Научная статья на тему 'AN ACTUAL PROBLEMS OF THE PEDAGOGICAL SCIENTOMETRICS STUDIES IN TAJIKISKISTAN'

AN ACTUAL PROBLEMS OF THE PEDAGOGICAL SCIENTOMETRICS STUDIES IN TAJIKISKISTAN Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
31
13
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АКТУАЛЬНОСТЬ / ПЕДАГОГИКА / ПРОДУКТИВНОСТЬ / НАУКА

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Раджабов Махмадулло Гурезович

В статье автор указывает, что только педагогическая наукометрия может дать ответ на теоретические и практические вопросы, которые стоят перед педагогической наукой. Так как историческая необходимость требует всестороннего исследования и оценивания педагогики с позиции педагогической наукометрии.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

АКТУАЛЬНЫЕ ПРОБЛЕМЫ ПЕДАГОГИЧЕСКОЙ НАУКОМЕТРИИ В ТАДЖИКИСТАНЕ

The author of the article indicates that only pedagogic scientometrics is able to answer ontheoretical and pratical issues which includes pedagogical science. As the historical necessity demands thoroughly research and evaluates pedagogy, especially from the point of view of pedagogic scientometrics.

Текст научной работы на тему «AN ACTUAL PROBLEMS OF THE PEDAGOGICAL SCIENTOMETRICS STUDIES IN TAJIKISKISTAN»

ИЛМ^ОИ ПЕДАГОГИКИ (ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ НАУКИ)

МУ^ИМИЯТИ МАСЪАЛА^ОИ ИЛМШИНОСИИ ПЕДАГОГИ

ДАР ТО^ИКИСТОН

Рацабов М.

Пажууишгоуи рушди маорифи Академияи та^силоти Тоцикистон

Дар замони муосир барои илми педагогикаи точик дар иртибот бо такмили технологияи навини омузиш масоили зиёди халталаб мавчуд аст. Донишгоххои омузгорй, пажухишгохи илмхои педагогй, шурохои дифоъ, мачаллахои илмй-методй таъсис ёфтанд, накшахои пажухишй-илмй тартиб дода шуданд ва натичахои илмй ба даст омад, ки хамаи ин дастовардхо дар заминаи илми педагогикаи Аврупо арзёбй мегардиданд, аммо дар илми педагогикаи шуравй, ки педагогикаи точик як узви чудонопазири он ба хисоб мерафт, дастовардхои илмии олимони педагогикаи точик аз баррасии маколоти илмй то махсулнокию сифати рисолахои илмй дар доираи тахкики педагогй мавриди арзёбй карор дода нашудаанд.

Ин дар мавридест, ки илмсанчй хамчун шохаи мустакили илмшиносй бо усулхои худ рушди илм, махсулнокии олимон, сифат ва самараи корхои илмию тахкикии аспирантону докторантон, фаъолияти пажухишхои илмй-тахкикотй, шурохои диссертатсионй ва дар мачмуъ равиш ва махсулнокии корхои илмию тахкикотиро мавриди арзёбй карор медихад [1, с. 206].

Лозим ба ёдоварист, ки дар кишварамон барои тахкику пажухиши илмхои педагогй Академияи тахсилоти Точикистон, Пажухишгохи рушди маориф, кафедраи педагогикаи умумии донишгоххои кишвар корхои назаррасеро ба анчом расонидаанд ва ба хотири чорй кардани низоми навини тахкик дар илми педагогика талошхо меварзанд, чунки ниёзхои барномарезй дар кишвари сохибистиклол бештар эхсос мешавад.

