Научная статья на тему 'СРЕДСТВА МАССОВОЙ ИНФОРМАЦИИ КАК СОЦИАЛЬНО-ПОЛИТИЧЕСКИЙ ИНСТИТУТ (НА ТАДЖ.)'

СРЕДСТВА МАССОВОЙ ИНФОРМАЦИИ КАК СОЦИАЛЬНО-ПОЛИТИЧЕСКИЙ ИНСТИТУТ (НА ТАДЖ.) Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
113
11
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СМИ / СОЦИАЛЬНЫЙ ИНСТИТУТ / ДЕМОКРАТИЧЕСКИЙ / ЧЕТВЕРТАЯ ВЛАСТЬ / ПОЛИТИЧЕСКИЙ ИМИДЖ

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Хуриннисо Ализода

Автор в настоящей статье, рассматривая средства массовой информации как социально-политический институт, попыталась изучить и проанализировать различные аспекты вопроса, что в большей части представляет особенности осуществления политического процесса. Статья имеет методологические особенности, и может положить конец некоторым спорам в рамках анализирования сущности СМИ в демократический период.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «СРЕДСТВА МАССОВОЙ ИНФОРМАЦИИ КАК СОЦИАЛЬНО-ПОЛИТИЧЕСКИЙ ИНСТИТУТ (НА ТАДЖ.)»

ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСИ (ФИЛОСОФИЯ, ПОЛИТОЛОГИЯ)

ВОСИТАХ,ОИ АХБОРИ ОММА ЧУН НЩОДИ И^ТИМОИЮ СИЁСИ

Дуриннисо Ализода

Китобхонаи миллии Тоцикистон

Маълум аст, ки дар давлати демократа ва хукукбунёд хар шахрванд хаки дарёфти хама гуна иттилоъро - чи дар бораи кишвари худ ва чи дар бораи руйдодхои олам -дорад. Дар Ч,умхурии Точикистон ин хукукро Конститутсияи (Сарконуни) кишвар, дар моддаи 30 пешбинй намудааст: «Ба хар кас озодии сухан, нашр, хукуки истифодаи воситахои ахбор кафолат дода мешавад»1.

Чун Сарконуни Точикистон «Инсон, хукук ва озодихои онро арзиши олй»2 эътироф месозад, пас мантикист, ки ин арзиши олй, яъне инсон, хукук дошта бошад, ки иттилои хакикиро аз хама гуна воситахои ахбор сари вакт дарёфт намояд. Махз хамин хукук инсонро барои дарёфти иттилоъ тавассути радио, телевизион, матбуот ва дигар сарчашмахои ахбор дар бораи дируз , имруз ва фардо ба шахрванд имкон медихад. Давлати демократй барои дарёфти иттилоъ ба шахрвандон бояд тамоми шароити заруриро фарохам орад, зеро дар акси хол чойи иттилои вокеиро метавонад хар гуна овоза, дуруг ва хатто тарсу вохимахо бигиранд, ки ин хатман ба бесарусомонй ва нооромихо боис мешавад.

Азбаски маъмултарин василаи бо хабар таъмин кардани чомеа васоити ахбори омма (ВАО) мебошанд, бешубха, онхо як чузъи сохти демократияанд, ки дар баробари дигар ниходхо ва институтхои давлатй чун институти президентй, макомоти прокуратура, шохахои хокимияти давлатй - парламент, хокимияти ичроия ва судй бояд ба хайси як ниходи ичтимой фаъолияти густурда дошта бошанд.

Крнунгузории Ч,умхурии Точикистон чи будани воситахои ахбори оммаро чунин мукаррар кардааст: «ВАО аз идорахои матбуоти даврй, радиою телевизион, агентихои иттилоотй, дигар муассисахое, ки ахбори омма нашр мекунанд, иборат аст».3 Дар моддаи 1-и конуни зикргашта шаклхои воситахои ахбори омма чун «... рузномаю мачаллахо, бюлеттенхо ва дигар нашрияхои даврй, ки барои дар байни мардум интишор кардан пешбинй шудаанд ва дар се мох на камтар аз як маротиба нашр мешаванд, хамчунин барномахои телевизиону радио, кинохроника, хабархои агентихои иттилоотй, сабтхо ва барномахои аудио ва аудиовизуалй»4 мукаррар шудаанд.

