Научная статья на тему 'ОИД БА МАСЪАЛАИ ДАВРАҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ МУНОСИБАТҲОИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ВАО ДАР ШАРОИТИ ДИГАРГУНИҲОИ НИЗОМИ СИЁСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН'

ОИД БА МАСЪАЛАИ ДАВРАҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ МУНОСИБАТҲОИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ВАО ДАР ШАРОИТИ ДИГАРГУНИҲОИ НИЗОМИ СИЁСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
47
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
трансформатсияи муносибатҳои ҳокимияти давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма (ВАО) / ивазшавии низоми сиёсӣ / идоракунии сиёсӣ-маъмурӣ / давраҳои трансформатсияи воситаҳои ахбори омма / воситаҳои ахбори омммаи мустақил / матбуот / interaction of the state authority and the media / transformation of political system / politico-administrative management / the media transformation periods / independent media / media

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Якубов Ҷума Калонович

Давраҳои трансформатсионии муносибатҳои ҳокимияти давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар шароити ивазшавии низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Тамоюлоти асосии раванди рушди воситаҳои ахбори оммаи давраи мавриди баррасӣ ҷудо карда шудаанд. Мушкилот, вижагиҳо ва оқибатҳои тиҷоратгароии ВАО ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Сохтори бозори массмедиаи Тоҷикистон дар шароити имрӯза муайян карда шудааст. Махсусиятҳои трансформатсияи пурраи низоми медиаи сиёсии шӯравӣ ба низоми нави иттилоотию сиёсии ватанӣ баррасӣ гардидаанд. Чаҳор марҳилаи ташаккули муносибатҳои миёни сохторҳои ҳукуматӣ ва ВАО-и ғайридавлатӣ ва мушаххасоти ҳар марҳила тавсиф шудааст. Вазифаҳои ВАО ва вазифаҳои ҳукумат дар соҳаи ба роҳ мондани муносибатҳои байни ҳокимият ва журналистон мушаххас карда шудаанд. Таъкид гардидааст, ки бо назардошти аҳаммияти воситаҳои ахбори оммаи мустақили миллӣ дар ташаккули давлати ҷавони Тоҷикистон дастгирии ВАО-и мустақил дар ин давра мувофиқи мақсад аст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ON THE ISSUE OF STATE AUTHORITY AND MEDIA INTERACTION IN REFORMATION PERIOD OF THE POLITICAL SYSTEM OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

The article discusses the transformational periods in the relationship between the state power and media in connection with the change in the political system of the Republic of Tajikistan. The main trends in the development of media in the given period are highlighted. It reviews the features and consequences of media commercialization in Tajikistan. The current media market structure in Tajikistan is defined. It discusses the features of the complete transformation of the Soviet political media system into a new domestic information and political system. Four stages in the formation of relations between state structures and non-state media and the features of each stage are described. The obligations of media and the obligations of state to establish relations between the authorities and journalists is clarified. It is emphasized that given the importance of national independent media in the development of the young state of Tajikistan, it is advisable to support the independent media during this period.

Текст научной работы на тему «ОИД БА МАСЪАЛАИ ДАВРАҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ МУНОСИБАТҲОИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ВАО ДАР ШАРОИТИ ДИГАРГУНИҲОИ НИЗОМИ СИЁСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

УДК 321

DOI 10.24412/2411-1945-2023-1-131-140

ОИДБА МАСЪАЛАИ ДАВРАХОИ Якубов Цума Калонович, ТАГЙИРЁБИИ МУНОСИБАТХОИ номзади илмуои сиёси, дотсенти ХОКИМИЯТИ ДАВЛА ТЙ ВА ВАО ДАР кафедраи сиёсатшиносии ДЩБСТ ШАРОИТИДИГАРГУНИХОИ НИЗОМИ (Хуцанд, Тоцикистон) СИЁСИИ ЦУМХУРИИ ТОЦИКИСТОН

К ПРОБЛЕМЕ ПЕРИОДОВ Якубов Джума Калонович, ТРАНСФОРМАЦИИ ВЗАИМОДЕЙСТВИЯ кандидат политических наук, доцент

ГОСУДАРСТВЕННОЙ ВЛАСТИ И СМИ В кафедры политологии ТГУПБП УСЛОВИЯХ ПРЕОБРАЗОВАНИЯ (Худжанд, Таджикистан)

ПОЛИТИЧЕСКОЙ СИСТЕМЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ON THE ISSUE OF STA TE A UTHORITY Yakubova Juma Kalonovich, candidate

AND MEDIA INTERACTION IN ofpolitical sciences, associate professor

REFORMATION PERIOD OF THE of policy studies department of TSULBP

POLITICAL SYSTEM OF THE (Khujand, Tajikistan)

REPUBLIC OF TAJIKISTAN E-MAIL: yakubov.1963@internet.ru

Даврауои трансформатсионии муносибатуои уокимияти давлати ва воситауои ахбори омма (ВАО) дар шароити ивазшавии низоми сиёсии Цумуурии Тоцикистон мавриди барраси царор гирифтаанд. Тамоюлоти асосии раванди рушди воситауои ахбори оммаи давраи мавриди барраси цудо карда шудаанд. Мушкилот, вижагиуо ва оцибатуои тицоратгароии ВАО ба риштаи тащил кашида шудаанд. Сохтори бозори массмедиаи Тоцикистон дар шароити имруза муайян карда шудааст. Махсусиятуои трансформатсияи пурраи низоми медиаи сиёсии шуравй ба низоми нави иттилоотию сиёсии ватани барраси гардидаанд. Чауор маруилаи ташаккули муносибатуои миёни сохторуои уукумати ва ВАО-и гайридавлатй ва мушаххасоти уар маруила тавсиф шудааст. Вазифауои ВАО ва вазифауои уукумат дар соуаи бароу мондани муносибатуои байни уокимият ва журналистон мушаххас карда шудаанд. Таъкид гардидааст, ки бо назардошти ауаммияти воситауои ахбори оммаи мустацили милли дар ташаккули давлати цавони Тоцикистон дастгирии ВАО-и мустацил дар ин давра мувофици мацсад аст.