Дар замони муосир вазифаи аввалиндарачаи илмсанчии педагогй аз он иборат аст, ки иктидории илмии Академияи тахсилоти Точикистон, Пажухишгохи рушди маориф, шурохои дифоъ, кафедрахои педагогикаи донишгоххои омузгориро арзёбй намуда, барои дар кадом сатхи илмй тахкик шудани масъалахои умдаи педагогика ва дар устуворсозии равобит илмй бо марказхои илмии педагогикаи чахонй шароити муносиб фарохам созад, чунки илми педагогикаи муосири точик дар мархилаи нави пажухишй-мархилаи истиклоли миллй карор дорад. Ин мархила дар назди илми педагогикаи муосири точик вазифахои нихоят мухим ва бунёдиро гузоштааст. Вале бидуни тахкикоти илмсанчй муайяннамоии раванди рушди илми педагогика ва дар пояи педагогикаи чахонй расонидани он номумкин аст. Зеро танхо илмсанчии педагогй метавонад ба суолхои мухими илмй ва миллй, ки таърих ва раванди чахонишавй дар назди илми педагогикаи чахонй ба миён гузоштаанд, ба дарки манфиатхои педагогикаи миллй чавобхои сахех диханд.

Зарурати таърихй ва таъхирнопазирии омузиш ва арзёбии педагогй, махсусан илмсанчии педагогй таваччухи хамачонибаро такозо менамояд. Мутаассифона, илмсанчии педагогй дар шароити истиклоли миллй хам ба таври муназзам ва бояду шояд холо хам мавриди тахкик карор нагирифтааст. Масалан, акидахои педагогии Садриддин Айнй ибтидо аз солхои 50-уми садаи гузашта мавриди тахкик ва омузиши педагогон, адабиётшиносон, таърихнигорон карор гирифта шуд, аммо то ба имруз дар педагогикаи точик маводхои илмии матрахгардида мавриди илмсанчии педагогй карор дода нашудааст. Мухаккикону донишмандон ва айнишиносоне, ки акидахо ва фаъолияти педагогии Садриддин Айниро мавриди пажухиш карор медиханд, аз чамъоварии маълумоту мавод то хулосабарорихою натичагирихо ба мушкилот ру ба ру мешаванд [5, с. 216].

Дурнамои рушди илмсанчии педагогй дар замони истиклолияти миллй такозо менамояд, ки масъалаи сахми олимони педагогикаи точикро дар рушди илми педагогикаи ватанй ва чахонй мавриди арзёбй карор дихем, зеро сарфи назар аз пешрафти илми педагогикаи точик чи дар замони шуравй ва чи дар замони истиклолияти давлатй мушкилотхои мавридй чой доранд.

Дар замони истиклолияти давлатй натичагирй аз бехдошти сифати таълим, тахия ва татбики барномахои таълимй ва корхои илмию тахкикотй, натичагирй аз таълифи китобхои илмй яке аз омилхои асосии рушди илмсанчии педагогй ва дар хамин замина ташаккули педагогикаи точик ба шумор мераванд. Масалан, баъзе кишвархои пешрафтаи аврупой, аз чумла Шветсия, Норвегия ва Финляндия, ки масохати нисбатан хурд ва ахолии кам доранд, тавонистанд низоми бехтарини маориф, сатхи баланди саводи ахолй ва рушди технологиро таъмин намоянд. Ин давлатхо факат аз хисоби натичагирии тахкикоти илмй ва ихтирооту навоварихои технологй дар заминаи арзёбии илмсанчй даромаде ба даст меоранд, ки аз фоидаи баъзе кишвархои содиркунандаи нафт зиёдтар мебошад. Тахкикоти илмсанчй дар чодаи педагогика пеш аз хама ба сифат ва самараи корхои илмй-тахкикотй мусоидат менамоянд.

Илмсанчии педагогй собит намудааст, ки устувории иттилоотй ва хамкорихои байналхалкй дар чодаи илми педагогика метавонад дар тахкикоти илмй ва омода кардани кадрхо ва мутахассисони илмй дастовардхои калон орад, ба вежа дар Точикистон агар ин устувории итилоотй ва хамкории байналхалкй дар хамкорй бо Академияи тахсилоти Точикистон ба рох монда шавад [4, с. 111]. Аз ин ру, масъалахои асосии пешрафти илми педагогика ва сахми он дар рушди маорифи кишвар аз бисёр чихат ба натичагирии тахкикоти илмсанчии педагогй вобаста аст. Аз чумла:

- ташаккули заминаи муосири иттилоотй. Ин яке аз сабабхои рушди пешрафти илми педагогика дар кишвар, тахкикоти илмй заминаи ташаккули инфрасохтори муосири иттилоотй, ки ба истифодаи технологияхои навтарини иттилоотиву коммуникатсионй асос ёфтааст, мебошад. Академияи тахсилоти Точикистон, Пажухишгохи рушди маориф, кафедрахои педагогикаи донишгоххову донишкадахои кишвар бо техникаи компютерй ба таври кифоя мучаххаз гардонида шаванд. Тачрибаи чахонй ба таври эътимоднок шаходат медихад, ки бе истифодаи технологияхои муосири иттилоотиву коммуникатсионй илмро кафомонй домангир буда, ба вучуд овардани технологияхои кобили ракобат ва истифодаи онхо дар амал имкон надорад;

- доир ба масъалахои мухими илми педагогика шумораи зиёди монографияхо, мачмуи маколахо ва маводхои конференсияхои илмй нашр карда шаванд. Ба ин сабаб натичахои тахкикоти илмии нав, дастовардхои олимони педагогикаи точик ва дастрасии саривактии онхо ба фазои байналхалкии илмиву иттилоотй рохёфтан, комёбихои илмй афзалияти худро афзун намудан. Имконияти гирифтани иттилоот оид ба мачаллаву китоб ва иттилооти дигари илмии педагогй, ки ба сатх, сифат ва самаранокии тахкикотхои анчомшавандаи мухаккикон таъсири мусбй расонида метавонад;

-таъмини кадрхои илмй. Ч,иддияти масъала бо он маънидод карда мешавад, ки дар солхои истиклолияти давлатй устувории бисёре аз кормандони илмй доир ба тахкикоти педагогикаи умумй, назария ва методикаи таълими забонхои точикй ва русй, назария ва методикаи таълим таъмин гардид, аммо норасоии мутахассисони илмй дар чунин самтхои илми педагогика, мисли педагогикаи инноватсионй, харбй, мухандисй, ичтимой, фархангй, тиббй, оилавй ва дигар самтхои нави илми педагогика, ки илмсанчии педагогии муайян кардааст, эхсос мешавад;

- хамгироии зарурии илм ва маориф. Яке аз омилхои мухимтарини баланд бардоштани самаранокии тайёр кардани кадрхои илмй, истифодаи заминаи илмиву тачрибавии сохторхои Академияи тахсилоти Точикистон дар раванди тахсил ва баланд бардоштани сатхи тахкикоти илмй дар мактабхои тахсилоти олии касбй хамгироии илм ва маориф мебошад. Ба рох мондани хамгироии зарурии илми академй ва сохторхои тахсилотй неруи рушд ва сахми онхоро дар ислохоти маорифи кишвар баланд мекунад. Неруи илмии Академияи тахсилоти Точикистон, Пажухишгохи рушди маориф, кафедрахои педагогикаи мактабхои тахсилоти олии касбй ба максади муттахид кардани кувва ва захирахо барои тайёр кардани кадрхои тахассуси олй ва мутахассисон дар сохаи илми педагогика натичахои хуб ба даст меоварад;

- мутамарказгардонии неруи илмй ба самтхои афзалиятдоштаи тахкикоти илмй. Тахкикотхои илмй доир ба самтхои гуногуни илми педагогика дар он вакт судманд анчом меёбад, ки Академияи тахсилоти Точикистон бо кадрхои чавони илмй таъмин гардаданд. Банакшагирии корхои илмй-тахкикотй ва тачрибавй такмил гардад. Неруи илмй ба халли масъалахои афзалиятдоштаи илми педагогика ва рушди маорифи кишвар мутамарказ гардонида шавад, ки чихати ташаккул ва тахияи барномахои комплексй ва максадноки илмй мусоидат намояд;

- робитаи зарурии илм бо истехсолот. Тахдидотхои илмй ва тавсияхои амалй, чустучуи шаклхои нави таъсири мутадобили илми педагогика бо раванди омузишу парвариш ба рох мондан. Дархост ба натичахои тахдидоти илмй аз тарафи Вазорати маориф ва илм, донишгоххои кишвар дар рохандозии рушди сохаи маориф;

- хамкорихои илмии байналхалдй. Дар солхои охир робитахои илмии олимони педагогикаи точик хеле густариш ёфт. Шартномаву созишномахои басташуда дар бораи хамкорихо дар сохаи маориф, самаранокии амалишавии онхоро натичагирй ва манзури мухаддидон гардонидан.

