ЗОДРУЗИ АКАДЕМИКИ АКАДЕМИЯИ ИЛМ^ОИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН РА^ИМ МАСОВ БАХШИДА МЕШАВАД
НОМЕР ПОСВЯЩАЕТСЯ 80-ЛЕТИЮ СО ДНЯ РОЖДЕНИЯ АКАДЕМИКА АКАДЕМИИ НАУК РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН РАХИМ МАСОВА
УДК: 9 (575.3) (092)
АКАДЕМИК РА^ИМ МАСОВ
УБАЙДУЛЛО Н. К., Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Академик Рах,им МАСОВ гарки андешах,о дар хучраи кори.
Дар Паёми табрикотии худ Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ба ифтихори 60-солагии Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ах,мади Дониши Академияи илмхои ^ум^урии Точикистон (соли 2011) рохи тайкардаи Институтро тахлил намуда, таъкид карда буданд, ки «Мухак;к;ик;они Институт аз огози таъсисёбиаш то ба имруз омузиши масъалахои мубрами илми таърихнигориро касб намуда, ба хотири тантанаи хак;ик;ат ва адолати таърихй асархои зиёди бунёдиро ба риштаи тадк;ик;оти чиддии илмй кашидаанд» ва онхо бо асархои илмиашон «тадк;ик;отхои нодирро анчом додаанд, ки на танхо дар доирахои илмии кишвархои ИДМ, балки дар доирахои илмии чахонй маълуму машхуранд». Вок;еан олимони Институт А.А.Семёнов, М. С. Андреев, З. Ш. Рачабов, Б. И. Искандаров, Б. А. Литвинский, Р. М. Масов, А. М. Мухторов, Н. Н. Неъматов, В. А. Ранов,
НД.Нурчонов ва дигар мухдккикони шинохтае, ки имруз дар рох,и омузиш ва тахдики таъриху фархднги миллат зах,мат мекашанд, дар рушди илми таърихшиносии точик ва муаррифии он дар арсаи байналмилалй накши зиёд доранд.
Файласуфи машх,ури олмонй И. Г. Фихте (1762-1814) дар вакташ таъкид намуда буд, ки олимон тибки рисолати хеш хдмеша дар чомеа мураббии наслх,оянд[1].Вокеан, олими варзида, сохдбмактаб ва пажухдшгари вокей метавонад тавассути тахдикоти бунёдй, кашфиётх,о ва рисолах,ои илмй, омода намудани шогирдону пайравон бештар дар таълиму тарбияи наслх,о дар чомеа накши арзанда гузорад. Ба зумраи чу-нин ашхос олими варзида ва сохдбмактаб, академик, доктори илмх,ои таърих, профессор Рах,им Масович Масов шомил мебошад, ки дар тарбияи худшиносии миллй, х,исси мехднпарастй, вокеънигорию хдкикатгуй ва тайёр намудани шумораи зиёди шогирдону пайравон дар чумх,урй накши басо бориз гузоштааст.
Рах,им Масов муддати 57 сол аз лаборанти одии пажухдшгох, то ба дарачаи академикй ва сарварии як муассисаи марказии илмй-пажух,ишй расида, дар ташаккул ва рушди таърихнигории миллй ва чун сарвари пажух,ишгох,-27сол дар тайёр намудани мутахассисони касбии илми таърих накши арзанда гузоштааст. Рушди таърихнигории миллии точик аз солх,ои 80-уми карни гузашта ва ба мактаби пешкадами таърихнигорй табдил ёф-тани он дар давраи шуравй ва пас аз он дар баробари мухдккикони ши-нохтаи дигар, бешубхд бо номи академик Рах,им Масов алокаманд аст, ки инро мутахассисони варзидаи ватанию хоричй низ эътироф намудаанд. Баробари мухдккики саршинос будан, рисолати дигари академик Рах,им Масов рохдамои илмй ва омузгорй дар чомеа буд, ки дар ин самт низ зах,мати академик аз назари мутахассисони дохилию хоричй берун намондааст.
