Научная статья на тему 'ОСНОВЫ ЗАРОЖДЕНИЯ И ОСОБЕННОСТИ СОВРЕМЕННОГО ГРАФИЧЕСКОГО ИСКУССТВА ТАДЖИКИСТАНА (20-ЫЕ ГОДЫ XX ВЕКА)'

ОСНОВЫ ЗАРОЖДЕНИЯ И ОСОБЕННОСТИ СОВРЕМЕННОГО ГРАФИЧЕСКОГО ИСКУССТВА ТАДЖИКИСТАНА (20-ЫЕ ГОДЫ XX ВЕКА) Текст научной статьи по специальности «Искусствоведение»

CC BY
143
14
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Область наук
Ключевые слова
ГРАФИЧЕСКОЕ ИСКУССТВО / СТАНКОВАЯ ГРАФИКА / ПЛАКАТ / ХУДОЖНИКИ / ГРАВЮРА / ИСКУССТВ / ИСКУССТВО ЖИВОПИСЬ / 20-ОЕ ДЕСЯТИЛЕТИЯ

Аннотация научной статьи по искусствоведению, автор научной работы — Меликиён Эраджи Бахромзод

В статье исследуется графическое искусство и основы его возникновения в Таджикистане в 1920-е годы. Упоминается также печать первых политических и агитационных плакатов, иллюстрированные книги изданные на таджикском языке, газеты и журналы, станковая графика и в меньшей степени материалы, использованные для создания графических работ того десятилетия. Помимо рассмотрения видов графики и техники их выполнения, кратко упоминаются и анализируются актуальные вопросы того времени, которые отражались в этих произведениях. Таджикская графика, использовавшаяся в это десятилетие, была переведена в Таджикистан иностранными художниками-русскими, узбеками, азербайджанцами, армянами и др., которые в последствии с развитием художественных сфер, таджикские художники также выступили в этом направлении. Графика была одним из всеохватвующих явлений, ХХ века для разных стран и национальностей, особенно для Таджикистана и таджиков, столкнувшихся с серьезными взлетами и падениями и различными кризисами, играла роль поддерживающего, пробуждающего и помогающего инструмента. Хотя второе десятилетие в Центральной Азии было началом социальных и художественных реформ и её начало формировалось со столкновением различных идей и в конце с различными конфликтами, но графические произведения сильно повлияли востановлении и сохранении традиций, изменении в политической и социальной структурах и важнее всего, для процветания и развития искусства, особенно изобразительного последующие годы в Таджикистане.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE BASIC OF THE ORIGIN AND FEATURES OF MODERN GRAPHIC ART IN TAJIKISTAN (20 S YEARS OF THE XX CENTURY)

The article examines graphic art and its foundations of origin in Tajikistan in the 1920s. Also mentioned the printing of the first political and propaganda posters, illustrated books published in the Tajik language, newspapers and magazines, easel graphics and, to a lesser extent, materials used to create graphic works of that decade. In addition to considering the types of graphics and the technique of their work, the topical issues of that time, which were reflected in these works, are briefly mentioned and analyzed. Tajik graphics, used in this decade in their European form, were translated to Tajikistan by foreign artists - Russians, Uzbeks, Azerbaijanis, Armenians, etc., which later, with the development of artistic spheres, Tajik artists also took part in this direction. Graphics was one of the all-encompassing phenomena that in the twentieth century for different countries and nationalities, especially for Tajikistan and Tajiks, who faced serious ups and downs and various crises, played the role of a supporting, awakening and helping tool. Although the second decade in Central Asia was the beginning of social and artistic reform and its beginning was formed with the clash of various ideas and at the end with various struggles and conflicts, but graphic works greatly influenced the restoration and preservation of traditions, changes in political and social structure, and most importantly for prosperity and development of art, especially visual arts of Tajikistan in the following years.

Текст научной работы на тему «ОСНОВЫ ЗАРОЖДЕНИЯ И ОСОБЕННОСТИ СОВРЕМЕННОГО ГРАФИЧЕСКОГО ИСКУССТВА ТАДЖИКИСТАНА (20-ЫЕ ГОДЫ XX ВЕКА)»

УДК 902. 7 (575.3)

ЗАМИНАХ.ОИ ПАЙДОИШ ВА ХУСУСИЯТХ.ОИ САНЪАТИ ГРАФИКАИ МУОСИР ДАР ТОЧ.ИКИСТОН (СОЛХОИ 20-УМИ АСРИ XX)

МЕЛИКИЁН Э. Б., Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Ах,амият ва таъсири санъатх,ои тасвирй бахусус графика, х,амвора дар тули таърих барои шаклгирии фарх,ангх,о, сабти руйдодх,ои таърихй, равобити байни инсонх,о ва барои рушду камоли инсонй на;ши асосй ва мухдмро бозидааст. Тавре, ки маълум аст, тасвир кардан ё кашидан барои инсон як кашфиёти тозае нест ва гуё аз дербоз ин падида дар них,оду гаризаи y вучуд доштааст. Хдтто онро метавон марбут ба даврае донист, ки инсон х,ануз барои сухан гуфтан ;одир набуд аз забони худ истифода кунад.

