Научная статья на тему 'TALE IN THE TAJIK CHILDREN PROSE'

TALE IN THE TAJIK CHILDREN PROSE Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
55
46
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АВТОР / СКАЗКА / ЖАНР / СТИЛЬ / ЦЕЛЬ / МЕЧТА / ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Исматуллоев Мирзо Раджабалиевич

В данной статье автор исследует истории появления сказки в таджикской детской литературе. Сказка считается одним из старинных жанров литературы, в ней показана мечта и радостной жизни крестника. Жанр сказки для развития познания и образа детей имеет огромное значения. Автор выполнил ту задачу, которую поставил перед собой.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

СКАЗКА В ТАДЖИКСКОЙ ДЕТСКОЙ ПРОЗЕ

In this article the author researches the emerge of tale in the Tajik children literature. The tale is considered of the oldest genre of literature, it dealt with dream and a joy of the life of peasants. The tale for the development of cognition and children image as well as.

Текст научной работы на тему «TALE IN THE TAJIK CHILDREN PROSE»

About author: Abdulazizova Zebo Sadullaevna, candidate of philological sciences, senior lecturer of the Department of History and Philology , Tajik State University of Commerce, e-mail: zebo61@mail.ru

АФСОНА ДАР НАСРИ БАЧАГОНАИ ТО^ИК

Исматуллоев М. Р.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айнй

Жанрхои насрии адабиёти бачагонаи точик аз кабили ривоят, афсона, хикоя, повест ва гайра барои боз хам васеътар ва чукуртар омухтани, мохияти зиндагй ва бохабар шудан аз тамоми муаммохои хаёт ёрй мерасонанд. Х,ар як образ ва симое, ки дар ин ё он жанр офарида мешавад, барои атфоли синну соли гуногун шавковар, гушнавоз ва ибратомуз аст. Доир ба ин масъала профессор Бобокалонова чунин мегуяд: «Хонандаи_ асари бачагона айнан ба рафтору кирдор ва суханони кахрамони асари бадей бовар мекунад. У одатан хамрохи кахрамони асари бадей азоби рухй мекашад, баробари у шодй ва хурсандй мекунад, гиря ва бозй мекунад.

Темур ва Барис Голикови Гайдар, Садриддини Айнй, Собири Улугзода, Мирсаиди Миршакар, Содики Х,очй Содик, Х,асани Толис ва садхо дигар кахрамонони офаридаи нависандагони мо намунаи ибрати наврасон гардидаанд» [3, c. 19].

Яке аз маъмултарин ва кадимтарин жанрхои фолклор дар адабиёти бачагонаи точик ин -афсона мебошад. ^исми зиёди афсонахо мазмуни фантастикй дошта, вале асоси гоявии онхоро хакикати хаётй ташкил додаст. Дар афсонахо бештар орзу ва хаёлоти ширини мардуми мехнаткаш инъикос ёфтааст. Афсонахоро инчунин мачмуи акида ва тасаввуроти халк дар бораи зебой, ходисахои табиат, мухит, чамъият, муносибатхои одамон номидан мумкин аст. Дар афсонахо аклу заковат, идрок, фахмиш ва чахонбинии халк тасвири бадеии худро ёфтаанд.

Жанри афсона барои ташаккули фикр, акида ва тасаввуроти бачахо ахамияти бузург дорад. Онхо махсусан дар хурдй табиатан ба афсона эхтиёчманд мебошанд ва хаёти вокеиро ба воситаи афсонахо дарк мекунанд, дар акидаву фахмиши онхо хама чиз, хамаи ходисаву вокеахои хаётй тобишхои афсонавй доранд. Он дар чараёни бозихои гуногун худро хамчун кахрамонхои афсонавй тасаввур карда, худ ба худ гап мезананд, харакат ва амал мекунанд, аз хаёлоти худ хар хел кахрамонхои ачоибро бофта мебароянд. Ин тарик муносибат ба афсонахо барои инкишофи тахаюли бачагон дорои ахамияти калон мебошад. Жанри афсона хусусиятхои ба худ хос дорад ва метавонад дар замири бачагон ташаккули фикр ва тасаввуроти онхоро нисбат ба вокеахои хаёт бой гардонад ва дигар созад.

