УДК-74.00 ББК -371
АСОСХОИПСИХОЛОГИЮ ПЕДАГОГИИ Почоев Бахтовар отамович, унвонцуи
ТАШКИЛИКОРИ ТАЪЛИМИИЁРИРАСОН кафедраи педагогикаи ицтимой ва касбии
БАРОИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАВУ факултети педагогии МДТ "ДДХ ба номи
МАХОРАТИХОНАНДАГОНИХУРДСОЛ акад. Б.Гафуров" (Тоцикистон, Хуцанд),
ПСИХОЛОГО-ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ Почоев Бахтовар Хотамович, соискатель
ОСНОВЫ ОРГАНИЗАЦИИ УЧЕБНО- кафедры социальной и профессиональной
ВСПОМОГАТЕЛЬНОЙ РАБОТЫ ДЛЯ педагогики факультета педагогики ГОУ
ФОРМИРОВАНИЯ УМЕНИЙ И НАВЫКОВ "ХГУ имени академика Б. Гафурова "
МЛАДШИХ ШКОЛЬНИКОВ (Таджикистан, Худжанд)
PSYCOLOGICAL AND Pochoev Bakhtovar Hotamovich, applicant of
PEDAGOGICAL BASES OF social and professional pedagogy department
ORGONIZA TION OF CORRESPONDED of attached to the faculty of pedagogy under
EDUCATIONAL ACTIVITY TO THE the SEI «KSU named after acad. B.Gafurov»
DEVELOPMENT OF YOUNG PUPILSл SKILL (Tajikistan, Khujand), E-mail:
AND ABILITY [email protected]
Вожа^ои калиди: фаъолияти таълими, малака, майорат, синфи ибтидои, касби омузгори, давраи навраси, тарбияи шахсият, аули цомеа
Дар мацола асосуои психологию педагогии ташкили фаъолияти таълимии хонандагони синфуои ибтидои аз тарафи омузгор мавриди омузиш царор дода шудааст. Муутавои асосии мацоларо нацши омузгори синфуои ибтидои дар уамкори бо аули цомеа, циуати рушди малакаю мауорати хурдсолон ташкил медиуад. Хамчунин таъсири технологияи нави инноватсиони ба фаруанги техникии насли наврас асоснок карда шуда, новобаста аз он нацши уалкунандаи омузгори синфуои ибтидои алоуида кайд карда шудааст. Бо истифода аз тадцицотуои илмии олимони барцастаи соуаи педагогика ва психология хусусиятуои инкишофи худогоуии хурдсолон ва роууои ташаккулёбии он аз нигоуи илми асоснок карда шудааст. Вижагиуои инкишофи малакаю мауорати хурдсолон ва нацши созандаи омузгор ва волидон дар он таулил карда шудааст.
Ключевые слова: учебная деятельность, умения, навыки, начальный класс, педагогическая профессия, подростковый возраст, воспитание личности, общественность
В статье исследуются психолого-педагогические основы организации учителем воспитательной деятельности учащихся начальной школы. Основное содержание статьи - роль учителя начальных классов в работе с обществом по развитию умений и навыков детей младшего возраста. Кроме того, обосновано влияние новых инновационных технологий на техническую культуру младших школьников и, тем не менее, подчеркивается решающая роль учителя начальных классов. На основе научных исследований ведущих ученых в области педагогики и психологии показаны особенности развития самосознания младших школьников и пути его формирования. Также анализируются особенности развития умений и навыков младших школьников и конструктивная роль учителей и родителей. Утверждается, что целью философии анализа психолого-педагогических основ является образование деятельности вспомогательного обучения в развитии умений и навыков младших школьников.
Key words .'educational activity,slill, ability, primary school, teaching profession, adolescence period,personality up-bringing, society.
