Научная статья на тему 'Theoretical and methodological Fundamentals of innovative process in education'

Theoretical and methodological Fundamentals of innovative process in education Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
725
48
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИННОВАТСИЯ / ИННОВАТСИЯИ ПЕДАГОГИ / ТАСНИФОТИ ИННОВАТСИЯИ ПЕДАГОГИ / НАВОВАРЙ ДАР ТАЪЛИМ / МУАММОУОИ ИННОВАТСИЯИ ПЕДАГОГИ / ИННОВАЦИЯ / ПЕДАГОГИЧЕСКАЯ ИННОВАЦИЯ / КЛАССИФИКАЦИЯ ПЕДАГОГИЧЕСКОЙ ИННОВАЦИИ / НОВОВВЕДЕНИЕ В ОБРАЗОВАНИИ / ПРОБЛЕМЫ ПЕДАГОГИЧЕСКОЙ ИННОВАЦИИ / INNOVATION / PEDAGOGICAL INNOVATION / CLASSIFICATION OF PEDAGOGICAL INNOVATION / INNOVATION IN EDUCATION / THE ISSUES OF PEDAGOGICAL INNOVATION

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Хакимова Ш.И.

Статья посвящена проблемам основа теории и методики инновационного процесса в системе образования. Исследуются научные основы педагогической инновации и её классификации, новаторство и нововведение в системе образовании. Анализируются понятия и свойства научной концепции инновационной политики в образования. Делается вывод о том, что сегодня инновационное образование должно представлять собой целенаправленный процесс воспитания и инновационного обучения человека, способствовать развитию его творческих способностей, навыков самообучения и самосовершенствования. Также в статье отмечается, что интеллектуальный труд и постоянное обновление знаний являются теми факторами, которые повышают социальную значимость отдельного индивида в формирующемся обществе знаний. Основные положения статьи иллюстрируются интересными доводами и фактами из педагогических научных источников и практической деятельности самого автора.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Теоретико-методические основы инновационного процесса в образовании

The article deals with the study of the theory and the method of innovative process in the system of education. Scientific basis of pedagogical innovation and its classification in the system of education are analyzed. The notion and characteristics of scientific concept of innovative politics in education are mentioned in the article. The author comes to conclusion that nowadays innovative education must represent purposeful process of upbringing and innovative education of a man which favors the development of creative facilities, self-training skills and self-perfection. The article states that intellectual work and constant update of knowledge are the factors which raise social significance of an individual in forming by the society knowledge. The position of the author is illustrated with interesting arguments, facts from pedagogical scientific sources and practical activity of the author.

Текст научной работы на тему «Theoretical and methodological Fundamentals of innovative process in education»

УДК 4Т (045) Ш.И. ^АКИМОВА

ББК 81,2 тя 72

АСОС^ОИ НАЗАРИЯВИЮ МЕТОДИИ РАВАНД^ОИ ИННОВАТСИОНЙ

ДАР ТАЪЛИМ

Вожа^ои калиди: инноватсия, инноватсияи педагоги, таснифоти инноватсияи педагоги, навоварй дар таълим, муаммоуои инноватсияи педагоги

Тагйироти куллии системаи маориф хамеша ба коркардхои педагога иртибот дорад. Аммо барои ин танхо навоварии педагога кам аст. Навоварихои педагогиро бо вучуди чолиби диктат будан ва хаматарафа коркард гаштан бидуни идоракунй ва ташкили равандхои инноватсионй аз худ намудан гайриимкон аст. Табиист, ки асосгузорони навоварихо бо муаммои гуногуне, ки ин навоварихо ба бор хоханд овард, ру ба ру мешаванд ва вазифадор мегарданд, ки рохи халли ин муамморо чустучу намоянд.

Барои рохандозии навоварихо, усулхои нав, равишхои педагогй зарур аст, ки мо бояд роху усулхои пиёдасозии онхоро донем.

