Научная статья на тему 'Once more on the issue of correlation of systematization of legislation and law creation activity'

Once more on the issue of correlation of systematization of legislation and law creation activity Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
139
23
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПРАВОТВОРЧЕСТВО / СИСТЕМАТИЗАЦИЯ ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВА / НОРМАТИВНЫЕ ПРАВОВЫЕ АКТЫ / УЧЕТ НОРМАТИВНЫХ АКТОВ / ИНКОРПОРАЦИЯ / КОДИФИКАЦИЯ / КОНСОЛИДАЦИЯ / LAW CREATION / SYSTEM OF LEGISLATION / SYSTEMATIZATION OF LEGISLATION / NORMATIVE LEGAL INSTRUMENTS / REGISTRATION OF NORMATIVE INSTRUMENTS / INCORPORATION / CODIFICATION / CONSOLIDATION / ҳУқУқЭЦОДКУНӣ / НИЗОМИ қОНУНГУЗОРӣ / МУРАТТАБСОЗИИ қОНУНГУЗОРӣ / САНАДҳОИ МЕЪЁРИИ ҳУқУқӣ / БА қАЙД ГИРИФТАНИ САНАДҳОИ МЕЪЁРИИ ҳУқУқӣ / ИНКОРПОРАТСИЯ / ТАДВИН (КОДИФИКАТСИЯ) / МУТТАҳИДСОЗӣ (КОНСОЛИДАТСИЯ)

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Шокиров Гайбулло Абдуллоевич

Исследуются проблемные вопросы систематизации законодательства как неотъемлемой части правотворчества в контексте понимания систематизации законодательства и правотворчества, плюрализма подходов к указанным понятиям. Главное внимание уделяется выработке понятия «систематизация законодательства» с учетом многообразия подходов к систематизации и законодательству, информатизации законодательной деятельности, применения различных форм упорядочения иных, помимо законодательства, форм позитивного права. Обосновывается авторская позиция о систематизации законодательства, связанной с переработкой содержания нормативных правовых актов, как части правотворческой деятельности.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ЕЩЕ РАЗ К ПРОБЛЕМЕ О СООТНОШЕНИИ СИСТЕМАТИЗАЦИИ ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВА И ПРАВОТВОРЧЕСКОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ

The article dwells on the problematic issues dealing with systematization of legislation as an integral part of law creation in the context of comprehension concerned with systematization of both legislation and law creation, pluralism of approaches to the mentioned notions. Particular attention is paid to an elaboration of the concept of «systematization of legislation» with taking into account multiple variety of approaches to systematization and legislation, informatization of legislative activity, application of different forms aimed at regulating of ones related to positive law besides legislation. The author's position in reference to systematization of legislation connected with reelabration of the content of normative legal instruments as a part of law creation activity is well grounded.

Текст научной работы на тему «Once more on the issue of correlation of systematization of legislation and law creation activity»

УДК 34

ББК 67.022.15+67.99(5)

Шокиров Райбулло Абдуллоевич,

н. и. у, дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ууцуци ДД^БСТ (Тоцикистон, Хуцанд)

Шокиров Гайбулло Абдуллоевич,

к.ю.н.,доцент кафедры теории и истории государства и права ТГУПБП (Таджикистан, Худжанд)

Shokirov Gaybullo Abdulloevich,

candidate of juridical sciences, Associate Professor of the department of theory and history of state and law under the Tajik State University of Law, Business and Politics (Tajikistan, Khujand) E-MAIL: shga1959@mail.ru

Калидвожа^о: ууцуцэцодкуни, низоми цонунгузори, мураттабсозии цонунгузори, санадуои меъё'рии ууцуци, ба цайд гирифтани санадуои меъё'рии ууцуци, инкорпоратсия, тадвин (кодификатсия), муттауидсози (консолидатсия)

Дар мацола масоили уалталаби мураттабсозии цонунгузори, чун цузъи таркибии ууцуцэцодкуни дар иртибот бо фаумиши мураттабсозии цонунгузори ва ууцуц-эцодкуни, муносибати гуногунандешона ба мафуумуои мазкур мавриди тауциц царор гирифтааст. Бо тауияи мафууми «мураттабсозии цонунгузори» бо назардошти муносибатуои гуногун ба мураттабсози ва цонунгузори, иттилоотонии фаъолияти цонунгузори, истифодаи шаклуои мухталифи танзими ууцуци позитиви ба гайр аз цонунгузори диццати махсус дода шудааст. Мавцеи муаллиф дар бобати мураттабсозии санадуои меъё'рии ууцуци чун як цисми фаъолияти ууцуцэцодкуни асоснок карда шудааст.

Ключевые слова: правотворчество, систематизация законодательства, нормативные правовые акты, учет нормативных актов, инкорпорация, кодификация, консолидация.

Исследуются проблемные вопросы систематизации законодательства как неотъемлемой части правотворчества в контексте понимания систематизации законодательства и правотворчества, плюрализма подходов к указанным понятиям. Главное внимание уделяется выработке понятия «систематизация законодательства» с учетом многообразия подходов к систематизации и законодательству, информатизации законодательной деятельности, применения различных форм упорядочения иных, помимо

МУАОХ,ИЗАХ,О РОЧЕЪ БА ТАНОСУБИ МУРАТТАБСОЗИИ ЦОНУНГУЗОРИ ВА ФАЪОАИЯТИ ХУКУ^ЭЦОДКУНЙ

ЕЩЕ РАЗ К ПРОБЛЕМЕ О СООТНОШЕНИИ СИСТЕМАТИЗАЦИИ ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВА И ПРАВОТВОРЧЕСКОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ

ONCE MORE ON THE ISSUE OF CORRELATION OF SYSTEMATIZATION OF LEGISLATION AND LAW CREATION

ACTIVITY

законодательства, форм позитивного права. Обосновывается авторская позиция о систематизации законодательства, связанной с переработкой содержания нормативных правовых актов, как части правотворческой деятельности.

