Научная статья на тему 'Some pedagogical-psychological factors of pre-school children mental development'

Some pedagogical-psychological factors of pre-school children mental development Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
12307
525
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
УМСТВЕННОЕ РАЗВИТИЕ / УМСТВЕННОЕ ВОСПИТАНИЕ / ПРЕДСТАВЛЕНИЕ О МАТЕМАТИКЕ / ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ / ЛИЧНОСТЬ / ПРЕДСТАВЛЕНИЕ / ОБУЧЕНИЕ / НАВЫКИ / MENTAL DEVELOPMENT / MENTAL UPBRINGING / CONCEPT ABOUT MATHEMATICS / ACTIVITY / INTELLECTION / CONCEPT / EDUCATION / SKILLS / ИНКИШОФИ ФИКРї / ТАРБИЯИ ФИКРї / ТАСАВВУРОТИ МАТЕМАТИКї / ФАЪОЛИЯТ / ТАФАККУР / ШАХСИЯТ / МАФњУМ / ТАЪЛИМ / МАЛАКА

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Раджабова З.Б.

В статье рассматриваются некоторые психолого-педагогические аспекты развития мышления у детей дошкольного возраста, которые в настоящее время ведущими учеными, известными методистами и работниками дошкольных учреждений считаются одним из основных проблем в сфере педагогики. Используя научно обоснованные предложения ведущих ученых в области дошкольный педагогики, а также результаты своего исследования, проведенное в дошкольных учреждениях, автор анализирует различные методы и способы развития мыслительной способности детей дошкольного возраста.В статье автором дается научное обоснование ряда факторов, непосредственно влияющих на мыслительное развитие маленьких детей, таких как: личность воспитателя, коллективная атмосфера группы, семейная атмосфера, игры, правильное построение режима дня и т.д.Ключевое место в данном исследовании занимает анализ учебных занятий на примере занятий по математике, проводимых в дошкольных учреждениях с учетом возраста воспитуемых. Автор статьи рассматривает правильное построение учебного процесса и непосредственное влияние предлагаемых знаний на научное мировоззрение детей дошкольного возраста. По мнению автора, правильная постановка методики обучения с учетом указаний дидактических принципов может стать решающим фактором развития мышления и научного мировоззрения маленьких детей.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Некоторые педагого - психологические факторы умственногоразвития детей дошкольного возраста

The article studies some pedagogical and psychological factors of thinking development of pre-schooling children which are one of the primary issues of the scholars of this field, experienced methodists and employees of pre-schooling institutions.Using the factual recommendations of the skilled scholars of the field of pre-schooling pedagogy as well as own researches carried out in pre-schooling institutions, the author analyzes how to develop the thinking ability of young children by different ways and means.As well, the paper scientifically supports some aspects which directly impact on thinking development of young children of pre-schooling ages like the personality of tutor, collective environment of the group, family environment, games and their different types, an accurate way of creating a day plan. The impact of educational lessons which are held in pre-schooling institutions based on ages in the example of mathematics are the primary focus of the paper.The paper analyzes the effective organization of teaching process and the direct impact of presented knowledge on the scientific outlook of young children. The author recommends that an effective application teaching methodic based on instructions of principles of didactics will be the primary factor of intellectual development and scientific knowledge of young children.

Текст научной работы на тему «Some pedagogical-psychological factors of pre-school children mental development»

УДК 372 З.Б.РАЧДБОВА

ББК 74,1

БАЪЗЕ ОМИЛ^ОИ ПЕДАГОГЙ-ПСИХОЛОГИИ ИНКИШОФИ ФИКРИИ КУДАКОНИ СИННИ ТОМАКТАБИ

Дар синнусоли томактабй кудак бо суръати тез аз бар намудани дониш, инкишофи нутк, такмили хисси дарки ходисахои атроф, оддитарин фаъолияти фикриро ба даст меоварад. Ба рох мондани инкишофи фикрии кудаки синни томактабй барои фаъолияти ояндаи у ахамияти калон дорад. Инкишофи фикрии кудак ба мухити гирду атроф вобастагй дорад. Дар раванди муошират бо гирду атроф кудак нутк ва мафхуми омузишро аз худ менамояд. Дар натича кудак дар синни томактабй ба дарачае нозукихои нуткро аз худ мекунад, ки у аллакай озодона муошират намуданро меомузад.

