Научная статья на тему 'The rational use of work of monumental art in ideological and national education of youth'

The rational use of work of monumental art in ideological and national education of youth Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
1174
50
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МОНУМЕНТАЛЬНОЕ ИСКУССТВО / ИДЕЙНОЕ ВОСПИТАНИЯЕ / ФОРМИРОВАНИЕ СОЗНАНИЯ / ИСТОРИКО-ВОСПИТАТЕЛЬНАЯ ЦЕННОСТЬ / ЭКСКУРСИЯ / MONUMENTAL ART / IDEOLOGICAL EDUCATION / FORMING OF CONSCIOUSNESS AND BEHAVIOR OF THE RISING GENERATION / THE HISTORICAL AND EDUCATIONAL VALUE / EXCURSION / САНЪАТИ МОНУМЕНТАЛї / ТАРБИЯИ ѓОЯВї / ТАШАККУЛИ ШУУР / АРЗИШИ ТАЪРИХИЮ ТАРБИЯВї

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Пулотов И.М., Хасанов С.

В статье раскрываются актуальные проблемы идейно-нравственного воспитания молодѐжи. Особое внимание уделено роли и месту произведения монументального искусства, как средства идейно-нравственного воспитания на примере произведений монументального искусства города Худжанда.Анализируются актуальные способы презентации и интерпретации произведения монументального искусства с точки зрения системно-комплексного подхода. Описываются характерные особенности произведений монументального искусства как системы, состоящей из конкретных элементов, каждый из которых имеет определѐнное смысловое значение, так или иначе отражающее общее смысловое значение произведения как системы.Значительное влияние уделяется анализу составных компонентов системы с точки зрения философических категорий формы и содержания, общее и единичное, причина и следствие. Статья посвящена подробному анализу воспитательной ценности исторического опыта, отраженного в произведениях монументального искусства, и на этом фоне рассматриваются проблемы формирования нравственного сознания и нравственной культуры поведения молодѐжи на примере жизни и деятельности, трудового и боевого подвига великих людей, которые внесли достойный вклад в дело защиты и процветания родного края.Рекомендуются пути, способы и приѐмы организации воспитательных мероприятий как: воспитательная экскурсия, празднование знаменительных исторических дат, проводы молодежи на службу в армии, субботники, неделя памяти.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Рациональное использование произведения монументального искусства в идейном и национальном воспитании молодѐжи

In the given article are revealed the urgent problems of ideological and moral education of youth. In the article the special attention is allotted to the role and please of works of monumental art as means of ideological and moral education in the example of works of monumental art of the city of Khugand. The urgent ways of interpretation of works, of monumental art are analyzed from the point of view of system and complex approach. The special features of works of monumental art are singled out and described as system, consisting of concrete elements, each of which has appoints semantic meaning, anyhow reflecting the general semantic meaning of the works as a system. The important attention is allotted to analyzing of composite components of system from the point of view of philosophy catigories of form and maintenance, total and single, cause and effect. The article is devoted to detail analyses of educational value of historical experience reflected in the works of monumental art and in this background are considered the problems of forming moral consciousness and moral culture of behavior of youth in the example of life and activities, feat of lab our and fighting of great people, who made a valuable contribution in defense and flourishing of native country.

Текст научной работы на тему «The rational use of work of monumental art in ideological and national education of youth»