Калидвожахр: трансформатсияи муносибатуои уокимияти давлати ва воситауои ахбори омма (ВАО), ивазшавии низоми сиёси, идоракунии сиёси-маъмури, даврауои трансформатсияи воситауои ахбори омма, воситауои ахбори омммаи мустацил, матбуот

Рассмотрены трансформационные периоды во взаимоотношениях государственной власти и средств массовой информации (СМИ) в связи со сменой политического строя Республики Таджикистан. Выделены основные тенденции в развитии средств массовой информации в рассматриваемый период. Анализируются проблемы, особенности и последствия коммерциализации СМИ в Таджикистане. В современных условиях определилась структура рынка СМИ Таджикистана. Обсуждаются особенности полной трансформации советской политической медиасистемы в новую, отечественную информационно-политическую систему. Описаны четыре этапа формирования отношений между государственными структурами и негосударственными СМИ и особенности каждого этапа. Уточнены обязанности средств массовой информации и обязанности государства в сфере установления отношений между властью и

журналистами. Подчеркнуто, что, учитывая значение национальных независимых СМИ в становлении молодого государства Таджикистан, в этот период целесообразно поддерживать независимые СМИ.

Ключевые слова: взаимодействие государственной власти и СМИ, трансформация политической системы, политико-административное управление, периоды трансформации СМИ, независимые СМИ, пресса

The article discusses the transformational periods in the relationship between the state power and media in connection with the change in the political system of the Republic of Tajikistan. The main trends in the development of media in the given period are highlighted. It reviews the features and consequences of media commercialization in Tajikistan. The current media market structure in Tajikistan is defined. It discusses the features of the complete transformation of the Soviet political media system into a new domestic information and political system. Four stages in the formation of relations between state structures and non-state media and the features of each stage are described. The obligations of media and the obligations of state to establish relations between the authorities and journalists is clarified. It is emphasized that given the importance of national independent media in the development of the young state of Tajikistan, it is advisable to support the independent media during this period.

Key-words: interaction of the state authority and the media, transformation ofpolitical system, politico-administrative management, the media transformation periods, independent media, media

Дар шароити имруза тахкими низоми демократа дар Точикистон баррасии хамачонибаи хусусиятхои ташаккул ва инкишофи васоити ахбори оммаро та^озо менамояд. Зарур мешуморем, ки пахлухои мухталифи ташаккул ва инкишофи васоити ахбори омма дар шароити давраи гузаришй дар Точикистон мавриди омузиши хамачониба ^арор дода шаванд. Аз ин ру, даврабандии рушди муносибатхои байнихамдигарии васоити ахбори омма ва ма^омоти давлатй дар замони трансформатсионии низоми сиёсии Точикистон тахлили замони бозсозй ва пас аз онро та^озо менамояд.

Дар миёнахои солхои 80-ум дар соби^ Иттиходи Шуравй тахавулоти низоми сиёсй огоз гардид ва хокимияти сиёсй бо ташаббуси рохбарияти Хизби коммунистии Иттиходи Шуравй сиёсати бозсозиро пеш гирифт, ки ин бе шаку шубха радами мусбат ба шумор мерафт. Аз чумла, ба таври ^атьй сиёсат дар самти таъсис ва фаъолияти ВАО дигаргун гашт. Дар ин замон ба души ВАО вазифахои наве вогузор гардид, ки ифшо намудани мушкилоти мавчудаи чамъиятй ва таргиби арзишхои демократй аз чумлаи онхо буданд. Сарвари ИЧ,ШС Горбачёв М.С. борхо воситахои ахбори оммаро даьват мекард, ки сиёсати «бозсозй»-ро дастгирй кунанд ва таькид мекард, ки «онро сиёх накунанд». Аз он чумла, чунин зикр намуда буд: «Хама чизро чоп кунед. Бояд гуногунандешй чой дошта бошад. ВАО бояд кори бозсозй ва сотсиализмро дифоь ва устувор кунанд» [1]. Аммо дар маводи Пленуми апрелии КМ ХКИШ соли 1985, дар хуччатхои съезди XXVII хизб ва Конференсияи умумииттифо^ии хизбй та^вият бахшидани салохияти рохбарияти марказй барои дар амал татби^ намудани директивахои ХКИШ хамчун вазифаи асосии ВАО му^аррар шуда буд. Бозсозии мардумй танхо дар сухан бо^й монда, аксар самтхои фаъолияти давлатй ва чамъиятй, аз чумла, муносибати ВАО ва ма^омоти хизбиро фаро намегирифт. Лекин ба ин нигох накарда, зикр кардан бамаврид аст, ки рушди озодии баён дар раванди тахаввулоти низоми сиёсй ба назар мерасид. Бозсозии эьлонгардида ва яке аз рукнхои он - озодии баён заминаи ху^у^ии фаъолияти ВАО-ро муайян менамуд. ^онун «Дар бораи матбуот ва дигар воситахои ахбори омма», ки 1 августи соли 1990 аз чониби

Шурои Олии ИЧ,ШС ^абул гардид матбуотро озод гардонид. Сензураи давлатй манъ карда шуд ва хар як нашриёт дар фаъолияти худ муста^ил гардад. Тахаввулоти дар низоми ВАО бавучудомадаи давраи бозсозй дорои чунин вежагихо буд:

- рузномахо, мачаллахо, барномахои телевизионй ва радиой барои баёни афкори мухталифу ра^обатпазир имконияти бештар пайдо карданд. Махсусан, ба чунин холат пахши муста^ими барномахои радиотелевизион мусоидат мекард;

- фар^ияти миёни ВАО-и давлатй ва гайридавлатй ба вучуд омад, ки он дар сиёсати тахририи нашрияхои алохида инъикос меёфт. Аз руи адади нашр сиёсати тахририи онхоро арзёбй кардан мумкин аст;

- фар^ияти миёни матбуоти марказй ва махаллй аз чихати ошкоро баррасй намудани мушкилихои рузмарра ва тащиди камбудихо густариш пайдо намуд. Сабаб дар он буд, ки аз як тараф ВАО-и махаллй аз ма^омоти хизбй ва шуравй вобастагии калон дошт ва аз чониби дигар хайати тахририя аз чихати тайёрй ва масъулияти касбй ба талабот чавобгу набуданд;

- аввалин агентихои иттилоотии гайридавлатии "Интерфакс", "Постфактум" ва гайра зухур карданд.

