Абдурасулович

В статье рассматривается многолетнее исследование автора в области использования качественных задач экологического содержания на уроках физики, способствующее формированию экологического образования и воспитания учащихся при изучении школьного курса физики, повышению учебно-познавательной деятельности учащихся и интереса к физике. В данной статье подобраны задачи экологического содержания с анализом их решения по различным темам школьного курса физики, где даются практические методические рекомендации по их использованию.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по наукам об образовании , автор научной работы — Мирзозода Фирузи Талбидаги, Мираков Насим Абдурасулович

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SOLUTION OF PROBLEMS OF ECOLOGICAL CONTENT BY USING LOCAL HISTORY MATERIAL IN TEACHING PHYSICS

The article discusses the author’s long - term research in the field of using quality environmental problems in physics lessons, which contributes to the formation of environmental education and education of students in this of their e study of schools physics course, increasing educational and cognitive activity of students and interest in physics. This article has selected environmental issues with an analysis of their solutions to various topics of schools course physics, where practical guidelines for use are given one.

Текст научной работы на тему «РЕШЕНИЕ ЗАДАЧ ЭКОЛОГИЧЕСКОГО СОДЕРЖАНИЯ С УЧЁТОМ ИСПОЛЬЗОВАНИЯ КРАЕВЕДЧЕСКОГО МАТЕРИАЛА В ПРЕПОДАВАНИИ ФИЗИКИ»

Утаев Маъмурджон - Зав. кафедрой английского языка Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни E-mail mahmaduUo67@maHL ru Phone number (+992) 934 000788

About an author:

Haitboyeva H.O. - Lecturer, Chair of English Language, Tajik State Pedagogical University named after S. Ayni. E-mail tuk. tuk.89@mail.ruPhone number: (+992) 938 868086

Utaev Mamurjon - The head of the English language chair Tajik state pedagogical university named after S. Ayni. E-mail mahmaidullo67@wail. ru тел: (+992) 934 000788

УДК: 53:37.016

ХДЛЛИ МАСЪАЛАХОИ ТАВСИФОТИ ЭКОЛОГИДОШТА БО НАЗАРДОШТИ ИСТИФОДАИ МАВОДИ МА^АЛ ДАР ТАЪЛИМИ ФИЗИКА

Мирзозода Ф.Т.

Донишго^и давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Мираков Н.А.

Коллеци техникии Донишгоуи техникии Тоцикистон ба номи академик М.Осимй

Дар раванди омузиши мавзуъхои физикаи мактабй бо мадсади ташаккули тафаккури экологии хонандагон, баланд бардоштани савияи дониши маърифати экологии онхо, хал кардани масъалахои тавсифоти экологидоштаро бо назардошти маводи махал тавсия додан мумкин аст. Тахлили адабиёти илмй-тахкидотй ошкор намуд, ки доир ба тарбияи экологии хонандагон дар таълими физика олимон Х,акимов Э. [15], Турдикулов Э. [7, 8], Храмушин И. В. [16] ва дигарон тахкидот бурда, маколаву дастурхои методиву таълимй нашр кардаанд, доир ба тарбияи экологии хонандагон дар дарсхои физика тавассути маводи махал бошад, танхо ду мадолаи дотсент Умаров У. С. [9, 10] ва панч мадолаи мо бо хаммуаллифии дотсент Умаров У. С. [3, 4, 11, 12, 13] нашр шудаасту халос.

Тахкикотхои гузаронидаи мо дар ин самт собит менамояд, ки омузгорони муассисахои тахсилоти миёнаи умумии чумхурй хангоми бо хонандагон хал кардани масъалахои навъашон гуногун аз адабиёти [1, 5, 6] васеъ истифода мекунанд, ки дар он масъалахои тавсифоти экологидошта кам ба назар мерасад. Гуфтан чоиз аст, ки то ба хол ягон дастури методии мукамале бо забони точикй оид ба масъалахои физикии тавсифоти экологидошта бо назардошти маводи махал вучуд надорад. Аз ин лихоз, мо тасмим гирифтем, ки доир ба методикаи халли масъалахои физикии тавсифоти экологидошта тавсияхо пешниход намоем.

Тачриба нишон медихад, ки дар дарсхои физика ба таври мусалсал истифодаву хал кардани масъалахои тасифоти экологидошта фаъолияти маърифатии хонандагонро ташаккул дода, бахри тарбияи экологй ва дар рухияи мухофизат намудани табиат тарбия кардани хонандагон ва инкишофи сифатхои маънавии онхо кумак мерасонад.