УДК-371.011 ББК-74.200.53

И.М. ПУЛОТОВ С. ^АСАНОВ

ИСТИФОДАИ ОСОРИ САНЪАТИ МОНУМЕНТАЛИ ДАР ТАРБИЯИ ГОЯВИ ВА

Дар шароити сохибистиклол гардидани Ч,умхурии Точикистон тарбияи гоявй ва миллии насли наврас ахдмияти махсус касб менамояд. Бинобар ин кабули «Консепсияи миллии тарбия» (2006) яке аз чорахои судманд дар ин самт ба хисоб меравад. Х,аллу фасли максад ва вазифахои тарбия, алалхусус, тарбияи гоявй ва миллй интихоб ва истифодаи самараноки воситахои тарбияро такозо менамояд. Санъат хдмчун воситаи ташаккули шуури чамъиятй барои ташаккули хаёти маънавию фархангии шахс макоми ивазнашаванда дорад. Агар аз ин воситаи тарбиявй самаранок истифода бурда нашавад, он гох дунёи ботинии шахс коста мегардад. Зеро санъат воситаи тавонои дарк кардани хам олами беруна ва хам олами ботинии шахс аст. Санъатшиноси маъруф Б.М. Неменский дар китоби худ «Х,икмати зебой» менависад: «Ин бобро огоз намуда, ман якчанд мафхумхоро аз назар гузаронидам: «Санъат ва мафкура», «Санъат ва ахлок», «Санъат хдмчун воситаи инсонсозй» ва г. Х,амаи ин алокахо хакикй мебошанд. Ва ман муътакидам, ки суст гардидани ин алокахо дар вокеияти мо на он кадар барои санъат, балки ба андозаи бештар дар маърифату муайян намудани арзишхои хаётй барои инсон хатарнок аст!» (3, 13-14) Асари санъати монументалй чун дигар навъхои санъат ба акл ва хиссиёти шахс таъсир мерасонад, дар ташаккули онхо хисса мегузорад. Дар «Лугати русй-точикй» истилохоти санъат чунин шарх ёфтааст: «Монумент - аз калимаи лотинии monumentum, аз momere - ба ёд овардан - мучассама, пайкара, хайкали бузург, лавхаи ёдгорй. Он асари санъати пайкаратарошй ё меъморй, ки барои абадияти ягон вокеияти таърихй ё шахсияти таърихй офарида шудааст». (2, 45). Х,адаф аз гузоштани мучассама, пайкара, хайкали бузург ва ё лавхаи ёдгорй абадй дар хотираи чомеа сабт намудани вокеахои таърихии такдирсоз ва номи ашхоси бузурги таърихй мебошад, ки дар ин вокеахои таърихй накши махсус доранд.

Хулосахои амики илмию хаётй баровардан аз бурду бохти таърихй, аз муборизахои неку бад, аз сулху чангхои гузашта яке аз омилхои самарабахши дар ояндасозй мебошад(1, 54). Ташаккули шуур ва маданияти фарханги рафтори гоявию миллии насли наврас, ташаккули хисси хештаншиносй дар онхо такозо менамояд, ки аносири силсилаи санъати монументалй самаранок истифода шаванд. Дар ин чода илм ва санъати шахрсозй ва шахрдорй низ арзишу ахамияти тарбиявй дорад, зеро хар як бинои давлатй, хиёбон, гулгашт ба ташаккули шуур ва фарханги рафтори шахрванд таъсир мерасонад. Истифодаи окилонаи унсурхои санъати монументалй хангоми бунёд ва ороиши бино, каср, хиёбон ва гулгашт аз як чониб арзиши таърихию тарбиявй ва аз чихати дигар арзиши зебошиносиву тарбиявй доранд. Аз ин чихат, Хучанди бостонй намунаи ибрат мебошад. Инро дар мисоли бунёд ва ороиши мачмаахои меъмории монументалй, касрхо, бинохо, хиёбонхо, гулгаштхо мушохида намудан мумкин аст. Мачмааи меъморй- монументалии мавзеи Регистони Панчшанбе, мачмааи фархангию таърихии «^алъаи Хучанд», монументи оташи абадй барои пос доштани хотираи муборизони рохи баркарор ва пойдор намудани х,окимияти шуравй, майдони ситорахои Хучанд, мачмааи мучассамахо бахшида ба Галабаи халки шуравй дар Ч,анги Бузурги Ватанй» (1941-1945), хиёбони Исмоили Сомонй, хиёбони Абуабдуллохи Рудакй, монументи мачмааи таърихию фархангии «Истиклол» ва як катор иншооти дигар намунаи бехамтои офариниши ёдгорихои таърихй ба хисоб мераванд. Дар ёд нигох доштани вокеахои бузурги таърихй, ашхоси бузурги таърихй эхтироми таърих ва эхтироми ниёгону корнамоихои онхо мебошад. Ташаккули хисси эхтиром нисбат ба таърих ва ниёгон дар насли наврас яке аз вазифахои мукаддаси тарбияи гоявй ва миллй ба хисоб меравад. Зеро ашхосе, ки гузаштаро фаромуш месозанд, оянда надоранд. Тарбияи насли наврас дар мисоли вокеахои бузурги таърихй ва дар мисоли зиндагиномаву корнамоихои ашхоси маъруфи таърихй воситаи тавонои тарбиявй буда, дар обутоби ахлоки сиёсии насли наврас накши мухимро мебозад. Зери вокеахои таърихй хусусияти такроршавй доранд.

