Научная статья на тему 'Наќде бар китоби «Таърихи халќи тољик»'

Наќде бар китоби «Таърихи халќи тољик» Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
252
84
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Таърихи халќи тољик / манобеи таърихї / равиши тахќиќ / таърихнигорї / бањсњои таърихї / история таджиксого народа / история монгольского периода Центральной Азии / история феодального общества в Центральной Азии / History of the Tajiks / History of the Mongol period of Central Asia / The history of feudal society in Central Asia

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Бойматов Луќмон Дадобоевич

Рецензия на издание книги «История таджикского народа» (Т. III). Рецензент обосновывает, что в настоящее время под идеей национализации истории издавались несерьезные публикации, даже в таких престижных заведениях, как Академии Наук. Описывается, что построение «научной концепции» в «академической книге», посвященной истории таджикского народа, к сожалению, по большей части выглядит надуманной, искусственной и внутренне противоречивой, часто портящей впечатление от честной и добросовестной научно-исследовательской работы. Сделан вывод о том, что рецензируемая книга, не может претендовать на полноту изложения и широту охвата исследуемой темы. В ней имеются серьезные упущения, слабые места, к тому же история народа и его воля крайне ущемлены.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

REVIEW OF THE BOOK "HISTORY OF THE TAJIK PEOPLE"

This article is a review of the monography "History of the Tajik people" (Vol. III). The author tries to show that the last time under the ideas of national’s History published frivolous publications, even in such prestigious research centries as the Academy of Sciences. The author writes that the construction of "scientific concept" in the "academic monography ", devoted to the history of the Tajik people, unfortunately, for the most part seem far-fetched, artificial and self-contradictory, often spoil the impression of an honest and diligent research work. According to the author this monography can not claim to thoroughness and comprehensiveness investigated topics. There are much serious shortcomings or weaknesses in it. A uthor says, that history of the Tajik people extremely prejudiced in this monography

Текст научной работы на тему «Наќде бар китоби «Таърихи халќи тољик»»

ТАЛХИС. КИТОБИЁТ ОБЗОРЫ. РЕЦЕНЗИИ SURVEYS. REVIEWS

Л. Д. БОЙМАТОВ

НАҚДЕ БАР КИТОБИ «ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК»

История таджикского народа. Т. III. XI -XV века. Период развития феодального общества. Под общей редакцией академика АН Республики Таджикистан Р. М. Масова.- Душанбе, 2013. - 580 с.

Вожаҳои калидӣ: Таърихихалқи тоҷик, манобеи таърихй, равиши тахқиқ, таърихнигорй, баҳсҳои таърихй

Авохири соли 2013 ҷилди севуми китоби ҷомеи «Таърихи халқи точик» (минбаъд «ТХТ») ба забони русй зери назари академик Р. Масов бо тиражи ҳазор нусха ба чоп расид. Масъули илмии ин ҷилд доктори илмҳои таърих, профессор Х. Пирумшоев аст. Ин китоб шомили нӯҳ фасл буда, масоили таърихи сиёсй, иҷтимой ва фарҳангии таърихи мардуми тоҷикро аз давраи заволи ҳукумати Сомониён то суқути давлати Темуриён матраҳ менамояд. Ҷоншакк нест, дар оянда пиромуни мӯҳтавои фаслҳои китоби мавриди назар нақду баррасиҳои мутахассисон ва коршиносони мавзӯъ ироа хоҳанд шуд.

Аммо ҳадафи аслии навиштори зайл интиқод аз равишҳо ва наҳваҳои таҳқиқи таърихи миллат дар китоби мазкур аст, чун масъули аслии китоби мазбур мукарраран таъкид бар аҳамияти волои мӯҳтавои фаслҳо намуда ва иддао бар он дорад, ки ин китоби ҷомеи таърихи миллати тоҷик бар пояи ҷадидтарин иттилооти илмй ироа гардида ва соири мавзӯот барои нахустин бор дар сатҳи «академик» ба миён гузошта шудааст. Фақат дар мисолҳое аз бахши манобеъшиносй ва таърихи асри мугул, хоҳем дид, иддаои масъулини китоби ҷомеъ, шиоре беш набудааст.

Пӯшида нест, ки пояи ҳамаи таҳқиқоти таърихй ҳамоно манобеи дасти аввал буда, иттилооти манобеи таърихй масолеҳи аслии илми таърихнигорист. Аз ин ҷост, ки китоби «ТХТ» бо матлаби профессор Х. Пирумшоев шурӯъ шуда ва он шомили таҳлили манобеъ ва баёни таърихчаи мавзӯот аст. (10, 6-28). Бо як назари иҷмолй метавон мушоҳида намуд, ки тамомии матолиби ироакардаи профессори мазбур бар пояи иттилооти муҳаққиқини русзабони замони шӯравй тадвин гардида. Бад-ин сабаб аст, ки тафаккури таърихии нависандаи ин бахш фаротар аз назароти муаррихон ва мутахассисони даҳаҳои 60 - 70 қарни гузашта нарафтааст.

Матолиби илмии Х. Пирумшоев пиромуни ҷойгоҳи манобеи таърихй, чй аз назари сохтори илмй ва чй аз назари қобилияти иттилорасонй ҳеч бартарй аз мӯҳтавои китобҳои дарсии донишгоҳй надорад. (Барои мисол, муқоиса шавад бо мутуни дилхоҳи китобҳои дарсии яке аз донишгоҳҳои Эрон дар робита бо курси «Манобеъшиносии таърихй»). Бидуни муболига, ҳамаи иттилооти ироашудаи доктори илми таърихро дар лобалои китобҳои дарсй ва ё дар сайти «Википедия», ки голибан, донишҷӯён, ба забонҳои мухталиф мураттаб кардаанд, метавон ба роҳатй пайдо намуд. (Барои мисол матни «Википедия»-и русиро дар бораи «Рашидуддин», «Мирхонд», «Ҷувайнй» ва г. бо навиштаҳои профессори Академияи илмҳои ҶТ муқоиса шавад).

