Научная статья на тему 'The tenet of the “existence unity” and its imaginative reflection in Amir Alisher Navoi’s poetry'

The tenet of the “existence unity” and its imaginative reflection in Amir Alisher Navoi’s poetry Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
146
118
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАЪЛИМОТИ ИБН АЛ-АРАБЙ ДАР БОРАИ ВАҳДАТИ ВУҷУД / ЭҷОДИЁТИ НАВОЙ / ҲОФИЗ / АНЪАНАИ ТАТАББӯЪНАВИСӣ ДАР НАЗМИ ФОРСУ ТОЦИК / УЧЕНИЕ ИБН АЛ-АРАБИ О "ЕДИНСТВЕ БЫТИЯ" ("ВАХДАТИ ВУДЖУД") / ТВОРЧЕСТВО НАВОИ / ХАФИЗ / ТРАДИЦИЯ СОСТАВЛЕНИЯ ТАТАББУ' (ОТВЕТ) В ПЕРСИДСКО-ТАДЖИКСКОЙ ПОЭЗИИ / IHN AL-FARABI'S TENET OF "EXISTENCE UNITY" (VAKHDATI VUJUD) / NAVOI 'S CREATION / TRADITION OF COMPOSING TATABBU (REPLY) IN PERSIAN-TAJIKPOETRY / KHAFIZ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Абдукадыров Абдусалом

В статье на основе подробного анализа одной газели Алишера Навои, написанной в ответ на стих Хафиза Ширази, подвергается анализу художественное преломление учения о «единстве бытия» известного восточного мистика Ибн ал-Араби в творчестве основоположника узбекской литературы. Утверждается, что путник (солик) только путем внутреннего очищения может достичь бако (вечность), в которой отражается единство Истины и творения.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Analyzing in details one gazel by Alisher Navoi written in reply to Khafiz Shirazi ’s verse the author canvasses an imaginative construction of the tenet of “existence unity” belonging to the well-known Oriental mystic Ibn al-Farabi in the creation of the founder of Uzbek literature. It is asserted that a traveller (solik) can reach bako (eternity) reflecting the unity of the Truth and creation only through inner purification.

Текст научной работы на тему «The tenet of the “existence unity” and its imaginative reflection in Amir Alisher Navoi’s poetry»

А. А бдукодиров

ВАХДАТИ ВУЧУД ВА ТАЛКИ НИ БАДЕИИ ОН ДАР НАЗМИ АМИР АЛИШЕРИ НАВОЙ

Вожатой калидй: таълимоти Ион ал-Арабй дар бораи вахдати вуцуд, эцодиёти Навой, Х°Физ, анъанаи татаббуънависй дар назми форсу тоцик

Яке аз масъалаи мухими тасаввуф вахдати вучуд мебошад. Вахдати вучуд ягонагии Аллох. коинот ва инсониятро ифода мекунад. Дар ин ягонагй Алл ох, (Х,ак,) ва олам (халк) баробар вохид хисоб карда шавад хам. дар он асос Аллох аст. Асосгузори таълимоти вахдати вучуд олим ва шоири машхури араб Мухйиддин ибн-ал Арабй (1165-1240) мебошад.

Мухйиддин ибн-ал Арабй масъалаи вахдати вучудро дар осори хеш «Фусус-ул-хикам» ва «Футухот-ул-Маккия» васеъ тахлил кардааст. Дар ин ду асар, хусусан, дар «Фусус-ул-хикам» вобаста ба вахдати вучуд масъалахои инсони комил, дар ашёю ходисахо тачаллй ёфтани Аллох. маънохои нихонй доштани Курьон. пояхои вилоят, паёмбарй ва f. тахкик карда шудааст. Фаъолияти Ибни Арабй ва, хусусан, масъалаи вахдати вучуд дар таълимоти у дар асархои олимони машхур А.Д. Книш (1), А. Шиммел (8) ва гайра то ба андозае гадкик шудааст.