Мусаллам аст, ки ВАО бояд манфиатхои чомеа, яъне мардумро инъикос намояд, ичтимоъ бошад, аз ашхоси алохида то гуруххои гуногунро фаро гирад. Азбаски фаъолияти хар гурух ё шахсони алохида бар хилофи кавоиди замони шуравй хар хел аст, хислати иттилоъ хам мувофики завк ва талаботи гуруххои ичтимой гуногун мешавад. Яъне, фаъолияти онхо натоичи ичтимой-сиёсии мухим дошта, муносибати ин ахборро ба вокеият ва самти харакатхои ичтимой мукаррар месозад. Махз дар натичаи хамин расонахои хабарй на танхо иттилоъ медиханд, балки идеяхои муайян, назархои гуногун, донишхо, барномахои сиёсй ва акоиди гурухиро низ таргиб месозанд ва ба хамин тарик бевосита дар идоракунии ичтимой ширкат меварзанд. Пас, мукаррар мегардад, ки ВАО низ як кудрат аст, вале бо махсусиятхои хеш аз дигар ниходхои сиёсй ё кудратй фарк дорад. Ин тафрика нахуст дар он аст, ки кударти ВАО-ро ба чашм дида намешавад. Яъне васоити иттилоотонй чун як ниходи ичтимой, ягон салохияти

1 Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, , с. 13

2 Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, с. 8

3 ^онуни Ч,умх,урии Точикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситахои ахбори омма», ш. Душанбе,14 декабри соли 1990, № 199

4 ^онуни Ч,умх,урии Точикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситахои ахбори омма», ш. Душанбе,14 декабри соли 1990, № 199

XOкимияти и^оия, паpламент ё идоpаxои кyдpатpо надошта, ба каcе на фаpмон дода метавонандy на чазо, xатто каcеpо вазифадоp xам каpда наметавонанд.

Acлиxаи аcоcии ин кyдpат cyxан аcт, ки таваccyти он xабаp дода мешавад, ё ягон зyxypоти ичтимой- cиёcй таpафдоpй мегаpдад ё pад каpда мешавад ва ё pафтоpи шаxcи алоxида ё гypyxе маxкyм каpда мешавад, ё xyкyматxо таваccyти BAO танкид ё тавшф каpда мешаванд. Bале шаpти мyxими чомеаи демокpатй ин аcт, ки BAO бояд баpъакcи cоxти cотcиалиcтй ваcилаи таpFиботй набошад. Баpъакc бояд даp мукобил ё даp мyxолифат бо xyкyматx0 к;аpоp дошта бошад, то ки ба аcлиxаи таблототии онxо табдил наёбад.

Имpyз воcитаxои аxбоpи омма даp чаxон низ як кдоми таpкибй ва чудонашавандаи cиёcат гашта, дигаp даp ягон œxra давлатдоpй пешбypди cиёcатpо бе ощо таcаввyp каpда намешавад. Зеpо иттилоот мyxимтаpин ваcилаи идоpакyнии чомеа гашта, xатто мавкеи мачбypкyнии давлатиpо маxдyд намуда, афкоpи оммаи маpдyмpо зеpи таъcиpи xеш нигоx медоpад. Баpои миcол метавон аз тачpибаи к;онyнгyзоpии давлат иcтифода бypд. Bак;те ки Паpламент к;онyнpо ба таcвиб меpаcонад ва xатто онpо Пpезидент имзо мегyзоpад, конун мавpиди амал к;аpоp намегиpад, то замоне, ки он даp нашpияи pаcмии давлатй чоп нашавад. Х,укми конунии он баъди интишоp ёфтанаш даp матбуот pаво мегаpдад. Ё бо гyзаpонидани интиxоботxо, то эълони pаcмии Комдошяи маpказии интиxобот ва pаъйпypcй пеpомyни натоичи он аз таpик;и BAO, на маpдyм аз он огоx мегаpдад, на xиcоби овозxои чамъшуда вокеъй ё эътиpофшyда маxcyб мешаванд. Даp чунин вазъи cиёcй pизоят ва ноpизоятии аxзоби cиёcй, андешаxои нозиpони байналмилалй ва, мyxимтаp аз xама, андеша ва pафти шиpкати маpдyм даp маъpакаи cиёcй низ аз таpики BAO пешниxод мегаpдад, то чомеа мутмаин бошад, ки шиpкати бевоcитаи xалк; ва pаъйи додаи он муайянкунандаи xyкyкxои шёши маpдyм аcт.