Аз бурду бохти таърихй хулосахои дурусти тарбияви сиёсй баровардан имкон медихад, ки ходисахои номатлуби ичтимой пешгирй карда шаванд. Инро дар мисоли кушишхои аз нав

МИЛЛИИ ЧАВОНОН

эх,ё намудани гояхои фашистй дар заминаи бознависии сахифахои таърихи Ч,анги дуюми чахонй мушохида намудан мумкин аст. Ташаккули хисси ватандустию ватанпарастй дар насли наврас, бепарво набудан нисбат ба такдири ояндаи инсоният ва такдири ояндаи халки худ, кишвари худ такозо менамояд, ки насли навраси аз чихати сиёсй зираку хушёр ва ташаббускору фаъол ба воя расад(4, 295). Санъати монументалии халки точик дар мисоли бунёд ва ороиши шахри Хучанд имкон медихад, ки принсипи халкият дар тарбияи насли наврас, принсипи алокаи тарбияи гоявй ва тарбияи миллии насли наврас бо таърихи ниёгони халки худ аз чихати илмию методй самаранок риоя карда шавад. Зеро тибки принсипхои зикргардида насли навраси хар як халк бояд тавассути воситахои тарбияи мардумй, дар асоси омузиши таърихи халки худ ба воя расад. Санъати монументалй хдмчун воситаи тарбия шаклан миллй ва мазмунан умумибашарй мебошад. Аммо як нуктаро махсус таъкид намудан лозим аст, ки асари санъати монументалй худ ба худ одамро тарбия намекунад. Он танхо дар дасти тарбиятгари мохир кудрати тарбиявй касб менамояд. Барои хамин шарт ва зарур аст, ки тарбиятгар дорои салохияти баланди касбию тарбиявй бошад. Мушохидахо ва тахлили корхои тарбиявй нишон медихдд, ки алхол аз осори санъати монументалй тарбиядихдндагон ба таври бояду шояд самаранок истифода намебаранд. Ахён - ахён ба назар мерасад, ки бархе аз наврасон ва чавонон нисбат ба ёдгорихои таърихй беэътиной ва бехурматй зохир мекунанд, ки ин нишони сатхд пасти маърифати таърихию фархангии онхо мебошад. Дар ин самт мебояд хамкории мактаб, оила ва ахли чомеаро рохандозй намуд. Омузгорону волидон ва фаъолони шахр нисбат ба масъалаи истифодаи асархои санъати монументалии шахр чун воситаи тарбия бояд таваччухи махсус диханд. Банакшагирй, ташкил, гузаронидан ва тахлили корхои тарбиявй дар ин самт бояд асосхои илмию методй дошта бошад. Максад, вазифахо, мазмун ва мундарича, риояи принсипхои тарбия, интихоби методхои тарбия ва ташкили корхои тарбиявй бояд анику дакик баррасй гардад. Пеш аз хама, тарбиягирандагон сабаби бунёди ин ё он ёдгории таърихиро дарк намоянд. Сипас ба маъно ва мазмуни хар як асари санъати монументалй сарфахм раванд. Барои ин корхои фахмондадихй, ташвикотию тарбиявй бояд боз хам чоннок карда шавад. Х,ангоми муаррифй намудани асари санъати монументалй ба техника ва технологияи фахмонидани мохияти онхо эътибори чиддй бояд дод. Аз ин лихоз, хар як асари санъати монументалиро хамчун як силсила, як низоми иборат аз унсурхои чудогона баррасй бояд кард. Ба он дар асоси ягонагии шаклу мазмун, кулл ва чузъ муносибат кардан зарур аст. Х,ар як асари санъати монументалиро аз нуктаи назари гоявй, ахлокй, тарбиявй мавриди тахлил карор бояд дод. Чунин техника ва технологияи муаррифй намудани асари санъати монументалй имкон медихдд, ки насли наврас ба вокеияти таърихй, ба зиндагинома ва корнамоии одамони маъруфи таърихй аз руйи меъёрхои акли солим бахогузорй намояд ва аз он сабакхои таърихй, хулосахои дурусти мантикй ва хаётй бардорад. Омузиши таърихи ниёгон тавассути омузиши санъати монументалй имкон медихад, ки ягонагиву пайванди гузашта ва имруз, ба накша гирифтани оянда аз нуктаи назари илмй ва методй, аз нигохи тарбиявй, бо назардошти макоми инсон ва чомеа дар офариниши таърихй дарк шавад. Вобаста ба хамин нуктахои назариявй якчанд асархои санъати монументалиро мавриди баррасй карор медихем.