Олимони соха то ба имруз муаммохои сершумори инкишофи фикрй ва тасвириро тахди^ карданд, ки ин барои коркарди накшаву методхои муосири тарбия хамчун асосхои инкишофи тарбияи синни томактабй омузиши кобилияти аёнй-амалй, аёнй-образнокй ва маълумотнокй, тасаввуроти мантикии кудак, фахмидани асосхои кобилияти идрок, коркарди накша ва методи инкишофи тарбия дар давраи гуногуни томактабй замина мегузорад(1,38).

Дар мархилаи охирини синни томактабй пешниходи донишхои соддатарин, оид ба мухити атроф ба кудакон тавсия мешавад, ки онхо асосхои фикрониро муайян менамоянд, имкони муайян намудани аслй ва гайриаслии онро пайдо мекунанд. Инкишофи фикрии дуруст танхо дар вакти раванди фаъолият ба вучуд меояд, ки дар ин самт вазифаи педагогон аз он иборат аст, ки талаботхои мувофикро нисбати сохташ ва максадхои тарбиявиро ба кудакон равона намоянд(2,410).

Омузиши фаъол ба кудак барои ташаккули малакахои фаъолияти маърифатй, дарки хаёти атроф ва гирифтани ахборот барои инкишофи умумй равона карда мешавад. Ин раванд ба кудакон имконият медихад, ки дар равандиомузиши мустакилона, бо гуруххои начандон калон (4-5 нафар) ва бо тамоми кудакони гурух иштирок намояд. Кудакон намуди фаъолиятро бо хохиши худ интихоб намуда, омузгор онро дастгирй намуда, шароитро мухайё месозад. Омузиши фаъол ба кудак имконият медихад, ки ба олами атроф марок зохир намуда, роху усулхои фаъолиятеро интихоб намояд, ки ба максади гузошташуда комилан чавобгу бошанд. Кудакон бо истифодаи маводхо дар гушахои таълимй махорату малакаи фикррониашро ташаккул дода, мушохида, мукоиса, чудо намудан ва хулосабарориро дар мисоли ходисаю вокеахои атроф, алокаи байни ашёхо ва ходисахо меомузанд.

Мураббй-омузгор бояд ба он ноил шаванд, ки кудакон донишхои умумиро аз худ намуда, мустакилона фикр ва амал намуданро хамчун асоси тахкурсии минбаъдаи ташаккули дарки яклухти хаёти атроф мавриди истифода карор диханд (5,116).

Инкишоф додани фаъолияти фикронй аз калонсолон, махсусан мураббияи кудакистон донистани хусусиятхои фардию синнусолии кудаконро талаб менамояд ва бояд ба хисоб гирифт, ки рушди тафаккур дар натичаи ичрои амалхо муайян карда мешавад. Барои кудаки хурдсол мухим аст, ки бо кадом ашёхо чи тавр амал менамояд. Аз нигохи равоншиносй бо кудаки 1-3 сола амал кардан бо ашёхо фаъолияти пешбаранда буда, дар чараёни он инкишофи равонии у таъмин мегардад. Дар заминаи он шакли аввали тафаккур, яъне тафаккури аёнй-амалй ташаккул меёбад.

Бояд кайд кард, ки раванди шинос намудан бо боигарихои фархангй ва моддии мардуми кишвар, дарк намудани арзишхои маънавии онхо, зебоихои табиат аз кудакон махорату кобилияти махсуси фикрронй, шуурнокй, тахаюлоти бою рангинро талаб менамояд. Ичрои ин амал такя намудан ба хусусиятхои тафаккур, хаёл, хотира ва дигар равандхои равонию маърифатии кудаконро дар назар дорад.

А.М.Леушина дар китоби худ «Ташаккули оддитарин тасаввуроти математикй дар кудакони синни томактабй» чунин кайд намудааст, ки: «Махз дарк намудани зебой замина барои инкишофи мухокимаронй, кобилияти мушохидакорй, эчодкорй, маданият ва тафаккури интикодй мегардад, яъне тарбияи фикрй ин таъсиррасонй на танхо ба имкониятхои аклию зехнй, инчунин ташаккулдихии олами маънавй, хислати зебоипарастию зебоиофарй, ташаккулдихии кудак чун шахсияти фаъол ва эчодкор мебошад»(4,110).

