УДК 4Т Д.А.БОБОЧРНОВА
ББК 81.2Точ.
НАЗАРЕ БА БА^СИ МАНСУБИЯТИ МИЛЛИИ НИЗОМИИ ГАНЧАВЙ ВА БАЪЗЕ НУКОТИ ^АСБЩОЛИИ У
Дар таърихи башар перомуни шахсиятхои бузурги адабй ва фарзонахои илму тамаддуни сатхи чахонй, оид ба мансубияти онхо ба ин ё он миллат бахсу талошхо, бархурду кашмакашхои зиёде руи кор буда, мубохисон акоиду афкори хешро дар ин маврид хар яке чун хакикати котеъ пешниход мекунанд ва мавкеи назари мукобилони хешро новобаста ба асли матлаб мукарраб буданашон радду бадал месозанд ё ба эътибор намегиранд. Х,амин бархурдро хини баррасй ва тадкики намояндагони адабиёти форсу точик аз чониби мухаккикон ба мушохида мерасад, ки ин усули тадкик ба вокеияту хакикат хамсангу кабул набояд бошад. Ин чо матлаби мо, пеш аз хама, мансубияти миллй ё манотикии адибони классики мо махсуб меёбад. Добили зикр аст, ки дар гузашта, замони хукмронй ё мавкеи чугрофии давлатхои гуногун, ки дар асру замонхои муайян арзи вучуд карда буданд ва таркиби миллии онхо якнаво набуд, ба як халкият ва ё миллат мансуб донистан нашояд. Бар илова он халкияту миллатхо, ки имруз даъвогари мансуб будани ахли адаби гузаштаро доранд, то ба хол ба шаклу макоми имрузаи миллиашон ташаккул наёфта буданд, балки дар холати ибтидоии шаклгирй карор доштанд. Аз ин ру, барои муайян кардани мансубияти миллии нобигаю ахли адаби гузашта ба эътибор гирифтани меъёрхои муайяну вокей даст бояд зад, ки на хамеша мухаккикон ба онхо такя мекунанд. Онхо дар мавридхои барои эшон заруру ахамиятнок ин меъёрхоро сарфи назар мекунанд, ки адами тахкик ва баррасии вокеии осори гузаштаи классикии мардуми башар ба шумор меравад. Барои исботи ин суханхо бархурди як гурух олимонро нисбат ба як нобига ва фарзонаи адабиёти умумибашарй - Низомии Ганчавй таваччухи ахли калами тахкикро ба ин масъала мабзул медорем.
Меъёри аввал ва пурахамият дар ин бархурд чой ва макони тавлиди шоир ва ё адиб махсуб меёбад. Ч,ои бахс нест, ки Низомии Ганчавй дар шахри Ганча, ки имруз дар тобеияти Чумхурии Озарбойчон карор дорад, ба дунё омадааст. Санаи дакики таваллуди Низомй, ба акидаи олимони шаркшинос, аз чумла Ян Рипка маълум нест. Тахмин меравад, ки шоир дар байни солхои 11401146 (535-540х.) ба дунё омадааст (20, 578). Яке аз мухаккикони асосии осори Низомии Ганчавй ва мураттабгари девони шоир олими эронй Вахиди Дастгардй изхори акида мекунад, ки «таърихи валодати у (Низомии Ганчавй - Д.Б.) маълум нест, лекин бо диккат дар баъзе ашъори у метавон онро наздик ба соли 530-и хичрй донист, зеро хангоми назми манзумаи «Махзан-ул-асрор», ки дар соли 570-и хичрй суруда шуда, чавон буд ва хануз ба чихилсолагй нарасида ва чунин мегуфта:
Табъ, ки бо акл ба далолагй аст, Мунтазири накди чихилсолагй аст.
Ва чун интизори чихилсолагй дошта ва наздик ба он буда, бад-ин далел наздик ба соли 530 х. валодат ёфтааст» (6, 21). Ховаршинос П.Челковский нишон медихад, ки тафовут байни таъйини санаи дакики мавлуди Низомй 535-540-и хичрй, яъне1141-1146-и мелодй аз чониби олимони низомишинос муайян карда шудааст (23). ЮНЕСКО хини тачлили 800-солагии зодрузи ин шоири маъруф соли 1141-ро соли мавлуди Низомии Ганчавй эътироф намуда, чашни онро дар микёси дунё барпо намуд. Дар мавриди макони тавлиди шоир аксар сарчашмахо, тазкирахо ва мухаккикон бар он конеанд, ки Низомии Ганчавй дар шахри Ганчаи Озарбойчони кунунй ба дунё омадааст. Олимони маъруф иддао доранд, ки падари Низомй зодаи ^уми Эрон буда, ба Ганча хичрат намудааст (3, 26). Олимоне низ хастанд, ки даъвои дар ^ум таваллуд шудани Низомиро матрах мекунанд (13, 363).