Аз тарафи дигар, дар рушди илмхои педагогй проблемахои зиёди халнашуда, ки бо мудирияти илмй вобаста аст, ба чашм мерасад. Ниёзмандй ба мудирияти илмиро хамин тахдидоти илмсанчй дар педагогика хал менамояд. Аз ин ру, бо назардошти тахавуллот дар илми педагогика аз нигохи илмсанчй, хатти маши стротегй ва навгонихои омузишу парвариш, тахия ва тадвини барномахо барои илмсанчй дар педагогика лозим аст, ки Барномаи тахдидоти илмсанчй дар педагогикаи точикро тахия намоем. Барномаи мазкур ба давраи магистрй ва докторй пешбинй карда шавад, зеро барои халли проблемахои тахдидоти педагогй судманд мебошад.

Пажухишхои педагогй, инъикоси объективона, хамачониба, мадсадноки имкониятхои водей ва неруйи мавчудаи чомеаи муосир, манфиатхои таълиму тарбия ва ниёзхои кулли табадоти ахолй, равобити мантидии байнихамдигарии назария ва амалия, таъсир ва вобастагии байнихамдигарии равияхо, навъ ва шаклхои фаъолияти омузишу парваришро дар илми педагогика арзишёбии илмсанчй водеъона бахогузорй менамояд. Аз тарафи дигар мо он вадт ба арзишёбии мусбат дар пажухишхои педагогй дастёб мешавем, ки агар онхо бо усулхои илмсанчй, меъёрхои илмшиносй бахогузорй шуда бошанд, чунончи:

- тахияи тавсияхо оид ба истифодаи натичахои тахдидоти илмй дар сохаи педагогика;

- омухтан ва чамъбаст намудани комёбихои илми чахон оид ба сохаи педагогика, хидоят кардан ба истифодаи пурмахсули онхо дар муассисахои омузишу парвариш;

- тахия ва муайян намудани пешомадхо оид ба инкишофи хамаи равияхои педагогика;

- ба нашр омода намудани натичахои тахдидот аз руи мавзуъхо ва проблемахои педагогика;

- дар асоси тартиботи мударраршуда таъмин намудани татбиди фаъолияти муштарак бо дигар муассисахои илмй ва фархангии кишвархои хоричй;

- гузаронидани тахдидоти сотсиологй ва маркетингй оид ба проблемахои педагогика, инчунин холат ва пешомадхои воситахои маърифатии омма;

- сахмгузорй дар тахия ва татбиди сиёсати давлатй дар сохаи педагогика, ки ба мутобидсозии табадахои гуногуни ахолй ба талаботи нави хаёти ичтимой-фархангй равона карда шудааст;

- тахияи тавсияхо оид ба натичахои илмй ба дастомада;

- аз руи натичахои тахдидоти илмсанчй тахияи стратегияи рушди илми педагогика;

- дар заминаи натичагирй аз тахдидоти илмсанчй ташкили машваратхо оид ба бартарафсозии проблемахои педагогика;

-ба нашр омода намудани фехристи мавзуьхои наомухташудаи риштахои мухталифи педагогикаи муосир;

- нашри мачмуаи солонаи фишурдахои тахдидотхои илмсанчй;

- эхёи илмсанчй дар педагогикаи точик;

-баргузорй ва анчоми корхои илмию тахдидотии бунёдй ва амалй оид ба илми педагогикаи муосир;

-такмили чорабинихо оид ба таъмини моддии барномахои илмй дар сатхи кишвар.

