Научная статья на тему 'ARTEL PRODUCTION AND INDUSTRIAL PROGRESS IN KHUJAND CITY (1932-1941)'

ARTEL PRODUCTION AND INDUSTRIAL PROGRESS IN KHUJAND CITY (1932-1941) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
4
1
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
artel / production / industry / city of Khujand / artisans / state budget / production process

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы —

Production artels were the product of industrial developments that were organized as a result of the implementation of the "New Economic Policy" in the then conditions of the city of Khujand. These developments date back to the 1920s, when in the 1930s the basis of the industry of Khujand was formed by these production artels. It should be emphasized that the article shows the economic results of the organization of industrial artels in the city of Khujand, which include the increase of the state budget, material and technical improvement of production organizations and the increase of wages of workers.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ARTEL PRODUCTION AND INDUSTRIAL PROGRESS IN KHUJAND CITY (1932-1941)»

ИСТЕ^СОЛОТИ АРТЕЛЙ ВА ПЕШРАФТИ САНОАТ ДАР ХУЧДНД (1932-1941)

МАМАДАЛИЕВ ИНОМ^ОН АБДУСАТТОРОВИЧ

доктори илмх,ои таърих, профессори кафедраи таърихи умумии МДТ "ДДХ ба номи академик Бобочон Гафуров" Точикистон, ш. Хучанд

ИСМОИЛОВ УМЕД^ОН ШАРОБИДИНОВИЧ

ассистенти кафедраи фанх,ои чамъиятй ва хукукшиносии МД "Донишкадаи байналмилалии Хучанд"-и Донишгох,и байналмилалии сайёхй ва сох,ибкории Точикистон

Таджикистан, ш. Хучанд

Дар мацола масъалаи исте%солоти артели ва са%ми он дар пешрафти саноат дар ша%ри Хуцанд дар давоми сол%ои 1932-1941 %аматарафа дида баромада шудааст. Артел%ои исте%соли ма%сули та%аввулот%ои саноатие буданд, ки дар натицаи ба ро% мондани "Сиёсати нави ицтисоди" дар шароити онвацтаи ша%ри Хуцанд ташкил карда шуда буданд. Ин та%аввулот%о ба сол%ои 20-ум рост меояд, ки асоси саноати ша%ри Хуцандро дар сол%ои 30--юм ма%з %амин артел%ои исте%соли ташкил мекарданд. Бояд таъкид кард, ки дар мацола натица%ои ицтисодии ташкили артел%ои саноати дар ша%ри Хуцанд нишон дода шудааст, ки зиёд шудани буцаи давлати, аз цщати моддию техники муккамал гардидани ташкилот%ои исте%соли ва зиёд шудани музди ме%нати коргарон аз цумлаи он%о мебошанд.

Вожахри калидй: артел, исте%солот, саноат, ша%ри Хуцанд, %унармандон, буцаи давлати, раванди исте%солот

АРТЕЛЬНОЕ ПРОИЗВОДСТВО И ПОДЪЕМ ПРОМЫШЛЕННОСТИ

В ХУДЖАНДЕ (1932-1941 гг.)

МАМАДАЛИЕВ ИНОМДЖОН АБДУСАТТОРОВИЧ

доктор исторических наук, профессор кафедры всеобщей истории ГОУ "ХГУ им. академик Б. Гафуров» Таджикистан, г. Худжанд

ИСМОИЛОВ УМЕДЖОН ШАРОБИДИНОВИЧ

ассистент кафедры социальных наук и права ГУ «Худжантский международный институт»

Университета туризма и предпринимательства Таджикистана Таджикистан, г. Худжанд

В статья рассматривается вопрос организации артельных производств и его роль подъёме промышленность в город Худжанд в 1932-1941 гг. Отмечается, что производственные артели были продуктом промышленных разработок, которые были организованы в результате реализации «Новой экономической политики» в тогдашних условиях города Худжанда. Эти разработки относятся к 1920-м годам, когда в 1930-е годы основу промышленности Худжанда составляли эти производственные артели. Следует подчеркнуть, что в статье показаны экономические результаты организации промышленных артелей в городе Худжанде, к которым относятся увеличение государственного бюджета, материально-техническое перевооружение производственных организаций и повышение заработной платы рабочих.

Ключевые слова: артель, производство, промышленность, г. Худжанд, ремесленники, государственный бюджет, производственный процесс.

ARTEL PRODUCTION AND INDUSTRIAL PROGRESS IN KHUJAND CITY (19321941)

MAMADALIYEV INOMJON ABDUSATTOROVICH

doctor of historical sciences, professor of the department of general history of the State Technical University "DDH named after academician Bobojon Ghafurov" Tajikistan, Khujand city

assistant of the department of social sciences and law, RO "Branch of the International University of Tourism and Entrepreneurship of Tajikistan in the Sughd region" Tajikistan, Khujand city

Production artels were the product of industrial developments that were organized as a result of the implementation of the "New Economic Policy" in the then conditions of the city of Khujand. These developments date back to the 1920s, when in the 1930s the basis of the industry of Khujand was formed by these production artels. It should be emphasized that the article shows the economic results of the organization of industrial artels in the city of Khujand, which include the increase of the state budget, material and technical improvement ofproduction organizations and the increase of wages of workers.

