Научная статья на тему 'ФОРМИРОВАНИЕ И РАЗВИТИЕ ЛИТЕРАТУРНЫХ ЖАНРОВ В ТАДЖИКСКОЙ СОВРЕМЕННОЙ ПРОЗЕ В ПЕРИОД НЕЗАВИСИМОСТИ (НА ТАДЖ.)'

ФОРМИРОВАНИЕ И РАЗВИТИЕ ЛИТЕРАТУРНЫХ ЖАНРОВ В ТАДЖИКСКОЙ СОВРЕМЕННОЙ ПРОЗЕ В ПЕРИОД НЕЗАВИСИМОСТИ (НА ТАДЖ.) Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
58
184
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЖАНР / ПРОЗА / НЕЗАВИСИМОСТЬ / ПИСАТЕЛЬ / ЛИТЕРАТУРА / РОМАН / НОВЕЛЛА / РАССКАЗ / ОЧЕРК

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Рахмонов Абдуджаббор Азизович

Таджикская литература, особенно литературная проза, имеет высокий темп развития в период государственной независимости Таджикистана. Литературные произведения, написанные в данный период, реалистично отражает реалии жизни таджикского общества. Представители литературной прозы периода независимости особенно обращали внимание на социальные и этические проблемы как государственной целостности, национального единства, ценностью государственного суверенитета, уважение национальных достояний и человеческие отношения. В годы независимости множество произведений были написаны в жанре очерка, новеллы, романа и рассказов.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ФОРМИРОВАНИЕ И РАЗВИТИЕ ЛИТЕРАТУРНЫХ ЖАНРОВ В ТАДЖИКСКОЙ СОВРЕМЕННОЙ ПРОЗЕ В ПЕРИОД НЕЗАВИСИМОСТИ (НА ТАДЖ.)»

ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОНИКИ, РУСИ ВА АНГЛИСИ (ТАДЖИКСКИЙ, РУССКИЙ, АНГЛИЙСКИЙ ЯЗЫКИ И ЛИТЕРАТУРА)

ТАШАККУЛ ВА ТА^АВВУЛИ ЖАНРДОИ АДАБИ ДАР НАСРИ МУОСИРИ ТОЧ,ИКИИ

ДАВРОНИ ИСТЩЛОЛИЯТ

Абдуцаббор Ра^монов

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айни

Адабиёти точик, бахусус насри он дар даврони Истиклолияти давлатй боз дам бештар ру ба ташаккул овард. Дар ин давра ба руйдоддои мудимми сиёсй ва мушкилоти ичтимой нигод накарда, дар насри бадей бо сайъи адибоне чун Сорбон, Мудиддин Хочаев, Саттор Турсун, Урун Кудзод, Шодон Х,аниф, Абдулдамид Смадов, Кароматулло Мирзоев, Сайф Радимзоди Афардй, Бароталй Абдурадмонов, Ч,онибек Акобиров, Равшани Ёрмудаммад, Мудамадсоледи Замон, Бадманёр, Кодири Рустам, Атто Хамдам, Мудиб бурбон, Аброри Зодир, Сипедри Х,асанзод, Садриддини Хдсанзод ва дигарон асардои таълиф шуданд, ки вокеияти зиндагиро боз дам реалистона тачассум гардониданд. Ондо дар ин офаридадои худ масъаладои умдатарини маънавию ичтимой: якпорчагии кишвар, ваддати миллй, арзиши истиклолияти давлатй, эдтироми суннатдои миллй ва муносибати одаму одамгариро асоси эчодиёташон карор доданд. Х,амин чидати масъала боис шуд, ки дар ин давра дар жанрдои адабии насри бадеии точик як катор тадаввулот ба амал омад ва ва диди адибон ба тасвири симои инсон боз дам амиктар рафт.

Дар даврони Истиклолият жанрдои очерк, очерки бадей, дикоя, новелла, кисса, киссадои ёддоштй, киссадои дуччатй, роман, роман новелла ва романдои таърихй бештар ташакккул ёфтанд. Ин жанрдои адабй гарчанде дар даврони Шуравй дар адабиёти точик макоми хос дошта бошанд дам, дар замони Истиклолият ондо бештар корбарй шуда, аз чидати сохтмони бадей, архитектоника, банду басти сужет, накли вокеа, амали ровй, истифодаи сабки баён ва гайрадо ба тадаввулот ру ба ру шуданд. Як кисми ин жанрдо аз чидати тасвири образдо ба куллй тафовут пайдо намуда бошанд, баъзеашон бо тарзи масъалагузорй ва далли бадеии он аз асардои пешин фарк макардагй шуданд ва дар ондо ифодаи максад боз дам мушаххас гадида, низоми гунчоиши вокеаву руйдоддо тагйир ёфтанд.