Барои рушди манфиатовари тарбияи фикрии кудакон аз воситахои гуногун истифода бурда мешавад. Воситаи асосии тарбияи фикрй ин фаъолиятхои гуногуни кудакон аст, ки онхо дар

илми равоншиносии бачагона чун мафхуми «фаъолияти пешбаранда» эътироф карда шудааст. Дар хар як давраи инкишофи синнусолии кудак мазмун, вазифа ва хислати фаъолиятхо тагйир меёбад. Ин фаъолиятхо воситаи мухими рушди равандхои равонии кудак мегардад.

Аз нуктаи назари педагогикаи томактабй он фаъолиятхо воситаи тарбия ва инкишофи фикрии кудак шуда метавонад, ки онхо аз тарафи калонсолон бо максади таълиму тарбиявй дар асоси бахисобгирии имконияту хусусиятхои синнусолй ва фардии кудакон ташкил карда мешаванд.

Ташаккули шахсияти кудак ва инкишофи фикрии у дар раванди гуногуни фаъолият сурат мегирад. Кудакро аз рузхои аввали хаёташ одамоне ихота мекунанд, ки ба инкишофи у таъсир мерасонад ва бо у дар муносибати эмотсионалианд. Ашёхое, ки кудакро ихота менамояд, дорои хосият ва сифатхои гуногунанд. Тадкикотхо нишон доданд, ки тифл барои бо мухит шинос шудан ва объектхои даркшавандаро тахлил намудан имкониятхои басо зиёд дорад. Ин кудакро бо чузъиятхои доимо тагирёбандаи фаъолият мутобик месозад.

Дар инкишофи хаматарафаи шахсият инкишофи фикрй, аз худ намудани усулу воситахои фаъолияти фикрй, такмили кобилияти дарккунй бошуурона аз худ кардани донишхо, ташаккули майорат ва хангоми халли масъалахои нав аз он истифода кардан макоми мухим доранд. Таълимот дар бораи такмили мафхумхои гуногуни математикй диккати махсуси психологхо ва педагогхоро ба худ чалб намудааст.

Азбаски фаъолияти асосии кудак бозй аст, муаллифон бо усули бозй таълим додани кудаконро низ пешниход намуданд. «Кудак дар олами бозист, бозй машгулияти уст, кори уст. Ва мо як катор бозиро пешкаш менамоем, ки онхо хисоб намудан ва андеша карданро талаб мекунанд. Чунин мехисобем, ки кудак дар бозй хисобро хуб аз худ мекунад, бо ададхо ва амалхо хубтар шинос мешавад. Мо мехостем, ки кисми зиёди таълими математикаро бо худомузй ба машгулияту бозихои зинда табдил дихем» (6,74).

Дар чараёни гуногуни фаъолияти дарккунй тасаввуроти кудакон дар бораи олами атроф, аломату хосиятхои гуногуни олами ашё- ранг, шакл, бузургй, мавкеи ашёхо дар фазо, микдори онхо, инчунин муносибати одамон хеле барвакт ташаккул меёбад. Тадричан тачрибаи эхсоскунанда чамъ мешавад, ки он асоси ташаккули оддитарин тасаввуроти математикй ва мафхумхои ибтидоии он мебошад.

Инкишофи кудакони синни томактабиро педагогика хдмеша чун раванди ихтиёрй дида баромада, зарур будани барномаи чиддиро барои синну сол инкор мекард. Вале ин акидахо ба талаботи чамъият мухолиф буданд ва дар бисёр мамлакатхо дар тачриба ба таври васеъ санчидани пеш аз хама мазмуну мундаричаи маълумот огоз ёфт. Дар натичаи ин тачрибахо олимон якдилона ба хулосае омаданд, ки имкониятхои дарккунии кудакон, аз он чумла кудакони синни томактабй, назар ба чашмдошт хеле фарох аст.

Аз худ кардани донишхое, ки инсоният барои азнав сохтани тамоми функсияхои психикй мадад мерасонад, кудакро ба дарачаи нави инкишоф мебарад. Аз ин чо чунин натича мебарояд, ки таълим бояд аз инкишоф пеш гузарад. Дар чараёни таълим хдмеша кобилияти кадом корро ичро карда тавонистани худи кудак не, балки дар назар доштан зарур аст, ки у бо ёрй ва тахти рохбарии калонсолон кадом корро ичро карда метавонад.

