Научная статья на тему 'Applied linguistics, its subject of study and basic directions'

Applied linguistics, its subject of study and basic directions Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
181
59
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЯЗЫК / ПРИКЛАДНАЯ ЛИНГВИСТИКА / ТЕОРИЯ / МАТЕМАТИЧЕСКАЯ ЛИНГВИСТИКА / ЯЗЫКОЗНАНИЕ / ЗАКОН / ЭЛЕКТРОННАЯ ТЕХНИКА / ТЕРМИН / ВНЕДРЕНИЕ / ПИСМЕННОСТЬ / НОРМА / LANGUAGE / APPLIED LINGUISTICS / THEORY / MATHEMATICAL LINGUISTICS / LINGUISTICS / LAW / ELECTRONIC ENGINEERING / TERM / INTRODUCTION / WRITING / NORM / ЗАБОН / ЗАБОНШИНОСИИ АМАЛӣ / НАЗАРИЯ / ЗАБОНШИНОСИИ РИѐЗӣ / ЗАБОНШИНОСӣ / қОНУН / ТЕХНИКАИ ЭЛЕКТРОНӣ / ИСТИЛОҳОТ / ТАТБИқ / ХАТ / МЕЪѐР

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Шокиров Т.С.

Прикладная лингвистика, являясь одним из направлений общего языкознанния, на современном этапе приобретает все большее научно-практическое значение. Развития науки, техники и тесное взаимодействие языкознания с другими отраслями способствовали практическому внедрению многих теоретических достижений лингвистики, в результате чего появились новые направления науки, такие как прикладная и математическая лингвистика. В статье рассматривается процесс становления данного предмета как отдельной отрасли языкознания и расширение еѐ сферы деятельности.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Прикладная лингвистика, ее предмет исследования и основные направления

Applied linguistics being one of the direction of general linguistics, in the present stage acquires more and more scientific and practical significance. The development of science and technology and the close interaction of linguistics with other branches contributed to the practical implementation of many theoretical achievements of linguistics, as a result of which a new direction of science appeared, such as applied and mathematical linguistics. The article deals with the process of formation of this subject as a separate branch of linguistics and expansion of its field of activity.

Текст научной работы на тему «Applied linguistics, its subject of study and basic directions»

Ш.02.22.ЗАБОНХ,ОИ МАРДУМИ КИШВАРХ,ОИ ХОРИ^ИИ АВРУПО,

ОСИЁ,АФРИКО, БУМИЁНИ АМРИКО ВА АВСТРАЛИЯ 10.02.22.ЯЗЫКИ НАРОДОВ ЗАРУБЕЖНЫХ СТРАН ЕВРОПЫ, АЗИИ,

АФРИКИ, АБОРИГЕНОВ АМЕРИКИ И АВСТРАЛИИ 10.02.22.LANGUAGES OF FOREIGN COUNTRIES PEOPLES OF EUROPE, ASIA, AFRICA, NATIVES OF AMERICA AND AUSTRALIA

УДК34

ББК67.022.14 Т.С.ШОКИРОВ

ЗАБОНШИНОСИИ АМАЛЙ ВА МАВЗУИ ОМУЗИШУ РАВАНД^ОИ АСОСИИ ОН

Забон яке аз ;адимтарин ва мухимтарин воситаи муоширати ахли чомеа эътироф гардидааст. Хдр чиз, ки падид омад, омузиши он низ огоз мегардад. Бинобар хамин забоншиносй низ на танхо яке аз ;адимтарин сохахои илми башарият махсуб меёбад, балки яке аз асоситарин омилхои рушду камол ва интишори забон бояд дониста шавад, зеро махз ба туфайлу шарофати омузиши вижагихои мухталифи он забоншиносй роху усул ва принсипхои рушди забонро низ му;аррар менамояд.

Баробари ба сухан даромадани инсон забон ва баробари пайдоиши забон забоншиносй арзи вучуд кардааст.