Key words: law creation, system of legislation, systematization of legislation, normative legal instruments, registration of normative instruments, incorporation, codification, consolidation.

The article dwells on the problematic issues dealing with systematization of legislation as an integral part of law creation in the context of comprehension concerned with systematization of both legislation and law creation, pluralism of approaches to the mentioned notions. Particular attention is paid to an elaboration of the concept of «systematization of legislation» with taking into account multiple variety of approaches to systematization and legislation, informatization of legislative activity, application of different forms aimed at regulating of ones related to positive law besides legislation. The author's position in reference to systematization of legislation connected with reelabration of the content of normative legal instruments as a part of law creation activity is well grounded.

Ташаккул ва фаъолияти ниходхои (институтхои) давлати хукукбунёд танхо дар сурати мавчудияти низоми мавзун ва самарабахши конунгузории давлат имконпазир аст. Волоияти хукук ва конуни хукукй дар давлати хукукбунёд рушди конунгузории хукукиро пешбинй мекунад, ки арзишхои аз чониби умум эътирофшудаи хукукиро инъикос менамояд. Дар ин раванд мураттабсозии конунгузорй накши мухим мебозад.

Дар асри XX усуле ба миён омад, ки бо ёрии он санадхои меъёрии хукукии хар як мамлакат ба низоми мантикан мураттабгашта ворид карда мешуданд. Чунин равандро мураттабсозии конунгузорй меноманд. Дар ин раванд конунхо ва санадхои меъёрии хукукии зерконунй, яъне меъёрхои хукукй ба як низоми мураттабгашта ворид карда мешаванд. Мураттабсозии санадхои меъёрии хукукй ба пайдошавии мафхумхои зерин, аз кабили «ба кайд гирифтани санадхои меъёрии хукукй», «инкорпоратсияи конунгузорй», «муттахидсозии (консолидатсияи) конунгузорй» ва «тадвини (кодификатсияи) конунгузорй» оварда расонид.

Мураттабсозии конунгузорй дар шаклхои гуногун анчом дода мешавад. Дар раванди мазкур холатхое дида мешаванд, ки конунгузорй, яъне санадхои меъёрии хукукй бе тахияи санади мураттабгашта сурат мегирад, яъне танхо чамъ карда мешаванд (ба кайд гирифтани санадхои меъёрии хукукй). Дар дигар холат бошад, санадхои меъёрии хукукй дар як санади нави мураттабгашта чамъ карда мешаванд (инкорпорация). Дар холати сеюм меъёрхои чанд санадхое, ки бахри танзими як масъала кабул шудаанд, муттахид карда шуда, дар хамин замина як санади калонтар кабул карда мешавад (муттахидкунй). Дар холати чорум бошад, санади нави мураттабгашта дар заминаи мураттаб намудани меъёрхои хукукии амалкунанда, тагйирдихии мазмуни онхо ва билохир кабули меъёрхои нави хукукй анчом меёбад (тадвин).

Вижагии дигари мураттабсозии конунгузорй бо санадхои меъёрии хукукй алокаманд будани он мебошад ва бехуда нест, ки ин равандро «мураттабсозии конунгузорй» ва ё «мураттабсозии санадхои меъёрии хукукй» меноманд.

Умуман мафхуми мураттабсозй бо конунгузорй алокаманд мебошад ва мураттаб намудани конунгузориро дар назар дорад.

Мураттабсозии конунгузорй шарти асосии самарабахшии танзими хукукй, рафъи камбудй ва ихтилофхо ба хисоб меравад. Ба сифати яке аз шаклхои хукукэчодкунй мураттабсозии конунгузорй дар рушди фаъолияти хукукэчодкунй накши калон мебозад. Дар ин чо суоли зерин пайдо мешавад: оё мураттабсозии конунгузорй шакли хукукэчодкунй аст? Барои ба ин суол чавоб додан мафхумхои «хукукэчодкунй» ва таносуби онро бо «мураттабсозии конунгузорй» мавриди тахлил карор медихем. Дар замони муосир хукукэчодкунй дар илми хукук мавкеи асосиро ишгол менамояд.

Хукукэчодкунй раванди эчоди хукуки нав, конуну санадхои нави меъёрй, меъёру мафхумхои нави хукукй, ба талаботи нави чомеа мутобик намудани онхо, аз байн бурдани меъёрхои хукукии ба шароити нав мутобик набуда, яъне бо меъёрхои нав иваз намудани меъёрхои кухна мебошад.

Ба ибораи дигар хукукэчодкунй хукукро ба вучуд меорад, ташаккул медихад ва ба расмият медарорад. Хукукэчодкунй мархилаи ибтидоии хаёти хукук буда, дар худ импулсхоеро, ки ба харакати хукук таъсир мерасонанд, тачаммуъ медихад. Мавкеи муаллифон оид ба мафхуми падидаи мазкур аз хамдигар фарк мекунад.