Акнун намунаи халли масъалахои тавсифоти экологидоштаро доир ба мавзуъхои алохидаи барномавй меорем [4, с.214-219]:

Мавриди омузиши мавзуи «Х,аракати молекулахо ва харорати чисм» (синфи VII) [2, с. 50] хал кардани масъалахои зерини тавсифоти экологидошта мувофиди мадсад аст:

1. Шумо ходисаи дар хаво пахн шудани гази карбон (СО2), дуд, чангу губор ва f. чй тавр шарх медихед?

^ал. Сабаби хамаи ходисахои дар боло овардашуда харакати бетартибонаи молекулахои таркиби ин газхо мебошад. Бо ибораи дигар сабаби хамаи ин ходисаи диффузия дар газхо аст.

2. Чарост, ки дуд хатто дар хавои бешамол хар кадаре, ки болотар барояд, хамон дадар намоёнтар мешавад?

3. Сабаби ифлосшавии об дар чист?

4. Чарост, ки пас аз борон гарду чанги рохи хокй дигар боло намехезад?

Х,ангоми омузиши мавзуи «^увваи архимедй» (синфи VII) чунин масъалахои

тавсифоти экологидоштаро хал кардан бахри баланд шудани маърифати экологии хонандагон аз манфиат холй нест:

5. Х,авои гарм боло мебарояду хавои хунук суйи поён харакат мекунад. Сабаби инро Шумо дар чй мебинед?

6. Хубоби собуни пури хаво дар чй гуна газхо шино мекунад?

Хини омузиши мавзyи «Навъхои накли гаpмо» (синфи VIII) [14] мо ба омyзгоpон бахpи баланд баpдоштани савияи маъpифати экологии хонандагон хал каpдани чунин масъалахои тавсифоти экологидоштаpо тавсия медихем:

7. Сабаб чист, ки лулаи дyдкаши заводхоpо хеле баланд месозанд?

8. Кадоме аз лулаи дудкаши заводхо хyбтаp аст: металлй (оханин) ë хиштин?

Хал. X^p кадаpе ки фаpки фишоpхои хавои беpyна ва хавои дохили лулаи дудкаш зиëд бошад, кашиш хамон кадаp хуб аст. Xаp кадаpе ки хаpоpати хавои дохили лула баланд бошад, зичй ва фишоpи он хамон кадаp кам аст. Гаpмигyзаpонии хишт назаp ба гаpмигyзаpонии охан кам аст. Бинобаp ин, даp лулаи хиштин (мавpиди якхела будани шаpоитхои дигаp) хаво (дуд) камтаp хунук мешавад ва даp ин гуна лулахо кашиш хyбтаp аст.

9. Чаpо даp печкахо «баландгаpдан» назаp ба печкахои «кyтохгаpдан» суйи боло кашида шудани хаво хyбтаp аст?

10. Баpои чй печкае, ки даp он муддати дypy даpоз алов накаpдаанд, суст мекашад? Arap даp лулаи ин печка пешакй к0Fазеpо оташ зананд, кашиши он хуб мешавад. Чаpо?

Хал. Хавои хунуки лулаи дудкаш фишоpеpо хосил мекунад, ки он ба фишоpи хавои беpyна баpобаp аст. Пас аз гаpм каpдани хавои лулаи дудкаш фаpки фишоpхои дохилию беpyнии лула зиëд шуда, кашиш ба вучуд меояд.

11. Даp хавои оpом (бешамол) дуди лулахои дудкаши бинохо амудан ба боло мебаpоядy дуди лулаи дудкаши тепловози хаpакаткyнанда даp сатхи катоpа пахн мешавад. Сабаби инpо шаpх дихед.

Хал. Даp сатхи болоии лулахои дудкаши бинохои оpом сели конвексионии хдвои гаpм ба вучуд меояд ва онpо кувваи аpхимедй амудан ба боло мебаpдоpад. Лулаи дудкаши тепловози хаpакаткyнанда микдоpи ками хавои гаpмpо даp чойхои гуногуни pох беpyн мекунад, ки онхо охиста-охиста ба боло мебаpоянд. Хангоми тез хаpакат каpдани катоpа бошад, дуд даp сатхи он пахн мешавад.

12. Ифлосшавии атмосфеpа тавассути паpтовхои саноатй сабаби даp куххо кам шудани пиpяххо мегаpдад. Баpои чй? Окибатхои ногyвоpи ин ходиса чист?

