Научная статья на тему 'ОСОБЕННОСТИ РАЗВИТИЯ САЙТОВ В МЕДИАПРОСТРАНСВЕ ТАДЖИКИСТАНА'

ОСОБЕННОСТИ РАЗВИТИЯ САЙТОВ В МЕДИАПРОСТРАНСВЕ ТАДЖИКИСТАНА Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
116
11
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИНТЕРНЕТ / ПЕРИОДИЧЕСКИЕ САЙТЫ / ИНТЕРНЕТ-ГАЗЕТЫ / ОБЩЕСТВЕННОЕ МНЕНИЕ / ИНФОРМАЦИОННОЕ ПРОСТРАНСТВО / МЕДИАПРОСТРАНСТВО / INTERNET / INFORMATION SITES / INTERNET NEWSPAPERS / PUBLIC OPINION / INFORMATION SPACE / MEDIA SPACE

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Астанакулова Джумагул

Статья посвящена проблеме появления и формирования периодических сайтов в Таджикистане. Автор вначале приводит краткую историю появления периодических сайтов в Таджикистане, а затем переходит к анализу специфики двух часточитаемых сайтов - сайта официальной газеты «Джумхурият» и бщественно-политического еженедельника «Озодагон». По мнению автора в Таджикистане до сих пор отсутствуют интернет - газеты, однако появление периодических сайтов могут положить начало появлению в будущем интернетгазет. Автор утверждает, что Интернет привлекает всё большее внимание специалистов, ученых и пользователей, и их количество неуклонно растет. В эпоху техники и технологий все страны мира, независимо от уровня их экономического развития и географического или политического положения связаны с этой мировой паутиной, и используют ее, в первую очередь, как источник информации. По этой причине наряду с интернетом, заполнили свою нишу в мире интернетгазеты и периодические сайты.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

FEATURES OF THE DEVELOPMENT OF SITES IN THE MEDIA SPACE OF TAJIKISTAN

The article is devoted to the problem of appearance and formation of periodic websites in Tajikistan. At the beginning the author gives a brief history of the appearance of periodic websites in Tajikistan, and then proceeds to the analysis of the specifics of two frequently - read sites- the site of the official newspaper “Jumkhuriyat” and the materially political weekly “Ozodagon”. According to the author’s opinion, in Tajikistan, there are still no online newspapers, however, the appearance of periodic websites may begin to appear in the future internet newspaper. The author claims that the internet attracts more attention of specialists, scientists and users, and their number is steadily growing. In the era of technics and technology, all countries in the world, regardless of their level of economic development and geographical or political situation, are connected with this world web, and use it primarily as a source of information. For this reason, along with the internet, internet newspapers and periodical websites filled their niche in the world.

Текст научной работы на тему «ОСОБЕННОСТИ РАЗВИТИЯ САЙТОВ В МЕДИАПРОСТРАНСВЕ ТАДЖИКИСТАНА»

included into scientific-literary tradition of Persian literature are explored by the author of the article under consideration.

Keywords: thematic classification, treatments, interpretation, situativeness of application, Persian literature, paremiological dictionary.

Сведения об авторе:

Анварова Маърифат Нарзуллоевна - старший преподаватель кафедры арабской филологии, Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд), E-mail: m.anvarova2018@mail.ru.

About the author:

Anvarova Marifat Narzulloevna - senior teacher at Arabic philology Department, Khujand State University named after B.Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: m.anvarova2018@mail.ru.

МАХСУСИЯТИ ТАШАККУЛИ СОМОНА^О ДАР МЕДИАМУХДТИ ТО^ИКИСТОН

Астанакулова Ц.

Донишго;и миллии Тоцикистон

Соли 1995 шабакаи компютерхо аввалин маротиба бо ташаббуси ташкилоти амрикоии «CADA» пайваст гаштааст ва тавассути он почтаи элекгронй ба рох монда шуд. Дубора 23 декабри соли 1998 Ч,амъияти сахомии пушидаи «Телекомм Технолоджи» нахустин шуда, хамчун провайдери интернет барои миллати точик интернетро ба рох монд.