Key words: artel, production, industry, city of Khujand, artisans, state budget, production process

Дар шахри Хучанд дар натичаи тахаввулотхи саноатии солхои бистуми асри гузашта дар истехсоли махсулоти саноатй мувафакиятхои чашмрас ба миён омаданд. Дар охири солхои бистуми асри гузашта дар шахр зиёда аз 50 артели истехсолй, зиёда аз 100 артели майдаи хизматрасонй ва 10 заводу фабрика фаъолият менамуд. Соли 1932 истехсоли махсулоти саноатй дар шахри Хучанд зиёда 24 миллион рублро ташкил дода буд.

Дар натичаи натичабардорй аз мувафакиятхои панчсолаи дуюм муайян гардид, ки шахри Хучанд пурра ба сохтори нави сотсиалистй кадам ниходааст ва дар шахр дар баробари артелхои истехсолии хунармандй акнун заводу фабрикахои калон низ фаъолият мебурданд. Тамоми сохахои фаъолияти хочагии халк пурра ба сохтори нав гузашта буданд ва ин аз он гувохй медод, ки сохтори шуравй дар Точикистони шимолй хамачихата галаба намудааст.

Бояд гуфт, ки раванди ташаккули истехсолоти артелй ва саноатй дар шахри Хучанд дар солхои панчсолаи сеюм (1933 -1937) низ назаррас буд. Мисол, фонди музди мехнати коргарон аз 17 миллион рубли соли 1932 дар соли 1937 ба 33 миллион рубл расид ва аз ин натичабардорй намудан мумкин аст, ки музди мехнати коргарони шахри Хучанд назар ба соли

1932 ба хисоби миёна 80% зиёд шуда буд, ки стахановчиён ва пешкадамони истехсолот музди баландтар мегирифтанд ва дар соли 1933 музди миёнаи мехнати коргарон 120—140 рублро ташкил дода соли 1936 стахановчиён Е. Уткин — 649 рубл, Лебедов — 445 рубл, Ф Искандаров — 336 рубл, Баротов — 302 рубл маош мегирифтанд. Еайр аз ин барои хавасмандгардонии онхо аз чихати моддй низ ёрй расонида мешуд, ки он асосан аз махсулоти озука иборат буд[1]. Далели равшани афзоиши музди кор ин аст, ки дар ин давра гардиши махсулот кариб 5 баробар зиёд гардида буд. Агар дар соли 1933 муомилоти мол 180 миллион рубл бошад, пас дар соли 1937 ин ракам ба 725 миллион рубл расид[2]. Ин холат, пеш аз хама, аз хисоби афзоиши ташкилоти саноатй ва зиёд шудани истехсоли махсулот ба миён омад.

Танхо дар шахри Хучанд муомилоти мол аз 16 миллион рубли соли 1934 дар 9 мохи аввали соли 1936 ба 31,5 миллион рубл расид. Дар шахр шумораи магозахо низ афзуданд. Агар соли

1933 дар шахри Хучанд 21 магоза мавчуд бошад, пас дар охири соли 1936 шумораи онхо ба 54

ISMOILOV UMEDJON SHAROBIDINOVICH

расид. Шуъбаи «Точикматлубот» дар шахри Хучанд талаботи зиёди мардумро ба назар гирифта, кушодани магозахои навро саривактй ва хатмй донист, ки ин пеш аз хама ба барзиёд ичро шудани накшахои истехсолй ва тараккй додани саноат дар шахри Хучанд вобастагй дошт. Дар баробари ин дарачаи некуахволии мардум баланд шуда, кобилияти харидории онхо афзуда буд. Дар ин хусус КМ Х,К (б) Точикистон супориши махсус дод, ки сари вакт ичро шудани он ба пешравии кор мусоидат намуда буд[3]. Бояд гуфт, ки дар ин муддат бучаи давлатй кариб як маротиба афзуд. Агар бучаи шахри Хучанд дар соли 1933 9,5 миллион рубл бошад, пас дар соли 1936 ин ракам зиёда аз 14 миллион рублро ташкил дод.

Дар панчсолаи дуюм (1928-1932) дастоварди бузургтарин ин муттахид кардани хунармандон ба шумор меравад ва ин аст, ки дар соли 1932 дар мамлакат 10 хазор нафар хунарманд ба артелхо чалб карда шуда буданд, ки аз се ду хиссаи хунармандони мамлакатро ташкил медоданд. Бо дастгирии калони давлат дар Душанбе, Хучанд, Конибодом ва дигар шахрхои мамлакат артелхои калони хунармандй ташкил карда шуданд.

Дар тараккиёти хунархои дастй накши марказиро талаботи ахолии водихо нисбат ба махсулоти тайёр ва нимтайёри кухистониён ташкил медод. Дар худуди Точикистони шимолй дар ин давраи таърихй тамоми конхо, аз чумла кони намаки Ашт, кони ангишти Исфара ва гайрахо милликунонида шуда, дар заминаи онхо артелхои коркарди канданихои фоиданок ташкил карда шуда буданд.