Хдмчун омузгори касбй Рах,им Масов солх,ои тулонй дар факултети таърихи Донишгохд давлатии омузгории Точикистон ба номи Садриддин Айнй фаъолият намуда, бо пешних,оди Шурои олимони хдмин муассиса соли 1990 унвони баланди профессориро сох,иб гардид.
Бояд кайд кард, ки охири солх,ои 80-ум ва ибтидои солх,ои 90-уми асри гузашта, таваччухи чомеа ба таърих ва таърихнигорй ба мисли имруз них,оят зиёд гардида, донишчуён низ хеле фаъол буданд. Дар як шах,рванд ва донишчу мехост ба масъалах,ои гуногуни таърихи халки точик, махсу-сан масоили доги руз, ба мисли заминах,ои давлатдории точикон, таърихи огози сохтори давлатдории шуравй, марзбандии миллию х,удудй ва хиён-атх,о хднгоми ин таксимот, аз даст додани марказх,ои калони иктисодиву фархднгй, поймолсозии х,укуки точикон ва забони точикй, ки чах,орчубаи идеологии шуравй онро солх,ои тулонй паси парда медошт, равшанй андо-зад. Ба чунин саволх,о донишчуён ва дустдорони таърих мах,з аз
навиштахо ва гуфтахои устод Рахим Масов чавоб пайдо менамуданд ва аз хукми беадолатонаи замон ба шур меомаданд.
Ба вазифаи рохбари маркази асосии таърихшиносии чумхурй - Института таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А.Дониш ин-тихоб шудани Рахим Масов тавонист тавассути даххо тадкикотхои бунёдй ва садхо маколоти илмии худ рисолати мураббигияшро дар чомеа бо ка-моли садокат ичро намояд. Солхои 80-уми карни гузашта, махсусан нимаи дуюми он, ки давраи нисбатан бедоршавй ва шикасти завлонахои идео-логй махсуб меёфт, чомеа аз пайи дарёфти асару навиштахои нави як зум-ра олимону адибони чумхурй, ба вижа асару маколахои Рахим Масов бу-данд.
Пажухишхои академик Рахим Масов аз ибтидо ба таърихнигории сохтмони чомеаи сотсиалистй дар Точикистон бахшида шудааст. Тахкики масоили гуногуни таърихй дар ин самт имкон дод, ки олими нуктасанчу жарфгаро рисолахои бунёдии илмй таълиф намуда, байни мутахассисони соха ва кишрхои гуногуни чомеа доираи васеи хонандагони асил ва дои-мии худро пайдо намояд. Махсусан, тахкикоти ба масоили миллй ва хал-ли он бахшидаи академик Рахим Масов дар байни ахли чомеа бештар нуфуз ва макоми хосса пайдо карданд.
Масоили умдаи таърихнигорй кариб дар тамоми асархои олими вар-зида макоми вижа дошта бошанд хам, вале се рисолаи ба масъалаи мил-лй ва таксимоти марзию худудии соли 1924 бахшидаи у, ки баъдан дар шакли китоби ягона бо тагийроту иловахои чиддй нашр гардид[2],дар чумхурй ва берун аз он аз тарафи мутахассисон бахои сазовор гирифт.
Мутолиаи асархои академик Рахим Масов хонандаро нисбат ба такдири халки точик, талошу муборизахои он барои хифзи нангу ном, манфиату хукукхои худ, чонбозии фарзандони озодандеши он, аз як тараф, ва аз тарафи дигар хиёнату манфиатчуии баъзе аз зодагони ин миллат бе-тафовут гузошта наметавонад. Устод Лоик нисбат ба китоби дуюми академик Рахим Масов «Таърихи точикон бо мухри «комилан сиррй»[3] таъкид намудааст, ки «Ин китоб танхо як кори илмй нест, балки достонест пур аз ашку хун, пур аз оху фарёд, навишта ба забони аснод, балки фочиа-номаест аз худии худро куштанамон гохо ба дасти худ, гохо ба дасти душманон»[4].