Дар китоби «ТХТ» (10) муаррифии осори таърихй низ бисёр заиф аст. Чунончй, дар тавзеҳоти илмии профессори таърих ҷойгоҳи осори таърихии асрҳои миёна, ҳатто аз назари дониши таърихнависй (историография), ки ихтисоси худ муаллиф аст, ба дурустй таъйин нашудаанд. Гузашта, дар ин бахш аз китоби мазбур таҳлил ва баррасии манобеъшиносии мавзӯоти муборизот ва қиёмҳои мардумии асри мугул (монанди: муборизоти мардуми тоҷик алайҳи мугул, мудофиаи Хуҷанд ва Темурмалик, муқовиматҳои хуросониён, қиёмҳои мардумии Маҳмуди Торобй, Сарбадорони Самарқанд ва г.) мавчуд нестанд, ки, албатта, мояи таассуф аст.

Таҳлиле, ки дар заминаи муаррифии ҳатто як манбаи таърихй, ки ба наҳви аҳсант анчом шуда бошад, дар ин бахш аз китоби мавриди назар, ба чашм намехӯрад. Муаллифи бахши манобеъшиносии мавзӯъ аз дастовардҳои илмии муосир ба кулл бебаҳра аст. Далели ҳамчунин амри номатлуб дар он аст, ки муаллиф дар масоили манобеъшиносии қуруни миёнаи Осиёи Марказй ва Эрон собиқаи илмй надоштааст. Тааччуб бештар мешавад, ба маҳз ин ки дарёбем, мутахассиси

УДК 9(с53) ББК 63.3(0)64

271

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 3(44)2015

манобеъшиноси дараҷаи аввали Академияи улум аз вежагиҳои манобеи асрҳои миёнаи Эрон ва Осиёи Марказӣ (қабл аз ҳама, осори таърихӣ ва чугрофиёй) аслан сар дарнамеоварад. Чунончй, барои муаллиф ва муҳаррири илмии китоби мавриди назар, баёни тарҷумаи ҳоли муаллифон, зикри таърихи таълифи осор ва чопи онҳо, таъкидҳои куллй бар аҳамияти осор, ишораҳо ва таъкидоти бемаврид бар вучуди нусхаҳои хаттии гурӯҳе аз манобеъ (10, 12), зикри теъдоди зиёди ирчооти тӯлонӣ ва г., бамаротиб боарзиштар аз таҳлил ва баррасиҳои вежагиҳо ва чойгоҳии воқеии манобеанд.

Он гуна, ки омад дар ин бахш аз таърих эътибори илмии аслитарин манобеи асрҳои миёна дар чиҳати таҳқиқ ва баррасии таърихи миллати точик ба дурустӣ мушаххас нагардида ва куллигӯии «мутахассиси дарачаи аввал» гоҳе ба ҳадди ифрот расида. Чунончй, эшон бидуни далел, бархе аз манобеъро ба унвони арзишмандтарин манбаи таърихй муаррифй менамояд. (Барои мисол, «Мачмаъ -ул-ансоб»-и Муҳаммад Шабонкорай, - 10, 14). Ин дар ҳоле аст, ки китоби Шабонкорай, барои таҳқиқи таърихи асри мугули Осиёи Марказй аз аҳамияти волое бархӯрдор нест. Зимнан, муҳаққиқе, ки қасди собит кардани эътибори илмии «манобеи нави таърихй»-ро дорад, ҳадди ақал бояст ишорае бар муфидтарин сафаҳоти манобеи мавриди назараш намояд, то пажӯҳишгарон сиҳҳатии иддаоро мутмаин бошанд. Ва аммо дар китоби мавриди назар ҳамчунин равиш ба кулл бегона аст.

Ноогоҳй ва бетаваччӯҳии муҳаққиқи ин бахш аз китоби мазбури таърихи миллй ба ҳадде аст, ки ҳатто асомии маъруфтарин муаллифонро ба хатои фоҳиш навишта шаванд. Чунончй, Шабонкорай (на Шабонкараҳй.-10, 14), Баттута (на Батута.- 10, 15 ва г.).

Таҳлили вазъи манобеъшиносии китоби мавриди назар бар он дорад, ки профессори манбаъшиноси Академия тавони интикрди илмии дидгоҳҳои мутахассисон ва ховаршиносони муосирро пиромуни чойгоҳи манобеи дасти аввали таърихй надорад. Барои ӯ вучуди мачмӯаҳои чадидтарин таҳқиқот дар заминаи манобеъшиносии давлатҳои асрҳои миёнаи Эрон ва Осиёи Марказй мутлақо беарзишанд. Шояд ба сабаби ноогоҳй аз муваффақиятҳои илмии макотиби илмии эронй ва урупоиён бошад, профессори мо ночор бо ироаи иттилооти кӯҳнаву маълум басанда карда ва муфтахар ҳам аст, ки таҳқиқи комилан илмии чадидро дар манобеъшиносии таърихй анчом додааст.