Оид ба нашри китобхои фолклорй барои бачагон аз чумла, жанри афсона академик Р.Амонов чунин ибрози андеша менамояд: «Дар насри бачагона афсона барин жанри анъанавии адабиёти бачагона мавкеи худро торафт бештар вусъат медод ва мустахкам мекард. Аввалан, бо ташаббуси нависандагон Х,аким Карим, Рахим Ч,алил, Абдусалом Дехотй, Ч,алол Икромй бисёр афсонахои халкй ба чоп хозир шуд. Кибриё Лутфуллоева аввалин мачмуи афсонахои машхури халкии точикро ба чоп хозир кард, ки ба он «Бузаки чингилапо», «Бибй ^унгузак», «Кана ва мурча», «Хари хиллагар», «Рубох ва самак», «Шагол ва лаклактабиб» ва гайрахо дохил шудаанд» [1, c. 92].

Доир ба хелхои гуногуни афсона хаминро кайд кардан зарур аст, ки онхо вобаста ба вусъати мавзуъ хеле зиёданд: доир ба мехнат, адлу инсоф, дуст доштани табиату Ватан, зулму истибдод, ноахлй, зебой, хизмат ба халку ватан, хурмату эхтироми волидайн, омухтани, илму дониш, ишку мухаббат, бовичдониву софдилй ва афсонахои хачвй аз кабили «Айёру Маккор», «Лаку Пак», «Ду хасис», афсонахои тилисмй-муъчизавй (фонтастикй) ва гайра.

Гузашта аз он, адибони классик хакикати хаётро, ки дар осори дахонакии халк ба шакли романтикй - хаёлу орзу акс меёфт, бо чашми хирад санчида, мохирона истифода мебурданд. «Офариннома»-и Абушакури Балхй, «Гуштоспнома»-и Дакикй, «Шохнома»-и Фирдавсй, «Х,афт пайкар»-и Низомии Ганчавй, «Бустон» ва «Гулистон»-и Саъдй, «Рисолаи Дилкушо»-и Убайди Зоконй, «Бахористон»-и Ч,омй саршор аз афсонаву ривоятхои халкй мебошанд, ки имруз хам мохияти тарбиявй ва таълимии худро гум накардаанд. Гайр аз ин, дар адабиёти точик хам барои наврасон ва хам барои калонсолон мачмуахои махсуси афсонахо, монанди «Ч,авомеъ-ул-хикоёт»-и Авфй, «Самаки Айёр», «фотами Той», «Чор дарвеш», «разору як шаб» ва амсоли ин маълуманд.

Ч,ихати дигари кобили диккати афсонахо ин аст, ки вобаста ба давру замон, тагйироти чамъиятй гуяндагон онхоро тагйиру такмил медихад. Вобаста ба ин масъала адабиётшинос

Носирчон Маъсумй чунин мегуяд: «Ахамият, характер, образ ва мундаричаи афсонахоро хам худи зиндагии халки мехнаткаш, сохти чамъиятй, муносибати истехсолй ва чамъиятй муайян мекунад. Халк афсонахои худро ба фаъолияти гуногуни мехнатии худ, ба идея, ахлок, орзую хавас, кушишу мубориза, ба характер ва шаклу вазъияти зиндагии давра вобаста кардааст» [4, с. 63].

Чунонки Н.Маъсумй кайд мекунад, материали эчоди ин кабил афсонахоро хаёти харрузаи худи мардум медихад ва дар натича ин намуди афсонахо ба омма наздик шуда, тамоми хислатхои инсониро вобаста ба замони афсонахо дар худ тачассум мекунад. Чунки хар замон проблемахои чиддии худро доро мебошад ва сюжети ин афсонахо вобаста ба масъалахои рузмара сохта ва бофта мешавад.

Дар адабиёти пургановати мо афсонахои зиёде мавчуданд, ки доир ба хайвонот аз чихати сохт, забону услуб, образ мушаххас ва содаанд. Асоси сюжети ин намуд афсонахоро аксар вакт бо хам дучор шудани якчанд хайвонот ташкил медихад. Афсонахои «Бузаки чингилапо», «Хонача», «Гург ва рубох», Гурбачаи дайду», «Гурги нодон», «Канахаки рукандаву муканда», «Лакпактаго» хамин кобиланд.