The article is devoted to the study of psycological and pedagogical bases of orgonization of corresponded educational activity to the development of primary school pupilsл skill and ability by teachers. The main content of the article is to show the role of primary education teacher in co-working with society and the ways of sill and ability development of primary pupils. The influence of modern innovational technology to the technical culture ofpupil is also based, however, the key role of primary education teacher is expressly mentioned. The features of self-knowing of primary pupils and the ways of their development is scientifically approved relying on the investigations of outstanding scholars of pedagogical and psychological sphere. Also, here is analyzed the peculiarities of developing pupilsл skill and ability and the constructive role of teacher and parents. The purpose of the article is the philosophical analysis of psycological and pedagogical bases of orgonization of corresponded educational activity to the development ofprimary school pupilsл skill and ability by teachers.
Тагйирот ва инкишофи босуръати техникии чомеаи муосир як амри вокеии таърих буда, рох ёфтани технологияи компютерй ва иттилоотию иртиботй дар хаёти инсоният омузгорон, хусусан омузгорони синфхои ибтидоиро водор месозад, ки ба асосхои равоншиносиву педагогии таълим, малакаву махорати хонандагони хурдсол, чанбахои равонию маърифатии онхо диккати махсус диханд. Бояд гуфт, ки дар таърихи тамаддуни башар барои пешрафти чомеа ду касб омузгорй ва пизишкй накши калидй мебозанд. Пизишкон бо тарбияи солимии чисмии чомеа, омузгорон бо тарбияи маънавии он машгуланд. Аз ин ру касби омузгорй хатто мукаддамтар аз пизишкй ба шумор меравад, зеро пизишк хам дар ибтидо ва хамеша ба тарбияи маънавй ниёз дорад ва у хам омузгори аввалин ва устоди наздики худро дорад.
Новобаста аз он ки зарурату истифодаи технологияи муосир кори инсониятро ба маротиб осонтару фаъолтар мегардонад, вале хеч технологияе нахохад буд, ки накши инсонро ба пуррагй иваз карда тавонад. Бад-ин сабаб омузгорон пеш аз хама омузгорони синфхои ибтидоиро зарур аст, ки асосхои психологию педагогии ташкили фаъолияти таълимии хонандагонро тахлил карда тавонанд.бехуда нест, ки омузгорро мехвари асосии таълим мехисобанд ва сатху сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онхо махз ба донишу тачриба, малакаву махорати касбй, усули таълим ва дигар пахлухои фаъолияти шахсии омузгор вобастагии зич дорад.
Яке аз роххои тарбияи хонандагони хурдсол бо назардошти малакаву махорати азхудкунии онх,о ин мустакилияти омузишу тахлили эшон ба шумор меравад. Табиист, ки хар шахс баробари ёд гирифтани мафхум ё маънои нав онро новобаста аз хохиши худ аз лихози равоншиносй дар зехнаш вобаста ба кобилияти нерую тавоноияш тахлил мекунад. Тахлили шахсию мустакилонаи у ^ариб, ки дар тамоми хаёташ дар хотирааш накш мебандад. Вазифаи омузгор дар ин рох аз он иборат аст, ки ба тахлили психологию педагогии онх,о кумак расонад ва тахлили мустакилонаи онхоро комилтар ва ё дуруст созад. Яке аз психолог ва педагогхои рус К.А. Абулханова-Славская мустакилиятро мухимтарин тавсифи шахс дар фаъолияти у номида, изхори акида кардааст, ки он дар шакли талабот то андозае новобаста вучуд дорад (1, 270-374).
Бояд гуфт, ки масъалаи худтанзимшавй ва худтарбиякунй, ки дар хамгироии донишхои психологй ва педагогй карор дорад, хамеша дар маркази диккати равоншиносон ва омузгорон бояд бошад. Аз ин ру, В.И. Моросанова масъалаи мустакилиятро хосияти хамешагии инфиродй тавсиф дода, хамчун субъекти фаъолияти инсонй нишон медихад (4, 5-17).
