Р.А. Содицова, СА. Крсимова
ХАЁТ ВА ЭЧОДИЁТИ ХОФИЗИ ШЕРОЗЙ АЗ НИГОХИ ОЛИМОНИ ГАРБ
Мацола роцеъ ба тадцици щёт ва эцодиёти Хофизи Шерози аз ниго^и олимони гарб бахшида шудааст. Собит шудааст, ки Хофизи Шерози %амчун шоири газалсаро дар байни олимони %ам шарц ва %ам гарб мацому манзаллати хоса дошааст.
Хоча Шамсиддин Мухаммад ибни Бахоуддин Дофизи Шерозй соли 1321 дар шахри Шероз, ки даххо адибони забардаст аз хоки он хестанд, ба дунё омада, тамоми умр дар он чо зистааст. Номи шоир Шамсиддин Мухаммад ва тахаллусаш Дофиз аст. Сабаби "Дофиз'' тахаллус гирифтани шоир он аст, ки у Куръонро аз ёд медонист ва ба 14 навъ онро тиловат мекард. Дануз дар вакти тифл будани Дофиз падари чавони у аз олам гузашт. Аз у чанд фарзанди хурдсол ятим монданд. Дар андак вакт мероси гузоштаи падари Дофиз тамом шуд. Бародарони у ба чустучуи лукмаи ноне ба хар тараф рафтанд. Лекин бештари вакти у ба андухтани илм сарф шуда, Дофиз дар баробари мустакилона омухтани мероси форсизабонон забону адабиёти араб, хадису фикх, хандасаву нучум ва Куръонро бо чидду чахд омухта, дар андак замоне хамчун олим машхур шуд. У хатто ба китоби машхури ''Тафсири кашшоф'' шарх навишт. Дофиз чое ба омузиши улум ишора карда мегуяд: Илму фазле, ки ба чанд сол дилам чамъ овард Тарсам он наргиси мастона ба ягмо бибарад Аз ишорахои худи у мухаккикони гузашта ва имруза пай бурдаанд, ки у сохиби зану фарзанд будааст. Ба кавли муаллифи тазкираи «Хизонаи Омира» Fуломалихони Озод, фарзанди калони Дофиз, ки Шохнуъмон ном доштааст, дар Диндустон фавт карда будааст. Фарзанди дигари у дар кудакй аз олам гузаштааст. Инчунин аз ашъори Дофиз маълум мешавад, ки ёри азизаш хам уро танхо гузошта, оламро хеле пеш аз у падруд гуфта будааст. Бар замми махрумиятхои оилавй ва шахсй Дофиз аз замонаи шум низ азиятхои зиёд мекашид. Дар баробари нооромии замон, задухурдхои ашрофзодагон, катлу горати бегонагон ахволи зиндагии Дофиз хам, бешубха токатфарсо буд. Махсусан хокимону давлатмандони Шероз ба кадри сухани Дофиз намерасиданд. Аз хамин чихат шоири бузургвор шиквахо мекард [3;56].
Сухандонию хушхони намеварзанд дар Шероз,
Биё, Х°физ, ки мо худро ба мулки дигар андозем.
Овозаи Дофизро шунида, хокимони гуногун аз Диндустону Ирок мехоханд, ки Дофиз дар дарбори онхо хидмат кунад. Уро бо ин максад даъват мекунанд. Чунончи, дар замони Муборизиддин, ки ахволи Дофиз дар Шероз табох буд, Султон Увайс уро ба Багдод даъват мекунад. Дере нагузашта бародари у Султон Азмад Султон Увайсро кушта, дар соли 1382 ба тахт нишаст. У низ хост, ки Дофизро ба дарбори худ чалб намояд. Вале Дофиз аз Порс ба чониби Багдод рагбат накард ва ба хушкпораи нони ватани худ каноат намуда, онро аз шахди шахрхои гариби боло мегузошт. Дофиз Шерозро басе дуст медошт ва ба он ифтихор мекард. Аз ин ру, ба сахтиву зори хам бошад, зиндагии Дофиз асосан дар Шероз гузаштааст ва дар тамоми умри худ ду бор ба Язд, як бор ба Исфахону Дурмуз ба сафар баромадани уро мухаккикон тахмин мекунанд. Вафоти Дофиз дар соли 1390 мелоди вокеъ гардидааст. Дарчанд Дофиз вафот кардааст, вале каломи шурангезу ашъори диловезаш хазорон шуридагону ошикони сухани форсиро тасхир намудаву барои хамешагй симои уро дар дилу дидаи дилбохтагон ва хаводоронаш зинда медорад.
Чу дар даст аст руде худ, бизан мутриб, суруде хуш,
Ки дастафшон газал хонему покубон сар андозем [11;76].
Шухрати чахонии Дофиз бузургтарин шоири газалсарои точик буда, дар таърихи адабиети форсу точик макоми баланд дорад. Осори Дофиз асрхо инчониб дар сарзамини Эрону Диндустон, Афгонистон ва Осиёи Миёна шухрат пайдо кардааст. Ахамияти каломи шурангези Дофиз ва сирри шухрати шоири бузург дар ин аст, ки маъни ва мазмунхои баланди назари, панду хикматро бо суханхои ширин баён кардаву ба хар мавзуъ аз равзанаи ишк менигарад. Умуман Дофиз дар эчод намудани шеър монанди як наккоши мохир хар як маъниро бо рангхои зебо оро дода, маъни ва мазмуни шеърашро дилнишин намудааст. Аз ин чихат Дофиз хам монанди бисёр шоирони гузашта дар бораи шеъри худаш меболад. Дар китобхонахои машхури дунё, нусхахои девони Дофиз дар катори пурарзиштарин осори инсоният махфузанд Намунаи газалиёти Дофизи Шерозй дар Диндустон ва Арабистон, Туркия, Озарбойчон, Осиёи Миёна, Россия, Олмону Ингилистон ва гайра нашр ва тарчума гардидаанд. Бисёре аз шоирони газалсаро,
© Р.А. Содикова, СА. Косимова, 2022.