Забоншиносиро ба назариявй ва амалй чудо менамоянд. Сохахои амалии забоншиносй аз ^адим чанбахои гуногун ба худ гирифтааст. Дар ибтидо инсон овозу харф, хат (графика), ошноиву омузиши таркиби лугавй, таълими забонхои модариву гайрро дарёфт, ки он ба фархангнигории шифохиву хаттй замина гузошт. Минбаъд ба забони дигар баргардонидани вожахои маълум, рамзкушоии онхо, тарзи дурусти корбурди вожахо (талаффуз ва имло) ва истилохот аз муаммохои мубрами он гардиданд. Хднуз истифодаи во;еии забон буду ;оидаву ;онуни муайяне коркард нашуда буд ва ин шаходати роич будани забоншиносии амалист. Минбаъд рушди чомеа ва тафаккури он омили пайдоиши ;оидаву ;онун ва меъёри муайяни забон гардид, ки ин нишонаи бунёд ва инкишофи назариихои забон, ё худ забоншиносии назариявй гардид.

Мархалаи сеюми забоншиносй чадидан ба забоншиносии амалй рушд бахшид. Аммо то имруз оид ба истилохи забоншиносии амалй ва сохаи мазкур а;идаву муносибатхо гуногунанд (1, 64; 5, 375; 6, 74 ). Масалан, мафхуми забоншиносии амалй аз тарафи олимони Fарб ва Россия ба таври гуногун фахмида мешавад. Олимони Fарб тахти ин мафхум (applied linguistics, angewandte Linguistik) таълими забони хоричй, усули тадриси он, вижагихои нигориши грамматикиро дар таълим дар назар доранд. Дар Иттиходи Шуравй ва Россия истилохи номбурдаро аз солхои 50-уми асри гузашта барои коркарди технологияи компютерй ва системаи коркарди автоматии мухобирот истифода мебаранд. Аз ин чост, ки мафхуму истилохоти системаи идораи автоматонидашуда, системаи чустучуи мухобиротй, системаи автоматиконидашудаи тахлили матн ва f. чорй гардиданд. Бинобар он хатто дар асару сарчашмахои ба забони русй интишорёфта бар ивази забоншиносии амалй истило^оти забоншиносии компютерй, забоншиносии ^исоббарорй (вычислительная лингвистика), забоншиносии автоматй, забоншиносии му^андисй ба кор мерафт. Бояд гуфт, ки аслан инхо на муродифи забоншиносии амалй, балки сохахои он буда, хар кадоме барои рушди он сахмгузорй намудаанд. Яке аз муха;;и;они забоншиносии амалии шуравй В. А. Звягинсев зимни тахлили ин ду сохаи забоншиносй хануз соли 1967 навишта буд, ки «зери мафхуми забоншиносии амалй бештар тамоми анвои коркарди автоматии мухобироти нутц- шинохти мошинии нутци шифоцй, тарцумаи мошинй, таснифоти автоматии цуццатцои техникй ва асноди дигар, матнцои автоматй ва тацризи ощо, рамзгузории автоматй ва гайрацоро мефацманд... Аммо танцо дар цамин доира мацдуд кардани фаъолияти забоншиносии амалй нодуруст мебуд» (4, 24). Дар ха;и;ат, имруз доираи фаъолияти он хеле фарох гашта, ;ариб тамоми сохахои амалкарди забонро дарбар мегирад.

Боло рафтани ахамияти забон мусоидат намуд, ки раванди корбурд ва рушди онро хатто давлат ба ухда гирад ва инро аз равияхои анъанавии забоншиносии амалй донистан

лозим аст, зеро акнун давлат на танхо ба сиёсати забонй мудохила мекунад, хатто онро ба доираи масъулияташ гирифтааст. Дар натича забон ба рукни сиёсати давлат табдил ёфтааст. Коршиносон сиёсати забониро яке аз асоситарин чанбахои забоншиносии амалй мехисобанд (4, 7; 9, 47 ). Аз назари эшон забоншиносии амалй 5 равияро фарогир аст:1. Коркарди алифбо, имло ва принсипхои он, бартарафсозии бесаводй; 2. Интихоб ва исти;рори забон (ё забонхо)-и давлатй; 3. Му;аррар намудани мав;еъ ва ма;оми забонхои дигар нисбат ба забони давлатй; 4. Коркард, тасниф ва стандартонии истилохоти миллй; 5. Баррасии масоили номгузорй, бозгузории номхои шахру навоюй, майдону махал ва муассисот (7, 32).