Хамин тари^, он тахаввулоте, ки дар ВАО бо баробари эълон гардидани озодии баён арзи хастй намуданд, фаъолияти воситахои ахбори оммаи ватаниро дар рохи дигаргунихо хидоят карданд. Ба хосияти тазодноки тахаввулот нигох накарда, раванди трансформатсия дар фаъолияти ВАО огоз ёфт. Ин тагйирот дар фаъолияти ВАО аз он замон шуруъ гардида, то ба имруз таъсири гуногунчанбаи унсурони мухталифи васоити ахбори омма ба тахаввулотхои сиёсй ба назар мерасанд.

Дар тахаввулотхои хаёти сиёсии Ч,умхурии Точикистон дар замони гузаришй раванди трансформатсияи ВАО-и давлатй ва хусусй бараъло ба назар мерасид. Хусусан на^ши ВАО дар раванди демократикунонй мухим дониста мешуд. Аз ин ру, зарурати баррасии хамачонибаи тахаввулоти на^ши ВАО дар замони гузаришй дар кишвар ба миён омадааст. Вазъияти сиёсй дар Точикистон бевосита ба холат ва фаъолияти ВАО-и муста^ил таъсир намудааст. Хусусан пас аз манъи ХКИШ ва пароканда гаштани ИЧ,ШС муносибати мавчудаи ВАО ва хокимият, ВАО ва чомеа ба таври назаррас дигаргун гардид. Во^еияти чадиди сиёсй дар кишвар ба ВАО-и муста^или Точикистон имкон дод, ки мав^еи хешро мустахкам намуда ба тахаввулоти сиёсй таъсири бевосита дошта бошанд. Мухавдщони сохаи матбуоти Точикистон зикр менамоянд, ки махз дар хамин давра ВАО-и муста^или кишвар «асри тиллоии» худро аз сар мегузаронад. ВАО дар вазъи ба ву^уъ омада тавонист на^ши «хокимияти чахорум»-ро бозй намояд. Ба истилохи мухавдщони соха «ВАО-и озоди бемахдуд» [2, с. 376] руи кор омад. Модели нави матбуоти точик тавлид меёбад. Матбуоте, ки дар шароити озодй ташаккул ёфта буд, бештар даъвои «хокимияти чахорум» будан мекард. Дар чахорчубаи во^еияти нави таърихй якчанд тамоюлоти асосиро дар раванди рушди воситахои ахбори оммаи давраи баррасишаванда чудо кардан мумкин аст:

- рушди заминахои ху^у^ии фаъолияти ВАО;

- кушиши ВАО дар инкишоф додани фаъолият ба сифати ниходи муста^или чамъиятй;

- тагйири модели фаъолияти ВАО дар доираи раванди тичоратгарой;

- диверсификатсияи типологияхо, мавзуот, характеристикаи жанрии ВАО -и хусусй ва давлатй.

Солхои 1990-ум дар Точикистон як ^атор санадхои ху^у^й ^абул гардиданд, ки онхо заминаи фаъолияти ВАО-и хусусиро низ ташаккул доданд. Барои густариши фаъолияти ВАО ^абули ^онуни Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситахои ахбори омма» басе мухим буд [3]. Озодии матбуот, ки аз зери назорати хукумат бароварда

шyда, ба хидмати цомеа вогузор гардид, ба ташаккули дигар ниуодуои демократй мyсоидат кард.

Яке аз мушкилоти мyносибати воситауои ахбори оммаи муста^ил ва уукумат дар давраи трансформатсионй мушкили тицоратгароии ВАО, ё худ ташаккули низоми кyллан цадиди ВАО-и муста^ил маусуб меёбад. Масъалаи муносибати тицорат ва ВАО барои Тоцикистони пасошуравй масъалаи усулан нав буд. Журналистикаи тоцик дар ибтидои солуои 90-ум ба муносибатуои бозорй ^адам ниуода, бо як ^атор мушкилиуо ру ба ру гардид. Тааццубангез менамояд, ки дар мав^еи аввал на мушкилоти эцодй ва малакаи касбй, балки масъалаи тицорат, моликият, даромад, идораи цараёни пулй ва уайъати корй меистод. Кулли ин тауаввулот аз он шауодат медоданд, ки ВАО -и Тоцикистон мав^еи худро куллан таFЙир дода, аз соуаи тобеи роубарияти уизбй ва бана^шагирии мутамаркиз тадрицан ба соуаи худмухтори и^тисодй, ки тиб^и ^онуни бозор фаъолият мекунанд, табдил меёбанд.