Эътироф гардидааст, ки Низомй дар шахри Ганча таваллуд шуда, дар мухити ин шахр тарбия гирифтаю ба воя расида, тамоми умри хешро дар хамин шахр гузаронидааст. Тавре ки Вахиди Дастгардй зикр мекунад, Низомй «танхо як бор сафари кутохе ба даъвати ^изил Арслон ба яке аз билоди наздики Ганча кард ва дар мачлиси он подшох бо нихояти эъзоз ва икром пазируфта шуд» (6, 21). Дар замони зиндагии Низомй дар шахри Ганча мардуми форс умр ба сар мебурданд ва дар он сарзамин маданияту адаби форсй мавкеи асосиро дошт.
Меъёри дигар, ки пурахамият арзёбй мегардад, забони тахрири осори адиб махсуб меёбад. Аз ин нуктаи назар, Низомии Ганчавй тамоми осори хеш («Хамса» ва ашъори дигар)-ро ба забони ноби форсй китобат намудааст, ки имруз ба се шохаи мукарраб - форсй, точикй, дарй маъво дорад. Шоир ба хеч вачх кушиш накардааст, ки ба забони дигар шеър офарад. Худи шоир ба ин ишораи котеъ дар маснавии «Лайлй ва Мачнун» иброз намудааст:
Туркисифати вафои мо нест, Он, к-аз насаби баланд зояд,
Туркона сухан сазои мо нест. Уро сухани баланд бояд (8, 23).
Меъёри дигар дар кадом марзу буми таърихй осори адабии адиб китобат шуда, дар он макон кадом анъанахои мадании халк ё миллат хукмрон буданаш ахамиятнок махсуб меёбад. Аз ин нукта замони зиндагй ва эчодиёти Низомии Ганчавй баррасй бояд гардад. Ин бархурд ба мухаккик имкон медихад, ки ба хулосаи зайл ояд: аввалан, дар замони зиндагии шоир Ганча яке аз марокизи машхури маданияти эронй ба хисоб рафта, тибки маълумоти яке аз тазкирахои форсии асри XIII «Нузхат-ал-мачолис» шеърхои 24 шоири форсизабон манзур гардидааст, ки дар Ганча зиндагй намуда, ашъори хешро сурудаанд (18).
Мухаккикон зимни тадкикоти хеш иброз медоранд, ки дар замони зиндагии Низомии Ганчавй шахри Ганча яке аз марказхои мухим ва маъруфи тамаддуни эронй шинохта шуда буд. Эътироф гардидааст, ки баъди Хуросон Озарбойчон, Аррон ва Ширвон аз чумлаи марказхои маданияту фарханги форс арзи вучуд намуда, услуби адабии озарбойчонй, табрезию ширвонй ё кавказй мансуби ин манотик ба хисоб мерафт (24, 112-131). Ба акидаи Ахмади Тамимдорй муаллифи китоби «История персидской литературы», намояндагони услуби озарбойчонй (табрезй, ширвонй, кавказй) кушиши истифодаи мачозу истиорахои печ дар печ, акоиди фалсафавй, образхои мансуби анъанахои насронй намуданд, ки ин алхол ба мураккаб сохтани забони баёни эшон оварда расонида буд. Собит шудааст, ки Низомии Ганчавй муваффактарин намояндаи ин мактаби гарбии назми форсй махсуб меёбад (9, 83).