Масъалаи дастгирии илмии фаъолияти инноватсионй дар таълим ба сохди инноватсияи педагогй тааллук дорад. Инноватикаи педагогй илми нисбатан чавон буда, ба он аз охирхои солхои 80-уми асри гузашта ва аз хама зиёдтар дар 15 соли охир диккати олимон чалб гаштааст. Имруз хам инноватсияи педагогй ва хдм методологияи он дар зинаи коркард ва ташаккул карор доранд. Ин чо бояд ба тавзехи худи ин мафхум ва асосхои назариявии равандхои инноватсионй дар таълим равшанй андозем.

Навоварй дар таълим ин пешниходи акидахои нави эчодкорона, асосхо, методхо ва дар баъзе мавридхо пешбарии лоихахо бо мухтавои созгорсозии он барои истифода дар сохди маориф аст.

Бояд зикр намуд, ки мафхуми навигарй аз навоварй тафовут дорад. Агар зери мафхуми навигарии педагогй як акида, метод, восита, технологияи нав фахмида шавад, зери мафхуми навоварй раванди рохандозй ва азхудкунй мавриди назар аст. Мо мафхуми «навоварй»-ро муродифи «инноватсия» мехисобем.

Бо ёрии ташкили навоварй метавон тахаввули низоми маорифро чи дар сатхи муассисаи таълимй ва чи дар сатхд вилояту чумхурй идора намуд. Асосноксозии типологияи навоварихои педагогй мусоидат мекунад, ки хусусият ва конуниятхои инкишофи навоварй омухта шавад, омилхои рохнамо ва садди рохгашта тахлил карда шаванд.

Мафхуми калидии инноватика раванди инноватсионй мебошад. Се омили асосии равандхои инноватсионй дар таълим вучуд дорад:

1. Ичтимоию иктисодй

2. Психологию педагогй

3. Ташкилию идоракунй

Аз ин авомил шарту шароите, ки дар он равандхои инноватсионй рух медиханд, вобастагй доранд. Шароити мавчуда метавонад ба рахандозии раванди инноватсионй мусоидат намояд ва ё баръакс садди рох гардад. Раванди инноватсионй метавонад хусусияти номуташаккил ва ё идорашаванда дошта бошад. Рохандозии навоварй ин пеш аз хама кори идорасозии сунъй ва ё табиии раванди тагйирот мебошад.

Ин чо бояд се чузъи раванди инноватсионй-ташкил, азхудкуни ва истифодаро кайд намоем. Х,амин гуна раванди инноватсионии иборат аз се чузъ объекти омузиши инноватикаи педагогй мебошад, ки он аз дидактика, ки объекти омузишаш раванди таълим аст, имтиёз дорад.

Мафхуми дигар- фаъолияти инноватсионй- ин чамъи чорабинихо барои таъмини раванди инноватсионй дар ин ё он зинаи маориф ва бевосита худи раванд низ мебошад. Ба амалхои асосии фаъолияти инноватсионй тагйироти кисматхои раванди педагогй-максад, мазмуни

таълим, шакл, метод, воситаи таълим, системаи идоракунй ва монанди индо дохил мешаванд.

Инноватика ба педагогика аз маданиятшиносй, забоншиносй, иктисодиёт род ёфтааст. Дар инноватика акидаи ифодакунандаи таносуби анъанавй ва интикодии назария ва амалия (назария коркард менамояд ва амалия татбик менамояд) вучуд дорад.

Ба назари мо, якбора ба таври механикй ба содаи педагогика ворид намудани инноватика, чи хеле ки дар содаи иктисодиёт ва содибкорй ё истедсолот роич аст, мувофики максад нест. Бо назардошти ба инсон нигаронида шудани модияти педагогика, мо мазмун ва мундаричаи инноватикаи педагогиро на дар масъалаи анъанавии «таъсири беруна» ба донишомузон, балки аз чидати шароити тагйироти таълими ондо, ки бо иштироки худи ондо амалй карда мешавад, муайян менамоем. Ин принсипи асосиест, ки мо ба хдйси медвар барои муайянсозии асосдои назариявй-методии инноватикаи педагогй пешнидод менамоем.