Устод Сайд Нафисй ин истилохро чунин тавзех додаст: «.. .ин таъбири фалсафиро (яъне вахдати вучудро - A.A.) дар хама чо pantheisme истилох кардаанд, ки маънои тахтуллафзи он «Худо дар хама чо» аст. Мухимтарин таъбире, ки аз ин истилох кардаанд, ин аст, ки «Худо руи чахон аст ва чахон пайкари Худ ост», яъне «Худо хама чиз аст» ё ин ки гуфтаанд: «Харчй дар чахон хает, хакикате чуз вучуди Худо надорад», яъне «Хама чиз Худост». Суфияи Эрон бештар ин таъбирро писандидаанд, ки «Худо хама чо хает». Гохе гуфтаанд: «...хар махлук рохе ба Худо дорад ва рох ба Худо адади нуфуси халоик аст ва ночор

дар хар касе худое хает ва хама аз он асл бархостаанд ва аз он берун омадаанд» (3, 209-210).

Вахдати вучуд таълимоти илмии фаъол буда, дар он дар бораи олам, чамъият ва инсон акидахои багоят судманд баён карда шудааст. Баъзеи онхоро кайд менамоем. Якум, дар вахдати вучуд Аллох. олам ва одам аз хам чудо ва ё ба якдигар зид гузошта намешаванд. Дуюм, дар он ягонагии Аллох ва оламро асос карда, таъкид мегардад, ки дунёи моддй монанди дунёи илохй (Аллох) абадй аст. Сеюм, инсон факат чизи моддй ва маънавй (одам сохиби акл аст) набуда, дар сурати риёзати худшиносиро пурра тай кардан, ба дарачаи илохй мерасад. Ин сифат дар макоми инсони комил намоён мешавад. Чорум, олам аз тачаллии Аллох иборат буда, ин бештар дар инсон акс меёбад. Аз ин лихоз инсон фаъол шуда, олам ва хешро мисли Аллох зебо гардониданаш лозим. Зеро, у хамчун тачаллии Х,ак. барои осоиш, бародарй ва баробарй, рушду равнаки олам ва чамъият масъул аст.

Ин чо бояд кайд кард, ки вахдати вучуд масъалаи фалсафа бошад хам, он асосан дар осори бадей ифода ёфтааст. Вокеан. вахдати вучуд аз аерхои миёна cap карда гояи асосии бисёр осори бадеиро ташкил намуд. «Х,адикат-ул-хакика»-и Х,аким Саной (1080-1141), «Мантик-ут-тайр»-и Фаридуддини Аттор (1151-1221), «Маснавии маънавй»-и Румй (1207-1273) «Саломон ва Абсол» ва лирикаи Абдуррахмони Чомй (1414-1492) далели ин иддаоянд. Албатта, асархои шоири зуллисонайн Амир Алишери Навой хам дар ин бобат мустасно нест.

Фикру андешахои Навой дойр ба вахдати вучуд дар зимни Курьон. асархои фавкуззикр, инчунин, «Фусус-ул-хикам»-и Ибни Арабй, «Ламаот»-и Фахруддин Ирокй (1214-1289), «Лавоех». «Лавомеъ», «Шархи рубоиёт», «Ашиъат-ул-ламаот», «Нафахот-ул-унс»-и 4,0 мй. назми Хоча Камол, Х,офиз, Косими Анвор ташак-кул ёфт. Вокеан. Навой як шеъри Косими Анворро кайд мекунад, ки ба масъалаи ягонагии вучуд бахшида шуда буд, онро хануз ба мактаб нарафта аз бар карда будааст. Дар мактаб бошад, «Мантик-ут-тайр»-ро аз худ мекунад, ки дар ин асар гояи вахдати вучуд тавассути образхои мачозйталкин карда шудааст. Х,ангоми камолот зиёда аз дах асарро бо рохбарии Ч,омй меомузад, ки хамаи онхо ба тасаввуф, сахехтараш ба таълимоти вахдати вучуд пайвастагй доштанд. Зиёда аз он дар силсилаи накшбандия хам вахдати вучуд

эътироф карда мешуд, ки Навой ба он силсила мансуб буд. Мухимтар аз хама муршиди у Ч,омй дар ин хусус фикру андешахои хеле чолиб дошт. Вок,еан, Ч,омй. дойр ба муносибати Аллох ва олам фикр ронда «Х,ама аз усту гар нек бингарй, хама уст» гуён (6,6, 125), ба фикри Аттор ва Румй хамовозй мекунад. Дар як газалаш ягонагии вучудро манзур аз «Дуст» дар ин мисраъ Аллох аст, таъкид карда, менависад: «Ч,омй даруни хиркаи худ ёфт Дустро».