Аз руйи маълумоти сомонаи http://www.toptj.com дар Точикистон 49 сомонаи ВАО мавчуд аст. Дар шароити имруз, ки замони техника ва технология аст, бисёрихо аз интернет фаровон истифода мебаранд, аз ин лихоз, бисёри корхонахову ширкатхо, ташкилотхо ва муассисахои хам давлативу хам хусуси сомонай худро доранд, албатта, холо на хамаи онхо дар сатхи зарурй ва чавобгуйи талаботи чомеаи муосир фаъолият мекунанд.

Калидвожахо: интернет, сомонахои магбуотй, интернетрузнома, афкори омма, фазои итгилоaгй, медиамухит.

Асри XXI асри техника ва технология аст. Инсоният махз дар ин давра ба дастовардхое ноил гардид, ки то ин вакт назирашро касе надида буд. Дар ин майдон накши иттилоaг хеле калон аст. Бинобар ин замони моро "асри иттилоот" ва чомеахои пешрафтаро "чомеаи иттилоотй" мегуянд: "Доло цомеаи уауонй асриХХ1-ро асри иттилоот хондааст [12, с.214].

Интернет таваччухи аксари мутахассисон, олимон ва истифодабарандагонро ба худ чалб намуда, сафашонро боз хам зиёд мегардонад. Дар замони техника ва технология, тамоми мамлакати руйи замин, сарфи назар аз сатхи инкишофи иктисодй ва мавкеи чугрофй ё масъалахои сиёсй ба ин шабакаи сартосарй пайваст шудаанд ва онро пеш аз хама чун сарчашмаи итгилоaг истифода мебаранд.

Аз щмин сабаб аст, ки дар баробари интернет Интернетгазетазр сомонахои матбуоти низ дар уауон мавцеи худро ишгол кардаанд. Дар байни ин кишвархр Тоцикистон низ царор дошта, чун узви цомеаи уцонй, табиист ки аз раванди фарогирии Интернет дар канор намондааст. Албатта дар Тоцикистон матбуот пурра ба шакли Интернетгазета нагузашта бошад ;ам,цадами худро дар ин рох; гузошта ру ба пешравицарор дорад, ки ин падидаи хубест барои оянда

Таърихи инкишофи мар;илаи аввали Интернети ватани аз миёнаи сол;ои 90-и асри ХХ ибтидо мегирад ва он ба замоне рост меояд, ки барои цониб;ои манфиатдоре, ки ицтидор ва имконияти татбици ин технологияро доштанд, чунин тацриба ба хукми ;ашамату шуку; буд. Интернет дар кишваре чун Тоцикистон, ки дертар аз дигар кишвар;о барои худ олами технологияи рацамии шабакавиро кушода аст, ;арчи бештар характери мобили мегирад.

Соли 1995 шабакаи компютерхо аввалин маротиба бо ташаббуси ташкилоти амрикоии «CADA» пайваст гаштааст ва тавассути он почтаи электронй ба рох монда шуд. Дубора 23 декабри соли 1998 Ч,амьияти сахомии пушидаи «Телекомм Технолоджи» нахустин шуда, хамчун провайдери интернет барои миллати точик интернетро ба рох монд. Ва новобаста аз гарон будани нархи хизматрасонй муштариёни Интернет солхои охир ба маротиб зиёд шуда, мардум руз то руз ба он одат карда истодаанд: Интернет ;амчун муосиртарин дастоварди илмиву ацли то цое дар цомеаи тоцик ;ам мавцеъ пайдо кардааст. [4, с.5]

Албатта, бо афзудани теъдоди истифодабарандагони Интернет шумораи хонандахои сомонахо низ меафзояд. Ин дар навбати худ аз хабарнигорони сомонахои иттилоотймасъулияти бештари касбиро такозо мекунад.

