Научная статья на тему 'Certain thought concerned with Professor abdumannoni Nasriddin's research 94 Khujand'

Certain thought concerned with Professor abdumannoni Nasriddin's research 94 Khujand Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
50
11
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
А. НАСРИДДИН / ХУДЖАНД / ЭНЦИКЛОПЕДИЧЕСКИЕ СТАТЬИ / ОТДЕЛЬНЫЕ СТАТЬИ / ШКОЛА ИССЛЕДОВАНИЯ ПО ХУДЖАНДУ / КАМОЛОВЕДЕНИЕ / A. NASRIDDIN / KHUJAND / ENCYCLOPEDIC ARTICLES / SEPARATED ARTICLES / SCHOOL STUDY CONCERNING KHUJAND / STONE STUDIES / ХУҷАНД / МАқОЛОТИ ЭНСИКЛОПЕДӣ / МАқОЛОТИ ҷУДОГОНА / МАКТАБИ ХУҷАНДШИНОСӣ / КАМОЛШИНОСӣ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Нуруллоева Мухлиса Нусратуллоевна

Статья посвящена обзору и анализу научно-исследовательской работы профессора Абуманнона Насриддина по Худжанду. Отмечено, что в процессе ознакомления и изучения научных работ профессора А.Насриддинова можно соприкоснуться с рядом ценных литературных исследований ученого, которые занимают особое место в изучении истории, культуры и литературы Худжанда. Автор статьи классифицирует исследования профессора А.Насриддина, посвящённые Худжанду, исходя из тем, материалов и видов исследований, а также комментирует особенности каждого из них. На основе приведенного материала делается вывод о том, что изучение роли Худжанда и худжандцев в развитии таджикской литературной цивилизации является одним из важных аспектов научной литературоведческой деятельности А.Насриддина, результаты этих научных исследований станут яркими страницами истории науки и культуры таджикского народа.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Размышления об исследованиях профессора Абдуманнона Насриддина по Худжанду

The article dwells on the review and analysis beset with Professor Abumann Nasriddin's research work on Khujand. It is underscored that in the process of familiarization and study of Professor A.Nasriddinov's scientific works, one can face with a large considerable number of valuable literary explorations belonging to the pen of the scientist, those ones occupy a special place in the study of the history, culture and literature of Khujand, upon the whole. The author of the article classifies Professor A.Nasriddin's explorations, which are devoted to Khujand in terms of topics, materials and types of research, and commented on the peculiarities of each of them as well. To sum it up, the author comes to the conclusion that the study of the role of both Khujand and the Khujandians in the development of Tajik literary civilization is considered to be one of the important aspects towards A.Nasriddin's scientific literary activity, the results of these scientific studies will become bright pages of the history of science and culture of the Tajik people.

Текст научной работы на тему «Certain thought concerned with Professor abdumannoni Nasriddin's research 94 Khujand»

УДК 8Т1 ББК 83.3(0)9

НАЗАРЕ БА ПАЖУХИШОТИ Нуруллоева Мухлиса Нусратуллоевна, н.и.ф.,

ХУЦАНДШИНОСИИ дотсенти кафедраи адабиёти классикии МДТ

ПРОФЕССОР АБДУМАННОНИ "ДДХ ба номи академик Б. Гафуров "

НАСРИДДИН (Тоцикистон Хуцанд)

РАЗМЫШЛЕНИЯ ОБ Нуруллоева Мухлиса Нусратуллоевна, к.ф.н., ИССЛЕДОВАНИЯХ ПРОФЕССОРА доцент кафедры классической литературы АБДУМАННОНА НАСРИДДИНА ГОУ «ХГУ имени академика Б. Гафурова» ПО ХУДЖАНДУ (Таджикистан, Худжанд)

CER TA IN THO UGHT Nurulloyeva Mukhlisa Nusratulloyevna,

CONCERNED WITH Associate Professor of the department of Tajik

PROFESSOR ABDUMANNONI classic literature under the SEI «KSUnamed

NASRIDDIN^S RESEARCHES after acad. B. Gafurov», (Tajikistan, Khujand),

ON KHUJAND E-mail:korikhonov77@mail. ru

Вожа^ои калидй: А. Насриддин, Хуцанд, мацолоти энсиклопеди, мацолоти цудогона, мактаби хуцандшиноси, камолшиноси

Мацола ба баррасиву таулили пажууишоти хуцандшиносии профессор Абуманнон Насриддин ихтисос ёфтааст.К^айд гардидааст, ки дар раванди шинохт ва омузиши осори илмии устод А. Насриддин ба як силсила тадцицоти арзишманди адабиётшиноси дучор мешавем, ки дар бозшиноси ва тащици таърихи илму адаби Хуцанд ва хуцандиён цойгоуи хоса доранд. Муаллифи мацола пажууишоти хуцандшиносии профессор А.Насриддинро аз назари фарогирии мавзуъ, матлабу анвои тадциц ба гуруууо табацанди намуда, доир ба вижагиуои уар яке аз ощо ибрози назар намудааст. Мууацциц ба хулосае расидааст, ки шинохти мацоми Хуцанд ва хуцандиён дар рушди тамаддуни адаби тоцикон аз цанбауои мууими тауцицоти илмии адабиётшинос А. Насриддин ба шумор рафта, натицауои ин ковишуои илми бозгуи сафауоти дурахшони таърихи илму фаруанги миллати тоцик хоуад буд.