Як гурухи олимон чунин мехисобанд, ки он фаъолияти давлатй буда, меъёрхои нави хукукиро тахия ва тасдик мекунад. Ин олимон чунин мехисобанд, ки мохиятан, хукукэчодкунй ворид кардани иродаи давлат ба конун мебошад. [16, с. 537]

Ин акида, аз фахмиши анъанавии он бармеояд, зеро хукукэчодкунй - ин шакли расмии фаъолияти давлат оид ба мукарраркунй, тагйирдихй ва бекоркунии меъёрхои хукукй ба хисоб меравад.

Мафхуми хукукэчодкуниро аз мавкеи анъанавии хукукй, аз мавкеи маърифатию арзёбй ва чун раванди маросимй (протседурй) мавриди тахлил карор дода, М.М. Рассолов чунин мехисобад, ки хукукэчодкунй танхо раванди зехнй (тафаккурй) нест, ки ба ташаккули меъёри хукукй имкон фарохам меорад. Гайр аз ин он раванди вижаи хукукии ба вучуд овардани меъёри хукукй низ мебошад. [12, с. 441-445].

Муаллиф ду муносибатро дар тадкики ин масъала чудо кардааст.

Якум, ба тарики анъанавй, мафхум ва мохияти хукукэчодкунй, чун чанбаи ичтимой ва чун фаъолияти давлатй фахмида мешавад, ки он маънои воридкунии иродаи давлатро ба конун дар назар дорад. Дар хамин замина муаллиф се тарзи хукукэчодкуниро пешниход менамояд: а) фаъолияти хукукмукарраркунии (хукукэчодкунии) макомоти ваколатдори давлатй; б) аз чониби макомоти давлатй ичозат додан ба меъёрхое, ки новобаста ба онхо дар намуди одат ва ё аз чониби ташкилотхои гайридавлатй тахия шудаанд; в) хукукэчодкунии бевоситаи халк дар шакли овоздихии умумй (референдум). Дар Ч,умхурии Точикистон фаъолияти хукукэчодкунии халк, макомоти давлатй ва шахсони мансабдор ба назар мерасад. Тибки моддаи 5-уми ^онуни Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» аз 26 марти соли 2009 субъектони хукукэчодкунй инхо мебошанд: халки Ч,умхурии Точикистон, чаласахои якчояи Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон, Мачлиси миллии Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон, Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон, Президенти Ч,умхурии Точикистон, Хукумати Ч,умхурии Точикистон, вазоратхо, кумитахои давлатй ва дигар макомоти давлатй, Мачлиси вакилони халки Вилояти

Мухтори Kyхистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Дyшанбе, раисони Вилояти Мухтори ^х^тони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Дyшанбе, Мачлиси вакилони халки шахрхо ва нохияхо, раисони шахрхо ва нохияхо, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот (Чдмоат). Хукукэчодкунй фаъолиятест, ки онро меъёрхои конун ба танзим медарорад. Дар Чумхурии Точикистон низ раванди мазкур тибки меъёрхои Kонститyтсия, конунхои конститутсионй, кодексхо, конунхои оддй ва дигар санадхои меъёрии хукукй сурат мегирад, тагйир дода мешавад ва катъ мегардад. ^онунгузор дар меъёрхои хукукй хамчунин фаъолияти субъектони хукукэчодкуниро низ муфассал мукаррар намудааст. Умуман фаъолияти конунэчодкунй бо меъёрхои Kонститyтсияи Ч,умхурии Точикистон, ^онуни Ч,умх,урии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй», дастурхои Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, дигар конунхо ва санадхои меъёрии хукукй танзим мегардад.

Дуюм, муаллиф раванди хукукэчодкуниро чун раванди дарккунй -арзёбй ва чун раванди маросимй тавсиф менамояд, ки дар натичаи он меъёрхои хукукии дахлдор тахия мешаванд. Дар ин мафхум, хукукэчодкунй чун раванди дарккунй ва арзёбии талаботи чомеаи демократй, аз чониби субъектони ваколатдор ташаккулдихии санадхои хукукй дар асоси маросими муайян дар назар дошта шудааст. Дар чунин мукарраркунй, унсурхои гуногун, аз кабили дарккунй, омузиш ва баходихии ходисахо ва равандхое, ки танзимкунии хукукиро ичозат ва талаб менамоянд, мукарраркунии макомот ва ё дигар субъекте, ки ба кабул намудани ин ё он санади меъёрии хукукй ваколатдор аст, интихоби шакли санади пешниходшаванда, тайёркунй, кабул ва ё тагйирдихии он дар хачми маросимй зарурй ва г. дар назар дошта мешавад.

Баъзе олимони хукукшинос чонибдори акидаеанд, ки хукукэчодкунй «чун фаъолияти макомоти давлатй, ашхоси мансабдор оид ба нашр, коркард ва бекор кардани санадхои меъёрии хукукй» [15, с. 175], ва чун «халкаи асосии ибтидоии механизми танзими хукукй» [9, с. 7] баромад менамояд. Аз пешниходхои мазкур чунин бармеояд, ки давлат меъёрхои хукукиро кабул намуда, воситахои мураккаби хукуктатбиккунй ва хукукхифзкуниро истифода бурда, бо хамин рох ба рафтори субъектони хукукй таъсир мерасонад.