Бо такя ба гуфтадои боло, мо зери мафдуми инноватикаи педагогй илмеро мефадмем, ки табиат, конунияти пайдоиш ва инкишофи инноватсиядои педагогй, алокаи ондо бо суннатдои пешин ва ояндаро вобаста ба субъекти таълим меомузад.

Объект ва мавриди бадси инноватикаи педагогиро ба таври зерин тардрезй менамоем. Объекти инноватикаи педагогй - раванди пайдоиш, ташаккул ва азхудкунии инноватсия дар таълим мебошад. Ин чо зери мафхуми инноватсия навоваридое фадмида мешаванд, ки ба таълим элементдои нав дохил мекунанд ва ба ин васила боиси аз як сатд ба сатди дигар гузаштани он мегардад. Таълим дамчун фаъолияти ичтимоию, мадание баррасй мегардад, ки ба раванди тагйирот ва навигаридои он субъекти фаъолияти мазкур дохил карда шудааст.

Кулли муносибатдое, ки дар фаъолияти инноватсионии таълим ба вучуд меояд ва ба шаклгирии шахсияти субъектдои таълим (донишомузон, омузгорон, садорат) нигаронида шудааст ин мавзуи бадси инноватикаи педагогй мадсуб мешавад.

Тагйироти инноватсионй имруз дар самтдои гуногун, аз чумла шаклгирии мазмуни нави таълим, коркард ва родандозии усулдои нави таълим, истифодаи методдо, воситадои азхудкунии барномадои нав, чорисозии шароитдо барои худмуайянкунии шахсият дар раванди таълим, тагйирот дар фаъолият ва фикрронии чй донишомузон ва чй омузгорон, тагйироти дамдигарфадмии ондо, ташкил ва ташаккули гуруддои инноватсионй, мактаб ва донишгоддо рафта истодааст.

Тахкики равандхои инноватсионй дар таълим як катор муаммои назариявй ва методологиро муайян намуд: таносуби анъана ва навоварй, мазмун ва зинадои сикли инноватсионй, муносибати субъектхои инноватсия ба навоварй, идораи инноватсия, тайёрии мутахассисон, асосдо барои меъёрдои бадогузорй дар таълим ва монанди индо. Ин муаммодо барои фадмиши зинаи дигар-методология ниёз доранд. Далелноксозии асосдои методологии инноватикаи педагогй низ ба мисли худи инноватика мавзуи мубрам аст. Инноватикаи педагогй самти махсуси тадкикоти методологй мадсуб мешавад (9).

Барои коркарди таъминоти илмии инновацияи таълимй ба мо зарур аст, ки ба тадкурсии мавчудаи методологй такя намоем. Барои ин истифодаи дастгоди илмие, ки ба методологияи педагогикаи умумй тааллук дорад, мувофики максад дисобида мешавад. Методологияи педагогй чист? Дар байни файласуфон, методологдо, педагогдо дар ин бобат акидахои мухталиф чой доранд. Модияти фаъолнокии инноватсия дар таълим ва зарурияти инъикоси он дар шакли омузиш такозо менамояд, ки методологияи инноватикаи педагогй дамчун як чизи кулли иборат аз ду чузъ-омузиш ва фаъолият фадмида шавад. Барои кайди ин ягонагй дар сатди мафдумй аз таърифи методологияи педагогй, ки М.А. Данилов пешнидод намудааст, истифода намоем: «Методологияи педагогика ин низоми донишдо оид ба асосдо ва сохтордои назарияи педагогй, принсипдои низоми муносибат ва усулдои гирифтани дониш, ... аст, ки фаъолияти педагогиро инъикос менамояд» (3,73). Ин акидаро инчунин В.В. Краевский низ чонибдорй менамояд: «.инчунин системаи фаъолият оид ба гирифтани донишдо, асосноксозии барнома, мантик ва методдо, бадогузории сифати тадкикотдои махсуси педагогии илмй» (4, 16).

Бино бар андешадои болй метавон ба чунин хулоса расид: Методологияи инноватикаи педагогй ин низоми донишдо ва фаъолиятест, ки ба асосу сохтори таълимот дар бораи бунёд, азхудкунй ва истифодаи навоваридои педагогй тааллук дорад.

Х,амин тавр, ба сохди методологияи инноватикаи педагогй низоми донишхо ва фаъолияти мутаносиби он дохил мешавад, ки инноватикаи педагогиро меомузад, шарху эзох медихад, принсипхо, конуниятхо, мафхумхо, воситахо ва дигар масоили марбутаи назариявиро вобаста ба инноватикаи педагогй асоснок менамояд.

Инноватикаи педагогй ва дастгохи методологии он воситаи бебадали тахлил, асосноксозй ва лоихасозии модернизатсияи таълим мебошад. Таъминоти илмии ин раванди инноватсионии чахонй ниёз ба коркард дорад. Аксари навигарихо, аз чумла, стандартхои таълимии тахсилоти миёнаи олй ва умумй, сохтори нави макотиби олй ва миёна, таълими равиявй, имтихонхои ягонаи тестй ва гайрахо холо аз нигохи инноватсионию педагогй омухта нашудаанд, дар раванди он яклухтию системанокй ва истифодаи навоварй ба чашм намерасад.

Талабот беш аз пеш ба дарки мохияти назариявии идораи раванди инноватсионй дар муассисахои таълимй, коркарди шароитхои педагогии ба инкишофи бемайлони инноватсия мусоид афзуда истодааст. Инчунин бояд таъкид намуд, ки равандхои инноватсионй ба тайёрии махсуси мутахассисон - педагогхо ва садорати муассисахои таълимй ниёз доранд.

Дар доираи халли масоили зикргашта муаммои таснифи инноватсияхои педагогиро аз назар мегузаронем. Бо такя ба тахкикоти А.В. Хуторской (10) низоми навоварихои педагогиро пешниход менамоем, ки иборат аз 10 кисмат аст. Х,ар як кисмат фарогири асоси махсус ва зеркисмхо аст. Номгуйи асос ва заминахо бо назардошти доираи зерини навоварихои педагогй мураттаб гаштааст: муносибат ба сохтори илм, алокамандй ба субъектхои таълим ва шароити рохандозиву хусусияти навоварихо.

Тибки таснифоти пешниходшаванда навоварихои педагогй ба навъ ва зернавъхои зерин чудо мешаванд:

1. Аз руйи алокамандй бо чузхои сохтории низоми таълим: навоварй дар максадгузорй, вазифа ва мазмуни таълиму тарбия, дар шаклу методхо ва технологияи таълим, дар воситахои таълим, дар низоми бахогузорй ба дониш, махорат ва малака ва г.

2. Вобаста ба инкишофи шахсияти субъектхои таълим: дар сохаи рушди кобилияти донишомузон ва омузгорон, дар самти инкишоф ва тахаввули дониш, махорат, малака, салохияту фаъолияти онхо ва г.

3. Дар сохаи истифодашавандаи педагогика: дар раванди таълим, курси таълим, сатхи низоми таълим, дар сатхи низоми маориф, дар идоракунии маориф.

4. Аз руйи анвои муносибати иштирокдорони раванди педагогй: дар таълими коллективй, гурухй, омузгорй, оилавй, инфиродй, хусусй ва г.

5. Аз руйи имконоти функсионалй: навоварии шароитхо (азнавсозии мухити таълим, шароитхои ичтимоию маданй ва г.), навоварии фикрй (воситахои педагогй, лоихахо, технологияхо ва г.), навоварихои идоракунй (мукаррароти нав дар сохтори низоми таълим ва корхои таъминкунандаи идоракунии он).

6. Аз руйи амалисозй: накшавй, системавй, давра ба давра, якбора, тасодуфй, худ аз худ.

7. Аз руйи фарогирй: фаъолияти як омузгор, як кафедра, як иттиходияи методй, як мактаб ё факултет, донишгох, вилоят, чумхурй, сатхи байналхалкй ва г.

8. Аз руйи арзишхои ичтимой-педагогй: дар муассисахои таълимии навъи муайян, барои гурухи мушаххаси мутахассисон.

9. Аз руйи чорабинихои навоварй: махдуд (локалй), оммавй, куллй (глобалй) ва г.

10. Аз руйи сатхи азнавсозихои тахминй: ислохотй, тагйирдиханда (модификатсиякунанда), модернизатсиякунанда, инкилобй, катъй (радикалй)

Дар таснифоти пешниходшаванда айни як инноватсия метавонад хамзамон дорои якчанд хусусият буда, ба якчанд навъи он тааллук дошта бошад. Масалан, навоварии педагогй ба монанди гузариш ба низоми кредитии таълим метавонад шомили хамаи синфхои таснифот, аз чумла навоварй дар максадгузорй, вазифа ва мазмуни таълиму тарбия, дар шаклу методхо, дар технологияи таълим, дар воситахои таълим, дар низоми бахогузорй ба дониш, махорат ва малака, навоварй дар сохаи рушди кобилияти донишомузон ва омузгорон, дар самти инкишоф ва тахаввули дониш, махорат, малака, салохияту фаъолияти онхо, навоварй дар раванди таълим, навоварй дар азнавсозии мухити таълим, шароитхои ичтимоию маданй, навоварй дар амалисозии давра ба давраи он, навоварй дар амалисозии он ва монанди инхо бошад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Алексеева, Л. Н. Инновационные технологии как ресурс эксперимента/Л.Н.Алексеева // Учитель. - 2004. - № 3. - С. 78.

1. Бабанский, Ю.К. Проблемы повышения эффективности педагогических исследований:дидактический аспект/Ю.К.Бабанский.- М.., 1982, С. 151

2. Данилов, М.А. Взаимоотношение всеобщей методологии науки и специальной методологии педагогики /М.А.Данилов// Проблемы социалистической педагогики. - М., 1973. - С.73.

3. Краевский, В.В. Методология педагогики: Пособие для педагогов-исследователей/В.В. Краевский. - Чебоксары, 2001. - 244 с.

4. ^онуни Ч,умх,урии Точикистон Дар бораи фаъолияти инноватсионй //Ахбори Мачлиси Олии Ч,умх,урии Точикистон 2012.- №4.

5. Солодухина, О.А. Классификация инновационных процессов в образовании. Среднее профессиональное образование .- 2011.-№ 11.- С. 12 - 13.

6. Скрипко, Л.Е. Внедрение инновационных методов обучения: перспективные возможности или непреодолимые проблемы? / Л.Е. Скрипко// Менеджмент качества. - 2012. - № 1. -С. 76-84.

7. Симоненко, Н.Н. Управление образовательными услугами с применением инновационных методов обучения /Н.Н.Симоненко//Вестник Тихоокеанского государственного университета.- 2012. - № 2. - С. 201-206.

8. Хдкимова Ш.Падидах,ои инноватсионии таълим дар системаи маорифи Точикистон/ШДакимова//Номаи донишгох,.Силсилаи илмх,ои гуманитарй ва чомеашиносй.- 2015.-№ 2.-С.245-248.

9. Хуторской, А.В. Педагогическая инноватика: методология, теория, практика: научное издание / А.В.Хуторской. - М., 2005. - 222 с.

10.Юсуфбекова, Н.Р. Педагогическая инноватика как направление методологических исследований / Н.Р. Юсуфбекова// Педагогическая теория: идеи и проблемы. - М., 1992.-С.20-26.

REFERENCES:

1. Alekseeva L.N. Innovative Technologies as the resource of the experiment / L.N.Alekseeva // Uchitel. - 2004. - № 3. - Р. 78.