Ба итминони комили мо ба ин шумора санаднигорй (хуччатнигорй) хам бояд шомил гардад, зеро он низ талаботи ягонаро та;озо медорад (11, 137). Хдмин тавр, сиёсати забонй унсурхои классикии забоншиносии амалиро ташкил медихад.

Дар Fарб хамзамон бо рушду такомули забоншиносии классикй дар нимаи дуюми асри ХХ чанд самту равияхои нави ин соха падид омад, ки натичаву идомаи манти;ии он дар мархалаи навин буда, бар асари ин;илоби илмию техникии муосир ва тахкими омезиши ;авию босуръати се шохаи нихоят бузургу пешбари илм- чомеашиносП, табииёт ва техники руи кор омад. Аммо дар Ачам ин раванд хеле барва;ттар, аз садаи Х, бавежа дар асри XII ба ву;уъ пайваста буд.

Ч,анбах,ои амалии таъмини забонии сохахои мухталифи фаъолияти инсонй пеш аз хама ба як ;азияи умумй, яъне ба коркарди мухобирот, робитаву ало;аи байнихамдигарии чомеа бурда мерасонад. Чунин раванд, масалан, дар шаклу намуди маълумоти матнй ба тари;и хат ва нут;и шифохй чун усули маъмулии мухобирот сурат гирифта, муттасил инкишофу интишор ёфта, аз тарафи сохибони забон дар гуногунтарин мавриду замон бо мухталифтарин тарзу усул роич мегардад. Сахми махсуси забоншиносиро дар халлу фасли ;азияхои во;ей ва талаботи чомеаро худи мохияти забони табиии инсон му;аррар менамояд, ки ин нодиртарин воситаи махфузй ва радду бадали маълумоти сатхи поёну боло ё баръакс буда метавонад.

Ихтирою истехсоли дастгоххои мутара;;ии бо овозхо идорашаванда, системаи автоматиконидаи чустучу, пайдоиш ва коркарди маълумот бо забонхои гуногун, такомули ташкили ало;а (телефонй, радиой, аудирадиой, видеоэлектронй ва г.)-и шифохй, телеметрй, овозии шифохию сабтй, истифодаи маълумотхои фонетикй, сабтхои видеоэлектронй хангоми ислохи ну;си нут;, шунавой, биноии одам ба мубрамтарин ;азияхои амалй ва ниёзи хаётии чомеаи замонхои охир табдил ёфтааст. Дастовардхои сабтиву аккосии забоншиносии амалй дар тамоми сохахои хочагии хал; фаровон ба кор меравад. Ин хдма ба пайдоиши сохахои нав ба нави забоншиносии амали мусоидат менамояд. Аз ин чост, ки зарурати коркард, тахлил ва ташхиси автоматию электронии матнхои гуногун бо истифодаи васеи хисобмошинхои электронй ба миён омад ва дар як муддати кутох хеле интишор ёфта, ба системахои мухталифи лингвистии таъмини маълумот, тарчумаи мошинй, компютеронии таълимот, коркарди системахои идроки забони табий, коркарди системахои истифодаи маълумоти дорои сигналхои овозиву нут;й табдил ёфт.

Солхои охир дар натичаи коркарди таъмини лингвистии системахои гуногуни маълумот, ;азияи тасниф ва стандартонии истилохот хеле мубрам гардид. Ба ин дар муддати кутох якбора хеле зиёд шудани шумораи истилохоти илмию техникй ва сохахои ба онхо вобаста мусоидат намуда, омили рушд ва фарогирии фархангнигорй шуд. Дар натича масъалаи нихоят мухими бамеъёрдарории(стандартонии) истилохот ва лугот ба миён омад ва бархе забонхо рохи халлашро ёфта истодааст. Зеро, то масъалаи меъёргирии истилохот хал нагардад, забон ва услуби илмй ма;ому манзалати аслии худро наметавонад биёбад. Истилохот бошад, танхо дар фархангу лугатхои тафсирй ва тарчумавй мачмуа шуда метавонад. Аз ин чост, ки сохахои фаъолияти фархангнигории анъанавй торафт васеъ шуда, боиси пайдо гардидани сохахои махсуси марбути мошинхои электронй, масалан, фар^ангнигории автомати ё мошини гардидааст ва алхол даххо чунин фархангномахо дар истифодаанд.

