Научная статья на тему 'Reflection of Oli Khujand merits in Kamoliddin Isfakhan ’s eulogies'

Reflection of Oli Khujand merits in Kamoliddin Isfakhan ’s eulogies Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
99
40
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ФОРСУ ТОЦИКИ АСРИ XII / ОЛИ ХУҷАНД / АЗУДУДДИН ИМОДУЛИСЛОМ ҲАСАН ИБНИ АБДУССАМАДИ ХУЦАНДӣ / ЭҷОДИЁТИ КАМОЛИДДИНИ ИСФАҳОНӣ / ИСТОРИЯ ПЕРСИДСКО-ТАДЖИКСКОЙ ЛИТЕРАТУРЫ XII В / ОЛИ ХУДЖАНД (ДОМ ХУДЖАНДЦЕЕ) / АЗУДУДДИН ИМОДУЛИСЛОМ ХАСАН ИБН АБДУСАМАД ХУДЖАНДИ / ТВОРЧЕСТВО КАМОЛИДДИНА ИСФАХАНИ / OLI KHUJAND (KHUJAND CITIZEN'S HOME) / KAMOLIDDIN ISFAKHANI 'S CREATION / HISTORY OF PERSIAN-TAJIK LITERATURE OF THE XII TH CENTURY / AZUDUDDIN IMODULISLOM KHASAN IBN ABDUSAMAD KHUJANDI

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Ходжиев Абдуфаттох Касимович

В истории таджикского народа, особенно домонгольского периода, особую популярность, благодаря политической, общественно-культурной и меценатской деятельности, приобрели представители Оли Худжанд (ДомХуджандцее) в Исфахане. Автор статьи на основе анализа касыд Камолиддина Исфахани, посвященных Азудуддину Худжанди, предпринимает попытку осветить некоторые аспекты меценатской деятельности этого представителя Оли Худжанд в области литературы.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

In the history of the Tajik nation the pre-Mongolian period being singled out especially the representatives of Oli Khujand (Khujand citizen ’s Home) in Isfakhan acquired a notable popularity due to the activities referring to politics, socium, culture, patronage of literature and arts. Proceedingfrom the analysis of Kamoliddin Isfakhani ’s Kasyds the author of the article makes an endeavour to elucidate certain aspects of the activity of this representative of Oli Khujand in the branch of literature marked with his patronage.

Текст научной работы на тему «Reflection of Oli Khujand merits in Kamoliddin Isfakhan ’s eulogies»

А. Хоциев

ТАЧДССУМИ ФАЗОИЛИ ОЛИ ХУЧДНД ДАР МАДОЕ\И КАМОЛИДДИНИ ИСФАХ.ОНЙ

Вожатой калидГс. таърихи адабиёти форсу тоцики асри XII, Оли Хуцанд, Азудуддин Имодулислом Х,асан iiômi Абдуссамади Хуцандй, эцодиёти Камолиддини Исфауонй

Бар асоси мутолиаи сарчашмахо ва осори таърихй маълум мешавад, ки Оли Хучанд ахли фазлу камол ва тарвичгари дониш ва фархангу адабиёти форсй-точикй будаанд. Фарзандони фарзонаи ин хонавода пайваста пуштибонии худро аз шоирону нависандагон нишон дода, дар таълиму тарбият ва ташвикд донишмандон накдни барчастае дар таърихи адабиёт доштаанд. Ин аст, ки дар агааби манобеи адабиёти форсй аз оной ба некй ёд шудаву мавриди тавсифи тазкиранависон кдрор гирифтаанд. Мухаммад Авфй бо иродат ва эхтироми зиёд аз Хонадони Хучандй ёдовар шуда, эшонро малози арбоби фазл ва муътасами фасхоби дониш ва мустачмеи комилони чахон хондааст (3,285).