Таълими кудакони синни томактабй на факат додани дониш, ташаккули малакаю махорат, балки инкишофи кобилияти фикрй ва шавки дарккунй (хохиши хондан, донистани чизхои нав ба нав), яъне инкишофи шахсияти кудакро дар назар дорад.

Асоси методикаи таълими донишхои математикиро принсипхои умумии дидактикии зерин ташкил медиханд: раванди таълими тарбиявй, принсипи илмй ва алокаи он бо хаёт, принсипи раванди таълим, принсипи мунтазамй, пайдархамй ва мустахкамии аз худ кардани донишхо, принсипи муомилаи шахсй, принсипи бошуурона ва фаъолона аз худ намудани донишхо аз тарафи кудакон.

Дар раванди таълим кудак дониши муайян мегирад. Вале таълим харгиз набояд додани донишхо аз майнаи сари одами калонсол ба майнаи сари кудак иборат бошад. Таълими тарбиявй умуман ба инкишофи шахсияти кудак нигаронида шудааст. Принсипи таълими тарбиявии оддитарин донишхои математикй пеш аз таносубхои микдорй, фазой ва замониро дарк намудани кудакон иборат аст. Олам дар назди кудакон дар робитаю муносибатхои нав хувайдо мешавад. Дидани чизи нав, гуё ашёхои хеле хуб шинос, муносибати нави кудакро нисбат ба он низ ташаккул медихад, шавки дарккунии онхоро пайдо мекунонад, шавку хаваси онхоро ба дониш инкишоф медихад(3,119).

Аввалан, дар машгулиятхо ба фаъолияти фикрии кудак ба таври гайрикифоя диккат дода мешавад. Таълим аксар вакт дар асоси факат таклидкунй ташкил карда мешавад. Албатта, ба кудакони хурдсол ёд додан даркор аст, ки амалхои оддитаринро бо мачмуъхо донанд, шумораи

элементной онхоро мукоиса карда тавонанд, амалхои хисобро донанд, амалхои арифметикиро ба чо оварда тавонанд, усулхои дарк намудани хосиятхои шаклхои геометрй, чен кардани бузургихоро донанд. Усулхои маълуми амалхоро аз худ накарда, фикри кудаконро фаъол кунондан мумкин нест. Дар вакти омухтани маводи нав хам дастури мураббия, хам нишон додани он даркор аст. Вале баробари аз худ кардани усулхои гуногунба онхо имконият додан даркор, ки мустакил фикр ва амал кунанд. Масалан, кудакони сесола дар асоси дастури дахонии мураббия амал карда метавонанд. Ин тасаввуроти кудаконро дар бораи усулхои гуногун, ки онхо пештар хосил кардаанд, инкишоф медихад.

Вазифаи ба кудакон таълим додани аввалин донишхо ва малакахои математикй аз он иборат аст, ки чихатхои асосии онхоро чудо карда тавонанд, ки кобилияти кудаконро ба мустакилона дарёфтани алокамандии донишхо ва малакахо ба таври умумй инкишоф диханд. Барои ошкор намудани хусусиятхои асосии ашёхо ва ходисахо, барои онхоро дар вобастагихои гуногуни байниякдигарй нишон додан ба кудакон конуниятхои умумиро маънидод кардан зарур аст.

Таълим дар богчаи кудакон бояд на факат дониш, балки тавоноии фикрй, механизмхои фаъолияти фикрии онхоро низ инкишоф дихад. Махз хамин принсипхо «Барномаи тарбия дар богчаи кудакон»-ро ташкил додаанд. Барои хамин мураббй бояд бо як катор мафхуми оддитарини математикй шинос шавад, нуктахои асосии математикиро донад, бо таърихи пайдоиши ададва хисоб, системаи хисоб ва гайра ошно бошад. Барои донистани душворй ва дарёфтани усулхои бартараф кардани он, хусусиятхои психологии инкишофи тасаввуроти математики кудаконро донистани мураббй зарур аст.