Зимни халли як ;атор вазифахои во;ей дар раванди муколама бо забони табий зарурати хамкории муфиди одаму техникаи электронй ба миён меояд, зеро бехтарин техника бе инсон лаё;ати корй зохир карда наметвонад. Вазифахои коркарди системахои саволу чавоб, идораи робот, таъмини муколама дар раванди ;абули ;арор аз тарафи системаи идорашавандаи техникй, бахо додан ба кор, сифат, дарача ва меъёри он аз хамин чумлаанд ва оддитарин намунааш саволу чавобхои тастй бо компютерхост. Муаммои асосй дар ин чода

дарку фахмиш ва фар; карда тавонистани мазмуну мухтавои матни хаттй ё нут;и шифохии ба барнома воридшуда аз тарафи дастгохи автоматист.

Хдлли хар як вазифаи амалй вижагихои худро дорад ва дар назари аввал он ;олабист, вале аслан фар;и зиёд дораду ин тафовут дар рафти коркард муайян мегардад. Мивдору намуди вазифахои амалии забоншиносй аксаран то вориди кор шудан номаълум мемонад, зеро тамоми холату вазъияти мухобиротии «одам бо одам » ва «одам бо техникаи электронй» дар муошират сурат мегирад ва дахолати лингвист-забоншинос аз эхтимол дур нест. Гохо вазифахо дигар мешаванд, яке дигареро иваз менамояд, ки ба раванди кор таъсири манфй расонида метавонад.

Асоси тадкикоти бунёдиии забоншиносии амалиро мукаррару муайян намудани сохтори фонетики, грамматики, маъной, омории хуччатхои илмй, техники ва ташкилию таъинотй, тахияи фархангномахо ва тасаввуроти маъной ташкил медиханд. Масалан, омода намудани маълумотхои матнй хам вижагихои забоншиносии назариявй ва хам хусусиятхои тад;и;отхои амалиро дорост.

Забоншиносии амалй дар натичаи зарурати донистани забон дар амалу муомила пайдо шудааст. Забоншиносии назариявй асосан холату вазъияти забон, ;оидаву ;онунияти онро дар мачмуъ меомузад, вале истифодаашонро дар матнхои илмиву техникй баррасй намекунад, бинобар он роху усулхои татби;и во;еии ;онуниятхоро забоншиносии амалй нишон медихад. Барои муайян сохтани дарачаи амалкарди забоншиносии назариявй сохаи ба вай наздике лозим буд, ки ;оидаву ;онуни маъмулиро дар во;еият татби; намояд. Чунин зарурат солхои 70-уми асри ХХ олимонро водор сохт, ки сохаи наверо руи кор оранд. Олимон «ба хулосае омаданд, ки халли бисёр муаммохои амалй сирф забоншиносй буда наметавонад, балки роху равиши дигар дорад, онро ба таври тархрезии (моделонии) рафтору тафаккури одам, омезиши воситахои шакливу маъноии забон »(8, 64) ба хал расонидан мумкин буд. Хдмин тавр, яке аз мухимтарин муаммохои бунёдии байнисохавй бо тамоюли амалй пайдо шуда, тархрезии (моделонии) дониш ном гирифт.

Донишандузй (моделонй, тархрезии дониш) ва;тхои охир ба бисёр сохахои илм, ба мисли манти;, риёзиёт, равоншиносй ( психология), кибернетика шомил гардид, ки сабаби хамагир шуданаш бунёди системахои автоматии маърифати гайритабий буд. Дар илму техника инъикоси маънои хар матн дарачаи дониши хамон сохаро муайян менамояд. Модоме ки чунин аст, андузиши дониш бо инъикоси он дар матн айният пайдо намуда, чихати амалиашро муайян месозад.