Илм ҳамеша пеш меравад ва андешаҳо доимо дар ҳоли таҳаввулотанд. Мусалламан, ниёзҳои илмии имрӯзи миллй мутафовут аз ниёзҳои замони шӯравианд. Он гоҳ, ки профессор Х. Пирумшоев дар сафаҳоти китоби чомеи «Таърихи халқи точик» аз вучуди манобеи таърихй ва нашри таҳқиқоти олимон ва донишмандон, он ҳам ба такрор зикр мекунад, аз равишҳои тозаи илмй ва хостаҳои илми чаҳони муосир нест, чаро ки алон имконоти васеи касби иттилооти лозим дар ихтиёри ниёзмандон қарор дода шудаанд. Он гуна, ки омад, фаъол будани силсилаи сайтҳои мухталифи иттилорасонии интернетй дар саросари чаҳон метавонад рӯшантарин таъйиди ин гуфтаҳо бошад.

Агарчй зоҳиран, профессор Х. Пирумшоев дар ин «таҳқиқи фундаменталй» -и худ таъкид бар аҳамияти илмии китоби чадид мекунад, вале дар амал огоҳ нест, ки ахиран, дар мавзӯи мутолиоташ, на як ё ду мақолаи кӯчаки пажӯҳишгарон, балки мачмӯаи пажӯҳишҳо дар сатҳи бисёр боло ироа шудаанд. Барои мисол, кофй аст, ишорае бар баргузории конфронсҳои мутааддиди илмии байналмилалй, нишастҳои тахассусии донишмандон пиромуни чойгоҳи муаррихин ва нависандагони қуруни миёнаи Эрон (монанди Абулфазли Байҳақй, Носири Хусрав, Низомулмулк, Ибни Асир, Ёқути Ҳамавй, Атомалики Ҷувайнй, Хоча Рашидуддин Фазлуллоҳ, Ҳамдуллоҳи Муставфии Қазвинй, Насируддини Тӯсй ва дигарон) ва низ бар нашри пажӯҳишҳои тахассусй дар чиҳати муаррифи осори эшон шавад. Амдан дар бораи чопи мачмӯаҳои мавзӯотй ва чопи силсилаи мақолот ва пажӯҳишҳои комилан тахассусй дар нашрияҳои илмии макотиби илмй-пажӯҳишии ховаршиносон дар саросари чаҳон сукут ихтиёр мекунам, ба ин далел ки таҳлил ва баррасии ин масъала худ метавонад мавзӯи чудогонаи пажӯҳиш шавад.

Наҳваи нақди таърихчаи мавзӯот (историография) аз китоби мавриди назар дархури тавоноии доктори илмҳо нест. Бидуни игроқ, ин бахш аз яке аз заифтарин бахшҳои китоби мавриди тақриз аст ва нақди муфасалли он дар чои дигаре хоҳад омад, вале бо ин ҳол, метавон гуфт, ки он чй профессор Х. Пирумшоев дар ин бахш ба унвони ҳосилаи илм овардааст, чуз тартиби феҳристи асомии муҳаққиқону осорашон чизи дигаре нест, он ҳам дар ҳадди бисёр маҳдуду камбуд.

Коршиноси масоили историография ва ҳамкоронаш аз Академияи илмҳо намехоҳанд бифаҳманд, ки дар илми рӯз интиқоди назароти донишмандон, ироаи гояҳои нави илмй муҳимтар аз зикри феҳриствори осор ва баёни тарчумаи ҳоли муаррихон ва муҳаққиқони гузаштаву муосир аст. Чаро намехоҳем мутаваччеҳ бошем, ҳам акнун, феҳриствор радиф кардани номи муҳаққиқон, бидуни ин ки интиқод аз назароти онон шавад, ба дарди илм ва ниёзҳои миллат намехӯрад.

Бахшҳои умдаи фаслҳои чаҳорум ва панчуми китоби мавриди назар, ки ихтисос бар баёни таърихи сиёсй ва ичтимоию иқтисодии мардуми точик дар асрҳои XIII ва нимаи аввали қарни XIV

272

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 3(44) 2015

доранд, мутааллиқ ба қалами доктори илмҳои таърих А. Саидов мебошанд. Чун сухан дар бораи таърихи сиёсӣ ва иҷтимоии асри мугул меравад, аз ин рӯ, нақди мӯҳтавои фасли чаҳорум судманд лозим ба назар мерасад. Ба ростӣ, агар матолиберо, ки таҳти унвони «Давлати Куртҳо» (10, 307-332, муаллифаш Н. Амиршоҳӣ) ва «Фирори тоҷикон бар вилоёти куҳӣ» (10, 372-375, муаллифаш У. Эшонқулов) сарфи назар кунем, фаслҳои мазбури китобро харобтарин ва дар айни замон, хиҷолатовартарин бахши китоби «Таърихи халқи тоҷик» метавон номид.

Муаллиф дар ин бахш аз китоби мавриди назар натоиҷи илмро матраҳ намекунад, балки аз нотавонӣ матолиби муаррихони гузаштаро, он ҳам ба хатои фоҳиш такрор менамояд. Масалан, баёни таърихи воқеаи Хуҷанд, сарнавишти Темурмалик (дар ин бора нақди чудо навишта шудааст), забти Самарқанд, фочиаи Хоразм (10, 413) ва г. аз чумлаи ривоёти ба дурустӣ насанчидаи муаллиф ба шумор меоянд. Гузашта, ирчооти муаллиф ба манобеи аслӣ ва илмӣ - пажӯҳишӣ, дар бисёр маворид хатоанд. Чунончӣ, дар навиштаҳои А. Саидов, тамомии ирчоот аз китоби «Таърихи Ҷаҳонгушо» ба галати фоҳиш нишон дода шуданд (муқоиса шавад бо асли матни китоби Ҷувайнӣ (чопи Қазвинӣ, ч. 1). Ҳамчунин, дар таҳқиқи мавриди назар, зимни баёни воқеаи Хучанд, ирчо ба китоби мо ба номи «Темурмалик» (чопи с. 1996) шудааст. Ин дар ҳоле, аст, ки нигоранда ҳамчунин китобро дар ин таърих ба чоп нарасонидааст.