Навой низ фикру андешаи салафхои худ, хусусан, Аттор ва Ч,омиро рочеъ ба вахдати вучуд пайдарпай ривоч дод, ки он хам дар асархои лирикй ва хам дар асархои эпикии у инъикос ёфтааст. Чунончй, дар девони аввалини Навой шеърхо дойр ба вахдати вучуд ахёнан дучор мешаванд. Дар асархои солхои 1460-1470 таълиф намудаи шоир нисбат ба фикри «хама уст», яъне хама Аллох аст, гояи «хама аз уст», яъне хама аз Аллох аст, фаъолтар мебошад. Ин гоя дар «Хамса»-и Навой, махсусан достонхои «Фарход ва Ширин», «Лайливу Мачнун» инъикоси бештар ёфтааст. Навой ин фикри Чомй - «Маыпуку ишку ошик хар се якест»-ро (6,1,172) ривоч дода, дар ин достонхои худ дар мисоли вахдати ошик ва маъшук ягонагии вучудро нишон медихад.

Мухимаш дар он, ки Навой аз паи салафхои худ рафта, вахдати вучудро ба образхои шоирона ва санъатхои мухталифи сухан ифода мекунад. Дар хамаи онхо ягонагии вучуд дар маркази диккати шоир аст. Чунончй, дар як газалаш «чу нури Х,ак дар руят зохир шуд» бигуяд, дар дигараш «чу ёр дар хар чо мекунад чилваи хусн» мегуяд. Бино бар ин ба акидаи Навой, вахдати вучудро дар тимсолхои шоирона возеху равшан эхсос кардан мумкин аст:

Залили иищи ту Мацнун зи че.ураи Лайло, Хароби уусни ту Вомиц зи орази Азро. Ба нори шавци ту булбул туда чу хокистар, Валек зеби гулистонаш карда васфи адо (4,230).

Дар омади сухан кайд кардан л озим аст, ки дар эчодиёти Навой вахдати вучуд ба якдигар тавассути се хел тасвири бадей ифода шудааст. Аввалин, тасвири шоиронаи инщ мебошад, ки заминаи он хусн ва тачаллиётанд.

Хусн - камоли илохист. Аз ин ру, Аллох сохиби хусни мутлак аст. Аз у хусни мукайяд ба вучуд меояд. Ин хусн ба махлукот оид буда, он махдудият дорад. Бо вучуди ин дар хусни мукайяд хам хусни

васеъ тачаллист. Ба ибораи дигар, тачаллй - чилваи нури илохй дар сифатхо буда, ба туфайли он Алл ох дар тамоми олам зухур менамояд.

Дар хусни мутлак, чавхари нур, рух,и покро тачассум намуда, ишк онхоро тачаллй мекунонад ва ба якдигар мепайвандад. Навой тачаллиёти хусни мутлакро шоирона тасвир намуда, онро ба воситаи тимсолхои гуногуни рамзй, ташбех ва ташхисхо тасвир менамояд: Омад зи насими субуç буи ту маро, Дар равза намуд цилва куи туи маро. Гул дидаму шуд нишона рун ту маро, Маълум нашуд лек хуи ту маро (2,20,52).

Тасвири дуюм ба макоми факр вобаста аст. Ба акидаи Навой, факр рохи фаност. Аммо он аз риёзат иборат буда, манзилхои шариат, тарикдт ва хакикатро дар бар мегирад. Баъди пурра тай кардани онхо, ба фано расидан мумкин аст, ки он пояи расидан ба рух,и илохй буда, шахси ба он расида дар худ Хдкро мебинад ва вахдати вучудро мефахмад. Дар лирикаи Навой образи к,ахрамони лирики тавре офарида шудааст, ки дар он хамохангие ба «аналхак»-и Хдллочро дидан мумкин аст: Ёдаш, он навь диламро зи худи карда халос, Ки гах,е ёд наёяд ба дил аз хештанам. Ончунон май зи миёи рафта, х,ама у шудаам, Ки ба худ х;ец тахайюл накунам ии, ки манам. Гар бицуянд зи ман, х;ем иаёбаид цуз у, Ин тани орият ар з-ои, ки зи худ барфиканам (2,19,208).