Машхуртарин назариячиёни «чомеаи иттилоотй»-ро М. Порат, Й. Масуда, Т. Стоунер, Р. Картс эътироф намудаанд [1]. Дар китоби Калмыков А. А., Коханова Л. А оиди «Ч,омеаи иттилооти» омадааст: «Ч,амъияти ахбороти - ин накшаи эхтимолй томи иктисодй - сиёсй (антропосотсиалй) ва

техникй, идоракунй, гузариш ба сохтори чамъиятии чахони мебошад, ки дар он вазифаи асосиро дар хама кисматх,ои хаёг СМК - сохти робитаи умумй мебошад, ки бо ёрии компютер ва технологияи робитави дар асл бо технологиям Интернет мучах,аз шудааст.» [2. c.13]

Аз руйи маълумоти сомонаи http://www.toptj.com дар Точикистон 49 сомонаи ВАО мавчуд аст. Дар шароити имруз, ки замони техника ва технология аст, бисёрихо аз интернет фаровон истифода мебаранд, аз ин лихоз, бисёри корхонахову ширкатхо, ташкилотхо ва муассисахои хам давлативу хам хусуси сомонай худро доранд, албатта, холо на хамаи онх,о дар сатхи зарурй ва чавобгуйи талаботи чомеаи муосир фаъолият мекунанд. Ин гуна сомонахо хусусияти корпоративй дошта, дар як руз як маротиба иттилоъ пахн мекунанд. Аз хамин сабаб хонандахои онх,о кам хасганд. Баъзе сомонахо, ки ба газетахо тааллук доранд, танхо рузи чопи нашрия хабар ё маводи нав нашр мекунанд ё баъди се-чор рузи нашр мавод ё хабари нав дар сомонааш ворид мекунад. Бисёр сомонахои ватани баъдйба фуруш рафтани газета, маводи навро ба сомона чойгир мекунанд. Ин хам бошад баъди фуруши газета. Сомона аслан барои он нафароне аст, ки берун аз кишвар буда, дастраси ба газета надорад. Барои хамин ба гайр аз маводи газета дигар илова ворид наменамоянд. Аммо дар баробари ин баъзе сомона ё очонсихое хам хастанд, ки дар фазои иттилоотии Точикистон мавкеи мухим дошта, дар пахши иттилооти хоричиву ватани фаъоланд. Ин сомонахо аксаран ба очонсихои итгилоaгй ва ё расонахо тааллук доранд.Бояд кайд кард, ки дар ватани мо аввал расонахо ва очонсихои иттиллотй пайдо шуданд ва баъдан онх,о сомонахои худро барои пахши матолибашон таъсис доданд:wwwkhovаr.tj -Агентии миллии игтилоaгии Точикистон "Ховар" (+ радиои "Ховар"), www.news.tj - Медиахолдинги "Азия плюс" (агентй, нашрия, радио, ), www.avesta.tj - Агентии иттилоотии "Авеста", www.tojnews.tj -Агентии иттилоотии "Точнюс" (+ нашрияи "Нигох"), www.ozodagon.tj - Агентии иттилоотии "Озодагон" (+нашрияи "Озодагон"), www.cccp.tj - Агентии иттилооши "Хатлонпрес" (+нашрияи "СССР"), www.ariana.tj - Агентии игтилоaгии "Помирмедиа", www.jumhuriyat.tj - Нашрияи расмии ХукуматиЧТ, "Чумхурият" (точикй), www.sadoimardum.tj - Нашрияи Мачлиси Олии ЧТ, "Садои мардум", www.narodnaya.tj - Нашрияи расмии Хукумати ЧТ, "Народная газета" (русй), www.khalkovozi.tj - Нашрияи расмии Хукумати ЧТ, "Халк овоз" (узбекй), www.javonon.tj - Нашрияи Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхй, "Чдвонони Точикистон", www.hakikatisugd.tj - Нашрияи макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Суд, http: //khatlon-ruznoma.tj/ Нашрияи Макомоти ичроияи хокимияти давлатии Сугд "Хатлон", www.millat.tj - Нашрияи чамъиятй-сиёсй, "Миллат", www.faraj .tj -Маркази тадкикоти журналисгй (нашрияхои "Фараж", "Самак", "Ману ту"), www.pressa.tj - Нашрияи "Точикистон" Имруз сомонахои АМИТ «Ховар», ОИ «Азия плюс», ОИ «Авеста», ОИ ^jNews, ОИ «Озодагон», сомонаи расонахои Медиахолдинги «Оила» — http: //www.pressa.tj ва сомонаи Маркази тадкикоти журналистии Точикистон — http: //www.faraj.tj дар фазои иттилоотии кишвар макоми хоса доранд. http: //www.toptj.com