Баёни таърихи истилои мугул, агарчӣ, дар муқоиса бо мӯҳтавои китобҳои «Таърихи халқи точик»-и замони шӯравӣ, зоҳиран, наву тоза менамояд, вале аз назари илмӣ, боз ҳам дорои навоқисест, ки нақдаш дар пажӯҳишҳои тахассусии ин чониб омадааст. Аммо муҳимтарин заъфи муаллифи ин бахш дар он аст, ки нависандаи ин фасл аз чадидатарин баррасиҳои тахассусии солҳои охир ва аз дастовардҳои таърихнигории макотиби илмии муосир огоҳии лозимро надорад, аз ин рӯ, мавориди зиёде аз мадди назари эшон берун мондаанд.

А. Саидов агарчӣ, баҳсҳои маълуми таърихиро аз сохтори сиёсии давлати мугулҳо ба миён мекашад, вале тавони интиқод аз чадидтарин дидгоҳҳои илмӣ пиромуни мавзӯоти таърихи асри мугулро, ҳамчун: ҳукумати муштараки хонҳои мугул («институт соправительство»), рӯёрӯии аносири давлатдории миллӣ (маҳаллӣ) ва бегонагон (номадизми мугул), вежагиҳои истиқрори ҳукумати давлатмадорони чинӣ дар муҳимтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр, шаклҳо ва равишҳои мубориза миёни ду низоми давлатдорӣ (зиддияти фарҳанги исломӣ ва шаманӣ) ва гайраро надорад. Баррасии ин мавзӯот берун аз доираи таваччӯҳи муаллиф монда ва маълум нест, ба чӣ далел ҳамчунин беэътиноӣ нисбат ба ҳассостарин масоили таърихи миллӣ дар китоби таърихиаш аз тарафи муҳаққиқини Академи илмҳо сурат гирифта?

Заъфи дониши доктори улуми таърихи Академия дар саросари бахшҳои китоби мазбур ҳувайдост. Зеҳни вай бар пояи мантиқ устувор нест, балки бандаи додаҳои манобеъ аст. Вай ровӣ аст, то як муҳаққиқ. Чунончӣ, барои мисол, ин таърихшинос дар баррасиҳои хеш пиромуни сиёсати молиёти давлатҳои қуруни вусто, бидуни ин ки таҳлил кунанд ва ё аз худ чизе бияфзояд, назароти муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони қаблро такрор менамояд. Адами дониши кофӣ дар улуми таърих ва иқтисод муаллифро дар сардагумиҳо қарор дода ва ба ин далел аст, ки ӯ дар таъйини моҳият, равишҳо ва вежагиҳои сиёсати хонҳои мугул комилан очиз аст. Қобили мушоҳида аст, ки дидгоҳи ровии китоби тақризшаванда фаротар аз назароти илмии А. Ализода, И. П. Петрушевский ва С. Хатиби (даҳаҳои 50 - 80-и асри гузашта) нарафтааст (10, 380-389).

Он гуна, ки зикр шуд, тафаккури муаллиф ҳанӯз ҳам аз ҳавзаи забоншиносиву адабиёт берун наёмада. Чунончӣ, эшон бар ин гумон аст, ки бо тавзеҳи маънӣ ва зикри теъдоде аз андозҳои асри мугул (31 адад, агарчӣ, ин адад, дар ҳоли ҳозир беш аз 125 истилоҳ аст. - Б. Л.), моҳият ва вежагиҳои сиёсати молиётии хонҳои мугул дар Мовароуннаҳру Хуросонро ҳаллу фасл намудааст (10, 380-389).

Илм тафсир мехоҳад, на тасвир. Дар як китоби чомеи таърихи миллӣ, радиф кардани номгӯи андозҳо ва тӯтивор такрор намудани назароти маълуми муаллифони гузашта дар бораи маонии истилоҳоти молиётӣ мутлақо кори беҳудаест, чаро ки маонии истилоҳоти марбут ба сиёсати хонҳои мугул аз тарафи муҳаққиқини кишвариву хоричӣ борҳову борҳо тавсиф шуда ва ниёз ба такрори маҳз надорад. Гузашта, ин муҳаққиқ намехоҳад бифаҳмад, ки моҳияти сиёсати молиётии хонҳои чагатоӣ аз бисёр чиҳат мутафовут аз амалкардҳои Ҳалокуиёни Эрон ва императорони Чину Мугулистон буд ва, аз ҳама муҳим, аз назари илми таърихи иқтисод, марҳилаи ба кулл чадидест дар паҳнои Осиёи Марказӣ, ки тафсираш худ мавзӯи муфассалест (10, 30-35).