Ключевые слова: А. Насриддин, Худжанд, энциклопедические статьи, отдельные статьи, школа исследования по Худжанду, камоловедение

Статья посвящена обзору и анализу научно-исследовательской работы профессора Абуманнона Насриддина по Худжанду. Отмечено, что в процессе ознакомления и изучения научных работ профессора А.Насриддинова можно соприкоснуться с рядом ценных литературных исследований ученого, которые занимают особое место в изучении истории, культуры и литературы Худжанда. Автор статьи классифицирует исследования профессора А.Насриддина, посвящённые Худжанду, исходя из тем, материалов и видов исследований, а также комментирует особенности каждого из них. На основе приведенного материала делается вывод о том, что изучение роли Худжанда и худжандцев в развитии таджикской литературной цивилизации является одним из важных аспектов научной литературоведческой деятельности А.Насриддина, результаты этих научных исследований станут яркими страницами истории науки и культуры таджикского народа.

Key words: A. Nasriddin, Khujand, encyclopedic articles, separated articles, school study concerning Khujand, stone studies

The article dwells on the review and analysis beset with Professor Abumann Nasriddins research work on Khujand. It is underscored that in the process of familiarization and study of Professor A.Nasriddinov^s scientific works, one can face with a large considerable number of valuable literary explorations belonging to the pen of the scientist, those ones occupy a special place in the study of the history, culture and literature of Khujand, upon the whole. The author of the article classifies Professor A.Nasriddins explorations, which are devoted to Khujand in terms of topics, materials and types of research, and commented on the peculiarities of each of them as well. To sum it up, the author comes to the conclusion that the study of the role of both Khujand and the Khujandians in the development of Tajik literary civilization is considered to be one of the important aspects towards A.Nasriddins

scientific literary activity, the results of these scientific studies will become bright pages of the history of science and culture of the Tajik people.

Масири зиндагонии инсоният шохиди он аст, ки инсон аз макому манзалат ва чох,у иззате, ки ба даст овард, меболаду менозад. Вале нук-таи дигари мухимтар он аст, ки бояд инсоне шуд, то рутбаву унвонхо бо инсонй, ки худ бехтарин ва олитарин рутба аст, шухрат ёбанд.

Илму адаб, ки шоистатарин пеша асту пуяндагони ин рох гаронтарин ва пурмоятарин борро бар душ доранд, сохибрутбагони бешумореро низ парварда, ки овозаи шухраташон офок гирифтаву дастранчи эшон мояи тахайюри укули башарият аст. Доктори илмх,ои филологй, профессор, устоди шодравон Абдулманнони Насриддин, донишвари сухансанчу сухандон, саррофи сухан, ки аз хар зарандудае дар оташи фикрати хеш зарро мохирона аз мис чудо мекард, аз шумори донишмандони сохибманзалати адабиётшиносии мост, ки бемухобо назирашро на танхо таърихи адабиётшиносй, балки таърихи башарият кам дидааст.

Мусаллам аст, ки устод А. Насриддин хануз аз солхои 80-уми карни XX дар риштаи суханшиносй чун олими сохибибтикор, бо як мухаббат ва самимияти хоса ба ганчинаи нодири илму адаб ва, бештар аз хама, чун ганчинадори ростин кадам гузошта буд. Кддамхои нахустини эшон дар чодаи илм аз омузиши фархангхо сурат гирифт.

Устод тахти рохнамой ва иршоди олими тавонои сохаи лугатнигорй, профессор В. А. Капранов ба омузиш ва тахкики яке аз бузургтарин фархангхои адабиёти форсу точик -«Шамс-ул-лугот» пардохта, дар ин самт номи чанде аз фархангхои тозаеро чун «Фарханги Вохидии Шерозй», «Фарханги танчирй» , «Рисолаи Бадеъуддин» ва «Мачмаъ-ул-баён» кашф намуд, ки маълумоти ин фархангхо дар «Шамс-ул-лугот» дарч ёфтаанд. Ин кадамхои росихи устод А. Насриддин эшонро ба самти пурдоманаву фарохи сохаи дигари лексикография -шархнависй овард. Омузиши дакики фарханг, усулхои кор бо фархангномахои кадими адабиёт ба руи эшон олами пурасрори шархи осори адабй ва маърифати матни асилро кушод. Устод аз огози кор бо асли вожа, таърихи корбаст ва омузиши он ба хубй ошной пайдо намуд ва хамин ошноии комил имкон дод, то дар ин замина минбаъд асархои пурбори у дар равияи фархангшиносй ва матншиносии осори адабй ба калам оянд. Пажухишхои амики устод вобаста ба ин чанбаи адабиётшиносй дар сори гаронмояи у «Рудакй» (нусхашиносй ва накду баррасии осори бозмонда) ва «Матншиносии осори адабй» фарохам омадааст. Дар раванди шинохт ва омузиши осори илмии устод А. Насриддин навиштахои беназири эшон дар бозшиносй ва тахкики таърихи илму адаби Хучанд ва хучандиён чойгохи хоса дорад.

