Научная статья на тему '«ШӮЪЛАИ ИНҚИЛОБ» ВА ОМИЛҲОИ ПАЙДОИШИ ОН'

«ШӮЪЛАИ ИНҚИЛОБ» ВА ОМИЛҲОИ ПАЙДОИШИ ОН Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
25
5
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” / Саидризо Ализода / матбуот / маорифпарвар / Самарқанд / "Flame of Revolution" magazine / Saidrizo Alizoda / press / educator / Samarkand

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Абдуллоева Шоира Рақибовна

Дар мақола муаллиф бо назардошти омӯзишу таҳқиқи таърихи матбуоти тоҷик талош намудааст, ки дар боби омилҳо ва заминаҳои пайдоиши нахустин маҷаллаи тоҷикии даврони собиқ Шӯравӣ “Шуълаи инқилоб” маълумот диҳад. Дар оғози мақола муҳимияти матбуот барои ҷомеа аз нигоҳи чеҳраҳои мондагори наҳзати маорифпарварӣ шарҳу эзоҳ дода шудааст. Ҳамчунин муаллиф бо истифода аз сарчашмаҳои мӯътамад ва диду нигоҳи муҳаққиқони тоҷик кушиш намуда, ки чанде аз омилҳои муҳими таъсиси маҷалларо баён намуда, онҳоро равшанӣ бахшад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

“FLAME OF REVOLUTION" AND THE CAUSES OF ITS GENESIS

In this article, the author, studies and researches the history of the Tajik press, tries to provide information on the factors and grounds for the emergence of the first Tajik magazine of the former Soviet era "Flame of Revolution". At the beginning of the article, the importance of the press for the society is explained in terms of the enduring faces of the educational renaissance. Also, the author, using reliable sources and the views of Tajik researchers, tried to explain some of the important factors of establishing the magazine and clarify them.

Текст научной работы на тему ««ШӮЪЛАИ ИНҚИЛОБ» ВА ОМИЛҲОИ ПАЙДОИШИ ОН»

ТДУ07

DOI:10.51844-2077-4990-2023-3-268-271

«ШУЪЛАИ Абдуллоева Шоира Рщибовна,

ИНКИЛОБ» ВА ОМИЛХОИ унвонцуи Донишгоци миллим Тоцикистон

ПАЙДОИШИ ОН (Тоцикистон, Душанбе)

«<ШУЛАИИНКИЛОБ.» Абдуллоева Шоира Ракибовна, соискатель

И ПРИЧИНЫ ЕГО Таджикского национального университета

ПОЯВЛЕНИЯ (Таджикистан, Душанбе)

"FLAME OF Abdulloeva Shoira Rakibovna, research worker of the REVOLUTION" Tajik National University (Tajikistan, Dushanbe), AND THE CAUSES OF ITS E-mail: abdullozoda89@bk.ru GENESIS

Вожацоикалида: мацаллаи "Шуълаи инцилоб", Саидризо Ализода, матбуот, маорифпарвар, Самарканд

Дар мацола муаллиф бо назардошти омузишу таццици таърихи матбуоти тоцик талош намудааст, ки дар боби омищо ва заминацои пайдоиши нахустин мацаллаи тоцикии даврони собщ Шурави "Шуълаи ищилоб" маълумот дщад. Дар огози мацола муцимияти матбуот барои цомеа аз нигоци чецрацои мондагори нацзати маорифпарвари шарцу эзоц дода шудааст. Хамчунин муаллиф бо истифода аз сарчашмацои муътамад ва диду нигоци муцаццицони тоцик кушиш намуда, ки чанде аз омилцои муцими таъсиси мацалларо баён намуда, онцоро равшани бахшад.

Ключевые слова: журнал «Пламя революции», Саидризо Ализода, пресса, просветитель, Самарканд

В данной статье автор с учетом изучения и исследования истории таджикской прессы попытался представить информацию о факторах и основаниях появления первого таджикского журнала постсоветского времени «Пламя революции». В начале статьи значение прессы для общества объясняется непреходящими гранями образовательного ренессанса. Также автор, используя достоверные источники и мнения таджикских исследователей, попытался объяснить некоторые важные факторы создания журнала.