Тауавулоти и^тисодй ба гузариши ВАО-и муста^ил аз муносибатуои коллективй ба бозорй мусоидат кард. Барои мисол агар дар солуои 1992-1993 идораи воситаи ахбори омма як тонна rçоFазро ба уисоби миёна ба 150 доллар мехарид, баъд аз ду сол нархи он аллакай 540 долларро ташкил мекард [4, 278]. Нашриётуо ба мушкилоти молй ру ба ру мешуданд. Храмин тари^, дар нимаи дуюми солуои 1990-ум ВАО ба моликияти корпоратсияуо ва ширкатуо табдил шуданд. Медиахолдингуо цузъи таркибии сармоягузории компанияуои калон гардиданд. Дар ин давра шахсиятуои намоён, ба мисли Акбари Саттор, Умед Бобохонов ва Fайра медиахолдингуои худро доштанд. Барои ВАО-и муста^ил омили и^тисодй гарави мууимми фаъолият, воситаи уифзи манфиатуои худ ва таъсир ба афкори умум маусуб меёбад. Тоцирон ба медиахолдингуо аз гирифтани фоидаи и^тисодй дида, бештар барои уадафуои сиёсй сармоягузорй мекарданд. Онуо ба ин васила метавонистанд ба сиёсат таъсири бевосита дошта бошанд ва тасмимуои мазкур беасос набуданд. Хамин тари^, вобастагии сиёсй-идеологии ВАО тадрицан ба вобастагии и^тисодй табдил меёфт. Ва дар аксар маврид чунин вобастагии и^тисодй барои журналистон хеле сахт ва Fайри добили ^абул буд, зеро пештар онуо меъёр ва саруади озодии суханро, чй гуфтан ва чй нагуфтанро медонистанд. Дар шароити нав бошад, сензура аз ма^садуои сиёсиву и^тисодй ва аз муносибати моликони ин ё он медиа-гуруу вобаста шуда монд. Омили и^тисодй барои фаъолияти ВАО-и хусусй уам на^ши мууим мебозид. Фар^и назарраси ВАО-и ватанй аз Fарбй мауз дар уамин зоуир мешуд. Вале аз ибтидои солуои 1990-ум бо баробари мустаукам гардидани мав^еи уокимияти сиёсй омили сиёсй таъсири худро ба ВАО пурзур намуд. Тезутунд гардидани ра^обати сиёсй, афзун шудани норозигии ицтимоии шаурвандон, OFOЗи низои дохилй сензураро дар ВАО аз цониби уукумат талаб мекард.

Дар баробари тицоратгарой ва сиёсигардии ВАО дар ин давра раванди воридгардии технологияи нав ба фаъолияти воситауои ахбори оммаи муста^ил OFOЗ шуд. Технологияуои мазкур имкониятуои ВАО-ро хеле зиёд карданд. Равандуои цауонишавй тадрицан Тоцикистонро низ фаро мегирифтанд ва табиатан ВАО-и муста^ил уамчун ниуоди цамъиятй ба воуидуои таркибии равандуои цауонишавй табдил меёфтанд. Натицаи хеле мууимми цауонишавии ВАО-и ватаниро телевизиони кабелй ва шабакаи Интернет уисобидан мумкин аст. Ба туфайли телевизиони кабелй тамошобин ба каналуои махсуси фаруангй, тандурустй ва варзиш дастрасй пайдо кард. Яке аз аввалин пауну пахши спутникй барномаи «НТВ плюс» маусуб меёбад, ки аз цониби холдинги «Медиа-мост» OFOЗ шуда буд. Хамин тари^, аз охири солуои 1990-ум мо сурати тамоман дигари ВАО-ро мушоуида мекунем. Давраи гузариши трансформатсионй ба ниуоди цамъиятии ВАО таFЙирот ворид сохт. Фаумиши ВАО уамчун ниуоди ицтимоие, ки дар цомеа

на^шеро ичро менамоянд, куллан дигаргун гашт, инчунин усули хамкории хокимияти давлатй ва ВАО-и муста^ил, гузашта аз ин сохтори ВАО тагйир ёфт. Тагйироти мазкур натичаи тахаввулоти табиии ВАО-и муста^или ватанй махсуб меёбад.

Зикр кардан зарур аст, ки дар натичаи дигаргунихои демократй дар Точикистон фахмиши мафхуми матбуоти озод маънои васеъ касб кард. Вале дар замони муосир мафхуми озодии матбуот бештар бо амалисозии он метавонад пайванд дошта бошад. Мутаассифона «асри тиллой»-и журналистикаи точик бо огози чанги шахрвандй ба итмом расид. Тархи давлати нав дар пурзур намудани дастгохи давлатй ва сохтмони давлати нави муста^ил арзёбй мегардад. Дар холате, ки ВАО-и муста^ил кушиши дар на^ши «хокимияти чахорум» баромад карданро доштанд, сохторхои давлатй дар раванди дар дасти худ мутамаркиз гардонидани хокимият дарк мекарданд, ки зарурати дигар кардани чунин на^ши ВАО ва онро ба иродаи хеш тобеъ сохтан пеш омадааст.

Хамин тари^, сохтори бозори массмедиаи Точикистонро дар шароити имруза ба тари^и зайл тасаввур кардан мумкин аст. Якум, муассисахои давлатй, ки дар онхо давлат хамчун сохиби моликият баромад менамояд. Дуюм, муассисахое, ки шакли омехтаи моликиятро доранд. Ба ин мисол шуда метавонад, канали телевизионии «Чдхоннамо», ки ба 98,8% -и ахолии Точикистон дастрас мебошад. Сеюм, медиакомпанияхои муста^ил.

Аз як чониб, агар бо замони шуравй му^оиса намоем, дар солхои хокимияти шуравй ба ВАО иттилооти манфй кариб, ки рох намеёфт. Дар шароити имруза бошад вазъият баръакс аст. Ба ин нигох накарда баъзе мавзуъхо дастраси омма нестанд. Хадамоти матбуотй мазмун ва мундаричаи иттилоотро назорат ва манфиатхои алохидаи сиёсй ва и^тисодиро хифз мекунанд. Дар ин маврид мавзуъхои дахлдор ба коррупсия ба мухокимаи оммавй бароварда мешаванд. Ахли чомеа мавзуъхои доги рузро дар ВАО-и муста^ил мухокима менамоянд. ВАО-и нави муста^ил тадричан зухур мекунанд, ки хокимиятро дар мавридхои алохида руирост тан^ид менамоянд. Хусусан ба ин чихат густариш пайдо намудани шабакаи Интернет имкони мусоид фарохам намудааст. Худи ВАО дар шароити имруза барои бахсу баррасии мушкилихои чомеа ва дастрасй ба иттилоот басо мусоид мебошанд.