Педагогхо одатан ду давраи инкишофи бачагонро кайд мекунанд, ки якеро давраи синни хурди мактабй, дигареро давраи наврасй номида, таълиму тарбияро вобаста ба синну сол ва кобилияту малакаи дарсазхудкунии онхо ба рох мемонанд. Равоншиносон бошанд, бо мукоисасозии ин ду давраи инкишофи кудакону наврасон хар ду давраро давраи фаъоли инкишофи ташаккули шахсият меноманд. Бояд гуфт, ки давраи инкишофи равонии хонандагони хурдсол маъмулан дар асоси омузиши донишхои ба синну соли худашон мувофик инкишоф меёбад.
Академик Д.И. Фелдштейн хусусиятхои инкишофи худогохиро тахлил намуда, кайд кардааст, ки инкишофи шахсияти наврасон асосан аз се чихати зеринро фаро мегирад: когнетивй, яъне худшиносй, эмотсионалй (эхсосй) ва регулятивй. Хдмин чихати регулятивии инкишофи наврасонро у махсулу самараи якчояшавии хамаи чанбахои фавкуззикр номида, онро инъикоси бошууронаи "ман" мехисобад (5, 31-41).
Ташаккули малакаву махорати хонандагони хурдсоли мактабй бо якчанд роху восита инкишоф меёбад. Масалан, тавассути бевоситаи рохбариву рохнамой ва таълиму тарбияи омузгор; тавассути назорату рохнамоии падару модар; бо рохи мустакиломузй; дар шакли омузиши коллективона бо хамсабакону хамсолон ва гайра.
Албатта, самараву натичаи бештар хангоми таълиму тарбия дар назди устод хосил мегардад. Зеро на хар падару модар тахассуси омузгориву равоншиносй доранд, илова бар ин, одатан падарону модарон барои таълиму тарбияи фарзандони худ камтар вакт пайдо мекунанду дар бештари маврид ба омузгор умед мебанданд. Ва ин амри вокеии таърихй мебошад, ки чанбахои махсуси худро дорад. Омузиши мустакилона ва ё коллективонаи кудакону наврасон харчанд чихати мусбати умумипедагогиро молик аст, вале хар ойина бидуни дахолати омузгор комил нахохад буд. Шояд саволхое ба миён меоянд, ки дар миёни хамсабакон хал намешавад ва ё халли мустакилонаи он мустакилона алалхусус душвортар хохад буд. Умуман, яке аз вазифаи мукаддаси омузгор хам дар хамин чост, ки кудакону наврасонро ба рохи рост хидоят карда, кобилияти фикрронй ва малакаву махорати эчодиву идрокии онхоро инкишоф дихад.
Дигар чихати масъала дар он аст, ки инкишофи махорату малакаи хонандагони хурдсол дар эхсос кардан ва кадр карда тавонистани натичаи мехнати худашон зохир мегардад. Албатта, дар ин чода хам сахми омузгор хеле зиёд аст, ки у метавонад ба бачагон биомузонад, ки ба кадри натичаи мехнати худ расидан халовату кайфияти махсус дорад. Дар хамин маврид В. А. Сухомлинский хеле чолиб ва дуруст кайд кардааст, ки бино бар акидаи у «Нахуст ба бачагон мехнат кардан, фикр намудан, мушохида бурдан, ва кадр карда тавонистани мехнати фикриро омузонидан лозим аст. Кудаке, ки хурсандиро дар таълим, дар натичаи мехнати худ хис накардааст ва аз натичаи мехнати худ ифтихор надорад - талабаи хушбахт нест»(4, 27).