Аз сомонахои зикр гардида танх,о ду сомона сомонаи www.jumhuriyat.tj , www.ozodagon.tj, зери тахлилу баррасии мо карор гирифтаанд. Оиди ВАО- электронии ватанй тадкикотхоро дар шакли пурра хам набошад, дар навишгахои мухаккикони точик низ дидан мумкин аст. Мухаккик Муким Човид дар маколааш "Сомонахои хабарии Точикистон дар фазои иттилоотй" [6] ба мавкеи сомонахои иттилоотй, накши онхо дар фазои иттилоотии кишвар андеша баён мекунад. Мирзоалй С дар маколааш "Пайдоиш ва ташаккули агентихои иттилоотй дар Точикистон" [5] дар хусуси агентихои иттилоотии Точикистон маълумот медихад. Хамидов И дар маколааш "Гуногунандешй дар ВЭА"[11] баъзе пахлухои мавкеи сомонахои расмй ва хусусй андеша меронад. Инчунин Хочазод С. бо номи "Накши ВАО-и электронй дар ташаккули афкори чомеа" [10] маколае чоп намуда, дар мавриди ташаккули афкори омма ва пахн гардидани андешахо тавассуги сомонахо назари худро баён мекунад.

Чунон ки дар болотар хам зикр гардид, мо ин чо танхо дар хусуси ду сомонаи серхонанда чанд мулохиза баён карданием.

Соли 2008 бо пайдоиши техникаву технологияи замонавй коргарони нашрияи расмии Чумхурии Точикистон - «Чумхурият» низ ба чомеаи технологй ру оварда кори рузномаро вобасга ба замон пеш баранд: «Он аудиториям рузномахоне, ки дац сол пеш, цатто панц сол пеш доштем, аллакай онро аз даст додаем. Талаботи аудитория дигар аст, вай мехоцад мавод гуногуну рангоранг бошад. Мо цам муваззаф цастем мувофици талаботи аудитория иваз шавем. Мардум дигар интизори рузи панцшанбе баромадани рузномацо нест, дар цоле ки он иттилоъро аз Интернет хондан мумкин аст»

[3].

Бо пешниходи муовини котиби масъули рузномаи Чумхурият, Ориф Ёдгорй рузнома сайги худро фаъол менамояд, то матолиби рузнома зудтар ба хонанда расад. Пешниходи муовини котиби масъул ба Камол Абдуррахимов, сармухаррири хамон вактаи газета писанд омада, аз пайи рохандозии сомонаи рузнома шуданд. Ориф Ёдгорй баён медорад: пас аз он ки цайати эцодй ин таклифи маро цабул карданд, бо цамроции барномасоз Рацимов Толиб, ки коргари фирмаи хусусй буд, 6 макет омода кардем. Х^ама цузъиёти онцоро дар мацлиси алоцидаи коргарони нашрия мавриди баррасй царор додем. Ницоят макете, ки цоло аз руйи он мацола ва хабару гузоришот дар сомона цой дода шудаанд, интихоб гардид. Бо цамин, соли 2008 сомонаи рузномаи «Цумцурият», www.jumhuriyat.tj пурра ба кор шуруъ намуд.

Дар бисёри сомонахо аз чумла сомонаи «Озодагон» маводи андешахо ба таври «авгомагй» чойгир мешаванд. Аммо дар сомонаи www.jumhuriyat.tj аввал, аз тахрири масъули сомона гузашта, баъдан дар сомона ворид мешавад.Чунон ки Ориф Ёдгорй бо муаллифи ин сатрхо дар сухбат иброз дошт: «бисёри сомонахо ин намуд набуда, маводхри дар рубрикам андешщо пешнщодшуда ба таври «афтомати» дар сомона цойгир мешавад, на онцадар хуб аст, зеро ба бисёр тащиру дашномуои цабех ру бару шудан аз эутимол дур нест»

Аз гуфтахои боло бар меояд ки бо пешниходи Ориф Ёдгорй сомонаи wwwjumhшiyat1j тарзе фаъол карда шавад, ки аз дигар сомонахофарк дошта бошад ва хам аввал аз назари масъули сомона гузарад, то ин ки аз тахкиру дашномхои кабех барй бошад. Сармухаррири газета Камол Абдуррахимов бо муаллифи ин сатрхо дар сухбат иброз дошт: дар байни газетахои давлати аввалин шуда газетаи «Чумхурият» сомонаихудроба фаолият огоз намудааст.