Робитаxои давлату xyкyматxо низ даp cатxи байналмилалй тавагсути иcтифодаи иттилои воcитаxои аxбоpи омма побаpчо нигоx дошта мешавад. Имpyз таваccyти моxвоpа аз тамоми олам ба тавpи очилй на тащо xабаp, балки таcвиpи пyppаи xодиcа баpои тамоми оламиён даcтpаcy имконпазиp гаштааcт.

Мycаллам аcт, ки доштани иттилои мyxим агаp як к;yдpат бошад, фаpк каpда тавониcтани мyxимияти ин иттилоъ к;yдpатмандиpо ду баpобаp афзун мекунад. Bале баp замми ин доштани имконияти паxн каpдани иттилои мyxим ва ё тавониетани пинxон каpдани мyxимияти он ^rap заpyp бошад), доштани к;yдpати чандкаpатаpо гyвоx аcт, ки ин имкониятpо низ танxо BAO доpанд. Ба ифодаи дигаp, ваcилаи амалигаpдонии pавандxои cиёcй ба xycyc даp давpаи гyзаpиш ба демокpатия, ки кишваpи Точикиcтон маxз даp xамин маpxала к;аpоp доpад, воcитаxои аxбоpи омма маxcyб мешаванд, ки тули 21 толи cоxибиcтик;лолй к;yдpати онxо даp аpcаи cиёcат боpxо cобит шудааст.

«Ч,yмxypии Точикиcтон давлати cоxибиxтиёp, демо^атй, xyкyкбyнёд, дунявй ва ягона мебошад»5, ки паc аз cоxибcтик;лолй бо pоxи нав, ба cоxти демо^атии давлатдоpй меpавад. Инcтитyтxои cиёcй ва ичтимоии кишваp cимои нав пайдо мекунанд, вале xанyз баxо додан ба он, ки BAO xамчyн нщоди ичтимоии cиёcй чй cамте даp xаёти ин кишваp пеш гиpифта аcт, коpи дyшвоp ает. Ниxодxо даp cypате мycтаxкам мешаванд, ки ощо аcоcи назаpиявии xyдpо дошта бошанд. Ба андешаи муаллиф, воcитаxои аxбоpи омма xаpчанд даp чаxон xамчyн инcтитyт, к;yдpат ё xокимияти чоpyм эътиpоф шуда бошанд xам, даp Ч,yмxypии Точикиcтон xамчyн ниxоди мycтаxками ичтимой пyppа ташаккул наёфтаанд, зеpо xанyз аcоcxои илмию конунии xyдpо пyppа муайян накаpдаанд.

Муаллифони китоби «Чоp назаpияи матбуот» Фpед Сибеpт, Bилбyp Шpам ва Теодоp Питеpcон ба ин андеша xаcтанд, ки xаp давpy замон муайянкунандаи pyxияи cиёcй-ичтимоии xyдpо доpад. Мyтаноcибан назаpияе, ки даp илми он замон пайдо мешавад, маxcycиятxои воштаи аxбоpи xамон давpаpо муайян мекунад. Oнxо pоxи таpак;к;иёти воcитаxои аxбоppо то нимаи аcpи ХХ ба чоp так£им каpда, баp ин фикpанд, ки назаpияти автоpитаpй ба таълимоти Aфлотyн ва Маpкиявели, назаpияи озодигаpой

5 Ниг. Конститутсияи (Саpконyни) Ч,yмxypии Точикистон, c. 8

4

ба таълимоти Милтон ва С. Милл такя мекунад. Назарияи матбуоти хизбй-шуравй ба таълимоти Маркс, Энгелс, Ленин, Сталин ва назарияи масъулияти ичтимой бошад, дар заминаи либерализм пайдо шуда, дар такя ба таълимоти Милтон ва комиссияи махсусе, ки дар Амрико соли 1942 таъсис дода шуда буд, рохи назариявии худро пайдо кард.6 Агар мутобик ба ин назария андеша кунем, матбуоти муосири Точикистон дар холати духурагй дар байни системаи матбуоти хизбй-шуравй ва системаи мутобик ба назарияи масъулияти ичтимой карор дорад. Яъне хануз мафкураи пешин пурра аз байн нарафтааст ва хамакнун мафкураи муосир хам устувор нашудааст.