Вожаи юнонии ураф1к0^ (графикос) ба маънои мекашам ва менависам аст, ки то асрх,ои миёна мафх,уми санъати тасвиргарй ё тарх,каширо надошта, афрод аз он танх,о мафх,уми навиштан, мух,р задан ё х,аккокй (гравюра) руйи чубу филизро бардошт ва истифода мекардаанд. Тавре, ки санъатшиноси рус Ю.Я. Герчук ишора мекунад:"Графика х,амчун як санъати муста;ил танх,о дар давраи Эх,ё (ренессанси Аврупо), х,удуди асрх,ои XIV-XV шакл гирифтааст. Дар х,оле ки тасвиргарй-бидуни шак, яке аз кух,антарин навъх,ои офариниши тачассумй (х,ар ончи, ки чисмият дорад, аз чумла: на;;ошй, мучассама ва х,оказо) аст, ки хдмрох, бо нахустин тачрибах,ои на;;ошй ва пайкарасозй (х,ачм), дар сапедадами таърихи инсон ба вучуд омадааст"[1,8]. Аммо бо вучуди ин ки санъати графика дар давраи Эх,ё ба таври муста;ил ва чудогона истифода мешуд, он танх,о аз аввалх,ои асри XX ба унвони яке аз навъх,ои санъати тасвирй бо номи «графика» мавриди корбурд ;арор гирифтааст.

Пас аз ин;илоби Октябр ва дар аввалх,ои солх,ои бистум, рох,у равиши зиндагии мардум ранги дигаре мегирад ва санъатх,ои тасвириву тачассумй низ бо неруи тозае вориди зиндагии чомеа мешаванд. Чуноне ки санъатшиноси рус Б.В. Веймарн ишора мекунад: «Санъати Шуравй бо такя бар суннатх,ои реализми ;арни XIX ва аввалх,ои ;арни XX рушд ёфт ва санъати тасвирии Шуравй аз аввалин солх,ои инкишофи худ иртиботи зиче бо ин;илоб дошт. Хусусияти мухдмми санъати тасвирй ва ба таври куллй фарх,анги он давра, вижагии бисёрмиллиятии он аст, ки ошкоро дар дах,ах,ои 20 ва 30 намоён шуда буд [6,9].

Тасвири 1. Тар;каш Тула. Эъломия, ;удуди сол;ои 20-ум. Мавод: омехтаи обранг, ч,ав;ар, пар (перо) ва ;оказо аз руйи коFаз. Дар цисмати поёни асар «Типо-литография» Средазкнига - Ташкент. Окрлит №2989. Тираж 2.000.» навишта шудааст.

Дар мавриди шаклгирии санъатх,ои мустацил ва муосири точик аз чумла, санъати графика, донишманд ва санъатшиноси точик Лутфия Айнй чунин гуфта: «Нашри нахустин эъломиях,ои (плакат) сиёсй ва ташвицотй, китобх,ои тасвирдори чопшуда ба забони точикй, х,амчунин ташкили омузиши тахассусии накдошй бо ранги равганй, графикаи дастгох,й ва мучассамаи мудаввар (круглая скульптура) дар солх,ои 20-ум ба шах,ри Самарканд, пойтахти Узбекистони он давра марбут аст, ки Точикистони худмухтор низ шомили он кишвар мешуд"[3,18].

Санъати графикаи Шуравй дар к;адамх,ои нахустини худ хусусияти муборизавй ва таблиготй гирифта, пайванди зиче бо руйдодх,ои рузмарра дошт. Ба таври маъмул он замон барои чорй ва х,ак шудани андешаи сотсиалистй дар афкори мардум, сарони Шуравй аз рох,х,ои гуногун, бахусус санъати графика истифода мекарданд. Зеро он яке аз омилх,ои х,амагир аст ва хеле зуд андешаву афкори гуногунро ба мардум интицол медихдд. Навъх,ои графикие, ки дар огози тах,аввулоти ичтимоии он давра истифодаи зиёде доштанд, иборатанд аз эъломиях,ои сиёсй ва таблиготй, карикатура, графикаи китобй, тарх,кашй ва х,аккокии (гравюра) дастгох,й ва низ графикаи корбурдй (амалй). Хдрчанд ин навъх,ои графика дар хидмати андешаи х,оким бар мамлакат буд, вале аз тарафе барои рушди риштаву шохах,ои он ва табиатан барои даромадзоии молии рассомони графиккор, бетаъсир набуд.