Добили зикр аст, ки дар хавзаи Ганча мардуми эронзабони курд низ зиндагй ва дар байни табори эронизабонон мавкеи чашмрас доштанд. Сулолаи хукмрони ин манотик - Шаддодиён аз табори курдхо ба хисоб мерафтанд. Баъзе мухаккикон дар ин замина акидаеро пайгирй мекунанд, ки падари Низомй аз ^уми Эрон ба Ганча мусофират намуда, маскуни Ганча мегардад ва баъдан ба духтари ашрофи курд издивоч мекунад ва аз ин пайвастшавй Илёс (Низомй) ба дунё меояд. Х,амин тавр, ба акидаи ин гурухи олимон Низомй сирф форстабор мебошад ва даъвои аз табори турк будани он хеч вокеият надорад (16, 5; 17, 34). Дар ин хусус иктибоси суханхои чамъбастии яке аз матншиносон ва адабиётшиносони точик А.Афсахзод, ки дар омузиш ва тахкики осори Низомии Ганчавй хидмати бориз кардааст, хеле бамавкеъ хохад буд: «дар бораи он ки худи Низомй зодаи Ганча аст, ягон шакку шубха нест. Модари шоир аз дехоти атрофи Ганча, ба кавли худи у «раисаи курд» буд:
Гар модари ман - раисаи курд, Модарсифатона пеши ман мурд» (2,7; 7,2,70).
Меъёри баъдй, ки дар хини муайян кардани мансубияти миллию фархангии бузургони адаб ба назар гирифта мешавад, дар кадом мухити фархангию маданй ба воя расидани он мебошад. Низомии Ганчавй дар мухити Ганча, ки он замон яке аз марокизи илмй, адабй ва фархангии эронй (форсй) махсуб меёфт, хамчун инсону шоир ташаккул меёбад. Ганча дар хамон давра шахре буд, ки сокинони бештари онхо форсхо буданд ва ин шахр маркази адаби форситаборон пазируфта шуда буд. Ба маълумоти таърихнависи арманй Киракос Гандзакетси (такрибан солхои 1200-1271; Киракос аз Гандзак, Гандзак - номи армании Ганча аст) шаходат медихад, ки дар ин шахри серахолй (Ганзак) форсхо хеле зиёданд ва насронихо акаллиятро ташкил медоданд (15, 6). Барои хамин Низомии Ганчавй, иброз медорад Питер Челковский махсули вокеии маданияту фархангии эронй ба хисоб рафта, василаи (пули) байни Эрони исломй ва пешазисломй ва дунёи кадим эътироф мегардад (24, 13).
Ян Рипка, адабиётшиноси маъруфи чех, бар он акида аст, ки Низомй новобаста аз он ки дар вилоёти Форс (Ганча) умр ба сар бурдааст, дар эчодиёти хеш бо марказонидан (мутамарказият)-и забону адабиёт, вахдати миллй кушида, ба он муваффак хам гардидааст (19, 76). Мисоли рушани он ин сатрхост, ки Эронро дилу хама оламро тан эътироф мекунад:
Х,ама олам тан асту Эрон дил, Чунки Эрон дили замин бошад,
Нест гуянда з-ин киёс хичил. Дил зи тан бех бувад, якин бошад (7,3,49).
Барои муайян кардани мансубияти миллии шоирону адибон забони осори онхо, таркиби лугавй ва услуби нигориши онхо дорои ахамияти бемушобиха арзёбй мегардад. Бо ибораи дигар, осори шоир ё адиб бо кадом забон китобат шудаю дар рушду нумуи забони китобатшуда чй макомеро касб намудааст, пурарзиш мебошад. Аз ин нуктаи назар агар осори Низомии Ганчавиро мавриди бахс ва тадкик карор дихем, ба ахли калам ва бахс ошкоро мегардад, ки шоир тамоми осораш («Хамса» ва ашъори дигари хеш)-ро ба забони ноби форсй сурудаю эчод кардааст. Ин матлаб орй аз бахс аст ва хеч кас наметавонад ин хакикатро рад намояд. Бар илова, Низомии Ганчавй ва осори у ба мухаккикон имкон додаанд, ки ба у бахои баландтаринро сазовор дониста, дар шеъри форсй уро аз аркони назм арч гузоранд. Ба акидаи донандаи бемисли
шеъри Низомй ва сабки он Вахиди Дастгардй, «Низомй аз шоироне аст, ки бешак (таъкиди мо -Д.Б.) бояд уро дар шумори аркони шеъри форсй ва устодони мусаллами ин забон донист. Вай аз он сухансанчоне аст, ки монанди Фирдавсй ва Саъдй тавонист ба эчод ва такмили сабк ва равиши хосе тавфик ёбад. Агарчи достонсарой дар забони форсй ба василаи Низомй шуруъ нашуда ва чунонки дидаем аз огози адаби форсй собика доштааст, лекин танхо шоире ки то поёнии карни шашум (хичрй - Д.Б.) тавонист ин навъ аз шеър, яъне шеъри тамсилиро дар забони форсй ба хадди аълои такомул бирасонад, Низомй аст» (6, 24). Ба пиндошти Вахиди Дастгардй, «вай дар интихоби алфоз ва калимоти муносиб ва эчоди таркиботи хоси тоза ва ибдоъ ва ихтирои маонй ва мазомини нав ва дилписанд дар хар маврид ва тасвири чузъиёт ва неруи тахайюл ва диккат дар васф ва эчоди манозири роеъ ва резакорй дар тавсифи табиат ва ашхос ва ахвол ва ба кор бурдани ташбехот ва истиороти матбуъ ва нав, дар шумори касоне аст, ки баъд аз худ назире наёфтааст» (6, 24). Х,амин бахо дар навиштахои адабиётшиносони дигар ба назар мерасад (6, 24).