Пас аз фурупошии дастгохи шоирпарвари Сомониён таваччухи салотин мархала ба мархала нисбат ба шеъру шоирй кохиш ёфт. Ин нуктаро мо хангоми мутолиаи ашори шиквоии шоирон пай мебарем, ки аксари он шикоятхо аз касодии бозори шеър дарак медиханд. Чунин гилояхо дар байти зерини Камолиддини Исфахонй барало эхсос мешавад: Расидаем ба давре, ки подшо^онро, Зи бими бахшиш аз ашъор ор меояд (2,223).

Дар чунин рузгоре Хонадони Хучандиён даст ба икдомоте барои идомаи хаёти шеъру шоирй заданд ва бо истифода аз нуфузи ичтимоии худ аз шоирон ва ахли адаб пуштибонй намуданд. Ин анъанаи нек дар миёни тамоми афроди ин хонавода раем буда ва хар яке пас аз дигаре аз ахли адаб пуштибонй

—- ^^^^^ * г ^^^^^^^ . _ _ УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ - 37 -

менамуд. Дар баъзе аз маворид ин пуштибонй табдил ба сабкдти миёни онхо бо дигар хонаводахои хукумапари махаллй гарди-дааст. Шавохдди таърихй нишон медиханд. ки Хонадони Хучан-диён пайваста пештози ин мусобикрт будаанд. Чунончи муаллифи тазкираи «Арафот-ул-ошикин» бо ишора ба ин матлаб чунин навиштааст: «Алхак. Хонадони Хучандия дар Исфахоп ба гоят муътабар ва бисёр сохибхолат будаанд. Чунончй аз Соидия (Оли Соид-А.Х,.) дар равиши хдммат ва рушди дунявй даст рабудаанд ва хдмеша мураббии фузало ва шуаро шудаанд. Ч,омеият ва фази-лати донишмандй, одобдонй, сухансанчй, равиши сухбат ва ихтилоти химмат ва тачассуси бузургй х,ама бар эшон хатм гашта, дар чамеи фунун хуштарз ва хушравиш будаанд» (5,923-924).

Намояндагони ин хонадон хдмвора бар асари хдмоятхое, ки аз шоирону адибон ба амал меоварданд, пайваста мавриди ситоиши шуарои асри XII кдрор гирифтаанд. Дар девони шуарое, мисли Камолиддни Исфахонй (2), Хоконии Шарвонй (6), Рафеуддини Лунбонй (4), Асируддини Ахсикатй (1) ва дигар шоирони ин давр даххо касидае дар мавриди хайрхохй ва пуштибони ахли адаб будани фарзандони ин хонавода бо сарохат ишора шудааст. Дар ин макола асосан талош шуда то бар асоси кдсоиди мавчуд дар девони Камолиддни Исфахонй ба муаррифии корномахои шоиста ва мондагори яке аз чехраи камшинохташудаи Хонадони хучандй бо номи Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй пардозем.

Азудуддин Имодулислом Хдсан ибни Абдуссамади Хучандй аз шахсиятхои бисёр маъруфи Оли Хучандй Исфахон аст. Зеро у ба унвони аъзои Хонаводаи Хучандй ва идомадихдндаи кори неки гузаштагони худ, дар хдмоят ва пуштибонии ахли адабу хуиар накши бисёр мухдмме аз худ ба ёдгор гузошта буд. Вай тибки гуфтаи Х,усайни Бахрулулумй бародари Садриддин Умари Хучандй мебошад (2,45). Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй, ки аз мамдухони шоири маъруфи адабиёти форсй -Камолиддини Исфахонй ба хдсоб меравад, чих,ати равнак додани бозори шеъру шоирй таваччухд хоса зохдр намудааст. Ин нуктаро мо метавонем хдни мутолиаи касоиди Камолиддини Исфахонй, ки ба ин намояндаи Оли Хучанд бахшида, пай бибарем ва бад-ин гуна дар симои ■ мехру ихлос ва иродати ин шоири маъруфро ба хонаводаи мазкур мукаррар намоем.