Санъатшиноси точик, профессор Лариса Додхудоева мегуяд: «Огози таваллуди графикаи точик дар халдахои академй сурат нагирифт, балки ба бозсозии индилобй иртибот дошт, ки дар ибтидои тахаввулоти худ навъи хоссе аз графикаро эчод карда буд. Руйдодхои сиёсй дар хукумат, дар ворид шудани шаклхои нави санъати тасвирй ва пеш аз хама графикаи чанбаи сиёсй дошта дар фарханги Осиёи Миёна суръат бахшид, ки ин чанба барои суннати зебоишиносии (эстетикй) санъати графика гайриодй буд. Дар сах,ифах,ои мачаллахои нав доиман тасвирхо, гузоришхои тасвирй ва карикатурахои тахти идеологияи Шуравй ба вучуд меомаданд. Он замон ба санъати графика хамчун мухимтарин ва мустадилтарин санъат нигох мекарданд"[4,37].

Дар эъломияхои точикй навиштор гох бо хатти арабй ва гох бо хатти лотинй (аз соли 1929 то соли 1940 дар Точикистон хат лотинй буд) сурат мегирифт.Маводи кори графикй руи баргахои гуногуни эъломияхо бахусус когаз, пусткогаз (пергамент), картон ва хоказо шомили гуаш, обранг, обранги сиёх, чавхар, пар (перо), ангишт, далам, бур ва гайрах,о мешуд. Тарзи ичрои тархи графикй дар эъломияхо низ бо шевахои нисбатан сода ва оммафахм кор фармуда мешуд ва хадаф аз тасвири мавзуоти рузмарра, танхо ба рохатй интидол додани паём ба чомеа буд. Хамон гуна ки дар яке аз эъломияхои чопии солхои 20-уми асри XX омадааст, дар он навиштае бо хатти арабй ва забони точикй, услуб, мавод ва шеваи баёнии мазкурро метавон дид, ки мегуяд: «Дехдон! Мана хамин шахсонро ба шуро интихоб накун. Чароки онхо душмани ту буданд ва минбаъд хам душмани ту мебошанд."Дар дисмати поёни эъломия тасвири «Тамбал, ришвахур ва чиновники амир, бой, эшон.» - бо зикри ном тасвир ёфтаанд (нигаред ба тасвири 1). Мавзуи ин асар пеш аз хама пешбурди ахдофи сиёсй ва тахдиру беарзиш хондани шахсиятхои мавриди хадафи хукумат аст.

Аз чониби дигар наметавон онро мутладан кори таргиботиву сиёсй донист, зеро вазъи дехдонон дар тамоми Осиёи Миёна ва дар Русия низ то солхои 30-юм тадрибан яксон буд. Бахусус дар аморати Бухоро дехдонон мавриди суйистифода, ноадлй ва шиканчаи амалдорону моликони замин дарор гирифта буданд.

Албатта, барои Осиёи Миёна, ки мардумаш садсолахо тахти нуфузи дини ислом ва донунхои он роху расми зиндагиро пеш мебурданд, бархурд бо низоми наву дигаргунии хукумати бегона ихтилофу таззодхоеро ба вучуд меовард. Махсусан махви бесаводй ва халли масъалаи баробарии чинсй дар дахаи бистум, аз чумлаи иддомхое буданд, ки барои дишри одй ва аксарияти мардуми эътидодманди точик, мушкилсоз буда, бо бовархои онхо созгорй надоштанд. Хамин тарид, дигаргунихо дар чомеаи водеан

ацибафтодаи точикро метавон нуцтаи рушд ё мархалаи нави зиндагй донист.

Рочеъ ба мавзуи мазкур, наццош ва графиккори узбекистонй-Лев Бурэ (1887-1943), ки бахше аз осори графикии у бо забони точикй офарида шудааст, дар дахаи бистум эъломияе тасвир намудааст, ки дар он зану мард саф кашидаанд ва дар дасташон зохиран китобу рузнома ва парчами сурхи Шуравиро гирифтаанд. Дар цисмати поён гурухе дар холи кору мехнат ба назар мерасанд, ки яке аз аслхои андешаи реализми сотсиалистй ба шумор мерафт (тасвири 2).

Истифода аз ранг дар санъати графика шояд барои мо ноошно бошад ва эчоди савол кунад, зеро он

махсуси санъати наццошй аст. Аммо бояд гуфт, ки ранг дар графика сирфан нацши ёрирасон ё такмилдиханда дорад ва тафовути дар линолеум. Мавод: аслии санъати графика бо санъати когаз-наццошй дар хат, контраст (тазод),

сохти фазои мавриди тасвир, озодии кашидан ва хоказо аст. Масалан, графиккор дар графика метавонад аз бофт, ранги когаз ё рушной ва тирагии он истифода карда контрастро эчод намояд. Аммо, дар наццошй чунин чизе нисбатан бартарият надорад ва тамоми сатх,и тасвир бо ранг пушида мешавад. Ё масалан, хатро мисол меоварем, ки дар табиат вучуд надорад, аммо дар графика бахши чудоинопазири онро ташкил медихдд ва ашё беш аз хама бо хат нишон дода мешаванд. Тавре, ки А.А. Лешинский ишора мекунад: «Пеш аз хама, графика-санъатест, ки асоси онро тарх дар бар мегирад, ранг дар графика ба монанди наццошй, нацши аслиро намебозад «[2,5]. Тарх низ дар истилохоти санъат ба маънии нацшакашй, нигоргарй, тасвир кардан (беранг) ва гайра маънй шудааст ва барои вожаи графика шояд наздиктарин хаммаънои он вожаи «таррохй» ё «тархкашй» бошад.