Сомона аз шакли ягон сомонаидигар нусхабардорй нашуда, балки корро аз сифр оFоз кардаанд. Албатта, пайдоиши сомона аз тарафи Ориф Ёдгорй пешниход шуда, ба тартибдарории кори сомона низ бар души у вогузор аст. Дар ин бора худи у дар сухбат бо мо чунин гуфт: «Мо кушиш намудем, щмаи пахлухои сомонаро ба инобат гирифта, корро аз сифр огоз намудем, то сомона аз бисёр хатархо эмин бошад. Х/амин сабабуо мебошад, ки Сомона аз бисёр хатархо эмин аст».

Сомонаи рузномаи «Чумхурият» дорои чунин бахшхо аст:

Бахшхо:Сиёсат, иктисод, ичтимоиёт, энергетика, мухочират, хукук, илм, маориф, фарханг, туризм, номахо.

Президента ЧТ: паёмхо, суханронихо, мулокотхо, сафархо, мусохибахо, маколахо, баркияхо.

Хуччатхо: конунхои ЧТ, фармонхои Президент, карорхои Ху^мат, Амрхои Президент.

Чаласахо: Президент, Хукумат, парлумон, дигар.

Чумхурият: Дар бораи нашрия, озмунхо, чои холи кор, обуна.

Инчунин «дар сомонахои дигари Точикистон хонед» рубрика овардашуда номи сомонахое, ки сомона хамкорй дорад: Официальный сайт Президента Таджикистана, АКН, Ховар, Министерство иностранных дел Таджикистана, Республиканский ПРЕСС- ЦЕНТР

Аз сабаби мутобик нашудани браузерхо, ки дар чахон руз аз руз пуркувват мегарданд, куввати сомонахои хурд ба он намерасад ва кори сомонахоро ба сустшавй оварда мерасонад. Аз ин ру рохбарияти сомонаи газета ба як карор омада , сомонаро аз нав фаъол мегардонанд. Масъули дигари сомонаи wwwjumhuriyat1j Фирузи Алишер буда оиди маблаFгузории сомона дар сухбат бо мо чунин гуфта буд: «Назар ба дигар ширкатуо суръати кори ширкати Вавилон фаъолтар аст, аз ин ру барои кори сомона хар сол аз ин ширкат хостинг 500тЬ харидори менамоем».

Масъулин дар як руз як маротиба то соати 8- и сахар маводи газетаро пурра ба сомона ворид менамоянд. Бо сабаби он ки маводи рекламавй тарики шартнома сурат мегирад, дар сомона ягон маротиба реклама чойгирнашудааст, зеро ягон кас низ пешниходи реклама накардааст. Бокимондаи маводхо пурра ба сомона кучонида мешавад. Як сабаби таъсиси сомона такозои замон бошад, дигараш барои мутолиаи хонандагоне, ки берун аз кишвар хастанд, мебошад. Сомона ба мисли дигар сомонахо бойгонй дорад ва аз маводаш дигар газетахо истифода мебаранд. «Холо аз хар 5 нафари ахолии сайёра 2 нафари онхо ба сомонахои интернети дастраси доранд» [9].

Гурухи расонахои "Озодагон" 3 майи соли 2011 аз чониби муассис Зафари Суфй дар рузи "Озодии баён" таъсис дода шуд. Ин хабаргузорй нахустин расонаи минтакавй дар Точикистон мебошад. Хабаргузорй дар заминаи хафтанома, ки соли 2007 ба вучуд омадааст, таъсис ёфтааст. Мухаррирони нахустини сомона Хилватшохи Махмуд, Каюмарси Ато буданд, имруз бошад масъулияти онро Хакими Даврон ва Абдуллазиз Васиев ба зимма доранд. Расона каблан бо забонхои точикй, русй ва форсй иттилоъ пахш мекард. Аммо аз соли 2013 бахши форсии он таваккуф кард ва имруз бошад, бахши точикии он бо суроFаи wwwozodagoa1jва бахши русии он бошад бо суроFаи Catoday.com фаъолият мекунад. Бахши точикии расона дар Точикистон ва бахши русиаш бошад дар KирFизист'он фаъолият дорад.