Олими точик А.Р. Неъматов фахмиши анъанавии раванди хукукэчодкунй ва акоиди М.Н. Марченко, O.A. Пучков, A.C. Пиголкин, A.B. Мицкевич, И.И. Шувалов, P.O. Халфина, И.Н. Сенякин, Р.Ш. Сотиволдиев ва ДА. ^вачевро тахлил намуда, ба хулоса мерасад, ки он шакли расмии фаъолияти давлат оид ба мукаррар намудан, тагйир додан ва бекор кардани меъёрхои хукукй мебошад. Ба акидаи y, муносибатхои мухталиф бо омузиши мафхуми хукукэчодкунй дар бораи серчабхагии таъиноти функсионалии он шаходат медихад [1, с. 32-36]. Мо бо акидаи муаллиф хамфикрем, зеро чун анъана таъиноти хукукэчодкунй то ба имруз, дар тамоми мамлакатхои чахон ва, аз чумла дар Чумхурии Точикистон низ тахия ва тасхехи меъёрхои хукукиро бахри танзими муносибатхои чамъиятй ва мукарраркунии ин муносибатхои чамъиятиро дар бар мегирад. Хамчунин хукукэчодкунй бо истифода аз шаклхои пешбининамудаи конун анчом дода мешавад, ки мисоли он худи конунэчодкунй, хукукэчодкунии Президент, Хукумат, вазоратхо ва дигар макомоти давлатй ба хисоб мераванд. Онхо низ намудхои мустакили хукукэчодкунианд.

Хамин тавр, ба акидаи як катор олимон, хукукэчодкунй ба сифати маросими даврии ба расмият даровардани фаъолият оид ба ташаккул ва тахкими иродаи халк (синф, гурухи ичтимой) дар санадхои хукукй рочеъ ба тагйир додан ва иваз кардани санадхои мазкур мебошад. Олимони дигар хукукэчодкуниро нисбатан васеъ шарх медиханд. Хукукэчодкунй фаъолияти аз лихози ташкилй ба расмият даровардаи давлат мебошад, ки ба ошкор сохтани талабот ба танзими меъёрии хукукии муносибатхои чамъиятй, тибки талаботи ошкор гардида ба вучуд овардани меъёрхои хукукии нав, иваз кардану бекор намудани меъёрхои амалкунанда равона шудааст. Фикру акидахои олимони мазкурро хулоса намуда, метавон гуфт, ки хукукэчодкунй раванди маърифат ва арзёбии талаботи хукукии чамъият ва давлат, ташаккул ва кабули санадхои хукукй аз чониби субъектхои ваколатдор дар доираи маросимхои(протседурахои) дахлдор мебошад.

Хукукэчодкунй ва мураттабсозии конунгузорй муносибатхои мутакобилаи вижа доранд, ки он дар умумияти масоил зохир мегардад. Ногуфта намонад, ки аз лихози предмет байни онхо фарк вучуд дорад. Мураттабсозй ихтилофоти конунгузориро ошкор ва рафъ месозад, онро танзим менамояд. Хусусияти хукукэчодкунии мураттабсозии конунгузорй ахамияти онро назаррас зиёд мекунад.

Дар хакикат, конунгузории давлат анбухи азими санадхои меъёрии хукукиро дар бар мегирад, ки дар даврахои мухталиф кабул шудаанд, тадричан зарурати танзим, ба кайдгирй ва ба хам овардани онхо дар асоси таснифи муайян ба миён меояд. Ба ичрои ин вазифа мураттабсозии конунгузорй чун фаъолияти максадноки макомоти давлатй оид ба танзим ва ба низоми ягонаи созгор овардани санадхои меъёрии хукукй мусоидат мекунад.

Хукукэчодкунй ва мураттабсозии конунгузорй дар холати рушди доимй карор доранд. Хукукэчодкунй дар мархилахои муайян истода наметавонад, бо сабаби мутахаррикии робитахои ичтимой, ба вучуд омадани талаботи нави хаёти чамъиятй, ки танзими хукукиро такозо мекунанд, хамеша дар харакат аст.

Мукаррар кардани таносуби байни хукукэчодкунй ва мураттабсозии конунгузорй хело мухим мебошад.

Ба фикри Н.Н. Литягин, мураттабсозии конунгузориро дар ду самт баррасй кардан лозим аст: хукукэчодкунй ва иттилоотию хукукй. Ба кайдгирию инкорпоратсияи санадхои меъёрии хукукй мухтавои меъёрхои хукукиро тагйир намедиханд ва ба фаъолияти иттилоотию хукукй мансубанд, муттахидсозию тадвин (консолидатсия ва кодификатсия) бошанд ба танзиму такмили санадхои конунгузорй, коркарди мухтавои онхо равона шудаанд, бинобар ин як кисми фаъолияти хукукэчодкунй ба хисоб мераванд [8, с. 30].

Ин фикрро чонибдорй намуда, Д.А. Казаков низ таъкид менамояд, ки мураттабсозии конунгузорй дорои хосияти хукукэчодкунй аст. Ин хусусият дар самтгирии он ба танзиму такмили конунгузорй, кабули санадхои муттахидсохта ва тадвиншуда, ки санадхои каблан нашршударо аз руи хамон як предмети танзими хукукй муттахид месозанд, ошкор мешавад. Ба фикри муаллиф бакайдгирию инкорпоратсияи санадхои меъёрии хукукй мухтавои меъёрхои хукукиро тагйир намедиханд, зеро фаъолияти иттилоотии хукукй мебошанд ва танхо коркарди берунаи маводи меъёриро бидуни тасхехи танзими хукукии муносибатхои чамъиятй пешбинй мекунанд [4, с. 40].