Дар баробари пешрафти саноат дар шахри Хучанд тараккиёти саноати нохияхои шимолии Точикистон дар Ашт, Исфара, Конибодом, Нов, Истаравшан ва Панчакент низ хеле калон буд. Дар соли 1936 дар шахр ва марказхои нохияхо кооперативхои доимии бинокорй амал мекарданд, ки онхо дар сохтмони иншооти нав хиссаи калон гузоштанд. Бо максади такмил додани ихтисоси коргарон курсхои кутохмуддат кушода шуда буданд, ки дар онхо коргарон ихтисоси худро сайкал дода, донишхои нав мегирифтанд.

Х,амчунин хавасманд намудани коргарон ва ташкили мусобикахои мехнатй низ боиси зиёд шудани истехсолот гардида буд. Х,аракати стахановй ва мехнати зарбдор, аз кабили чунин мусобикахои мехнатй ба хисоб мерафтанд. Соли 1932 аз артелхои Иттиходи истехсолии Хучанд 50 нафар ба руйхати мехнаткашони зарбдор дохил карда шуда буданд[10]. Соли 1935 озмуни "Шахри бехтарин" баргузор гардид, ки дар он шахри Хучанд бехтарин дониста шуда буд ва чои якумро ишгол кард ва ин холат гувохи он аст, ки саноат дар шахри Хучанд руз аз руз рушд мекард[21].

Дар Точикистони шимолй дар солхои сиюми асри гузашта хишти аввалин барои ташаккули намудхои гуногуни саноат аз чумла, металургияи сиёху ранга, истихрочи канданихои фоиданок, саноати сабук, сохтмон ва гайра гузошта шуда буд. Синфи коргари точик ташаккул ёфта, кариб ба 300 хазор нафар расид, ки сахми занхо, низ дар инкишофи иктисодиёти мамлакат боло рафта буд.

Дар пойгохи пешравихои иктисодй, сохахои фарханг ва маориф низ инкишоф меёфт. Дар мамлакат руз то руз шумораи муассисахои фархангй низ меафзуд, ки хама ин дастовардхо дар натичаи захмати халк барои сохтмони чомеаи сотсиалистй ба вучуд омада буд.

Устод Садриддин Айнй тирамохи соли 1936 ба Хучанд омада аз инкишофи он дар хайрат афтода буд ва дар асоси таассуроти бардоштааш повести "Тирози чахон"-ро навиштааст. Ин повест аввалин маротиба дар мохи декабри соли 1936 дар рузномаи махаллии "Бо рохи ленинй" тахти унвони "Ленинободи хозира - аруси давраи нав, ифтихори чомеаи шуравй" аз чоп баромадааст[11].

Мехнаткашони нохияхои шимолии Точикистон хуб медонистанд, ки дастовардхои онхо ин махсули мехнати дастачамъона ва ёрии байнихамдигарии халкхои бародарй

мебошад. Бинобар ин мардуми мамлакат нисбат ба дигар чумх,урих,ои бародарй хайрхох,ии худро нишон медоданд. Сиёсати давлати Шуравй дар чодаи баланд бардоштани иктисодиёти мамлакат, низ сабаби асосии зиёд шудани даромади артелх,о гардида буд.

Коргарони артелх,ои саноатии Точикистони шимолй дар х,аёти сиёсии мамлакат х,ам накши бориз доштанд. Дар мох,и декабри соли 1935 Шурои депутатх,ои Хучанд баргузор гардид, ки кисмати зиёди онх,оро стахоновчиёни номй ташкил менамуданд. Дар чаласаи мазкур масъалаи ба шах,ри Хучанд додани номи асосгузори давлати Шуравй В.И. Ленин баррасй гардида буд. Дар номае, ки иштирокдорони мачлис ба КМ ХК ИЧ,ШС ирсол намуда буданд, омадааст: "Шурои депутатх,ои халкии Ч,ШС Точикистон якчоя бо фаъолони истех,солот карори додани номи В.И. Ленинро ба шах,ри Хучанд х,амачониба дасгирй менамоем."[4]

Ин арзи хучандиён дар мох,и декабри соли 1935 дар х,амойши колхозчиёни ^азокистон ва Осиёи Миёна дар шах,ри Москва расонида шуд. Аз колхози "Сотсиализм" Ч,ура Бобокалонов дар ин х,амойш иштирок мекард ва мах,з у ин номаро ироа намуда буд[12]. Хукумати Шуравй ин хох,иши халки точикро ба инобат гирифта карорро оид ба шах,ри Хучанд додани номи Ленин баровард.

Мувофики карордоди КМ ХК ИЧ,ШС аз 9 январи соли 1936 нох,ияи Хучанд ба нох,ияи Ленинобод ва шах,ри Хучанд ба шах,ри Ленинобод табдили ном кард [20]. Ин аз он шах,одат медод, ки рушди иктисодии минтака дар ин давра хеле хубу бех,тар буд, мавриди таваччу^и хосаи Хукумати Шуравй карор гирифта буд.