Хдрчанд Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй хидматхои мондагореро анчом додаву ба мисли гузаштагони худ дар ташаккул ва густариши адабиёту фархднги форсй нак,ши муассир дорад, дар мавриди зиндагиномаи у сарчашмахои дасти аввал иттилое надодаанд. Мухаккикону пажухишгарони Оли Хучанд низ бино бар надоштани далоили кофй дар мавриди номаи рузгораш исми варо дар радифи намояндагони Оли Хучанд зикр накардаанд.

Вале девони шуарои хдмасри у сарчашмаи бисёр мухим ва муътамаде дар мавриди шинохти баъзе аз нахлухои зиндагонии вай ба хисоб меравад. Махсусан девони Камолиддини Исфахонй дар муаррифии чехраи вокеии Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй чойгохи хосса дорад.

Баррасии девони Камолиддини Исфахонй нишон медихад. ки хучандии мазкур пас аз даргузашти яке аз пайвандони худ ба садорати шофеиён ва раёсати шахри Исфахон расидааст. Камолиддини Исфахонй дар зимни касидае, ки бо матлаъи: Бар х;ар замни, ки мардуми чашмам гузор кард, Оиро дар орзуйи рухат лолазор кард (2,307). бо ишора ба матлаби мазкур чунин овардааст: Ope бар офтоб шаб имруз даст ёфт, К-у аз саводи маснади Хоца шиор кард. Дарёи макрамат Азудуддин Хасан> ки чарх Доим ба гирди нуцтаи амраш мадор кард (2,307).

Ин байтхо гувох аз он медиханд, ки Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй ба раёсати азиме дар Исфахон даст ёфта ва маълум мешавад, ки дар вакти раёсаташ у миёни мардум обруи зиёдеро касб кардааст. Аз ин чост, ки Камолиддини Исфахонй уро хулосаи Хонадони Хучандиён хондааст: Аввал туро хирад заду гетй писанд кард, Пас номи ту хулосаи Оли Хуцанд кард (2,312).

Хдмон тавре таъкид гардид, Хонадони Хучандиён дар Исфахон бо саховат ва химояту пуштибонй аз ахли илму адаб дар тамоми минтакаи Ироки Ачам маъруфу машхур будаанд ва ин кори некро фарзандони ин хонавода яке пас аз дигаре идома додаанд. Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй низ бо пайравй аз гузаштагони хеш ба ин амри бисёр мухим даст зада ва дар баъзе аз холатхо сабкатро аз дигар афроди

( УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ 39 ~

хонаводаи худ бурдааст. Чунончи Камолиддини Исфахонй зимни касидае бо ишора ба саховатпешагии хучандии мазкур ба ин нукта чунин ишора мекунад:

Зар хокрезаест, ки мех,раш азиз кард, Бозаш сахои дасти ту чун хок, хор кард. Цуз дар санои абр накушид он ки у Чуди туро зи цатраи борон шумор кард. Бахши ту низ чу цатраи борон, чу абр лек, 3-он пас, ки бах;р низ бар у дасткор кард... Чуди газофкори ту ногах; чу хоки рох;, Онро нисори домани х;ар хоксор кард (2,308).

Ин сахову карам дар баробари мардум ва, ба вижа, шуарову удабо буд, ки пайваста мавриди мадху ситоиши онон карор мегирифт ва ба бехтарин сифатхо дар ашъори онон васф мешуд. Дар идомаи касидаи мазкур Камолиддини Исфахонй хотири худро пойбанди саховатпешагии ин намояндаи Оли Хучанд мехонад ва карами уро то хадде боло медонад, ки хатто аз осмон хам, ки нишони бахшандагй хает болотару бартар меистад: Шуд пойбанд хотири ман мадх,и дасти ту, Зеро, ки мушкиласт гузар бар бах,ор кард. Бо ту фалак димоги тараффуъ чу даргирифт, Миннат Худойро, ки туро бурдбор кард. Ope, фалак ба поя баланд аст, так макун, Пекин, кй дид, к-у караме хоцавор кард (2,308).