Афсонахои сехрангез дар хаёти бачагон мавкеи мухим доранд. Бачагон ин намуди афсонахоро бо шавку хаваси зиёд мутолиа менамоянд. Дар онхо халк бехтарин орзухои худро нисбат ба зиндагй иброз медоштанд. Аз кадим халк орзу мекард, ки мисли укоб озодона парвоз кунад, бо суръати тез рох рафта, ба манзили максуд расад. Чунончи дар афсонахои ачоибу гароиби «Аспи чубин», «Алибобо ва чил рохзан», «Аловиддин ва чароги сехрнок», «Х,афтдодарон», «Чархи гардон ва дуки ларзон» ва гайра аз орзуву умеди начибонаи халк ифода ёфтааст.

Аз ин бармеояд, ки асоси гоявй ва мундаричавии афсонахои сехрангезро муборизаи ду кувва: бадй ва некй, ба хам мукобилгузории онхо ташкил медихад. Максади гуяндагони ин кабил афсонахо дар замири бачагон тарбия намудани идеалхои начиби инсонй, ва гояи галаба бар зидди кувватхои бад аст. Манфиатхои мардуми мехнаткашро ба воситаи кахрамонхои мусбат хифз намудан, хизмат ба халку ватанро карзи инсонии худ донистан, тазодхои зиндагиро ба манфиати омма хал намудан, максади асосии ин навъи афсонахо аст. Дар хал намудани мушкилоти кахрамонони ин афсонахо баъзе ашёхои рузгор ба монанди шона, оина, чарог, ангуштарин ва гайра ёрй мерасонанд. Масалан, баъди он ки марди магрибй дари чохи зеризаминиро ба руи Аловаддин мебандад, ба у ангуштарини сехрнокаш ёрй мерасонад. Ё ки шонаро кахрамон ба замин партояд, чангалзор пайдо мешавад, агар оинаро партояд, дарёи калони пуртугён пайдо шуда, пеши рохи дев, кампири чалочин ва дигар куввахои бадро мегирад.

Х,амин тарик, вобаста ба инкишофи сюжети афсона дар хар лахза паи хамдигар ходисахои «гушношунидаву чашмнадида» ба амал омадан мегиранд ва кахрамонхои мусбат ба саргузаштхои ачоибу гароиб дучор меоянд. Яъне, афсонахои сехрангез на танхо барои инкишофи тасаввуроти бачагон ёрй мерасонанд ва хаёлоти эчодии онхоро бою ганй мегардонанд, балки дар онхо кахрамонй, далерй, вафодорй, росткавлй, ростгуй, ватандустиву халкпарварй барин хислатхои хуби инсониро мепарваранд.

Гузашта аз он, дар замони салтанати давлати абаркудрати собик Шуравй дар бораи таъсис додани «театри бачагона» ва ба сахна гузоштани асархои фолклорй аз кабили афсонахои халкй дар байни олимон ва зиёиёни точик ба миён омада буд. Х,атто дар ин мавзуъ шоир ва драманависи точик Наримон Бакозода_«Театри бачагон канй?» (Адабиёт ва санъат, 21-уми маи соли 1987) маколае чоп намуда буд. У пешниход намуда буд, ки дар заминаи театри «Лухтак» таъсис намудани театри махсуси бачагонаи чумхурй таъсис дода шавад, ки пешниход дар байни ахли зиёи кишвар ва ахли адаб хамовозии васеъро сохиб гардида буд. Оид ба ин масъала профессор Ч,.Бобокалонова андешахои чолиб намуда буд: «Ба сахна гузошта шудани асари фолклорй руйдоди хубест. Хоса мазмуни афсонахои халкй барои хурдсолон хеле марокангезанд. Кадом кудак намехохад, ки ба персонажхои дилчуи афсонахои халкй рубару ояд ва онхоро бо чашмони хеш бубинад? Пас, ташкили театри кудакон хатмй зарур аст. Вобаста ба ин, офаридани асархои драмавй ба хурдсолон айни муддао аст. Табиист, ки тавассути инкишофи асархои сахнавии бачагона танкиди он низ ба вучуд меояд ва инкишоф меёбад. Х,айати театрхоро лозим аст бо адибони бачагон бештар хамкорй кунанд, намунахои хуби назму насри халкй ва драмавиро хунармандона коргардонй намоянд, ба ахли калам талабномахо пешниход кунанд. Чунин усули кор ва хамкории эчодию хунарй ба пешрафти накди адабии адабиёти атфол кумаки хубе мерасонад» [2, с. 192].

Хулоса, жанри афсона дар ташаккули шахсияти бачагон накши бориз мегузорад. Афсонахо онхоро дар зиндагй ва кору рафтори харруза пухта гардонида, барои ба манфиати халку ватан хизмат намудан рахнамун месозад.