Соли 1937 давлати Шуравй 20 - солагии худро чашн гирифт ва артелчиёни Точикистони шимолй ин руйдоди бузурги сиёсиро бо дастовардх,ои баланди мех,натй пешвоз гирифтанд. Дар Точикистони шимолй кариб 70 дарсади мах,сулоти саноатии чумхурй истех,сол карда мешуд ва дар мамлакат тамоми сох,ах,ои фаъолияти ичтимой ва фарх,анг пеш мерафт. Бояд кайд кард, ки дар тули 20 сол, ки кариб 10 соли он дар давраи муборизах,ои ичтимой гузаштааст, Точикистон ба чах,они сотсиализм кадамх,ои устувор них,ода буд.

Дар солх,ои пеш аз чанг х,изб ба механиконидани равандх,ои мех,натталаби истех,солот диккати махсус медод. Ба корхонах,ои шах,ри Хучанд низ тачхизоти навтарини ватанй ворид карда шуд. Дар соли 1940 реконструкцияи куллии техникии комбинати гушти Хучанд cap шуд. Дар заводу фабриках,ои шах,р бисёр равандх,ои истех,солй механиконида шуданд.

Дар натичаи васеъ ривоч ёфтани мусобикаи сотсиалистй бисёр корхонаи саноатй супоришх,ои давлатиро пеш аз мух,лат ичро мекарданд ва ин аст, ки санаи 26 октябри соли 1940 коллективи комбинати маъдану металлургии Такели аз ичрои накшаи солона х,исобот дода буд. Дар баробари хдмин коллективи заводи висмути Адрасмон 28 октябри соли 1940 накшаи солонаи мах,сулотбарориро ичро кард. Коллективи фабрикаи дузандагй ва трикотажии Хучанд назар ба ин корхонах,ои саноати маъдан хеле пештар 13 октябри соли чорй накшаи солонаро ичро кард. Коллективи ин фабрика ухдадор шуд, ки то охири сол ба давлат ба таври илова ба маблаги 500 х,азор рубл молх,ои сермасриф дихдд. Коргарони пешкадам — стахановчиёни фабрика Зюзин, Мамаджанов, Кибалников, Калеев нагз мех,нат карда, накшаро бештар аз 150% ичро карда буданд[18, с. 192]. Ах,ли саноатчиёни шах,ри Хучанд дар соли 1940 ба маблаги 56000840 рубл мах,сулот истех,сол карда буданд[15, с. 23-25].

Дар мох,и феврали соли 1941 Конференсияи XVIII х,избии КМ ХК (б) шуда гузашт, ки он камбудих,ои чиддии кори саноат ва наклиёти мамлакатро ошкор намуда, тадбирх,ои пурзур намудани рох,барии х,избиро ба ин сох,ах,ои хочагии халк муайян кард. Шурои КМ ХК (б) Точикистон, ки дар мох,и марти соли 1941 шуда гузашт, чамъбасти конференсияи КМУ(б)-ро

мухокима намуда, кайд кард, ки камбудихои кори саноат ва наклиёт, бо рохбарии хизб халлу фасл карда мешаванд. Шурои мартии КМ ХК (б) Точикистон ташкилоти хизбиро вазифадор кард, ки накши пешохангии коммунистонро дар истехсолот мунтазам баланд бардоранд.

Ташкилоти хизбии корхонахои саноатии шахри Хучанд карорхои Конференцияи XVIII хизб ва Шурои мартии КМ ХК (б) Точикистонро ба рохбарй гирифта, бо масъалахои истехсолот, накши онхо дар тамоми кори ба миёнгузоштаи худ зудтар машгул шуданд, ки дар натича майдонхои истехсолй хеле афзуд. Аз чумла, дар комбинати абрешими Хучанд кори сеху дастахо аз нав ташкил карда шуд. Дар байни онхо шартномахои мехнатй баста шуданд. Коргарони комбинат ичрои накшаи харрузаро катъиян ба назар гирифта, ба супоришхои мукарраршудаи харруза гузаштанд. Тачрибаи коргарони пешкадам дар рузномаи сертиражи комбинат инъикос карда шуд. Муваффакиятхои мехнатии дастахои пешкадами коммунист К. Иргашев, комсомолхои дастаи Ф. Пардаев, бофандагони дастаи У. Абдуллоев, дастаи ресандагон М Митина, чинакчиёни комсомол В. Устинова ва О. Ишанова, ки ба чои 48 норма ба 96 нафар хизмат мерасонд, ба таври васеъ маъкул дониста шуда буданд. Ташкилоти хизбии завод дар бораи баланд бардоштани ихтисоси коргарон гамхорй мекард. Дар давоми чор мохи соли 1941-ум 742 нафар ба омузиши истехсолй-техникй фаро гирифта шуда буданд[19, с. 270].