Хал. Паpтовхои саноатй даp шакли гаpдy чанг ба сатхи пиpяххо нишаста, бо таъсиpи нypхои Офтоб обшавии онхоpо метезонанд. Камшавии пиpяххо бошад, боиси таFЙиpëбии иклим мегаpдад.

^айд каpдан чоиз аст, ки масъалаи мазкyp ба масъалаи №769-и китоби В.И. Лукашик [1] монанд аст ва мо ба омyзгоpон тавсия медихем, ки пас аз халли масъалаи №769-и китоби В.И. Лукашик ин масъалаpо хал намоянд.

13. Танаи даpахтхои мевадихандаpо сафед каpдан чй заpypат доpад?

Хал. ^абати сафед нypхои Офтобpо инъикос каpда, фypyбаpии онхоpо кам мекунад ва даpахтхои мевадихандаpо аз «сухтан» мухофизат мекунад.

Мавpиди омузиши мавзуи «Бyхоpшавй» (синфи VIII) [14, c.56] хал каpдани масъалахои зай^о тавсия медихем.

14. Маpказхои саноатие, ки даp минтакахои иклимашон сеppyтyбат чойгиp шудаанд, атмосфеpаpо бисëpтаp ифлос мекунанд. Чаpо?

Хал. Гаpдy чанги паpтовхои саноатй, хиссачахои дуд хангоми pyтyбати зиëди хавои чангй хамчун маpкази конденсатсияи бyFхои об хизмат мекунанд. Даp натича массаи ин заppахо зиëд ва сypъати диффузия кам мешавад. Бинобаp ин, гаpдy чанги паpтовхои саноатй даp атpофи маpказхои саноатй абpхои дyдиpо хосил мекунанд.

15. Имpyзхо даp назди олимон-а^ономхо чунин масъалаи мyбpаме истодааст: Хоки заминхои коpамpо аз шypшавй мухофизат намудан лозим аст, чунки замини шypхок хосили баланд намедихад. Чаpо?

Хал. Шypхок обpо аз pастанихо чабида мегиpад ва онхо хушк мешаванд.

16. Даp вакти хушксолй баpои эмин нигох доштани кишт даp майдонхо намй Футубат^о чй тавp нигох доштан мумкин аст?

Хал. Баpои нигох доштани намй бyхоpшавиpо кам каpдани лозим аст. Баpои ин хокpо сахт мекунанд.

17. Баpои чй сабзавотхои аз хунукй «таpсанда»-pо даp минтакахои наздикии обанбоpхо, кулхо, нахpхо, бахpхо ва даpëхо кишт каpдан бехтаp аст?

Хал. Даp хавои назди обанбоpхо хама вакт микдоpи здади бyFхои об мавчуданд. Хангоми хунукшавии хаво ин бyFхои об конденсатсия шуда гаpмй хоpич мекунанд.

Пас аз омузиши мавзуи «Мyхаppикхои даpyнсyз» (синфи VIII) [14, c.76] хал каpдани масъалахои зайлpо тавсия медихем.

18. Дар мухаррики дарунсуз баъзан сузишворй нопурра месузад ва хамрохи газхои сухта берун бароварда мешавад. Оё ин ба мухити атроф асар надорад?

Хал. Асар дорад, мухити атрофро ифлос мекунад.

Мавриди омузиши мавзуи «Ду чинси заряд. Таъсири мутакобили чисмхои заряднок» (синфи VIII) [14, с. 87-90] халли масъалаи зеринро ба омузгорон тавсия медихем.

19. Филтрхои электростатикй, ки дар неругоххои баркии хароратй ва дигар корхонахо барои нигох доштани хиссачахои сахти дуд хизмат мекунанд, чунин сохт доранд: аз мобайни лулаи металлй, кад-кади тири он сим (нокил) гузаронида шудааст. Ин нокил мусбат заряднок карда мешаваду лулаи металлй-манфй. Амали ин гуна филтро фахмонед.

Хал. Хиссачахои сахти дуд дорои заряди мусбатанд. Аз ин ру, онхо тахти таъсири майдони электрй ба тарафи сатхи дохилии лулаи металлй харакат карда, ба он чазб шуда часпида мемонанд.

Хангоми омузиши мавзуи «Мавчхои садо» (синфи IX) бахри баланд бардоштани савияи маърифати экологии хонандагон хал кардани масъалахои зайлро ба омузгорон тавсия медихем.

