Научная статья на тему 'ХУСУСИЯТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОННИ – ИНВЕСТИТСИОНӢ ДАР КИШОВАРЗИИ ОБЁРИШАВАНДА'

ХУСУСИЯТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОННИ – ИНВЕСТИТСИОНӢ ДАР КИШОВАРЗИИ ОБЁРИШАВАНДА Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
60
4
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
инновации / инвестиции / земледелие / орошаемое / природные ресурсы / инновационные технологии / орошаемое земледелие / экологическое пространство.

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Баротзода Шарифхон Маҳмадхон, Бақоев Шодмонҷон Сулаймонҷонович, Холов Тоҷиддин Азизуллоевич

Авторы в своей статье проанализировали особенности инновационноинвестиционной деятельности в орошаемом земледелии. Они отметили, что эффективность использования природных ресурсов, инвестиции, внедрение инновационных технологий, развитие человеческого потенциала и институциональные реформы, а также улучшение экологического пространства согласовываются и улучшают текущие и будущие возможности для удовлетворения потребностей и чаяний человечества. Ключевые слова: инновации, инвестиции, земледелие, орошаемое, природные ресурсы, инновационные технологии, орошаемое земледелие, экологическое пространство.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ХУСУСИЯТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОННИ – ИНВЕСТИТСИОНӢ ДАР КИШОВАРЗИИ ОБЁРИШАВАНДА»

ХУСУСИЯТ^ОИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОННИ - ИНВЕСТИТСИОНЙ ДАР

КИШОВАРЗИИ ОБЁРИШАВАНДА

БАРОТЗОДА ШАРИФХОН МА^МАДХОН

номзади илмх,ои иктисодй, дотсенти кафедраи назарияи иктисодй ва фанх,ои гуманитарии Филиали Донишгохи байналмилалии сайёхй ва сох,ибкории Точикистон дар вилояти Хатлон.

БАЦОЕВ ШОДМОН^ОН СУЛАЙМОН^ОНОВИЧ

номзади илмх,ои иктисодй, дотсенти кафедраи тах,лили иктисодй ва аудити Донишгохи

давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

ХОЛОВ ТОЧИДДИН АЗИЗУЛЛОЕВИЧ

номзади илмх,ои иктисодй, мудири кафедраи андоз ва андозбандии Донишгох,и давлатии

Бохтар ба номи Носири Хусрав

Аннотация Авторы в своей статье проанализировали особенности инновационно-инвестиционной деятельности в орошаемом земледелии. Они отметили, что эффективность использования природных ресурсов, инвестиции, внедрение инновационных технологий, развитие человеческого потенциала и институциональные реформы, а также улучшение экологического пространства согласовываются и улучшают текущие и будущие возможности для удовлетворения потребностей и чаяний человечества.

Ключевые слова: инновации, инвестиции, земледелие, орошаемое, природные ресурсы, инновационные технологии, орошаемое земледелие, экологическое пространство.

Дар Стратегиям миллим рушди Чумхурии Точикистон дар давраи то соли 2030 кайд шудааст, ки вазифаи минбаъда дар сохаи истехсолоти кишоварзии мамлакат «...васеъ намудани сахми КАС дар таъмини мавчудият ва кофй будани маводи озукаворй, сифат ва бехатарии онхо дар асоси гузариш ба сатхи баланди саноатикунонй ва рушди устувори бахши кишоварзй дар асоси татбик намудани технологияхои бехатари инноватсионй ва экологй» иборат мебошад. Халли ин мушкилотро та;вият додани фаъолияти сармоягузории корхонахои кишоварзй, бо дарназардошти истифодаи самарабахши рушди неруи иктисодй ва пеш аз хама, сармоягузорихо мебошад. Сармоягузорй, хамчун шарти асосии таъмини рушди иктисодй, тахаввулоти умумии корхонахои кишоварзй ва параметрхои асосии раванди тачдиди такрористехсолро муайян месозад. Ин масъала, ахдмияти методологии тахкикоти бунёдй, сабабхои сатхи пасти инкишоф ва истифодаи сармоягузориро, амалй мекунад.

Дар айни замон корхонахои кишоварзии чумхурй дар холати гайриустувори инкишоф карор дошта, теъдоди хочагихои зараровар зиёд ва дар мачмуъ бухрони иктисодиро аз сар гузаронида истодаанд. Илова бар ин дар адабиёти иктисодии ватанй аксаран кайд мешавад, ки барои баромадан аз ин холат шароите барои фаъолгардонии фаъолияти сармоягузории корхонахои кишоварзй ташкил намудан зарур аст. Яке аз сабабхои сатхи пасти фаъолияти сармоягузорй, ба андешаи мо, ба таври кофй омухта нашудани сармоягузорй дар фаъолияти инноватсионии корхонахои кишоварзй мебошад.