Шоир мегуяд, ки осмон дуруст аст, ки бар появу макоми зохи-рй аз хама шайъи олам баландтар карор гирифтааст, аммо бо хайру саховат ба макоми баланд расидан факат кори Хоча Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй мебошаду халос. Ин гуна тавсифотеро, ки баёнкунандаи хайру саховати Азудуддин Имодулисломи Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй бошад, мо дар тамоми касидахои Камолиддини Исфахонй, ки дар мадхи вай суруда, дармеёбем.

Дигар нуктаи мухиме, ки метавон аз сурудахои Камолиддини Исфахонй пай бурд, ишора ба ахли шеъру шоирй будани Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй мебошад. Камолиддини Исфахонй дар чандин чо аз сурудахои худ ба ин масъала таваччух зохир намуда, нуктахои чолиберо дар робита ба он баён доштааст.

— 40 ~С НОМАИ ДОНИШГОХ 3

Шоир зимни таркиббанде, ки дар васфи Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй суруда, чунин ишора намудааст:

Килки ту cap ба булацабих,о бароварад, Хар-ч оварад аз он дигар хуштар оварад (2,312).

Аз ин чо маълум мешавад, ки хучандии мазкур дар баробари ин ки хомиву пуштибони шуаро будаву пайваста онхоро мавриди инояти хеш карор медода, ки мо бад-он ишора намудем, бар замми ин худ низ шоир будаву «килке» суханвар доштааст. Ва хдмон тавре, ки дар идомаи ин сурудаи Камолиддини Исфахнй пай мебарем, Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй шоири маъмулй хам набуда, балки шоири тавоное буда, ки Камолиддини Исфахонй уро бо авсофи зерин васф намудааст:

Пай бар бисоти Рум тщад, нсщши Чин кунад, Сар дар шаби сиёх; них;ад, ахтар оварад. Бошад миён бибаста ба цасди сипох,и бухл, 3-он х;ар дам аз сиёх;ии хат лашкар оварад. Хар маънии рамида, ки кас нсщши он надид, То бингарй, сарсии ба хами чанбар оварад. Зояндаест бар сари по бо хурушу бонг, В-онгах, чи турфа он ки х;ама духтар оварад. Цое, ки у х;адис зи лавх,и азал кунад, Эй бас, ки русиёх,й бар дафтар оварад. В-ин х;ам зи цодуист, вагарна касе надид, Решоваре, ки хат чунон хуш дароварад. Гар омадаст бар сари ангушти фаррухат, Дарё ацаб мадор, ки нсш бар cap оварад (2,312).

Дар мисраъхое, ки гузашт, шоир ба никоти бисёр мухдме дар мавриди шоир будани Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй ишора намудааст. Таъбироти «аз сиёхди хат лашкар овардан», «русиёхд бар дафтар овардан», «хат чунон хуш даровардан» ва он хам ба хадде, ки агар «бар сари ангушти фаррух»-аш «дарё най бар cap» биёрад барои навиштан ва «ачаб хам надорад», хамагй далолат бар ин нуктаи бисёр мухим дар мавриди ин шахсияти нотакрори Оли Хучанд аст.

Камолиддини Исфахонй бар замми ин дар касидаи дигаре бо ишора ба суханварии Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни

С _ УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ^ - 41 -

Абдуссамади Хучандй чунин таъкид мекунад:

Гулзори маънй аз сари килкат шукуфта шуд, Ope, муносиб аст гул аз нуки хор кард (2,309).