Дар комбинати консерваи шахри Хучанд, ки дар он аз 26 нафар аъзоён ва номзадхо ба аъзоии хизб 22 нафарашон бевосита дар истехсолот кор карда, рохбари стахановчиён буданд, накши авангардии коммунистонро ичро мекарданд. Коммунист Дошанский меъёри мехнатиро бештар аз 200 дарсад ичро кард. Дастаи сехи нушобабарорй, ки ба он коммунист, чонишини котиби бюрои хизбии завод Корсакова сардорй мекард, дар комбинат пешкадам буданд[22]. Гуфтан лозим аст, ки синфи коргар хамчун як воситаи идораи давлатй аз чониби Хизби Коммунистй истифода карда мешуд ва артелхои истехсолй низ ба ин раванд ворид карда шуда буданд.

Дар охири солхои сиюм ва огози солхои чилум бисёр артели истехсолй ба корхонахои давлатй табдил дода шуданд. Мохи ноябри соли 1939 дар базаи артелхои "Занони озоди Шарк" ва "Музадузон"-и шахри Хучанд фабрикахои дузандагй, трикотаж ва пойафзолдузии Хучанд ташкил карда шуда буданд ва ин холат пеш аз хама барои рушди истехсолот заминаи мусоид фарохам овард[12, с. 245]. Бояд гуфт, ки ахли саноати шахри Хучанд накшаи солонаро дар соли

1939 ба микдори 150 дарсад ба ичро расониданд.

^айд кардан зарур аст, ки дар солхои 1937 -1939 созмонхои саноатй бо суръати тез бо техникахои нав мучаххаз гардонида мешуданд ва ин холат талаботро нисбати коргарони сохибихтисос зиёд намуда буд. Хар як коргар вазифадор буд, ки вобаста ба масъалаи истифодаи техника имтихон супорад ва бо максади амали гардонидани он дар назди артелхо курсхои кутохмуддати касбомузй кушода шуда буданд. Соли 1938 дар Комбинати шохибофии шахри Хучанд 671 нафар коргарон аз имтихони техникй гузаштанд, ки аз инхо 145 нафар мактабхои кутохмуддати стахановиро хатм намуданд ва 424 нафар омузишгохи техникии назди комбинатро ба итмом расонида буданд[5].

Ёдовар шудан зарур аст, ки соли 1939 дар курсхои кутохмуддати назди Комбинати шохибофии шахри Хучанд 1224 нафар коргарон таълим мегирифтанд. Дар давоми соли

1940 дар мактаби пешсафони истехсолот (стахановчй) 1707 нафар коргарон хонда онро хатм намуда буданд. Дар соли 1939, 199 нафар коргарони Комбинати консервабарории шахри Хучанд имтихонхои техникиро бомувафакият супориданд ва ба гайр аз ин 20 нафар занон сохиби касбхои гуногун гардида буданд[14, с. 175].

Бояд гуфт, ки руз то руз сафи коргарони ташкилотхои истехсолию саноатии шахри Хучанд ва гирду атрофи он зиёд мешуд. Дар соли 1939 дар дар созмонхои саноатии шахр 7431 нафар коргарон фаъолият мекарданд, ки нисфи онхоро стахановчиён ва коргарони

зарбдор ташкил мекарданд. Дар ин давра сафи артелчиён танхо дар шахри Хучанд зиёда аз 2000 нафарро ташкил медод[6]. Харакати стахановй фишанги тавонои баланд бардоштани хосилнокии мехнат дар солхои панчсолаи сеюм буд, ки он сол то сол мустахкам ва васеъ мегардид ва ба ин харакати ватандустона табакаи мехнаткашон чалб карда мешуданд.

Дар солхои панчсолаи сеюм дар байни коллективхои мехнатии шахри Хучанд мусобикаи сотсиалистй бо суръати тез вусъат ёфт. Дар сафи пеши ин харакат дар Хучанд абрешимчиён ва консервбаророни шахр буданд. Сафи зарбдорони мехнат низ пай дар пай меафзуд ва мустахкам мешуд. Инак, дар мохи январи соли 1939 дар комбинати абрешими Хучанд 252 нафар стахановчиён буданд ва дар мохи июл бошад, шумораи онхо аллакай ба 650 нафар расида буд. Бисёр коргарони пеш кафомонда ба ичрои ва барзиёди меъёр шуруъ намуда буданд. Дар ин рох пахн намудани тачрибаи пешкадам накши калон бозид. Пешкадамони истехсолоти сехй А Исмоилова, Свергузева, Бабаева; рафикон — Точибоева, Азаматова; трикотежчиён — Шидрова, Пулотова; бофандагон Рахмонова, Ш. Яъкубов ва дигарон барои дастраси хамаи коргарон гардонидани тачрибаи худ чидду чахд мекарданд[16].

Пешкадамони истехсолот ба хизматрасонй бо микдори зиёди дастгоххо гузаштанд. Махсусан, Попова — соли 1938 ба истифодаи якбораи 4 дастгох гузашта, истехсоли махсулотро хеле зиёд кард, ки ба ин амали вай Еремеева, Агафонова, Селезнева низ пайравй карда буданд[17].

