ВКЛАД АКАДЕМИКА П.Б. БОБОЖОНОВА В ПОДГОТОВКУ
ВЫСОКОКВАЛИФИЦИРОВАННЫХ НАУЧНЫХ КАДРОВ И УКРЕПЛЕНИЕ МАТЕРИАЛЬНО-ТЕХНИЧЕСКОЙ БАЗЫ ТАДЖИКСКОГО НАЦИОНАЛЬНОГО
УНИВЕРСИТЕТА В 1971-1982 ГГ.
В этой работе учтены творческая деятельность, научные достижения, организация и руководство одного из основоположников астрономии в Республике Таджикистан, академика П.Б. Бободжонова, способствовавшего подготовке высококвалифицированных научных кадров и укреплению материально-технической базы Таджикский государственный университет им. В.И.Ленина (ныне НТУ).
Рассказывают также, что П.Б. Бобожонов начал свои исследования в области малых частиц Солнечной системы и работал с другими мировыми исследовательскими центрами для получения важных научных результатов. Рассказывают, что по его инициативе и поддержке под руководством Таджикского государственного университета (ныне ТНУ) началось строительство новых учебных корпусов «Студенческий городок», а в 1982 году были построены четыре новых учебных корпуса этого комплекса. А также в работе отражена поддержка преподавателей, создание факультетов, кафедр, центров и других административных структур в период его пребывания в ТГУ в 1971-1982 гг.
Ключевые слова: академик П.Б. Бобожонов, астрономия, Таджикский государственный университет, материально-технической база
THE CONTRIBUTION OF ACADEMICIAN P.B. BOBOZHONOV IN THE TRAINING OF HIGHLY QUALIFIED SCIENTIFIC PERSONNEL AND STRENGTHENING THE MATERIAL AND TECHNICAL BASE OF THE TAJIK NATIONAL UNIVERSITY IN 1971-1982
In this work, the creative activity, scientific achievements, organization and leadership of one of the founders of the science of astronomy in the Republic of Tajikistan, Academician P. B. Bobojonov, who contributed to the preparation of highly qualified scientific specialists and the strengthening of the material and technical bases of the State University of Tajikistan (currently DMT) , is presented. It is also stated in this work that P. B. Bobojonov started his researches in the direction of small bodies of the Solar system and worked with other world scientific-research centers to obtain important scientific results. It is said that with his initiative and support during the leadership of the Tajik State University (now DST), the construction of new educational buildings "Student Campus" was started, and in 1982 four new educational buildings of this complex (complex) were built. The support of teachers, establishment of faculties, departments, centers and other administrative structures during his leadership in DDT in 1971-1982 is presented in this work.
Keywords: Academician P. B. Bobojonov, astronomy, State University of Tajikistan, material and technical bases.
Сведения об авторе:
Рахматова Рахиёнгул Бадаргаевна - соискатель кафедры теоретический и обшей физики Кулябского государственного университета имени А. Рудаки. Тел. : (+992) 988848698
About the author:
Rakhmatova Rakhiyongul Badargaevna - applicant for the department of theoretical and general physics of the Kulob State University named after A. Rudaki. Phone: (+992) 988848698
ХУРОФОТ ВА ТААССУБ ХДМЧУН ОМИЛИ БОЗДОРАНДАИ ИНКИШОФИ Ч,ОМЕАИ АФГОНИСТОН
Назаров У.Ц.
Институти омузиши масъала^ои давлат^ои Осиё ва Аврупои АМИТ
Афгонистони толибонй намунаи барчастаи кишварест, ки аз инкишоф, рушду нумуъ, ривочи х,унар, санъат, илм, риояи х,укуки инсонй ва аз арч гузоштан ба низоми мавчудаи байналмилаливу арзишх,ои дунявй бозмондааст. Бо гузашти 1,7 соли х,укмронии хдракати манъшудаи террористии «Толибон» нишоне аз мудирият ва биниши муносиби давлатмадорй дар чомеаи Афгонистон дида намешавад.
Дар таърихи башарият хирад хдмеша омили асливу мух,имми рушду тараккй мах,суб мешавад. Дар мукобили ин чойгох,и баланди хирад, хурофот ва тафаккури хурофотй чомеаи инсониро ба тангнои вомондагй дунёбезориву зиндагибадбинй мекашад. Х,амин аст, ки
6узургони чараëни равшанфикрй ва рушангарй саъю талош меварзанд, ки чомеахои вопасгароро аз холати карахтй ва номутавозинии фикрй начот бахшида, ба суйи вокеъгаройй ва инсонмехварй рохнамой намоянд. Aз суйи дигар, хурофот, ки реша дар чахолати андеша дорад, чомеахоро дар мукобили илму хирад карор дода, душмани аслии рушду тараккй мегардад. Ба таври куллй хурофотро метавон чунин таъриф дод: «Эътикод, бовархо ë анчоми корхое, ки хеч гуна решаи аклонй надоранд. Ин бовархо фарогири мачмуае аз хабархо, акидахо, андешахо ва одату амалхои Fайриилмй ва хилофи мантик хастанд, ки дар робита ба падидахои табиию ходисахои айнй ба вучуд меоянд».