Ин х,ама шукуху азамат ва бузургии Азудуддин Имодулисломи Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй хает, ки Камолиддини Исфахонй бо он макоми арчманде, ки дар таърихи адабиёти форей дорад ва хатто лакаби «халлокулмаонй»-ро ба у нисбат додаанд, дар чое аз девонаш бо икрор аз табъи баланди ин намояндаи Оли Хучанд чунин гуфтааст:

Дар мавцхези табъи ту андеша гута хурд, Пас шеърам аз mapaiuiuyx;u он обдор кард (2,309).

Агар таъбири «мавчхези табъ»-ро ишора ба табъи суханварии Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй бидонем, пас метавон бо икрори худи Камолиддини Исфахонй натича гирифт, ки у тахти таъсири ашъори ин суханвари хучандии мазкур карор гирифта ва шеърашро аз тарашшухи он ашъор «обдор» кардааст. Ин амр аз чойгохи баланди Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй дарак медихад. Шахси х,унар чу тарбияти хештан кунад, Нсщши нигини цони Азудуддин Хасан кунад (2,312).

Байтхои боло далолат бар тавонмандии Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй дар сурудани шеър мекунад, ки ба таъбири Камолиддини Исфахонй ахли хунар бояд аз у пайравй кунанд.

Нуктаи дигаре, ки аз сурудахои Камолиддини Исфахонй дар мавриди Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй бардошт намуд, оид ба химояти махсуси ин парвардаи Хонадони Хучандй дар нисбати шуаро ва умуман ахли хунар аст. Камолиддини Исфахонй бо сарохат ба ин матлаб чунин тазаккур додааст:

Гамхорагии ах,ли х,унар мекунад кафат, В-инсоф дар шумор наёяд, ки чанд кард (2,313).

Маълум мешавад, ки Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй таваччухи вежае бар ахли хунар доштааст ва чи басо дар паси ин химоятхо ашъори дилпазир ва достонхои беназире руйи кор омадаанд, ки адабиёти форсиро ганои тоза бахшидаанд. Албатта, изхори назари катъй дар маврид он ки кадом достон ва ё хар асари дигаре бар асари химоятхои хучандии мазкур

руйи кор омада бошад, мушаххасан наметавон гуфт, аммо аз суханони Камолиддини Исфахонй. ки дар хамон замон зиндагй карда ва аз он химоятхо пайваста сероб мешудааст, бар ин хдкикат пай бурда метавонем. Дар он замоне, ки хукмронони давр ба дунболи лашкаркашй ва тасарруф кардани шахрхо машгул буданд, таваччух ба ахли адабу хунар барои онхо камтарин арзишро хам надошт. Х,атто шоире мисли Камолиддини Исфах,онй, ки маъруфтарин шоирони замон махсуб мешуд, дилфигору хаста аз мазлумиятхои замон гашта буд. Вакте Азудуддин Имодулислом Хдсан ибни Абдуссамади Хучандй ба кудрат расид, Камолиддини Исфахонй ниёзи худро ба боргохи у овардааст: Садро!Чу рузгор зи цамъи абиди туст, Дар х,азратат тавон г ил а аз рузгор кард. Аз май мадор марками алтофи худ дарег, К-аз х;ад бурун замона маро дилфигор кард. Мапсанд к-аш ба ах;ди ту бар ман зафар бувад, Гардун, ки цасди накбати ман, анд бор кард (2,309).

Камолиддини Исфахонй хуб медонист, ки караму саховати Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй то чи хад ба ахли адаб зиёд аст. Аз ин хотир бо умедвории комил ру ба даргохи у овард ва бо хитоб ба Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй чунин сурудааст: Дандони ноибот бар у кунд мешавад, )(ар к-у ба домани карамат эътисор кард (2,309). Дар вокеъ пас аз ба раёсат расидани Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй шоирону адибон ва ахли хунар макому манзалати хоса касб карда ва у рухияи ноумедии ононро аз байн бурдаву эшонро ба рифох расонидааст, ки Камолиддини Исфахонй дар тасдики ин андеша чунин гуфтааст: А.ули х;унар ба тарбиятат зинда гаштаанд, Ах,рори рузгор туро банда гаштаанд (2,313).