Дар робита ба забони модарии Низомй кайхост, ки бахс аланга дорад. Гурухе иддао доранд, ки забони модарии Низомй туркй (озарбойчонй) будааст ва онхо барои исботи фикри хеш як даста калимахои ночизи ба истилох «туркй» меоранд, ки на хамаи онхо туркиасл мебошанд. Масалан, олимаи мардумшинос (этнограф) Ш.Т.Буниятова барои туркзабон будани Низомй аз осори вай («Хамса») як гурух калимахо, аз кабили «бичаг» (кож, бо узбекй - пичок), «кайчй», «хана» (курта), «папаха» (кулох), «чорик» (чорук), «чуроб» ва гайрахо мисол меорад (4, 16,18). Баъзе аз ин вожахо аз чумлаи номвожахо - истилохот ба шумор мераванд ва хоси хамон манотик мансуб мебошанд. Масалан, «папаха». Калимахои дигари зикргардида, аз кабили «кайчй», «чорик» (чорук), «чуроб» аз чумлаи калимахои машхуру серистеъмоли забони форсии точикй низ мансуб мебошанд. Баъзеи ин калимахо аз чумлаи лугатхои маъмул ва серистеъмоли шевахои забони точикй мебошанд. Масалан, «чуроб» ва «чорук» дар «Фарханги гуишхои чанубии забони точикй» (Душанбе, 2012) ба таври зайл зикр ва шарх ёфтаанд: чорък//чорык 1.чорук, як навъи пойафзоли сокдори махаллй...; Ч,ураб//чуроб (10, 849; 10, 892).
Дар «Фарханги забони точикй» калимаи «чорук» чун калимаи туркй мавриди шарх карор дода шуда, абёти тасдиккунанда аз Мавлонои Балх оварда шудааст:
Ту кучой, то шавам ман чокарат, Чорукат дузам, занам шона сарат (12, 547).
Шоир Доро Начот низ дар фарханги хеш калимаи «чоруг»-ро мавриди маънидод карор дода, шакли «чорук»-ро низ паси он зикр намуда, ду маънои онро нишон медихад: 1. навъе пойафзори чармин бо сокхои баланд, ки дар навохии кухистон мавриди пушиш карор дошт... 2. навъе кафши чармй, ки бандхои онро бо соки по мепечиданд...(11, 538).
М.Шагинян, шоири маъруфи арман, дар давраи чашни 800-солагии зодрузи Низомй дар катори ахли адаб ва уламои шуравй барои собит намудани туркзабон будани Низомй сахми профессор Ф.М.Шармуа (1793-1869)-ро чун яке аз аввалин низомишиносон махсус таъкид намуда менависад, ки «Шармуа аввалин маротиба вижагихои лугавии осори Низомиро ба калам дода, тафовутхои забонии онро аз забони классикхои адабиётхои форсй нишон медихад (14, 67).
Дар заминаи иктибоси мушохидаю вохурихои академик Марр, ки дар Техрон ба вукуъ пайваста буданд, Маргариэтта Шагинян аз афкори Саид Нафисй иброз мекунад, ки «Низомй дар мухити Озарбойчон кору фаъолият намуда, шеърхои вай ба форсй номафхум аст» (1, 28; 5). Ин фикр мутлако ба хакикат рост намеояд ва ин хулоса дар замоне гуфта шуда буд, ки осори Низомй хамачониба дастрас набуд. Имруз бошад, таваччухи форсизабонони ба осори Низомй хеле ва хеле муассир аст, ки чопи «Хамса»-и Низомй аз чониби Вахиди Дастгардй дар Эрон ба ин мусоидат кард. Умуман, хулосаи Марр ва М.Шагинян бозгуи хакикати хол набояд бошад.