Падидаи нави мусобикаи сотсиалистй дар соли 1938 мусобикаи коргоху корхонахои якхела дар дигар чумхурихои Осиёи Миёна буд ба шумор мерафт. Заводи пахтатозакунии Хучанд бо заводи Фаргона ва консервбаророни Хучанд бо коргарони заводи консерви Конибодом мусобика карданд.

Дар соли 1938 саноати Хучанд ба маблаги 50 миллиону 565 хазор рубл махсулот истехсол карада буд[26, с. 70]. Хамаи корхонахои саноатии шахр аз ухдаи ичрои накша баромаданд ва коллективи комбинати абрешими Хучанд накшаи истехсолиро 112,4 дарсад ичро карда буд[7].

Дар панчсолаи сеюм шумораи корхонахои саноатй дар шахр пай дар пай афзуд ва Хучанд ба калонтарин маркази саноатй дар ЧШС Точикистон табдил ёфта буд. Дар соли 1930 дар шахр кариб се хазор завод, фабрика, комбинат ва артел мавчуд буд. Чунин корхонахо, монанди комбинатхои абрешим ва консерва, заводхои пахта, шароб, нон, комбинати меваю консерви Кистакуз, артелхои «Точикистони сурх», «Коппут», «Маишат», «Металлист», «Мехнат», «Саноат» мавчуд буданд[8].

Мохи июли соли 1939 дар мамлакат бо ташаббуси коргарони заводхои дастгохсозии Урал ва дастгохсозии Харков харакати дастгоххои бисёрсоха ба вучуд омад. Мехнаткашони шахри Хучанд ба ин ташаббуси ватандустона бо рухбаландй баромад карданд. Дар комбинати абрешими Хучанд дар сехи ресмонресй стахановчиён ба чои як хавзаи дорой 10-тогй ба ду хавзаи 20-тогй гузоштанд ва хосилнокии мехнати онхо 50—70 фоиз афзуд. Дар сехи печсозй бошад ба чои 72 колиб, стахановчиён 96 колибро истифода мекарданд[25].

Коргарони заводи пахтатозакунии шахри Хучанд ба муваффакияти калон ноил гардиданд, ки дар натича накшаи соли 1939-умро коллектив 111,7 фоиз ичро карда буд. Комбинати абрешими Хучанд барномаи истехсолии соли 1939-ро 107,7 фоиз ичро кард. Барои муваффакиятхое, ки дар ичрои накшахои истехсолии солхои 1938 ва 1939 комбинат сазовори Байраки Сурхи сайёри Комиссариати Халкии саноати бофандагони чумхурй гардида буд[23].

Шурои VI Хизби Коммунистии Точикистон, ки дар мохи марти соли 1940 шуда гузашт, барои пеш аз мухлат ичро намудани супоришхои накшаи панчсола тадбирхои муайяни тараккиёти минбаъдаи хама сохахои саноатро муайян кард. Шуро ба Кумитаи Марказй супориш дод, ки барои аз худ намудани иктидорхои истехсолии хама корхонахои Точикистон, бехтар намудани рохбарй ба саноат, пурзур намудани кори хизбвй-оммавй, рохбарй ба мусобикаи сотсиалистй дар корхонахо чорахои зарурй бинад; далеронатар чорй намудани усулхои

пешкадами мехнат дар истехсолот, пахн намудани тачрибаи харакати стахановй ва мехнти зарбдор чорахои зарурй андешанд[9].

Комитети шахрии хизб масъалаи ташкили равандхои истехсолотро дар чунин корхонахои калони ба монанди комбинати абрешим, фабрикаи дузандагй ва трикотажй ва гайра борхо дида баромад[12, с. 244]. Пурзур гардидани рохбарии хизбй ба саноат ба кори корхонахо таъсири хуб расонд. Бисёрии онхо кори худро хеле бехтар намуда, ба барзиёд ичро карда шудани накшахои истехсоли махсулоти умумй ва афзоиши хосилнокии мехнат ноил гардиданд. Дар конференцияи 7-уми хизбии шахрй феврали соли 1940 мурочиатномаи коллективи заводи асбобсозии Москва дар бораи ичрои супоришхои соли сеюми панчсола дар бораи 4 баробар зиёд кардани хосилнокии мехнат кабул карда шуд. Мурочиатнома дар байни мехнаткашони шахр хамовозии гарму чушон пайдо карда буд[18, с. 191].

Дар байни пешкадамони истехсолот коммунистон низ буданд. Дар кони Консой коммунистони стахановчй ичрои накшаро ба 150—250 дарсад расонида буданд ва дигар коргарон ба ин пайравй карда буданд. Агар дар нимаи аввали соли 1940 дар кон 130 нафар коргари пешкадам бошанд, пас дар мохи ноябр шумораи онхо ба 174 нафар расид. Коллектив накшаи солонаи кандани маъданро пеш аз мухлат ичро карда буд[18, с. 192].