Масъалаи халли вазифаи амалии муомилоти техникй ва хизматиро дарачаи ами;ию ани;й ва донишварона омода намудани матни хуччат, сохтори он, грамматика, лексика, маъно, истилохвожахо, мавчудияти омории сохтори матн ва тафаккури матн му;аррар менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки суръат гирифтани рушди забоншиносии амалй борхо омили пешрафти забоншиносии назариявй гардидааст. Аз чумла, солхои 20-30-уми асри ХХ дар натичаи афзудани зарурати таснифоту стандартонии истилохоти илмию техникй сохаи нави забоншиносй-истилохшиносй (терминоведение) арзи вучуд кард. Солхои 30-40 бошад, кору пайкорхои тахияи алифбову хати хал;хои Иттиходи Шуравй усулхои тасвири хамзамонии (синхронии) забонхоро такмил бахшид, ки ин як падидаи тоза буд. Тамоми самтхои нави забошиносии амалиро як муаммои асосй- коркарди автоматии забони шифохй ва хаттй ба хам меорад. Падид омадани чунин муаммо боиси ба вучуд омадани усулхои нави тахлили забон, тарзи нави нигориш гардида, ба инкишофи назари нав ба табиати забон ва сохтори забоншиносй мусоидат намуд. Минбаъд забоншиносии амалй заминаи инкишофи

забоншиносии назариявй гашт. Дар натича халли муаммои коркарди автоматии маводи забон солхои 50-70-уми садаи ХХ аз бисёр чихат рушди хаматарафаи забоншиносии назариявии чахониро таъмин кард. Вуруди самтхои навини забоншиносии амалй ба усули риёзй (махсусан усулхои назариявию бисёркаратй, расмию манти;й, оморию эхтимолй) забоншиносии назариявиро суръат бахшид. Аз бархурди усулхои забоншиносии классикй, манти;у равоншиносй, маъношиносии классикй ва риёзй татби;и усулхои забоншиносии сохтории муосир чун илми алохида оид ба усулхои тархрезй дар забоншиносй ташаккул ёфт.

Дар забоншиносй фасли алохида ва муста;ил - назарияи тархрезии забон ба вучуд омада, дар як муддати кутох хеле ташаккул ёфт. Ба хам омадани забоншиносй ва риёзиёт (математика) сохаи нав- забоншиносии риёзй (математикй)-ро падид овард, ки масоили забоншиносй бо татбики усули математикй хал карда мешавад. Ин падида солхои 50-60-уми асри гузашта ба ву;уъ пайваста, доираи омузиши забонро пахно бахшид. Акнун коршиносон

ба забон ва сохтори он чун система муносибат менамуданд. Дарки системаи забон чун сохтори мураккаби шомили микросистемах^, ошкор кардани намудхои гуногуни робитаи байни объектхои лингвистй ва чузъхо (атрибут)-и онхо барои арзи вучуд намудани забоншиносии математикй шароити мусоид фарохам овард. Забоншиносии сохторй ва забоншиносии риёзй ба инкишофи забоншиносии назариявии муосир таъсири ами; расониданд. Таъсири онхо махсусан дар синтаксис ва семантика (маънишошиносй) назаррас аст, аз чумла дар интихои тахлили нахвй ба на;ша гирифтани чумла ва тахлили он махз дар натичаи таъсири риёзй роич гаштааст.

Дар синтаксиси сохторй ду тарх (модел) и расмии синтаксисй чорй гардид: тархи муста;им ва вобаста (9, 19). Ин тарххо зимни тахлили синтаксисии автоматй, тарчумаи мошинй ва супоришхои коркарди автоматии матн фаровон истифода мешавад. Хдмчунин намуди синтаксисии «омехта» кор фармуда мешавад, ки бартарияти ин ё он тархи синтаксисиро нишон медихад. Масалан, бо тахлили синтаксисии автоматй метавонем ;олабхои чумлахои содда, соддаи чидаъзо, чумлахои мураккаб, мураккаби пайваст, тобеъ ва г.-ро муайян намоем.