Хабаргузорй яке аз расонахои пурнуфуз ва серхонандатарин дар фазои иттилоотии кишвар ба хисоб меравад. Хабаргузорй тахти рубрикахои Осиёи Марказй, ки пайваста дар бораи панч кишвари Осиёи Марказй, аз кабили Точикистон, К^иргазистон, ^азокистон, Туркманистон ва Узбекистон иттилоот пахш мекунад. Хамчунин тахти рубрикахои- Сиёсат, ицтисод, дин, оин, фархангу адаб, цавонон ва варзиш, сухбати руз мавод пахш менамояд. Дар расона аз тахсисёби то ба имруз пурра кадрхои омоданамудаи факултети журналистикаи Донишгохи Миллии Точикистон фаъолият мекунанд. Дар сахифахои www.ozodagon.tj : бахси бештар, хукуци инсон, минбари шумо, таърихи имруз, дуруст бинависем, дасти хайр, Зайд Сайд, дин ва зиндаги, бозгашт ба мавзуъ дида мешавад. Хамчунин расона дар пахши гузоришхои тасвири видеои фаъол аст. Гушахои акс, видео, озодагон викенд, гушаи банбузер фаолият доранд. Инчунин хафтаномаи Озодагон низ хаст, ки сомона аз матлабхои он низ истифода мекунад ва хафтанома низ дар навбати худ аз маводхои сомона истифода мебарад. Сахифаи хабархои хафтанома аз сомона гирифта мешавад. Баъзе гузоришхои чолиби диккат ва хонданбоб низ дар хафтанома истифода мегардад. Дар сомона матлабхои газета: назархои хос, мусохибахо вахафт пурсиши газета истифода мешавад.

Аз тахлилу баррасии маълумотхои дастрасгардида ба хулосае омадан мумкин аст, ки рушди сомонахои ватанй, дар зинаи густариш карор дорад. Бояд эътироф кард, ки Точикистон холо пурра ба Интернетгазета ворид нашуда бошад хам кадами худро гузоштааст, ки барои оянда падидаи хуб мебошад.

АДАБИЁТ

1. Информационное общество. Сурогаи элекгронй: http://ru.wikipedia.oig/wiki

2. Калмыков А. А., Коханова Л. А. Интернет-журналистика / А. А. Калмыков М, А. Л. Коханова Л . - М.: ЮНИТИ-ДАНА, 2005. — 383 с.

3. Крдирдухт Б, Олимова Р: "Бозори журналистикаи чопй махдуд шудааст"/ Б. К^одирдухт, Р. Олимова. — Сурогаи электронй: http: www. ozodi. org / content/artide/25042158.html.

4. Меликов У Иггилоот дар Интернет: танзими хукукй / У Меликов. — 2011. - 102 с.

5. Мирзоалй С. Пайдоиш ва ташаккули агентихои иттилоотй дар Точикистон / С. Мирзоалй.—Паёми Донишгохи миллии Точикистон.-2015.- 4/4 (171). - С. 281-285.

6. Мукимов Ч,. Сомонахои хабарии Точикистон дар фазои и1тилоотй / Ч,. Мукимов.— Сурогаи электронй: https://jovidmuqim.wordpiess.com/2013/12/04/%

7. Мурочиатномаи хадамоти алокаи назди Хукумати Точикистон. — Сурогаи элетронй: http://khovar.tj/society/26235-muro1207iatnomai-hadamoti-alo1179ai-nazdi-1202ukumati-1206um1203urii-

to1207ikiston.html

8. Пажухиши омадагии электронии Точикистон. — (Тадкикот. Бо дастгирии молиявии Институти «Чамъияти Кушода»-и Бунёди Мадад - Точикистон. Дар моххои май-июли соли 2010). - Душанбе, 2010. - 109с.