Гурухи тайёрй дар богчаи кудакон мавкеи махсусро ишгол мекунад. Вазифаи педагог, аз як тараф, ба низом даровардани донишхои андухтаи кудакон ва дар натичаи тамоми кори таълиму тарбиявии гузашта омухтани дарачаи умумии инкишофи онхо, аз тарафи дигар, аз чихати равонй тайёр кардани кудакон ба мактаб, ки дигаргун сохтани шахсияти кудакро такозо мекунад, иборат мебошад. Дар ин давра дар шуур ва рафтори кудакон бояд раванди гузариш ба фахмидани хисси чавобгирии мактаббачаи оянда ба тахсили худ, ба рафтори худ содир шавад. Дар богча кудак бисёр донишхои тачрибавй андухтааст, баробари ба мактаб гузаштанаш дар пеши назари у донишхои илмй тадричан амиктар зохир мешаванд ва ин такозо мекунад, ки у мафхумхои абстрактиро низ истифода барад (3,102).

Тахлилу омузишхо собит намуданд, ки тайи дахсолаи охир бо вучуди рушди бемайлони сохаи технологияи инноватсионй рушди тафаккури мантикй ва дарачаи фикрронии насли наврас коста шудааст. Дар мархилаи муосир дар назди олимону методистони соха, чихати коркарди роху усулхои наву замонавии инкишофи фикрронй ва чахонбинии илмии хурдсолон, вазифахои мушаххас ва аввалиндарача меистад, ки халлу фасли он зарурияти чамъиятй ва сохавиро талаб менамояд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Ерофеева,Т.И.Математика для дошкольников/Т.И.Ерофеева, Л.Н.Павлова, В.П.Новикова-М.: Просвещение, 1987. - 255с.

2. Козлова, С.А. Дошкольная педагогика. Учеб.пособие для студ. сред, пед. учеб. заведений. - 2-е изд., перераб. и доп. / С.А.Козлова, Т.А.Куликова М.: Академия, 2001.- 416 с.

3. Логинова, В.И. Дошкольная педагогика: в 2-х частях В.И.Логинова, Б.Саморукова- М.: Просвещение, 1988. -270 с.- 1ч.

4. Леушина, А. М. Ташаккули оддитарин тасаввуроти математикй дар кудакони синни томактабй / А.М.Леушина- Душанбе, Маориф, 1980. - 255 с.

5. Мачидова, Б. Педагогикаи томактабй / Б.Мачидова- Душанбе, Ирфон, 2011. -223 с.

6. Рахмонова Д.З., Эчодкории мураббй дар ташкили фаъолияти бозиву мехнати кудакони синни томактабй /Д.З.Рахмонова, С.Х.Элмуродова, М. Абдусамадова.- Хучанд: Меъроч, 2015.- 112 с.

7. Сабуров, Х.М. Развитие формирование и воспитание личности/Х.М.Сабуров//Вестник педагогического университета. - 2013.-4(53). -С.161-164

REFERENCES:

1. Erofeeva, T.I.Mathematics for nursery school/ T.I Erofeeva, L.N. Pavlova, V.P. Novikova. - M.: Prosvishenie, 1987 -255 p.

2. Kozlova, S.A.Nursery Pedagogy. Education Guidance for Pedagogical Institute students- second edition/ S.A.Kozlova, T.A. Kulikova. - M.: Akademia 2001- 416p.

3. Loginova, I.V. Pre School Pedagogy// Book consists of two parts. Part 1. /V.I. Loginova, P.G.Somorukova - M: Prosveshenie. 1988-270 p.- 1

4. Leushina, A.M. The development of Maths simplest concepts for preschool children/ A.M. Leushina - Dushanbe, Maorif, 1980- 255 р.

5. Majidova, B. Preschool Pedagogy/B.Majidova- Dushanbe, Irfon, 2011- 223 р.

6. Rahmonova, D.Z.The creativeness of the preschool teacher for organizing activities for children/ D.Rahmonova, S.K.Elmurodova, M. Abdusamsdova.- Khujand Me'roj, 2015-112 р.

7. Saburov, Kh.M. Development, formation and education of personality/Kh.M.Saburov //Messenger of pedagogical University. Dushanbe -2013.-4(53). - P.161-164

Баъзе омил^ои педагоги-психологии инкишофи фикрии кудакони синни томактабй

Вожа^ои калиди: инкишофи фикрй, тарбияи фикрй, тасаввуроти математикй, фаъолият, тафаккур, шахсият, мафуум, таълим, малака

Дар мацола баъзе омилуои педагогй-психологии инкишофи фикрии кудакони синни томактабй, ки дар маруилаи имруза яке аз муаммоуои асосии олимони соуа, методистони варзида ва кормандони муассисауои томактабй ба уисоб меравад, мавриди таулил царор гирифтааст. Муаллиф бо истифода аз пешниуодуои асосноки илмии олимони варзидаи соуаи педагогикаи томактабй ва уамчунин тадцицотуои гузаронидааш дар муассисауои томактабй, бо роуу воситауои гуногун инкишоф додани цобилияти фикрронии хурдсолонро таулил намудааст.