Сеюм, мартабаи инсони комил мебошад. Ч,омй менависад, ки «мартабаи инсони комил... шаъни кулли чомеъ аст» (5,8,288). Навой дар навбати худ акидаи Чрмиро дар тасвири ишк ва факр ба таври чамъбаст ифода мекунад. Ба назари шоир, ишки аз мачоз ба хакика i расида ошикро ба камол мерасонад, чунки ишк аслан рохд камолот аст. Аз ин сабаб, дорой ишки хакикй будагонро инсони комил гуфтан мумкин аст. Мухимаш, дар ашхоси ба туфайли риёзати ишк ба камол расида вахдати вучуд намоён мешавад. Зеро, дар онхо орзухои нафсонй бархам хурда, факат рухи пок бокй мемонад. Солики риёзатхои факрро тай намуда ба ин гурух мансуб мебошад. Чунки у чун ошики Х,ак саъю кушиш намуда, аз худ комилан даст мекашад. Дар натича ба мартабаи инсони комил расида, бо маъшук ба вахдат мепайвандад.

Висол боядат аз хеш бигсил, эй Фонй,

Ки х,ар кй _р зи худ шуд чудо, ба у псшваст (2,18, 284).

Бояд тазаккур дод, ки дар шеърхои «Девони Фонй»-и Навой, ки дар поёни умраш тартиб дода буд, талкини вахдати вудуд мавкеи махсусро ишгол мекунад. Девон шомили 553 газал буда, аксари онхо татаббуъхоанд.

ТатаббуъхоиНавой ба газалхои Саъдй, Амир Хусрави Дехдавй, Х,офизи Шерозй, Камоли Худандй, Абдуррахлюпи Ч,омй барин шоирони бузурги тодик навишта шудааст. Дар татаббуъхо анъанахои шоирони тодик идома дода шудаанд, ки инро хам дар воситахои шакл-вазн, образ ва санъатхои сухан, хам дар унсурхои мазмун - мавзуъ ва гоя дидан мумкин аст. Аммо дар татаббуъхои Навой рухи мусобикаи эдодй низ инъикос ёфтааст. Зеро татаббуъ навиштан як шакли идома додани суннатхои адабй, зохдр кардани истеъдоди фитрй ва махорати шоирй, воситаи сандиши табъ буд. Гузашта аз ин татаббуъ як навъ мусобикаи адабй-эдодй ба шумор мерафт. Х,амаи нуктахои мазкур дар татаббуъхои орифонаи Навой баръало инъикос ёфтаанд.

Навой таъкид мекунад, ки газалхои орифонаи у аз эдодиёти Ч^омй маншаъ гирифтааст. Аммо, баробари ин дар татаббуъхои Навой, ки ба газалхои Амир Хусрави Дехлавй, Х,офизи Шерозй, Камоли Худандй навишта шудаанд, рухи орифона кавй аст. Инро дар татаббуъи зерини Навой ба газали Х,офиз хеле хуб эхсос кардан мумкин аст:

Маши сарвсш зи уавои цади дилцуи ту буд,

Буданам волан гулбарг уам аз рун ту буд.

Дар хами тоци фалак х;айъати цавсийи х,илол,

Аз паи зеби камонхонаи абруи ту буд.

Мурдам аз рашку дигар зинда ¡иудам, лек зи шавц,

Ки сах,ар нащати гулро бо чаман буи ту буд.

Дар хароботи мугон душ алоло то субх,,

Аз майи лаъли туву силсилаи муи ту буд.

Каъбаву дайр тафовут накунад чун х,ама цо,

Дида бар рун туву маши дилам суп ту буд.

Буд дар рох,и талаб равшании дидаю дил,

Тутиёранг х,ар он гард, ки аз кун ту буд.

Файзи цудсй расад аз нуктаи Фонй х,ар дам,

Ки х;адисаш сифати лаъли сухангуи ту буд (2,18, 402).

Ки х,ар кй _р зи худ шуд чудо, ба у псшваст (2,18, 284).

Бояд тазаккур дод, ки дар шеърхои «Девони Фонй»-и Навой, ки дар поёни умраш тартиб дода буд, талкини вахдати вудуд мавкеи махсусро ишгол мекунад. Девон шомили 553 газал буда, аксари онхо татаббуъхоанд.