Бар илова, адабиётшинос Р.Алиев дар заминаи тадкикотхои олимони озарй хулосаеро матрах месозад, ки тибки он гуё дар осори адибони форсизабони Озарбойчони манотики Ганчаю Шервон ва амсолашон, аз кабили Фалаки Шервонй (асри XII), Хоконии Шервонй (асри XII), Мучариддини Байлаконй (асри XII) ва гайрахо калимоти туркй хеле фаровон мавриди истифодаанд (1, 28; 5). Тахлили ин вожахо нишон медихад, ки хамаи онхо ифодагари урфу одати мардум ва номвожахо мебошанд ва кисме аз онхо баромади туркй доранд.
Мухаккикони озарй як байти Низомии Ганчавиро аз «Хусрав ва Ширин»-и у иктибос оварда, шархи онро яктарафа ва аз хакикат дур маънидод мекунанд. Ин шарх аз чониби олими маъруф Р.Алиев пешниход мегардад, ки матлаби он ин аст: гуё Низомй дар байни туркхо як гурухи одамонро бо ибораи «туркони калам» ном бурдааст ва Р.Алиев онро ба таври худ ва ба манофеи хеш шарх медихад: «туркхои нависанда» ё нависандагони туркхо, ки бо килки онхо бузургтарин осори бадей офарида шудааст (1, 28-29). Байти мазкур чунин аст:
Ба туркони калам бе насхи тороч, Яке «мим»-аш камар бахшад, яке точ (8, 147).
Байти мазкур дар чопхои гуногуни «Хамса»-ю «Хусрав ва Ширин бидуни тагйир оварда шудааст (6, 125; 7, 41; 8, 147; 13, 13). Байти мазкур аз чониби мухаккики эронй дуктар Барот Занчонй шарх ёфтааст, ки манзур кардани онро зарур мешуморем:
«Туркони калам: се ангуште, ки каламро ба харакат меоваранд» (13, 321). Маънидоди байти мазкур чониби Барот Занчонй низ кобили таваччух ва тахсин аст. Вай менависад: «Маънии байти 274 (Ба туркони калам бе насхи тороч, Яке «мим»-аш камар бахшад, яке точ - Д.Б.): Мухаммад Чдхонполвон се турки каламсавор дорад ва ин туркони горатгар ва насхкунанда ва торочгиранда нестанд ва вакте ки дар дасти султон ба калам савор шуданд, султон бо ишораи хамин калам ба бахшиш мепардозад. Чун исми у мим дорад, Яке аз мимхо камар мебахшад ва яке дигар точ мебахшад» (13, 321). Тавре ки аз ин ду шарх бармеояд, онхо бо хам зид буда, ба хакикат шархи Бароти Занчонй наздиктар ба назар мерасад. Дар охир барои нишон додани хакикат ба вокеият нисбати Низомии ганчавй ва мансубияти миллии он иктибосе аз мусташрики имрузаи Русия академик И.М.Стеблин-Каменский манзур мегардонем, ки барои халли ин масъалаи печида чавоби котеъ пешниход кардааст. Аз ин иктибос бармеояд, ки Низомй, ки хайкали он дар яке аз хиёбонхои Санкт-Петербург гузошта шуд, чун шоири озарбойчонй эълон карда шуд. Хдрчанд ки Низомй ба забони озарбойчонй харф назадааст, чунин гуфтори хешро ба он собит месозанд, ки Низомй дар мавзеи Озарбойчон зиндагй кардааст. Вале Низомй тамоми осораш (шеърхо ва манзумахояш)-ро ба забони форсй китобат намудааст» (25).
Тахлил ва баррасии маводи фавк имкон медихад, ки чанд нуктаи хулосавиро дар мавриди меъёрхои муайян кардани мансубияти миллии адибони классик, аз чумла Низомии Ганчавиро матрах созем:
1) шоир дар кадом макон ва манотик ба дунё омадааст;
2) ба кадом забон осори хешро китобат намудааст;
3) дар кадом марзу буми таърихй осори адабии адиб арзи вучуд кардааст;
4) мухити фархангию мадании ба воя расидани адиб;
5) забони модарии адиб ва гайрахо.