То соли 1747 дар Хуросони таърихй ва аз он ба баъд дар AфFOнистон точикон хамчун миллати дунявимадор, фархангсолор ва тамаддунофар дар рушди зербинои давлатдорй, иктисод, тичорат, илм, фарханг, адабиëт, меъморй ва хунар сахми бузург гузоштаанд. Ин кишри пешрафта, хамеша хамчун сипари усвори зехниятй дар киболи тафаккури хурофотй ва таассубй монеа шудаанд. AфFOншиноси шинохтаи точик ^.Назаров дар китоби «Макоми точикон дар таърихи AфFOнистон» ва олимони варзида, ба монанди ^.Искандаров, И.Рахматов, Ш.Имом, С.Сафаров, A.Раxнамо, Р.Нуриддинов, Х,.Саидов, Р.Давлат ва дигарон, ки таърихи минтака ва AфFOнистонро ба таври хирфавй пажухиш карда, дар бораи мавзуи гароиши эътикодии халкахои мазхабй ба суйи бесуботии фикрй ишорахои муфид ва бу^дии илмй доранд. Пайравони масири илмии ин раванд бар онанд, ки точикони AфFOнистон дар имтидоди таърих хамеша сахми босазои худро дар рушди тамоми сохахои давлатдорй гузоштаанд. Точикони AфFOнистон хайри чамъй ва раъйи умумимардумиро ба инобат гирифта, хама вакт барои хифзи тамомияти арзй, густариши адолат, нангу номуси мардум ва баркарории давлат мубориза бурдаанд.
Ин хакикати бебахс ва дар тули таърих шакл ëфта аз чониби ягон гурух ва хукумате дар AфFOнистон то холо сарфи назар нашудааст. Х,арчанд ки хокимони сулолахои вакт меомаданду мерафтанд ва ба кавми бегона мансуб буданд, бо мурури замон зери таъсири фарханги шахсиятсози ориëй карор мегирифтанд ва мархилаи полоиши тамаддуниро тай менамуданд. Aз суйи дигар, ин таFЙироти хувиятй бистари таърихй ва омили айнй хам дар пай дошт, зеро паштунхо аз шимолу шарки Х,инд дар асри 14 ба Хуросон омаданро OFOЗ карданд ва ин раванди мухочирати ичборй, ки тахлилу тачзияи он аз мавзуи ин макола берун аст, то холо идома дорад. Чун онхо ба ин х,удуди комилан точикнишин сарозер мешуданд, табиист ки дорои заминаи кавии мардумй ва пойгохи васеи ичтимой набуданд. Сархади ин мухочират бо дехахои атрофи Кобул махдуд мешуд. Чунончи, дар ин робита таърихшиноси точик Х,амза Камол дар маколаи «Зикри шахрхои маъруфи Мовароуннахру Хуросон дар «Сафарнома» - и Ибн Баттута (асри XlV)» ишораи хадафманд ва илман асоснок дорад: «Охирин шахри Хуросон, ки Ибни Баттута (сайëx,и араб - У.Н.) аз он дидан карда ва баъдан аз масири ин шахр вориди Х,инд мешавад, Кобул аст. Шахри Кобул, ки аз он Фирдавсй борхо дар «Шохнома» тавсифашро намуда, гохе онро Кобулистон низ зикр карда ва дар гузаштахо шахри бузурге будааст, Ибни Баттута менависад, ки «акнун карияе аз он бокй мондааст». Ин замоне буд, ки паштунхо (афFOнxо) аз мавзеъхои сукунати худ дар силсилакуххои Сулаймонхел вориди шахрхое мисли Кобул шуданд ва дар зимн Ибни Баттута менависад: «Тоифае аз Aчам, ки афFOн номида мешаванд, дар он (Кобул) сукунат гузиданд. AфFOнон кухистонхо ва гарданахои мустахкаме (дар куххои Сулаймонхел) дар ихттер доранд. Мардуми бисëр кавй хастанд ва бештар ба рохзанй мепардозанд»[1, с. 24].
Aгар ба таърихи 283 соли хукмронии кабилахои паштун дар AфFOнистон, ки аз Axмадшоxи Aбдолй ë ба истилох Дурронй OFOз мешавад, бингарем, аëн мегардад, ки дар ин кишвар тасаллути пурраи забони точикй-дарй нишонаи доноиву xyшëрй, бофархангиву пешравй дар пешбурди равандхои ичтимой арзëбй мегардид. Aз ин ру, нухбагон ва ашрофзодагони паштун аз Fановатмандии ин забони оламшумул, ки иктидори сарбории маънавии хазорсоларо дошт ва аз Шом то Чину Мочин ва аз Х,инд то сархади Aврyпо тавсеа ëфта буд, дар мухити хонавода ва долонхои хукуматй истифода мебурданд. Табиист, ки олудагихои зехнияти кабилавиро бо насими фарханги созанда ва дунявимадор аз вучудашон зудуда менамуданд. Х,амин таъсирпазирй буд, ки хонадонхои шохону амирони паштун аз Axмадшоx OFOЗ то ба имруз хама даризабонанд. Махмуди Тарзй, андешапардози миллатгароии паштун бар он аст, ки: «зотан мардуми афFOн чун умуман ба кори аскарй ва футухоти билоду харбу зарб гирифтор буданд, ба корхои мирзой ва тахрироти хукуматй вакт ва фурсат надоштанд ва хатто ин корхоро ор мешумориданд. Китобхои тахсили иму адабиëт хама ба забони форсй ва ë арабй буданд. Забони афFOнй ба дарачаи кифоят аз ин чизхо саросар махрум монда буд» [4, с. 1B5]. Aмирони шинохтаи пашту на танхо донандаи забони дарй, балки ба ин забон васвасаи хунари шоирй доштанд ва девон хам таълиф кардаанд.
Дар таърихи ÄфFOнистон вакте ки аз ислохоту навоварй сyхан мезананд, хамаи ин навгонихои аввали асри 20-умро ба шахсияти амир Äмонyлло рабт медиханд, зеро тахаввулот дар сохаи маориф, сармоягузорй ба бахшхои технологияи муосир ва дар чомеа OFOЗ ëфтани таодули динй ба ин давра рост меояд. Дар эчодтети шифохии халк посухи ин рахбари вакти ÄфFOнистон хотиррасон мешавад ва нишонаи авчи хурофотро барчаста нишон медихад. Хабарнигори хоричие аз Амонyллохон баъд аз сари кудрат рафтан мепурсад, ки назаратон дар бораи сухани бархе коршиносон ки мегуянд, ки шумо баландпарвоз ва хайëлбоф будед, чист? Дар чавоб Амонyлло мегуяд, ки ман хаëлбоф набудам, муллохо намехостанд аз навоварй чизе бишнаванд. Телефонро кашфи шайтон медонистанд. Наметавонистам бемористон бисозам, чун таъвиз (тумор ва тилисм)-ро ягона рохи чилавгирй аз беморй медонистанд. Акс гирифтан намемонданд ва мардумро етво мекард, ки агар акси шуморо бигиранд, хеле зуд мемиред.
Дар арсаи с^сии ÄфFOнистон чонибдорони чахонбинии дунявй ва мазхабй зиëда аз 100 сол вучуд доранд. Тарафдорони андешахои пешкадам дар шахрхои бузург, аз кабили Кобул, Мазори Шариф, ^ирот дар ибтидои асри 20 рузномаи «Сироч-ул-Ахбор»-ро нашр мекарданд, ки дар он аз чумла дастовардхои илму техника ва ходисахои ичтимоии он замон химоят мешуданд. Хуччатхои таърихй нишон медиханд, ки акидахои дунявй, ба хусус дар сохди расонахои хабарй ва маорифи пешрафта, аз маорифпарварони точик, аз кабили Садриддин Айнй ва дигарон, ки дар ибтидои садаи 20 дар Остеи Марказй дар садри афкори пешрафта карор доштанд, пайравй мекарданд.
Сарфи назар аз чахонбинии аксарияти кулли ахолии мусулмон, афзалиятхои стесй бо унсурхои идеологияи дунявй дар байни кисми таъсирбахши босаводи ахолй инкишоф ëфтанд. Гузашта аз ин, ин акидахо дар байни ахолии бумии ÄфFOнистон, точикон ва форсизабонон, ки асосан дар шахрхои калон муким буданд, густурда буд.
Хидмати чехрахои точику форсизабон, ки дар атрофи _ Амонуллохон карор доштанд, бузург аст. Шох Мухаммад Валихони Дарвозй, Мир Ёрбек, Ч,авхаршох, Мухаммад Усмонхон, инчунин омузгорони литсейи «Х,абибия»-и Кобул, ки дар услуби таълим ба дастовардхои муосири илму техника такя мекарданд, сахми босазое дар рушди эътикоди дунявй гузоштанд. Ин кисми пешоханги ходимони сиëсй на танхо барои истиклоли ÄфFOнистон, балки ба решакан кардани чахонбинии ифротгароëна, ки дар натичаи чанги сеюми ÄфFOнистонy Англия доман густурда буд, низ хисса гузоштанд. Аз худсарии синфи иртичой, зулми хонаводагй озод карда шудани занон, барпо намудани зербинои иктисодй ва хамчун пайомади он кушишхои гузариш ба низоми индустриалй-аграрй, ташвики оммаи васеъ ба саводнокии оммавй ва хаëти дунявй, дар фехрасти авлавиятхои барномаи с^сии ин доирахо карор дошт.
Чахонбинии мардуми Хуросони таърихй (ÄфFOнистони имруза) аз инъикосу тасвири арзишхои дyнëмадорй, шахсиятсозй, давлатмехварй, хунарварзй, шахрнишинй, арчгузорй ба кору пайкор, рухияи солим ва иродаи кавии шикастнопазир дар мукобили мушкилоти рузгор саршор будааст. Рафтори хосатан точикони ÄфFOнистон дар имтидоди таърих амалгаро, хилофи акидахои чазмбоварона (догматикй) ва хурофотй будааст. Х,амин хислату маниши бу^дй тавонистааст, дар набардхои шадиди таърихии хатарзо забон, фарханг, таърих ва анъанаи точиконаро собиткадмона хифз намояд. Таърихи 6 хазорсола, анъанахои наврузй ва адабиëти зиëда аз 1000 солаи точикон паëми равшан ва босарохатро медихад, ки танхо инсони андешапардозу мутафаккир, ки роху масири худу атрофиëнро бо мантики солим ва тазкияи руху равон месозад, посухгуйи замони хол бошад.
Аз хамин чост, ки харакати манъшудаи террористии "Толибон" чанги нтебатй (гибридй)-ро бо шахсиятхои таърихй эълон кардаанд. Аз донишгохи Кобул хазф кардани расмхои олимон ва шоирони точику форс; иваз кардани калимаи "донишгох" ба "пухантун", эъмори хокимияти кабилавии якчониба хама гувохи таассуб ва хурофотпарастии чунбиши "Толибон" мебошад.
Вазъи кунуние, ки дар кишвари ÄфFOнистон аст, махз аз таассуб ва хурофот маншаъ мегирад. Имруз хар кишваре мехохад ин вазъро бар навъи ахсан бар суди хеш истифода намояд. Аз як тараф кудратхои чахонй ва аз суйе хам кудратхои минтакавй ба хотири тавсеаи манофеи худ анвои нави гуруххои с^сии мазхабй ва артишхои бо барчаспхои динй месозанд. Маорифи дунявиро аз байн мебаранд. Озодманиширо дар ин кишвар нобуд месозанд ва ë шароите ба вучуд меоваранд, ки донишмандони рушангарон ва соибандешону хирадгароëн тарки ин кишвар намоянд [6, с. 3].
Чи тавре ки созмонхои байналмилалй эълон намуданд, харакати террористии «Толибон» зтеда аз 100 корманди хукумати пешинро дар муддати 1,5 сол куштааст [5]. Шохидони хол накл мекунанд, ки ин катлу куштор асосан дар музофоту нохияхои дурдаст анчом ëфта,
тибки руйхати пешакии тахиягаштаи толибон сурат мегирад. Толибон1 бо ин рох чанд хадафро пайгирй менамоянд. Aз як су муковимати эхтимолии нерухои норозро пешгирй карданй хастанду аз чониби дигар фазои дахшатафканиро дар чомеа мусаллат мегардонанд. Х,адафи дигаре ки толибонро дар киболи хама ин чиноят бе чазо гузоштааст, аз мадди назари созмонхои хомии хукуки башар дур будани ин катлу куштор ва монеаи шадиди иттилоотрасонии BAO мебошад.
Дар нохияи Мардони вилояти Чузчони AфFOнистон нодиртарин ходиса дар таърихи ин давлат руй додааст. Дар ин деха, ки асосан точикон ва узбекон зиндагй мекунанд, дар тули чанд руз аз 50 то 80 хонахои истикоматй ба таври мармуз ба коми оташ рафтаанд. Дар чустучуи сабабу паëмадxои ин падида, толибон дар авчи чахолат ба хулосае омадаанд, ки сабаби асосии ин оташсузихо - чинхо будаанд! Бинобар ин дар кулли манотики ахолиншини шимол муборизаи беамон бар зидди чинхо хамчун содиркунандагони чиноятхои махсусан вазнин эълон шудааст. Дида мешавад, ки масъулони толиб чандин нафар чин ва чинпарастро боздошт намуда, аз онхо нишондод хам гирифтаанд. Aвч ва нуктаи арши хурофот дар ин хабар он аст, ки толибон комиссияи махсус аз хисоби имомхатибон таъсис дода, онхо вазифадор намудаанд, ки бо чинхо ва нерухои бадхохи ачинамонанд вориди амал гардида, онхоро ба «сулху салох» ва даст кашидан аз оташсузй даъват намоянд. Вале сабаби аслии оташ дар хонахои мардуми шимоли AфFOнистон ин сари хонахои мардум сарозер кардани махлули оташафкан аз суйи хавопаймоххои бесарнишини тахти назорати толибон мебошад, ки аз тарафи шаб ба таври даврй сурат мегирад. Толибон чанги кавмиро бо рохи поксозии мардуми шимол - Чузчон, Балхоб, Бехсуд, ^ундуз ва Хоча Баховуддин OFOЗ карда, ин минтакахоро барои кучиву мардуми паштузабон холй карданианд.
Пайомади ба инобат нагирифтани конунхои пешрафтаи зиндагй ва беэътино донистани кушишу Fайрат хамчун пойгохи аслии худшиносй, окибати хама нобаробарихо, сабабгори акибмонии хамачониба дар хурофотпарастй мебошад. Хурофот як намуди бемориест, ки аз насл ба насл гузашта, дар зехну биниши мардум реша давондааст. Х,ам дар гузашта, хам имруз фикре роич аст, ки худи одам ба чизе ë коре кодир нест, шарт нест, ки вай хонад, кушиш кунад, бахри халли душворие талош намояд, хар чизе ë коре мешавад, дар пешонии y навишта шудааст, вай бояд сабурона инро тахаммул намояду шукр гуяд. "Ту Fам нахур, ту кушиш накун, захмат накаш, хамааш бехуда, хар чизе дар насибат бошад, хамонро мебинй [2, с. 7].
Ягона неруи созанда ва истисноии монеи таассуб ва хурофоти зехнияти толибонй дар AфFOнистон, кишри равшанфикр ва дорои мустакилияти андешаву афкори мардуми шимоли ин кишвар мебошад. То хол дастандаркорони низоми кабилавии таассубгар нафахмидаанд, ки даризабонони AфFOнистон масъули сохту сози тамаддуни ифтихорофари чахонй ва парчамбардори арзишхои башарианд ва дар тули 30 соли ахир ба тавонмандихои стесй, дипломатй, низомй, чангй, ичтимой ва миллатсозй афзудаанд.
Дар бораи толибон хаминро бояд зикр кард, ки дар тули 10 соли охир онхо дар рафти гуфтушунид ва бозихои геополитикй качравихои стесиро омухтаанд. Як назари ичмолй ба изхорот ва рафтори толибон дар тули ин 1 солу 5 мох кофист, ки хулосагирй карда шавад, ки рохбарияти чангзадаи он дучори таассуби беандоза гаштааст.
Дар сурате ки хурофоту таассуб дар Хуросони таърихй ривоч меëбад, мардум дар таркиби чабхаи муковимат дар Кобул, Балх, Бадахшон, Кухдоман, Каписо, Х,ирот, Тахор, Бомиëн, Дойкундй, Fyр, Фарох, Кундуз, Самангон, БодFис, Fазнй, Парвон ва Чузчон арзи вучуд кардааст. Ч,абхаи мухофизони AфFOнистони навин дар дехахои Доласанг, Пойи Мазор, Aноба, Руха, Борак, Париëн, Бозорак, Остона, Уштулаки Панчшер, Пули Х,исор, Хинчон, Соланг, Данди Fyрй, Данди Шахобиддин, Aндароби вилояти БаFлон, Кухдоман, Каписо ва Парвон OFOЗ ба фаъолият кардаанд. Руз то руз чyFрофиëи чабхаи зиддитолибй тавсеа ëфта истодааст.
Вакте ки аз эътироф накардани кувваи иртичоии ба сари кудрат овардаи толибон сухан мекунад, максад аз он, хифзи хувияти миллии мардуми шимоли AфFOнистон аст, ки пуштивонаи маънавии кавй доранд, хадди аксари мардумро ташкил медиханд. Ба акидаи коршиносони сохаи AфFOнистон нерухое, ки бар зидди таассуби якчонибаи мазхабии зиддитолибй шомиланд, чанд имттези калидй доранд:
1. ^уввахои номбурда аз пойгохи кавии мардумй бархурдор мебошанд, зеро зояндаи матну батни чомеаи шимол, марказ ва Fарбy шарки AфFOнистон мебошанд.
2. Кулли ашхоси мазкур, ки чабхахои гуногунро рахбарй мекунанд, тачрибаи чангии бой ва мудирияти волои низомй солхои мутамодй дар майдони набард бо террористон касб кардаанд, бо чyFрофия, фарханг, таърих ва равони мардум шинохти комил доранд.
1 Х,аракати террористии манъшуда дар ИДМ .
3. Вазъи хоким бар зехнияти хадди аксари мардуми ÄфFOнистонро, ки дар асари нафрату бадбинй нисбат ба толибу толибнамохо шакл гирифтааст, дарк кардаанд. Ин бадбинии рузафзун нисбат ба толибон бистари муборизаи комëбро ба нафъи куввахои зиддитолибй хамвор кардааст.
Далели дигар, ки коршиносони точикистонй ба аксарияти шумораи точикон дар ин каламрави Хуросони таърихй таъкид мекунанд, он аст, ки шахрхои калидии Кобул, Мазори Шариф, Х,ирот, Fазнй, Тахор, Файзобод, БаFлон, Самангон (Айбак) мачмуи вилоятхои Дараи Шимолй - Панчшер, Каписо, Ничроб ба таври кобили мулохиза, аксарияти сокинони онхоро точикон ва форсизабонон ташкил медиханд, ангезаи таърихии зиддитолибй доранд, толибро душмани тамаддун ва асолати миллии худ медонанд.
Вакте дар бораи ÄфFOнистон сухан мегуянд, сабабу иллати ба фочиахои паëпай гирифтор шудани мардуми ÄфFOнистонро аз кавли Аъзам Рахнаварди Зарëб, адиби хушноми ÄфFOнистон иктибос меоранд, ки ин фарзия - «акибмондагии фарханг аз тамаддун» дар ин кишвар ном дорад. Идомаи андешаи y бисëр чолиб аст: «Тамаддунхои Fарбй дар кишвархои шаркй хеле зуд тавонистанд рох ëбанд, аммо фарханге, ки тамаддунро хамрохй кунад, акиб монд. Робитаи фархангу тамаддун чист? Худи тамаддун чист? Ба акидаи ман, тамаддун талоши одамй барои осон сохтани зиндагист. Барои мисол, одамй хост фосилахоро кутох бисозад, дар натича мошинро сохт. Талоши одамй барои кутох сохтани фосилахо мошинро ба вучуд овард. Аммо вакте мошин ба вучуд омад, лозим буд, ки ду мошин ба хам барнахуранд, лозим буд ин мошин махдудиятхоеро бипазирад. Дар натича мукаррароти ронандагй ба вучуд омад, ки дарвокеъ, фарханги ронандагист. Яъне, мошин аввал ба вучуд омад, ки унсури тамаддун аст, баъд мукаррароти ронандагй ба вучуд омад, ки фарханги марбут ба мошин аст. Шумо мебинед, ки мо охирин мудели мошинхоро дар Кобул дорем, аммо фарханги ронандагй надорем. Фарханг бо мошин якчо намеояд. Бад-ин сон хама чанбахои тамаддун ба кишвархои шаркй, аз чумла ÄфFOнистон омад, вале фарханги он наомад. Тамаддунро ворид карда метавонем, аммо бисëр душвор аст, ки мо фархангро ворид кунем. Фархангро ворид карда наметавонем» [3, с. 3].
Ба мушохида мерасад, ки дидгохи ягонаи зиддитолибй дар ÄфFOнистон шакл гирифта, мардуми бедордил ва ватандуст барои ноил шудани ба як хадафи муштарак ба мукобили душмани касамхурдаи мардуми ÄфFOнистон - толибон кад алам кардаанд.
Дар чангхои якум, дуюм ва сеюми афFOнy англис лашкари муназзами точикон ва халкхои дигари шимоли мамлакат ишFOлгаронро мачоли харакат кардан намедоданду бо чоннисориву фидокории пайдархам аз каламрави ватанашон меронданд. Мизон ва сатху савияи ватандустй то ба чое расида буд, ки чавохироту тилловорй ва зару зевари хонаводахои худро барои таъминоти молии чабха фидо мекарданд.
Дар хошияи тафсири кудрат дар байни точикони ÄфFOнистон шоистаи зикр медонем, ки 7G % артиши собика афсарону сарбозони точиктабор буданд [5]. 47% ë ба истилох 21 млн.нафар аз ахолии 40 миллионнафараи ÄфFOнистони кунуниро точикон ташкил медиханд. Вилоятхои пешрафта ва саноатии ин кишвари хамсоя, ба шумули Кобул - вилоятхои шимолу шарки онанд, ки 85% махсулоти саноатй, кишоварзй ва тичоратй дар он чо истехсол мешавад [5]. Сатху савияи саводнокии мардуми шимол, ки боз хам аксар точиканд, бамаротиб аз дигар вилоятхо болотар аст. Ин хама дар холати мудирияти воло ва ба сурати дастачамъй неъмату Fановатмандии пойгохи як чабхаи тамомиëри кудратманди миллист бо мехварияти точикони ÄфFOнистон, ки халку миллатхои дигар хам саодатмандии бовикори худро дар он дарëбанд.
Вале раванди таърихии ходисахо нишон медихад, ки камбудии аслии равшанфикрони ÄфFOнистон, ки барои пархез аз хатохои оянда аз он икрор бояд шуд, набуди дидгох, тафаккури ягонаи давлатмехвар ва истодагарй дар мукобили фишори рузмарраи истеъмори кабила будааст. Онхо чун сохибони Ватан чангро хуб мудирият мекарданду курбонй медоданд, вале дар замони таксими кудрат ба хошия мерафтанд ва тобу токати бозихои калонмикëси сиëсиро надоштанд.
Рохи асосй ва мехварии онхо дар ояндаи наздик басич сохтани тамоми мардум бар зидди тахдиду хатархои тамаддунй мебошад. Мардуми ÄфFOнистон бояд дарк кунанд, ки дигар зери чатри арзишхои кабилавй, зехнияти бтебонй ва тафсири динмадор наметавонад ба сарманзили максуди худ бирасад. Муттахид шудан дар атрофи рахбарони асил, ки худро дар байни ахолй шармсор накардаанд, боло бурдани худшиносии миллй ва тархрезии «Накшаи рох»-и дарозмуддат барои эхëи нуфузу макоми шоистаи точикон метавонад рохи халли казияи ÄфFOнистон ва сарнавишти ояндаи минтака арзëбй гардад.
Мардуми Афгонистон мархилаи душворро паси сар мекунад. Дар ин сарзамин, ки улгуи тамаддун ва дастовардхои бостонй арзёбй мегардад, дигар нишоне аз хузури миллатхои тамаддунофар дар хаёти сиёсй ва ичтимой нест.
Харакати «Толибон» хокимияти мутлаки мазхабй бо расму оинхои кабилавии «Паштунвалй» ва конунхои шариатии зиддиинсониро дар Афгонистон баркарор намуд. Мардум аз арсаи равандхои сиёсй-ичтимой берун шуда, харчанд дар асоси тахкикоти марказхои илмии муътабари чахонй аксарияти кулли ахолии Афгонистонро ташкил медиханд, интихоби дигаре ба гайр аз муборизаи мусаллахона ва гуфтушунид барои таъмини хаёти осоиштаю хузури сазовор дар чомеа надоранд.
Равшанфикрони бедордил ва огох дар чомеаи кабиласолори Афгонистон бо мушкилоти сангини хувиятй дасту панча нарм мекунанд, вале боз хам бо котеъият шамъи асолати миллиро бо часоратмандии истисной равшан нигох медоранд.
Ин кишри бедори чомеа аз зумраи пайравони мактаби сиёсй ва харакати зидди тамомиятхохй ва бартариталабии паштунхо - «Созмони инкилобии захматкашони Афгонистон» (СОЗО), «Озодагон», «Кунгураи миллй" мебошанд, ки аз чониби мухолифонаш "Ситами миллй" ном бурда мешуданд. Ин созмонхо, ки дарунмояи фикрии дунявй доранд, дар солхои 60-70-ум парчами адолатхохиро бардошта, харакати миллиро дар марказ ва шимоли он кишвар бар зидди сиёсатхои табъизгароёна бунёдгузорй намуданд. Хузури ин афроди равшанфикр дар сахна ва арсаи сиёсати навини Афгонистон хамчун фурсати муносибе барои шаклгирии гояи муборизаи сиёсй ва решакан кардани хар гуна зухуроти номатлуби тундгарой арзёбй мегардад.
Дар бораи сабку услуби мубориза дар Хуросони таърихй коршиносон зикр менамоянд, ки сиёсати динии кишвар ба хадде кавмхои соддаи гайрипашту, аз чумла точиконро фирефтаи худ карда буд, ки онхо дар пурсиш миллаташонро пинхон медоштанд, худро мусулмон, кобулй, хиротй, балхй, бадахшй ва гайра муаррифй мекарданд, ба хеч вачх точик намегуфтанд. Онхое хам ки аз казия андаке бохабар буданд, аз тарс мачоли ошкоро аз миллати худ хабар доданро надоштанд, зеро онхоро кавмгароёни сохибдавлат, ки кудрат дар дасташон буд, нобуд мекарданд [2, с. 3].
Бо бозгашти «Толибон» ба Кобул низоми геополитикии чахонй дар минтака тагйир хурда, кишвархои алохида ва иттифокчиёни собика дар сангархои мухолиф карор гирифтанд. Бахри таъмин намудани манфиатхои геоиктисодй (фуруши силох, амалисозии лоихахои наклиётй, хамлу накли нафту газ, истихрочи канданихои фоиданок) ва пешбарии ашхосу гуруххои вафодор дар хукумати нав робитахоро огоз кардаанд. Пайомади вокеахои Афгонистон ба дурнамои фаъолияти ниходхои давлатии ин кишвархо бетаъсир нест ва онхо кушиш хоханд кард, ки чойгохи худро хамчун «хокими низоми чахонй» аз даст надиханд.
АДАБИЁТ
1. Камол Х- Зикри шахрхои маъруфи Мовароуннахру Хуросон дар «Сафарнома»-и Ибни Баттута (асри XIV) //Мачаллаи илмй-назариявии «Муаррих» №1(21), 2020.
2. Кухзод У. Мусохиба. //Адабиёт ва санъат №10(2137) аз 10.03.22с.
3. Саидзода Ч,. Афгонистон ва Хуросон - ду кишвари мустакил.//Йрр: Электронный ресурс. www.ravshanfikr.tj//. дата публикации 4.11.2021 (дата обращения 12.11.2021г.)
4. Современный Афганистан //Афгонистони имруз. Душанбе, 2018.
5. Тахкикоти сахроии унвончу аз натичаи мулокот бо намояндагони давлатй, дипломатхо ва равшанфикрони шимоли ЧИА хангоми сафари хизматй дар Афгонистон дар солхои 2003-2008 ва 2016-2019.
6. Шарифзода И. Таассубзадагй ва хурофот миллатхоро нобуд месозад. // htpp: Электронный ресурс. www.ravshanflkr.ti//.(дата обращения 12.11.2022г.); //Самак №1(583) аз 12.01.2023с.
ХУРОФОТ ВА ТААССУБ ХАМЧУН ОМИЛИ БОЗДОРАНДАИ ИНКИШОФИ ^ОМЕАИ АФГОНИСТОН
Дар мацолаи мазкур дар бораи вазъияти Афгонистони толибонй %амчун намунаи кишваре, ки аз инкишоф, рушду нумуъ, ривоуи %унар, санъат, илм, риояи %уцуци инсонй ва аз ару гузоштан ба низоми мавуудаи байналмилаливу арзиш%ои дунявй бозмондааст, та%лилу тафсир карда мешавад. Бо мурури 1,7 соли %укмронии %аракати манъшудаи террористии «Толибон» нишоне аз мудирият ва биниши муносиби давлатмадорй дар уомеаи Афгонистон дида намешавад.
Дар таърихи башарият хирад %амеша омили асливу му%имми рушду тараццй ма%суб мешавад. Дар муцобили ин цойгощ баланди хирад, хурофот ва тафаккури хурофотй уомеаи инсониро ба тангнои вомондагй дунёбезориву зиндагибадбинй мекашад. Храмин аст, ки бузургони уараёни равшанфикрй ва рушангарй саъю талош меварзанд, ки цомеа^ои
вопасгароро аз уолати карахти ва номутавозинии фикри нацот бахшида, ба суйи воцеъгаройй ва инсонмеувари роунамои намоянд. Аз суйи дигар, хурофот, ки реша дар цауолати андеша дорад, цомеауоро дар муцобили илму хирад царор дода, душмани аслии рушду тарацци мегардад.
Агар ба таърихи 283 соли уукмронии цабилауои паштун дар Афгонистон, ки аз Аумадшоуи Абдоли ё ба истилоу Дуррони огоз мешавад, бингарем, аён мегардад, ки дар ин кишвар тасаллути пурраи забони тоцики-дари нишонаи доноиву уушёри, бофаруангиву пешрави дар пешбурди равандуои ицтимой арзёби мегардид. Аз ин ру, нухбагон ва ашрофзодагони паштун аз гановатмандии ин забони оламшумул, ки ицтидори сарбории маънавии уазорсоларо дошт ва аз Шом то Чин ва аз Х,инд то саруади Аврупо тавсеа ёфта буд, дар мууити хонавода ва долонуои уукумати истифода мебурданд. Табиист, ки олудагиуои зеунияти цабилавиро бо насими фаруанги созанда ва дунявимадор аз вуцудашон зудуда менамуданд. Храмин таъсирпазири буд, ки хонадонуои шоуону амирони паштун аз Аумадшоу огоз то ба имруз уама даризабонанд. Аз ин лиуоз, нацши мардуми тоцик ва форсизабон дар ташаккули зеунияти дуняви ва мубориза бар зидди хурофоту таассуби цабилави дар Афгонистон бо такя бо маводи таърихи шару дода мешавад.
Калидвожахр: хурофот, таассуб, дунявият, миллат, фаруанг, тамаддун.
СУЕВЕРИЕ И РАДИКАЛИЗМ, ФАКТОРЫ ТОРМОЗЯЩИЕ РАЗВИТИЮ АФГАНИСТАНА
В данной статье анализируется и интерпретируется ситуация в Афганистане при режиме талибов как пример страны, которая не смогла развивать, процветать искусству, науку, соблюдать права человека и уважать существующую международную систему и светские ценности. После 1,7 лет правления запрещенного террористического движения «Талибан» в обществе Афганистана не наблюдается никаких признаков надлежащего управления и перспективного видения.
В истории человечества мудрость всегда считалась главным и важным фактором развития. В противоположность этому, суеверие и суеверное мышление втягивает общество в пучину мировоззрения, отрицающую прогресс. Вот почему сподвижники просвещения в кажддой стране стремятся спасти общество от состояния оцепенения и умственной неуравновешенности и направить их к реализму. С другой стороны, суеверие, коренящееся в невежестве, настраивает общества против науки и становится настоящим противником развития.
Если мы посмотрим на историю 283-летнего правления пуштунских племён в Афганистане, которая начинается с Ахмад-шаха Абдоли, то становится ясно, что в этой стране было принято считать, что овладение таджикско-дарийского языка считается признаком прогресса. Поэтому пуштунские элиты пользовались в семейной среде и правительственных кругах этим универсальным языком, имевшим тысячелетний духовный потенциал, распространённый от Сирии до Китая, Индии до границ Европы, Естественно, что издержки родового менталитета были видоизменены под таким влиянием. Этот язык был настолько влиятельным, что все семьи пуштунских королей и эмиров, начиная с Ахмад-шаха и до наших дней, говорили на языке дари. С этой точки зрения с помощью исторических материалов объясняется роль таджикского и персоязычного народов в формировании светского менталитета и борьбе с племенными суевериями и фанатизмом в Афганистане.