Key words: "Flame of Revolution"magazine, Saidrizo Alizoda, press, educator, Samarkand

In this article, the author, studies and researches the history of the Tajik press, tries to provide information on the factors and grounds for the emergence of the first Tajik magazine of the former Soviet era "Flame of Revolution". At the beginning of the article, the importance of the press for the society is explained in terms of the enduring faces of the educational renaissance. Also, the author, using reliable sources and the views of Tajik researchers, tried to explain some of the important factors of establishing the magazine and clarify them.

Таърих гувох, аст, ки аз замони пайдоиш то ба имруз матбуоти даврй чун яке аз василахои муассири баёни дарду иллатхои ч,омеа мавцеи мухимеро сохиб аст. Дар ибтидои садаи бист матбуоти форсии кишвархои хоричй ба Осиёи Марказй низ мерасид ва ба маорифпарварони точ,ик дастрас мегардид. Мутолиа ва бардошт аз ин нашрияхо онхоро водор намуд, ки бо такя ба неруи тавонои худ дар андеша таъсиси матбуоти миллй гарданд.

Дар ибтидои асри бист нашрияхое чун «Чехранамо» аз Кохира,«Хдбл-ул- матин» аз Калкутта, «Сироч,-ул- ахбор» аз Кобул, «Сироти мустацим» аз Туркия, «Навбахор» аз Эрон бо хар рох ба Осиёи Миёна ворид мешуданд. Чунончй, устод Айнй аз ворид шудани мачдллаи «Сироти мустацим» ба Бухоро дар китоби хеш «Таърихи инцилоби Бухоро» ёдрас шуда мегуяд: «Ба воситаи Абдуррах,мон Саидй ба мутолиаи мач,муа [журнал] -и туркй «Сироти мустацим» муваффац шудем, ки баъди инцилоб дар Туркия нашр мешуд. Ин як мач,муаи динй, илмй, ич,тимой, сиёсй ва адабй буда, бо иштироки бузургтарин фозилони маркази хилофати Истанбул нашр мегардид. Дар ин мач,муа масъалахои сиёсй ва ич,тимоии инцилобй ба оят ва хадисхо татбиц шуда, баён меёфтанд, ки ин дар тафаккуроти мо тагйироти асосй ба амал меовард» [1,с.34].

Устод С. Айнй мухим будани матбуотро дар он даврони хассос барои ч,омеа таъкид намуда, мегуяд ки «агар хукумат худ дар сари ислох бошад ва аз ман суол кунад, ки барои ислохоти Бухоро чй кардан лозим аст? Мегуям: Ду чиз: Мактаб! Чарида» [1,с.161].

№3(76)-2023 HOMAИ ДOHИШГO^ » УЧЁНЫЕ 3AnHCKH » SCIENTIFIC NOTES

Хамчунин дар он замон маналлаи <^улло Насриддин», рузномаи «Тарнумон» аз Богчасаройи ^рим, «Вацт» аз Oренбyрг, маналлаи «Шуро» аз Уфа ва чанди дигар ба аморати Бухоро ворид мешуданд, ки дар вусъати андешаи мардум такон мебахшиданд. Бино ба шаходати устод C. Aйнй «ин газетахо ба Бухоро хам омаданд ва дар афкори умумии Бухоро низ чахише ба вучуд оварданд» [1,с.32].

Дар асархои муха;;и;они точик ЗРачабов, M.Шyкyрoв, И.Усмонов, Д.Давронов, H.Fаффoрoв, Умняков, M.Myрoдoв, A.Hабавй, П.Гулмурод, К^Шарифзода, M.Aбдyллoх, Х.Aтаев ва чанде дигар дар мавриди пайдоиши матбуот дар Oсиëи Mарказй маълумоти чолиб дода шудааст. Дар бештари онхо яке аз омилхои пайдоиши матбуотро дар Oсиëи Mиëна ба пайванд шудани Oсиëи Mиëна ба Pyсия вобаста медонанд. Mo низ ба ин гуфтахо мувофи;ем, аммо дар ин замина метавон боз чунин илова намуд, ки зухури нахзати маорифпарварй низ чун яке аз омилхои зухури матбуот ба таъсиси матбуот дар Oсиëи M^ra боис гардидааст.

Ин;илоби аввали Pyсиярo низ метавон чун як давраи мухими рушди матбуот шумурд, зеро дар он давра низ нашрияхои чадидй чун "Хуршед", "Шухрат", "Туччор", "O№ë" ва чанди дигар нашр гардиданд.