9. Сафар Т. Интернет нашрияхои Точикистонро муфлис мекунад / Т. Сафар. -http://www.ozodi.org/content/article/24562596.html

10. Хочазод С. Накши ВАО-и электрони дар ташаккули афкори чомеа / С. Хочазод. - Паёми Донишгохи миллии Точикистон. - 2014.- 4/3 (137).- С. 254-256.

11. Хамидов И. Гуногунандешй дар ВЭА / И. Хамидов. - Паёми Донишгохи миллии Точикистон.-2014.- 4/2 (133).-С. 279-281.

12. Чавонон ва илми муосир. - (Мачмуаи маколахо).- Душанбе, 2013. - 214с.

13. http://www.toptj.com

14. www.jumhuriyat.tj

15. www.ozodagon.tj

ОСОБЕННОСТИ РАЗВИТИЯ САЙТОВ В МЕДИАПРОСТРАНСВЕ

ТАДЖИКИСТАНА

Статья посвящена проблеме появления и формирования периодических сайтов в Таджикистане. Автор вначале приводит краткую историю появления периодических сайтов в Таджикистане, а затем переходит к анализу специфики двух часточитаемых сайтов - сайта официальной газеты «Джумхурият» и бщественно-политического еженедельника «Озодагон». По мнению автора в Таджикистане до сих пор отсутствуют интернет - газеты, однако появление периодических сайтов могут положить начало появлению в будущем интернетгазет. Автор утверждает, что Интернет привлекает всё большее внимание специалистов, ученых и пользователей, и их количество неуклонно растет. В эпоху техники и технологий все страны мира, независимо от уровня их экономического развития и географического или политического положения связаны с этой мировой паутиной, и используют ее, в первую очередь, как источник информации. По этой причине наряду с интернетом, заполнили свою нишу в мире интернетгазеты и периодические сайты.

Ключевые слова: интернет, периодические сайты, интернетгазеты, общественное мнение, информационное пространство, медиапространство.

FEATURES OF THE DEVELOPMENT OF SITES IN THE MEDIA SPACE OF

TAJIKISTAN

The article is devoted to the problem of appearance and formation of periodic websites in Tajikistan. At the beginning the author gives a brief history of the appearance ofperiodic websites in Tajikistan, and then proceeds to the analysis of the specifics of two frequently - read sites- the site of the official newspaper "Jumkhuriyat" and the materially political weekly "Ozodagon". According to the author's opinion, in Tajikistan, there are still no online newspapers, however, the appearance of periodic websites may begin to appear in the future internet newspaper. The author claims that the internet attracts more attention of specialists, scientists and users, and their number is steadily growing. In the era of technics and technology, all countries in the world, regardless of their level of economic development and geographical or political situation, are connected with this world web, and use it primarily as a source of information. For this reason, along with the internet, internet newspapers and periodical websites filled their niche in the world.

Key words: internet, information sites, internet newspapers, public opinion, information space, media space.

Сведение об автора:

Астанакулова Джумагул - аспирантка кафедры печати Таджикского национального университета, Тел.: (+992)987578785; ( +992)908878874;

About the author:

Astanakulova Jumagul - postgraduate student of the Department of Printing of Tajik National University, Tel: (+992)987578785; (+992)908878874;

УДК-8т1 ББК-83.3(0)4 Н-44

САРЧАШМАХОИ ФИКРИИ ДОНИШМАНДОНИАСРИ XIV ДАР ТАЪЛИФИ

ОСОРИ МАНСУРИ АХЛО^И

Нигматов Н.И.