Тавре, ки ишора шуд, мазмуни санъати графикаи дахаи 20-умро анбухи осори таблиготй ва тахрикотй фаро гирифта буд, ки дар ин бора Л. Додхудоева менависад: «Бо мушорикати рассомони аз берун омада,

Тасвири 2. Л. Бурэ. "Нест бод бесаводй!". Эъломияи солхои 20-уми асри ХХ. Услуб: Эхтимолан \аккокии рангй

Чопи рангй руйи

аъзои наккошони артели Тошканд ба монанди Л. Бурэ, Г. Никитин, А. Николаев, Е. Буртсев, мачаллахои хазломези «Машраб», «Рохбари дониш», «Мушфикй» ва «Гулистон» хамрох бо карикатурахо офарида мешуданд. Графикаи рузномавй барои анбухи васеъи мардум пешбинй шуда буд. Тасвирхо дар рузномахое ба монанди «Зарафшон», «Овози точик» маънии ташвикотй доштанд ва хонандагонро ба намоиши руйдодхои мушаххас ва рузмарра одат медоданд [4,38-39].

Хазлу латифа ва баёни он тавассути графика дар сиёсати Хукумати Шуравй, на танхо таргибу ташвики идеологияи барномарезишуда буд, балки силохи чанги равонй ба шумор мерафт, то ба таври асосй мухолифин ва душманони низоми сотсиалистиро тахдид ва шикаст дихад. Дар ин замина мачмуаи пуртанаввуъе аз аксхои баргахои чопй бо мавзуи латифаву хазл, ба шакли китоб тавассути С.И. Стикалин тахия шудааст, ки дар он рочеъ ба мачаллаи «Мулло Мушфикй» чунин мегуяд: Мачаллаи латифавй ва хазломези «Мушфикй» аз соли 1926 то 1929 хамчун замима барои рузномаи «Овози точик» бо забони точикй чоп мешуд (тасвири 3). Муковаи мачалла ранга буд ва тасвирхои дарунаш бо як ранг ороиш меёфт ва барои фошсозиву тамасхури шахсоне ба монанди амалдорон, харобкорон, афроди шаробхур, мутаассибони динй ва гайрахо буда, равобити феодалй бо занонро мавриди накухиш карор медод. Дар он асосан мавзуи озодии дехконон аз вобастагии иктисодй ва рухонияти муллохову бойхо, мавзуи рушди рифохи моддй ва фархангии тудахои дехконон, чойгохи вижае доштааст [5, 235]. Ба чуз инхо бунёди мактабхо, ихтирои трактору радио ва навгонихои дигар ба мардум тавассути ин мачалла расонида мешуд.

Гарчанде муаллифони махсулоти санъатй на хамеша бо супоришхои сиёсй розй буданд, вале дар хар сурат бо руйдодхои таърихй-инкилобу чанг вокуниш нишон медоданд. Аз тарафе вуруди мучассамасозй, наккошиву графикаи дастгохй барои мардуми мусулмони Осиёи Миёна нохушоянд буд, зеро тасвиру тачассуми инсону хайвонот дар бовархои

Тасвири 3. Муковаи Мачаллаи "Мулло Мушфикй", худуди 1926-1929. Услуб: хаккокии рангй дар линолеум Мавод: чопи рангй руйи коFаз.

ё чуб.

мардуми ин минтаца хилофи шариъати ислом будааст, х,арчанд то имруз далели цотеъу цонеъкунандае барои ин бовар ироа нашудааст. Бинобар ин сахтиву печидагии шаклгирии санъатх,ои шакли нав дошта, дар шароити онзамонаи Точикистонро метавон бештар дар руёруии суннату боварх,ои мардуми бегона бо суннату боварх,ои мардуми точик донист.

Агар хулосавор хох,ем ишора кунем, санъатх,ои тасвирй ва сабку равишх,ои он ба сурати имруза, аз Аврупо ба Русия гузариш ёфт ва дар раванди шаклгирии кишварх,ои Иттих,оди Шуравй ба Точикистон расид. Албатта дар ин миён санъатх,о на ба дасти рассомони ватанй, балки тавассути рассомони аксаран рус поярезй ва рушд

* * г; г Тасвири 4. Ю.В. Разумовская.

ёфтаанд. Бар асоси мустанадоти "Бухорой" 1925. Ангишт руйи когаз, таърихй наццошоне, ки солх,ои 20-ум 33,5 х 24,9.

