Научная статья на тему 'ВКЛАД ДЖАБИР ИБН ХАЙЁНА В ВОЗНИКНОВЕНИЕ И РАЗВИТИЕ ХИМИЧЕСКОЙ НАУКИ'

ВКЛАД ДЖАБИР ИБН ХАЙЁНА В ВОЗНИКНОВЕНИЕ И РАЗВИТИЕ ХИМИЧЕСКОЙ НАУКИ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
33
39
Читать
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ХИМИЯ / АГРОХИМИЯ / ИСКОПАЕМЫЕ / ТЕЛО / ДУША / РАСТЕНИЕ / УЧЕНЫЙ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Курбонов Б.

В статье рассказывается о деятельности ученого-химика Джобира ибн Хайёна, его творчестве. Упоминается об ученых, которые были его учителями, и о его последователях. Рассматриваются некоторые источники, в которых упоминались произведения Джабира ибн Хайёна.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
Предварительный просмотр
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CONTRIBUTION OF JABIRIBN KHAUON TO THE FOUNDATION AND DEVELOPMENT OF CHEMISTRY

The article describes the main activity of the scientist and his creation in chemical culture. Some scientists who were his masters and some of his followers are named there. There is information on history of some sources which the compositions of Jabir ibn Khajon mentioned.

Текст научной работы на тему «ВКЛАД ДЖАБИР ИБН ХАЙЁНА В ВОЗНИКНОВЕНИЕ И РАЗВИТИЕ ХИМИЧЕСКОЙ НАУКИ»

СА^МИ Ч,ОБИР ИБНИ ^АЙЁН ДАР ПАЙДОИШ ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ КИМИЁ

Б. БУРБОНОВ

доктори илмх,ои таърих, дотсент, ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии АИ Ч,Т

Тел.: 93 444 41 52

Ч,обир ибни Х,айён яке аз аввалинх,о шуда поях,ои асосии санъати илми кимиёро дар олам гузоштааст. У муаллифи чандин асарх,ои маъруфи сохди илми кимиёгарй мебошад. Лах,зах,ои хдёт ва фаъоли-яти Ч,обир ибни Х,ёайёнро олими англис Х,олмярд дар асараш коми-лан баён кардааст. Дар «Фех,рист»-и олими араб Ан-Надим низ номгуи дакики асарх,ои Ч,обир ибн Х,айён оварда шудаанд. Дар асоси дастрас намудан ва мутолиа кардани сарчашмах,ои гуногуни илмх,ои табий ва фалсафй маълум мегардад, ки Ч,обир ибни Х,айён Имом Ч,аъфари Содикро чун устоди худ дар риштаи илми кимиё, фалсафа, таърих, мантик ва фиад мах,суб медонад.

Дар баъзе сарчашмах,ои таърихй навищта шудааст, ки шох,зодаи Умавих,о Холид ибни Язид низ ба илми кимиё таваччу^ доштааст, хамзамон худи у низ яке аз устодони бехтарини Ч,обир ибни Х,айён ба х,исоб меравад. Мутафаккири бузург Х,олмярд дар асарх,ояш кайд намудааст, ки Ч,обир ибни Х,айён муаллифи нотакрори чандин рисо-лах,ои ба забони лотинй таълифшуда мебошад, ки бо номи Гебер му-аррифй гардидаанд. Ин нуктаи назар ба он асоснок карда мешавад, ки аксарияти асарх,ои баъдан таълифшуда аз чихдти маъно ба рисо-лах,ои Ч,обир ибни Х,айён шабохдти зиёде доранд. Мухдккики маъруфи олмонй Руско Юлиус хднгоми мутолиах,ояш дар китобхо-нах,ои Копира дар хусуси хакикат будани гуфтах,ои Х,олмярд мух,ри тасди; гузоштааст. Вай 46 номгуи асархо, аз он чумла «Китоби х,афтод»-уми Ч,обир ибни Х,айёнро дар китобхонаи Нуриддин ибни Мустафо ном шахсе пайдо кардааст. Дуввумин кашфиёти ин олим дар китобхонаи Ах,мад Подшох, Ч,аймур пайдо намудаи яке аз нусхах,ои асари Ч,обир ибни Х,айён «Китоби Самум» мебошад. Ин асар рочеъ ба зах,рх,о ва позах,рх,о навишта шуда. иборат аз 250 сах,ифа буда, ба мавзуоти токсигологияи имрузй (Токсикология ил-мест, ки хусусиятх,ои зах,рх,о ва таъсири онх,оро ба организм меомузад) наздик аст. Аз сарчашмах,ои мавчуда маълум мешавад, ки Ч,обир ибни Х,айён дорои як катор рисолах,ое мебошад, ки дар хусуси онх,о худи у чунин тазаккур додааст: «Ман 300 асар рочеъ ба фалсафа, 1300 китоб дар бораи сехру чоду ва 1300 макола дар бораи ша-клх,ои сило^ ва воситах,ои чангй навиштаам. Ман инчунин як китоби бузург ва теъдоди зиёде рисолах,ои бузургу кучак дар сохди тиб навиштаам, ки кариб 500 ададро ташкил медихднд. Зиёда аз ин ман

дар заминаи акидахои Аристотел китобхои зиёде дар бораи мантик навиштаам. Бештар аз он ман кашангтарин китоб дар бораи нучум, «Тафсирот дар бораи Евклид» боз «Китоб дар бораи сел» навиштам, ки хурофотпарастон мекушиданд, ки онро инкор бикунанд. Бар зам-ми ин ман дар бораи гушанишинй низ асархо офаридаам. Ба гайр аз ин ман дар бахшхои гуногуни инкори назариёти файласуфхои гуза-шта бештар аз 500 китоб навиштаам ва дар сохаи кимиё низ асархои зиёде офридаам» [6,46].

Агар ин гуфтахои Чобирро дар назар бигирем, теъдоди китобу ри-солахои у зиёда аз 3000 ададро ташкил менамояд. Тавре ки худи у тазаккур додааст, мавзуи кимиё дар асархои у мавкеи хосеро дошта-аст. Метавон гуфт, ки огози ал-кимиёи Ачаму Араб аз Холид ибни Язид (600-704), Имом Чаъфари Соди; (700-765) шуруъ шуда, дар за-мони Чобир ибни Х,айён (721-815) ба майдони истеъмоли амалй ба-ромад. Чобир ибни Х,айён дар осори худ рочеъ ба масоили анатомия, физиология, астрономия, чадвалхои астрономй, астрология, теология, космология, метафизика ва акоиди тасаввуфй маълумот додааст. Бояд гуфт, ки рисолахои «Китоб-ал-Адад» ва «Китоб-ал-Х,овй»-и Чобир, ки ба тиб бахшида шудаанд, хамчун асархои энсиклопедй ба забони арабй ном бароварда ва машхури олам гардидаанд.

Тавре ки зикр гардид, Чобир ибни Х,айён ба илми кимиё та-ваччухи зиёд зохир намудааст. Рочеъ ба омузиши унсурхои омезиши симоб ва мис ба максади ба даст овардани тилло вакти зиёде сарф намуд, дар чараёни ин кор як системаи сечузъй, яъне симоб-мис-тилло (Н§, Си, Ау)-ро пайдо кард. Аммо бо сабаби кофй набудани дониши физикиву кимиёии он замон, чараёни тахлилёбии симоб, мис ва тиллоро дарк накардааст. Кор болои ин филизот ва маводи дигар ба у имкон додааст, ки вай асари хамдигарии моддахоро тав-сиф намояд ва олотхою дастгоххои зиёдеро барои озмоишгоххо тахия кунад.

Назарияи кимиёии он замон ба заминаи он, ки чи гуна иртиботи рух ва чисм ба вучуд меояд, асосгузорй мешуд, зеро таъсири сайёра-гон ба ин иртибот низ накши асосй мебозид. Дар асоси ин гуфтахо Чобир ибни Х,айён чунин мепиндошт, ки тамоми унсурхо, ба мисли инсонхо ва хайвонхо дорои рух, нафс ва чавхар мебошанд. Мавчуди-яти рух ба унсурхо имкон медихад, ки онхо табиати хешро тагйир бидиханд ва ба шаклхои дигар интикол ёбанд. Шояд кушиши тадбики ин назария ба Чобир ибни Х,айён имкон додааст, ки чунин тартиби равиши моддахоро, ба монанди полоидан ва тактир пешниход намояд. Масалан, тавассути полоидан у тасфияи об, сирко, равган, хун, шар-бати сабзавоту мевачот ва оби гуштро тавсия кардааст [5,28].

Асархои рочеъ ба ал-кимиё бахшидаи Чобир ибни Х,айён ба тадрич на танхо дар байни форсизабонони чахон ва арабхо, балки дар Аврупои Гарбй низ интишор ёфтааст. Омузиши тачрибахои ил-

ми кимиё, бахусус дар байни мутафаккирон ва донишмандони Эрон-замин, Миср ва Испания равнак ёфта, теъдоди хаводорону их-лосмандони санъати кимиёро афзоиш дод. Тадкикоти Чобир ибни Х,айён дар чунин замоне арзи хастй намудааст, ки дастрас кардани маводхое барои гузаронидани реаксияхои кимиёй нихоят душвор буд ва у бо вучуди хамаи ин камбудихо асархои зиёде навишт, ки онхо бо номувофикии замон ва ихтилофхои он ба коми оташу бодхо фуру рафтаанд. Бояд гуфт, ки Чобир ибни Х,айён агарчи ба чараёни суфия ва назарияи фавкуттабиа боварии комил дошт аз гояхои та-хайюлии замони хеш саргарм нагашта, накши тачрибаи илмй ё тачрибиро низ нихоят мухим шуморидааст. Ин холати гузронидани кори илмй ба у имкон додаст, ки хам дар назария ва хам дар амалия ба комёбихои назаррас муваффак гардад.

Кимиё бо сабаби кашфиёти Чобир ибни Х,айён ба дарачаи баланди худ расид. Назарияхои Чобир дар заминаи илмхои «Фалсафаи таби-ат» ва хармитизми классикй арзи вучуд кардааст, ки ба худ гояи таб-дили филизотро махфуз медорад. Асоси фалсафаи табиатро назарияи холоморфизм, яъне омезиши чор унсур ташкил медихад.

Ба асоси ин ки мубохиса, яъне назарияи холоморфизм дар натичаи бахамомезиши сулфур ва симоб дар таносубхои гуногун, маъданхо арзи вучуд менамояд. Дар айни замон асари кудрати фавкуттабиа, яъне кудрати илохй дар назар гирифта мешавад. Беса-баб нест, ки охангудозону охангарон ва касоне, ки ба филизот мо-нанди сурб, калъагй, охан, тилло, сурма, симоб ва нукра сару кор доштанд, ба онхо рамзхои сайёрахоро медоданд. Ин тарзи ишораи рамзхо нишонаи он аст, ки олимон дар он замон ба назария ва ама-лияи унсурхо на танхо ба маънои кимиёй, балки маънои астрологиро низ нишон медоданд [8,6]. Маълумотхои дар боло зикршуда имкон медихад, ки Чобир ибни Х,айёнро яке аз асосгузорони кимиёи тачри-бавй бидонем ва макоми баланди уро дар катори олимони кимиёдо-ни Ачаму Араб эътироф намоем. Бешубха Чобир ибни Х,айёнро бу-нёдгузори санъати кимиё ё ин ки кимиёи амалй бояд донист. Давраи муттахидшавии кимиёи ятро ва пайдоиши онро ба карни XVI мансуб медонанд. Асосгузори кимиёи ятрой олими немиси шветсариягй Теофраст Параселс (1493 - 1541) шинохта шудааст. Ба акидаи Пара-селс вазифаи илми кимиё на хосил кардани маъдани тилло, балки хосил кардани дорухо мебошад. Кимиёи ятрой алокамандии илми кимиёро бо тибтаквият дода, накши табаддулоти кимиёиро дар чисм мукаррар кардааст. Параселс ба акидаи кимиёшиносони мамла-катхои Осиёи (Токсикология илмест, ки хусусиятхои захрхо ва таъсири онхоро ба организм меомузад) Миёна ва Шарки наздик, ки асоси материяро ба се унсур: симоб, сулфур ва намак иртибот медоданд, ки онхо хосияти табхир, чазби гармо ва чомидро дороанд, такя намудааст. Ба акидаи у аз ин се унсур асоси макроолам, яъне кайхон,

инчунин микроолам, яъне одам, ки рух, чон ва чисмро ташкил медихад, таркиб ёфтаанд. Дар асоси ин акида баъдан ба мyайян намyдани сабабхои пайдоиши беморихо дар чисм шуруъ намyдааст. Масалан, сабаби пайдоиши бемории табларза ва тоунро бо зиёд бу-дани сулфур дар чисм ё узвият, сабаби бемории фалачро бо зиёд бу-дани симоб дар чисм ва сабаби беморихои дарунравй ва истиско (обхуракро) бо зиёд будани намакхо дар чисм нишон додааст.

Бояд гуфт, ки яке аз бахшхои асосии кимиёи кухан татбики гиёхпизишкй мебошад, ки баъдан ба давосозй, яъне истифодаи тар-кибхои кимиёй дар тиб табдил ёфт, ки дар Aврyпо онро бо номи ятро-химия истифода намудаанд. Гарчанде пайдоиши кимиёи ятроро ба асри XVI мансуб медонанд, вале бояд тазаккур дод, ки нишонахои пайдоиши кимиёи ятр аз асрхои VIII-IX низ мушохида мешаванд ва дар садаи Х ба авчи баланди тараккиёти худ расида буд. Дар ин кор бояд хизматхои бузурги Ч,обир ибни Х,айёнро ёд кард, ки баъдан та-вассути Закариёи Розй ва Aбyалй ибни Сино инкишоф дода шуд.

Донишмандон дорухои кадимтаринро аз олами гиёх ба даст меоварданд. Касоне, ки ба тарзи тайёр кардани дору аз гиёх машгул буданд, онхоро гиёхпизишк мегуфтанд, ки амалияи ин корро мета-вон ба кимиёи ятрой марбут донист. Онхо ба ин акида буданд, ки гиёххо метавонанд хаёти одамиро човидон созанд, яъне эътикод ба ин доштанд, ки хар чизе, аз чумла дарахтон ва сангхо хам чисму рух доранд, ки бо кувва зиндаанд. Ба гумони онхо рух моддае аст, ки бисёр латиф, монанди атр мебошад. Aз руи гуфтаи Томсон, Параселс чунин таълим медод, ки хадафи кимиёгарй зарсозй нест, балки дору-созй аст, вале бояд таъкид кунем, ки кимиёи дармонй хамеша аз маълумотхои кимиёгарй будааст, ки бехтарин шохиди он Ч,обир ибни Х,айён мебошад [7,66].

Ч,обир ибни Х,айён иксирхое аз маводи гуногуни маъданхо, фили-зот ва гиёххо тахия мекард. Дар асоси омузиши таркиби гиёххо Ч,обир ибни Х,айён тезобхои узвй ва гайриузвиро тахия намудааст, ки ин амал ба максади хосил намудани тезоб набуда, балки барои ба даст овардани иксирхо мебошад. Бояд гуфт, ки чунин амалхои дар боло зикр шуда шохиди пайдоиш ва инкишофи кимиёи ятрой дар замонхои пеш ва хусусан, дар асрхои IX-XI мебошад. Ч,обир ибни Х,айёнро на танхо бунёдгузори санъати кимиёи тачрибавй, балки асосгузори кимиёи дармонй ё кимиёи ятрой хам донистан лозим аст. Ин акидаро гуфтаи Х,олмярд низ тасдик мекунад: «Ч,обир ибни Х,ай-ёнро бо далелхои зиёд метавон нахустин касе донист, ки пояи авва-лини санъати кимиёро гузоштааст» [6,135].

Х,амин тавр, агар мо ба сахми хаматарафаи фаъолияти мутафак-кири барчаста Ч,обир ибни Х,айён дар сохахои пешрафтаи илмхои замони y назар намоем, бо боварй гуфта метавонем, ки y яке аз асосгузори илми кимиё махсуб мешавад.

Адабиёт

1. В. А. Волков, Е.В. Вонский, Г.И. Кузнецова. Выдающиеся химики мира. М., 1991

2. Джуа М. Истории химии. Москва: Мир. 1966. -402с.

3. Каримов У. И. Неизвестное сочинение ар-Рази «Книга тайны тайн» Ташкент: изд. АН Уз. СССР. -1957. -264 с.

4. Нуъмонов Э. У., Юсуфов З. Н., бурбонов Б. Он ки х,ар дам ки-миёе мекунй кимиёгар. Илм ва х,аёт. -1992. -№ 5-6. -с. 37-38.

5. Рабинович В. Л. Алхимия как феномен средневековой культуры, -М.: Наука, 1979. -350 стр.

6. XV» ^¿Jjti Ait ^iaJljb qjj^^U I^IJJJJ ^V^V. jjb ¿J^

7. Фигуровский Н.А. Очерк общей истории химии от древнейших времен до начало XIX в.-Москва: Наука. 1969. -307с.

8. Fabrcius J. Flhemy. The Medieval alchemists and hteir royal art/ By J. fabricius. - Copenhagen: Rosenkilde and Bagger, 1976. 228p.

ВКЛАД ДЖАБИР ИБН ХАЙЁНА В ВОЗНИКНОВЕНИЕ И РАЗВИТИЕ ХИМИЧЕСКОЙ НАУКИ

Б. КУРБОНОВ

доктор исторических наук, доцент, старший научнйй сотрудник Института истории, археологии и этнографии АН РТ тел. 934-44-41-52

В статье рассказывается о деятельности ученого-химика Джобира ибн Хайёна, его творчестве. Упоминается об ученых, которые были его учителями, и о его последователях. Рассматриваются некоторые источники, в которых упоминались произведения Джабира ибн Хайёна.

Ключевые слова: химия, агрохимия, ископаемые, тело, душа, растение, ученый.

CONTRIBUTION OF JABIR IBN KHAUON TO THE FOUNDATION AND DEVELOPMENT OF CHEMISTRY

BAHROM QURBONOV Doctor of historical sciences, senior research associate A. Donish Institute of History, archeology and ethnography Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan Tel.: 93 444 41 52

The article describes the main activity of the scientist and his creation in chemical culture. Some scientists who were his masters and some of his followers are named there. There is information on history of some sources which the compositions of Jabir ibn Khajon mentioned.

Keywords: Chemical culture, gatrochemistry, resources, body, soul, plant.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.