Дар семантика (юн. 8ешап^ко- ифодакунанда, ишораткунанда), ки чихати маъноии вохидхои гуногуни забонй (морфема, калима, ибора, шаклхои грамматикй; 10, 164) ва умуман хамаи ;абатхои забонро аз лихози маъно меомузад, усули махсуси тат;и;от мустаъмал аст. Он бо таъсири усулхои сирф забонй ва усулхои семантикаи манти;й, инчунин назарияи таснифот матнро ба тахлил мегирад, чунин таснифот низ бо истифодаи техникахои электронй метавонад сурат гирад.

Хднгоми тархрезии семантикаи лугавй дар забоншиносии сохторй назарияи майдонй ё доираи маъной, тахлили чузъй, нигориши чанбахои гайризабонии вожахо падид омадаанд ва бо ма;сади амалй намудани семантикаи нахвй шумораи зиёди консепсияи сохтори маъноии чумла чорй карда шудааст.

Бисёр мафхумхову усулхои тах;и;у тахлили улуми чомеашиносй дар забоншиносии сохторй, риёзй ва амалй татби; шуда, беш аз пеш дар адабиётшиносй, китобхонашиносй, таърих, мардумшиносй (этнография), равоншиносй, хуччатшиносй ворид мегардад. Автоматонии тад;и;от низ имруз хоси ;ариб хамаи улуми мазкур гаштааст ва лозим меояд, ки бонкхои бузурги махфузии хуччатхо ва маълумотхои далелнок бунёд карда шавад. Чунин намуди автоматонй пеш аз хама, барои ;онеъ гардонидани ниёзи мухобиротии коршиносони улуми чомеашиносй зарур аст.

Бонк ё захираи маълумот^о тамоми кори муха;;и;ро чандин маротиба сабуку осон карда, метезонад. Масалан, дар пайдо кардани адабиёт, мавзуъ; рисолаву сарчашмахои мунташиру номатбуъ; интихобу таснифи алифбои мавзуй, сохавй, даврагй; ёфтани далелу санадхои гуногун; мураттабу муназзам кардан; му;оисаву тахлил ва ташхиси матну хуччатхо ва г. захира^ои мазкури электронй кумаки беандоза мерасонад. Бинобар он асоси забоншиносии амалии муосирро бо тамоми гуногунию мухталифии усулхои тах;и; ва дастовардхояш забоншиносии сохторй ва риёзй ташкил медиханд (2,56; 3, 75).

Мавзуи асосии омузиши забоншиносии сохторй ва риёзй коркард ва такмили усулхои сохторию расмии тахлилу нигориши вижагихои забон аст. Алхол дастовардхои забоншиносии сохторй низ бозёфти забоншиносии умумй эътироф шудааст, ки ин шаходати зарурату мухимии соха мебошад, зеро он ба пахно гирифтани забоншиносии амалй дар омузиши масоили хамарузаи фонетикй, лугавй, сарфй, нахвй, суханварй (риторика), хат ва имло мусоидат мекунад.

Умуман, забоншиносии амалй, пеш аз хама, фанни тачаммуй (комплексй) буда, ;онуну ;оидахои муайянкардаи забоншиносии назариявиро бо омезиши нигохи фалсафй, равоншиносй, физиологй, риёзй, манти;, таърих, чугрофия, ичтимоиёт (сотсиология), мухобирот (информатика)-ро бо истифодаи техникахои мутара;;ии замонавию дастовардхои навтарини илму техника баррасй менамояд.

Аз ин чост, ки бинобар бо забоншиносии риёзй ва сохторй дар робитаи зич пеш рафтанаш, забоншиносии амалй бисёр истилохотеро мавриди корбаст ;арор медихад, ки барои забоншиносии назариявй бегонаанд, ба мисли алгоритм (амали пайвастаест, ки ичрояш барои ба ма;сади мушаххас расидан хатмист), захираи маълумот^о (база данных- мачмуи маълумот, ки дар шакли барои инти;оли автоматй мувофи; чойгир карда шудааст), захираи дониш (база знаний- захираи маълумотест, ки унсурхояш ба расмият дароварда шуда, донишу далелхои гайризабониро шомил аст), грамматикаи вобастагй (грамматика зависимостей-