Устод чун зодаи сарзамини камназири Хучанд буд, на танхо бо осори хеш номи Хучандро дигарбора муаррифй кард, балки дар омузиши таърих ва фархангу адаби он то дами вопасини умр пайваста талош варзид. Омузиши амик ва захамоти пайгиронааш дар ин самт уро даст дод, то дар бораи симохои бузурги илму адаби Хучанд ва бад-ин васила накши Хучанд ва хучандиён дар оинаи илму адаб, як силсила осори арзишмандеро руйи кор оварад. Агарчи дар ин самт мухаккикон ва донишмандони зиёде, чун устод С. Айнй, У. Гаффоров, Н. Турсунов, С. Асадуллоев, Э.Шодиев, М. Мирзоюнус, Ш. Точибоев ва дигарон тахкикоти судмандеро ба сомон расонидаанд, аммо захмату талоши устоди фа;ид А. Насриддин дар ин росто шоистаи таъкид ва тахсин хохад буд. Устод дар шинохти макоми фарзандони баруманди ин сарзамини донишпарвар ва сахми эшон дар рушди фархангу адабиёт дар маколоту навиштахои хеш, чун «Хирад сарири хастии уст» (дар шинохти адабиётшиноси мумтоз Ш. Хусейнзода), «Тафсиршинос» (дар шинохти устоди забоншинос Мирзо Дадохонов), «Фархангсолор», «Ситорае бидурахшиду мохи мачлис шуд» (рочеъ ба хидматхои шоистаи Ю. Салимов дар адабиёт), «Мисрае дар дафтари хастй» (дар макоми адабиётшинос А. Гаффоров), «Ганчинадори мероси ниёгон» (дар шинохти яке аз камолшиносони точик С. Асадуллоев) ва дар мавриди хидматхои арзандаи як зумра устодони дигар Н. Салимов, Н. Зохидй, М. Урунова ва дигарон изхори назар намуда, аз вазъи мактаби адабиётшиносии Хучанд ва сахми он дар рушди адабиётшиносй сухан рондааст. Гузашта аз ин, устод, ки хамеша аз фаъолияти эчодии адибон низ огох буду барои пешрафти кори эшон маслихатхои судманди хешро арза медошт, андешахои худро дар мавриди ашъори адибоне, мисли устод Н. Ниёзй, Адибаи Хучандй ва навиштахои Иброхими Наккош, Барот Расулй низ иброз доштааст.

Умуман, пажухишхои устодро дар хучандшиносй метавон дар чанд нуктаи мухтасар баррасй кард:

Маколоти энсиклопедй. Ин навъи маколоти устод А. Насриддин аз бехтарини таълифот дар шинохти сахми хучандиён дар илму фарханг махсуб меёбад. Махз тавассути тахкикоти устод мухаддисони маъруфи ахди Сомониён, чун Абулфазл Ахмад ибни Яъкуби Хучандй, Абулхасан Алй ибни Исмоили Хучандй, Абулхасан Алй ибни Х,асан ибни Бишруя ибни Исои Хучандй, Абуабдуллох Сулаймон ибни Исроили Хучандй, Абуалй Исмоил ибни Иброхим ибни Ч,абраили Хучандй, Абузакариё Яхё ибни Фазл ал-Варроки Хучандй, Абуимрон Мусо ибни Абдуллох Муаддиби Хучандй, Имом Абулфазл Зиёд ибни Мухаммад ибни Алии Хучандй, ^озй Бадр ибни Зиёди Хучандй, ки дар илми хадис табаххури зиёд доштаву ба манзалати устодй расида буданд, бори нахуст дар илми фархангшиносии точик мавриди омузиш карор гирифтанд. Устод дар такя ба сарчашмахои кадимае чун «Китоб-ул-ансоб»-и Самъонй, «ал-Канд фй зикри уламои Самарканд»-и Начмиддини Насафй дар мавриди рузгор ва ахволу осори ин бузургмардони илму хирад, ки дар рушди илму фарханги на танхо Хучанд, балки Самарканду Бухоро, Марву Нишопур, Рай, Багдод, Димишк, Х,алаб низ сахми арзанда доштаанд, маълумоти арзишманд медихад. Дар мавриди шинохти Умар ибни Х,орун ибни Толиби Хучандй, ки аз фархехтагон ва солехони суфия дар асри X будаву дар хусни сират шухрат доштааст, устод А. Насриддин чунин менигорад, ки у «табъи шоирй низ доштааст ва ашъори уро алокамандон макбул ва писандида хисоб кардаанд». Аз ин маколоти устод А. Насриддин бармеояд, ки донишмандони хучандй дар хама давру замон ва дар хама гушаву канори олам меросбарони ростини илму адаб ва фарханги воло будаанд ва бад-ин васила дар пешрафти маънавият ва арзишхои рухонии башарият сахми бузург доштаанд.