Дар ин давра адибони точик вобаста ба мавзуъ ва мудиммияти он барои чомеа жанрдоеро интихоб менамуданд, ки ба завки хонанда бештар мувофик буд. Ин тарзи муносибат барои боз дам хубтар тачассум ёфтани тасвири вокеадо имкон фародам овард. Дар ин самт чустучудои адибони пуртачриба Сатор Турсун, Урун Кудзод, Сорбон, Мудиддин Хочаев, Абдулдамид Самадов, Кароматулло Мирзов назаррас мебошад. Ин адибон тачрибае, ки дар офаридани асардои гуногундачм ва гуногунжанр дар давраи пеш аз Истиклолият пайдо карда буданд, онро мукаммал карда, ба комёбидои бештар ноил гардиданд. Доир ба ин масъала адабиётшинос Атахон Сайфуллоев менависад: «Истиклолияти давлатии Точикистон ва фаро расидани озодии сухан шароит фародам оварданд, ки нависандагон дару дарвозаи мавзуъдои мамнуъро боз кунанд ва асардои аз чидати шаклу мазмун хело зебою волоро ба майдон гузоранд».1

Ин мушодидаи адабиётшинос дар вокеъ, кобили кабул буда, боиси дастгирй мебошад. Истиклолияти давлатй барои адибон озодии бештар дод, даричаи эчоди ондоро ба масъаладое, ки имкони дахолат кардан надоштанд, боз кард ва барои васеъ фаъолият карданашон шароити хубтар фародам овард. Таъкиди мунаккид доир ба он, ки аз чидати «шаклу мазмун» асардои адибон бедтар шуданд, низ дастгирй меходад. Зеро мадз дамин содибистиклолй имкон дод, ки нависандагон боз дам ба масъулияти баланд ба таълифи асардои гуногунжанр даст зананд ва дар офаридани мавзуъдои нав ва жанрдои нав ба дастоварддо ноил шаванд.

Дар ин давра, махсусан, жанри дикоя ташакул ёфт ва аксари адибони точик дикоядои нав таълиф карданд. Сабаби ба дикоя бештар майл кардани адибон аз он иборат буд, ки дар ин жанри хурди бадей мавзуъдои рузмарра осонтар чой мегирифт ва максад возед ва дадафманд ифода меёфт. Хусусан, масъалаи муносибати байнидамдигарии одамон, тадаммулпазирй, ваддати миллй, эдтироми якдигарй ва инсондустй асоси гояи дикоядои индавраинаро ташкил намуд. Вобаста ба ин навъи масъалагузорй тарзи тасвир ва сохтмони сужети дикоя аз шакли анъанавй каме тафовут пайдо кард. Акнун баробари ровии накл дар дикоядо персонаждои мушодидакоре арзи дастй намуданд, ки пасту баланди рузгор, хислатдои неку бади одамонро

Сайфуллоев Атахон. Ч,ону чадони наср.- Душанбе: Ирфон, 2007.- сад. 63.

мушохида карда, дар монологхои яковоза ва дуовозаи худ ба симои шахс ва атрофиёни у бахо медоданд. Ин навъи тасвири симои марказии хикоя албатта ба таркиби жанр низ таъсир расонид ва барои кушодани олами ботинии кахрамони хикоя рох кушод. Вокеахои зиёдатй дар хикоя кам гардид ва таваччух дар атрофии як руйдоди мухим, ки сабаби харакати сужет ва кушодани сачия мешавад, дар хикоя чойи мухимро ишгол намуд.