20. Чаро галогулаи сунъй (масалан, галогулаи асбобхои рузгор, дастгоххои коркунанда) ба организми зинда таъсироти манфй мерасонанд, вале садои табий (масалан, садои бориши борон, шавшуви шамол) ба организми зинда таъсироти фоидабахш мерасонанд?

Хал. Тадкикоти илмй собит намуданд, ки хамагуна галогулаи табий дар худуди басомади якхела (тартиби 1000 Хс) ба амал меоянд. Онхо ба минтакаи хуби кобили кабули узвхои шунавой мувофикат мекунанд ва аз ин ру, ба организми зинда таъсироти фоидабахш доранду халоват мебахшанд. Галогулаи сунъй бошад, чун коида ба садохои тонашон (охангашон) нисбатан баланд тааллук доранд, аз ин ру ба организми зинда таъсироти манфй мерасонанд.

21. Оё галогула факат зарар мерасонад ё ин ки фоида хам дорад?

Хал. Маълум аст, ки мавчхои садогии шакли галогула кобилияти пароканда кардан ва шинондани гарду чангро доранд. Ин хусусияти онхо масалан, барои тоза кардани хаво дар сеххои заводхо истифода карда мешавад.

22. Шумо барои кам кардани галогулаи шахр чй корхоро ба сомон расонида метавонед?

Хал. Бисёр корхоро, масалан: баланд накардани садои радио, магнитофон, телевизор ва г.; дар хона, мактаб, куча, бозор, дохилии наклиёти мусофиркаш бо овози паст гап задан, гавго накардан; шинонидани дарахту буттахо, чунки дуруст шинонидани дарахту буттахо галогулаи шахрро хеле кам мекунад: тобистон онро баргхо «пароканда мекунанд» ва ё «фуру мебаранд», зимистон бошад, барфхои шоххои дарахт ин амалхоро ичро мекунанд.

Хангоми омузиши мавзуи «Физикаи атом ва ядрои атом» дар синфи IX хал кардани чунин масъалахоро тавсия медихем:

23. Аз энергетикаи химиявй ба ядрой гузаштан чй афзалияти экологй дорад?

Хал. Реакторхои ядрой хангоми кори худ оксигенро истифода намекунанд ва ба мухити атроф дуд ва дигар партовхо хорич намекунанд.

24. Фарз кардем, ки ба атмосфера микдори баробари атомхои моддахои радиоактивии даври нимтабдилашон гуногун хорич гардид. Хатари биологии кадоме аз онхо зиёдтар аст?

Хал. Барои хамзамонон ядрои моддахои радиоактиви даври нимтабдилашон кам хатарноктар асту барои ояндагон ядрои моддахои радиоактиви даври нимтабидлашон зиёд.

Ба акидаи мо халли чунин масъалахои тавсифоти экологидошта бо назардошти маводи махал бахри баланд гардонидани савияи маърифати экологии хонандагон мусоидат намуда, онхоро дар рухияи мухофизат намудани табиати мухити атроф тарбия менамояд.

АДАБИЁТ

1. Лукашик В.И. Китоби масъалахои физика. Дастури таълим барои хонандагони синфхои 7-8 мактаби миёна. -Душанбе: Маориф, 1991. -190 с.

2. Мачидов Х., Зубайдов С. Физика - 7. Китоби дарсй барои синфи 7-уми мактабхои миёнаи тахсилоти хамагонй. -Душанбе: Алиф, 2008. -281 с.

3. Мирзозода Фируз, Умаров У.С. Тарбияи экологии хонандагон хангоми омузиши физикаи синфи VIII. Дар мачмуаи «Маводи конференсияи илмй-методии чумхуриявй дар мавзуи «Проблемахои муосири илмхои табий-математикй ва тайёрии касбй-методии муаллимон». -Душанбе: ДДОТ, 2013. - С. 5558.

4. Мирзозода Фируз, Умаров У.С. Ташаккул додани маърифати экологии хонандагон тавассути халли масъалахои физикии сифатй. Дар мачмуаи «Маводи конференсияи илмии чумхуриявй дар мавзуи «Экология ва масъалахои таълиму тарбия» бахшида ба 70-солагии мудири кафедраи «технология ва экологияи химиявй дотсент И.Н. Шарипов». -Душанбе: ДДОТ, 2014. - С. 214-219.

5. Рымкевич А.П. Мачмуаи масъалахо аз физика: Барои синфхои 8-10 мактаби миёна. - Нашри 1.-Душанбе: Маориф, 1989. - 176 с.