Хамчунин дар мацола баъзе омилуое, ки ба инкишофи фикрии хурдсолони синни томактабй таъсири бевосита мегузоранд, ба монанди, шахсияти мураббия, мууити коллективи гуруу, мууити оила, бозй ва намудуои гуногуни он, тарзи дуруст ташкил намудани рецаи руз аз нигоуи илмй асоснок карда шудааст.

Таъсири машгулиятуои таълимие, ки мувофици синну сол дар муассисауои томактабй ба амал бароварда мешавад, дар мацола мавцеи муайянро ишгол менамояд. Муаллифи мацола ташкили дурусти цараёни таълим ва таъсири бевоситаи донишуои пешниуодшаванда ба цауонбинии илмии хурдсолонро таулил намудааст.

Ба ацидаи муаллиф, дуруст ба роу мондани методикаи таълим дар заминаи нишондодуои принсипуои дидактикй омили асосии рушди зеунй ва цауонбинии илмии хурдсолон мегардад.

Некоторые педагого - психологические факторы умственного развития детей дошкольного возраста

Ключевые слова: умственное развитие, умственное воспитание, представление о математике, деятельность, личность, представление, обучение, навыки

В статье рассматриваются некоторые психолого-педагогические аспекты развития мышления у детей дошкольного возраста, которые в настоящее время ведущими учеными, известными методистами и работниками дошкольных учреждений считаются одним из основных проблем в сфере педагогики. Используя научно обоснованные предложения ведущих ученых в области дошкольный педагогики, а также результаты своего исследования, проведенное в дошкольных учреждениях, автор анализирует различные методы и способы развития мыслительной способности детей дошкольного возраста.

В статье автором дается научное обоснование ряда факторов, непосредственно влияющих на мыслительное развитие маленьких детей, таких как: личность воспитателя, коллективная атмосфера группы, семейная атмосфера, игры, правильное построение режима дня и т.д.

Ключевое место в данном исследовании занимает анализ учебных занятий на примере занятий по математике, проводимых в дошкольных учреждениях с учетом возраста воспитуемых. Автор статьи рассматривает правильное построение учебного процесса и непосредственное влияние предлагаемых знаний на научное мировоззрение детей дошкольного возраста. По мнению автора, правильная постановка методики обучения с учетом указаний дидактических принципов может стать решающим фактором развития мышления и научного мировоззрения маленьких детей.

Some pedagogical-psychological factors of pre-school children mental development

Key words: mental development, mental upbringing, concept about mathematics, activity, intellection, concept, education, skills

The article studies some pedagogical and psychological factors of thinking development of pre-schooling children which are one of the primary issues of the scholars of this field, experienced methodists and employees of pre-schooling institutions.

Using the factual recommendations of the skilled scholars of the field of pre-schooling pedagogy as well as own researches carried out in pre-schooling institutions, the author analyzes how to develop the thinking ability of young children by different ways and means.

As well, the paper scientifically supports some aspects which directly impact on thinking development of young children of pre-schooling ages like the personality of tutor, collective environment of the group, family environment, games and their different types, an accurate way of creating a day plan. The impact of educational lessons which are held in pre-schooling institutions based on ages in the example of mathematics are the primary focus of the paper.

The paper analyzes the effective organization of teaching process and the direct impact of presented knowledge on the scientific outlook of young children. The author recommends that an effective application teaching methodic based on instructions of principles of didactics will be the primary factor of intellectual development and scientific knowledge of young children.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Рацабова Зу^ро Баротовна, муаллимаи кафедраи педагогикаи ицтимой ва касбии Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Бобоцон Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш.Хуцанд), E-mail:rachabova85@inbox. ru

Сведения об авторе:

Раджабова Зухра Баротовна, преподаватель кафедры социальной и профессиональной

педагогики Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд), E-mail: rachabova85@inbox.ru

Information about the autor:

Rajabova Zukhra Barotovna, lecturer at the department of Social and Professional Pedagogy, Khujand State University named after B.Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: rachabova85@inbox.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.