Хиёбони Исмоили Сомонй яке аз мавзеъхои фархангй-фарогатии сокинон ва мехмонон мебошад.

Дар ин хиёбон мучассамаи поягузори давлати точикон Исмоили Сомонй, (хайкалтарош Х,очибоев М., меъмор Рахматов А., 2011), ки ифодаи хастии миллат ва рамзи давлату давлатдории халки кадими точик аст, бунёд гардидааст. Дар пойгахи мучассама деворанигора бо тасвирхо кошинкорй шудааст, ки аз таърихи давраи Ориёй то Истиклолияти давлатии точикон (муаллифон Саидокилзода Н., Ч,ураев F.), тамаддун ва таъриху фарханги точикон шаходат медихад ва тамошобинро бо таърихи гузаштаи халки точик шинос менамояд. Мучассамаи шох Исмоил дар сар точи зарин ва дар даст нишони давлатдорй, хамчун рамзи гузаштаи халки точик бунёд гардидааст. Пояи хайкал аз санги хорои сурх ва бо тасвирхои барчастаи релефй оро ёфта, дар ду пахлуи он хайкали шерхо кудратмандии шохро тачассум кардааст. Мучассамаи Исмоили Сомонй хар як бинандаро бо таърихи давлату давлатдорй, эхёи миллат ва фарханг, ташаккулёбии халки точик ва ба камолот расидани давлати тозабунёди точикон шинос менамояд ва дар шахс хисси ватандустй, худшиносии миллй, ватанпарвариро бедор менамояд. Хусусан, деворанигора, ки зина ба зина ба пояи мучассамаи Исмоили Сомонй наздик мешавад, панч давраро дар бар гирифта, лахзахои мухими таъриху тамаддуни точикон, доираи ташаккули халки точик аз ахди Ориёй, Хдхоманишиён, Кушониён, Сосониён, Бохтару Сугд, Саффориёну Сомониён, муборизаи халки точикро барои пойдории давлат, инчунин мархилаи нави таърихи Точикистонро ифода менамояд, ки

намунаи бехтарини воситаи тарбиявй буда, дар калби шахрвандон рухияи ифтихору худшиносии миллиро бедор менамояд.

Дар сорили чапи дарёи Сир, дар яке аз гулгаштхои зеботарини шахри Хучанд мучассамаи Абуабдуллохи Рудакй, монументи Нишони давлатй (меъмор Юнусов М., хайкалтарош Мачидов Р., 2007) чойгир буда, Парчами давлатии Точикистон (2014) парафшонй мекунад, ки ифтихори хар як шахрванди Точикистон аст.

Парчам ва Нишони давлатии Точикистон бо баробари Конститутсия, Суруди миллй ва асъори миллй мукаддасоти давлатй мебошанд.

Аз таърих ба мо маълум аст, ки парчам аз давраи Каёниён яке аз рамзхои давлатдории точикон буда, оид ба аввалин парчами кадимаи точикон бо номи «Дирафши Ковиён» -пешдомани сурхи чармини Коваи охангар, асари безаволи «Шох,нома»-и Фирдавсй гувохй медихад.