2. .Babanski, Yu. K Problems of increase of efficiency of educational research: the didactic aspect / Yu.K.Babanskiy.- M .. 1982, Р. 151

3. Danilov, M.A. Interrelation of the general methodology of science and special methodology of pedagogy /M.A.Danilov// problems of socialist pedagogy. - M., 1973. - P.73.

4. Krajevski V.V. pedagogic methodology: A guide for teachers and researchers / V.V. Krajevski. -Cheboksary, 2001. - 244 p.

5. The law of the Republic of Tajikistan about the innovative activity// the report of Majlisi oli of the Republic of Tajikistan, 2012. - №4

6. Solodukhina, O.A. Classification of innovative processes in education. Vocational education -2011.-№ 11- Р. 12 - 13.

7. Skripko, L.E. The introduction of innovative methods of teaching: perspective opportunities or insurmountable problem? // Quality management. - 2012. - № 1. - Р. 76-84

8. Simonenko, N.N. Educational services management with the use of innovative teaching methods /N.N.Simonenko//Vestnik of Pacific State university .- 2012. - № 2. - Р. 201-206

9. Hakimova Sh . Padidahoi innovatsioni talim dar sytemai maorifi Tojikiston. Noman donishgoh.Silsilai ilmhoi i gumanitari va jomeashinosi.- 2015. -№ 2. -Р. 245-248.

10.Hutorski A.V. Pedagogical innovation: methodology, theory and practice. Nauchnoe izdanie. -М., 2005. - 222 p.

11. Yusufbekova N.R. pedagogical innovation as methodological study. // Pedagogical theory: ideas and problems- М., 1992.- Р.20-26.

Теоретико-методические основы инновационного процесса в образовании

Ключевые слова: инновация, педагогическая инновация, классификация педагогической инновации, нововведение в образовании, проблемы педагогической инновации

Статья посвящена проблемам основа теории и методики инновационного процесса в системе образования. Исследуются научные основы педагогической инновации и её классификации, новаторство и нововведение в системе образовании. Анализируются понятия и свойства научной концепции инновационной политики в образования.

Делается вывод о том, что сегодня инновационное образование должно представлять собой целенаправленный процесс воспитания и инновационного обучения человека, способствовать развитию его творческих способностей, навыков самообучения и самосовершенствования. Также в статье отмечается, что интеллектуальный труд и постоянное обновление знаний являются теми факторами, которые повышают социальную значимость отдельного индивида в формирующемся обществе знаний. Основные положения статьи иллюстрируются интересными доводами и фактами из педагогических научных источников и практической деятельности самого автора.

Theoretical and methodological fundamentals of innovative process in education

Keywords: innovation, pedagogical innovation, classification of pedagogical innovation, innovation in education, the issues of pedagogical innovation

The article deals with the study of the theory and the method of innovative process in the system of education. Scientific basis of pedagogical innovation and its classification in the system of education are analyzed. The notion and characteristics of scientific concept of innovative politics in education are mentioned in the article.

The author comes to conclusion that nowadays innovative education must represent purposeful process of upbringing and innovative education of a man which favors the development of creative facilities, self-training skills and self-perfection.

The article states that intellectual work and constant update of knowledge are the factors which raise social significance of an individual in forming by the society knowledge. The position of the author is illustrated with interesting arguments, facts from pedagogical scientific sources and practical activity of the author.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Х^акимова Шоира Исломовна, номзади илмуои филологи, дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоцики Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Г.Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail: xakimova.shoira@mail.ru Сведения об авторе:

Хакимова Шоира Исломовна, кандидат филологических наук, доцент кафедры методики преподавания таджикского языка и литературы Худжандского государственного университета имени академика Б.Г.Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: xakimova.shoira@mail.ru Information about the author:

Hakimova Shoira Islomovna, Candidate of Philological Sciences, Associate Professor the Department of Methods of Teaching of Tajik Language and Literature of Khujand State University named after academician B.G.Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: xakimova.shoira@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.