Дар хама корхонахои саноатии чумхурй дар солхои панчсолаи сеюм мусобикаи сотсиалистй бо кувваи калон табдил ёфт. Тайёрй ба Шурои XVIII КМУ(б) ва Шурои 5-уми КМУ(б) Точикистон боиси болоравии кувваи эчодй ва мехнатии мехнаткашони чумхурй гардид. Дар мусобикаи сотсиалистй ба шарафи Шурои XVIII КМУ(б) дар корхонахои саноатии шахри Хучанд ташкил ва гузаронида шуда буданд. [18, 244].

Мурочиатномаи коллективи комбинати абрешими Хучанд дар байни оммаи васеи мехнаткашони Точикистон хамовозии гарму чушон пайдо кард. Шахтёрхои Консой накшаи семохаи якуми соли 1939-ро то 25 марти соли 1939 ичро карда натавонистанд Дар комбинати полиметалии Консой сменаи стахановчигй бо сардории Глазков нормаро 1,5 баробар зиёд ичро кард. Коллективхои коргарони заводи консерви Хучанд, заводхои пахта, гренаж, шароб ва нон барои ичро ва барзиёд ичро намудани супориши солона ухдадорихои аник гирифта буданд[17].

Дар натичаи ривочу равнаки мусобикаи сотсиалистй ва пурзур гардидани накши ташкилотхои хизбй дар тараккиёти саноати шахр муваффакиятхои калон ба даст оварда шуданд. Дар солхои пеш аз чанг дар фаъолияти эчодии синфи коргари Точикистон афзоиши пай дар пай ба амал омад, харакати навоварон ва ихтироъкорон пурзур гардид. Дар соли 1940 танхо дар заводи Канайский 68 таклифи рационализаторй чорй карда шуд, ки ин дар як сол бештар аз 630 хазор рубл сарфа кард. Коммунист, механики сехи махсулоттайёркунй Соколов 7 таклифи рационализаторй пешниход кард, ки онхо зиёда аз 40 хазор рубл сарфа карданд; челонгар А Ганиев баъзе асбобхо ва кисмхои пештар аз Ленинград ва Москва овардашударо конструктсия намуд; сардори автобаза Никитин И. усто Чупригин таклиф кард, ки барои кашондани концентрат присепхо истифода бурда шавад, ки дар як сол 300 хазор рубл сарфа карда шавад[24]. Харакати навоварон ба дигар корхонахои шахри Хучанд фоидаи калони иктисодй дод.

Хамин тавр, ба шарофати гамхории доимии хизб ва хукумат саноат дар панчсолаи сеюм бемайлон тараккй карда, муваффакиятхои намоён ба даст овард. Хизб дар солхои пеш аз чанг ба афзоиши минбаъдаи дарачаи некуахволии моддии халк Шуро ахамияти калон медод. Даромади коргарон ва хизматчиёни корхонахои саноатии Хучанд пай дар пай меафзояд. Барои бехтар намудани шароити зисту зиндагонии мехнаткашон, барои тадбирхои ичтимоию маданй маблагхои калон сарф карда шуданд. Музди миёнаи солонаи коргарон ва хизматчиёне, ки дар саноати чумхурй кор мекунанд, аз 335 рубл зиёд шуд. Дар соли 1937 ба 411 рубл расид. Дар комбинати абрешими Хучанд танхо дар соли 1939 дар асоси такмил додани истехсолот ва баланд бардоштани махорати кордонии коргарон музди мехнати коргарон 25 фоиз афзуд[26, с.71]. Дар

соли 1940 музди миёнаи мехнати коргарони комбинати консерв 265 рублро ташкил дод, ки ин назар ба соли 1937-ум 30 фоиз зиёд буд[14, с. 182]. Маблаги хиссачудокунии коргарон ба кассахои амонатй пай дар пай меафзояд. 1 ноябри соли 1940 дар кассахои амонатии вилояти Хучанд 11 миллиону 155 хазор рубл ба пасандози коргарон нигох дошта шуда буд[14, с. 197].

Муттахид намудани хунармандон ба артелхои саноатии истехсолй боиси ташаккули синфи коргари точик гардида дар солхои саноатикунонй боиси пешарфти саноат дар мамлакат гардида буд. Дар натичаи амалй гардидани накшахои панчсолахои солхои сиюм Точикистон бояд ба кафомонии техникй, иктисодию фархангии худ хотима дода, бо чумхурихои пешкадам баробар мегардид. Яке аз роххои ба даст овардани ин максад саноатикунонии чумхурй буд, вале дар ин рох душворихои калон меистоданд. Аввалан, агар дар нохияхои шимолй каму беш корхонахои хурди саноатй вучуд дошта бошанд, дар Точикистони марказй ва чанубй, ба истиснои корхонахои хурди хунармандй, равганкашй ва пахтатозакунй, корхонахои калони саноатй вучуд надоштанд; дуюм ин, ки дар Точикистони солхои 20-ум синфи коргари касбй хануз ташаккул наёфта буд; сеюм, набудани роххо, неругоххои баркй, сохтори алока низ ба индустриякунонй халал мерасонд.