ТатаббуъхоиНавой ба газалхои Саъдй, Амир Хусрави Дехдавй, Х,офизи Шерозй, Камоли Худандй, Абдуррахлюпи Ч,омй барин шоирони бузурги тодик навишта шудааст. Дар татаббуъхо анъанахои шоирони тодик идома дода шудаанд, ки инро хам дар воситахои шакл-вазн, образ ва санъатхои сухан, хам дар унсурхои мазмун - мавзуъ ва гоя дидан мумкин аст. Аммо дар татаббуъхои Навой рухи мусобикаи эдодй низ инъикос ёфтааст. Зеро татаббуъ навиштан як шакли идома додани суннатхои адабй, зохдр кардани истеъдоди фитрй ва махорати шоирй, воситаи сандиши табъ буд. Гузашта аз ин татаббуъ як навъ мусобикаи адабй-эдодй ба шумор мерафт. Х,амаи нуктахои мазкур дар татаббуъхои орифонаи Навой баръало инъикос ёфтаанд.

Навой таъкид мекунад, ки газалхои орифонаи у аз эдодиёти Ч^омй маншаъ гирифтааст. Аммо, баробари ин дар татаббуъхои Навой, ки ба газалхои Амир Хусрави Дехлавй, Х,офизи Шерозй, Камоли Худандй навишта шудаанд, рухи орифона кавй аст. Инро дар татаббуъи зерини Навой ба газали Х,офиз хеле хуб эхсос кардан мумкин аст:

Маши сарвсш зи уавои цади дилцуи ту буд,

Буданам волан гулбарг уам аз рун ту буд.

Дар хами тоци фалак х;айъати цавсийи х,илол,

Аз паи зеби камонхонаи абруи ту буд.

Мурдам аз рашку дигар зинда ¡иудам, лек зи шавц,

Ки сах,ар нащати гулро бо чаман буи ту буд.

Дар хароботи мугон душ алоло то субх,,

Аз майи лаъли туву силсилаи муи ту буд.

Каъбаву дайр тафовут накунад чун х,ама цо,

Дида бар рун туву маши дилам суп ту буд.

Буд дар рох,и талаб равшании дидаю дил,

Тутиёранг х,ар он гард, ки аз кун ту буд.

Файзи цудсй расад аз нуктаи Фонй х,ар дам,

Ки х;адисаш сифати лаъли сухангуи ту буд (2,18, 402).

Ин шеъри Навой татаббуъ бар газали Х,офизи Шерозй аст бо матлаи зерин:

Душ дар %алцаи мо циссаи гесуи ту буд,

То дили шаб сухан аз силсилсш муи ту буд (5,267).

Х,ам дар газали Х,офиз, хам дар газали Навой фикрронии рамзй устувор мебошад. Дар хар ду газал хам кахрамони лирикй - солики ошик, аст. Эхсоси ошиконаи у бо воситаи зебосанами дунявй ба сохиби хусни илохй нигаронида шудааст. Дар газали Хрфиз шавки расидан ба ёр дастнорасии висоли махбуб инъикос ёфтааст. Шоир аз аввал то охири газал аз санъати муболш а истифода бурда, чараёни орзуи ба ягонагии вучуд расидани кахрамони лирикиро нишон медихад.

Дар газали Навой бошад, максади тасвири рамзй нишон додани худи вахдати вучуд равон аст. Кахрамони лирикй ба камолоти шухуд расида аст, бино бар ин дар хар як чиз ва ходиса тачаллиёти илохиро мебинад. Шоир ин нуктаро тадричан, байт ба байт кушода медихад.

Кахрамони лирикй-мафтуни чамоли илохй аст. Ин зебоиро дар табиат дида, нищи у боз пуркувват мешавад. Аз таъсири ин зебой у худашро фаромуш мекунад ва ба хол мерасад ва хатто мемирад. Аммо аз буи илохй, ки дар гул аз махбуби хакикй манша гирифта буд, боз зинда мешавад. Ба атроф нигох карда, дар хама чо касони монанди худро мебинад. Х,атто сокинони майхонаро мебинад, ки онхо низ дар асл аз майи тачаллии илохй мает буданд. Акнун барои у фарки Каъба ва бутхона намемонад. Зеро, чашми кахрамони лирикй дар хама чо ба чамоли илохй меафтад. Баъд аз он у дар худаш низ вахдати вучудро хис мекунад.

Дар татаббуъ махорати Навой равшан намоён шудааст. Шоир дар хар як байти татаббуъ аз санъатхои сухан истифода бурда, вахдати вучудро нишон медихад. Чунончй, дар байти аввал аз санъати лаффу нашри ташбехдор истифода шудааст.