Адабиёт:

1. Аминов Р. Детская литература. История таджикской советской литературы. Т. VI. (Ч. 1.). -Душанбе: Дониш, 1982. 347с.

2. Бобокалонова Дж. Некаторые взгляды на истории критики таджикской литературы. -Душанбе: Ирфон, 2003. 306с.

3. Детская литература. Методическая рекомендация (составитель Джонон Бобокалонова). Часть 1. - Душанбе, 1989. 57с.

4. Маъсуми Н. Таджикский фолклор. - Душанбе, 1952. С.63.

СКАЗКА В ТАДЖИКСКОЙ ДЕТСКОЙ ПРОЗЕ

В данной статье автор исследует истории появления сказки в таджикской детской литературе. Сказка считается одним из старинных жанров литературы, в ней показана мечта и радостной жизни крестяника. Жанр сказки для развития познания и образа детей имеет огромное значения. Автор выполнил ту задачу, которую поствил перед собой.

Ключевые слова: автор, сказка, жанр, стиль, цель, мечта, изображение, мысль.

TALE IN THE TAJIK CHILDREN PROSE

In this article the author researches the emerge of tale in the Tajik children literature. The tale is considered of the oldest genre of literature, it dealt with dream and a joy of the life of peasants. The tale for the development of cognition and children image as well as. Key words: author, tale, genre, style, aim, dream, image, think.

Сведения об авторе: Исматуллоев Мирзо Рачабалиевич, кандидат филологических наук, доцент, докторант Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни

About author: Ismatulloev Mirzo, Ph.D in philology sciences, Associcele professor, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

ЗИНА^ОИ РУШДИ ТЕЛЕВИЗИОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИЦЛОЛИЯТИ ЧУМ^УРИИ ТОЧ.ИКИСТОН

Умарова Г.

Донишкадаи давлатии санъати Тоцикистон ба номи М. Турсунзода

Журналистикаи точик зинахои зиёди таърихиро убур кардааст. Олимони намоёни сохд, профессор Иброхим Усмонов ва Давлат Давронов кайд менамоянд, ки барои омухтани таърихи журналистика бояд: «Пеш аз хдма муайян кардани он мухим аст, ки ба сифати хатии инкишофии журналистикаи точик кадом меъёрхо мувофиктар мебошад: матбуоти форсизабонхо, Мовароуннахр ё матбуоти сирф точикии Осиёи Миёна» [5, с. 5].

Чун бузургони сохд устод Садриддин Айнй ба матбуот ва рушти он аз матбуоти сирф точикй истифода бурдаанд мо низ барои рушани андохтани як шохаи матбуот- телевизион ба он такя менамоем.

Журналистикаи хар як миллат ба он вобастааст,ки вай дар кадом чомеа ко рва эчод менамояд. Ва назорат аз болои ахбори омма дар кадом чорчуба карор гирифтааст.

Дар шароити кунунй, ки чахонишавй босуръат чомеаро фаро мегирад руз аз руз тахдиди нав чун ифротгароиву терроризм тамаддунхои миллиро тахдид менамояд. Аз ин ру ягона рохи мукобила ба ин тахдидхо таквият бахшидан ба кори кормандони ВАО таваччух бахшидан ба фарханги эчоди онхо ва рангину пурмухтаво намудани барномахои Радио ва телевизион мебошад.

Дар бораи пайдоиши телевизион олимон сухан ронда мегуянд,ки « Огози онро пайдоиши лампа (чарог) - чароги электроннии вакумй асос гузошт...» [1, с. 11].

Мо дар кори худ дар бораи техника ва технологияи ТВ гузаштаи телевизионро бозгуйи наменамоём. Бештар ба тахаввул, яъне зина ба зина рушти ТВ дар Точикистонро дида баромада дар бораи инкишофи он дар солхои истиклолияти Чумхурии Точикистон истода мегузарем.

Нахустин тачрибахои намоишхои телевизион дар солхои 1930-юми асри ХХ дар Олмон сурат гирифт. Тачрибахои дигаре, ки дар Россия ба вукеъ пайваст ба солхои 1930-1935 рост меояд. Сабаби асосии рушт накардани телевизион дар он аст, ки солхои 1935- 1937 дар Олмон хукумати фашистй бо рохбарии Адолф Гитлер пайдо шуд ва ба амнияти кишвархои хамсоя

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.