вориди кишва.рх,ои шуравии Осиёи

Марказй мешуданд, бахше барои

рушду истех,коми фарх,ангу санъат,

бахше барои сафари корй аз тарафи

х,укумат ва бахше низ сирфан барои

зиндагй куч мекарданд. Онх,о бо

истицомат дар ин сарзаминх,о

шефтаи табиат, фарх,анг ва сабки

зиндагии мардумони Осиёи Миёна

шуда, бо мурури замон худро бахше

аз ин фарх,ангу ин мардум

медонистанд. Хамин сафарх,ову

рафту омадх,о боиси эчоди осори

нодиру пурарзиши ин рассомон дар

_ в . „ /л/ л„ ч ин минтацах,о шуд, ки барои

Тасвири 5. А. Николаев (Усто Муъмин). г

Писараки обкаш, 1925. Пар ва чав;ар заминасозии санъат^ои тасвирии

руйи когаз. Точикистон муассир будааст.

Аз миёни он рассомон В. Л. Рождественский, Л. С. Петров-Водкин, Ю. В. Разумовская, А. Николаев (Усто Муъмин), А. Волков, О. Татевосян, П. Бенков, Л. Бурэ, Н. Карахан, В. Уфиметс ва дигаронро метавон ишора

кард, ки сахми бузурге дар поягузории санъати графикаи точик доштаанд. Нашри осори онхо дар эъломияхо, мачаллахо ва рузномахои гуногун, ба вижа рузномаи «Овози точик», барои хифзи забон, фарханг ва миллияти точик дар даврони пурошубу андешахои зиддиточикй бахусус чараёни пантуркизм, ки талош бар нодида гирифтани точикон дошт, таъсири зиёде расонидааст. Офаридахои он рассомон ба чуз осори ташвикотй ва сиёсй, хамчунин шомили графикаи дастгохй, ки хаммонандихое бо наккошй дорад низ мешуд, ки таъсиру дастовардхои пурарзише барои наслхои баъдй барчой гузоштаанд.

Графикаи дастгохй навъе аз санъати графика аст, ки маънои мустакил дорад ва ба матнхои адабй (мисли графикаи китобй) марбут нест ва истифодаи амалии махдуде надорад (мисли осори графикаи корбурдй) [2,11]. Он дар навбати худ аз ду бахш «тархкашй» (графикаи ягона) ва «чопи дастй» иборат аст, ки намунахои онро дар осори графиккорони номбурда метавон дид. Масалан, дар тархкашихои офаридаи Ю. Разумовская (18961987) чехранигорй ва пушиши мардуми бухорой инъикос ёфтааст. Дар асари чехранигории у бо номи «Бухорой» чехра тавассути ангишт руйи когаз тасвир шудааст (тасвири 4). Хамчунин дар осори графикй ва наккошии А. Николаев (мулаккаб ба Усто Муъмин 1897 -1957), ки бештар дар Самарканду Бухоро фаъолият мекард, мавзуоти зебову чолибе бо сабти унсурхои фархангй ва мардумшиносии точику узбек накш бастааст. Кор бо пар (перо) ва чавхар (ранги сиёх) руйи когаз услуби дигаре аз графика аст, ки дар асари у бо номи «Писараки обкаш» инъикос ёфтааст (тасвири 5). Ин услуб бо ичрои дигаргунае (танхо бо нуги пар) дар асари «Куча дар руз"-и наккош ва графиккор Л. С. Петров-Водкин (18781939) низ мунъакис шудааст (тасвири 6). Инчунин бо навъе аз услуби (ё маводи) омехта дар асари «Парандаи шигарф"-и В. Л. Рождественский (1897-1949) вомехурем, ки эхтимолан аз пару чавхар, пастел ва обранг

Тасвири 6. Л.С. Петров-Водкин "Куча дар руз". 1923. Чавхар ва пар (перо) руйи коFаз.

таркиб ёфтаает (тасвири 7). Дар ин о^р равишхри кории мyхталиф, таcвиpи воцеият 6идуни дахолат дар он ва озодй дар интихоби мазмyнy мавзyъ возех ба назар меpаcанд, ки ин навъи графикаро (тархкаширо) мунхашр ё ягона намyдааcт.

Соли 1921 дар назди Комигсариати маорифи

маpдyмии Typкиcтон дар шахри ^шканд, намояндагие аз хдооби миллиятхои точ,ик, yзбек, циргиз ва тypкман, чихати ташкили корхои таъмини китобх,ои дарсй бо

Tаcвиpи 1. В.Л. Рождественский. Парандаи шигарф. забони маPдУм0HИ О^ёи Солхои 20-ум, услуби омеxта: обранг, каламрангй, Миёна таъcиc дода шуд. пар ва чавхар ва Fайра руйи когаз ва картон 22x14,3 Х,амон C0Л китоби алифбои см. «Рохбари дониш» бо забони

точикй, cоли 1922 «Алифбои точикй» (Мифтохултаълим) ва cоли 1923 дар Бухоро «Алифбои забони точикй» ва китобхои дигар нашр шуданд. ^c аз тадсимоти ма.рзии

чамохири Ошёи Миёна, мох,и октябри cоли 1925 дар Tочикиcтон нашрияи давлатй тозмон дода шуд, ки рохбарии онро поягузори адабиёти

Шуравии точик

Садриддин Айнй ва шоир Абулцошм Лохутй бар ухда доштанд [8].