Бинобар ин метавон гуфт, ки мураттабсозии конунгузорй то андозае фаъолияти хукукэчодкунй низ мебошад. Мо чонибдори акидаи мазкур мебошем, зеро раванди тадвин ва муттахидсозй шаклхои мустакили мураттабсозии конунгузорй ба хисоб мераванд. Агар дар раванди тадвин мисли шакли мураттабсозй мазмуни дохилии санадхои меъёрии хукукй сифатан тагйир дода шуда, меъёрхои нави хукук эчод карда шаванд, пас дар раванди муттахидсозй якчанд санадхои меъёрии хукукии мансуб ба як масъала бо хам муттахид гашта, дар натичаи он як санади нав кабул карда мешавад.

Зимнан хангоми фаъолияти иттилоотии хукукй мураттабсозии конунгузорй дар иртибот бо иттилоотонии хукукй амалй мегардад. Дар навбати худ, иттилоотонии хукукй хамчунин тарзи такмили фаъолияти меъёрэчодкунй (хукукэчодкунй) мебошад.

Дар шароити пешрафти технологияи иттилоотй мураттабсозии конунгузорй хусусияти иттилоотй касб менамояд, Алхол дар рафти мураттабсозии конунгузорй технологияхои хозиразамони иттилоотй васеъ истифода мешаванд. Санадхои меъёрии хукукй унсури системахои ягонаи иттилоотонии хукукй махсуб меёбанд. Аз ин лихоз, мураттабсозии конунгузорй бо иттилоотонй алокаи наздик дорад. Яъне мураттабсозии конунгузорй функсияхои иттилоотониро амалй гардонида, ба пахн намудани иттилоотонии хукукй мусоидат менамояд. Тамоми санадхои меъёрии хукукй бо ёрии системахои иттилоотй пахн карда шуда, ба макомоти давлатй, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо ва хамчунин шахрвандон дастрас мегардад. Дар раванди мазкур, дар заминаи истифодаи дастовардхои технологияи компютерй, яъне сомонахо, воситахои нигохдории иттилооти хукукй ва гайрахо, васеъ истифода мешаванд.

Консепсияи рушди конунгузории Ч,умхурии Точикистон, ки бо карори Президенти Ч,умхурии Точикистон аз 19-уми феврали соли 2011 тасдик шудааст, тахия ва инкишофи амсилаи низоми давлатии иттилооти хукукиро пешбинй мекунад, ки ба компютеронй ва автоматиконии равандхои омодагй, кабул, хифз, мураттабсозй ва интишори иттилооти хукукй асос меёбад. Дар асоси хамин хуччат барои таъчилан гирифтани иттилооти хукукй, бакайдгирии он, мураттабсозй ва фаъолгардонй, хамчунин ташкили пахнкунии иттилооти хукукй байни макомоти давлатй, шахсони хукукй ва чисмонй шароити мусоид ба вучуд оварда мешавад [6].

Х,амин тавр, дар маъхазхои хукукй мураттабсозии конунгузорй ба ду маъно истифода мешавад:

1. Ч,амъ намудани санадхои меъёрии хукукй вобаста ба таърихи кабулашон ё дар иртибот бо сохахои конунгузорй, ки дар ин раванд мазмуни дохилии онхо тагйир намеёбанд.

2. Тагйири мазмуни дохилии санадхои меъёрии хукукии мураттабшаванда, катъи меъёрхои кухна, тагйир додани мазмуни меъёрхои амалкунанда ва хамчунин кабули меъёрхои нав.

Х,амчунин дар заминаи мураттабсозии конунгузорй санадхои меъёрии хукукии амалкунанда чамъ оварда мешавад ё санади нави меъёрии хукукй, аз кабили кодекс, оиннома, низомнома ва гайра кабул карда мешавад. Дар хамин асос мо зери мафхуми истилохи «мураттабсозии конунгузорй» на танхо чамъ намудани санадхои конунгузорй, балки раванди хукукэчодкуниро низ мефахмем.

Хамин тавр низоми хукукии мунтазам тагйирёбанда, рушд ва такмили он, кабули санадхои нави меъёрй, ба онхо ворид сохтани тагйирот, бекор кардани меъёрхои кухна, ба таври объективй зарурати танзими хамаи мачмуи санадхои меъёрии амалкунанда, муттахидсозии онхо, ба низоми муайяни илман асоснок мутобик сохтани онхо, нашри мачмуахои гуногун, мачмуи конунхоро такозо мекунад. Чи тавре ки маълум аст, ин фаъолият мураттабсозии конунгузорй номида мешавад.

Алхол коркарди мафхуми мураттабсозии конунгузорй ва муайян намудани накши он дар сиёсати хукукии давлатй яке аз масъалахои марказй ба шумор меравад. Дар маъхазхои хукукшиносй аксарияти олимон мураттабсозии конунгузориро чун мафхуме маънидод мекунанд, ки тамоми фаъолияти батартибдарории конунгузориро дар бар мегирад. Пеш аз хама лозим меояд, ки мафхуми «мураттабсозии конунгузорй» - ро чун мафхуми комплексй мавриди тахлил карор дихем. Ин мафхум аз ду кисм «мураттабсозй» ва «конунгузорй» иборат аст.