тасаввури расмии сохтори чумла дар ташаккули чузъхоест, ки байнашон муносибати вобастагй мавчуд аст), грамматикаи мустаким (непосредственно составляющих- тасаввури расмии сохтори чумла дар ташаккули унсурхои андаруни хамдигар ба тарзи мувозй чойгиршуда ба хамдигар вобастагие надоранд), грамматикаи тасаввурот (грамматика представлений- системаи ;оидахост, ки доираи корбасти хар як вожаро ба хисоб мегирад ), граф (объекти риёзиест, ки аз мачмуи ;улла (ну;тахо) ва тега (ало;а) хо иборат буда, чуфтхои ;уллахоро бо хам ало;аманд месозад), квазиреферат (реферати аз тарафи компютер тахияшуда), тахлили конфигуратсионй (конфигурационный анализ- тахлили матни воридй бо рохи му;оисаи ;олаби синтаксисии мавчуда), протсессори забоншиносй (лингвистический процессор- чамъи раванди коркарди матнхои забони табий, ки барои системаи автоматонидашуда маълумоти воридй ба хисоб меравад), псевдограф (графи ба тарафе майлоншудаест, ки хал;аву камон дорад), тахлили баръаксбинй (предсказуемостный анализ-раванд ва намуди тахлилест, ки матнро аз чап ба рост муоина намуда, аз ягон чихат муодил доштан ё надоштани хар як вожаро месанчад), фархангномаи конкорданс (фархангномаи махсуси шаклу гунахои матнест, ки дар кадом матнхо омадани гунахои калимаро нишон медихад) ва f.

Истилохоти мазкур низ худ далели онанд, ки имруз забоншиносии амалй ;азияхои забоншиносиро бо татби;и техникаи электронй ба субут мерасонад ва он оммавитар аст нисбат ба забншиносии назариявй. Бояд ;айд кард, ки доираи татби;и забоншиносии амалй хеле фарох буда, дар тамоми сохахои фаъолияти инсонй роич мегардад. Бинобар он яке аз пажухишгарони ин соха таъкид менамояд, ки «хар чое ки матн хаст, он чо забоншиносии амалй буда метавонад» (8, 115).Матн дар асоси ;оидахои забоншиносии назариявй ташаккул меёбад ва аз тарафи забоншиносии амалй омухта мешавад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Бектаев, К. Б. Математические методы в языкознанииЧ1 / К. Б. Бектаев, Р. Г. Пиотровский // Алма-Ата, 1973.-138 с.

2. Беляева, Л. Н. Применение ЭВМ в лингвистических исследованиях и лингводидактике / Л. Н. Беляева. - Л., 1986.- 82 с.

3. Винер, Н. Кибернетика / Н. Винер. - М., 1983.-344 с.

4. Звегинцев, В. А. Теоретическая и прикладная лингвистика /В. А. Звягинцев // М. 1968.-338 с.

5. Лингвистический энциклопедический словарь. - М., 1990.-682с

6. Марчук, Ю. Н. Математические методы в языкознании / Ю. Н. Марчук.- М., 1990.

7. Прикладные аспекты лингвистики. М., 1989.8. Русский язык и новое технология.-М.: Новое литературное образование, 2017.- 256 с.

9. Структурная и прикладная лингвистика. Вып. 1. // Под ред. А. С. Герда.- Л, 1978.

10. Хусейнов, Х. ЛуFати терминхои забоншиносй./ Х. Хусейнов. Душанбе: Маориф, 1983.-256с

11. Шокиров, Т.С. Сананигорй ва вижагихои он./ Т.С. Шокиров. - Ахбори ДДБ^СТ. Силсилаи гуманитарй. 2017.№ 2 - 137-141с.

REFERENCE:

1. Bektayev, K. B., Piotrovsky R. G. Mathematical Methods in Linguistics / K. B. Bektaev// Part. I. Alma-Ata, 1973.-138 p.