Аммо бо ин вучуд дар дахаи биетум бештари осори китобии ба. на.шр расидар0 осори

MаpKCИ3My ленинизм дар TаCBИPИ 8. Рассом томуша^ас. Услуб: ^аккокЙ дар

чуб ё линолеум. Мавод: чоп руйи когази китоб.

бар дошт ва аз намунахои

китобхои точикии дорои графикаи китобй осори зиёде дар он даха чоп ва нашр нашудааст.

Дар канори анвоъи зершохах,ои графика ба монанди монотипия, хаккокй дар филиз, санг, линолеум, картон ва хоказои дигар аз кадим то имруз истифода мешаванд, хаккокй дар чуб (ксилография) низ дар солхои 20-ум чойгохи вижае доштааст. Аз хусусиёти графикаи китобии он давра дар китобхои чопи точикй тасвирхои хаккокии чуб, навишти хат, ороиш бо накшхо, хуруфи арабиву лотинй, тасвиргузории аксхо дар китоб ва гайраро метавон ишора кард. Масалан, дар китоби «Намунаи адабиёти точик», ки устод Садриддин Айнй онро соли 1925 дар шахри Самарканд навиштаанд ва соли 1926 дар шахри Маскав чоп шудааст, чанде аз тасвирхо аз симои устод, накшхои ороишии гиёхй аз боло ва поёни сахифа ва худи хатти навиштор, ки бахше аз санъати графикаи китобй аст, дар он истифода шудаанд [7]. Намунаи дигаре аз хаммонанди ин асар, китобе бо номи «Офариниши дунё» аст, ки тавассути нависанда А. Шиносй аз забони тоторй тарчума ва навишта шуда, соли 1929 дар Нашриёти давлатии Точикистон чоп шудааст. Дар ин китоб тасвирхо ва аксхои гуногуне, барои ороиши он истифода шудаанд, ки яке аз он тасвирхо хаккокй (гравюра) дар чуб ё ленолиум ба шумор меравад (тасвири 8). Дар он тасвири кайхон бо ситорахо, гушае аз замин руйи шоххои гов ва мохй руйи сатхи дарё, ки дар болояш гов истодааст, нишон дода шудааст. Зери он акс навиштае аст, ки мегуяд: «Расми замин болои шохи гов, гов дар болои мохй истод».

Накши хуруф дар санъати графикаи китобй беахамият нест ва харфхо бахше аз он санъат хастанд. Тавре, ки пажухишгари мавзуоти тагйироти хуруфи арабй-форсй ба лотинй дар дахаи 20-ум, М. Хусейнипур баён мекунад: «Аз дастандаркорони табдили хуруфи арабй-форсй ба лотинй дар дахаи 20-ум С. Айнй, А. Фитрат, Т. Зехнй, А. Семёнов, А. Лохутй ва дигарон буданд, ки натоичи нишасту табодули назархо байни онхо дар ду нашрияи точикии «Овози точик» ва «Рохбари дониш» инъикос меёфт [10].

Тасвири 10. Рассом номушаххас. Услуб: эхтимолан хаккокии руйи чуб (ксилография). Мавод: чопи руйи когаз. Нашриёти давлатии

Точикистон, Самарканд соли 1927, Душанбе.

Дар раванди ин тагйирот пешних,одоти мантициву

гайримантицй, х,азфу изофаи х,арфх,ои забони точикй ва дигар пайомадх,ои мусбату манфие рух додааст, аммо нигох,и мо бештар ба истифодаи тасвирх,ои графикй дар ин нашриях,о аст. Масалан, дар яке аз тасвирх,о, ки эх,тимолан аз мачаллаи «Рох,бари дониш» гирифта шудааст, вокуниши мардеро мебинем, ки наметавонад хатти лотиниро хонад ва ба х,амон хатти форсй-арабй цаноат мекунад (тасвири 9). Тасвири дигаре аз чилди асари «Саргузашти як точики камбагал, ё ки Одина"-и устод Садриддин Айнй, канори якдигар царор гирифтани х,арфу тасвир руйи китобро нишон медихдд (тасвири 10).