Дурнамои муносибати хокимият ва ВАО-и муста^ил минбаъд барои воситахои ахбори омма хуб арзёбй намегардад. Чи тавре ки аз таърихи ВАО-и ватанй маълум аст, он аз давраи нисбатан муътадил ба давраи назоратии сахттаре тахвил меёбад. Дар мавриди зерин хокимият ба «тоб додани мурватхо» сар мекунад ва гуфтан мумкин аст, ки ин чихат ба фаъолияти «Точиктелеком» низ ало^аманд мебошад. Имруз, ки сифати технологияхои иттилоотй ва истифодаи онхо дар аксар маврид хусусияти хаёти чамъиятиро муайян месозад, масъалаи муносибати чомеа ва ВАО ба таври махсус арзёбй мегардад. Бо рушди раванди иттилоотикунонии чомеаи Точикистон воситахои ахбори оммаи гайридавлатй ба самтхои мухталифи хаёти чамъиятй, аз чумла, ба шуури сиёсй ва рафтори ахолй таъсири назаррас мерасонанд. Хамкории воситахои ахбори омма ва сохторхои давлатй нишондихандаи мухимми вазъу холати хар як чомеа махсуб меёбад. Дар шароити трансформатсияи низоми сиёсии Точикистон ин муносибатхо дар холи ташаккулёбй мебошанд, вале тачрибаи солхои охир аз боз хам хубтар шудани онхо шаходат медихад.

Хамин тарик, хулоса кардан мумкин аст, ки дар даврони бозсозй ва сохибисти^лолй муносибати хокимияти давлатй ва ВАО-и муста^ил дар Точикистон ба тахаввулоти чиддй ру ба ру шудааст. Дар раванди рушди худ ВАО-и муста^ил на^шу вазифахои мухталифро ба худ касб карданд ва мутоби^ан, таъсири онхо ба раванди сиёсй дигаргун гашт. Гуфтан мумкин аст, ки махз дар ин замон трансформатсияи пурраи низоми медиасиёсии шуравй ба низоми нави иттилоотй-сиёсии ватанй ба амал пайваст. Дар давраи баъд аз бозсозии Точикистони муста^ил муносибат миёни сохторхои хукуматй ва ВАО-и гайридавлатй

ихтилофнок рушд кард ва якчанд маруилауои ташаккулро аз сар гузаронд. Ба а^идаи мо шартан онро ба чауор маруила чудо кардан мумкин аст, ки уар яки он дар робита бо на^шу вазифауои ниуоди ВАО дар чомеаи Точикистон мушаххасоти вежаи худро дорад.

Давраи трансформатсионй во^еан аз сиёсигардии масс-медиа, аз апрели соли 1985 огоз меёбад. Баъд аз Пленуми апрели КМ ХКИШ соли 1985-ум на^ши ВАО дар уаёти сиёсии чомеаи шуравй фавран тагйир ёфт ва ба маротиб озод гашт. ВАО барои дастгирии гояуои ислоуотгароёнаи М.С. Горбачёв ва безараргардонии кайфияти консервативидоштаи бархе аз элитаи шуравй мавриди истифода ^арор мегирифтанд.

Ч,амъияти масс-медиа дар ибтидо як дарача озодиро соуиб гашт, ки ба онуо имконият медод, ки бо уокимияти уамонва^та «бозии сиёсй»-ро пеш бурда, голибан онро ба иродаи худ тобеъ созанд. Афзалият ба уамон гуруууое дода мешуд, ки ба ёриву дастгирии ВАО таваччуу зоуир менамуданд. Вале дар миёнауои солуои 80-ум тамоюли мазкур ауён-ауён ба назар мерасид [5]. Чузъи мууимми таркибии раванди сиёсигардии афкори умум мачлисуои депутатуои хал^й шуданд, ки таваччууи мардумро ба худ бештар мекарданд. Дар ин давраи рушди ВАО-и ватанй як навъ муста^илият ва имконияти таъсир ба ^абули ^арор дар уокимияти олиро ба даст оварданд. Ч,амъияти масс-медиа ба уукумат нишон дод, ки тануо такя ба онуо метавонад ба ^абули ^арор бо дастгирии аксари ауолй мусоидат намояд. Субъектони асосии раванди сафарбарнамой М.С. Горбачев ва атрофиёни у буданд. Ба сифати вожаи калидй, ки давраи тауаввулотро муаррифй мекард, «озодбаёнй» баромад мекард. Субъекти дигари мууимми сафарбаркунй нерууои мухолифини «демократихоу» бар алайуи М.С. Горбачёв ва сиёсати у маусуб меёфт [6].

На^ши уам чомеа ва уам журналисти алоуида, обру ва эътибори онуо ва зарби сухани онуо дар аксар маврид аз обру ва эътибори пешвоёни давлат уам мууимтар арзёбй мегардад. Во^еияти уаёти сиёсй ва ичтимой-и^тисодии мавчударо тан^ид намуда, онуо бо умед ба оянда нигариста, ин кайфиятро ба омма расонида ва тавонистанд, ки ба туфайли он теъдоди нашр ва сомеонро зиёд кунанд.