Имкониятхои сармоягузоронро аз сармоягузорй вобаста ба норасоии фазои мусоиди сармоягузорй дар бахши истехсолоти кишоварзй ва бахусус, мавчуд будани инноватсияи мушаххас дар ин соха худдорй менамоянд. Дар чунин шароитхо асосноккунии илмии кабули карорхои сармоягузорй ва самаранокии татбики лоихахои сармоягузорй, инчунин тахлили холати инноватсионй ва чустучуйи усул ва роххои бехтарнамоии онро дар сохаи кишоварзии обёришаванда талаб менамояд [5,с.3].

Зеро афзоиши хиссаи бахши гайридавлатй дар хачми умумии сармоягузорихои асосй рушди раванди мусбат дар талаботи и;тисоди бозаргонй мебошад, ки аз тагйироти сифатии и;тисодиёти чумхурй, ташаккул додани рафтори бозаргонии субъектхои и;тисодиёт (тавозуни бахши хусусй) ва ахолй иборат аст. Бояд таъкид кард, ки на;ши

давлат, сармоягузорихои давлатй дар ташаккул ва рушди системаи нави инноватсионии чумхурй бояд халкунанда бошад.

Дар навбати худ, таъкид кардан зарур аст, ки мохияти сармоягузорй аз сармоягузорихои молиявй васеъ мебошад. Ба андешаи мо, сармоягузории иктисодй дорои чунин хусусиятхо мебошад:

Якум, сармоягузорй категорияи васеи иктисодй мебошад ва аз сармоягузорихои дарозмуддат дар иктисодиёт (дороихои истехсолй),фарк мекунад, зеро онхо метавонанд дар шаклхои мухталиф чорй карда шаванд: вокей, молиявй, интеллектуалй ва инноватсионй.

Дуввум, гайр аз сармояхои капиталй, сармоягузорй танхо дар лоихахои самаранок ба даст оварда шудаанд, ки натичаи он фоида, даромад, дивидендхост.

Лугати муосири иктисодй чунин шархи сармоягузориро нишон медихад [3]: сармоягузорй - ин сармоягузорихои дарозмухлати сармояи давлатй ва хусусй дар дохил ва хоричи кишвар бо максади ба даст овардани даромад дар корхонахои сохахои гуногун, лоихахои сохибкорй, барномахои ичтимоию иктисодй, лоихахои инноватсионй мебошад. Бочаров В.В. фаъолияти сармоягузориро хамчун мачмуи чорахои амалии шахсони хукукй, давлат ва шахрвандон оид ба дар амал татбик гардидани сармоягузорихо маънидод менамояд[6,с.8]. Дар ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сармоягузорй» чунин мафхуми асосй истифода бурда мешавад: «сармоягузорй - аз чониби сармоягузор дар шакли дороихои моддй ва гайримоддй гузоштани сармоя дар худуди Чумхурии Точикистон бо максади гирифтани фоида» оварда шудааст[2,]. Агар ин таърифро ба таври васеъ тасаввур кардан мумкин бошад, пас ба сармоягузорй дохил карда мешавад: молу мулки манкул ва гайриманкул, хукуки молу мулк, хукуки нигохдорй ва дигархо, ба истиснои моли воридшаванда ва барои фуруш бидуни коркард пешбинишуда, сахмхо ва шаклхои дигари иштирок дар ташкилотхои тичоратй, вомхо ва ухдадорихои дигари карз, даъвохои пул, мол, хизматрасонй ва хама гуна дигар амалхои вобаста ба шартномахои марбут ба сармоягузорй, хукук ба моликияти зехнй, аз чумла хукуки муаллифй, патентхо, тамгахои, намунахои саноатй, равандхои технологй, ноу-хау, техникй, меъморй, лоихакашй ва хуччатхои лоихаи техникй, хама гуна хукук дар асоси ичозатнома ё дар шакли дигар, ки аз чониби макомоти давлатй ичозат дода мешаванд. Бо вучуди ин, дар системаи хисобхои миллй, омори сармоягузорихо (сармояхои асосй) асосан танхо харочоти моддй (барои мошинхо, бинохо) дар бар гирифта шудааст, вале сармоягузорихои мухим аз кабили «дониш», «хирадмандй», тахкикоти илмй, тахсилот ва гайра ба инобат гирифта нашудааст. Чунин равише, ки дар он танхо чузъхои бевоситаи моддй ба сармоягузорй дохил карда шудаанд, имкон намедихад, ки хачми вокеии сармоягузорихо дуруст муайян карда шавад. Х,амин тарик, дар доираи сармоягузорй хамон захирахои иктисодие, ки ба баланд бардоштани сармояи вокеии чомеа нигаронида шуда, ба тачдиди тачхизоти истехсолот равона карда шудаанд, фахмида мешавад. Ин метавонад боиси ба даст овардани автомобилхои нав, бинохо, мошинхо, инчунин сохтмони роххо, пулхо ва дигар иншооти мухандисй гардад. Ин бояд харочотхои тахсил, тахкикоти илмй, омода намудани мутахассисонро низ дар бар гирад. Харочоти сармоягузорй дар «сармояи инсонй», ки дар мархилаи кунунии рушди иктисодй афзоиш ёфта ва натичаи фаъолияти инсонй мебошад. Бинохо, иншоотхо, мошинхо, тачхизот ва мухимтар аз хама, омили асосии рушди иктисодии муосир махсули зехнй мебошад, ки мавкеи иктисодии кишварро дар сатхи чахонишавии давлат пешгуй мекунад.