Дар аввали солхои 30-юм ба сохтмони комбинати ^арамазор, комбинати матоъхои пахтагини Душанбе, заводи механики, фабрикахои пойафзолбарории Душанбе ва Хучанд шуруъ намуданд. То Инкилоби Октябр бо сабаби вучуд надоштани роххои охан ва мошингард равобити точикон хатто дар дохили Точикистон муътадил набуд. Бинобар ин, дар давраи Хокимияти Шуравй ба сохтмони роххо диккати махсус медоданд. Бо ёрии чумхурихои Иттиходи Шуравй дар солхои бистум ва сиюм роххои охан ва мошингард сохта шуданд, ки онхо нохияхоро бо пойтахти Точикистон мепайвастанд. Ба кор андохтани роххои охани Тирмиз-Душанбе, Мелниково-Шуроб, Душанбе-Кофарнихон, роххои автомобилгарди Сталинобод- ^ургонтеппа, Сталинобод-Оби-Гарм, сарбанди канали Вахш то бандари Панчи поён ва гайрахо ахамияти калони хочагй ва иктисодй доштанд.

Саноатикунонй дар Точикистон хусусиятхои хоси худро дошт. Яке аз ин хусусиятхо набудани корхонахои калони саноатй ва синфи коргари миллй буд. Дигар хусусияти хоси саноатикунонй аз он иборат буд, ки дар Точикистон аввал саноати сабук ва хурокворй таракки мекард. Азбаски дар солхои аввали саноатикунонй занон бо мардон дар як корхона кор карда наметавонистанд, барои онхо корхонахои махсуси занона ташкил дода шуда буданд. Тараккиёти минбаъдаи саноатикунонй ба барпо намудани дигар сохахои саноат, аз чумла саноатй вазнин, оварда расонд. Саноатикунонй дар Точикистон бо ёрии бевоситаи синфи коргари рус ва дигар чумхурихои бародарй гузаронида мешуд. Дар охирхои солхои бистум саноатикунонии Точикистон cap шуд ва дар солхои сиюм кариб 100 корхонаи саноатй сохта шуда, махсулот истехсол мекарданд.

Хамин тавр, Точикистон ба ашёи хоми худ ва имкониятхои техникию захирахои мехнатиаш такя намуда, самтхои инкишофи саноатро муайян кард. Оид ба ин масъала Анчумани II ХК (б) Точикистон карорхои дахлдор кабул кард. Чумхурй асосан рохи тараккиёти саноати сабукро пеш гирифта, барои пешрафти саноати кухй, металкоркунй, электроэнергетика низ саъю кушиш намуда буд.

ПАИНАВИШТ

1. Бойгонии давлатии марказии Чумхурии Точикистон., Хазинаи №11, Руйхати №3, Парвандаи №1358, в. 33.

2. БДМ Чумхурии Точикистон., Хазинаи №82, Руйхати. №1, Парвандаи №245, в. 40.

3. БДМ Чумхурии Точикистон., Хазинаи №5, Руйхати. №1, Парвандаи №2061, в. 1.

4. БДМ Чумхурии Точикистон., Хазинаи №11, Руйхати. №3, Парвандаи №13.52, в. 12.

5. БДМ Чумхурии Точикистон., Хазинаи №203, Руйхати. №14, Парвандаи №111., в. 67.

6. БДМ Чумхурии Точикистон., Хазинаи №20. Руйхати №2, Парвандаи №11, в. 7.

7. БДМ Чумхуии Точикистон., Хазинаи №203, Руйхати №14, Парвандаи №114, в. 110.

8. БДМ Чумхурии Точикистон., Хазинаи №20., Руйхати №2, Парвандаи №11, л 6.

9. БДМ Чумхурии Точикистон., Хазинаи №203, Руйхати. №14, Парвандаи №118, в. 69.

10. Бойгонии давлатии вилояти Сугд., Хазинаи №172., Руйхати №3., Парвандаи №2-3.

11. "Бо рохи ленинй" №257 аз 29 декабри соли 1936.

12. «Болшевики Хучанд» №160 аз 11 декабри соли 1935.

13. Дустов Х., Деятельность коммунистической партии Таджикистана по созданию шелковой промышленности и подготовки ее кадров (1929-1941 г.г.) - в кн. Материалы по истории Коммунистической партии Таджикистана, Душанбе - 1971, 384 с.

14. История рабочего класса Таджикистана, т. 1, с. 182.

15. История таджикского народа, т. 3, кн. 2, с. 23-25.

16. «Коммунист Таджикистана», 1938, 20 июля.

17. «Коммунист Таджикистана», 1939, 15 марта.

18. Очерки истории Коммунистической партии Таджикистана. Душанбе, 1964 280 с.

19. Очерки истории народного хозяйства Таджикистана. Душанбе, 1967 320 с.

20. "Правда" №10 аз 10 январи соли 1936.

21. «Рабочий Ходжанта» №35 от 20 марта 1935 г.

22. «Стахановец» 1940, 30 октрября.

23. «Стахановец», 1940, 7 ноября.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

24. «Стахановец» 1940, 22 декабря.

25. «Точикистони сурх», 1939, 19 март.

26. Хайдаров Г.Х., Краткий очерк истории Ленинабада., Душанбе - 1965 144с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.