Мафхуми «мураттабсозй» ё истилохи байналхалкии «systemixation» маъмулан дар маохизи мухталиф чун раванди ба тартибу низоми муайян даровардани унсурхои пахну парешон шарх мешавад. Асоси ин мафхумро вожаи «система» ташкил мекунад. Дар фалсафа «система» гуфта «мачмуи унсурхое, ки байни хам дар робитаю муносибат карор доранд ва томияти муайянеро ташкил мекунанд» [7, с. 287] фахмида мешавад. Хулоса зери мафхуми «систематизатсия» раванди ба як тартиби муайян овардани унсурхои пахну парешонро мефахманд, ки онро ба точикй бо вожаи «мураттабсозй» ба маънои ба назму низоми муайян даровардан мефахманд.

Истилохи «конунгузорй» - ро мухаккикон ба тарзи гуногун маънидод мекунанд. Баъзе олимон, тахти мафхуми «низоми конунгузорй»мачмуи ягонаи хамаи санадхои меъёрии хукукии амалкунандаи давлатиро мефахманд, ки вобаста аз характери муносибатхои танзимшаванда дар сохахои гуногуни хаёт ба кисмхои таркибй ё сохахо чудо мешаванд [16, с. 471]. Гурухи дигари олимон иддао мекунанд, ки азбаски конун дар низоми санадхои меъёрии хукукй макоми махсусро ишгол мекунаду муносибатхои махсуси чамъиятиро танзим менамояд, тахти мафхуми «конунгузорй» мачмуи конунхоро мефахманд, ва ба хамин тарик вожаи «конунгузорй» ба мафхуми «конун» иртибот пайдо мекунад [14, с. 471]. Гурухи сеюми мухаккикон бар онанд, ки истилохи «конунгузорй» якчанд маъно дорад: 1) мачмуи конунхо ва санадхои зерконунии меъёрии хукукй, ки макомоти ваколатдори давлатй мебарорад; 2) санадхои меъёрии хукукии макомоти олии конунгузорй, фармонхои Президент, карорхои Хукумат; 3) санадхои меъёрии макомоти олии конунгузор; 4) мачмуи конунхо [17, с. 63-65]. Ба акидаи гурухи чоруми олимон, мафхуми «конунгузорй» маънохои зеринро дар бар мегирад: 1) яке аз усулхои асосии функсияхои худро амалй гардонидани давлат, ки нашри конунхоро аз чониби макомоти хокимияти давлатй дар бар мегирад; 2) мачмуи меъёрхои хукукй, ки муносибатхои чамъиятиро умуман ё яке аз намудхои муносибатхои чамъиятиро (конунгузории гражданй, конунгузории чиноятй ва гайра) танзим мекунад [2, с. 212].

А.Р. Неъматов низ яке аз масъалахои умда будани коркарди мафхуми «мураттабсозии конунгузорй» - ро таъкид намуда, изхори акида менамояд, ки эхтимол дар ояндаи наздик муносибати нисбатан васеъ ба ин мафхум сурат гирад [10, с. 104-105].

Дар назарияи хукук ба муайян кардани ин таъриф муносибатхои гуногун пешниход шудааст. Дар баъзе мавридхо хангоми муайян кардани мафхуми «мураттабсозй» ба категорияи «конунгузорй» такя мекунанд. Дар мавридхои дигар бошад, мухаккикон мафхуми мураттабсозиро васеъ намуда, ба он на танхо санадхои меъёрии хукукй, балки дигар санадхои хукукмуайянкунандаро низ дохил мекунанд.

Акидаи баъзе мухаккиконро оид ба коркарди мафхуми «мураттабсозии конунгузорй» мавриди баррасй карор медихем.

Ин мафхумро хеле чукур тахлил намуда А.С. Пиголкин, А.Н. Головистикова ва Ю.А. Дмитриев кайд мекунанд, ки низоми мунтазам тагйирёбандаи хукукй, рушду такмили он, кабули санадхои нави хукукй, ба онхо ворид сохтани тагйирот, бекор кардани карорхои меъёрй ба таври объективй ба тартиб даровардани хамаи мачмуи санадхои меъёрии амалкунанда, калон кардани онхо, ба низоми муайяни илман асоснок даровардани онхо, чопи мачмуахо ва мачмуъхои конунгузориро такозо менамояд. Ба фикри муаллифони мазкур, фаъолияти дар низоми ягонаи мураттаб овардани санадхои меъёрии хукукй маъмулан «мураттабсозии конунгузорй» номида мешавад [16, с. 555].

A.Б. Венгеров, аз як тараф мураттабсозиро чун фаъолияти вижаи хукукэчодкунй муайян мекунад, аз чониби дигар онро кисми мухими истифодаи самарабахши амалии конунгузорй меномад. Ба фикри у, мураттабсозй воситаи тоза кардани анбухи чамъшудаи санадхои меъёрии хукукй мебошад, у образнок карда мураттабсозиро тарзи ба худ хоси тоза кардани «саисхонаи хукукии Авгий» меномад [3, с. 495].