Дар жанри хикоя инчунин тасвири замон нихоят мухим аст ва аксаран замони амалиётхо дар хикоя нихоят махдуд мебошад, худи амал хам кутох аст. Одатан дар хикоя танхо як ходиса ё вокеа накл мешавад ва агар адиб зарур шуморад, ягон руйдоди дигарро низ хамрох мекунад, вале он аз вокеаи асосй канда нест. Макон низ дар хикоя махдуд аст. Он ба фаъолияти персонаж сахт алокамандй дорад. Дар хикоя кахрамони асосй амал мекунад ва дигар персонажхои дигар фаъолияти уро мукаммал месозанд. Нишонаи марказй дар хикоя чой карда тавонистани вокеа ба шумор меравад. Ин махдудият нависандаро мачбур менамояд, ки бо масъулият банду басти хикояро ба накша гирад ва конунмандии таркибии жанрро чиддй риоя намояд. Хушбахтона, дар аксари хикояхои нависандагони точик ин меъёри жанрй ба инобат гирифта шудааст ва адибон дар доираи талаботи жанри мазкур асар офаридаанд. Дар хикояхои Саттор Турсун, Абдулхамид Самадов, Бахманёр, К^одири Рустам, Мухамадсолехи Замон, Муаззама Ахмадова, Сафияи Носир, Гули Зард на танхо ин коида риоя шудааст, балки тасвири вокеа ва кушодани сачияи персонаж дар замону макони махдуд ба инобат гирифта шудааст. Принсипи сохтмони сужети хикояро махсусан, Сайф ва Бахманёр хеле тагйир доданд. Дар хикояхои ин адибон руъё тасаввур кардан, ба чузъиёт такя кардан, суръати замонро махдуд кардан, ба рухия таъсир расонидан афзалият пайдо кард, ки ин хама боиси аз колаби анъанавии хикоя берун баромадан ва чорй кардани навгонй дар устухонбандии хикоя гардид. Х,икояи «Руъё»-и Сайфи Рахимзод мисоли равшани гуфтахои боло мебошад.

Дар баробари хикоя жанри новелла низ дар даврони Истиклолият рушд намуд. Як хусусияти фарккунандаи новелла аз хикоя дар он аст, ки дар новелла характери пешниходи мавод ба хати сужет ва таркиби композитсия сахт алокаманд мебошад ва ровию дигар персонажхо вокеаи интихобшударо, ки дорои падидаи нав мебошад, пурра шарх медиханд. Сохтмони сужет, микдори гиреххо, гирехбанди вокеа, гирехкушои вокеа дар новелла бо махдуд будани худи вокеа дар устухонбандии он нихоят арзиши баланд дорад. Дар новелла кутохии вокеа, сужаи тезу тунд, сабки баёни бетараф, гирехкушоии ногахонй мухим мебошад ва олами ботинии кахрамон тавассути амал ва рафтори у ошкор мешавад. Дар насри бадеии точик дар даврони Истиклолият як катор новеллахо таълиф шуданд, ки аз чихати мазмуну мундарича, интихоби мавзуъ нихоят чолиб мебошанд. Дар ин новеллахо вокеахое интихоб шуданд, ки бештар ба зиндагии муосирон алокамандй доранд ва дар онхо мушохидахо доир ба чигунагии ахлоки хамзамонон бештар тасвир ёфтаанд. Ин навъ новеллахо аз тарафи Саттор Турсун, Абдулхамид Самадов, Ч,онибек Акобиров, Мухиб бурбон, ^одири Рустам ва дигарон таълиф шуданд, ки чи аз чихати интихоби мавзуъ ва чи аз чихати риояи таркиби жанр дар адабиёти точик мавкеи хос пайдо кардаанд. Дар новеллахои «Майдон», «Расми модарию бародарй», «Ракси мома», «Суруди субхгонй» «Раховард»-и Абдулхамид Самадов бошад, жанри новелла чихатхои нав ба худ касб намуд. Адабиётшинос А. Сайфуллоев доир ба хамин пахлуи новеллахои нависанда менависад:

«Мо таълифоти номбурдаи А. Самадовро хикоя ном бурда бошем хам, (манзур новеллахои дар боло таъкидшуда мебошад. - А. Р.) кайхост, ки новелла будани онхоро дар назар дорем. Зеро онхо як навъи хикояанд, ки хачман хурд, майда буда, сужет ва банду басти хеле чиддию махкам доранд, аз тасвиру тавсифхои муфассал орй мебошанд, тахлилхои рухию равонии кахрамон нисбатан махдуд мебошанд ё умуман ба назар намерасанд.