Дар байт кайд карда мешавад, ки кахрамони лирикй ба комати ёр хавас намуда, ба сарв майл кардааст. Дар орзуи чамоли ёр бошад у ба гулбарг мафтун шудааст. Шоир аз алокамандии мафхумхои сарв-кад, гулбарг-ру истифода намуда вахдати вучудро инъикос мекунад. Таносуби суханро санъати ташбехи пушида, ки дар хамин байт омадааст, низ таквият медихад.

Дар санъати тасбех калимае, ки дар охири миераи аввали байт омадааст, дар аввали миераи дуюм низ меояд. Дар байти Навой

калимаи «буд» дар охири мисраи аввал ва аввали мисраи дуюм омадааст. Ин калимаро такрор истифода кардани Навой бесабаб нест. Дарвокеъ, калимаи «буд» маънои вучуд, чизи мавчударо медихад. Дар мисраи дуюм он дар шакли «буданам» омада, мавчуд будани кахрамони лирикиро ифода кардааст. Бо талкини шоир, вучуди он, яъне Х,ак буд, ки будани кахрамони лирикй низ мавчуд шуд. Чунки мавчудияти кахрамони лирикй факат ба он, яъне ба Х,ак вобаста аст. Зеро, он набошад хеч кас намешуд. Инро тачаллии зебоии илохй сарв ва гулбарг низ тасдик мекунанд. Навой бо воситаи санъати тасбех фикри «хама аз уст»-ро не, балки «хама уст»-ро тарафдорй менамояд.

Дар байти дуюм аз санъатхои муболига ва ташбех истифода шудааст. Вожаю иборахои «хами токи фалак», «кавс», ки хам ба маънои камон ва хам бурчи нухуми фклак аст ва «хилол» дар мисраи якум, камонхона ва «абру» дар мисраи дувум алокамандии том доранд. Гузашта аз ин. Навой бо истифода аз вожахои байти дувуми газали Х,офиз маънои нав офаридааст. Шоир таъкид мекунад, ки дар асл мохи нави фалак барои ороиши камонхонаи абруи ёр мебошад. Рашки аз таъсири тачаллиёти зебоии маъшук ба вучуд омада, ошикро халок мекунад. Шоир дар байти сеюм аз санъатхои муболигаю тазод истифода бурда, тасвири холро, ки дар вучуди ошик вокеъ шудааст, нишон медихад. Кахрамони лирикй кудрати маъшукро хис мекунад. «Мурдам» ва «зинда шудам» эътирофи он мебошад. Рашк ошикро халок кунад, шавк зинда мегардонад, зеро сахар накхати гул дар чаман ба ошик буи ёрро мерасонад. Маълум мешавад, ки халоку зиндакунанда худи маъшук мебошад.

Мурдан фано аст, аммо ин марг аз худй чудо шудан аст. Ошик бо туфайли маъшук хам аз худ, хам аз худй чудо шудааст. Дар натича у ба холи фано расидааст. Вале баъд аз он аз буи ёр, ки дар гул мунъакис гардида буд, боз зинда шудааст. Ин бошад баъд аз фанои худй бако дар Х,ак мебошад.

Дар байти чорум боз аз санъати муболига истифода шуда, ба орзуи ба Х,ак расидани ахли олам ишора карда шудааст. Шоир инро дар тасвири ахли майхона, ки то сахар дар бораи майи лаби маъшука ва силсилаи зулфи у бахс мекарданд, нишон медихад. Мухимаш дар он, ки дар ин тасвири мачозй силсилаи зулф вобастагии хамаи мутакобилаи чизхои коинотро, май бошад

дар тамоми олам мавчуд будани тачаллиёти нури илохиро ифода кардааст. Ин фикр дар байти панчум махсус таъкид шудааст.

Вокеан, дар ин байт тасвир карда мешавад, ки баъди дар хамаи ашёю ходисот чамоли Хдкро дидани кахрамони лирикй барои у байни Каъба ва бутхона тафовут намемонад. Ин фикри ба вахдати вучуд расидани уро исбот мекунад. Навой инро бо тарзи нихонию пардапуш не, балки ошкоро ифода мекунад. Ба акидаи шоир инсони ба дарачаи шухуд. яъне ба камолоти дида тавонистани Х,ак расида, ба хамин фикр меояд. Навой кахрамони лирикии ба хамин дарача расидаро бо воситаи санъати тавзеъ нишон медихад.

