Научная статья на тему 'Saks’epos and Firdawsi’s “Shakhname”'

Saks’epos and Firdawsi’s “Shakhname” Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
722
171
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ҳАМОСА / УСТУРА / САКОИҳО / СУГДИЁН / "ШОҳНОМА" / РУСТАМ / ҲЕРАКЛ / ЭПОС / МИФ / САКИ / СОГДИЙЦЫ / "ШАХНАМЕ" / ГЕРАКЛ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Мухаммади Сурайе

Статья посвящена проблеме проникновения сако-массагетского героического эпоса в национальный эпос иранцев. Автор статьи постаралась на основе анализа одного мифа о Геракле, а также сопоставления сохранившихся фрагментов сако-массагетских сказаний о богатыре Рустаме и сведений Абулкасыма Фирдоуси об этом национальном герое доказать не только этот факт, но сам процесс проникновения сако-массагетских племен в пределы Ирана и их оседания в некоторых его областях.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on the problem of the penetration of Sako-Massaghetian heroic epos into the national epical literature of Iranians. Proceeding from the analysis of the myth about Heracles and correlation of the preserved fragments of Sako-Massaghetian tales about Hercules Rustam and Abulkasym Firdawsi’s information about this hero, the author made an endeavour not only to prove the fact in question, but the very process of the penetration of Sako-Massaghetian tribes into the boundaries of Iran and their settlement in some of its regions either.

Текст научной работы на тему «Saks’epos and Firdawsi’s “Shakhname”»

Сурайё Мухаммади РИВОЯТИ САКОЙ ВА «ШОХ,НОМА»-И ФИРДАВСЙ

Вожатой калидй: л;амоса, устура, сакощо, суздиён, «Шоу;нома», Рустам, ХеРакл

Аксари муаррихон сакоихоро аз нажоди ориёй медонанд. Дар навбати худ ориёихо яке аз шохаи халкхои хиндуаврупой ба хисоб мераванд. Мухаккикон бо такя ба замони пайдоиши осори таърихй ва адабй бар акддаанд, ки ориёихо аз чумлаи аввалин шохаи халкхои хиндуаврупой мебошанд, зеро намунахои бадастомадаи осори таърихй ва адабии ориёихо назар ба чунин осори юнонихо ва румихо кадимтар аст.

Ориёихо баъд аз чудой аз кабилахои хиндуаврупой ба самти чануб рафтанд ва дертар ба гуруххои сакой, эронй ва хиндй гаксим шуданд. Бинобар гуфти мухаккикон забони намояндагони ин гурух-хо ягонагии зиёд дошт. Дар бобати худуди маскуншавии ориёихо ихтилофи назар вучуд доранд. Аммо, аглаби ориёишиносон бар аки-даанд, ки онхо дар заминхои байни дарёхои Ому ва Сир мезистаанд.

Коршиносон рочеъ ба яке аз халкхои ориёиасл - сакоихо итти-лооти дакик надоранд. Маълумоте, ки дар ин чода мавчуданд, аз навиштачоти катибахои шохони Хдхоманишй, ахбори муаррихони антика ва хафриёти кабрхои онхо ба даст омадаанд (4, 158-160).

Гурухе аз муаррихин муътакиданд, ки маънии истилохи «сакой» вобаста аст ба тарзи зиндагии ин кавм. Чй хеле ки маълум аст берун аз вохахо дар биёбонхои Осиёи Миёна кавмхои мухталифи ориёй тарзи зиндагии кучй доштанд. Эрониён хамаи онхоро сакой меноми-данд. Ба акидаи аксари олимон сакоихо ба Эрон аз Осиёи Миёна омадаанд. Бисёре аз достонхои хамосии Эрон, ки дар «Шохнома» ба онхо ишора шудааст бо вуруди сакоихо ва мочароч/йихои онхо мутобикат пайдо мекунад.

Накщи сакоихо дар хаёти замони худ ончунон бориз будааст, ки

Х,еродот яке аз кисматхои таърихномаи бузурги худро ба онхо бахшида, дар ин чо аз забони юнонихо ойид ба пайдоиши сакоихо ривояти зеринро овардааст: «Х,еракл (дар манобеи румй Х,еркулес) хангоми рондани говхо ба сарзамини сакоихо мерасад ва хангоми хоб теъдоде аз хайвонхои худро аз даст медихад ва пас аз чустучу онхоро назди «Хдлойиё» (Гидра) мавчудоти чинсаш модае, ки нисфаш инсону нисфаш мор аст, меёбад. Х,еракл муддате назди у мемонад ва аз онхо се писар зода мешавад. Хднгоме, ки Х,еракл касди бозгашт мекунад мавчуди мода аз у дар бораи ояндаи писаронаш пурсон мешавад. Х,амон писаре, ки зехи камони маро кашида тавонад, - посух медихад Х,еракл, - дар кишвар бимонад, он дуй дигар бираванд. Дар натича писари хурдй бо номи Сако (дар манба-хои мухталиф бо дигар номхо ёд шудааст) аз ин имтихон сарба-ландона гузашт ва фармонравои сарзамини сакоихо гардид. Ду бародари дигар яке ба Шарк ва дигаре ба Fap6 рафтанд" (5, 268).

Мухтавои достони мазкур то андозае ба ривояти аз чониби Фари-дунтаксим кардани чахон дар байни писаронаш Салм, Тур ва Эрач монандй дошта, шояд баъзе бозтобихои устурахо рочеъ ба Заххок (дар ин чо Заххок хамон Гидра аст - С.М) низ ба назар расанд.

Бархе аз мухаккикон муы акиданд. ки тамоми досгонхои пахла-вонии "Шохнома". ки сюжети асосии онхоро даргирихои Эрону Турон ташкил медиханд, чангхои шохони мулукуттавоиф ва ё кабоили портй бо аквоми мухталифи кучнишини хиндуаврупоии кишвар аз кабили сакоихо. гахорихо. дахю. ки сафедпуст буданд ва хамчунин бо кабилахои зардпусти Осиёи Марказй тачассум меку-нанд. Мунтахо чун як тоифае, ки дар давраи тамаддуни авастой дар хамин худуд мезистанд ва бо эрониён дар холи чанг карор доштанд, худро " гурй" меномиданд. Бинобар ин хамаи сакоихо ва чойнишинони онхо - аквоми зардпуст "i урони" хонда шуданд.

Дар бештари хамосахои миллии эрониён сакоихо ба унвони "дев" ва ё "турониён" ёд шудаанд, ки истилохи "дев" ба маънии душман фахмида мешуд.

Сакоихо дар давраи дуру дароз, чй дар замони модхо ва чй баъди он ба марзхои Эрон тохтутоз мекарданд ва хар кучо, ки хамла мебурданд, бо худ тарсу вахшат меоварданд. Хдтто дар "Таврот" хам дар бораи вахшонияту горатгарии сакоихо ёд шудааст. Ин мавзуъ ба кавли Парниё аз вахшате хикоят мекунад, ки дар дили мардуми он руз чой доштааст (4,182).

Тохтутозхои сакоихо дар бахше аз "Тавро Г" чунин ёд шудаанд: "Эй фарзандони Бинёмин аз миёни Уршалим фирор кунед...чун, ки бало ва шикасти азиме аз тарафи Шимол намоён аст...Инак кдвме аз Шимол меояд ва балои азиме аз каронахои замин барангехта хохад шуд, ки эшон камон ва синон гирифта ва бо хушунат ва берахмй амал намуда ва..." (8, 317-319).

Х,еродот зимни баршумурдани гурухои сакой "турихо"-ро хамчун чузъи онхо ном бурдааст. Ахбори Х,еродот дар ин хусус бо хамосахои мардуми шаркиэронии бостон рочеъ ба воридшавии сакоихо ба Эрон мутобикдт мекунад. Сакоихо. новобаста аз он, ки худ чузъи мардуми кучнишин ба хисоб мерафтанд, пас аз маскуншавй дар минтакахои Эрони Шаркй кувваи боздорандаи рохи воридшавии дигар ак,воми кучнишин ба Эрон гардиданд ва тамаддуни Осиёи Гарбиро химоя карданд. Бинобар гуфти Николай Рост дар шарки Эрон маскуншавии сакоихоро яке аз сабабхои ба нести нарафтани ин сарзамин аз дасти кучнишинон маънидод кардан мумкин аст (6,61).

Бояд донист, ки дар "Шохнома" баробари борхо аз сарзамини Систон ва хавзаи фармонравоии Рустам (яъне Зобул ва Кобул) ёд шудан истилоххои "сако" ва "Сакистон" дар дигар шакл "Сичистон" истифода бурда нашудаанд. Аммо Рустам ва фарзандонаш дар "Шохнома" борхо аз суи душманон бо вожаи тахкиромези "сагзй" мавриди хитоб кдрор гирифтаанд. Ин вожа, ки нишонаи пайванди Рустам бо сакоихосг дар "Шохнома" 13 бор, аксаран хангоми гахкири Рустам ва ё фарзандонаш аз чониби душманон ба назар мерасад.

Аз мухтавои достонхои ба Рустам ва хонадони Зол бахшида-шудаи "Шохнома" хамин чиз ба назар мерасад, ки Рустам дар тули солиёни дароз ба хукумати марказй содикдна ва бечуну чаро хидмат карда, аз он хамеша пуштибонй намудааст. Пас аз хар бархурд бо душман ва ба эътидол омадани вазъи Эрон у бар хилофи дигар пахлавонон назди шох намонда, ба Зобулу Кобул бармегашт ва аз фармондехии лашкар даст мекашид. Ба гайр аз он сипохи Рустам тобеи лашкари Эрон набудааст. Гуфтан мумкин аст, ки Рустам барои мулки хеш то андозае мустакилиятро ба даст оварда будааст. Шояд аз ин сабаб бошад, ки Афросиёб ва ёрони у Рустамро "сагзй", яъне пахлавони систонй меномидаанд (3, 62-74).

Баъзе пахлухои ривояти Х,еродот рочеъ ба пайдоиши сакоихо

дар бозтобхои мухталиф, аммо хаммазмун дар достони "Рустам ва Сухроб"-и "Шохнома" дучор меоянд. Чунончй шиносоии Х,еракл бо махлуки нимамору нимаинсон вохурии Рустамро бо Тахмина ба ёд меорад. Дар харду кисса пахлавонон (Х,еракл ва Рустам - С.М.) яке дар чустучУи говхояш ва дигаре аспи хеш хастанд ва ба пешниходи издивоч танхо ба шарти баргардонидани хайвонхояшон розй мешаванд. Ба гайр аз он, харду кахрамон хангоми видоъ ба хамсаронашон аз худ чавохиротеро барон фарзанди худ хамчун нишона бокй мегузоранд. Хдмин тарик, бо такя ба аквдаи аксари мухаккикон гуфтан мумкин аст, ки достони "Рустам ва Сухроб" аз ривояти Х,еродот дар бораи пайдоиши сакоихо сарчашма мегирад.

Кисматхои дигари ин ривоят дар соири достонхои "Шохнома" низ дучор меоянд. Чуночй таксими сарзамин байни фарзандони Х,еракл киссаи таксими чахонро дар байни писарони Фаридун -Салм, Тур ва Эрач ба ёд меоварад. Чй хеле ки фарзандони Х,еракл сарзаминашонро ба номи худ номиданд, хамон тавр сарзамини Тур - Турон ва Эрач - Эрон ном гирифтанд. Дар асоси мавкеи бисёре аз мухаккикон ин ривоятро метавон инъикоси афсонаомези вокеаи таърихии хангоми мухочират ба се шоха таксим шудан ва ба самтхои Шарк, Fap6 ва Чднуби Осиё рохсипор шудани кавми сакой донист.

Забехулло Сафо дар ин бобат чунин менависад: "...Достони таксими як шоханшохии бузург миёни се писар, ки писари кучактар кишвари аслиро сохиб шуда бошад, аз айёми бисёр кухан миёни эро-ниёни шимолй вучуд дошт ва ин достонро эрониён аз адвори кадим-таре ба хотир дошта, ва аз миёни хиндуаврупоиён ба кишвари худ оварда буданд" (7,460-471). Ин афсона ба воситаи сакоиён ба эрониёни шимолу шаркй расида, дар шакли достони таксими кишвари Фаридун дар байни Салм, Тур ва Эрач ба худ сурати тозае гирифтааст.

Аз тарафи дигар сарзамини Сувдро махалли пайдоиши ривоёти сакой ва воситаи интиколи онхо ба асотири миллии эрониён номидан мумкин аст. Сугдиён дар хамсоягй бо хоразмиён, бохтарихо, фаргонагихо ва сакоихо, ки хама мардумони оирёиасл ба шумор мерафтанд зиндагй мекарданд. Онхо дорой ташкилоти сиёсй ва фархангу тамаддуни дурахшон буданд. Албатта дар асрхои минбаъда дар натичаи хучумхои туркхою арабхо Сугд осеби фаровон дид ва он чй аз таърихи тоисломии ин сарзамин маълум аст, голибан аз маводи хафриётхои бостоншиносй ва ё навиштахои муаллифони асрхои аввали исломй, ба монанди Абурайхон Берунй

— 136- НОМАИ донишгох

ба Даст омадаанд. Хдмчунин ба эътик,оди мухаккикон бархе аз ойинхои эронй аз чумла "суги Сиёвуш" реша дар ойинхои сарзамини Сугддорад (1,31).

Тамаддуни гании сугдиён нуктаи бархурди фархангхо ва тамаддунхои мухталиф буда, тавонистааст ба сифати интикрлди-хандаи унсурхои фархангу тамаддуни мухталиф ба хамдигар накдпи мухим бозад. Намунаи барчастаи чунин мак,оми сугдиён интик,оли хамосахои кдвми сакой ба хамосаи миллии эрониён ба шумор меравад, ки осори он дар натичаи кобишхои бостон-шиносй кашф ва нашр гардид.

Соли 1900-умимилодй хангоми хафриёт дар яке аз i орхои бостонй дар наздикии шахри Дун-Хуани кишвари Чин китобхонае кашф шуд, ки тули 900 сол он чо нухуфта буд. Аз китобхона асноди зиёде ба забони сувдй ба даст омад, ки бархе аз он кисмате аз хамосахои фаромушшудаи сакоиро дар бар мегирифт. Аз чумлаи ин аснод китъаи кутохе дар мавзуи чанги Рустам (пахлавони сакой - С.М.) бо девон аст. Ана хамин порчаи кутох аммо пурмазмуне, ки дар нусхаи аслии достон аз байн рафтааст, метавонад нуктаи назари моро рочеъ ба интиколёбии достонхоихамосиисакой, ба вижадостонхоемарбут ба Рустам ба хамосаи миллии эрониён ва дар чараёни наклу интикрл то андозае тагйирёбии мухтавои онхо собит месозад.

Дар порчаи аз Дун-Хуан дарёфт гардида чунин омадааст: "...Девон хамон дам ба шахр гурехтанд. Рустам хамчунон ба дунболи онон то дарвозаи шахр рафт. Бисёре аз поймол шудан мурданд. Як хазор тан бо захмат тавонистанд ба шахр дароянд. Дарвозахоро бастанд. Рустам бо некномии бузург баргашт... Девон дар анчуман ба шуро истоданд ва ба якдигар чунин гуфтанд: "Бузург зиште буд бузург шармсорй аз тарафи мо, ки аз як тан савор чунин ба шахр панох бурдем. Чаро начангем? Ё хамагй бими-рем ва нобуд шавем ва ё кини худоён хохем"... Бо шитоб дарвозаи шахр кушуданд. Ва ба чустучуи Рустами диловар рахсипор шуданд... Онгох омад Рахши тезхуш ва Рустамро бедор кард. Рустам аз хоб бархост, дархол чомаи пусти палангй пушид. Ба суи девон шитофт. Чун Рустам аз дур сипохи девонро дид ба Рахш чунин гуфт: "Биё эй сарвар кам-кам бигурезем. Коре кунем, ки девонро ба суи чангал бикашонем". Рахш писандид. Х,амон дам Рустам ба акдб бозгашт. Чун девхо чунин диданд фавран хам сипохи савора ва хам пиёда ба пеш тохтанд ва аз пайи Рустам равон

шуданд. Дар он рангом Рустам бозгашт ва бар девон хамла бурд, чун шери дижам бар нахчир...""(1,48-49).

Он чй аз ин матн ва мавориди мутааддиди дигар дармеёбем ин аст, ки ин матн метавонад шохиди дигаре бар реша доштани достон-хои Рустам дар ривоёти сакой бошад. Ба гайр аз он, лахзахои зерини ин матн бозгуйи русуми сакой буда, бархе аз он дар достонхои "Шохнома" низ ба назар мерасанд:

1. Набарди Рустам бо девон ёдоварй аз чанги Рустам бо девони Мозандарон дар "Шохнома" аст.

2. Шеваи набарди у, ки бар пояи равиши фиребанда, яъне чанг ва гурез хангоми хучуми душман асос ёфтааст, айнан ойини набарди сакоихоро. ки хангоми задухурд гохе акиб мегаштанду нохост бар сари хариф аз нав метохтанд ба ёд меоварад. Х,еродот дойр ба тарзи мухорибаи сакоихо мегуяд: "Онхо дар ибтидо хамлаи мухтасаре мекунанд ва бо максади ин, ки душмани худро бифиребанд аспхо-яшонро бармегардонад ва бо суръат фирор мекунанд, дар холе, ки сарашонро ба акиб баргардонда тирхояшонро ба руи таъкибкунан-дагон партоб менамоянд".

3. Машварати Рустам бо Рахш ва накши боризи ин асп дар набард дакикан ёдоварии чойгохи мухими асп дар миёни аквоми сакой аст. Дар достонхои "Шохнома" низ пирузихои Рустам вобаста ба зиракй ва кудрати Рахш аст ва марги у замоне фаро мерасад, ки беэътиной ба Рахш мекунад.

Хдмин тарик кашфи ин санад ба забони сугдй хикоят аз ривочи достонхои хамосии сакой дар сарзамини Сугд дорад. Албатта ин нукта низ мухим аст, ки ба эътикоди бархе аз мухаккикон сокинони Сугд худ аз авлоди сакоихо будаанд. Бархе аз олимон бошанд истилохи "сугд"-ро шакли тагйирёфтаи истилохи "сакой" донистаанд. Бинобар ин метавон эхтимол дод, ки достонхои кавми сакой хамрох бо мавчхои ин кавм, ки дар замони Ашкониён аз нохияи Сугд ба кисмати Чднубу Шаркии Эрон ворид шуда вилояти Зарангро тасхир намуданд, бо достонхои махаллии он чо дархам омехтанд ва сипас ба таърихи миллй ва устураи эрониён рох ёфтаанд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Кариб, Бадруззамон. Рустам дар ривояти сугдй / Бадрулзамон Кариб //Шохномашиносй, №1.-Техрон: Бунёди Шохномаи Фирдавсй, 1356.

2. К^ариб, Бадруззамон. Мутолиоти сугдй/Бадруззамон К,аРиб.-Техрон, 1386.

3. Мутлак. Ч,алол Холик;. Гулранчхои кухан/ Ч,алол Холики Мутлак //Баргузидаи маколот дар бораи «Шохнома»-и Фирдавсй.-Техрон, 1388.-С.62-74.

4. Парниё, Хасан. Торихи Ирони Бостон/Хасан Парниё.-Ч,.1.-Техрон: Дунёикитоб, 1381.

5. Рачабй, Парвиз. Хдзоравди гумшуда/ПарвизРачабй.-Ч,.2.-Техрон: Туе. 1380.

6. Рост, Николай. МотикониСисгон/Николай Рост.-Ч,.1.-Машхад, 1378.

7. Сафо, Забехуллох. Хамосаройй дар Эрон/Забехуллох Сафо,-Техрон: Амири Кабир, 1384.

8. Хамадонй, Фозилхон. Китоби Мукаддас (ахди атика ва ахди чадид)/ Фозилхон Хамадонй.-Мехрон, 1380.

Сакский эпос и «Шахнаме» Фирдоуси

Сурайё Мухаммади

Ключевые слова: эпос, миф, саки, согдийцы, «Шахнаме», Рустам, Геракл

Статья посвящена проблеме проникновения сако-массагетского героического эпоса в национальный эпос иранцев. Автор статьи постаралась на основе анализа одного мифа о Геракле, а также сопоставления сохранившихся фрагментов сако-массагетских сказаний о богатыре Рустаме и сведений Абулкасыма Фирдоуси об этом национальном герое доказать не только этот факт, но сам процесс проникновения сако-массагетских племен в пределы Ирана и их оседания в некоторых его областях.

Saks'Epos andFirdawsi's "Shakhname"

Surayo Muhammadi

Key words: epos, myth, Sughdiana, "Shakhname", Rustam, Heracles

The article dwells on the problem of the penetration of Sako-Massaghetian heroic epos into the national epical literature of Iranians. Proceeding from the analysis of the myth about Heracles and correlation of the preservedfragments of Sako-Massaghetian tales about Hercules Rustam and Abulkasym Firdawsi's information about this hero, the author made an endeavour not only to prove the fact in question, but the very process of the penetration of Sako-Massaghetian tribes into the boundaries of Iran and their settlement in some of its regions either.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.