Маколоти чудогона. Устод А. Насриддин дар мавриди таърихи кадимаи шахри Хучанд, ки онро «Хучанда» низ ном бурдаанд, маколаи муфассале ба калам овардааст (2, 395-402). Дар маколаи мазкур устод рочеъ ба таърих, иклим, маросим, мавзеъхои таърихй, фатхи он, уламо ва донишмандони ин шахр маълумот дода, сарзамини кухан будани Хучандро собит медорад. Дар навиштаи дигари устод «Хучанд - зеби чахон» ин шахр дар радифи марокизи бузурги илму адаби Осиёи Марказй - Бухорову Самарканд на танхо чун шахри ахли сахову эхсон, балки чун ватани ахли илму хунар ёд мешавад, ки дар замони шохи каёнй - Кайкубод бунёд ёфтааст (2, 239-341).

Нуктаи нихой дар бахси «Ёва» чй маъно дорад?» - дар мавриди таърихи яке аз дехахои атрофи Хучанд - дехаи Ёва, ки дар гузашта ба хайси манзилгохи тобистонаи хучандиён хидмат доштааст, низ мутааллик ба калами устод А. Насриддин мебошад. Эшон иброз дошта буд, ки маънии вожаи «ёва» дар китоби бостонии мо - Авасто ба маънии «галладона» ва «галлазор» корбаст гардидааст. Аз маънии вожа чунин бармеояд, ки дар канори руди Такоб, ки дар дили ин деха чорист, хучандиён галла мекоштанд ва анвои дарахтонро парвариш мекарданд ва номи дехаи мазкур бо хдмин маънй пайванд гирифтааст (2,417-418). Муаллиф дар мавриди номи дигари шахри Хучанд - «Тирози чахон», ки онро бори нахуст устод Айнй (1937) дар маколаи хеш ба Хучанд нисбат дода буд, изхори андеша намуда, маънии калимаи «тироз»-ро аз фархангномахои «Бурхони котеъ», «Фарханги Фахри Каввос», «Фарханги Рашидй», «Мадору-л-афозил», «Сирочу-л-лугот», «Бахори Ачам», «Шамсу-л-лугот» манзури хонанда медорад ва ба хулосае меояд, ки дар ягон фархангнома Хучанд бад-ин ном васф нагардидааст. Номи «Тирози чахон»-ро шояд устод Айнй аз лихози дилбастагии хеш ба ин шахр дода бошад ва иброз медорад, ки дар мавриди ин тавсифи арзанда комилан чонибдори устод Айнист.

Дар маколаи дигари устод «Рамзи ифтихори мо чист?» макоми китоб дар зиндагии хучандиён, шухрати чахонии Хучанд, фозилони он дар пешрафти илму фарханг сухан меравад. Устод бо далелхои мухкам ва мустанад изхор медорад, ки Хучанд бо хушнависону мирзоён, саххофон, варрокони худ шухрат дошт. Абубакр Варроки Хучандй, ки дар асри X умр ба сар мебурд, бо когазсозиву сахифабандй касби маош мекард. Сафахоти дастнависхои зиёдеро номи хушнависони хучандй, чун Мухаммади Хучандй, Мирзо Х,ошими Хучандй, Абдулгаффор Махдуми Хучандй зеб медиханд. Устод сахми бузурги точирони хучандй, чун Х,очй Сиддикхочаи Хучандй, Шарифхоча Эшони Хучандй, Х,очй Абдулгаффори Хучандиро дар нашру тавзехи китоб лозим ба таъкид медонад ва эшонро парчамбардорони нашри китобхои хаттй мехисобад.

Навиштаи дигари устод, ки сахифахои рангини таърихи Хучандро боз мекунад, маколаи эшон бо номи «Айнй ва Хучанд» аст.