Бояд тазаккур дод, ки воситахои ахбори омма хамчун институти ичтимой аз тамоми ниходхои чомеаи шахрвандй бо он фарк мекунанд, ки хусусияти баланди оммавият доранд. Профессор Прохоров бар ин акида аст, ки: «...ахбори оммавй бояд мохияти фаъолияти журналистро бозгу кунад».7 Бо идомаи ин акида, проффесор И. Усмонов менависад: «Ахбори оммавй ин иттилооте мебошад, ки мухтавояш на ба манфиати як одам, як хонадон, балки ба доираи зиёди одамон, яъне ба мардум, дахл дорад.».8 Ба андешаи мо низ, тибки талаботи меъёрхои демократия, журналист ва кулли васоити ахбори омма бояд масъулият ё чавобгарй дар назди мардум дошта бошанд, на дар назди ягон хизб ва ё ягон рохбар. Яъне, онхо бояд конеъкунандаи талаботи мардум ба иттилоот бошанд. Азбаски рисолати ВАО ва журналист таъмини мардум ба иттилоот аст, мутаносибан масъулияташон низ дар назди халк бояд хамин бошад. Вокеан, талаботи демократй мантикист, зеро иттилои омодакардаи ВАО махз барои оммаи мардум аст ва халк дар сохти демократй идоракунандаи давлат аст. Хдмин нишонахо имконият фарохам месозанд, ки ВАО-ро дар хамаи кишвархои демократй хамчун як ниходи мухими чомеаи шахрвандй, ки хеле ба сиёсат наздик аст, арзёбй кунем.

Маъмулан дар сиёсати чахонй воситахои ахбори оммаро ба ду ифода - « силох» ва «хокимияти чорум» мавриди истифода карор медиханд. Истилохи «силох» ба системаи воситахои ахбори шуравй бештар мувофикат мекунад, зеро дар оммавй кардани мафкураи коммунистй аз ВАО ба пуррагй истифода мешуд. Ибораи «хокимияти чорум» бошад, бештар бозгукунандаи махсусияти журналистика ва воситахои ахбори нав - ВАО-и замони демократия аст. Вожаи «силох» дар ин гуфтаи мо ва маъмулан хамчун силохи хизбй, хамчун олоти таъсиррасонй ба мафкурахо фахмида мешавад ва вокеан хам назарияи марксистй-ленинии журналистика хамин махфумро дар бар мегирифт. Аммо фахмиши кудрат ё хокимият будани ВАО маънои мустакил будан, вазни бузурги ичтимой-сиёсй доштани онхоро ифода мекунад. Гуфтахои «хар касе иттилоъ дорад, кудрат дорад» ва «шахси сохибиттилоъ чахонро идора мекунад» дар ин замина асос ёфтаанд.

Мохияти ин назария низ дар он аст, ки баробаркудратии ВАО-ро бо дигар ниходхои сиёсй ё шохахои давлат - парламент, хокимияти ичроия ва хокимияти судй то андозае бозгу мекунад. Агар ин се шохаи хокимияти давлатй, чун се кудрат муайянкунандаи системаи давлатдорй бошад, пас кудрати чорум аз неруи халк, яъне аз афкори оммавии вай, намояндагй мекунад. Барои хамин, онхое ки хокимияти чорум будани ВАО-ро таъкид мекунанд, чунин андеша доранд, ки бояд хукумат дар бораи фаъолияташ ба ВАО хисобот дихад. Х,еч чиз ва хеч кас бояд барои фаъолияти ВАО монеъа нашавад. Дар моддаи 5-и «Конуни Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситахои ахбори омма», ки вочибии ахбор ном дорад, чунин меъёр таъкид гаштааст: «Ташкилотхои давлатию сиёсй ва чамъиятй, харакатхо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба ВАО маълумоти заруриро диханд». 9 Хдмин нуктаи конунгузорй бояд чун махаки меъёри бозгукунандаи хислати демократии чомеа пурра риоя гардад.