Парчами давлатии Точикистон 24 ноябри соли 1992 дар Ичлосияи XVI Шурои олии Точикистон кабул карда шуд. Он аз матои росткунча, бо се рахи уфукй иборат буда, рахи боло ранги сурх дорад, пахноии он бо рахи поёнии сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайни онхо якуним баробари пахнойи раххои ранга аст. Руйи рахи сафед дар мобайни парчам бо зархал рамзи точи тансикшуда ва болои он 7 ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст. Рузи тачлили Парчам дар майдони парчаму нишони давлатии шахри Хучанд шахрвандону чавонон чамъ омада, хамчун ифодаи эхтиром арчгузорй рохпаймойй ташкил мекунанд.Чунин ёдгории мухташам воситаи тарбияи ватандустй ва худшиносии миллй мебошад.

Монументи мачмааи таърихию-фархангй «Истиклол» ба 25-умин солгарди Истиклолияти давлатии Ч,умхурии Точикистон бахшида шудааст (2016). Баландии он 53 метр буда, дар куллаи он хафт ситора, точ ва дар баландии 27 метр майдончахо барои тамошо сохта шудааст. Иншооти «Истиклол» замонавй буда, халли дизайнерии он ифодагари истиклолият ва сулху вахдат мебошад. Дар таххонаи мачмааъ толори намоиш ва таърихию фархангй чой дода шудааст. Мачмааи «Истиклол» мухташам буда, ифодагари файзи истиклолият, сулху вахдат, сарчамъй, ватандустиву хувияти миллй мебошад.

Майдони ситорахои Хучанд яке аз мавзеъхои зебо бо гулгашту фаввора ва макони фархангиву фарогатии шахри Хучанд мебошад. Майдони ситорахои Хучанд аз монументи оташи абадй ва мучассама, нимтанаи пайкарахои ходимони давлатй олимону шоирон иборат аст. (Х,айкалтарошон Кравинский А.К., Нодиров К., Мачидов Р., Юсупов Ю. ва диг.) Дар он макому манзалати гузаштагони мо, сахми онхо дар баркарорсозии сохти давлатй, дар рушди илму адаб ва ганй гардонидани махзани арзишхои олии инсонй муайян карда мешавад. Махз бо хамин максад бузургдошти ашхоси таърихй, чехрахои барчастаи зодагони Хучандй бостонй майдон «Ситорахои Хучанд» номгузорй шудааст.

Дар даврони сохибистиклолии давлатамон барои абадй гардонидани зиндагинома ва корнамоии сиёсатмадорон, ходимони давлатй, кахрамонони чангу мехнат, олимон, шоирону нависандагон, ки ситорахои дурахшон мебошанд, мучассамаи нимтанаи онхо гузошта шуд.

Дар баркарор ва пойдор намудани х,окимияти шуравй Хдйдар Усмонов, Иванитский Е.А., Абдукодир Рахимбоев, Ахмадбек Мавлонбеков, Бибисолеха ^обилхучаева, Абдулло Рахимбоев, Ч,ура Зокиров, Абдурахим Хочибоев, Мастура Авезова корнамой ва хизматхои шоиста кардаанд, ки хаёт ва фаъолияти онхо барои тарбияи чавонон дар рухияи худшиносию ватандустй дарси адабу ибрат мебошад. Шахри Хучанд аз кадим маркази илму

фарханг буда, бо олимону донишмандони намоёни худ ва тахкикотхои пурарзиш, навовариву чустучухои илмй маълуму машхур аст. Бинобар ин, мардуми Хучанд бо олимон ва донишмандони номии худ, ба монанди Бобочон Гафуров, ^ори Ниёзй, Султон Умаров, Мухаммад Осимй, Юсуф Исхокй, Зариф Рачабов, Солех Рачабов, ходимони давлатй Ч,аббор Расулов, Рифъат Хочиев, П.С. Буланов, нависанда Рахим Ч,алил, Кдхрамони Иттифоки Шуравй Рахимбой Рахматов ва дигарон ифтихор дорад. Шахсони нотакрор бо бузургиву азамати истеъдоду илми хеш на танхо мояи ифтихори хучандиён, балки тамоми Точикистони азизи мо мебошанд.