Инсофан, А. Саидов интиқолгари хубест, вале муҳаққиқи номуваффақ дар тафсироти мавзӯот. Мисоли рӯшани тавоноии муаллиф наҳваи нигориши таърихи шӯриши Маҳмуди Торобӣ дар китоби «Таърихи халқи точик» метавонад бошад (10,338-342). Дар робита бо навиштаҳои эшон суолоте пеш меоянд, ки мартраҳ кардани онон аз назари илмӣ муҳим ба назар менамояд. Чунончӣ, ба чӣ далел, эшон мавзӯоте, чун равишҳои муқовимат ва вусъати мучодилати мардуми точикро алайҳи мугул беарзиш донистааст, маълум нест. Барои чӣ заминаҳои шӯриши Торобӣ, идеологияи он ва рӯёрӯии адён дар Бухорои асри мугул, фачоеи дини ислом ва г., дар китоби таърихи чомеи миллӣ ба кулл ва

273

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 3(44)2015

аз реша нодида гирифта шудаанд? Бар кадом асос ва бар чӣ мантиқе эшон номи қаҳрамони миллии таърих, афроде чун Маҳмуди Торобӣ ва аз ҳама муҳим аҳамияти бузургтарин шӯриши миллӣ -озодихоҳии таърихро дар чанд ҷумлаи хушку берӯҳ хулоса менамояд? Иллати ин ки дар ҷойгоҳи хоҳар ва бародарони муборизи Торобӣ, ҷиҳоди шайх Шамсуддин Маҳбубӣ, масоили даврабандӣ ва хронологияи таърихи қиём, аҳамияти таърихии шӯриш ва г.-ҳо мутлақо аз дафтари корномаи миллат дур андохта шудаанд, маълум нест?

Бояд мутаваҷҷеҳ бошем, ки имрӯз тафсири ҷойгоҳи таърихии шӯриши миллию озодихоҳӣ дар китоби миллӣ бамаротиб боарзиштар аз ҳикояти таърихи сиёсӣ ва низомии хонҳои мугул ва ташреҳи маънии истилоҳоти мухталифи туркию мугулӣ метавонад бошад.

Дар ин бахш аз китоби таърихи миллӣ, иддаову фарзияҳои зиёде ироа шудаанд, ки муаллифаш, аслан рӯи онҳо таҳқиқ ва пажӯҳише, ки қобили қабул бошанд, ироа накардааст. Масалан, он гоҳ, ки ин эшон дар робита бо теъдоди кушташудагони шӯриш сухан ба миён меорад, ирҷо ба навиштаи муаррихи арабзабон Ибни Фуватӣ (ба забони форсӣ мекунад, он ҳам дар поварақ(!) медиҳад, вале амдан намехоҳад номи муҳаққиқоне, ки нахустин бор иттилооти муаррихи арабизабони мазбурро таҳлилу баррасӣ намудааст, зикр намояд (3, 138 - 141).

Зимнан, бахшҳое чун: «Мовароуннаҳр ҷузъи улуси Чагатой» (10, 335- 338), «Ислоҳоти Кабакхон» (10, 350-352), «Авоқиби истилои мугул» (10, 362- 366), «Анвои заминдорӣ» (10, 366-371) ва матолиби зиёди дигар, аз ҷумлаи ҳамин навъ бахши харобшудаи китоби мавриди назаранд, ки нақдаш дар ҷои муносибе хоҳад омад. Аммо суоли навбатӣ аз масъулини чопи китоби мавриди назар ин аст: Муаллифе, ки натавонистааст, масоили таърихи сиёсӣ ва иҷтимоии асри мугулро, ки тахассуси хеш аст, ба хубӣ ҳаллу фасл намояд, чи гуна метавонад мавзӯоти таърихи улум (10, 400 - 403, 528 - 530), улуми таърих (10, 403 - 406, 531 - 533), таърихи адабиёт (10, 406 - 410, 535 - 540), ки тахассуси худаш нест, ҳаллу фасл намояд?

Ташреҳи силсилаи ҳаводиси сиёсӣ-низомии қарни XIV ва низ баёни таърихи неҳзатҳои миллию озодихоҳии он рӯзгор дар китоби мазкур мутааллиқ ба қалами доктори илҳои таърих, профессор Ҳамза Камол аст. Аммо наметавон матолиби ироакардаи эшонро дар сатҳи матлуб пазируфт, чаро ки муаллифи ин бахш аз таърихи «ТХТ» собиқаи таҳқиқ дар заминаи таърихи сиёсии асри мугул ва қиёмҳои мардумӣ надорад. Шояд ба далели ҳамин ноогоҳии илмӣ бошад, эшон боитминон менависад, ки «Ҷанги Лой» дар таърих бо номи «Джанги гили» т. е. «Битва в трясине» или «Грязевая битва» маъруф аст (10, 432). Ин дар ҳолест, ки дар ҳеч як аз манобеи мӯътабари форсӣ набарди мазбур ба ин ном зикр нашуда ва номи аслии он, дар ҳақиқат «Ҷанги Лой» мебошад. (4, 71 - 88).

Сареҳан метавон гуфт, ки дар китоби таърихи ҷомеи миллӣ моҳият ва ҷойгоҳи воқеии «Ҷанги Лой» ба хубӣ мушаххас нашудааст. Пурвозеҳ аст, мӯҳтавои навиштаҳои эшон ҳеч тафовуте аз таҳқиқоти муҳаққиқони замони шуравӣ надорад. Дар ташреҳи муаллифи китоби мавриди назар иттилооти манобеи дасти аввал ва таҳқиқоти тахассусии мавҷуд пиромуни таърихи «Ҷанги Лой» ба дурустӣ истифода нашуда ва баид ҳам нест, ки қасдан паҳӯҳишҳои тахассусии солҳои ахир дар ин замина сарфи назар шудааст.

Маҳдудият ва заъфи дониши муаллифи фасли ҳафтум аз китоби мавриди назар дар баёни масоили таърихи иҷтимоии асрҳои XIV - XV -и Осиёи Марказӣ ва Эрон ба вузӯҳ ошкор аст. Чунончӣ, тафсири таърихи азимтарин шӯриши мардумии нимаи дувуми асри XIV, яъне таърихи қиёми Сарбадорони Самарқанд (солҳои 1365 - 66), бо камоли афсус, ба ҳадди зиллат таҳрир шуда (10, 434437) ва профессор Ҳамза Камол дар ироаи матлаби хеш аз вуҷуди силсилаи таҳқиқоти донишмандон дар заминаи таърихи ин қиём, бидуни далел чашмпӯшӣ намудааст.