6 Ниг. китоби Фред С. Сиберт, Вилбур Шрамм, Теодор Питерсон, «Чор назарияи матбуот» (тарчумаи И. Усмонов. Душанбе соли 2011)

7 Прохоров Е.П. Введение в журналистику. Москва 1988г. стр.6

8 Усмонов И.К. Журналистика. Ч,илди 4, Душанбе с. 2011 , сах.8

9 Конуни Ч,умх,урии Точикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситахои ахбори омма», ш. Душанбе, аз 14 декабри соли 1990, № 199

Махсусияти ВАО-ро хамчун институти ичтимой як силсила асноди байналхалкй низ таъкид ва химоя мекунад. Масалан дар «Паймони байналмилай оид ба хукукхои шахрвандй ва сиёсй», ки бо катъномаи 2200А, 16 декабри соли 1996 аз тарафи Ассамблеяи генералии СММ кабул щудааст, махсус таъкид мешавад, ки: « Вазифаи ВАО пайдо кардан, тахрир кардан ва падн кардани ахбор ва акидаи нав аст. Деч кас хак надорад, ки дар ин кор ба ВАО муковимат кунад»10. Ин мукаррарот дар иртибот ба дигар конунгузории сохавй хадафхои аслии ВАО-ро хамчун як институти сиёсии ичтимой муайян кардааст. Барои фаъолияти кории корманди ВАО хатто махдудияти сархадй низ чун монеъа буда наметавонад. Дар иртибот ба ин гуфтахо Эъломияи чахонии хукуки башар дар моддаи 19 чунин мефармояд: «Дар як инсон хакки озодии акида ва баён дорад; ин хак озодии риояи бемамониати акида, чустучу, дарёфт ва интишори иттилоот ва афкорро ба хар васила, бидуни мулохизоти марзи давлатй, фаро мегирад»11.

Дамзамон ба ин хама мутахасиссин эътироф кардаанд, ки махсусияти ин институт дар ду чиз зохир мешавад - дар сиёсй ва эчодй будани он. Яъне хоставу нахоста ВАО хислати сиёсй пайдо мекунад ва ниходи сиёсй мешавад, чунки сиёсат низ бе васоити иттилоотонй оммавй намешавад. Аммо на дар нигохи эчодй, балки дар нигохи ичтимой саволе пайдо мешавад, ки як институти сиёсй чй гуна метавонад бетараф ва озод амал кунад, андешахои кулли гуруху равияхоро бегаразона ва вокеъбинонаву бе махдудият ба мардум пешниход гардонад. Дар дарки ин махфумхо олимон ва мутахассисони ВАО хамфикр нестанд, баъзехо озодии ВАО-ро рад мекунанд, яъне онхо бар ин назаранд, ки як рузнома ё мачалла, телевизион ё радио наметавонад ба сари худ мустакил бошад ва ба хеч ниходи сиёсие такя накунад, он вакт мавчудият ва зарурияти он зери шубха мемонад. Мухолифони ин акида чунин андеша доранд, ки мавчуд будани бозори озод дастрасии ВАО-ро ба тичорат табдил медихад, яъне бо истифодаи эълону реклама имконияти бетарафии онхоро фарохам месозад.

Бархе аз сиёсатшиносон ва хатто мухаккикони журналистика махсусан онхое, ки аз системаи чахонии сотсиализм бештар хабар доранд, ба он акидаанд, ки барои институти ВАО дастрасй ба реклама худ аллакай тобеияти сиёсй ва иктисодй аст, зеро имконияти чоп кардани ин ё он мавзуъ то хадде ба хости рекламадиханда вобаста мешавад. Дар замони имруз бошад, дар матбуот ва телевизион, хатто радиову интернет хам матолиби фармоишй ё ба истилох PR-материалхо хеле зиёд шудаанд. Матбуоти хукуматй чунин матлабхоро барои хатмй будани ичрои конуну карорхо ва ё дар даврахои маъракахои давлатии сиёсй бо супориши расмй ичро мекунад. Вале матбуоти, ба истилох, озод бошад, ин равияро кори хамарузаи худ шуморида, онро хамчун сарчашмаи иктисодй кабул кардааст. Дар ин замина хар ду навъи ВАО то андозае ба муассис ё ашхоси фармоишгар тобеъият пайдо мекунанд, ки ин ба талаботи воситахои иттилоотонии вокеан демократй мувофикат намекунад.

Дар бахси мустакилият ва озодии ВАО масъалаи касбй ба чойи дуюм меафтад, яъне муаллиф метавонад озодона нависад, гуиё барои ин монеае нест, аммо навиштаи уро кадом воситаи ахбор истифода мебарад ин ба хислати воситаи ахбор вобаста аст. Барои хамин, маъмулан онхое, ки дар системахои гуногуни воситахои ахбор кор мекунанд барои фаъолият чойеро интихоб мекунанд, ки акида ва хостори зиндагиашон ба он мувофикат намояд.

Воситахои ахбор хамчун институт хар чизеро, ки ба пахн кардани акида ва ахбор тааллук дорад, дар бар мегирад аз ин нигох рузнома, мачалла, радио, телевизион ва интернет аз воситахои ахбор ба хисоб мераванд.

Шарти мухими ин интсититути ичтимой хислати оммавй доштани он аст, яъне маводу матолиб барои худ ё барои як кас гуфта нашудаанд, балки он ба теъдоди зиёди одамон равона шуда аст. Агар, фарз кардем, телефон танхо робитаи инфиродиро таъмин кунад, интернет дар аксарияти холат хусусияти ичтимой дорад, хатто ба зохир

10 «Паймонибайналмилалй оид ба хукукхои шахвандй ва сиёсй», соли 1996

11 Мачмуаи санадхои меъёрию хукукии Точикистон дар сохаи воситахои ахбори омма, Душанбе, 2012, сах.6

6

баxшxoe, ки мyнocибати фаpдиpo ифода мекунанд, даp асл одами аз ин дoиpа зиёдтаpepo даp назаp дopанд, баpoи xамин ин pаддy бадали афкopy андеша ё табoдyли назаp даp тopнoмаxo бо номи шабакаxoи ичтимой кабул шyдаанд.

Aлбатта, xанyз на xама ба эътиpoфи онанд, ки интepнeт ба сифати жypналиcтика шинoxта шавад. Bocитаи аxбop бyдани интepнeтpo pад намeкyнанд, аммо даp мавpиди жypналиcтика бyдани он шyбxа дopанд. Дyxypагй даp ин мавpид гyнoгyнандeшй нест, xакикати xoлpo ифода намекунад, балки ин андеша даp таpкиб Fаpази сиёсй дopад. 3epo факат ба сифати заxиpаи иттилоотй шинoxтани интepнeт ин нодида гиpифтани манбаи аxбop бyдани он аст. Яъне ба xамoн xаддe, ки, фаpз каpдeм, pyзнoма манбаи аxбop бошад, ба xамoн xад иш^нет xам манбаи аxбop аст ва ба xамoн xад, ки иш^нет заxиpаи аxбop бошад, мачалла ва телевизион xам заxиpаи аxбop аст. Ба воситаи аxбop бyдани ин падидаи нави таxникй он xам далел аст, ки айни замон вай cаpeътаpин василаи паxн каpдани аxбop аст. Бeштаp аз ин, ба дигаp навъи вocитаxoи аxбop низ имконият мeдиxад, ки матoлибашoнpo таваccyти он паxн кyнанд. Заpypати замон ва истифодаи тexнoлoгияи иттилоотонии мyocиp аст, ки яке аз калош^ин нашpияxoи дyнё - pyзнoмаи «Нию - Йopк таймс» имpyз пyppа элeкpoнй шyдааcт.

Даp шаpoити Точикистони имpyза ниxoди сиёсии BAO ду xати кавии аз xам фаpккyнанда дopад. Гypyxи аввал BAO-e мебошад, ки гyиё xиcлати «cилox» Дopад ва ин матбyoти pаcмии Точикистон аст, ки бо маблаFгyзopии xyкyмат нашp мешавад. Даp ин мавpид, албатта, маблаFдиxанда мyxтавoи восш^ои аxбoppo низ мyайянy назopат мекунад. Баpoи xамин ин навъи восш^ои аxбopи омма даp мавкеи катъии xyкyматй каpop дopанд. Myтаxаccиcoн ин навъи васоити аxбoи oммаpo ба ду таксим каpдаанд -нашpияxoe, ки бевосита бо маблаFи Хукумат нашp мешаванд ва нашpияxoe, ки ба ниxoдxoи ба Хyкyмат тобеъ тааллyк дopанд. Гypyxи дуюм BAO-и мycтакил аст, ки oнxo xyдpo «cилox» не, балки нepyи чopyм xиcoб мекунанд. Маъмулан ин нашpияxo, бо маблаFгyзopии Fайpиxyкyматй нашp мешаванд. Даp шаpoити Точикистон акcаpияти ощо ба гpантxoи coзмoнxoи байналмилалй ва peкламаи xopичиxo эxтиёч дopанд, ба чуз микдopи маxдyди oнxo, ки xиcлати сиёсй дopанд ё ба азxoби сиёсй мансубанд.