Давраи аввали муносибатуои сохторуои уукуматй ва ВАО-и Точикистон ба ном «асри тиллой» (соли 1990 - ибтидои соли 1992) [2, 376-377] маусуб меёбад, ки ВАО аллакай барои ба даст овардани мухторият пардохта, давраи мураккаби трансформатсияи чамъиятиро аз сар гузаронида, уамчун иттифо^чии табиии ^ишри пеш^адами чомеа -зиёиён бо^й монданд. Дар ин замон аввалин рузномауои муста^ил, ба мисли «Адолат» ва «Чароги руз» зууур карданд, усули дастрас намудани маводи иттилоотй, ба мисли «эфири муста^им», чудо кардани ахбор аз шаруу эзоу дар барномауои ахборй ва гайра тагйир ёфтанд. Дар баробари ин аксар ВАО уатто ба тан^иди уукумат нигоу накарда, аз чунин имкониятуое, ба мисли бо нархи арзон харидорй кардани когаз, ичораи имтиёзнок ва гайра бархурдор буданд. Тиражи ВАО-и нашрй ба маротиб зиёд гашт. Журналистика дар мачмуъ ба шахсиятуо таваччуу зоуир мекард ва ба хал^ «наздик» мегардид. Дар ин замон сиёсигардии омма пурзур ба назар мерасид. ВАО абзори муборизаи сиёсй, пеш аз уама, барои гуруууое, ки дар атрофи нерууои нави сиёсй мутамаркизанд, мегарданд. Ин замон чомеаи масс-медиа ба имкониятуои манипулятсионй ва дастгирии чомеа такя карда, барои ба элитаи сиёсй бор кардани иродаи хеш мепардозанд.

Дар давраи трансформатсионии мазкур, асосан, ВАО вазифаи чобачогузории ахбор ва сафарбарнамоиро ба ууда доштанд. Ба уайси субъекти асосии сафарбаркунй бошад, Хизби демократии Точикистон ва ба истилоу мухолифини оштинопазири точик баромад мекарданд. Нерууои мухолифин ба ВАО дастрасии ночиз доштанд. Мушаххасоти вежаи давраи мазкур дар чй зоуир мегардад? Ба назари мууавдщони соуа хусусияти ин давра иборат аз озодии бемаудуди ВАО ва дар амалия куллан чой надоштани муносибати конструктивй миёни уокимият ва воситауои ахбори оммаи муста^ил мебошад. Дар ин

давра воситахои ахбори омма феълан аз руи принсипи идеологй таксим шуданд, яъне онхое, ки хокимияти расмиро ва онхое, ки мухолифинро дастгирй мекарданд. Аз як тараф, хокимияти давлатй дар ин солхо нишон дод, ки он дар шароити тахаввулот фаъолият бурда наметавонад. Аз дигар тараф, ВАО-и мустакили Точикистон, ки аз назорати пурраи хизб ва давлат озод шуда буданд, аз имтихони озодй гузашта натавонистанд. Ин давра бо чй анчомид, зарурати тазаккур нест. Мухаккикони соха зикр мекунанд, ки суханпардозихо дар сахифахои матбуоти даврй дафъатан ба тирпарронй дар кучахои шахр мубаддал мегарданд. Чунин акида маъмул аст, ки журналистон сабабгори асосии низои дохилй дар Точикистон гардиданд. Бархе мутахассисон чунин мехисобанд, ки айбдори асосии фочеа хукумат мебошад, яъне элитаи пешинае, ки кобилияти чойгузини худро дар шароити нав гум карда буданду пешвоёни нави сиёсии номакбул чумхуриро ба лаби чар оварданд. Вале бо амри вичдон икрор шудан даркор аст, ки масъулият ба души журналистон низ мебошад. Ба теъдоде дар он замон тачрибаи хаётй ва ё хисси масъулияти шахрвандй ба харфи навишта ва ё гуфтаи худ намерасид. Ба чои он, ки вазифаи чонии худ, яъне ба чомеа расонидани хабари дакику объективонаро ба рох монанд, аксари ВАО, хатто телевизиони давлатй хам, худашон чомеаро ба муковимат тела дода, одамонро ба «худиву» «душман» чудо мекарданд. Махз дар ин давра дар Точикистон хисси нобоварй миёни хукумат ва ВАО-и мустакил ба таври назаррас пурзур гардид, ки он дар як дарачаи муайян имруз низ бокй мондааст [2, 376-382].

Давраи дуюми трансформатсияи муносибатхои чамъиятй-сиёсиро замони низои сиёсии Точикистон (1992-1997) фаро мегирад. Дар давраи чанг хар як хукумат фаъолияти ВАО-ро махдуд месозад. Хам дар замони чанги дуюми чахонй ва хам дар чангхои Югославия, Чеченистон, Ирок чунин будааст. Дар Точикистон низ чунин вазъият хукмфармо шуда буд. Муносибати матбуот ва хукумат дар ин солхо то андозае тобеи конуниятхои замони чанг ва озодии сухан хеле махдуд буд. Ба акидаи мухаккикони соха, ба кори журналистон дар ин давра омили «одами силохдор» таъсири пурзур ва манфй расонидааст. Журналистон аз чанговарони мухталиф тарсида ва сустии макомоти хифзи хукукро ба назар гирифта, бисёр мавзуъхои мухимми чамъиятиро инъикос намекарданд. Ба шароити номуносиб нигох накарда дар ин давра дар Точикистон ВАО-и нави аз чихати иктисодй муваффак ба мисли рузномахои "Дайджест-пресс", "Чархи гардун", "Оила", агентии "Азия-Плюс" ва гайра зухур намуданд. Аксари онхо характери гайрисиёсй ва гедоникй доштанд [2, 378-382].

Ба акидаи мо давраи сеюми фаъолият ва трансформатсияи муносибати хокимияти давлатй ва ВАО-и Точикистон давраи тичоратигардии ВАО махсуб меёбад, ки аз ибтидои соли 1997 то охири соли 2001 идома ёфтааст. Давраи нисбатан орому муътадил буда, накши сиёсигардонии ВАО аз байн рафта, накши тичоратии онхо афзалият пайдо мекунад, ки дар идора кардани афкори умум ба маротиб зиёд будани неруи ВАО-ро нишон медихад, ки тасдики онро мо дар давраи навбатй мебинем.