Дар маколаи мазкур муаллиф дар мавриди ду асари устод С.Айнй, ки пайванд ба Хучанд дорад, яке «Тирози чахон» ва дигаре очерки адабиву таърихии «Кдхрамони халки точик -Темурмалик» андешаронй намуда, сахми бузурги С. Айниро дар омухтани таърихи Хучанд шоистаи арчгузорй медонад. Фузун бар ин, устод А. Насриддин таъкид медорад, ки устод Айнй дар адабиётшиносии точик нахустин нафарест, ки рочеъ ба чанд тан аз адибони хучандй, ки дар асрхои XVIII -XX умр ба сар бурдаанд, маълумот медихад. Устод А. Насриддин накши С. Айниро дар камолоти адибони хдмзамини Камоли Хучандй мисли, Х,аким Карим, Рахим Ч,алил, Пулод Толис ва Мухиддин Аминзода бориз дониста, уро чун «ошики шайдои ашъори пурназокату рухнавози ин пири равшанзамири Хучандй (Шайх Камол - М.Н.)» ва дилбастаи ин обу хок мешиносад. Фузун бар ин, устод А. Насриддин дар шинохти завки бадеии ахли Хучанд навиштаи устод С. Айниро дар мавриди бедилшиносиву бедилхонии ашхоси сохибмаърифати Хучанд ва аз махфилхои бедилхонй ба андозаи фахмиши худ суд бардоштани хатто мардуми бесаводро манбаи илхоми хеш дониста, дар ин замина иддае аз маколоти арзишмандеро руи кор овардааст. Устод А. Насриддин дар баланд бардоштани завки бадеии хучандиёни имруз, балки кулли мардуми Точикистон эх,ёи махфилхои шохномахонй, хофизхонй, мавлавихонй бедилхониро амри зарурй дониста, кайд кардааст, ки: «бад-ин васила мо метавонем он пайвастагие, ки Шайдо, Шухй, Лисонй, Асирй, Файёз барин фарзандони боарчи ин марзи бостонй бо шеъри рангину пурхикмати Бедил доштанд, тадричан баркарор намоем» (2, 7, 429-435). Махз ба шеъри Абулмаонй руй овардани хучандиёнро устод аз маънипарварй ва завки салим доштани онон медонад ва таъкид медорад, ки «ашъори у (Бедил - М. Н.) ба як бор хондан маърифат намешавад». Аз ин хотир, «шеъри Бедил барои хучандиёни маънипарвар хазинаи завку маърифат ва канзи маонй буд», ки рухи ин ташнагони каломи бадеъ ва маонии рангинро аз дарозои таърих то имруз шодоб медорад.

Маколаи дигари устод бо номи «Рузгору ашъори Шайх Камоли Хучандй», ки фарогири асноду нуктахои мухими камолшиносии точик аст, минбаъд барои таълифи арзишмандтарин асари эшон дар риштаи камолшиносии адабиётшиносии точик- «Сехри мубин»(1996) заминаи мусоид гузошт, ки то имруз нафаре аз мухдккикони адабиётшиносии точикро даст надода, ки дар ин чода фаротар аз у гоме бардорад(5, 580584).

Бунёди мактаби хучандшиносй. Таъсиси мактаби фархднгшиносй ва лугатнигорй дар хавзаи илмии Хучанд бо номи устоди равоншод А. Насриддин пайванд дорад (5, 390-391). Дар ин замина устод дар хавзаи илмиву адабии Хучанд мактаби бузурги хучандшиносиро бунёд гузошт, ки бо рохнамоии эшон гурухе аз мухдккикони чавон ба омузиши фархднг, девони ашъори суханварони Хучанд пардохта, дар ин самт муваффак хам шудаанд. Ин хама натичаи азми дуруст ва сайъи комили устоди равоншоди мо дар адабиётшиносии форсу точик хохад буд. Агарчи тахияи фарханг дар илми лугатнигории точик падидаи тозае нест, вале таълифи «Фарханги ашъори Камоли Хучандй» аз чониби яке аз шогирдони эшон - А. Шохахмад дар камолшиносии точик бесобика аст.

Тахти рохбарии устод А. Насриддин мухаккик М. Неъматова ба омузиши рузгор ва осори Шайдои Хучандй пардохта, матни интикодии девони ин суханвари бузургро дар асоси чахор нусхаи каламии шоир ба зевари табъ орост (Шайдои Хучандй. Девон / Тасхехи М. Неъматова. - Хучанд: Ношир, 2015). Бо гузашти фурсати андаке корманди Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хучандй» - Б. Рахматов мунтахаби газалиёти фарзанди Шайдои Хучандй -Шухии Хучандиро ба хаводорони шеъри ноби точикй манзур дошт (Шухии Хучандй. Мунтахаби газалиёт. - Хучанд: Ношир, 2016). Х,ар ду мураттибони асар низ дар мукаддимаи хеш хидматхои пайгиронаи устод А. Насриддинро дар пажухиши ахвол ва осори Шайдо ва Шухй таъкид доштаанд (6 ниг. 3, 7, 8, 9, 16; 8 ниг. 4, 6).