Дар ибтидои садаи бист сар задани Ин;илоби Oктябр дар Pyсия ба тамоми кишвархои Oсиëи Mарказй низ таъсири бевоситаи худро расонд. Ин таъсир пеш аз хама дар сохти давлатдорй, сдасат, муносибатхои истехсолй ва хамзамон ба фархангу адабдат низ мушохида гардид. Ба таъкиди профессор M.Myрoдй "чунин тагйиру тахвили хаëти ичтимой боиси ба дигаргунии куллй гирифтор шудани адабдат, хоса адабдати точик гардида, он давраи нави ташаккулу инкишофро ба худ касб кард, ки минбаъд бо номи адабдати шуравй, публитсистикаи шуравй ë муосир ном гирифт ва шухрат пайдо намуд" [3,с.27]

Myха;;и; A.Ëрмyхаммадoв низ галабаи Ин;илоби Oктябррo омили дигари нашри рузномахои точикй дониста, чунин таъкид менамояд, ки "эхëи нашрияхои точикй бо галабаи Ин;илоби Oктябр ва бар;ароршавии Хукумати Шурой дар кишвари мо зич ало;аманд аст. Hамyнаи аввалини он нашрияи "Шуълаи ин;илоб аст" [3,с.45].

Таъсиси шуъбаи форсии табъу нашрро низ метавон аз омилхои муассири пайдоиши матбуоти Шурой ва аз он чумла мачаллаи "Шуълаи ин;илоб" шумурд, зеро махз пас аз таъсиси ин шуъба дар соли 1919 дар назди хукумати Туркистон заминаи мусоиде барои чопи нашрияхои точикй фарохам омад. Myха;;и;oни таърихи матбуот таъсиси ин шуъбаро "бо нияти бехтар кардани кори таргибу ташви;оти байни ахолии тоникзабон" ва муттахид намудани хамаи мардуми форсизабон шумурдаанд. Cарвари ин шуъба Cаидризo Aлизoда буд.

Mаxз дар ин давраи сарнавиштсоз публитсистикаи шуравии тоник низ зухур намуда, ба падид омадани нахустин нашрияхои замони шуравй асос гузошта шуд. Хдрчанд дар ин давра матбуоти шуравии тоник мархилаи рушди худро паси сар менамуд, аммо бо ин хама дар вусъату густариши афкору нахонбинии омма таъсири бевосита расонд. Pаванди майли маорифпарварй ки дар огози садаи бист густариш ëфта буд, боис гардид, ки дар номеа матбуоти миллй зухур намояд. Дар натина рузномаву маналлахое чун "Шуълаи инкдлоб", "^утулиш", "Хуррият", "Mеxнаткашлар товуши" ва чанди дигар зухур намуданд, ки дар таргибу ташвици ахдофи Хукумати Шуравй таъсири бевосита расониданд.

Донишмандони тоник чун устод Cадриддин Aйнй, академик З.Pанабoв, A.Mаниëзoв M.Шyкyрoв, C.Aтoбyллoев, И.Усмонов, П.Гулмурод, M.Myрoдoв, A.Ëрмyxаммадoв, ^.^аъфаров, Л.Hиëзoв, ^.Pасyлиëн ва чанд тани дигар дар мавриди маналлаи "Шуълаи инцилоб" нуктаи назари худро баëн намудаанд. Дар хорини кишвар низ дар бобати Cаидризo Aлизoда ва маналлаи "Шуълаи инцилоб" аз нониби мухацицону публитсистон мацолахои нолибе нигошта шудаанд.

Mаналлаи "Шуълаи инцилоб" санаи 10 апрели соли 1919 чун ношири афкори кумитаи хизбии вилояти Cамарцанди Хизби коммунисти Туркистон бори нахуст нашр гардидааст. Шумораи нахустини маналла наздик 1000 нусха дар шахри Cамарцанд чоп шудааст. Oн дар ханми 8 сахифа то санаи 8 декабри соли 1921 хамагй 91 шумора аз чоп баромадааст.

Cардабири маналлаи "Шуълаи инцилоб» Cаидризo Aлизoда буд. Cаидризo Aлизoда [ 18871945] чун яке аз саромадони матбуоти тоник, рузноманигори ботанриба, адиби маорифпарвар ва публитсисти оташинсухан дар таърихи халци тоник мацоми хоса дорад.