Бояд ишора кард, ки санъати наццошй, мучассамасозй ва графикаи точик дар дах,аи бистум, ки дах,аи таваллуду бунёди Точикистон аст, дар пайравй ва таъсирпазирй аз мактабх,ои Шарцу Гарб шакл гирифтаанд ва пеш аз х,ама дар раванди шаклгирии ин санъатх,о рассомони рус, узбек ва гайрах,о сах,мгузор будаанд. Аз тарафе пешинаи фарх,ангии ганиву кух,ани мардуми точик аст, ки дар падидойии тах,аввулоти ичтимой ва тагйирот дар афкору боварх,ои онх,о, чунин пайомадх,оро заминасозй кардааст. Зарфият ва тавоноии пазируфтани санъатх,ои нав бо андешах,ои нав, омилх,ои рушди фарх,анг ва санъати Точикистони дах,аи бистум аст. Санъати графика аз падидах,ои х,амагире буд, ки дар он дах,а барои кишварх,о ва миллиятх,ои гуногун, бахусус Точикистон ва точикон, ки бо фарозу шебх,ои чиддй ва бух,ронх,ои мухталиф ру ба ру шуда буданд, нацши афзори хдмоятгар, бедоркунанда ва ёридих,андаро дошт.

Бо шаклгирии Ч,ШС Точикистон (1929) маркази зиндагии наццошони Точикистон шах,ри Душанбе мешавад. Дар охирх,ои дах,аи 20 ва аввалх,ои дах,аи 30-юм ба Точикистон наццошоне монанди Е. Г. Буртсев, М. Г. Новик, П. И. Фалбов ва дигарон меоянд, ки бо кумаки онх,о дафтари созмонёфтаи Иттих,одияи рассомони (наццошони) Точикистон рох,андозй

Тасвири 9. Рассом номушаххас. Услуб: эхтимолан хаккокй руйи чуб (ксилография). Мавод: чоп руйи коFаз.

мешавад [8]. Аммо гарчанде дахаи 20-ум огози тахаввулоти ичтимой ва санъатии кишвархои Осиёи Миёна буда ва шуруи он бо бархурди андешахои гуногун ва дар охир бо даргирихо ва муборизахои мухталиф сурат гирифтааст, вале осори графикй дар баркарорй ва хифзи суннатхо, тагйирот дар сохтори сиёсиву ичтимой ва мухимтар аз хама дар рушду шукуфоии санъатхо, бахусус графикаи Точикистони солхои баъдй таъсироти бузургу боризе гузоштааст.

АДАБИЁТ

1. Герчук Ю. А. История графики и искусства книги - Москва. 2000. 311 с.

2. Лещинский А. А. Основы графики-Гродно. 2003. 193 с.

3. Айнй Л. С. Санъати РСС Точикистон-Ленинград. 1972. (текст) 31 с.

4. Додхудоева Л. Графика и скульптура Таджикистана XX века-Душанбе.2006. 269 с.

5. Стыкалин С.И., Кременская И.К. Советская сатирическая печать 1917-1963 -Москва 1963. 353 с.

6. Веймарн Б.В., Колпинский Ю.Д. ва диг. Всеобщая история искусств - Москва 1965. 932 с.

7. Айнй С. Намунаи адабиёти точик - Маскав. 1926. 622 с.

8. С. Пулатов, Ш. М. Анаркулова. Таджикская Советская Социалистическая Республика http://redkayakniga.ru/knigovedenie/item/f00/s01/e0001987/index.shtml (таърихи истифодабарй аз: 08.01.2021)/

9. Таджикская Советская Социалистическая Республика

https://gufo.me/dict/bse/ (таърихи истифодабарй аз: 08.01.2021).

10. Хусейнипур М. Карикатур ва танз дар мавриди тагйири хат дар манотики мусалмоннишини Шуравй. https://bukhara-web.com/beitragsseite/ (таърихи истифодабарй аз: 08.01.2021).

ЗАМИНАХ.ОИ ПАЙДОИШ ВА ХУСУСИЯТХ.ОИ САНЪАТИ ГРАФИКАИ МУОСИР ДАР ТОЧИКИСТОН (СОЛХОИ 20-УМИ АСРИ XX)

Дар ин макола санъати графика ва заминахои пайдоиши он дар Точикистони дахаи бистуми асри XX мавриди баррасй карор гирифтааст. Нашри нахустин эъломияхои (плакат) сиёсй ва ташвикотй, китобхои тасвирдори чопшуда ба забони точикй, рузномаву мачалла, графикаи дастгохй ва ба таври нисбй маводи офариниши осори графикй дар он даха низ зикр шудаанд.

Инчунин дар канори баррасии анвоъи графика ва услуби кории онхо, мавзуоти мубрами он замон, ки дар ин осор тасвир меёфт ба таври ичмолй ишора ва тахлил шудаанд.

Санъати графикаи точик, ки дар он даха ба шаклу колаби аврупоии худ мавриди корбурд карор гирифта буд, аз тарафи рассомони хоричй - русхо, узбекхо, арманихо, озарихо ва хоказо вориди Точикистон шуда буд, ки баъдхо бо рушду тавсеаи риштахои санъатй, рассомони точик низ дар ин замина хунарнамой карданд.