Нашри тозаи девони Камоли Хучандй, ки дар зери назари устод А. Насриддин бо эхтимоми шогирдони устод А. Суруш ва дотсент С. Саидов ба табъ расидааст, низ дар шинохти шеъри асили Камол шо- истаи тахсин хохад буд. Дар ин замина шоири шинохта А. Суруш матни девонро соли 2015 бо тачдиди назар, бо хуруфоти кириливу форсй дубора ба нашр расонид, ки дар шинохти матни ашъори Шайх Камол радами росихе ба пеш аст.

Аз шогирдон ва пайравони устод С. Мирзоев дар мавзуи «Вижагихои услубй ва бадеии осори мансури Соинуддини Хучандй дар мисоли «Аклу ишк» ва «Атвори салоса» рисолаи номзадии хешро дифоъ намуда (с. 2006), холо дар доманаи фарохи ин мавзуъ, дар мавриди

зиндагиву осори ин намояндаи шухратёри Оли Хучанд пажухишх,ои илмй дорад. Тахдщоти шогирди дигари устод А. Хрчиев, ки дар шинохти «Ч,ойгохи Оли Хучанд дар пешрафти адабиёти асрхои XVII -XVIII» анчом пазируфтааст, тавонистааст масоили судмандеро дар хучандшиносй ва бад-ин васила дар адабиётшиносй хдллу фасл намояд.

Рисолаи «^аким Абумахмуди Хучандй». Навиштаи мазкур аз мухити илмии Хучанд дар асри X, баъзе чихатхои рузгор ва фаъолияти Абумахмуди Хучандй, осори илмие, ки марбут ба ин донишвар таълиф гардидаанд ва нуфузи бисёр чолиби истилохоти нучумй дар адабиёти давраи мазкур бахс карда, маколоти чахоргонаи он дар хафтаи ёдбуди мутафаккири барчастаи точик Абумахмуди Хучандй (14-уми июни соли 2005-ум, тахти шумораи 115), ки бо Кдрори собик раиси вилояти Сугд К^РДосимов тачлил гардида буд, бино ба таъкиди муаллиф дар хамовозй бо ин санади мухим руи кор омадааст. Маколаи аввали ин рисола «Мухити илмии Хучанд дар асри X» унвон дошта, дар мавриди шинохти Хучанд ва макоми он дар манбаъхои таърихиву адабй, накши муассир ва боризи донишмандони он дар рушди илму фарханг маводи хубест. Устод А. Насриддин пешрафти илмии донишмандони Хучандиро дар асри X ба сиёсати фархангпарваронаи Оли Хучанд ва Оли Турка нисбат дода, ин хар ду дудмони пуштибони фархангро аз карни XI то карни XV «зинатбахши силсилаи донишмандони шарки исломй» хондааст. Дар рушди босуботи нахзати илмии карни X дар радифи Х,аким Абумахмуди Хучандй иддаи бузурге аз донишварони Хучандй, монанди Абуимрон Мусо ибни Абдуллохи Хучандй, Умар ибни Х,орун ибни Толиби Хучандй, Абулфазл Ахмад ибни Яъкуби Хучандй, К^озй Бадр ибни Зиёди Хучандй ва дигарон сахми бузурги худро гузоштаанд, ки устод дар мавриди 15 нафари эшон маълумоти муфассал медихад. Зимни баррасии мухити фархангии Хучанд дар садаи X маълумоти чолибе рочеъ ба намояндагони барчастаи он баён мегардад, ки омузиши хамачонибаи он дар шинохти шахсияти фарзонае чун Х,аким Абумахмуди Хучандй басо муфид аст.

Рисолаи «Х,аким Абумахмуди Хучандй» агарчй дар адабиётшиносии точик нахустин рисола рочеъ ба зиндагинома ва осори ин донишвар мебошад, бемухобо, ба хайси як тахкики комил ва мудаллал аз арзиши баланди илмиву адабй бархурдор аст. Мутолиаи пурраи рисола аз захматхои муттасили муаллиф дар мавриди шинохти Абумахмуди Хучандй, мухит ва фазои фикрии у, тарвичи истилохоти илми нучум дар шеъри асри Х, масъалаи шинохти шахсияти илмии Абумахмуди Хучандй аз чониби донишмандони эронй дарак медихад ва бад-ин васила як чанбаи тахкики устод А. Насриддин, яъне масъалаи хучандшиносии муаллифро равшанй мебахшад.