Cанаи 1-уми марти соли 1919 бо ташаббуси C. Aлизoда аз номи як идда коммунистони нохияи Богишамоли вилояти Cамарцанд ба шуъбаи маориф ва кумитаи хизбии вилоят бо

№3(76) 2023 • НОМАИ ДОНИШГОХ, • УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ • SCIENTIFIC NOTES

мацсади таъсиси чаридаи мустациле ё мачаллае барои мардуми форсизабон ариза омад. Дар ин бобат худи мачаллаи "Шуълаи инцилоб" низ иттилоъ додааст. Бино ба иттилои мачалла, кумитаи ранчбарон ва ахли чомеаи Богишамол бо сабаби набудани як нашрияи форсизабон ба кумитаи фирцаи иштирокиюн мурочиат намуданд, то ба нашри як рузнома мусоидат намоянд, чунончй мачалла хабар медихад:

"Кумитаи ранчбарони иштирокиюни Богишамол вучуди як чамоа ва бародарони форсизабони моро, ки дар шахрхо ва дех,ах,ои мухталифаи мамлакати мо-Туркистон зиндагонй доранд ва ба сабаби пайдо набудани матбуоти форсй аз хаводиси гуногун ва инцилоботи рангоранги чахон ба куллй бехабар ва махрум мондаанд, ин матлабро ба назари диццати худ гирифта, ба нашри як мачаллаи форсй царор дод ва расман ба цумитаи фирцаи иштирокиюни вилоятй мурочиат намуда, барои нашри чунин мачалла ёрии моддии уро дархост кард.

Кумитаи мазкура низ, чун хомии ранчбарони иштирокиюн мебошад, ин дархостро бидуни чуну чаро пазируфта, на ин ки танхо ёрии чузъй, балки махоричи нашри мачалларо тамоман ба ухдаи худ гирифта, уро ношири афкори худ царор дод ва идора ва тахрироти уро аз хар чихат ба мо супурд" [Аз идора.- 6]. Нуктаи чолиби иттилои мазкур дар он аст, ки он чун сарчашмаи мухими илмй мохияти таърихй дорад, зеро он ишорахои мацола ба суолхои зиёде чавоб хоханд дод. Чунончи, омадааст: "идора ва тахрироти уро аз ха чихат ба мо супурд". Чун муаллифи иттилои мазкур Саидризо Ализода мебошад, бинобар ин метавон гуфт, ки мавсуф сарварии мачалларо ба ухда дошт. Адиби маъруф Рахим Хошим дар мавриди фаъолияти пурмахсули Ализода ёдовар шуда, аз чумла таъкид менамояд, ки "тамоми мацолахои аз тарафи идора навишташуда ба цалами вай [С. Ализода - Ш.А]" тааллуц доранд" [2,с.21].

Мачаллаи «Шуълаи инцилоб» дар шахри Самарцанд хар хафта як бор ба мицдори аз 1000 то 4000 нусха нашр меёфт. Дар сафхахои он аз хабару мацолахои расмй сар карда, то намунахои назму насри бадей, маводи гуногунмавзуъ чоп мешуд. Бино ба шаходати мухаццицони таърихи матбуот мачаллаи «Шуълаи инцилоб» хонандагонашро пеш аз хама бо воцеаву руйдодхо, тахаввулоту тагйироти олам, дигаргунихои шахру вилояти Самарцанд, кишвари Туркистон, аморати Бухоро, суцути аморат ва таъсиси Чумхурии халции Бухоро ошно карда, дарду алами точикону форсизабонони Вароруд ошно менамуд. Дар хайати он коркунони фаъоли идора, ки цариб хамаи мацола, очерк, шеър ва фелетонхо, инчунин тарчима, хабархои хоричй ва гайра ба цалами онхо тааллуц доштанд, ки устод С. Айнй, Fуломалии Козимзода, Мухторй, X. Ирфон, X. Муъин, Ф. Рочй, Б. Азизй ва дигарон бо ин идораи мачаллаи хамкорй менамуданд.