Ба назари мо акидаи С.В. Кодан бештар асоснок ва кобили кабул аст. У «мураттабсозии конунгузорй» - ро як намуди фаъолияти хукукй мешуморад, ки мохиятан ба тартиб даровардани санадхои меъёрии хукукии амалкунандаро пешбинй мекунад. Муаллиф махсус таъкид мекунад, ки мураттабсозй бо максади ба анбухи конунгузорй бахшидани хосияти муназзамй, сохторбандишуда, хамчунин барои халли вазифахои марбут ба рушди низоми хукукии (давлатию хукукии) чамъиятй гузаронида мешавад [5, с. 386].

B.С. Нерсесянс ба чои мафхуми «мураттабсозии конунгузорй» истилохи «мурат-табсозии санадхои хукукмукарраркунанда»-ро истифода бурдааст. Ба фикри у, ин таъриф санадхои меъёрии хукукй, карорхои судии дорои ахамияти собикадор ва дигар санадхоро дарбар мегирад, ки дар онхо мухтавои меъёрии хукукии манбаъхои гуногуни хукуки позитивй (расмй, давлатй) ифода ва пешниход гардидаанд [11, с. 445446].

Р.Ш. Сотиволдиев чунин мешуморад, ки «мураттабсозии конунгузорй» ба низоми мантикан мутобик гардида ва ба тартиб оварда даровардани санадхои меъёрии хукукиро мефахмонад. Зимнан, вобаста аз субъект мафхуми «мураттабсозии конунгузорй» ба ду маъно шарх дода мешавад: а) чун фаъолияти расмии макомоти давлатй; б) чун фаъолияти гайрирасмии муассисаю шахрвандон (масалан, аз руи хронология ба тартиб овардани санадхои меъёрии хукукй дар мачмуахои хрестоматиявй, шаклхои илмии маърифатй, иттилоотй, шаклхои тичоратии мураттабсозй). Мураттабсозии расмй як кисми фаъолияти конунгузорй буда, ба батартиб дарории низоми санадхои меъёрии хукукй, рафъи нокисихо, таъмини мувофиккунию муназзамй дар низоми мазкур, истифодаи самарабахши санадхои

меъёрии хукукй нигаронида шудааст. Дар шароити ташаккули чамъияти иттилоотй функсияи иттилоотии мураттабсозии конунгузорй ба мадди аввал мебарояд. Мураттабсозии гайрирасмй максадхои илмй, маърифатй, фархангию тарбиявй, ташрехй, тавсиявиро пайгирй менамояд. Ба фикри у, мураттабсозии конунгузорй, ки бо тагйирёбии дохилии мухтавои санадхои меъёрии хукукии танзимшаванда алокаманд аст, як кисми хукукэчодкунй мебошад. У шаклхои зерини мураттабсозиро чудо кардааст: ба кайдгирии санадхои меъёрии хукукй, инкорпоратсия, тадвин (кодификатсия), муттахидсозй (консолидатсия) [13, с. 498-502].

Бо вучуди ин, мавкеи муаллифон, ки мураттабсозиро нисбатан васеъ шарх медиханд, ва аз чумла онро ба таври мустасно бо сохаи санадхои конунгузорй марбут намедонанд, чолиби диккат ва сазовори тахкики минбаъда мебошад. Дар шароити инкишофи шаклхои хукуки позитивй, такмили низоми санадхои меъёрии хукукй тавсеи доираи субъектхои хукукэчодкунй эхтимоли он мавчуд аст, ки дар ояндаи наздик мафхуми мураттабсозй муносибати нисбатан васеъро такозо мекунад.

Хамин тарик, рочеъ ба мафхуми «мураттабсозии конунгузорй» байни мухаккикон иттифоки оро вучуд надорад. Муносибати плюралиста (гуногунфикрй) ба мафхуми «мураттабсозии конунгузорй» якчанд сабаб дорад. Ба акидаи баъзе муаллифон чунин муносибат аз сершумории субъектхои мураттабсозй вобаста аст. Муаллифони дигар онро бо шаклхои мураттабсозй, мухаккикони гурухи сеюм бо сохаи санадхои мавриди мураттабсозй алокаманд мекунанд.

Дар асоси гуфтахои боло ба хулоса омадан мумкин аст, ки «мураттабсозии конунгузорй» ба тартибдарории санадхои меъёрии хукукии амалкунанда дар асоси коидахою усулхои махсуси техникаи хукукшиносй ба максади мусоидат ба амалияи хукукэчодкунй, хукуктатбиккунй, хукукистифодабарй, иттилоотонии хукукй ва баланд бардоштани фарханги хукукии ахолй бо рохи ба низоми ягонаи мутобикшуда даровардани он мебошад.

Пайнавишт:

1. Нематов А. Правотворчество в Республике Таджикистан. Монография. Saarbrucken, Deutschland: LAP LAMBERT Academic Publishing, 2013. p. 412. [Электронный ресурс]. Email: info@,lap-publishing. com.

2. Большой юридический словарь / Отв. ред. Б.Н. Топорнин. - М. : Юристь, 2001. - 789 с.

3. Венгеров А.Б. Теория государства и права: учеб. [для юрид. вузов] / А.Б. Венгеров. 6-е изд., стер. -М. : Омега-Л, 2009. - 606 с.

4. Казаков Д.А. Систематизация российского законодательства на основе использования современных информационных технологий: дисс. ...канд. юрид. наук. - М., 2007. - 179 с.

5. Кодан С.В. Акты систематизации законодательства: место и роль в системе источников российского права // Научный вестник УрАГС, 2008. - Выпуск № 1(2). Март. - С. 107 - 115.URL:http://vestnik.uapa.ru/issue/ (Дата обращения 20.01.2008).