Зиндагй ва корнамоихои ин фидоиёни илму фарханг ва давлатдорй сабаки омузанда барои чавонони имрузаи мо мебошад. Зеро рузгори хар яке аз ходимони давлатй, олимон, нависандагон, кахрамонони чангу мехнат пур аз чустучуву талошхо ва фидокорихо буда, дар рушди камоли маънавиёт ва дарки хикмати зиндагй барои наслхои имрузу фардо ибратомуз аст.

Тачриба собит менамояд, ки асари санъати монументалй чун воситаи самараноки тарбияи гоявию миллии наврасон ва чавонон бо рох, тарз ва усулхои зерини ташкили чорабинихои тарбиявй мавриди истифода карор мегирад.

1. Экскурсия ба мавзеи чойгиршавии асари санъати монументалй бо максади муаррифй намудани ин ё он асари санъати монументалй, шинос намудани мактаббачагон ва донишчуён бо хдёт ва фаъолияти ашхоси бузурги таърихй ва дар мисоли хдёту фаъолияти онхо тарбия намудан, фарохам овардани маълумот оид ба вокеахои бузурги таърихй, аз чумла, пойдоршавии х,окимияти шуравй, вокеахои Ч,анги Бузурги Ватанй, ба даст овардани Истиклолияти миллй ва гайра, ташкил ва гузаронида мешавад. Хангоми экскурсия аз методхои тарбиявии ташаккули шуур ба монанди накл, сухбат, хдкоя истифода бурдан чоиз аст. Экскурсияи тарбиявй барои амалй гардонидани принсипи алокаи тарбия бо хдёт, бо хаёти гузаштаи таърихй мусоидат менамояд. Хотира аз экскурсия дар мисоли маъруза, иншои озод, расми асари санъати монументалй дар соати тарбиявй чамъбаст карда мешавад.

Ч,ашнгирии санахои мухими тарихй ба монанди: 23 феврал - Рузи ^уввахои мусаллахи Ч,умхурии Точикистон, 8 март - Рузи Модар, 1 май - Рузи байналхалкии якдилии мехнаткашон, 9 май - Рузи Галаба дар Ч,анги Бузурги Ватанй, 27 июн - Рузи вахдати миллй, 9 сентябр - Рузи Истиклолияти давлатии Ч,умхурии Точикистон ва гайрахо дар шакли чамъомад назди ин ё он асари санъати монументалй ташкил ва гузаронида мешавад. Самаранокии чунин чорабинихои тарбиявй аз интихоби дурусти методхои тарбия: накл, сухбат, лексия, бахсу ибратгирй вобаста аст. Сенарияи чунин чорабинихои тарбиявй бояд маводи таърихию-хуччатй, порчахо аз асархои илмии таърихй, накли шохидони вокеахои таърихиро дар бар гирад. Ташкили фотомонтаж, наворхо доир ба ин вокеахои таърихй аёнияти чорабинии тарбиявиро таъмин менамояд. Истифода аз охангу мусикй ва сурудхо, хамчунин сахнахо рочеъ ба мавзуъ чорабинии тарбиявиро барои тарбиягирандагон хотирмон менамояд.

Чунин чамъомадхо дар шакли вохурй, соати тарбиявй, конфронсхо низ ташкил ва гузаронида шуда, дар он собикадорони чангу мехнат, сиёсатмадорон, шоирону нависандагон, рассомон, хайкалтарошон, меъморон ширкат варзида метавонанд.

Онхо аз як чониб доир ба ин рузхои таърихй маълумот медиханд ва аз чониби дигар шоирон, нависандагон, рассомон, хайкалтарошон, меъморон асархои тозаэчоди худро ба хонандагон ва донишчуён муаррифй мекунанд. Ин гуна чорабинихои тарбиявй барои мустахкам намудани алокаи насли калонсол бо насли хурдсол имкон медихад. Дар ин чорабинихои тарбиявй хонандагон ва донишчуён дар бораи хар як даврахои таърихй (давраи Сомониён, давраи Ч,анги Бузурги Ватанй, давраи Истиклолият ва г.) баромаду маърузахо омода менамоянд.