Новелла (novella), ки худ лафзи италиявй буда, маънияш навигарй аст, вокеан хам падидахои тозаи хаётро дар бар мегирад. Новеллахои Абдулхамид Самад чавобгуи хамин хусусиятхо мебошанд».2

Дар хакикат, дар новеллахои Абдулхамид Самадов тафсилоти зиёдатй ба мушохида намерасад. Вай дар мисоли як вокеа хислати персонажхои худро тарзе равшан менамояд, ки хонанда, бешак, чунин сурат гирифтани ходисаро интизор нест. Аммо равиши сужет ва гирехкушоии ногахонй тасвирро боз хам чолибтар менамояд.

Дар давраи Истиклолият инчунин жанри кисса ва ё повест низ рушд намуд. Агар дар солхои 60-80-уми асри ХХ Фазлиддин Мухамадиев, Сорбон, Сатор Турсун, Урун Кухзод, Мухиддин Хочаев дар навиштани жанри кисса дастоварди бештарро сохиб шуда бошанд, дар

2 Х,амон чо, сах,. 113.

солдои 90-yми асри ХХ ва аввали садаи XXI хидмати Абдyлдамид, Самадов, Сайф Радимзоди Афардй, Kароматyлло Мирзоев, Бароталй Абдyрадмонов, Ч,онибек Акобиров, Бадманёр ва дигарон дар рушду тадаввyли жанри повест назаррас мебошад. Ин адибон бо такя аз мактаби нависандагони калонсоли точик киссадое таълиф намyданд, ки чи аз чидати мyдтаво ва чи аз чидати шакл дар инкишофи насри муосири точик таъсири мyсбат расониданд.

Хусусияти умдатарини повест аз он иборат мебошад, ки дар он тамоми рафти вокеадо дар атрофи персонаждои асосй сурат гирифта, шахсият, рудия ва сачияи ондо дар дамин асос ошкор карда мешаванд. Повест сужети маддуд дошта, микдори персонаждо ва вокеадо низ дар он маддуд мебошад. Аммо ин чунин маъно надорад, ки чараёни додиса нигод дошта мешавад ва максад пурра ошкор намегардад. Баръакс, дар повестдои замони нав годо серзамонй ва сермаконй ба назар расида, фосилаи макону замон тагйирпазир мегарданд. Ин чидат пеш аз дама ба кувват гирифтани психологизми тасвир дар таркиби жанри повест алокаманд мебошад. Нависанда ба персонажи асосии худ имкони бештар медидад, ки олами ботинии худро ифшо созад, мушодидадояшро бозгуяд ва ба неку бад бадогузорй намояд. Мадз дамин «озодии» персонаж боиси тагйир хурдани фосилаи замониву маконй дар кисса мегардад. Дар долати равонй ва хаёлмандй карор доштани персонаж мучиби васеъ шудани вокеадои дохили сужет мегардад. Дар ин гуна долат нависанда ба воситаи тадкиягар ва ё ровй имкони риоя кардани амали додисадо ва тадлили ондоро дар дасти худ мегирад ва намегузорад, ки аз меъёри таркибии жанр ровй берун барояд. Масалан, дар повести «Решадо»-и Сайф Радимзоди Афардй дамин долатро дидан мумкин аст. Муйсафеди Мусо, ки дар вазъи мураккаби равонй карор дорад, тавассути дофиза ва руъёдо вокеадои даврадои мухталлифро пеши назар меорад ва ба дар кадоми он ва одамоне, ки дар ин вокеадо иштирок мекунанд, бадо медидад. Инчунин вай сабаб ва натичадояшро чамъбаст мекунад ва арзиши зиндагии дар кадомашонро бармекашад ва хайру шарри даёти рафтаву омада ва ояндаро мавриди тадлил карор медидад. Ин навъи тасвири сачияи шахс колаби киссаи анъанавиро шикаста, ба он чузъиётдои нави бадей, тасвирй ва равонй дамрод намудааст. Дар асардои дигар нависандагони точик низ дамин гуна тадаввул ёфтани жанри повестро мушодида кардан мумкин аст.