Дамин тавр, дар самти инкишофи илми педагогикаи точик проблемахои зиёди халношуда хануз зиёданд ва танхо баррасии саривадтии ин проблемахо ба воситаи илмсанчй ошкор мегардад, зеро яке аз рахёфти навин барои пажухишхои улуми педагогй дар дахсолаи оянда ин дар доираи таддидоти илмсанчй анчом додани корхои бунёдй мебошад.

Адабиёт:

1. Бернал Дж. Наука и общество: Сб. статей и выступлений. - М.: Изд-во Иностр. лит., 1953.

2. Гарфилд Ю. Можно ли выявлять и оценивать научные достижения и научную продуктивность? // Вестник АН СССР. - 1982 - № 7. - С. 42-50.

3. Налимов В. В., Мульченко З. М. Наукометрия. Изучение развития науки как информационного процесса. - М.: Наука, 1969.

4. Рачабов М. Илмсанчии педагогй дар ростои пажух,ишх,ои навин // Паёми Академияи тахсилоти Точикистон. - 2013. - № 2 (13). - С. 109 -113.

5. Рачабов М. Омузиши акидахои педагогии Садриддин Айнй дар солхои 50-70-уми садаи ХХ: тахкикоти илмсанчй // Паёми Донишгохи омузгорй. - 2013. - № 1 (50). - С. 214 -219.

6. Рачабов М. Пажухдшгохд рушди маорифи Академияи тах,силоти Точикистон: тадкикоти наукометрй дар пояи усусли хдсоби интишорй // Паёми Донишгохд омузгорй. - 2012. -№ 5 (48). - С. 206- 209.

7. Хайтун С. Д. Наукометрия. Состояние и перспективы. - М.: Наука, 1983.

АКТУАЛЬНЫЕ ПРОБЛЕМЫ ПЕДАГОГИЧЕСКОЙ НАУКОМЕТРИИ В

ТАДЖИКИСТАНЕ

В статье автор указывает, что только педагогическая наукометрия может дать ответ на теоретические и практические вопросы, которые стоят перед педагогической наукой. Так как историческая необходимость требует всестороннего исследования и оценивания педагогики с позиции педагогической наукометрии.

Ключевые слова: педагогическая наукометрия, актуальность, педагогика, исследование, продуктивность, наука, наукометрическое исследование.

AN ACTUAL PROBLEMS OF THE PEDAGOGICAL SCIENTOMETRICS STUDIES IN

TAJIKISKISTAN

The author of the article indicates that only pedagogic scientometrics is able to answer ontheoretical and pratical issues which includes pedagogical science. As the historical necessity demands thoroughly research and evaluates pedagogy, especially from the point of view of pedagogic scientometrics.

Keywords: pedagogic measure- scientific, actuality, pedagogy, productiveness, science, measure-scientific research.

Сведения об авторе: Раджабов Махмадулло Гурезович, кандидат педагогических наук, доцент, зам. директора Института развития образования Академии образования Таджикистана, e-mail: rmg-2013@mail.ru

About author: Rajabov Makhmadullo Gurezovich, PhD of pedagogical sciences, Associate Professor, the deputy director of the Institute of Development of Education of the Academy of Education of Tajikistan

ГУМАНИТАРНОЕ ОБРАЗОВАНИЕ И ЕГО ПРОБЛЕМЫ

Атакуллаев У. И.

Таджикский национальный университет

Гуманитарное образование - это овладение знаниями о человеке и обществе, без которых невозможно нормальное и продуктивное существование людей и человечества в целом. Все еще приходится констатировать, что знаний гуманитарных несопоставимо меньше, чем знаний о природе в широком смысле этого слова.

Любые знания необходимы для успешных, продуктивных действий, но в применении к людям и обществу, знания нужны для нормальной, человеческой жизни, которая является не просто совокупностью всего, что совершает человек с момента своего появления на свет до смерти, но и его желаний, мыслей, чувств, представлений, намерений. А от того, каковы эти мысли, чувства, намерения, зависит качество жизни не в меньшей степени, чем от ее физических и экономических показателей. Жизнь при этом не просто данность, проживаемая каждым, но достаточно трудное предприятие, которое требует усилий, нуждается в совершенствовании, поскольку человек стремится

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.