2. Сафарбаркунй - гусел кардани чавонон барои хизмат дар сафи Артиши миллй аз назди асархои санъати монументалй ба дарки вазифаи мукаддас будани хизмати Модар-Ватан мусоидат менамоянд. Хангоми маросими гусел фахмонда додани зарурат ва ахамияти хизмати харбй аз чониби собикадорони чангу мехнат барои бошуурона ва фаъолона хизмат кардани чавонон дар сафи Артиши Миллй самарабахш аст. Барои аз чихати гоявй пурмазмун ва аз чихати шакл рангоранг гузаронидан ин чорабинии тарбиявй хамчунин истифодаи охангу сурудхо дар мавзуи харбию ватандустй тавсия мешавад.

3. Ташкил ва гузаронидани шанбегихо дар мавзеи чойгиршавии асархои санъати монументалй барои тоза ва обод, кабудизоркунй ва гулзоркунй ин чойхо мусоидат намуда, хамчунин барои дар рухияи мехнатдустй ва зебоипарастй тарбия намудани наврасон ва чавонон имкон медихад.

4. Ташкил ва гузаронидани хафтаи поси хотир бо силсилаи чорабинихои тарбиявй дар мавзеи чойгиршавии асархои санъати монументалй. Дар ин хафта пеш аз хама навбатдории тарбиягирандагон дар мавзеи чойгиршавии асархои санъати монументалй ташкил карда мешавад. Ташкил ва гузаронидани шанбегй, вохурихо бо собикадорони чангу мехнат, соати тарбиявй, конфронс, намоиши асархои тозаэчоди олимон, шоирон, нависандагон, рассомон низ аз чихати тарбиявй ахамияти калон дорад.

5. Зиёрати пирони барчомонда, дасти мадад дароз намудан ба онхо низ барои алокаманд намудани тарбия бо хаёт, дар рухияи эхтиром нисбат ба калонсолон ва мехнатдустй тарбия кардани наврасону чавонон мусоидат менамояд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Идейно- провественное и духовное саморазвитие учащейся и студенческой молодежи // Материалы республиканской научно- практической конференции.- Гомель, 2012.- 268с.

2. Лугати русй-точикии истилохоти санъат. Мураттибон: А.Ахроров, А.Рачабов, М.Рузиев, X,. Сабохй; -Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Точик, 2003-272 с.

3. Неменский, Б.М. Мудрость красоты./ Б.М. Неменский. - М.:. Просвещение, 1987-255 с.

4. Пралиева Ж. Н. О единстве и взаимо старше классников // Наук и современность.- 2010.-№ 3/1. - С. 294 - 300

REFERENCES:

1. I deological, moral and spiritual self- gevelopment of students and youth.// materials of the republican scientific and Practical Conference.-Comel.- 2012/- 268p

2. Russion-Tajik dictionary of art. - Dushanbe: The head scientific tajik national encyclopedia. 2003-272 p.

3.Nemensky, B.M. The wisdom of beauty/ B.M. Nemensky - M.: Prosveshenie, 1987.-255p.

4. On the unity and interrelation of high school students // Naukac I sovremennost. - 2010.- №3/1. -p 294-300

Истифодаи осори санъати монументалй дар тарбияи гоявй ва миллии цавонон

Вожа^ои калидй: санъати монументалй, тарбияи гоявй, ташаккули шуур, арзиши таърихию тарбиявй, экскурсия

Дар мацола масъалацои тарбияи гоявию ахлоции цавонон мавриди баррасй царор дода шудааст. Дар он ба мацом ва мавцеи осори санъати монументалй %амчун воситаи тарбияи гоявию ахлоцй дар мисоли асар%ои санъати монументалии ша%ри Хуцанд диццати махсус дода шудааст. Ро%%ои самараноки муаррифй ва тафсири асари санъати монументалй мавриди баррасй царор ёфтааст. Хусусият%ои хосаи асар%ои санъати монументалй чун як силсилаи том маънидод карда шуда аст, ки дар он %ар як цисм маъно ва мазмуни худро дошта, маъно ва мазмуни асосии асари санъати монументалиро аз нуцтаи назари категория%ои фалсафа, амсоли шакл ва мазмун, кулл ва цузъ, сабаб ва натица инъикос менамояд. Мацола ба та%лили батафсири арзиши тарбиявии тацрибаи таърихй, ки дар осори санъати монументалй тацассум ёфтааст, бахшида шуда, дар ин замина муаммо%ои ташаккули шуури ахлоцй ва фар%анги рафтори цавонон тавассути масоили %аёт ва фаъолият, ца%рамон%ои ме%нат ва цанг, одамони бузург, ки дар %имояи ватан ва гулгулшукуфии он са%мгузор мебошанд, ибрози назар гардидааст.