Донишмандон ва сухансароёни Хучанд (Тазкираи шуарои Хучанд). Асари мазкур аз фахимтарин ва доманадортарин тахкикоти устод дар масъалаи шинохти илму фарханги Хучанд ва макоми волои фарзандони фарзонаи он аст. Муаллиф дар пешгуфтори асар рочеъ ба таърихи ин куханшахри овозадор андешаронй намуда, аз забони донишмандоне, чун Ёкути Хдмавй («дилбаранда»), Зайнулобидини Шарвонй (вилояти «бехчатмаол»), Ризокулихони Х,идоят («аруси дунё») ва С. Айнй («тирози чахон») ба тавсиф ва муаррифии Хучанд мепардозад ва шинохти чойгохи фарзандони шухратманди ин диёр, чун муначчим ва риёзидони асри Х - Абумахмуди Хучандй, устод- улатиббо Назируддин Махмуд ибни Мухаммади Хучандй, орифи раббонй Умар ибни Х,оруни Хучандй, Зиёуддини Форсии Хучандй, суханвари оламгир Шайх Камоли Хучандй, хонадонхои Оли Хучанд, Оли Турка ва садхо адабпарвардагони дигари ин хоки донишхезро масъулияти адабпажухон ва мухаккикони дигар медонад. Фузун бар ин, устод А. Насриддин таъкид медорад, ки танзим ва нашри «Тазкираи шуарои Хучанд» ва шахру манотики дигар низ аз вазифахои арзишманди мухаккикони адабиёти форсй хохад буд. Мураттиби «Куллиёти осор»-и устод А. Насриддин, дар мавриди аз чониби мавсуф сурат гирифтани омузиши суханварони Хучанд чунин иброз дошта: «Муаллиф то замони тадвини тазкираи худ (Тазкираи шуарои Хучанд) бештар аз бист сол анбухе аз мероси хаттиву чопиро нек омухта, ягон-ягон ба фарохам овардани матолиб пардохтаанд. Х,ар гох фурсате даст медода, намунае аз онхоро ба нашр мерасонидаанд»(3, 6). Ин гуфта тасдик медорад, ки устод дар омузиши масъалаи донишмандон ва суханварони Хучандй беш аз бист соли умри гаронмояи худро масруф дошта, тули ин солхо маколоти алохидаеро рочеъ ба ахвол ва осори ин донишмандон, чун «Ашъори Асирй», «Файёзи Хучандй», «Суханварони Хучанд», «Шайдо ва Шухй», «Ошёни ахли сухан», «Як шоири ношинохтаи Хучандй» ва «Шорехи Хучандии девони Х,офиз» ва маколоти зиёдеро дар шинохти ин масъалаи адабиёт ба калам овардааст, ки хар яке гувохи ковишхои амики илмй ва бозёфтхои нодири муаллиф мебошанд. Мачмуи ин маколот соли

2003 чун натичаи захматхои тулонии муаллиф бо номи «Донишмандон ва сухансароёни Хучанд» (Хучанд: Нури маърифат, 2003. - 436 с.) ба табъ расид. Нашри дигари китоб пас аз ду сол дар Ч,умхурии исломии Эрон тахти унвони «Тазкираи шуарои Хучанд» (Техрон: Маркази аснод ва хадамоти пажухишй, 1384. - 384 с.) анчом пазируфт. Садриддин Мирзоев аз мухаккикон ва шогирдони устод дар маколаи хеш бо номи «Гузаре ба «Тазкираи шуарои Хучанд» аз арзишхои зиёди ин тазкира ёдовар шуда, барои муайян кардани андозаи захамот ва хидматхои муаллиф таъкид медорад, ки: «ин донишманд 29 тазкираи комил, 24 баёз ва даххо девони ашъор, фархангнома, манокибу нусхахои хаттии донишмандони Хучандиро, ки дар ганчинаи дастнависхои Институти шаркшиносии Точикистону Узбекистан махфузанд, мавриди мулохиза ва тааммул карор додааст» (5, 403-404). Ин гуфта низ бемухобо, гувохи хидматхои сангин ва пайгиронаи А. Насриддин дар ин росто хохад буд.

Камолшиносй. Масъалаи шинохти рузгор ва осори Шайх Камол дар адабиётшиносии точик падидаи чандон тозае нест. Нахуст устод Садриддин Айнй дар «Намунаи адабиёти точик» аз Шайх Камол ном бурдаву уро дар радифи суханварони мумтози адабиёти классикии точик ба хонанда муаррифй кардааст. Дар истинод ба он адабиётшиносони точик Ш. Х,усейнзода, А. Афсахзод, Б. Максудов, С. Асадуллоев ва дигарон дар мавриди шахсият ва осори Камол изгори андеша намудаанд. Аммо аксари ин навиштахо холигохи маърифати шеъри Камол, таъбироти шоирона, вожагони калидй, масъалаи матншиносй ва нусхашиносии осори суханварро натавонистанд пур созанд.