Мухтассоти ин давра идома ёфтани истифодаи таъсири сиёсии ВАО махсуб меёбад, вале баръакси давраи пешин ВАО-ро хучаинони нав сохиб мегарданд, ки онхо ба истифода бурдани имконияти таъсири ВАО ба афкори умум огоз мекунанд. Дар натича аксар нашриётхо мухторияти худро аз даст дода, ба василаи пеш аз хама, таъсири иктисодй ва, баъдан, ба абзори таъсири сиёсй табдил меёбанд. Дар давраи мазкур ВАО-и мустакил фаъолияти худро дар чодаи баланд бардоштани шуури сиёсии чомеа идома бахшид.

Баъди дар Маскав имзо гардидани Созишномаи истикрори сулх ва ризоияти миллй шарту шароити фаъолияти кории ВАО-и мустакил дар Точикистон бехтар гардид. Фехристи мавзуъхои барои журналистон манъшуда ба маротиб кохиш ёфт. ВАО-и Точикистон дар давраи мазкур фаъолона раванди ба ватан баргаштани гурезахо,

воридшавии гуруууои силоубадаст бо сохторуои ^удратии давлатй, кори уукумат ва мухолифинро дар чауорчубаи Комиссияи оштиии миллй дар сауифауои хеш инъикос намуданд. Дар ин давра ВАО дар мустаукам намудани муколама ва уамдигарфаумй миёни дируза ра^ибон на^ши мууимро бозиданд ва дар ин замина муносибат миёни матбуот ва давлат зичтар гардида, ВАО-и муста^ил рушд кард. На тануо дар пойтахт, балки дар маноти^и мухталифи чумуурй низ воситауои ахбори нави хусусй ба фаъолият шуруъ карданд. Аз чумла, агентии иттилоотии муста^или «Вароруд» (Хучанд), «Хатлон-пресс» (Кулоб), «Рашт-пресс» ^арм), бюллетени иттилоотии «Чатри симин» (Хоруг), радиои муста^или «Тироз» (Хучанд) ва гайра. Хукумат бо журналистон боз уам фаъолтар уамкорй карда, ба вокунишуои тащидии матбуотй бештар тавачуу менамуд. Гарчанде, ки уокимияти мауаллй аз руи одат боз уам нисбати ВАО-и муста^ил бо шубуа нигариста, кушиш мекард, ки дар кори онуо ба таври сунъй мушкилй эчод кунад.

Ва ниуоят, давраи ча^оруми трансформатсионии муносибатуои уокимияти давлатй ва ВАО дар Точикистон давраи татби^и низоми иттилоотй-сиёсии чадид мебошад, ки аз соли 2002 то имруз идома меёбад. Ба баъзе ихтилофоти муносибати дучониба миёни ВАО-и муста^ил ва уукумат ва мушкилиуои мавчуда нигоу накарда, дар мачмуъ ин давра алуол аз уама давраи пурмаусул арзёбй мегардад. Дар соли 2002 дар Душанбе се радиостансияи хусусй ичозатнома (литсензия) гирифтанд, як ^атор нашрияуои нави чамъиятй-сиёсй -«Неруи сухан», «Рузи нав» ва гайра ба нашр огоз карданд.

Сохторуои уокимияти давлатй бо ВАО-и муста^ил бамаротиб фаъолтар ба уамкорй мепардохтанд, ба интишороти матбуот беш аз пеш таваччуу зоуир мекарданд. Тауаввулоти мусбати мазкур дар уошияи маудудгардии озодии баён дар баъзе кишваруои ИДМ сурат мегирифт. Барои уамин уам тамоюлоти умумии мусбат дар рушди ВАО -и муста^или Точикистон аз чониби чомеаи чауонй таъкид ёфтааст. Масалан, дар соли 2003-юм «Репортёруои бидуни саруад» Точикистонро уамчун яке аз пешсафони ИДМ дар чодаи рушди озодии сухан муаррифй намуд. Вале дар давоми давраи трансформатсионй миёни ВАО ва уукумат ба таври кофй ихтилофуо ба назар мерасид. Дар баъзе мавридуо ВАО дастболо мешуданд, аммо дар мачмуъ уукумат нисбати ВАО-и муста^ил мав^еи афзалиятнокро ишгол мекард.

Хамин тари^, зикр кардан мумкин аст, ки ба баъзе муваффа^иятуо дар рушди ВАО-и Точикистон ва ^авй гардидани муносибат миёни уокимият ва журналистон нигоу накарда, дар тамоми давраи трансформатсионй мушкилиуо ба чашм мерасиданд. Яке аз мушкилиуои асосй ин дастраси ба иттилоот маусуб меёбад. Аксари роубарони сохторуои давлатй мисли пешин на^ш ва моуияти ВАО-ро дар чомеа дарк намекунанд ва ё бо онуо кор карда наметавонанд. Интишороти тан^идй дар матбуот ва ё мавод дар ВАО-и электронии хусусй аз чониби ма^омот на уамчун кушиши журналистон дар нишон додани камбудиуо, балки уамчун кушиши навбатии «муташаннич гардонидани вазъ» муаррифй мегарданд. Мауз бо уамин сабаб ба журналистон иттилоот дода намешавад ва аз ин чост, ки ба ВАО-и «аз уад зиёд мухолиф» фишор оварда мешавад. Мушкилии дигари давраи гузариш мушкилии ицтисодй ба уисоб меравад. Буурони и^тисодиёти миллй бевосита ба воситауои ахбори оммаи муста^ил таъсир мерасонад. Аксари матбуот ва нашрияуои электронии хусусии навтаъсис фаъолияти худро хотима мебахшанд. Кобилияти харидорй надоштани ауолй, рушд накардани бозори реклама, нархи баланди маводи сарфшаванда, ки аз беруни кишвар оварда мешаванд, воситауои ахбори оммаи хусусии Точикистонро бо ра^ибони хоричй дар вазъи нобаробар ^арор медиуад. Ауаммияти воситауои ахбори оммаи муста^или миллиро дар ташаккули давлати чавони Точикистон ба назар гирифта, мисли дигар кишваруои ИДМ дастгирии ВАО -и муста^ил дар ин давра ба ма^сад мувофи^ мебуд.