Санъати графика аз падидахои хамагире буд, ки дар дахаи бистум барои кишвархо ва миллиятхои гуногун, бахусус Точикистон ва точикон, ки бо фарозу

шебхои чвддй ва бухронхои мухталиф ру ба ру шуда буданд, нацши афзори химоятгар, бедоркунанда ва ёридихандаро дошт.

Гарчанде дахаи 20-ум огози тахаввулоти ич,тимой ва санъатии кишвархои Осиёи Миёна буда ва шуруъи он бо бархурди андешахои гуногун ва дар охир бо даргирихо ва муборизахои гуногун сурат гирифт, вале осори графикй дар барцарорй ва хифзи суннатхо, тагйирот дар сохтори сиёсиву ич,тимой ва мухимтар аз хама дар рушду шукуфоии санъатхо, бахусус тасвирии Точдкистони солхои баъдй таъсироти бузурге гузоштааст.

Калидвожацо: санъати графика, графикаи дастгоци, эъломия, цунармандон, цаккокй, цунарцо, санъати мусаввирй, дацаи 20.

ОСНОВЫ ЗАРОЖДЕНИЯ И ОСОБЕННОСТИ СОВРЕМЕННОГО ГРАФИЧЕСКОГО ИСКУССТВА ТАДЖИКИСТАНА (20-ЫЕ ГОДЫ XX ВЕКА)

В статье исследуется графическое искусство и основы его возникновения в Таджикистане в 1920-е годы. Упоминается также печать первых политических и агитационных плакатов, иллюстрированные книги изданные на таджикском языке, газеты и журналы, станковая графика и в меньшей степени материалы, использованные для создания графических работ того десятилетия.

Помимо рассмотрения видов графики и техники их выполнения, кратко упоминаются и анализируются актуальные вопросы того времени, которые отражались в этих произведениях.

Таджикская графика, использовавшаяся в это десятилетие, была переведена в Таджикистан иностранными художниками-русскими, узбеками, азербайджанцами, армянами и др., которые в последствии с развитием художественных сфер, таджикские художники также выступили в этом направлении.

Графика была одним из всеохватвующих явлений, ХХ века для разных стран и национальностей, особенно для Таджикистана и таджиков, столкнувшихся с серьезными взлетами и падениями и различными кризисами, играла роль поддерживающего, пробуждающего и помогающего инструмента.

Хотя второе десятилетие в Центральной Азии было началом социальных и художественных реформ и её начало формировалось со столкновением различных идей и в конце с различными конфликтами, но графические произведения сильно повлияли востановлении и сохранении традиций, изменении в политической и социальной структурах и важнее всего, для процветания и развития искусства, особенно изобразительного последующие годы в Таджикистане.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Ключевые слова: графическое искусство, станковая графика, плакат, художники, гравюра, искусств, искусство живопись, 20-ое десятилетия.

THE BASIC OF THE ORIGIN AND FEATURES OF MODERN GRAPHIC ART IN TAJIKISTAN (20 S YEARS OF THE XX CENTURY)

The article examines graphic art and its foundations of origin in Tajikistan in the 1920s. Also mentioned the printing of the first political and propaganda posters,

illustrated books published in the Tajik language, newspapers and magazines, easel graphics and, to a lesser extent, materials used to create graphic works of that decade.

In addition to considering the types of graphics and the technique of their work, the topical issues of that time, which were reflected in these works, are briefly mentioned and analyzed.

Tajik graphics, used in this decade in their European form, were translated to Tajikistan by foreign artists - Russians, Uzbeks, Azerbaijanis, Armenians, etc., which later, with the development of artistic spheres, Tajik artists also took part in this direction.

Graphics was one of the all-encompassing phenomena that in the twentieth century for different countries and nationalities, especially for Tajikistan and Tajiks, who faced serious ups and downs and various crises, played the role of a supporting, awakening and helping tool.

Although the second decade in Central Asia was the beginning of social and artistic reform and its beginning was formed with the clash of various ideas and at the end with various struggles and conflicts, but graphic works greatly influenced the restoration and preservation of traditions, changes in political and social structure, and most importantly for prosperity and development of art, especially visual arts of Tajikistan in the following years.

Key words: graphic art, easel graphics, poster, artists, engraving, arts, art painting, 20s decade, Tajikistan arts

Сведения об авторе: Меликиён Эраджи Бахромзод-доктор (PhD) Института истории, археологии и этнографии им. Ахмада Дониша Национальной академии наук Таджикистана: Тел. (+992) 987-811-811; эл. почта: erajrom@yandex.ru

Informatioh about the author: Melikiyon Eraji Bahromzod- doctor (PhD) student of the Institute of history, archeology and ethnography named after Ahmad Donish of the National academy of sciences of Tajikistan: Tel: (+992) 987-811-811; E-mail: erajrom@yandex.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.