Агар дар сохтори лоихахои сармоягузорй унсурхои моликияти зехнй, идеяхои инноватсионй вучуд дошта бошанд, пас ин лоиха бояд хамчун инноватсия ба хисоб гирифта шавад. Хадафи лоиха бояд самаранокии имконпазир ва имконпазирии лоихаи сармоягузориро инъикос намояд [1,с.38].

Масъалаи баланд бардоштани махсулнокии заминхои кишти обёришаванда, бошад саривакт гузаронидани усулхои мелиоративй, тачдиди ва азнавсозии системахои обёрикунанда, рушди пешрафти илмй-техникй бо истифодаи васеи инноватсияхо, истифодаи роххои обдихй бо технологияи баланд, ратсионализатсияи (такмили) иктидори мелиоративию обёрй, гузаронидани тадбирхои мелиоративии бехтаргардонии мухит ва гайра ахамияти калон доранд, ки метавонад яке аз самтхои афзалиятноки чолибияти сармоягузорй дар сохаи обёрй гардад.

Самаранокии истифодаи захирахои табий, сармоягузорй, чорисозии технологияи инноватсионй, рушди неруи инсонй ва ислохоти институтсионалию бехдошти фазои экологй бо хам мутобик гардонида шудаанд ва иктидорхои имруза ва ояндаро барои таъмини талабот ва саъю кушиши инсоният бехтар мегардонанд [4,с.162].

Кобили кайд аст, ки идоракунии бобарори ташкилотхои сохаи кишоварзии обёришаванда рохбари дуруст ва кабули саривактии карорхои идоракуниро таъмин мекунад. Аммо холо норасоии рахбарону мутахассисонии босаводу пешкадам, дар аксари корхонахои кишоварзии обёришаванда бошад кадрхои сусти идоракунй, ки аз технологияхои муосири иттилоотй, технологияхои инноватсионии истехсолоту идоракунй истифода намебаранд, мушохида мегардад [7,с.111]. Ин зарурат ба миён мегузорад, ки навоварй дар кишоварзии обй дар раванди муттасили таксимоти онхо хамчун чузъи таркибии раванди навоварй, ки идомаи мархалаи тадкикот мебошад, баррасй карда шавад. Натичаи татбики хар як мархила ва мархилахои раванди инноватсионй дар шароити бозор бояд махсулоти илмй ва инноватсионй бошад.

Навоварихо дар сохаи кишоварзии обй, ки аз руи хусусияти татбик гурухбандй шудаанд, бояд ба талаботи дар чадвали 1 овардашуда чавобгу бошанд.

Чддвали 1.-Тасниф ва талаботи навоварихо дар сох;аи кишоварзии обёришаванда

[9,с.88].

Намуд Талабот

Истехсолй мувофики нишондодхои техникй, таъмини сари вакт ва хушсифат ба амал баровардани амалиёти технологии парвариши зироатхо дар заминхои обй.

сатхи баланд ва бехатарии мехнат

сарфаи захирахо - таъмини камшавии арзиши захирахои табий ва моддй ба як вохиди махсулот

татбики шаклхои оптималии идоракунй ва идоракунии захирахои обу замин дар минтакахои ирригатсионй, ки ба шароити иктисодй, экологй, ичтимой ва бозор мувофикат мекунанд

Ташкили ю иктисодй такмил додани заминаи меъёрию хукукии пешбурди фаъолияти хочагидорй дар заминхои обй.

Маркетин г такмил додани усулхои мавчуда ва кор карда баромадани усулхои нави фурухтани махсулоти кишоварзй обёришаванда

Экологй такмили заминаи меъёрию хукуки дар сохаи истифодаи захирахои табии ва хифзи мухити зист хангоми кишоварзи обёришаванда

тахияи тадбирхои техникй ва ташкилй оид ба кам кардани таъсири манфй ба мухити зист дар раванди тичорат дар заминхои обй

Ичтимой баланд бардоштани дарачаи зиндагй ва таъминоти ичтимоии ахолй

Тахияи муаллиф

Аз чадвали 1. мушохида мегардад, ки чузъхои мухими навоварихои ташкилию иктисодиро тахияи усулхои дакиктари банакшагирй ва пешгуии истехсолот, асоснок кардани меъёрхои объективии баходихии мавкеи бозории корхонахо, таъмини афзалиятхои маркетингй ва такмил додани ташкили равандхои истехсолот ташкил медихад[8,с.198]. Ба андешаи мо, имруз ба максад мувофик аст, ки навоварихои ташкилию идоракунй дар сохахои кишоварзии обй ва хочагии об барои баркарор

намудани якпорчагии технологии системахои обёрй тавассути тахия ва санадхои меъёриву хуцуцй ва методологии муттахидсозии заминхои минтацаи обёрй, гузаштан ба принсипи хавзаи идоракунии тацсимоти об ва бо об таъмин кардани обёрй дар шароити системахои мураккаби хочагии об на танхо дар минтацаи ташаккули режими гидрологии дарёхо, балки дар минтацаи истифодабарии каналхои калони магистрали, такмили методологияи муайян намудани арзиши хизмати ташкилотхои хочагии об оид ба таъмини об барои эхтиёчоти обёрй, такмил додани заминаи цонунгузорй ва меъёрии истифодаи замин ва об дар минтацаи ирригатсионй равона карда шаванд.

РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

1. Бацоев Ш.С. такмилдихии механизмхои тахия ва татбици лоихахои сармоягузории минтацавй / диссертатсия барои дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои ицтисодй. Бохтар - 2020 . - С.38

2. Крнуни Ч,Т дар бораи «Сармоягузорй». - Душанбе аз 10 феврали соли 2016. - № 357.

3. Инвестиции // Современный экономический словарь

4. Мирсаидов М.Н., Сафаров А. / Тахаввулоти назарияхо ва ташаккули консепсияи рушди устувор / С.162

5. Саидмуродов Ш.М. Такмили методхои паст намудани хавфу хатархои сармоягузорй дар корхонахои истехсолй./ диссертатсия барои дарёфти дарачаи илмй.-Душанбе -2018.-С.3..

6. Садриддинов Н.Т., Шодиев И.М //Монография // Сармоягузорихои хоричй, зарурат ва дурнамои он дар Ч,Т. - Душанбе, 2016. - С. 8.

7. Саидмуродов Ш.М. Ахамияти чалби сармояи мустацими хоричи ба ицтисоди миллй / Ш.М.Саидмуродов, Б.Наимов, Ш. Тошпулотов, Р. Кодиров // Паёми Донишгохи давлатии Кургонтеппа ба номи Носири Хусрав. - Кургонтеппа, 2016.- №1/1(35) - .С. 111.

8. Саидмуродов Ш.М. Хусусиятхои хавфу хатархои сармоягузорй дар корхонахои кишоварзй / Ш.М. Саидмуродов // Маркази тадцицоти стратегии назди Президенти Чумхурии Точикистон. Точикистон вачахони имруз.-Душанбе, 2019. - №1(64) - С.198.

9. Холов Т.А. Нацши сармоягузорй дар рушди кишоварзии обёришавандаи минтаца / диссертатсия барои дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои ицтисодй / Бохтар - 2022. -С.88

10. Холов Т.А., Баротзода Ш.М. / Консепсияи идоракунии хавфу хатархои сармоягузорй дар корхонахои кишоварзй / Паёми ДДБ ба номи Н.Хусрав (мачалаи илмй) силсила илмхои гуманитарй ва ицтисодй №1/4 (80).Бохтар 2020, С.204.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.