Баррасии меъёрхои зикршуда собит менамоянд, ки Низомии Ганчавй вокеан шоири маъруфи форсизабон буда, дар Ганча таваллуд шуда, дар оилаи эронитабор (падараш форс ва модараш курд) тарбия гирифта, дар мухити форсиёна ба воя расидааст.
ПАЙНАВИШТ:
1. Алиев,Р.Низами Гянджави/Р.Алиев. - Баку: Языки, 1991. - 206 с.
2. Афсахзод,А.Низомии Ганчавй/А.Афсах,зод.-Душанбе:Маориф,1995.- 210 с.
3. Бертельс,Е.Э.Великий азербайджандский поэт Низами/Е.Э.Бертелс.-Баку:Аз.ФАН,1940.-240 с.
4. Буниятова, Ш.Т. Низами и этнография/Ш.Т.Буниятова.-Баку: Элм, 1991.-278 с.
5. Демирчизаде, А.М. История азербайджандского литературного языка. Ч.1./А.М.Демирчизаде. - Баку: Маориф, 1979. - 296 с.
6. Куллиёти «Хамса»-и Низомй. Низомии Ганчавй. Бар асоси нусхаи Саъдлу (jIj*^) (карни хаштуми хичрй ва тасхехи Вахиди Дастгардй. - Техрон, 1387. - 1084 с.
7. Низомии, Ганчавй. Куллиёт (дар 5 чилд). Ч,.1. Хусрав ва Ширин/Н.Ганчавй. - Душанбе: Ирфон, 1983. - 464 с.; Я 2. Лайлй ва Мачнун. - Душанбе: Ирфон, 1982. -368 с.; Я3. Х,афт пайкар.-Душанбе: Ирфон, 1983.- 416 с.
8. Низомии,Ганчавй.Хамса.Лайлию Мачнун.Хдфт пайкар/Н.Ганчавй.-Душанбе:Адиб,2012-480 с.
9. Тамимдорй,Ахмад.История персидской литературы.-СПб.:Петербургское востоковедение, 2007. - 270 с.
10.Фарханги гуишхои чанубии забони точикй. Мураттибон: М.Махмудов, Г.Ч,ураев, Б.Бердиев. -Душанбе: Пажухишгохи фарханги форсй-точикии Сафорати Ч,ИЭ дар Точикистон,2012.-946 с.
11.Фарханги Доро. - Душанбе, 2012. - 608 с.
12. Фарханги забони точикй. Ч,.2. - М.: Советская энциклопедия, 1969. - 948 с.
13.«Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганчавй(матни илмй ва интикодй).Аз руи кадимтарин нусхахои хаттии карни хаштум. Тасхех ва таъликот аз дуктар Барот Занчонй-Техрон,1376-1154с.
14.Шагинян, М. Этюды о Низами. - Ереван: Из-во АН АССР, 1955 (перизд: Баку, 1981). - 205 с.
15.Шокирзода, Ш. Ч,одусухани чахон Низомй/ Ш.Шокирзода //Адаб, №1-2, 2012. - С. 4-26.
16.Minorsky, V.Review of G.H.Darab translation of Makhzan al-Asror. - BSOAS, 1948. - 441 p.
17.Minorsky, V. Studies in Caucasian history. - Cambridge University Press, 1957. - 198 p.
18.Nazhat-al-majales. Encyclopedia Iranica. 7 сентября 2010. Архивирована из первоисточника 28 августа 2011г.
19.Rypka, Jan. History of Iranian Literature. - Praha: CSAV, 1956. - 929 p.
20.Rypka, Jan. Poets an prose writers of the Late Saljuq and Mongol periods. In the Cambridge history of Iran, Volumei 5, The Saljuq and Mongol periods. - January, 1968. -P.16-25.
21.Franciois De Blois. Persian Literature. - A Biobibliographi cal...: Volume V. Poetry of the Pre-Mongol period, Franciois De Blois. - Rouflede, 2004. - T.V. - 544 p.
22.Chelkowski P. Nizami Gandjawi. Djamal al-oin Abu Muhammad Ilyas b. Yusufe. Zaki Muayyad. -Энциклопедия Ислама On lajne, Brill. Academic. - P. 45-47.
23.ChelkowskiP. Literature in Pre-Safavid Isfahan. - Taylor be Fransis, Ltd.on behalt of International Society for Iranian Studies.T.7, 1974. - P. 70-75.