Мачмуи касидахои Камолиддини Исфахонй, ки дар васфи Садриддин Махмуди Хучандй суруда шудаанд, моломол аз васфи сифатхои неки Азудуддин Имодулислом Х,асан ибни Абдуссамади Хучандй мебошад. Ин амр гувох бар он аст, ки дар вокеъ ин намояндаи Оли Хучанд барои дастгирии шоирону адибон тавач-чухи зиёд зохир намудааст, ки ин амр ба ташаккул ва густариши адабиёт бетаъсир намондааст. Вакте шоире мисли Камолиддини

Исфахонй дар ситоиши у ин хама байтро сароида, пас метавон хулоса кард, ки чойгохи у дар миёни шуарои давр ба хотири таваччухи хоссааш ба шоирону ахли хунар бисёр бузургу муассир будааст. Муносибате чунин ба адабиёт ва ахли адаб, ки амри мухим дар эчоди касоиди самимона дар зехну андешаи як нафар шоири сохибназар ва пурибтикор гардидааст, дар канори бозтоби фазилатхои фархангсолории як нафар намояндаи Оли Хучанд ба омили мухими ривочи адабиёти форсй будани он дар ин давра дар заминаи ибтикороти сиёсй ва корномахои амирони давр, бахусус ин хонаводаи муътабари таърихй ишорат мекунад.

ПАЙНАВИШТ

1. Ахсекатй, Асируддин. Девон. Ба тасхеху мукобала ва мукаддимаи Рукниддини Хумоюнфаррух. -Техрон, 1337

2. Камолиддин Иемоили Исфахонй. Девон. -Техрон, 1348

3. Мухаммад Авфии Бухорой. Лубоб-ул-албоб. -Техрон, 1361

4. Лунбонй, Рафеуддин. Девон. -Техрон, 1369

5.Такиудцин Мухаммад Авхадй Дакоики Балёнй. Тазкираи арафот-ул-ошик;ин ва арасот-ул-орифин. Ч,.4.-Техрон: Асотир, 1388

6.Хоконии Шарвонй. Девон. -Техрон, 1391

Отражение достоинств Оли Худжанд в панегириках Камолиддина Исфахани

А.Ходжиев

Ключевые слова: история персидско-таджикской литературы XII в., Оли Худжанд (Дом Худжандцев), Азудуддин Имодулислом Хасан ибн АбдусамадХуджанди, творчество Камолиддина Исфахани

В истории таджикского народа, особенно домонгольского периода, особую популярность, благодаря политической, общественно-культурной и меценатской деятельности, приобрели представители Оли Худжанд (ДомХуджандцев) в Исфахане. Автор статьи на основе анализа касыд Камолиддина Исфахани, посвященных Азудуддину Худжанди, предпринимает попытку осветить некоторые аспекты меценатской деятельности этого представителя Оли Худжанд в области литературы.

— 44 ~C HOMAH JOHHnirOX D

Reflection of Oli Khujand Merits in Kamoliddin Isfakhan's Eulogies

A. Khojiyev

Key words: history of Persian-Tajik literature of the XII"' century, Oli Khujand (Khujand citizen's Home), Azududdin Imodulislom Khasan ibn Abdusamad Khujandi, Kamoliddin Isfakhani's creation

In the history of the Tajik nation - the pre-MongoIian period being singled out especially - the representatives of Oli Khujand (Khujand citizen's Home) in Isfakhan acquired a notable popularity due to the activities referring to politics, sochun, cidture, patronage of literature and arts. Proceeding from the analysis of Kamoliddin Isfakhani s Kasyds the author of the article makes an endeavour to elucidate certain aspects of the activity of this representative of Oli Khujand in the branch of literature marked with his patronage.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.