Тавзеъ санъати дар мисрахо ба тарзи ба хам мутаносиб овардани садонок ва хамсадохо мебошад. Аммо ин хамохангии харфхо бояд маънои вожахоро таквият диханд. Бо тарзи дигар (уем. хамохангии овозу харфхо. дар калимахое. ки онхо иштирок намудаанд, фикри муайянро ифода карданаш лозим. Дар калимахои дида-дилам, туву-ту, руи - суи, руи ту-суи ту, ки дар мисраи дуюми байт омадаанд, санъати тавзеъ акс ёфтааст.

Дил-макоми Х,ак аст. У пок шавад маъшук дар он чой мегирад. Дил ба Х,ак маъво шавад, чашми калб кушода мешавад. Дар натича, инсон тамоми оламро бо чашми Х,ак мебинад. Ин бошад аз байн рафтани худй аст. Кахрамони лирикй баъди расидан ба ин дарача, у туву-ту гуфта, дар хама чиз вахдатро хис мекунад. Ба кадом суй, ки нангарад, руи маъшукро мебинад. Аз ин лихоз у хама тарафро «суи ту» ва хама чизро «руи ту» i уён таъкид мекунад.

Навой дар байти шашум аз санъати тасдир истифода бурда, ин фикрро амиктар ифода менамояд. Мохияти санъати тасдир, ки онро род-ул-ачуз ила-с-садр низ меноманд, бозгашт додани калимаи охири чумла аст дар поён. Устод Мухаммад Ризои Кадканй мегуяд, ки санъат «...агар битавонад вазифаи хунарй анчом дихад ва аз макулаи мусикии маънавй ба хдсоб ояд, бегумон дар сурате хохад буд, ки ин шоириро калима дар холате хос иттифок афтода бошад...» (6, 312). Намудхои ин санъат бисёр буда. Навой дар ин байт аз тасдири тасбехй истифода бурдааст. Дар он калимаи охирини байти аввал байти навбатиро cap мекунад ва ба охир мерасонад. Аммо дар газали мавриди тахлил маънои калимае, ки бинои санъат бар он аст, ба мадци аввал мебарояд.

Вокеан, шоир маънохои калимаи «буд» - «хастй», «будан», «буданй»- ро барои инъикоси абадият ва ягонагии Х,ак ва халк

истифода мебарад. Зеро дар калимаи «буд», ки асоси санъати тасдири тасбехй шуда дар охири байти пандум омадааст, вахдати шухудро ифода карда бошад, дар калимаи «буд»-и огози байти шашум ба бакои кахрамони лирикии ба шухуд расида ишора мекунад. Дар калимаи «буд»-и охири байти шашум ба хамдигар вобаста будани хамаи мавдудот тадассум шудааст.

Шоир дар байти охирин хамаи фикрхои дар боло омадаро дамъбаст мекунад. Аниктараш, фикрхои дар бораи ягонагии вудуд кайд шудаи байтхои пешинро боз таъкид менамояд.

Дарвокеь. Навой дар яке газалхои узбекиаш махсус таъкид намуда, инсон «Чу бо нутк шуд мумтоз аз хама хайвон» (2, 6, 12) мегуяд ва дар дигар газалаш дилваи дамоли Х,ак дар ашёю ходисахои олам акс ёбад хам, намуди мукаммали худро дар инсон намоён карданашро зикр мекунад: «Эй, дилваи дамолат миръот байни инсу дон аст. Лек он дилваи комил дар мазхари инсон аст» (2,5,9). Ин хел усули тасвир дар татаббуъхои орифонаи Навой, ки ба азалхои Ч,омй навишта шудааст, боз хам чукуртар ривод дода шудааст. Чунончй, ин холат дар татаббуъи Навой, ки бар газали Чомй навишта шудааст, бештар ба мушохида мерасад. Газали Чомй, ки Qo байти зерин cap мешавад: Боде, ки гузораш ба сари куи ту ёбам, Цон бод фидояш, ки аз буи ту ёбам (6,2,173).