Донышго^и давлатии Хуцанд ба номи академик Бобоцон Гафуров

Муайян намудани сарчашмахои фикрии суханварони форсу точик тахкикоти арзишманди филологй хисоб меёбад. Ба ин васила метавон ба харими андешаи суханварон рох ёфт ва дар маърифати сухани ноби форсй кадаме фарохтар гузошт. Аз чониби адабиётшиносон барои таъйин намудани сарчашмахои фикрии сухансароён ва манобеу маохизи мавриди истифодаи онон таълифоти гаронкадре ба калам омадаанд. Дар ин замина китобхои "Аходиси "Маснавй", "Маохизи кисас ва тамсилоти "Маснавй", "Аходис ва кисаси "Маснавй" - таълифоти Бадеуззамон Фурузонфар, "Шархи "Маснавй"-и Шахвдй, Сабзаворй, Фурузонфар, Гулпинорлй ва маколахои "Сарчашмахои бархе аз хикоёти Саъдй", "Таъсири пандхои Анушервон ва Бузургмехр дар "Гулистон"-и Саъдй", "Маохизи андешахои Саъдй" ва г. аз чумлаи пажухишхои судманд ба хисоб мераванд.

Нависандагони осори ахлокй кушидаанд, то матолиб ва дастуроти ахлокиро барои хамзамонон ва баъдиниён дар бехтарин сурат пешкаш намоянд. Дар ин маврид, кутуби тафосир, фикху хадис, табакоту таърихномахо, донишномахои ахлокй, кашкулхо, осори ирфонй ва девону мачмуахои шеърй хамчун сарчашмахои мухим хидмат намудаанд.

Барои баррасй ва муайян намудани сарчашмахои фикрии суханварон нахуст кайдхову тасрехоти худи онон кумак менамояд.

Метавон дар кутуби ахлокии асри XIV маворидеро ба мушохида гирифт, ки дар он муаллифон бо сарохат аз сарчашмахои мавриди истифодаи хеш хабар додаанд. Маллифи китоби "Нигористон" аз кутубе, чун «Сухуф»-и Иброхим (с. 115), "Таврот" (с.211), «Кдсасу-л-анбиё» (с.239), "Кдсас" (с.244) сарохатан ёд намудааст. Мачди Хофй дар "Равзаи хулд" аз "Таърихи Яминй" (с.142), "Тиб" (с.180), "Ч,омеу-л-хикоёт" (с.194), «Кдсас» (с.135) бо сарохат ном бурда, аз онхо хикоёт овардааст. Муаллифи "Захирату-л-мулук" аз "Эхёу-л-улум" (с.56), "Таврот" (с.303), "Куту-л-кулуб" (с.51) ном бурдааст. Ё номи кутуберо, чун "Таърихи мулуки Ачам" [21, с. 94], "Сафвату-т-тасаввуф" [3, с. 2], "ал-Анвор фй кашфи-л-асрор" [3, с. 207], "Аворифу-л-маориф" [3, с. 212] дар мутуни ахлокии асри XIV мушохида намудан мумкин аст, ки бешак обишхури нависандагони ин давра будаанд.

Дар баъзе мавридхо муаллифон ба таври умум аз кутуби мавриди мутолиаи хеш хабар додаанд, ки ин низ моро барои амиктар дарк намудани андеша ва чахонбинии нависандагон кумакгар аст. Ба мисли "тафосир", [27, с. 238], "киссаи "Юсуф ва Зулайхо" [25, с. 142], "кутуби фикх" [21, с. 30], "кутуби самовй" [27, с. 107], "ахбори сахеха" [27, с. 139], "наводири хукамо" [27, с. 163], "осору ахбори ахёри мозй" [27, с. 70), таворих [23, с. 13] ва г.

Манобеъву маохизи кисми умдаи матолиб, ки дар осори ахлокии асри XIV омадаанд, зикр нагардидаанд.

Дар идома мекушем, то сарчашмахои фикрии ин идда осорро дар мабхасхои алохида равшан намоем.

1.Истифода аз сарчашмахои ахлокй. Дар матни адабй бахрае аз осори пеш аз худ дорад. Нависандагон зимни таълифи осор гохо тамсил, кисса, хикоя ё тасовиру мазоминеро аз кутуби мутолианамудаи хеш ба калам меоранд, ки он хамчун сарчашмаи фикрии нависанда муаррифй мешавад. Ин амр дар баъзе маворид бошуурона ва мухсус сурат мегирад ва нависанда хатто номи сарчашмаро зикр мекунад. Аммо дар мавориди дигар муаллиф хосили мутолиоти худро, ки дар зехнаш накш бастааст, бо сабки услуби ба худ хос руи когаз меорад. Мутолиаи анбухи

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.