Тахкикоти устоди сухан А. Насриддин махз аз хамин росто дар такмили масоили мазкур ба миён омад ва тавонист хидмати бесобикаро дар адабиёт касб намояд. Ба калами устод А. Насриддин дар мавриди камолшиносй чанд маколоти судманде руи кор омадаанд, ки «Чанд кайд оид ба маънигузорй дар ашъори Камол», «Хоча Камол - шоири маънихо», «Мафхуми калидии «ишк» ва «дил» дар ашъори Шайх Камоли Хучандй» ва маколоти дигар дар ин шумор хоханд омад. Китоби «Сехри мубин»-ро метавон то андозае чамъбасти тахкикоти муаллиф дар мавриди масъалаи камолшиносии осори эшон донист. Масоили камолшиносии устод А. Насриддинро дар такя ба масъалагузории эшон метавон ба хафт баст таксим кард. Худи хафт бахши китоби «Сехри мубин», ки аксар баргирифта аз таъбироти шоир аст, хар яке дар чои худ як рохнамоест ба олами шеър ва бад-ин васила ба олами рухонии Шайх Камоли Хучандй. «Сехри мубин»-и устод А. Насриддин дар риштаи камолшиносй ва бад-ин васила дар масъалаи хучандшиносии адабиёти точик сахифахои тозаеро боз карда, ки дар баробари як асари пурарзиши илмй мухаббатномаи устод ба рухи поки Камол ва шеъри оламгири уст. «Сехри мубин» дар камолшиносии точик барои маърифати шеър ва чахоншиносии Шайх Камоли Хучандй бехтарин сарчашмаи муътамади илмист, ки тахлил ва тахкики арзиши илмиву адабии он бахси алохидаи мо хохад буд. Аз ин хама далелу истинод метавон ба хулосае расид, ки шинохти макоми Хучанд ва хучандиён дар рушди тамаддуни точикон аз чанбахои мухими тахкикоти илмии адабиётшинос А. Насриддин ба шумор рафта, натичахои ин ковишхои илмй бозгуи сафахоти дурахшони таърихи илму фарханги миллати точик хохад буд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Камоли, Хучандй. Девон / Тахия ва тасхехи А. Суруш ва С. Саидов (Дар зери назари А. Насриддин)/Камоли Хучандй - Хучанд: Адеша, 2011. - 631 с.

2. Насриддин, Абдулманнон. Куллиёти осор. Дар хафт мучаллад. - Ч,илди 7/Абдулманнони Насриддин -Хучанд: Хуросон, 2013. - 764 с.

3. Насриддин, Абдулманнон Тазкираи шуарои Хучанд/Абдулманнони Насриддин- Хучанд: Ношир, 2015.

4. Насриддинов, А. «Шамс-ул-лугот» ва ахамияти он барои лугатшиносии точик/А. Насриддинов-Душанбе: Ирфон, 1982. - 47 с.

5. Офтоби маърифат. (Ёдномаи доктор А. Насриддин). - Хучанд: Ношир, 2015. - 512 с.

6. Шайдо, Хучандй. Девон / Тасхехи М. Неъматова/Ш. Хучандй - Хучанд: Ношир, 2015. - 612 с.

7. Шохахмад, Абдучаббор. Фарханги ашъори Камоли Хучандй/Абдучаббор Шохахмад -Душанбе: Пайванд, 1996. - 648 с.

8. Шухии Хучандй. Мунтахаби газалиёт / Тахия ва тавзехи Б. Рахматов/Шухии Хучандй -Хучанд: Ношир, 2016. - 600 с.

REFERENCES:

1. Kamoli, Khujandi. Devan / prepared and edited by A. Surush and S. Saidov (under the editorship of A. Nasriddinov)/ Kamoli Khujandi - Khujand: Idea, 2011. - 631 p.

2. Nasriddin, Abdulmannon. Collection of Compositions. In 7 volumes. - V.7/ Abdulmannon Nasriddin - Khujand: Khuroson, 2013. - 764 p.

3. Nasriddin, Abdulmannon. Anthology of Poets who were from Khujand/ Abdulmannon Nasriddin - Khujand: Publisher, 2015.

4. Nasriddinov, A. "Shams-ul-Lughot" and its Significance to the Tajik Lexicography/ Nasriddinov A. - Dushanbe: Cognition, 1982. - 47 p.

5. The Sun of Enlightenment. (memory of Dr. A. Nasriddin). - Khujand: Publisher, 2015. - 512 p.

6. Saydoi, Khujandi. Devan / under the editorship of M. Ne'matova/ Saydoi Khujandi - Khujand: Publisher, 2015. - 612 p.

7. Shohahmad, Abdujabbor. Dictionary of Kamoli Khujandi's Poetry/ Abdujabbor Shohahmad -Dushanbe: Payvand, 1996. - 648 p.

8. Shukhii, Khujandi. Selected Ghazels / preparation and commentaries by B. Rahmatov/ Shukhii Khujandi- Khujand: Publisher, 2016. - 600 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.