Дар газали Чомй ба тадаллиёти хусни мутлак дар чизу ходисахои табиат бештар диккат дода шавад, дар татаббуъи Навой эътибор асосан ба инсон дода мешавад. Чунки, бо талкини Навой, зухуроти илохй нисбат ба дигар чизхо дар инсон равшантар акс меёбад. Ин мантикан дуруст буд. Аммо, баробари ин. Навой тадаллиёти илохиро, ки дар олам акс ёфтааст аз эътибор сокит намекунад. Дар тасвир аз усули параллелизм истифода бурда, багоят зебо акс ёфтани ягонагии вудудро дар тамоми олам ва, хусусан, дар инсон бо ифодахои шоирона нишон медихад. Инро дар се байти татаббуъ хам равшан дидан мумкин аст:

Анвори тацаллй зи ма.уи рун ту ёбам, Меуроби дуо тоци ду абруи ту ёбам. Дил гар шавад овора зи ошуфтагии иищ, Хчр су талибам, оцибаташ су и ту ёбам... Фонй, ки дилаш дар шаби савдои ту гум шуд,

Гар ёбамаш аз турраи уиндуи ту ёбам (2,19,212). Дар байти охирини татаббуъ ба калимаи «дил» эътибори мах-сус дода шудааст, ки ин бесабаб нест. Дил узви асосии вудуди инсон мебошад, ки дар он Аллох зухур мекунад. Солике, ки барои дарёфти Х,ак кушиш мекунад, аввал дилашро дило над ода, яъне онро пок накарда, ба максад расида наметавонад. Х,атто гуфтан мумкин аст, ки дилро пок накарда, ба ягон покй расида имконнопазир аст. Барои хамин хам Навой покии дилро гарави домаи амал пушидани хамаи орзухо гуфта, дили пок «ба холик аст дилвагох» (2,7,73), агар он пок набошад «акс наандозад ба у подшох» (2,12,92) гуён, хостгорхои рохи Хдкро катъиян огох мекунад.

Маълум мешавад, ки инсон то пок нашавад, ба у аз сирри покй - Аллох хабар намерасад. Баъди пок гардидан бошад аз нури васл бахраманд шуда, хаки кат ро дарк мекунад ва бакоро хис менамояд. Дар ин бако ягонагии Х,ак ва халк акс меёбад. Х,амин тавр Навой абадияти Хдкро ба олам, хаёт ва дамият нисбат дода, ба инсон вобастагй доштанашро низ таъкид мекунад. Ин талкини Навой дар хама даврхо вахдати вудудро замонавй месозад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Кньпп А.Д. Мусульманский мистицизм. -Москва -Санкт-Петербург: Диля, 2004

2. Навой А. Куллиёт. Дар 20 дилд. - Тошканд: Фан, 2003

3. Нафисй, Сайд. Сарчашмаи тасаввуф дар Эрон,- Техрон: Асотир, 1383

4. Фонй А. Девони форсй. - Душанбе: Ирфон, 1993

5. Х,офиз. Куллиёт. - Душанбе: Ирфон, 1983

6. Ч,омй А. Осор. Дар 8 дилд. - Душанбе: Адиб, 1988

7. Шафеии Кадканй, Мухаммад Ризо. Мусикии шеър. -Техрон, 1376

8. Шиммель А. Мир исламского мистицизма. - Москва: Алитейа, Энигма, 2000

Учение о «единстве бытия» и его художественное отражение в поэзии Амира Алишера Навои

А. Абду кадыров

Ключевые слова: учение Ибн ал-Араби о «единстве бытия» («вахдати вуджуд»), творчество Навои, Хафиз, традиция составления татаббу' (ответ) в персидско-таджикской поэзии

В статье на основе подробного анализа одной газели Алишера Навои, написанной в ответ на стих Хафиза Ширази, подвергается анализу художественное преломление учения о «единстве бытия» известного восточного мистика Ибн ал-Араби в творчестве основоположника узбекского литературы. Утверждается, что путник (солик) только путем внутреннего очищения может достичь бако (вечность), в которой отражается единство Истины и творения.

The Tenet of the "Existence Unity" and its Imaginative Reflection in Amir Alisher Navoi's Poetry

A.Abdukodyrov

Key words: Ibn al-Farabi's tenet of "existence unity" (vakhdati vujud), Na\'oi s creation, Khafz, tradition of composingtatabbu (reply) in Persian-Tajik poetry

Analyzing in details one gazel by Alisher Navoi written in reply to Khctfiz Shirazi s verse the author canvasses an imaginative construction of the tenet of "existence unity" belonging to the well-known Oriental mystic Ibn al-Farabi in the creation of the founder of Uzbek literature. It is asserted that a traveller (solik) can reach bako (eternity) reflecting the unity of the Truth and creation only through inner purification.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.