Хушбахтона, дар ин давра шаклдои нави повест дар адабиёти точик арзи дастй намуд. Агар пеш тандо повестдои ичтимой ва ахлокй таълиф шуда бошад, дар даврони Истиклолият илова бар он шаклдои нави повест, мисли повестдои таърихй, фочеавй, фалсафй, дачвй, маздабй, кудакона ва мардамона арзи дастй намуданд, ки ин дама аз чустучу ва навчуидои адибони даврони Истиклолият дарак медиданд.

Дар давраи Истиклолияти давлатй инчунин дар жанри роман низ тадавулот ба вучуд омад. Адибони точик ба таълифи ин жанри мукаммал ва мураккаб даст зада, дар дад соли охир ба як катор дастоварддо ноил гардиданд. Дар ин дарва Сорбон, Саттор Турсун, Урун ^дзод, Мудиддин Хочаев, Бароталй Абдурадмонов, Ато Х,амдам, Мудаммадзамони Солед жанри романро пеш бурданд, ^роматулло Мирзоев, Абдулдамид Самадов, Ч,онибек Акобиров ба рушди романи ахлокй-ичтимой мусоидат намуданд. Х,амчунон дар давраи мазкур романи психологй, фалсафй ва фочеавй низ рушд намуд. Баъзе шоирон мисли Fаффор Мирзо, Мавчуда Хакимова, Гулрухсор, Гулназар, Шодмузаффар Ёдгорй, Мудаммад Fоиб ва дигарон ба навиштани дикоя, повесту роман даст зада, дар ин чода ба комёбидо ноил гардиданд. Махсусан, дикоядои Мудаммад Fоиб, Гулназар ва романи «Талош»-и Шодмузаффар Ёдгорй аз нигоди мавзуъ ва риояи хусусиятдои жанрй дар худ тозачуидои зиёде доштанд.

Дар романи ичтимой-маишии Шодмузаффар Ёдгорй пеш аз дама покии ахлок ва накши инсон дар чомеа тасвир шудааст. Нависанда тавассути шахсияти Афзали Азиз ва атрофиёни у на тандо ба каму кости ичтимоии чомеа бадогузорй мекунад, балки тадаввул ёфтани муносибати одамонро ба дамдигар тадлил карда, ба рафтору кирдори муосирон бадои вокей медидад. Дар ин роман як давраи муайяни таърихй тасвир ёфта, зиндагй ва рузгори мардуми кудистон бо дамаи анъанаву амалдои хубу бадашон тасвир ёфтаанд. Дамин падлуи роман ва бахусус чигунагии жанри онро А. Саъдуллоев дар такризи худ шард дода, менависад:

«Романи Шодмузаффар Ёдгорй асари ичтимой, аниктараш, ичтимой-маишй буда, дар он муаммодои хеле фаврию актуалии замон, долати ичтимой, вазъи рудии одамон, бахусус табакаи солхурдаю дар зиндагй тачрибаандухтаи адолй боиси бадсу мучодила карор гирифта, зимни он масъаладои мубрами замон ба бадс кашида мешавад».3

Дар ин навъи жанр романдои «Жуд бе варта нест»-и М. Хочаев «Дар орзуи падар», «Ситорадои паси абр» ва «Марги бегунод»-и K. Мирзоев, «Дунёи сабзи ишк»-и Б.

3 Саъдуллоев Асадулло. Лаззати дунё II Садои Шарк,.- 2G13. -№12.- Сад.-135.

281

Абдурадмонов, «Бозии такдир»-и Ч,онибек Акобиров низ таълиф шуданд, ки хусусияти ичтимой-маиширо бештар дар худ касб кардаанд.

Миёни ин нависандагон Кароматулло Мирзоев сермадсул буда дар як давраи кутод се роман таълиф кардааст, ки дар кадом аз чидати мавзуъ ва тасвири масъаладои ичтимой ва маънавй дар насри бадеии точик макоми хос доранд. Ин адиби пуркор ба мудимтарин муаммодои маънавии чомеа даст зада, барои нишон додани табиати мураккаби инсон кушиши зиёд карда, хулку атвори одамонро дар даврадои мухталиф ва шароитдои мураккаб тачассум намудааст. Махсусан, романи охирини вай «Марги бегунод» аз нигоди тасвири зиндагй ва баёни маънавиёти инсон нидоят чолиб мебошад. Доир ба романи «Марги бегунод» адабиётшинос Х Шарифзода менависад: «Агар сухан аз мавзуи асар бигуем, ба як сухан, мавзуи ин роман даёти дедоти Точикистон дар мантакадои чангзадаи солдои навадуми асри гузашта мебошад».4

Кароматулло Мирзоев барои пурра кушодани чедрадои офаридаи худ ба конунмандии жанри романи ичтимой-маишй диккат дода бошад дам, дар он баъзе унсурдои романи фалсафй ва таърихиро низ ворид менамояд. Аз ин чо айён мегардад, ки адиб аз имконоти истифодаи як жанр берун баромада, чидатдои мусбати дигар шаклдои жанри романро барои мукаммал гардидани сужет ва кушодани симои персонаждои асари худ истифода менамояд.

Дар ин давра жанри романи таърихй инкишоф ёфт. Адибони точик - Сорбон романи таърихии «Достони писари Худо», Бароталй Абдурадмонов романдои «Х,афт мучизаи олам» ва «Куруши Кабир», Мудаммадзамони Солед романи «Девори Хуросон», Ато Х,амдам ва Леонид Чигрин романи «Садди Сугд»-ро таълиф карданд, ки аз чидати фарогирии мавзуъ ва инъикоси вокеаву руйдоддо пурра ба талаботи жанри романи таърихй мувофикат менамоянд. Ин адибон на тандо конунмандии таркибии жанри романи таърихиро риоя кардаанд, балки барои такмил ёфтани он низ кушиш ба харч додаанд. Масалан, дар романи Сорбон «Достони писари Худо» оданги фалсафй ва хусусиятдои романи фалсафй низ род ёфтааст, ки барои амиктар ошкор кардани олами ботинй ва зодирии персонаждо таъсири калон расонидааст.

Дар бораи хусусияти жанри роман Ш. Соледов менависад, ки: «Дар сохтори роман таносуби шахсиятдои достонй конунятдои хосро доро мебошад, ки нахустини он табакабандии ашхос ва дар чойдои якуму дуюм... ва гайра гузоштани ондо мебошад».5

Адибони точики даврони Истиклолият на тандо ин конунмандиро риоя карданд, балки барои такмили жанри роман кушиш карда, дар офаридадои худ ба дастоварддо низ ноил гардиданд.

Бо дамин тарик, дар даврони Истиклолият насри бадеии точик дар як долат наистода, баръакс, аз чидати жанр ташаккул ва тадаввул ёфтааст. Зимни баррасии мухтасари чанде аз намунадои бедтарини жанрдои насрй аён гардид, ки асардои дар даврони Истиклолият офаридаи адибони точик дар рушди адабиёт ва бою ганй гардонидани маънавиёти чомеа таъсири мусбат ва арзишманд гузоштаанд.

Адабиёт:

1. Асозода Х. Адабиёти точик дар садаи ХХ. - Душанбе: Маориф, 1999.- 187 сад.

2. Гулмоди Шодзиёй. - Симои зан дар эчодиёти бонувони насрнавис // Садои Шарк. - 2013. -№8. - Сад. -122-129.

3. Мусулмониён Р. Назарияи адабиёт. - Душанбе: Маориф, 1990. - 334 сад.

4. Набавй А, Чустордо ва ибтикорот дар наср. - Душанбе: Адиб, 2006.-223 сад.

5. Сайфуллоев А. Ч,ону чадони наср. - Душанбе: Ирфон, 2007.- 542 сад.

6. Саъдуллоев Асадулло. Лаззати дунё // Садои Шарк.- 2013. -№12.- Сад.-134 - 140.

7. Соледов Ш. Поэтикаи жанри дикояи солдои 70-80-уми карни ХХ. - Душанбе: Дониш, 2006.-185 сад.

8. Соледов Шамсиддин. Роман дар адабиёти точикии карни ХХ. - Душанбе: Ирфон, 2013.335 сад.

9. Таърхи адабиёти советии точик: инкишофи жанрдо. Иборат аз шаш чилд. Ч,илди 1. -Душанбе: Дониш, 1984.- 353 сад.

10. Шакурй М. Нигоде ба адабиёти точикии садаи ХХ. - Душанбе: Пайванд, 2006.

11. Шарифов Х. Назарияи наср. - Душанбе: Пайванд, 2004.- 234 сад.

12. Шарифзода Х. Сенздад макола. - Душанбе: Офсет Империя, 2013.-271 сад.