Максади муаллиф низ аз таълифи ин рисола ва рисолахои дигар ши-нос намудани тамоми чомеа ба таърихи пурфочиаи халки точик аст. Академик Рахим Масов низ рисолати хешро дар хамин дида, таъкид мена-мояд, ки максад «ба масоили печидаи таърихи пурфочиаи точикон посух» гуфтан аст, зеро ин масъала «то ба имруз дар осор ва навиштахои пажухишгарон ба таври шоиста мавриди баррасй карор нагирифтааст»[5]. «Факат бо донистани хамаи хакойики таърихист, ки мардуми точик - ин миллати халлоку мутафаккир ва дар айни хол ранчкашида метавонад,- ме-
нависад академик Рахим Масов,-дубора хам аз лихози фархангй ва хам аз лихози ичтимой эхё шавад»[6].
Академики машхури шуравй Д. С. Лихачев таъкид намуда буд, ки хотираи таърих мукаддас аст ва фарде, ки ба таъриху осори таърихй бепарвой зохир менамояд, нисбат ба такдири ватани хеш низ бепарвост[7]. Вокеан хамин хел хам хаст. Махз надонистани таърих ва ё паст будани са-води таърихй дар ибтидои асри гузашта яке аз сабабхои поймолшавии хукуки точикон ва аз даст рафтани марказхои калони иктисодиву фархангй гардида буд. Аз ин дарси фочеабори таърих мо сабаке набардо-шта, дар охири хамон карни гузашта аз нав ба гирдоби бозихои сиёсиву махалбозй кашида шудем ва истиклолияти нав ба даст омадаро зери хатар гузоштем. Бояд дар назар дошт, ки яке аз омилхои ангезандаи нооромии сиёсию паси сангар карор гирифтани чомеаи солхои 90-уми садаи XX махз хамин дар сатхи паст карор доштани донишхои таърихй мебошад.
Академик Рахим Масов хануз соли 1989 огох намуда буд, ки дар таърихи давраи шуравии халки точик номхо, даврахо ва падидахое хастанд, ки аз онхо на танхо доираи васеи хонандагон, балки хатто онхое, ки тибки вазифа ба тадкики таърихи сохтмони сотсиалистй машгуланд, кам огохй доранд[8].Аз ин ру, зарур ва хатмист, ки дар раванди баланд бардоштани сатхи донишхои таърихй дар байни чомеа тадбирхои чиддй ва мушаххас бояд андешид ва яке аз вазифахои мухимми муаррихини точик низ дар ичрои хамин масъала зохир меёбад.
Академик Рахим Масов тибки асархои илмии бунёдии худ нисбат ба дигарон дар пахн намудани донишхои таърихй бештар сахм гузошта-аст, махсусан дар сй соли охир ягон пажухишгар чун у асару маколаи дархури дарди чомеа таълиф накардааст ва ягон нафар муаррих чун у аз манфиати таърихии халку миллати точик чй дар дохил ва чй дар хоричи чумхурй дифоъ нанамудааст. Асархои ин олими варзида на танхо барои мутахассисони соха, балки барои хама кишрхои чомеа таълиф шудаанд. Бесабаб нест, ки устод Лоик дар тавсифи китоби Рахим Масов «Таърихи точикон бо мухри «комилан сиррй» гуфтааст: «Ин китоб бо хуни дил иншо шуда ва боястй хар точики пурчигар онро бо хуни дил бихонад ва бидо-над, ки кй будаем ва кй хастем, аз кучо будаем, ба кучо расидаем ва киву кихо моро ба ин партгохи халокат кашондаанд?»[9].Зеро: «Бихонад ва би-донад, ки бидуни дифоъ аз ифтихорот ва мукаддасоти миллй, бидуни дифоъ аз ватан, модар, ору номуси миллй ва фарри ориёй наметавон худро сохибватан хонд»[10].