Бидуни игроқ, баёни таърихи наҳзати Сарбадорони Самарқанд дар китоби нави таърихи ҷомеи миллӣ сафҳаи қӯҳнаеро мемонад. Ҷолиб аст, муҳаққиқе, ки хостааст масоили мубрами таърихи неҳзати Сарбадоронро дар китоби ҷомеи миллӣ ҷамъбаст намояд, ба чӣ далел бо овардани иқтибосҳои тӯлонӣ «варақи сафедро сиёҳ» ва аз ин тариқ зеҳни ниёзмандонро бо мавзӯоти дараҷаи сонӣ машгул менамояд (10, 434). Ин муҳаққиқ мутаваҷҷеҳ нест ва ё намехоҳад бифаҳмад, ки масоили ношинохтаи илму дониш ба василаи бозӣ бо алфоз ҳаргиз ҳал намешавад.

Заъфи ташхиси вежагиҳои манобеи таърихӣ ва адами тавоноӣ ҷиҳати таъини вобастагии иттилооти осори таърихӣ муаллифи ин бахшро дар сардаргумӣ қарор додааст. Ба ин далел аст, ки додаҳои муаррих Абдурраззоқи Самарқандиро бар навиштаҳои Ҳофизи Абрӯ тарҷеҳ додааст. Ин дар ҳоле аст, ки осори Ҳофизи Абрӯ, дар воқеъ, яке аз муҳимтарин манобеи дасти аввал дар бораи неҳзати Сарбадорони Самарқанд мебошад ва Абдурраззоқи Самарқандӣ тамомии матлабашро аз Ҳофизи Абрӯ ба орият гирифта ва арзиши навиштаҳои ӯ аз диди илмӣ ба ҳадди гуфтаҳои Ҳофизи Абрӯ нестанд (5, 57 - 69). Ва низ дар навиштаи профессор Ҳамза Камол, мавзӯоте чун исми яке аз раҳбарони шӯриш ба хато омада (2, 111 - 113).

Профессор Ҳамза Камол ё таваҷҷӯҳ надошта ва ё моҳияти илмро ба хубӣ дарк намекунад. Дар таълифаш бештар ровӣ аст, то як муҳаққиқ. Бо ин ки ӯ мукарраран бар таълифи В. В. Бартолд ирҷоъ

274

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 3(44) 2015

медиҳад, вале ҳунари нақду такмили назароти воқеан олимонаи ин кашшофи аслии мавзӯъро надорад. Чунончӣ, беш аз як қарн (с. 1905) ҳамин шарқшиноси маъруфи рус таъкид бар мавориде карда буд, ки аз диди фалсафаи таърихӣ ҳанӯз ҳам ҳоизи аҳамиятанд. Аз ҷумла, В. В. Бартолд бар ин эътиқод буд, ки ҷунбиши Сарбадорони Самарқанд мутаассир аз наҳзати Сарбадорони Хуросон аст ва ӯ тафовути ин ду наҳзати зиддимугулиро ҳайси ташаккул ва чӣ гунагии тарвиҷ ва натоиҷи ҳосила медонад.

Аз назари В. В. Бартолд муҳимтарин тафовути байни ин ду ҷунбиши мардумӣ дар он аст, ки «наҳзати Сарбадорони Самарқанд» бар хилофи ҷунбиши Сарбадорони Хуросон» бар алайҳи ҳукумати маҳаллӣ нест, балки мухолиф ва муқобилат бо истилогарони мугули Туркистону Кошгар аст.

Дувум, илова бар он чӣ В. В. Бартолд гуфтааст, набояд ин нуктаро аз назар дур дошт, ки наҳзати Самарқанд «қиёми шаҳрӣ» будааст, яъне раҳбарон ва гаравандагони ин наҳзат ва ба он ҳамагӣ аз аҳолии шаҳри Самарқанд будаанд ва ин худ аз нукоти фарқкунандаи ин қиём бо наҳзати Сарбадорони Хуросон аст. Ба дигар сухан, бояд гуфт, ки наҳзати Сарбадорони Самарқанд ҳатто баъд аз пирӯзӣ, ки дар ҷанг бо ҷанговарони муғулӣ ба даст омад, дар рустоҳо ва соири шаҳрҳои ин билод густариш наёфт.

Дигар ин ки дар ҷараёни қиёми Сарбадорони Самарқанд бар хилофи Сарбадорони Хуросон сарватмандон ва мураффаҳини шаҳри Самарқанд аз ширкат дар ин наҳзат ва пайвастан ба он имтиноъ варзиданд. Дар зимн, зикри Мавлонозода, ки раҳбариро бар ӯҳда дошт, наметавонад далеле бар он бошад, ки гӯем ашрофи Самарқанд низ тарафдори Сарбадорон буданд.

Чаҳорум, ҷангҳои шадид ва тӯлоне, ки байни Сарбадорони Хуросон ва муғулони ҳоким рух дод, дар Самарқанд рух надод. Илова бар ин, мулоқотҳое, ки Сарбадорони диёри Самарқанд бо Темур ва амир Ҳусайн ба он тан медоданд, он гуна ки дар навиштаҳои мутаддиди мо омадааст, ҳама аз сари ниёз будааст.

Панҷум, агарчӣ Сарбадорони Самарқанд бар муғулон пирӯз шуданд, аммо дар ниҳоят тавфиқ наёфтанд то ба мушобеҳи ҳамгинони хуросонии худ давлати воҳиди миллӣ ба вуҷуд оваранд ва сиёсати вежаи худ дар пеш гиранд. Бад-ин ҷиҳат аст, ки наҳзати Сарбадорони Самарқанд бар хилофи қиёми Сарбадорони Хуросон аз лиҳози густариш ва сохтани ҳукумати хеш маҳдудтар монд.

Ба ҳам рафта ин ду наҳзат нукоти иштирок ва қаробате низ бо якдигар доштаанд. Чунончӣ, қиёмкунандагони самарқандӣ монанди хуросониҳои сарбадор таҳти ливои раҳбарии мазҳабӣ - сиёсӣ будаанд ва раҳбарони сиёсӣ-мазҳабӣ бар қиёмкунандагон назорат доштаанд, аз дигар сӯй дифоъ аз сарзамини аҷдодӣ дар муқобили кофарони мулҳидкеши муғул шиори асосии наҳзати Сарбадорони самарқандӣ гардид, ки дар Хуросон низ чунин буд (7, 60 - 63).

Аслитарин заъфи муаллифи ин бахш аз таърихномаи миллӣ ин аст, ки ӯ дар дарк ва баррасии масоили таърихи наҳзати Сарбадорони Самарқанд, собиқаи пажӯҳишӣ надорад ва аз таърихчаи (историографияи) мавзӯъ ба дурустӣ огоҳ нест. Аз ин рӯ, эшон дар ироаи назароти ҷадиде, ки бо тамомии бӯъдаш илмӣ бошад, комилан нотавон монда ва ба ҳамин далел аст, ки дар баробари назароти муҳаққиқони қабл ва иддае аз пажӯҳишгарони хориҷии муосир пиромуни масоили таърихи қиёми Сарбадорони Самарқанд ҳарфи гуфтание надорад. Ҳамаи навиштаҳои ин муҳаққиқ гуфтаҳои кӯҳнаест дар либоси «таҳқиқи навин». Кофӣ аст, аз ин ҷиҳат бахшҳои марбутаи китоби мавриди назарро бо пажӯҳиши моядори Л. В. Строева, ки дар авохири даҳаи 40-и қарни гузашта ба табъ расидааст, муқоиса шавад (11, 270 - 281).

Амдан дар хусуси саранҷом ва сарнавишти неҳзат, аҳамияти таърихии он ва мавориди зиёди дигар сухане ба миён намеорам, чун таълифот дар ин замина ба таври кофӣ аст. (Барои мисол руҷ ӯ ъ шавад ба: 8, 63 -67;88- 91).

Бо камоли таассуф, муаллифони китоби ҷадиди «Таърихи халқи тоҷик» бо ин ҳама талошҳои зоҳирӣ боз ҳам натавонистанд ёди муборизони роҳи озодиро дар сафаҳоти таърихи миллат ба шоистагӣ ба риштаи тафсир бикашанд. Баид нест, дар оянда мавзӯоте монанд: таърихи сиёсии Мовароуннаҳр дар авохири асри муғул, шароити ба сари қудрат расидани Темур, авзои иҷтимоию иқтисодии Мовароуннаҳр ва Хуросон дар қарнҳои XIV - XV ва ғ. мавриди назари мунтақидон ва муҳаққиқон қарор хоҳад гирифт, аммо дар ҳоли ҳозир метавон гуфт, ки ин бахшҳои китоби таърихи ҷомеи миллӣ низ орӣ аз навоқис нестанд.

Хулласи калом ин аст, ки муҳаққиқин ва муаррихини дараҷаи аввали Академия илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯоти мавриди назар натвонистанд ва ё бо далоиле нахостанд бар суолот ва дидгоҳҳои вежаи муҳаққиқиқини макотиби мухталифи илмӣ пиромуни печидатарин масоили таърихи миллатҳои Осиёи Марказӣ посухи илмӣ ва мантиқӣ бидиҳанд. Мутмаинан, ки агар истеъдоди илмии муҳаққиқини ботаҷриба ва тавоноии таҳлили онон дар барррасии манобеъ, таърихи таърихнависӣ (историографияи мавзӯъ), тафсири масоили мубраму печидаи таърихи миллӣ

275

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 3(44)2015

дар сатҳе, ки дидем, бошад, пас беҳтар он бувад, ки мавзӯоти ҳуввияти миллй дар осори илмӣ-таърихӣ матраҳ нагардад.

Ниёзҳои илмӣ бояд аз роҳи илм бароварда шаванд. Андешае, ки аз роҳи иштибоҳ омадааст, наметавонад мушкилоти цомеаро ҳалл намояд, ҳатто агар он тавассути олимони собиқадор тафсир шуда бошад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Бойматов, Л. Д. Социально-экономическое положение Центральной Азии в XIII - XIV вв. /

Л.Д. Бойматов. - Душанбе, 2009. - 228 с.

2. Бойматов, Л. Д. Келеви или Кулуй ? / Л.Д. Бойматов// Паёми Донишгохи миллии Тоцикистон.-2010.- № 7 (63).- С. 111 - 113.

3. Бойматов, Л. Д. Новые источники о восстании Тараби / Л.Д. Бойматов // Восток, 2011. -№ 3.- С. 138 - 141.

4. Бойматов, Л. Д. «Ҷанги Лой» ва цойгоҳи он дар таърихи Осиёи Марказӣ / Л.Д. Бойматов // Хуросонпажӯҳӣ. - 1378.- № 3.- С. 71 - 88.

5. Бойматов Л. Д. Нақду баррасии манобеи дасти аввал дар бораи «Сарбадорони Самарқанд» /

Л.Д. Бойматов // Хуросонпажӯҳӣ. - 1379.- № 6.- С. 57 - 69.

6. Бойматов, Л. Д. Восстание Махмуда Тараби / Л.Д. Бойматов. - Душанбе, 2011.- 130 с.

7. Бойматов, Л. Д. Пажӯҳишҳои Бартолд дар бораи Сарбадорони Самарқанд / Л.Д. Бойматов // Кайҳони Фарҳангӣ.- 1379.- № 164.- С. 60 - 63

8. Бойматов, Л.Д. Темур и Сарбадары Самарканда / Л.Д. Бойматов.- Душанбе, 2011.- 114 с.

9. Бойматов, Л.Д. Монгольский номадизм в Центральной Азии / Л.Д. Бойматов.- Берлин: LAP, 2015.- 52 с.

10. История таджикского народа. Период развития феодального общества /Под общей редакцией академика АН Республики Таджикистан Р.М. Масова.- Душанбе, 2013.- 580 с.-3т.

11. Строева, Л. В. Сербедеры Самарканда / Л.В. Строева// УЗЛГУ, серия востоковедческих наук.

Вып. I, - Л., 1949.- С. 270 - 281.

12. Yarshater Ehsan. Iranian National History / E.Yarshater // Cambridge History of Iran. V. III /1.-Р.359-477.

REFERENCES:

1. Boimatov, L.D. Social and economic position in Central Asia in the XIII-XIY cc./ L.D.Boimatov .Dushanbe, 2009. - 228 p.

2. Boimatov, L.D.Kelavi or Kolooy?/ L.D.Boimatov//Paiyomi Donishgohi millii Tojikiston.- 2010.- № 7(63). - P.111 - 113.

3. Boimatov, L.D. A New Sources about the Revolt of Tarabi/L.D.Boimatov//Vostok.- 2011, -№ 3.- P. 138 - 141.

4. Boimatov, L.D. A «The battle of Mud» and its Place in the History of Central Asia/L.D.Boimatov// Khurasan Pajoohi . - 1378.- № 3.- P.71 -88.

5. Boimatov, L.D. Reviewing the original references of Sarbadars of Samarkand/L.D.Boimatov //Khurasan Pajoohi.- 1379.- № 6.-P. 57 - 69.

6. Boimatov, L.D. The Revolt of Mahmood Tarabi/L.D.Boimatov.-Dushanbe, 2011.-130p.

7. Boimatov, L.D. Bartold researches about the Sarbadars of Samarkand/L.D.Boimatov//Kaihoni farhangi.- 1379.- № 164.- P. 60 - 63.

8. Boimatov, L.D. Timur and Sarbadars of Samarkand/L.D.Boimatov.- Dushanbe, 2011.-114p.

9. Boimatov, L.D. A Mongolian nomadism in Central Asia/L.D.Boimatov.-Berlin:LAP, 2015.-52p.

10. History of the Tajik Nation. The period of feudal society / Edited by Academician of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan R.M.Masov.-Dushanbe, 2013.-580 p.- 3 v.

11.Stroeva, l.V.The Sarbadars of Samarkand/ l.V.Stroeva .-UZLGU,series of orientals sciences.V.1.-L., 1949.- P.270 - 281.

12.Yarshater Ehsan. Iranian National History / E.Yarshater // Cambridge History of Iran. V. III /1.-Р.359-477.

Рецензия на книгу «История таджикского народа»

Ключевые слова: история таджиксого народа; история монгольского периода Центральной Азии; история феодального общества в Центральной Азии

Рецензия на издание книги «История таджикского народа» (Т. III). Рецензент обосновывает, что в настоящее время под идеей национализации истории издавались несерьезные публикации, даже в таких престижных заведениях, как Академии Наук. Описывается, что построение «научной концепции» в «академической книге», посвященной истории таджикского народа, к сожалению, по

276

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

№ 3(44) 2015

большей части выглядит надуманной, искусственной и внутренне противоречивой, часто портящей впечатление от честной и добросовестной научно-исследовательской работы. Сделан вывод о том, что рецензируемая книга, не может претендовать на полноту изложения и широту охвата исследуемой темы. В ней имеются серьезные упущения, слабые места, к тому же история народа и его воля крайне ущемлены.

Review of the book "History of the Tajik people"

Keywords: History of the Tajiks; History of the Mongol period of Central Asia; The history of feudal society in Central Asia.

This article is a review of the monography "History of the Tajik people" (Vol. III). The author tries to show that the last time under the ideas of national’s History published frivolous publications, even in such prestigious research centries as the Academy of Sciences. The author writes that the construction of "scientific concept" in the "academic monography ", devoted to the history of the Tajik people, unfortunately, for the most part seem far-fetched, artificial and self-contradictory, often spoil the impression of an honest and diligent research work. According to the author this monography can not claim to thoroughness and comprehensiveness investigated topics. There are much serious shortcomings or weaknesses in it. A uthor says, that history of the Tajik people extremely prejudiced in this monography

Маълумот дар бораи муаллиф:

Бойматов Луцмон Дадобоевич, номзади илмҳои таърих, корманди илмии «Бунёди фарҳангии «Андеша ва ралам» (Шветсия, Финспонг), E-mail: [email protected]

Сведения об авторе:

Бойматов Лукман Дадабаевич, кандидат исторических наук, научный сотрудник Культурного фонда «Разум и перо» (Швеция, Финспонг), E-mail: [email protected]

Information about the author:

Boymatov Lukman Dadabaevich, Candidate of Historical Sciences, Reseаrcher of the Cultural Fondation “Sense and Pen” (Sweden, Finspang), E-mail: [email protected]

277

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.