Ключевые слова: суеверие, фанатизм, секуляризм, этнос, культура, цивилизация.
SUPERSTITION AND RADICALIZM ARE FACTORS HINDERING DEVELOPMENT OF AFGHANISTAN
This article analyzes and interprets the situation in Afghanistan under the Taliban regime as an outstanding example of a country that has failed to develop, develop, flourish arts, science, human rights, and respect the existing international system and secular values. After 1.7 years of the rule of the banned terrorist movement "Taliban", there is no sign of proper management and vision of governance in the society of Afghanistan.
In the history of mankind, wisdom is always considered the main and important factor of development. In contrast to this high place of wisdom, superstition and superstitious thinking pulls the human society into the straits of remaining worldly and hating life. That is why the leaders of the Enlightenment movement strive to save the backward societies from the state of numbness and mental imbalance and guide them towards realism and humanity. On the other hand, superstition,
which is rooted in ignorance, sets societies against science and wisdom and becomes the real enemy of development.
If we look at the history of the 283-year rule of the Pashtun tribes in Afghanistan, which begins with Ahmad Shah Abdoli, or the so-called Durrani, it becomes clear that in this country the complete dominance of the Tajik-Dari language was considered a sign of intelligence and vigilance, culture and progress in the promotion of social processes. Therefore, Pashtun elites and nobles enjoyed this universal language, which had the potential of a thousand-year spiritual burden and spreadfrom Syria to China andfrom India to the borders of Europe, in the family environment and government corridors. It is natural that the impurities of tribal mentality were quickly swept away by the breeze of creative and worldly culture. It was so influential that the families of Pashtun kings and emirs, starting from Ahmad Shah and up to now, are all Dari-speaking. From this point of view, the role of the Tajik and Persian-speaking people in the formation of the secular mentality and the fight against tribal superstitions and bigotry in Afghanistan is explained with the help of historical materials.
Keywords: superstition, fanaticism, secularism, nation, culture, civilization.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Назаров Умед Цосимович - унвонцуйи Институти омузиши масъала^ои давлат^ои Осиё ва Аврупои АМИТ. Телефон: (+992) 93-587-23-23; E-mail: [email protected]
Сведения об авторе:
Назаров Умед Косимович - соискатель Института изучения проблем стран Азии и Европы НАНТ. Телефон: (+992) 93-587-23-23; E-mail: [email protected]
About the author:
Nazarov Umed Kosimovich - researcher of Institute of studying problem of Asia and Europe NAST. Telephone: (+992) 93-587-23-23; E-mail: [email protected]
НАЦШИ ИСТЩЛОЛИ ДАВЛАТЙ ДАР ТА^КИМИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН
Каримзода Х.И.
Академияи восита^ои ахбори оммаи Тоцикистон
«Арзиши истиклолияту озодии Ватан бо ягон ченак арзёбй карда намешавад. Истиклолият бузургтарин сарват ва бебахотарин неъмат барои хар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз онхо ифтихор мекунад. Ин мафхумхо барои мо, точикон, махсусан азиз ва мукаддасанд» [2, с. 622].
Мохияти бунёдии арзишхои таърихиро Пешвои муаззами миллат, Ч,аноби Олй мухтарам Эмомалй Рахмон дар ин масири давлатсозй ба инобат гирифта, хамеша мардуми кишварро ба суйи фардои дурахшони Ватан хидояту рахнамун месохт. «Мардуми Точикистон, ки хаждах сол инчониб ба шарофати сохибистиклолй такдиру давлату давлатдории худро ба дасти худашон гирифтаанд, хуб мефахманд, ки аз мухточй баромадан, мушкилоти Ватан ва хонаву дари худро бо дасти худ осон кардан ва сарзамини ачдодиро бо химмату гайрати худ обод намудан чй кадар арзишу манфиат ва дар айни замон чй нишоту хушбахтй дорад.
Агар мову шумо гайрату химмат карда, як-ду соли дигар харочоти маъракаву маросимхо ва дигар чорабинихоро боз хам камтар созем ва ба маблагхои сарфшуда сахмия харидорй кунем ва минбаъд низ хамчунин миллати фархангиву сохибтамаддун сарфаю сариштакориро ба меъёри зиндагии харрузаи худ табдил дихем, бовар дорам, ки бунёди Неругохи барки обии "Рогун" ва ба он монанд иншооти мухим барои мо кори чандон сахту мушкил нахохад буд» [3].
«Баъди сохибистиклол гардидани Чумхурии Точикистон дар фосилаи кутохи замон ба дастовардхои назаррас ноил гардид ва бо чахду талоши созандаву бунёдкоронаи халки азизамон ба кишвари ободу осуда мубаддал гашт. Акнун моро зарур аст, ки бахри тахкими хувийяти миллй ва шакл гирифтани тафаккуру андешаи миллй, инчунин чихати бедор намудани гурури миллй дар зехни наврасону чавонон гузаштаи пуршебу фарози миллатро ёдовар шавем ва аз корномахои дурахшони фарзандони халки худ хар чи бештар насли имрузаро огах созем. Ифтихор аз таърих, фарханг, забон ва анъанахои начибу човидонаи миллат як рукни бисёр мухими истиклолияти давлатй мебошад» [4, с.4-5]. Албатта, вокеияти аслй бо таваччух ба боварии чонибхо ва болотар аз хама манофеии миллату Ватанро