Дар мацола ро%, тарз, усул%ои ташкили чорабини%ои тарбиявй, ба монанди экскурсияи тарбиявй, цашнгирии сана%ои му%ими таърихй, сафарбаркунй-гусели цавонон ба хизмати %арбй, шанбеги%о, %афтаи поси хотир низ тавсия дода шудааст.

Рациональное использование произведения монументального искусства в идейном и национальном воспитании молодёжи Ключевые слова: монументальное искусство, идейное воспитанияе, формирование сознания, историко-воспитательная ценность, экскурсия

В статье раскрываются актуальные проблемы идейно-нравственного воспитания молодёжи. Особое внимание уделено роли и месту произведения монументального искусства, как средства идейно-нравственного воспитания на примере произведений монументального искусства города Худжанда.

Анализируются актуальные способы презентации и интерпретации произведения монументального искусства с точки зрения системно-комплексного подхода. Описываются характерные особенности произведений монументального искусства как системы, состоящей из конкретных элементов, каждый из которых имеет определённое смысловое значение, так или иначе отражающее общее смысловое значение произведения как системы.

Значительное влияние уделяется анализу составных компонентов системы с точки зрения философических категорий формы и содержания, общее и единичное, причина и следствие. Статья посвящена подробному анализу воспитательной ценности исторического опыта, отраженного в произведениях монументального искусства, и на этом фоне рассматриваются проблемы формирования нравственного сознания и нравственной культуры поведения молодёжи на примере жизни и деятельности, трудового и боевого подвига великих людей, которые внесли достойный вклад в дело защиты и процветания родного края.

Рекомендуются пути, способы и приёмы организации воспитательных мероприятий как: воспитательная экскурсия, празднование знаменительных исторических дат, проводы молодежи на службу в армии, субботники, неделя памяти.

The Rational Use of Work of Monumental art in Ideological and National Education of Youth. Key words: monumental art, ideological education, forming of consciousness and behavior of the rising generation, the historical and educational value, excursion In the given article are revealed the urgent problems of ideological and moral education of youth. In the article the special attention is allotted to the role and please of works of monumental art as means of ideological and moral education in the example of works of monumental art of the city of Khugand. The urgent ways of interpretation of works, of monumental art are analyzed from the point of view of system and complex approach. The special features of works of monumental art are singled out and described as system, consisting of concrete elements, each of which has appoints semantic meaning, anyhow reflecting the general semantic meaning of the works as a system. The important attention is allotted to analyzing of composite components of system from the point of view of philosophy catigories of form and maintenance, total and single, cause and effect. The article is devoted to detail analyses of educational value of historical experience reflected in the works of monumental art and in this background are considered the problems of forming moral consciousness and moral culture of behavior of youth in the example of life and activities, feat of lab our and fighting of great people, who made a valuable contribution in defense and flourishing of native country.

Ъ

Маълумот дар бораи муаллифон:

Пулотов Исмоил Мамадович, номзади илмуои педагоги,, дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Бобоцон Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail: ismoil_Pulotov@mail.ru

^асанов Салимбой, номзади илмуои педагоги, дотсенти кафедраи санъати тасвирй ва уунаруои халции Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Бобоцон Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail: Salimboi49@mail.ru Сведения об авторах:

Пулотов Исмоил Мамадович, кандидат педагогических наук, дотсент кафедры общей педагогики Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: ismoil_Pulotov@mail.ru Хасанов Салимбой, кандидат педагогических наук, дотсент кафедры изобразительного искуства и народных промыслов Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: Salimboi49@mail.ru Information about the author:

Pulatov Ismoil Mamatovich candidate of pedagogical sciences, reader of the Department of total pedagogies of Khujand State University named after academician B. Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: ismoil_Pulotov@mail.ru

Khasanov Salimboi, candidate of pedagogical science, Associuth Professor of the Department of Graphics and Folklore, Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), E-mail: Salimboi49@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.