Баробари таълифоти нодири илмй ва пардабардорй аз «лаккахои сафед»-и[11] таърихи халки точик махз бо ташаббусу захмат ва рохбарии устод Рахим Масов нашри нави асари бунёдии «Таърихи халки точик» дар шаш чилд ба рох монда шуд. Новобаста аз душворихои иктисодиву моли-явй нашр шудани чунин тахкикоти бузург ва садхо рисолахои дигари бу-
нёдии мутахассисони муассиса аз он шаходат медиханд, ки ин «дониш-манди гаюри точик, таърихшиноси шерчигар»[12]тасодуфан сарвари чу-нин як муассисаи марказии илмй нашуд ва дар ин чо низ рисолати худро хамчун рохнамои илми таърих аз сидки дил ичро намуд. Ин ташаббуси Рахим Масовро академик Б. А. Литвинский баробар ба кахрамонй но-мид[13].
Чдсорату гайрати академик Рахим Масов, ки вокеан барои тамоми кишрхои чомеа сабаки мардонагист, бори дигар дар мубориза бар зидди тахрифгарони таърихи халки точик пас аз пароканда гардидани Иттиходи Шуравй маълум гардид. Пас аз пош хурдани Иттиходи Шуравй ва ташкил ёфтани чумхурихои мустакил, таърих ва масоили таърихй ба яке аз воси-тахои мухимми амалй намудани сиёсати рохбарони ин давлатхо гардид. Махсусан, дар Осиёи Марказй зимомдорони вакт зиёдтар ба ин кор даст заданд ва ба чойи таълифи асари илмии таърихй ба тахрифи гаразмандо-наи он машгул шуда, рисолати тахкикгарии асилро ба гушаи фаромушй партофтанд ва худро меросхури таъриху фарханги дигарон, бахусус точикон намоиш медоданд. Дар ин «таксимоти мерос» баробари асархои зиёди бепояи ба ном илмй, инчунин шабакаи чахонии Интернетро низ мохирона ба манфиати хеш истифода мебурданд. Академик Рахим Масов ва пайравонаш ба ин тахкикгарони аз таърихи вокеъй бехабар чавобхои мушаххасу илмй дода, вокеъияти асили таърихи точиконро бо далелу асноди муътамад дастраси умум мегардониданд.Бояд гуфт, ки миллатдустию ифтихор аз таърихи ниёгони худро академик Рахим Масов ва шогирдони мактаби у на бо паст задани таъриху манфиати халкхои дигари минтака, балки вокеъбинона ва бо эхтироми хоса нисбати онхо баён менамуданд. Ин аз фарханги баланди пажухандагии устод Рахим Масов гувохй медод.«Академик Рахим Масов «даштхои худро рифъат бахшида,куххои дигаронро паст назада» (таъбири шоири шахири казок Олжас Сулаймонов) муътамад ва асосманд, бо мадорики якруву якпахлуи таърихй,бо иктибосхои пурдонтарин ховаршиносони чахоншумул, далелхои котеъи хаттиву бостоншиносй, мавод ва асноди сарбамухри сандукбанди таърихй собит мекунад, ки он хама китобхои сохтагй ва мурдахун фарсаххо аз илми истинодй ва истидлолй дур будаанд»[14].
Хдкикатчуй ва хакикатгуии устод Рахим Масовро хама хурду калон медонистанд. Дамчунин медонистанд, ки на танхо дар пажухиш, балки дар зиндагии рузмарра низ у аз ин хислати табиии худ масофа намечуст, рост ва фош мегуфт, такаллуфу тамаллукро дуст намедошт. Бесабаб нест, ки бо ин хислатхои фарзонааш миёни хосу ом машхур гардид ва хатто нисбаташ дар байни мардум ривояту гуфторхои зиёди ибратомуз низ пахн шуд.
Зиндагиномаи чунин олимон, ки рисолати хешро дар чомеа ба пур-рагй ва садокати баланд ичро менамоянд, хамеша барои наслхо дарси иб-рат ва хикмат аст. Академик Рахим Масов, ки худ дар мактаби бузурги