4 Шарифзода Худой. Сездад макола.-Душанбе: Офсет Империя, 2013.- сад. 167.

5 Соледов Шамсиддин. Роман дар адабиёти точикии карни ХХ.-Душанбе:Ирфон, 2013.-сад. 245.

282

ФОРМИРОВАНИЕ И РАЗВИТИЕ ЛИТЕРАТУРНЫХ ЖАНРОВ В ТАДЖИКСКОЙ СОВРЕМЕННОЙ ПРОЗЕ В ПЕРИОД НЕЗАВИСИМОСТИ

Абдуджаббор Рахмонов

Таджикская литература, особенно литературная проза, имеет высокий темп развития в период государственной независимости Таджикистана. Литературные произведения, написанные в данный период, реалистично отражает реалии жизни таджикского общества. Представители литературной прозы периода независимости особенно обращали внимание на социальные и этические проблемы как государственной целостности, национального единства, ценностью государственного суверенитета, уважение национальных достояний и человеческие отношения. В годы независимости множество произведений были написаны в жанре очерка, новеллы, романа и рассказов.

Ключевые слова: жанр, проза, независимость, писатель, литература, роман, новелла, рассказ, очерк.

FORMATION AND DEVELOPMENT OF LITERARY GENRES IN THE TAJIK MODERN PROSE IN THE PERIOD OF INDEPENDENCE

Abdujabbor Rahmonov

The Tajik literature, especially literary prose, has a high rate of development in the period of the state independence of Tajikistan. The literary works written in this period realistically reflects realities of life of the Tajik society. Representatives of literary prose of independence period especially give attention to social and ethical problems as state integrity, national unity, value of the state sovereignty, respect of national values and the human relations. Since independence many works were written in a genre of essay, short stories, stories and novels.

Key words: genre, prose, independence, writer, literature, novel, short story, story, essay.

Сведения об авторе: Рахмонов Абдуджаббор Азизович - Ректор Таджикского государственного педагогического университета им. Садриддина Айни, академик Академии наук Республики Таджикистан, Тел: (+992 37) 224 13 83

Information about the author: Rahmonov Abdujabbor Azizovich, Rector of Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini, academician of Academy of science of Republic of Tajikistan, tel: (+992 37) 224 1383

БОЗТОБИ ЧАДОНИ БОТИНИИ ИНСОН ДАР АШЪОРИ ИСКАНДАРИ ХАТЛОНИ

Абдуцаббор Рахмонов

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айни

Солдои 80-90-уми асри ХХ адибони муосири точик ба дастоварддои назаррас ноил шуданд. Дар ин давра намунаи ашъори аксари ондо аз чоп баромада, дастраси хонандагон гардиданд, ки барои бойю ганй шудани сатди маънавиёташон хидмати босазое намуданд. Дар офаридадои адибони ин давра дунёи мураккаби инсон бо шаклу шевадои мухта лиф тасвир ёфта, оданги фалсафй дар шеърдояшон род ёфт ва мучиби ошкор гардидани дадафдои судманди инсон ва чадони рангини у гардид.

Инсони офаридаи адибони муосир на тандо бо мушодидадояш аз давраи пештар фарк мекард, балки тааммукписандии вай ба пуррагй тагйир ёфта, чадонбинии уро маънавияти одамони замон, кирдори ондо ва муносибаташон ба табиату чамъият бештар ба худ чалб менамуд. Инсон ва чадони отифонаи уро акнун бештар гами бедтар шудани маънавиёт ба худ чалб менамуд, одамонро ба некиву накукорй даъват мекард, эдтиром гузоштан ба дар пора хоки Ватан ва мукаддас донистани арзишдои миллиро пояи андешадои фалсафии худ карор дода, даъват ба тааммул кардан, ба кимати умр сарфадм рафтан, зиндагиро кадр намудан ва ба пораи умри рафта шукр намудан ва сабаки аз даёт бардоштанро амалй кардан асоси маънавиёти уро ташкил медод. Ин шахсияти бадей бо дама каму костиаш дуст доштани Ватанро таблиг карда, дунёи зебои чавониро бо тароватдои ошиконаи он васф мекунад. Ин гуна сурат гирифтани тасвири инсон дар шеъри муосири точик ба пиндошти мо чанд сабаб дошт.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.