Хамин тарик, хулосаи аввал, дар солхои охир вокеан рушди муносибат миёни давлат ва ВАО-и мустакил ба назар мерасад. Акнун ба хар ду чониб зарур аст, ки ин тамоюлотро мустахкам созанд. Рохбарони сохторхои давлатй ба он фикр одат кунанд, ки мубохисаи чамъиятй дар матбуот ба чомеа хавф надорад. Вазъиятро на маколахои матбуотй, балки мушкилоти чамъиятие ноором месозад, ки хукумат дар мухлати зарурй хал накардааст. Вазифаи ВАО равона сохтани таваччухи чомеа ба мушкилоти мавчуда ба хисоб меравад. Вазифаи хукумат халли саривактии ин мушкилот мебошад. Махз чунин хамкорй метавонад гарави рушди кишварамон гардад. Масалан, мубориза алайхи коррупсия бо манъ кардани рузномае, ки дар бораи мушкилоти коррупсия менависад, гайриимкон аст. Вале воситахои ахбори оммаи мустакил хам дар навбати хеш бояд хулосаи муайян бароранд. ВАО бояд дарк кунанд, ки ислохоти демократй дар кишварамон босубот амалй мегардад. Маводи танкидии ВАО бояд дакик, мучаз ва касбй бошанд. Ба андешаи мо, барои кавй гардондани муносибат дар амал татбик намудани мулокоти рохбари давлат бо макомоти ВАО-и давлатй ва хусусии Точикистон ба максад мувофик мебошад, ки дар он мушкилоти рузмарра ва самти минбаъдаи инкишофи хамкорй миёни хокимият ва ВАО баррасй мегарданд. Fайр аз ин, чунин вохурихо барои рохбарони мухталифи сохторхои давлатй хамчун мунодй баромад мекунад ва ба хамкорй мусоидат менамояд.

Дуюм, хангоми трансформатсияи чамъиятй-сиёсй муносибати хокимияти давлатй ва ВАО-и мустакил низ тагйир меёбад. Дар низоми демократй гарчанде, ки расман сензура набошад хам, вале давлат кушиш мекунад, ки назоратро аз болои ВАО нигох дорад. Дар умум зикр намудан зарур аст, ки муносибати макомоти хокимияти давлатй ва ВАО-и мустакили Точикистон дар натичаи якчанд даврахои трансформатсионй ташаккул ёфтааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Мицкевич Э. Средства массовой информации в период перестройки / Электронный ресурс [http://ecsocman.hse.ru/data/268/927/1216/18_Mitskevich.pdf] (дата обращения: 28.10.2021).

2. Бабаханов У. Таджики идут (статьи, репортажи, интервью) / У. Бабаханов. -Душанбе: ЭР-граф, 2012. - 496 с.

3. Закон Республики Таджикистан от 14 декабря 1990 года, №199 «О печати и других средствах массовой информации /http://base.spinfom. ru (дата обращения: 23.01.2023).

4. Стровский Д.Л. Отечественная журналистика новейшего периода / Д.Л. Стровский. - Москва, 2011. - 359 с.

5. Братимов О.В., Горский Ю.М., Делягин М.Г., Коваленко А.А. Практика глобализации: игры и правила новой эпохи. - Москва, 2000. - 344 с.

6. Науменко Т.В. Социология массовых коммуникаций в структуре социологического знания / Т.В. Науменко // Социологические исследования. - 2003. - №10. - С. 39-47.

7. Якубов Дж.К. Особенности взаимоотношений государственной власти и независимых средств массовой информации/Дж.К. Якубов. - Худжанд, 2020. - 201с.

8. Якубов %К. Асосцои назариявй-методологии муносибатцои цокимияти давлатй ва воситахои ахбори омма цамчун объект ва предмети тацлили илмй / Ц.К. Якубов // Ахбори ДДХБСТ. Силсилаи илмцои цомеашиносй. - Хучанд, 2020. - №3. - С. 129-140.

REFERENCES:

1. Mitskevich E. Media in the Period of Reconstruction / Electronic resource [http://ecsocman.hse.ru/data/268/927/1216/18_Mitskevich.pdf] (date of appeal: 28.10.2021).

2. Babakhanov U. Tajiks are Going forward (articles, reports, interview ) / U.Babakhanov. -Dushanbe: Er-graph, 2012.-496pp.

«BECTHMK rrynhn», GbimjcK 1 (93), 2023

3. The Law of the Republic of Tajikistan since December 14, 1990, №199 "About Press and other Media" / http://base.spinform. ru (date of appeal: 23.01.2023)

4. Strovsky D.L. Native Journalism of the Modern Period / D.L.Strovsky. - Moscow, 2011.-359pp.

5. Bratimov O.V., Gorsky Yu.M., Delyagin M.G., Kovalenko A.A. Practice of Globalization: games and rules of a new epoch. - Moscow, 2000. - 344pp.

6. Naumenko T.V. Sociology of the Communication in the Structure of social sciences / T.V.Naumenko// Social Research. - 2003. - №10. -PP. 39-47

7. Yakubov J.K. The Features of the State Authority and Independent Media Interaction / J.K.Yakubov.- Khujand, 2020.- 201pp.

8. Yakubov J.K. The Basis of theoretico-methodical Relations of the State Authority and Media as the Subject and scientific analyze / J.K.Yakubov // Bulletin of TSULBP. Series of Humanitarian Sciences. - Khujand, 2020. - №3. - PP. 129-140

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.