24.Chelkowski, Peter J. Nezamis Iskandarnameh, Colloquio sul poeta persiano Nizami ela leggenda Iranica di Alessandro magno. - Roma, 1977. - P. 115-117.
25.httr://www. Zepbaijancom./NizamiGanjavihtm.
REFERENCES:
1. Alieyv, R. Nizami Ganjavi/ R.Alieyv.- Baku: Languages, 1991. - 206 p.
2. Afsahzod, A. Nizami Ganjavi/ A.Afsahzod.-Dushanbe: Enlightenment, 1995. - 210 p.
3. Bertels, Ye. E. Great Azerbaijanian Poet Nizami/ Ye. E.Bertels.- Baku: Azerbaijanian Branch of the Academy of Sciences, 1940. - 240 p.
4. Buniyatova Sh.T. Nizami and Ethnography. - Baku: Science, 1991. - 278 p.
5. Demirchizade, A.M. The History of Azerbaijanian Literary Language. - Part 1. - Baku: Enlightenment, 1979. - 296 p.
6. Collection of Compositions Called «Khamsa» by Nizami. Nizami Ganjavi. Based on the copy of Sa'dlu (referring to the VIII-th hijra century under the editorship of Vahidi Dastgardi. - Tehran, 1387. - 1084 p.
7. Nizami, Ganjavi. Collection of Compositions (in five volumes). - V.1. Khusrav and Shirin. -Dushanbe: Cognition, 1983. - 464 p.; V.2. Layli and Majnun. - Dushanbe: Cognition, 1982. - 368 pp.; V.3. Seven Beauties. - Dushanbe: Cognition, 1983. - 416 p.
8. Nizami, Ganjavi. Khamsa. Layli and Majnun. Seven Beauties.-Dushanbe:Men-of-Letters, 201-480 p.
9. Tamimdori,Ahmad.The History of Tajik Literature. - SPb.: Petersburg Oriental Studies,2007.-270 p.
10.Dictionary of Western Colloquial Tajik Langauge. Compilers: M.Mahmudov, Gh.Juraev, B.Berdieyv. - Dushanbe: Institution of Persian-Tajik Culture under RII in Tajikistan, 2012. - 946 p.
H.Doro's Dictionary. - Dushanbe, 2012. - 608 p.
12.Tajik Language Dictionary. V.2. - M.: Soviet Encyclopedia, 1969. - 948 p.
13."Khusrav & Shirin" by Nizami Ganjavi (scientific and critical text). On the basis of the most ancientest written copies referring to the VIII-th century. Corrections and supplement by Dr. Barot Zanjohni. - Tehran, 1376hijra. - 1154 p.
14.Shaginyan M. Etudes about Nizami. - Yerevan: Publishing-house of the Academy of Sciences of the USSR. 1955. reedited: Baku, 1981. - 205 p.
15.Shokirzoda Sh. Nizami - Worldwide Magic Speech/Adab, № 1-2, 2012. - Р. 4 - 26.
16.Minorsky V.Review of G.H.Darab Translation of Makhzan al-Asror. - BSOAS, 1948. - 441 p.
17.Minorsky V. Studies in Caucasian history. - Cambridge University Press, 1957. - 198 p.
18.Nazhat-al-majales.Encyclopedia Iranica. September 7,2010.Archaized from the original. August 28, 2011.
19.Rypka, Jan. History of Iranian Literature. - Praha: CSAV, 1956. - 929 p.
20.Rypka, Jan. Poets an Prose Writers of the Late Saljuq and Mongol Periods. In the Cambridge History of Iran, Volume 5, The Saljuq and Mongol Periods. - January, 1968. - Р.16-25.
21.Franciois de Blois. Persian Literature. - A Biobibliographi cal.: Volume V. Poetry of the Pre-Mongol Period, Franciois de Blois. - Rouflede, 2004. - V.V. - 544 p.
22.Chelkowski P. Nizami Gandjawi. Djamal al-oin Abu Muhammad Ilyas b. Yusufe. Zaki Muayyad. -Encyclopedia of Islam On lajne, Brill. Academic. - Р. 45-47.
23.Chelkowski P. Literature in Pre-Safavid Isfahan. - Taylor be Fransis, Ltd.on Behalf of International Society for Iranian Studies. -V.7, 1974. - Р. 70-75.