6. Тульчинский М. Е. Качественные задачи по физике в 6-7 классах. Пособие для учителей. -М.: Просвещение, 1976. - 127 с.

7. Турдыкулов Э. А. Введение природоохранитепьных понятий // «Физика в школа», 1979, №1. - С. 3439.

8. Турдыкулов Э. А. Развитие экологических зананий на первой ступени обученияи физике. // «Физика в школа», 1983, №3. - С. 34-39.

9. Умаров У.С. Тарбияи экологии хонандагон тавассути маводи махал. Дар мачмуаи «Материалы юбилейной научной конференции преподавателей и студентов посвяшенной 5-ой годовщине независимости Реслублики Таджикистан». (Тезисы дохладов), -Душанбе: ТГПУ, 1996. - С. 31-34.

10. Умаров У.С. Тохирова Р. Б. Давлатов З. А. Маърифати экологии хонандагон дар чараёни таълими физика. // «Паёми Донишгохи омузгорй», 2005, №3. - С. 45-48.

11. Умаров У.С., Мирзозода Фируз. Ташаккул додани маърифати экологии хонандагон дар таълими физика. Дар мачмуаи «Маводи конференсияи илмй-амалии байналмиллалй дар мавзуи «Мадоми педагогикаи халдй дар шароити чахонишавй»». -Душанбе: ДДОТ, 2013. - С. 220-224.

12. Умаров У.С., Мирзозода Фируз. Ташаккул додани маърифати экологии хонандагон тавассути ташкил намудани конференсияи таълимй. Дар мачмуаи «Маводи конференсияи илмй-назариявии чумхуриявй дар мавзуи «Истифодаи воситахои техникии муосир дар таълими фанни технология» бахшида ба 20-солагии Сардонуни Чумхурии Точикистон». -Душанбе: ДДОТ, 2014. - С. 118-124.

13. Умаров У. С., Мирзозода Фируз. Формирования экологических знаний в процессе обучения физики с применением краеведческих материалов. Материалы республиканской научно-практической конференции «Достижение инновационной технологии композиционных материалов и их сплавов для машиностроения» посвященной 80-летию профессора кафедры «Технология и машиноведения» Каримова Н. К. -Душанбе: ТГПУ, 2014. - С. 116-120.

14. Умаров У.С., Исупов Ч,., Икромов М. Физика. Китоби дарсй барои синфи 8-уми мактабхои миёнаи тахсилоти умумй. -Душанбе: Алиф, 2009. -238 с.

15. Хакимов Э. Экологическое образование учащихся VIII-X классов средней школы в процессе обучения физике: Автореф. дис. ... канд. пед. наук. -Баку, 1981. -19 с.

16. Храмушин И.В. Вопросы охраны природы на уроках физики. // «Физика в школе», 1979, №2. -С.53-54

РЕШЕНИЕ ЗАДАЧ ЭКОЛОГИЧЕСКОГО СОДЕРЖАНИЯ С УЧЁТОМ ИСПОЛЬЗОВАНИЯ КРАЕВЕДЧЕСКОГО МАТЕРИАЛА В ПРЕПОДАВАНИИ ФИЗИКИ

В статье рассматривается многолетнее исследование автора в области использования качественных задач экологического содержания на уроках физики, способствующее формированию экологического образования и воспитания учащихся при изучении школьного курса физики, повышению учебно-познавательной деятельности учащихся и интереса к физике. В данной статье подобраны задачи экологического содержания с анализом их решения по различным темам школьного курса физики, где даются практические методические рекомендации по их использованию.

Ключевые слова: физические задачи экологического содержания, экологическое воспитание, качественные задачи, движение молекул.

SOLUTION OF PROBLEMS OF ECOLOGICAL CONTENT BY USING LOCAL HISTORY MATERIAL IN TEACHING PHYSICS

The article discusses the author's long - term research in the field of using quality environmental problems in physics lessons, which contributes to the formation of environmental education and education of students in this of their e study of schools physics course, increasing educational and cognitive activity of students and interest in physics. This article has selected environmental issues with an analysis of their solutions to various topics of schools course physics, where practical guidelines for use are given one.

Keywords: physical task of environmental content, environmental education, the movement of molecules.