Дар огози садаи бист дар он замони сарнавиштсози миллат мачаллаи "Шуълаи инцилоб" рочеъ ба умдатарин масоили кишвар матолиби чолиб нашр намуда, бешак дар вусъату густариши ниёзхои маънавии ахли чомеа талош намудааст. Ба вижа, дар масъалаи хифзи забон ва тозагии он таваччух намуда, дар яке аз навиштахои мачалла «Шуъбаи форс дар хузури идораи корхои милли» дар мавриди вазифахои шуъбаи форсй ёдовар шуда, дар боби бузургдошти забон бо эхсосот мегуяд:

«Забон рукни азими миллат аст, ки ба махзи гумм шудани забон, хамон миллат, ки мутакаллим ба он забон аст, гум ва нопадид хохад шуд. Хеч миллате наметавонад, хастй ва мавчудияти худро таъмин кунад, магар бо нигахдори ва мухофизати забони модарии худ, аз ин ру хар миллат хац дорад забони модарии худро гироми дорад, азиз шуморад, мухофизат кунад, то ки аз вартаи инцироз ва нобудй халос намояд...[7]. Ин чо нуцтаеро бояд цайд намуд, ки чун мо дар мавриди заминахои пайдоиши мачалла харф мезанем, аммо дар ин замина нафароне буданд, ки монеъи нашри мачалла буданд. Сардабири мачалла бар зидди ин гуна ашхос баромада, бар зидди он нафарон хомуш наистода, бо навиштани нигоштае бо унвони «Як суйицасди гаразкорона ба мачаллаи мо» ин муаммои мухими он замонро тавзех дода, чавоби шоистае гардонид.«Хануз шумораи аввали мачаллаи мо цадам ба майдони матбуот нагузошта, хануз «Шуълаи инцилоб» шуълаи дурахшони ба чое наяфшонда буд, ки дастаи шабпаракон, аз тарси ин ки чашмони гаразбинашро хираву торик кунад, ба даври хам гирд омада, аз паи хомуш кардани ин шуъла камар бастанд ва барои цатли ин бачаи зоиданашуда омода гардиданд. Инхо барои буридани забони як чамоаи Туркистон, ки тацрибан ду миллион нуфус дорад, шамшерхои худро тез карданд» [«Шуълаи инцилоб», №2, 17-04-1919].Дар он замоне ки миллатхои дигари минтаца хама сохиби чарида ва мачаллахои хеш буданд, мардуми точик аз ин падидаи маънави махрум буданд. Ва иддае аз нафарони гаразчуй мехостанд, то ин миллатро аз ин сарвати маънави махрум намоянд, нашри мачаллаи «Шуълаи инцилоб»-ро хуш истицбол нагирифта, пайи цатъи нашри он талош менамоянд. Дар ин холат Сайидризо Ализода худро

№3(76)-2023 НОМАИ ДОНИШГОХ, » УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ « SCIENTIFIC NOTES