2. Belyaeva, L. N. The use of computers in linguistic research and linguodidactics // L. N. Belyaeva. -L., 1986.- 82 p.

3. Winer, N. Cybernetics / N. Winer. // M., 1983.-344 p.

4. Zvegintsev, V. A. Theoretical and Applied Linguistics. A. Zvyagintsev // M. 1968.-338 p.

5. Linguistic encyclopedic dictionary. // M., 1990.

6. Marchuk, Yu. N. Mathematical Methods in Linguistics / Yu. N. Marchuk. // M., 1990.-132 р.

7. Applied aspects of linguistics. // M., 1989.- 178 р.

8. Russian language and new technology.-M .: New literary education, 2017.- 256 p.

9. Structural and applied linguistics. Issue. 1. // Ed. A. S. Gerd. L., 1978.- 235 р.

10. Nuseynov, H., Shukurova, K. Dictionary of linguistic terms/ H. Nuseynov //.- Dushanbe: Maorif, 1983.-256 p.

11. Shokirov, T. S. Date and their features .- / T. S. Shokirov // Bulletin of the Tajik State University of Law, Business and Politics. Section of Human Sciences, 2017, No. 2, P.137-141.

Забоншиносии амалй ва мавзуи омузишу равандх^ои асосии он

Вожа\ои калидй: забон, забоншиносии амалй, назария, забоншиносии риёзй, забоншиносй, цонун, техникаи электронй, истилохот, татбиц, хат, меъёр.

Забоншиносии амалй яке аз соцацои забоншиносии умумй буда, дар марцалаи кунунии рушди он беш аз пеш ацамияти рузафзун касб менамояд. Инкишофи илму техника ва робитаи мутацобилаю цувватгирандаи забоншиносй бо улуми дигар омили мубрами татбици воцеии бисёр дастоварду бозёфтцои назариявии забоншиносй гардида, боиси падид омадани соцаву равищои тоза ба тозаи илми давр шуд, ки забоншиносии амалй ва риёзй (математики) аз цамин цумлаанд. Дар мацолаи мазкур кушиши равшану возец сохтани бархе аз раванди пайдоиши илму фанни забоншиносии амалй чун соцаи мустацили забоншиносй ва вижагицои корбурди он ба назар мерасад.

Прикладная лингвистика, предмет ее исследования и основные направления Ключевие слова: язык, прикладная лингвистика, теория, математическая лингвистика, языкознание, закон, электронная техника, термин, внедрение, писменность, норма.

Прикладная лингвистика, являясь одним из направлений общего языкознанния, на современном этапе приобретает все большее научно-практическое значение. Развития науки, техники и тесное взаимодействие языкознания с другими отраслями способствовали практическому внедрению многих теоретических достижений лингвистики, в результате чего появились новые направления науки, такие как прикладная и математическая лингвистика. В статье рассматривается процесс становления данного предмета как отдельной отрасли языкознания и расширение её сферы деятельности.

Applied Linguistics, its Subject of Study and Basic Directions

Keyword word: language, applied linguistics, theory, mathematical linguistics, linguistics, law, electronic

engineering, term, introduction, writing, norm. Applied linguistics being one of the direction of general linguistics, in the present stage acquires more and more scientific and practical significance. The development of science and technology and the close interaction of linguistics with other branches contributed to the practical implementation of many theoretical achievements of linguistics, as a result of which a new direction of science appeared, such as applied and mathematical linguistics. The article deals with the process of formation of this subject as a separate branch of linguistics and expansion of its field of activity. Маълумот дар барои муаллиф:

Шокиров Туграл Сироцович, доктори илмцои филологй, профессори кафедраи забони тоцикии Донишгоци давлатии хуцуц, бизнес ва сиесати Тоцикистон (Чумцурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), Email: shokirov1953@mail.ru Сведения об авторе:

Шокиров Туграл Сироджович, доктор филологических наук, профессор кафедры таджикского языка Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики (Республика Таджикистан, г.Худжанд), E-mail: shokirov1953@mail.ru Information about the author:

Shokirov Tugral Sirojovich, Professor of the Tajik Language department under the Tajik State University of Law, Business and Politics (Tajikistan Republic, Khujand), E-mail: shokirov1953@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.