чун К.Дучандй, Дилолй, Фузулй, Навой, Ч,омй ва гайрахо аз газалхои у илхом гирифта ва дар пайравии ашъори чахоншумулаш эчод кардаанд. Шоирон ва мутафаккирони Аврупо низ ашъору афкори Дофизро таклид карда, аз ашъори дилнишини у бахра ёфтанд. Ба хамин тарик, шухрати Дофиз аз доираи мамлакати худ берун баромада, ба тамоми Шарку Fарб пахн гардида, дар катори бузургтарин шоирони дунё макоми арчманде гирифтааст. Яъне Дофиз яке аз он шоиронест, ки хусусиятхои бисёр нозук ва латифи забони дарй-порсиро медонист. Осори Дофиз ба катори дастовардхои тамаддуни чахон дохил шудааст ва аз ин ру, хамчун яке аз бузургтарин шоири лириканависи беназир шухрати чахонй дорад [10;234].
Дофиз ва шахсияти ин сухансарои номи диккати бисёр бузургони чахонро ба худ чалб кардааст. Бисёре аз устодони назм аз ангезаи шигифтангези газалиёти Дофиз бахравар шудаанд ва дар ситоишу васфи каломи шурангези у таассуроти хешро баён кардаанд. Бузургтарин намояндаи адабиёти чахонй шоири немиси асри XIX Гёте андешахои худро доир ба ашъори ин шоири тавоно ва илхомбахш, пас аз ошнои пайдо карданаш бо эчодиёти Дофиз навиштааст: "Эй Дофиз , сухани ту хамчун абадият бузург аст , зеро онро огоз ва анчом нест . Ту он сарчашмаи файзбахши шеъру нишотй, ки аз он хар лахза мавче аз паси мавчи дигар берун метароват». Номи Дофиз дар Fарб, ки танхо ном ва эътибори Хайём тавонистааст аз у бартарй дихад, ба хусус дар чахони англисизабон, бо тамоми рухи Эрон иртибот дорад, яъне баландиро ифода мекунад. аз лаззати эмотсионалй мамнуъ, лаззати нушокии харом ва ишки олй, дар хама шаклаш ирфонй аст. (Таърихи Эрон, давраи Темуриён, маколаи Мари Шиммел: 1379: с. 1-4) Чунин тафаккур наметавонист ба олами Fарб соя гузорад ва марзхоро убур кунад. Яке аз аввалин кахрамонхое, ки Дофизро ба Fарб муаррифй кард, Вилям Ч,онс буд. У ошики фарханг ва адаби эронй буд, ба хамин хотир тамоми умри худро ба густариши афкор ва рухи фарханги эронй бахшидааст. Аввалин шоире, ки вокеан дар калби аврупоихо зиндагй мекард - ин Дофиз буд.
Вилям Ч,онс уро бо иктибосхо ба мардуми Англия муаррифй кард, ки худи у дар Донишгохи Оксфорд тахсил кардааст. У дар баробари тахсил забонхои форсй ва арабиро омухтааст. Тарчумаи Ч,онс боиси ру овардани хонандагон ва хаводорони Дофиз ба тарчумахои у гардид. Дар соли 1801 дар Англия камаш панч тарчумаи гуногуни девони Дофиз мавчуд буд. Бидуни шак, Вилям Ч,онс тавонист, ки дар садаи нуздахум шеъри лирикии форсиро ба инглисиён муаррифй кунад. Дар соли 1791 Ч,онс дар Ч,амъияти Осиё дар бораи ашъори ирфонии эрониён ва хиндухо баромади муфассал хонд ва дар он аз Дофиз ва Румй муфассал сухан ронд.
Адабиёт:
1. Афсахзод А. Дофизи Шерозй.-Душанбе:Дониш, 1971, 31с.
2. Зехннй Т. Санъати сухан.-Душанбе: Ирфон, 1981, 328с. 1.32.3ехнй Т. Аз таърихи лексикаи забони точикй.-Душанбе:Дониш, 1987, - 234 с.
3. Исрофилов Ш. Вино в системе поэтических образов Хафиза. автореф. дис. канд. филол. наук. Душанбе, 1985,
- 24с.
4. Исрофилниё Ш. Мафнуми "бодай аласт" дар ашъори Хоча Дофиз || Адаб, 1996, №1-6, - С. 26-28.
5. Каримов Ш. Семантикаи вохидхои лугавии газалиёти Дофиз - Душанбе, 1990, - 146 с.
6. Мусулмонцулов Р. Назарияи адабиёт. Душанбе: Маориф, 1990, - 334с.
7. Лингвистический энциклопедический словарь. М: Советская энциклопедия, 1990, - 683с.
8. Фарханги забони точики. - М., 1969, ч.1, 951с.; ч2. - 950 с.
9. Дофизи Шерозй. Куллиёт. Душанбе: Ирфон, 1983, - 549с.
СОДИЦОВА РУХАНГЕЗ АБДУСАМАДОВНА - номзади илми филологй, дотсенти кафедраи забони англисии МДТ "Донишгохи давлатии Хучанд ба номи акад. Б^афуров"
ЦОСИМОВА САИДА АБДУНУЪМОНОВНА - магистранти курси 2-ум.