дар канор нагирифта зидди ин нафарон ба майдони мубориза ворид мешавад ва бо таълифи нигоштахои чолибу арзишманди хеш аксари шуморахои мачалларо зиннати маънави бахшида, муштариёни мачалларо аз хаводиси тозаи соири мамолик ошно месозад. Аз он талоши иддае аз нафарони гаразчу Сайидризо Ализода ба таачуб омада, чунин мегуяд:«Ин о;оён хануз шарм накарда барои бастани ин ягона мачаллаи форсй ;арор гузошта, ба хукумат мурочиат карданй шудаанд. Мо хайронем, ки аз ин мачаллаи мо ба олами эшон чй зарари моддй ва маънавй эхтимол дошта, ки барои ин гуна ;арори беманти; мачбур шудаанд...»[2,с.21]. Сайидризо Ализода бо он хама истодагарии хеш нашри мачалларо идома медихад.Мачаллаи «Шуълаи ин;илоб» чун нахустин нашрияи точикии замони Шуравй хамчун манбаи муътамад ва арзишманд дар таърихи илму адабу фарханги точик маъруфу машхур аст. Яке аз нахустин асархои тах;и;отие, ки дар мавриди ин мачалла тахия гардидааст, ин асари «К характеристике первого советского журнала на таджикском языке "Пламя революции" [4] мебошад. Муха;;и;и номвари точик З.Ш.Рачабов тах;и;у омузиши мачаллаи «Шуълаи ин;илоб»-ро чун сарчашмаи муцими таърихй шумурда, омузиши хамачонибаи онро мухим донистааст.Мавсуф на;ши мачалларо чун мубаллиги гояхои ин;илобиву марксистй ленинй муассир ;айд намудааст. Мо ба ин андешахои муха;;и; комилан мувофи;ем, аммо дар ин замина метавон боз чунин илова намуд, ки мачаллаи «Шуълаи ин;илоб» хамзамон дар таргибу ташви;и афкори маорифпарварона низ сахми назаррас гузоштааст. Матолиби арзишманди мачалла ки ба масъалаи мактабу маориф бахшида шудаанд, далели ин гуфтахои мо мебошанд.Мухдвди; З.Рачабов на;ши мачалларо дар таргибу ташви;и адабиёт барчаста дониста, онро чун асосгузори пояхои адабиёти муосири точик мешуморад, [4,c.46] ки бешак боиси дастгирист.Яке аз рисолати аслии мачаллаи "Шуълаи ин;илоб" ба андешаи мо ин пеш аз хдма таргибу ташви;и идеологияи Х^укумати Шуравй ба шумор мерафт. Дар баробари инъикоси хаводиси чомеа ва мушкилоту муаммои рузгори мардум, мачалла хамзамон дар таргиби хадафхои созандаву бунёдкоронаи Х^укумати Шуравй сахми назаррас гузоштааст. Муха;;и; А.Ёрмухаммадов низ сахми мачалларо дар таргиби хадафхои Х^изби Коммунистй ва Х^окимияти Шурой назаррас шуморида, аз чумла чунин мегуяд: "Шуълаи ин;илоб" ба омма фахмондани мохияти Ин;илоби

сотсиалистии Октябр ва давлати Шуроиро вазифаи аввалини худ ;арор дода буд....."Шуълаи

ин;илоб" фаъолияти сиёсии худро барои мунтазам ташви; намудани Х^окимияти Шурой сарф мекард" [3,с.46].Дар мачмуъ, раванди омузиш нишон дод, ки якчанд замина ва омилхое чун вуруди нашрияхои форсизабон ба Осиёи Марказй, хамрохшавии Осиёи Марказй ба Русия, зухури харакати маорифпарварй, таъсиси нашрияхои чадидй ва нахустин нашрияи точикй "Бухорои шариф",таъсиси нашрияхои Махмудхоча Бехбудй, таъсиси шуъбаи форсии табъу нашр ва чанди дигар боиси пайдоиши мачаллаи "Шуълаи ин;илоб" гардидаанд.

ПАЙНАВИШТ:

1.Айнй, С.-Таърихи ин;илоби Бухоро/С.Айнй. -Душанбе, Адиб, 1987.

2.Ализода, С.-Маслаки мо ха;/С.Ализода.-Душанбе, Эчод, 2007.

3.Муродй, М. -"Тозиёна"-и Шуълаи ин;илоб ва ташаккули хачв дар матбуоти даврй. КитДироншох Шарифзода- Аввалин нашрияи точикии даврони шуравй/М.Муродй.-Душанбе, Ирфон, 2019.

4. Рачабов, Ш.З. К характеристике первого советского журнала на таджикском языке "Пламя революции"/Ш.З.Рачабов.- Сталинобод.1959.

5.Усмонов, И.- Таърихи журналистикаи точик/И.Усмонов.-Душанбе, 2008.

6.Шуълаи ин;илоб.-1919.-№1

7.Шуълаи ин;илоб-1919.-№11-10 июл

REFERENCES:

1. Aini, S.-History of Bukhara Revolution/S. Aini. -Dushanbe, Adib, 1987.

2. Alizoda, S.-Maslaki mo haq/S. Alizoda.-Dushanbe, Ejod, 2007.

3. Moradi, M. - "Taziona" of the Flame of Revolution and the formation of satire in the periodical press. Book of Kironshoh Sharifzoda- The first Tajik publication of the Soviet era/ M. Murodi. -Dushanbe, Irfan, 2019.4. Rajabov, Sh.Z. Characteristics of the first soviet magazine in the Tajik language "Revolutionary

flame" / Sh. Z. Rajabov. - Stalinobod. 1959.

5. Usmonov, I. - History of Tajik journalism / I. Usmonov. - Dushanbe, 2008.

6. The flame of the revolution.-1919.-№1

7. The flame of the revolution-1919.- № 11-10 July

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.