6. Концепция прогнозного развития законодательства Республики Таджикистан от 19 февраля 2011 г., № 1021 // URL: mmk.tj (официальный сайт Национального центра законодательства при Президенте Республики Таджикистан) (санаи муроциат: 24.12.2012).

7. Краткий словарь по философии /Под общ. ред. И.В. Блауберга, И.К. Пантина. 3-е изд., доработ. и доп. - М.: Политиздат, 1979. - 413 с.

8. Литягин Н.Н. Организационные предпосылки систематизации законодательства // Журнал российского права. - 2002. - № 4. - С. 29-32.

9. Научные основы советского правотворчества / Отв. ред. Халфина Р.О. - М. : Наука, 1981. - 310 с.

10.Нематов А.Р. Законотворчество в Республике Таджикистан: Монография. - Душанбе: Дониш, 2014. - 152 с.

11. Нерсесянц В.С. Общая теория права и государства: учебник для вузов. - М., 1999. - 552 с.

12.Рассолов М.М. Теория государства и права: учебник для вузов / М.М. Рассолов. - М. : Юрайт; ИД Юрайт, 2010. - 635 с.

13. Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи давлат ва ^уцуц. Китоби дарсй барои мактабуои олй. -Душанбе: Империал-Групп, 2014. - 720 с.

14. Сотиволдиев Р.Ш. Проблемауои назарияи давлат ва ^уцуц. Китоби дарсй барои мактабуои олй. - Ц. 2. Душанбе: Империал-Групп, 2010. - 654 с.

15.Сырых В.М. Теория государства и права. - М. : ЗАО Юстицинформ, 2012. - 704 с.

16.Теория государства и права: учебник / А.С. Пиголкин, А.Н. Головистикова, Ю.А. Дмитриев; под ред. А.С. Пиголкина, Ю.А. Дмитриева. 2-е изд., перераб и доп. - М.: Юрайт; ИД Юрайт, 2010. - 744 с.

17.Тохиров Н.Ф. Развитие законодательной деятельности в Таджикистане (1917-2007). Монография. - Душанбе: Эчод, 2009. - 212 с.

Reference Literature:

1. Nematov A. Legislation Creation in the Republic of Tajikistan. Monograph. Saarbrucken, Germany: LAP LAMBERT Academic Publishing, 2013. p. 412. [electronic resource]. E-mail: info@,lap-publishing. com.

2. Big Law Dictionary /Editor-in-charge: B.N. Topornin. M. : Jurist, 2001. - 789pp.

3. Vengerov A.B. Theory of State and Law: textbook. [for juridical universities] / A.B. Vengerov. The 6-th edition, stereotyped Sr. - M.: Omega-L, 2009, - p. 606.

4. Kazakov D.A. Ordering of Russian Legislation on the Basis of Use of Modern Information Technologies. Candidate dissertation in jurisprudence. - Moscow, 2007. - 179 pp.

5. Codan S. V. Instruments of Systematization of Legislation: Place and Role in Source System of Russian Law. Ural AGS Scientific Bulletin, 2008. Issue №1(12). March. - pp. 107 - 115. URL:http://vestnik. uapa. ru/issue/2008/01/20.

6. Conception of Prognosis Development of Legislation in the Republic of Tajikistan from February 19, 2011. № 1021 // URL: mmk.tj (official site of the National Centre of Legislation under the President of Tajikistan) (24.12.2012).

7. Concise Dictionary in Philosophy / Under the general editorship of I. V. Blauberg, I.K. Pantin. The 3-d edition, revised and enlarged. - M.: Politizdat, 1979. - 413 pp.

8. Lityaghin N.N. Organizational Prerequisits of Systematization of Legislation. The Journal of Russian Law. 2002, № 4. - pp. 29 - 32.

9. Scientific Foundations of Soviet Law Creation //Editor-in-charge: Khalfina R.O. - M.: Science, 1981. - 310 pp.

10. Nematov A.R., Legislation in the Republic of Tajikistan. Monograph. Dushanbe: Knowledge, 2014. -152 pp.

11. Nersesyants V.S. General Theory of Law and State: textbook for higher schools. M., 1999. -552 pp.

12. Rassolov M.M., Theory of State and Law: textbook for higher schools / Rassolov M.M., M.: Yurayt: «Jurayt» publishing-house, 2010. - 635 pp.

13. Sotivoldiev R.Sh. Theory of State and Law: textbook for higher schools (in Tajik). - Dushanbe: Imperial Group, 2014. - 720 pp.

14. Sotivoldiev R.Sh. Problems ofTheory of State and Law: textbook for higher schools (in Tajik). - V.2. - Dushanbe: Imperial Group, 2010. - 654pp.

15. Syrykh V.M. Theory of State and Law. - M.: «Justice-inform» Closed Joint Stock Company (CJSC). 2012. - 704 pp.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

16. Theory of State and Law: textbook / A.S. Pigolkin, A.N. Golovistikova, Y. Dmitriev; under the editorship of A.S. Pigolkin, Yu.A. Dmitriev. The 2-nd edition, revised and enlarged. - M.: Yurayt publishing-house, 2010. - 744 pp.

17. Tohirov N.F. Development of Legislative Activity in Tajikistan (1917-2007). Monograph. Dushanbe: Creation, 2009. - 212pp.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.