Сведения об авторе:

Мирзозода Фирузи Талбидаги - ассистент кафедры методики преподавания физики Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни. Адрес: 734003, Республика Таджикистан, город Душанбе, район И. Сомони, проспект Рудаки 121. Тел.: (+992) 988 33 43 07. Мираков Насим Абдурасулович - асистент кафедры физика и телекоммуникации технического колледжа Таджикского технического универстета имени академика М.Осими. адрес: г Душанбе район Фирдавси улица Кахороа 149 кв 091а тел (+992) 93 541 42 37 Nasim.Mirakovamail.ru About the author:

Mirzozoda Firuzi Talbidagi - Assistant, Chair of Physics Teaching Methodoljgy, Tajik State Pedagogical University named by S. Aini. Address: 734003, Republic of Tajikistan, Dushanbe, I. Somoni district, Rudaki Avenue, 121. Tel.: (+992) 9883343 07. Nasim Mirakov Abdurasulovich - Assistant, Chair of Physics and Telecommunication of Technical College, Tajik Tehnical University named after academician M. Osimi. Dushanbe, Kakhorova st., 149, apartment 091a Phone: (+992) 93 541 42 37 Nasim.Mirakov@mail.ru

МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ БОСАЛОДИЯТИ АШЪОРИ АБДУРРАДМОНИ ЧОМИ ДАР КУРСИ ХОНИШИ АДАБИ

Бобоева З.Т.

Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б. Гафуров

Тибки консепсияи мактаби миллй таълими адабиёт дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумй ба се зина чудо мешаванд: Курси хониши эзохй, курси хониши адабй ва курси таърихи адабиёт. Мутахассисон максад ва вазифаи хар се зинаи таълими адабиётро муайян карданд. Ин се зинаи таълим аз якдигар тавофут ва махсусияти хешро доранд ва ба синну солу чахонбинии хонандагон алокаманд аст. Тибки таъкиди методистон, Дар курси хониши адабй адабиёт ба таври мавзуй омухта мешавад ва он давоми мантикии таълими хониши эзохй буда, хониши матни бадей дар он мавкеи асосй дорад. Адабиёт бояд инсонсоз бошад ва яке аз вазоифи курси хониши адабй тарбияи насли наврас аст, ки ин максад бо воситаи таълими матнхои бадей амалй мегардад. Муносибати босалохият ба матни бадей метавонад захираи лугавии хонандаро бой гардонад, нутки шифохй ва хаттии онхоро инкишоф дихад ва нуктаи аз хама асосй, фаъолияти маърифатии хонандаро дар хаёт таъмин менамояд.

Мураттибони "Барномаи таълими адабиёти точик дар синфхои У-Х1" (2007) барои таълими эчодиёти Абдуррахмони Ч,омй дар синфи хафтум 5-соат чудо кардаанд, аммо ин панч соат барои таълими хикояхо аз "Бахористон"-у маснавии "Сислсилат-уз-захаб" ва "Нафахот-ул-унс" аст. Муратибони барнома аз ашъори гиноии Ч,омй байтеро хам барои хонандагони синфи 7 мувофик наёфтаанд ва ё салох надонистаанд. Дар шеваи муносибати босалохият ба таълим омузгор имкон дорад, ки мавзуъ ва мундаричаро вобаста ба талаботи таълим иваз намояд. Аммо пеш аз он ки аз ашъори гиноии шоир намунае дархури хонандагони синфи 7 биёварем, нишондоди барномаро баррасй мекунем, зеро омузгорони мактаб бештар ба барнома такя мекунанд ва пойбанд он хастанд.

Дикояи "Шикояти пиразани мазлум бо Санчар" аз маснавии "Сисилат-уз-захаб", ки мураттибони барнома пешниход кардаанд, дар асл " Дикояти пирзоле, ки рох бар Санчар гирифта ва аз берохии як-ду золим додхохй кард ва зулми эшонро аз рох бардошт" унвон дорад ва аз 44 байт иборат аст. Дар китоби дарсй унвони хикоят ба тарики мухтасар "Дикояти пирзоле, ки рох бар Санчар гирифта" омада, ки кобили кабул аст. Муаллифони китоби дарсй хикоятро мухтасар намуда, аз 44 байт 29 байтро интихоб намудаанд. Дикоятро аз ин хам мухтасар кардан мумкин аст, вале набояд кисмати охир, ки Султон Санчар баъд аз чазои золимон ба пирзол боги ангуру зар хадя мекунад ва бевазан аз адлу саховати вай хушнуд мешавад, хазф кард: Бевазанро ато муцаррар кард, Аз зару цалби зар тавонгар кард. Дод бо зар яке разаш маъмур, То аз он кудакон хуранд ангур.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.