24.Chelkowski Peter J. Nezamis Iskandarnameh, Colloquio sul poeta persiano Nizami ela leggenda Iranica di Alessandro magno. - Roma, 1977. - Р. 115-117.
25.httr://www. Zepbaijancom./Nizami Ganjavihtm.
Назаре ба бах,си мансубияти миллии Низомии Ганцавй ва баъзе нукоти х,асбих,олии у
Вожа^ои калиди: мансубияти миллй, адибон, Низомии Ганцавй, Ганца, Озарбойцон, забони асар, калимахои туркй, таркиби лугавй, услуб, забони осори Низомй
Дар мацола масъалаи бисёр мууим - баррасии меъёруои муайян кардани мансубияти миллии адибони классик мавриди барраси царор гирифтааст. Муаллиф маводи бауси атрофи мансубияти миллии адиби машуур Низомии Гащавиро маърази таулили хеш царор дода, чанд меъёруои муайянкунии мансубияти миллии онро нишон медиуад, ки ауамияти хосса доранд. Хулоса мегардад, ки дар байни меъёруо чандтои он ауамияти калиди доранд, аз цумла забони осори адиб, мууити фаруангии ташаккули шоир, таркиби лугавии осори адаби ва амсоли онуо. Меъёруои мазкур имкон медиуанд, ки мууацциц ба хулосаи собит ояд. Дар заминаи ин меъёруо ба хулосаи собит омадан мумкин аст, ки Низомии Ганцавй дар Ганцаи Озарбойцон таваллуд шуда, ба забони форси осори хешро китобат намудааст. Аз ин ру, вай шоири форс ба шумор меравад.
Взгляд на полемику о национальной принадлежности Низами Ганджеви и некоторые моменты его биографии
Ключевые слова: национальная принадлежность, литераторы, Низами Ганджеви, Ганджа, Азербайджан, язык произведения, тюркские слова, словарный состав, стиль, язык произведений Низами
В статье объектом изучения является значимый вопрос - рассмотрение принципов и норм определения национальной принадлежности классиков литературы. Автор, тщательно анализируя материалы, касающиеся полемики вокруг национального происхождения Низами Ганджеви, выявляет несколько определяющих принципов национальной принадлежности, которые представляют особое значение.Подчеркивается, что среди существующих принципов некоторые имеют ключевое значение, в том числе, язык произведений литератора, культурная среда формирования поэта, словарный состав литературных произведений и т.п. По мнению автора статьи, эти принципы позволяют исследователю прийти к обоснованным выводам в вопросе определения национальной принадлежности литератора. На основе рассматриваемых принципов автор приходит к выводу, что Низами Ганджеви родился в Азербайджане и написал свои произведения на персидском языке. Ввиду этого, вне всякого сомнения, он является персидско-таджикским поэтом.
The Viewpoint in Reference to the Polemics Concerned with National Appurtenance of Nizami Ganjavi and some Moments of his Biography
Key words: national property, men-of-letters, Nizami Ganjavi, Ganja, Azerbaijan, language of literary production, Turkic words, lexical stock, style, language of NizamVs literary productions
The object of the research is the key issue - consideration of principles and norms of determination of national appurtenance in regard to classical authors of literature. Having analyzed thoroughly the materials related to the polemics of around national appurtenance of Nizami Ganjavi the author elicits a number of defining principles beset with it being of specific importance.
It is underscored that among existing principles some of the latters have a key significance including language of men-of-lettersл literary productions, cultural space of formation of the poet, lexical stock of literary productions and etc. In conformity with the authors opinion the relevant principles afford the researcher to make a well-grounded conclusion in reference to the issue concerned with determination of the man-of-lettersл national appurtenance. Proceeding from the explored principles, the author comes to the conclusion that Nizami Ganjavi was born in Azarbaijan and wrote his literary productions in the Persian language. Undoubtedly, he is a Persian-Tajik poet.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Бобоцонова Дилбар Абдумуъминовна, номзади илмуои филология, дотсенти кафедраи умумидонишгоуии забони тоцикии Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail: [email protected] Сведения об авторе:
Бободжанова Дилбар Абдумуминовна, кандидат филологических наук, доцент общеуниверситетской кафедры таджикского языка Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд), E-mail: [email protected] Information about the author:
Bobojonova Dilbar Abdumuminovna, Candidate of Philological Sciences, Associate Professor of all University Department of the Tajik Language, Khujand State University named after academician B. Gafurov(Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected]