Научная статья на тему 'Management of activities (management) and its pedagogical essence'

Management of activities (management) and its pedagogical essence Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
248
16
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МЕНЕДЖМЕНТ / МЕНЕДЖЕР / УПРАВЛЕНИЕ / СПЕЦИАЛИСТ / ПОДГОТОВКА / УПРАВЛЕНЧЕСКАЯ ПРОФЕССИЯ / ТЕХНОЛОГИЯ / ПРОФЕССИОНАЛЬНАЯ ПОДГОТОВКА / MANAGEMENT / MANAGER / SPECIALIST / TRAINING / MANAGERIAL PROFESSION / TECHNOLOGY / VOCATIONAL TRAINING / МЕНЕљМЕНТ / МЕНЕљЕР / ИДОРАКУНї / МУТАХАССИС / ОМОДАГї / ПЕШАИ ИДОРАКУНї / ОМОДАГИИ КАСБї

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Мухаммади Д.И., Обидова У.Н.

В статье рассматривается один из актуальных вопросовуправление деятельности (менеджмент) с точки зрения педагогической науки. Авторами отмечается, что деятельность менеджера как специалиста в области управления не может быть сведена только к экономической сфере. Управление как деятельность требует деятельностного подхода. Поэтому при проектировании учебно-воспитательного процесса категория деятельность является центральной.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Управление деятельности (менеджмент) и еѐ педагогическая сущность

The article deals with one of the topical issues of management of activities (management) from the point of view of pedagogical science. The authors note that the activities of the manager as a specialist in the field of management can not be reduced only to the economic sphere. Management as an activity requires an activity approach. Therefore, when designing the teaching and educational process, the category of activity is central.

Текст научной работы на тему «Management of activities (management) and its pedagogical essence»

УДК 37

ББК 74.00 Г. С.ЧАЛОЛОВА

ХУСУСИЯТ^ОИ ПЕДАГОГИИ МУОШИРАТИ КУДАКОН

Муошират як чузъи такондихандаи шуур махсуб меёбад. Агар кудак дорои шуур бошад, олами атрофро фарк карда тавонад, ба ашё сарфахм равад, дар вай омилхои муошират зухур менамояд. Яъне, вай мехохад ба саволхое, ки дар шуураш пайдо шудаанд, посух ёбад. Ч,араёни муошират бошад, хеле васеъ аст. Дар мархилаи аввал бачахои синни томактабй бо хамсолони худ дар муошират мешаванд; вакте ба пурсишхои худ посух наёфтанд, он гох ба калонсолон, пеш аз хама ба волидон мурочиат мекунанд. Аз ин лихоз, дар муассисахои тарбиявии томактабй фикру зикр, таваччуху диккат, бояд ба ин раванд дар дарачаи аввал бошад. Хуб муошират карда тавонистан яке аз аломат ё нишонахои фарханги баланди инсонист.

Муошират фаъолиятест, ки онро бояд чиддй омухт, дар машгулиятхои педагогию психологй масъалаи муошират хамчун намуди фаъолият аз тарафи олимони рус А.В.Запорожетс, А.Н. Леонтев, М.И.Лисина(2;6;7;) ва дигарон махсус тадкик карда шудаанд. Муошират таъсири мутакобилаи ду ва ё якчанд нафар одамон мебошад, ки он барои донистан ва баркарор намудани муносибатхои байнихамдигарй хеле мухим аст. Риоя намудан ба меъёрхои муошират яке аз талаботи асосй дар раванди муносибатхои байнихдмдигарй буда, инсонро ба фаъолиятхои якчоя бо атрофиён водор месозад.

Муошират метавонад амалисозии ичроиши вазифахои ивазкунии маълумотхо, дарки хамдигар ва баркарорсозии хамдигарфахмй, харакатхои фаъол, мутобикгардонии вазифа ва амалхоро таъмин намояд. Хднгоми муошират воситахои муоширати нуткй, гайринуткй, рамзй ва имою ишора истифода бурда мешаванд.

Барои кудак муошират ин омухтан ва иваз намудани тачриба, таъсири мусбат ба муносибатхои байнихамдигарй ва хавасмандй дар хаёту фаъолияти минбаъда аст. Риояи меъёрхои муошират яке аз талаботи асосй дар раванди муносибатхои байнихамдигарй мебошад. Дар раванди озмоишхои педагогй, ки дар гурухи шашсолахои богчаи бачагон гузаронида шуд, мо аз руи харакатхои Марями 6-сола, тарзи муносибат ва муоширати у бо атрофиёнаш; бо хешутабор, бобою бибй, падару модар, хамсолон, бо духтарчаю писарча мушохида бурда, ба баъзе хулоса ва натичахои илмй ноил гардидем. Маълум гардид, ки Марям хангоми муошират бо калонсолон, нисбат ба онхо, бо хурмат ва боварй муносибат мекунад, масалан, бо равоншиноси кудакистон ошкор ва боваринок гуфтугу мекард. Бо бобою бибии худ низ бо мехри хосса муносибат намуда, «ман онхоро дуст медорам» мегуяд. Ба тагою хола, амак ва дигар хешу табор кам муошират мекунад, чунки онхоро хеле дер мебинад. Дар кудакистон бо писарчаю духтарчахои хамсолонаш, бомуросо муносибат мекунад, дар вакти бозии гурух ва бозихои серхаракат бозичахоро бо рафиконаш бо хам мебинад. Мушохидахо нишон доданд, ки Марям бештар бо духтарчахо бозй карданро дуст медорад, бо дугонааш Сафия бозии «Оила» ташкил кард, ки Марям дар он накши модарро хуб ичро намуда, муносибати модарро, ки дар хонаашон бо у сурат мегирифт инъикос менамояд. Дар вакти бозй муносибату муоширати Марям бо дугонааш Сафия тавассути додани супоришхо, аз кабили хона руфтан, об овардан, чанги руи мизро тоза кардан чараён мегирифт. Бо баробари ин, худ низ аз паси ичрои кори Сафия назорат карда, ба у боз супоришхои нав медод. Чунин рафтор ба хулосае меорад, ки Марям дар хона бо модараш дар чунин тарз муносибату муошират дошта, тачрибаи муайяне ба даст овардааст. Марям дар хона фарзанди ягона буда, мустакил, пайдархамии речаи рузро медонад. Ба мураббии худ бо эхтиром муносибат менамояд, супоришхои уро хуб гуш карда, пасон ичро менамояд. Мушохидахо собит намуданд, ки Марям дар ин давра хангоми муошират аввалин тачрибаи ичтимоиро азхуд карда, дар фаъолияти худ бо дугонааш онро кушиши такрор намудан кардааст. Муоширати вай мунтазам хусусияти ичтимой гирифтааст ва он ба талаботи ботинй мубаддал гардида, воситаи маърифатнокии у ва баркарор намудани муносибат бо дигарон гардидааст.

Асоси талаботи кудакро ба муошират бо калонсолон инхо ташкил менамоянд: -талабот ба таассуроти нав; -талабот ба фаъолияткунй;

-талабот ба эътироф гардидан аз тарафи одамони атроф.

Мувофики нишондодхои илмй, мушохидахо ва тачрибаи амалй нишонахои талаботи кудак барои муошират намудан бо калонсолон аз инхо иборатанд: -диккат додан ва марок зохир намудани кудак ба калонсолон;

-ба калонсолон додани чавоби эмотсионалй (хушхол гардидан, табассум намудан аз гуфтугуй бо калонсолон) садои хушхолй зохир намудан; -кушиши ба худ чалб намудани диккати калонсолон;

-ба муносибатхои байнихамдигарии одамон баргардонидани аксул-амали чавобй. Масалан, ба модараш ягон кас дагалй карда, овоз баланд карда, муносибат кунад, кудак дархол ба гиря медарояд;

-махорати хамдигарфахмй, хамдилй зохир намудан, бозичаи худро ба хамсолони худ ва ё калонсолон додан.

Дар холати норасоии муносибати эмотсионалй, таъмин набудани мухити солими инкишофдихандаи педагогй - психологй, махдуд будани муошират бо волидон пайдошавии боздории инкишофи равонй ба вучуд меояд, яъне, кудак хаппак ва одамгурез мешавад, ба ашёву атрофиён ахамият намедихад, полати эмотсионалй ва майлу рагбати донистагирии у суст мегардад.

Дар давраи томактабй дар хар як давраи инкишофи синнусолй вобаста ба тагйирёбии талаботхои кудак муошират низ дигаргун гашта, мазмуни он ганй мегардад.

Муошират барои кудак сохаи махсус аст, ки он аз муошират бо хамсолонаш ва калонсолон бо куллй фарк мекунад. Он мачмуи зиёди омилхои коммуникативиро фаро мегирад, ки дар муошират бо калонсолон он хусусияти худро дорост. Омилхо ва сабабхо барои муошират дар хар як синнусол хусусияти ба худ хосро дорост.

Дар кудакони гурухи калони томактабй бозихои накшофарй муносибатхои хаётй -реалии байнихамдигариро тачассум мегардонад. Якчоя амал намудан, хамкорй бо хамсолон на танхо воситаи ноил гардидан ба максади дар пеш гузошта, инчунин, максади баркарор намудани муошират мегардад. Кудак дар бозии худ вазъиятро тасаввур карда амалхо, рафтору муносибатхои байнихамдигарии одамонро инъикос мекунад. Сабаби пайдоиши бозии накшофарй таъсири мухити ичтимоии кудак дар чомеа мебошад. Х,ангоми бозихои накшофарии мазмундор кудак бо хамсолон бозй карданро афзалтар дониста аз танхо бозй кардан руй метобад.

Дар рушди ичтимой ва ташаккулёбии шахсияти кудак бозй ахамияти хос пайдо менамояд. Кудак бо воситаи бозй тачрибаи баркарор намудани таъсири мутакобила бо хаёти ихотакардаро азхуд менамояд, бо коидаю меъёрхои ахлокй шинос шуда, тарзи ичрои амалхои фикриро ташаккул медихад.

Бозй воситаи хуби тарбия мебошад. Ба андешаи педагоги рус К.Д. Ушинский мазмуни бозихои кудакона ба мухити ичтимой вобаста аст(11). Бозихо ба хаёти кудак номаълум ворид мешаванд. Онхо метавонанд хислат ва рафтори кудаконро дар чамъият муайян намоянд. Кудаке, ки дар бозй итоат ва ё фармон доданро омухтааст, аз ин одат бо зудй даст кашида наметавонад. Барои кудакон бозихои якчоя, ки муносибатхои ичтимоиро ташаккул медихад, хеле мухим аст.

Дар натичаи фаъолиятхои якчоя ва азхуд намудани тачрибаи ичтимой дар кудак фарханги муошират шакл мегирад. Ифодагари маданияти муошираткунй дар кобилияти баркарор карда тавонистани алокаи тарафайн бо хамсухбат, гуфтугу карда тавонистан, махорати бо диккат шунидани хамсухбат, дуруст ва барои ибрози акидаи худ истифода бурдани имою ишора, харакатхои гуногун, дарк кардани хусусиятхои шахсии худ ва хамсухбати хеш ифода мегардад.

Тадкикоти М.И.Лисина (7) нишон медихад, ки кудак баркарор кардани муоширатро на танхо бо шахсони нигохубинкунанда афзал медонад, инчунин, бо онхое, ки бо у алока доранд, муошират менамояд. Муошират бо хамсолон барои кудак ахамияти махсусро дорост, ки он аз муошират бо калонсолон бо куллй фарк менамояд.

Масалан, дар кудакистон, дар гурухи омодагй ба мактаб, кудакон бозии гурухй ё бозии серхаракатро ичро мекунанд, бо якдигар бе мунокиша бозй мекунанд, коидахои бозиро медонанд. Дар рафти машгулиятхои таълимй маводхои таълимиро бохам мебинанд. Ба гуфтор ва харакатхои мураббй таклид ва уро хуб гуш мекунанд.

Дар рафти ичрои фаъолиятхо, речаи пайдархамии рузро медонанд. Кудакон бештар навбатдории мустакилро дуст медоранд. Дар вакти хуроки нахорй ва нисфирузй, оро додани руи миз бо зарфхои хурокхурй, ба мураббй ва ба як дигар кумак мекунанд.

Х,амкорй, яъне муштарак ичро намудани кори умумй, махорати мувофикат кунондани амалхои шахсй бо кору амалхои хамсолон, бахисобгирии имкониятхои дигарон мухим аст. Мавкеи мухимтарини муошират ин талаботи кудак ба эътироф кардани обрую эътибор ва эхтиром намудани шахсияти у аз тарафи хамсолон аст, ки вобаста ба синну соли он афзун мегардад. Дар синни 6-7-солагии кудак шакли муоширати гайрирасмй ба вучуд омада, доираи муоширати вай бо хамсолону калонсолон хеле васеъ мегардад (3). Муоширати интихобй мувофики чинсият(писарчахо-духтарчахо) ва мавкеи ичтимой, бахисобгирии афкори умум ба худ мавкеи хосаро мегирад.

Х,амин тавр, омузиш ва тахлили тахикоти илмй собит менамоянд, ки бо воситаи бозй кудакон метавонанд меъёрхои ахлокй, коидахои муоширатро азхуд намоянд, рафтори худро ислох ва дигаргун созанд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Аксарина, Н.М. Воспитание детей раннего возраста.4-е изд./ Н.М. Аксарина. -М.,1981.-302с.

2. Запорожец, А.В. Избранные психологические труды: В 2-х т. /А.В. Запорожец. -М., 1986-492с.

3. Козлова, С.А., Куликова Т.А. Дошкольная педагогика./ С.А. Козлова. -М., 2004- 321с.

4. ^онуни Ч,Т «Дар бораи маориф». -Душанбе, 2013- 12с.

5. Крылова, Е.Г. Режим дня в дошкольных учреждениях./ Е.Г. Крылова. -М.,1980- 231

6. Леонтьев, А.Н. Избранные психологические произведения. /А.Н. Леонтьев. - М., 1983. - Т.1. - 392 с.

7. Лисина, М.И. Общение со взрослыми у детей первых семи лет жизни. / М.И.Лисина. -М.,1996.-

8. Мачидова Б., Иззатова М. Педагогикаи томактабй. ^исми 1ва2. / Б.Мачидова. -Душанбе,2012. - 303с.

9. Методические рекомендации к «Программе воспитания и обучения в детском саду». Душанбе, 1989- 59с.

10. Рахнамои муррабй. (Барномаи таълимй-тарбиявй дар кудакистонхо).-Душанбе, 2002- 122с

11. Ушинский К.Д. Избранные педагогические произведения. /К.Д. Ушинский. - М.: Просвещение, 1968. - 557 с.

REFERENCES:

1. Aksarina, N.M. Early Childhood Education. 4th ed. / N.M. Aksarina. -M., 1981.- 302

2. Zaporozhets, A.V. Selected Psychological Works: In 2 tons / A.V. Zaporozhets. -M., 1986- 492

3. Kozlova, SA, Kulikova TA Preschool pedagogics. / S.A. Kozlov. -M., 2004.- 321

4. The Spring RT "The Gift of Boray Maorif". -Dushanbe, 2013- 12

5. Krylova, E.G. Day Regimen in Preschool Institutions. Krylov. -M., 1980.- 231

6. Leontiev, A.N. Selected Psychological Works. / A.N. Leontiev. - M., 1983. - T.1. - 392 s.

7. Lisina, M.I. Communication with Adults in Children of the First seven years of life. / M.I. Lisina. -M., 1996.8. Маjidоvа B., Izzatova M. Pedagogics and Pre- school hood Kimi 1va2. / B.Majidov. -Dushanbe, 2012.-303

9. Methodical Recommendations to the "Program of Education and Training in Kindergarten." Dushanbe, 1989.-59

10. The Wounded Murray.- Dushanbe, 2002.- 122

11. Ushinsky K.D. Selected Pedagogical Works. /K.D. Ushinsky. - Moscow: Education,1968.-557 p.

Хусусият^ои педагогии муоширати кудакон

Вожа^ои калиди: муошират, омилуо, синни томактабй, тарбияи томактабй, фар^анги

муошират,кудак, мураббй, фаъолият,бозй Дар мацола баъзе масоили хусусиятхои педагогии муоширати кудаконаи синну соли томактабй барраси карда мешавад. Муаллиф ёдовар мешавад, ки муоширати кудакон дар омузиш ва табодули тацриба таъсири мусбат расонида, дар раванди муносибатхои мутацобила ва минбаъд хавасмандгардони ба хаёт ва фаъолияти ощо мусоидат мекунад. Собит мешавад, ки чизи мухим барои ташаккули муоширати кудакон ташкили бозщои якцояву гурухист, ки ба ташаккули муносибатхои ицтимой ва рушди фаъолиятхои зехнии ощо мусоидат мекунанд.

Педагогические особенности общения детей

Ключевые слова: общение, факторы, дошкольный возраст, дошкольное воспитание, култура общения, ребенок, воспитатель, деятельность, игра

В статье рассматриваются некоторые вопросы педагогических особенностей общения детей дошкольного возраста. Автор отмечает, что общение детей способствует изучению и обмену опытом, положительному влиянию в процессе взаимных отношений и стимулированию их жизни и деятельности. Обосновано, что для детей особенно важна организация совместных игр, которые способствуют формированию социальных взаимоотношений и развитию мыслительной деятельности.

Pedagogicalfeatures of communication of children

Keywords: communication, factors, pre-school age, preschool education, communication culture, child, educator, activity, game

In the article some questions ofpedagogical features of communication of children ofpreschool age are considered. The author notes that the communication of children promotes the study and exchange of experience, positive influence in the process of mutual relations and the stimulation of their life and activities. It is especially important for children to organize joint games that contribute to the formation of social relationships and the development of mental activity.

Маълумот дар борам муаллиф:

Цалолова Гулчехра Субхонбердиевна, мудири муассисаи таълими томактабии №50-и барои кудакони болаёцати Сарраёсати маорифи ш. Душанбе (Чумуурии Тоцикистон, ш.Душанбе), E-mail:gulchehra jalolova 1960@mail.ru Сведения об авторе:

Джалолова Гулчехра Субхонбердиевна, заведующая образовательным дошкольным учреждением №50 для одарённых детей Управления образования г.Душанбе (Республика Таджикистан, г.Душанбе), E-mail:gulchehrajalolova 1960@mail.ru Information about the author:

Dzhalolova Gulchekhra Subkhonberdievna, head of the 50 for gifted children of the Department of Education of Dushanbe (Tajikistan Republic, Dushanbe), E-mail: gulchehrajalolova 1960@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.