Дигар чихати масъалаи тахлили асосхои психологию педагогии ташкили фаъолияти таълимии мусоид барои ташаккули малакаву махорати хонандагони хурдсол аз тарбияти он вобастагии ногусастанй дорад. Гап дар сари он аст, ки тарбия мукаддам аз таълим аст. Зеро аз кудак ва ё навраси ботарбияи камсавод шахсият сохтан мумкин аст, ки махз дар хамин чода захмату талошхои хамешагии омузгорону волидайн ва чомеа накши халкунанда мебозад. Ва чунин кудакону наврасон хамеша шахси ба чомеа зарур ба воя мерасанд. Аммо аз кудак ва ё навраси доною бетарбия шахсият сохтан душвор аст. Баръакс, шахси донои бетарбия ва бадахлоку авбош барои чомеа хатарнок аст, зеро чинояти у бинобар доштани донишаш вазнинтар хосил мегардад. Аз ин ру, меъёри асосии муносибати устоду шогирдро, пеш аз хама бояд, эхтироми шахсият ташкил дихад. Яъне шогирд нисбат ба муаллим эхтироми хоса доштанаш шарт ва зарур аст. Муаллим дар хонандагон махорати худназоратй, ба фаъолияти худ бахо дода тавонистанро меомузонад, ки инро як навъ гамхории устод нисбат ба хар як шогирд номидан равост. Дар навбати худ баъд аз омухтани дарачаи муайяни дониш, кадр карда тавонистани мехнати худ ва захмати устод, шогирдонро месазад, ки эхтироми хосаро нисбат ба мураббиёни худ гум накунанд.
Хдмин тарик, бо ташкил карда тавонистани таълими мусоидаткунанда омузгор дар ташаккули махорату малакаи хонандагони хурдсол чанд вазифаро ичро мекунад: таълим, тарбияи шахсият ва ичрои вазифаи касбии худ. Максад аз фалсафаи тахлил карда тавонистани асосхои психологию педагогии ташкили фаъолияти таълимии мусоид барои ташаккули малакаву махорати хонандагони хурдсол хам махз хадафи маколаи мазкурро инъикос мекунад. Зеро тахлили асосхои психологию педагогии ташаккули малакаву махорати хонандагон чй хурдсол ва чй наврас на факат вазифаи омузгорон, педагогхо ва психологхо, балки тамоми кишри зиёиёии чомеа ба хисоб меравад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Абульханова-Славская К.А. Проблема личности в психологии // Психологическая наука в России ХХ столетия: проблемы теории и истории / Под ред. А.В. Брушлинского. - М.: Институт психологии РАН, 1997. - С. 270-374.
2. Выготский Л.С. Возрастные возможности усвоения, знаний (младшие классы)/ Выготский Л.С - М.: Просвещение, 1966. - 442 с.
3. Моросанова В.И. Личностные аспекты саморегуляции произвольной активности человека. Моросанова В.И. // Психологический журнал, 2002.- Т. 23.-№ 6. - С. 5-17.
4. Сухомлинский В.А. О воспитании. Сухомлинский В.А. - М.: Политиздат, 1975. - 272 с.
5. Фельдштейн Д.И. Психологические особенности развития личности в подростковом возрасте. Фельдштейн Д.И // Вопросы психологии.-1988.- № 6. - С. 31-41.
REFERENCES:
1. Abulkhanova-Slavskaya K.A. The Problem of Personality in Psychology // Psychological Sciences in Russia Referring to the ХХ-th Century: Problem of Theory and History / under the editorship of А.У. Brushlinskiy. - М.: Institute of Psychology of ASR, 1997. - P. 270-374.
2. Vigodskiy L.S. Age-Specific Opportunities of Obtaining Knowledge (primary groups). Vigodskiy L.S. - М.: Enlightenment, 1966. - 442 p.
3. Morosanova V.I. Personal Aspects of Self-Control of Person's Arbitrary Activeness. Morosanova V.I. // Psychological Magazine, 2002, P. 23, # 6. - P. 5-17.
4. Sukhomlinskiy V.A. On Up-bringing/Sukhomlinskiy V.A. - М.: Poliizdat, 1975. - 272 p.
5. Feldstein D.I. Psychological Peculiarities of Personal Development in Adolescence Period. Feldstein D.I. // Psychological questions.1988, # 6. - P. 31-41.