Яке аз маxcycиятxoи BAO, xамчyн институти сиёсй- ичтимой, ин xиcлати cафаpбаpкyнандагй ва ташкилотчигии он аст. Яъне восш^ои иттилоот бо дигаp интcтитyтxoи чомеаи шаxpвандй xампаxлy мepаванд ва даp айни xoл баpoи фаъолияташон ёpй мepаcoнанд ва ин ёpй маъмулан даp таблиFи фаъолияти oнxo зoxиp мешавад.

Aлбатта, на xама иттилои BAO xиcлати сиёсй дopад, вале аxбopи сиёсй киммати xocа дошта, на тащо ба аxoлии як кишваp, балки ба чомеаи чаxoнй низ таъcиpгyзop аст. Mаxз тавассути восш^ои аxбopи омма даp чомеа афкopи умум ба вучуд меояд, ки ин яке аз вазифаxoи мyxими васоити иттилоотонй даp кишваpxoи демо^атй ба xиcoб мepавад. Тавассути ин даcтгoxи мyктадиp даp Точикистон низ маpдyм ба фаъолияти xyкyмат, паpламeнт, xoкимияти судй, аxзoби сиёсй ва чомеаи шаxpвандй баxo мeдиxанд, ки ин нишондщандаи мyxими ниxoди демо^атй будани BAO даp xаp як чомеъа маxcyб мeгаpдад.

Шиpкати васеи аxoлй аз таpики телевизиону pадиo, матбуот ва интepнeт даp xама pавандxoи сиёсии чомеа, аз pаъйпypcй то интиxoбoтxo, баёни афкopи маpдyм пepoмyни xаp як икдоми Хукумат ва cиёcатмадopoн гyвoxи он аст, ки василаи пypкyдpаттаpини чомеаи демо^атй ё институти мyxими ичтимой ин восш^ои аxбopи омма мебошанд, ки то xoл инсоният дигаp назиpашpo наёфтааст.

Хамин тавp BAO аз инcтитyтxoи мycтаxками сиёсй-ичтимоии чомеаи шаxpвандй ба xиcoб pафта, имконияти ташаккул додани муносибати oммаpo нисбат ба Хукумат ва нисбат ба дигаp ниxoдxoи чомеа дopo мебошанд. 3epo: 1. Иттилоъ кyдpат аст ва даp пeшбypди сиёсат бе истифодаи ин кyдpат xeч як давлат

манфиатxoи xаётан мyxими xyдpo пеш бypда наметавонад.

2. Bоcитаxои аxбоpи омма на тащо ваcилаи ба чомеа pаcонидани иттилои шё^ет, балки афкоpи yмyмpо ба вучуд меоpад, ки озодона баён каpдани он шаpти мyxими чомеаи демокpатиcт.

3. Bоcитаxои аxбоpи омма, чун як ниxоди мyктадиpи ичтимой-шёш, ба xyкyматxо иктидоpи cиёcии таъcиppаcониpо на танxо даp чомеаxои xyд, балки ба дигаp кишваpxо низ медщанд.

4. Яке аз pоxxои аcоcии ба фаъолияти давлат, азxоби cиёcй, шаxcиятxои cаpи кyдpатбyда ва дypycтивy нодypycтии cиёcати пешгиpифтаи давлатмаpдон баxо додани xалк, ки даp давлати демокpатй идоpакyнандаи аcоcй маxз y бояд бошад, иcтифодаи дypycти xамин инcтитyти ичтимой мебошад.

5. Х,укуки ба иттилоот доштаи чомеаpо низ таваccyти BAO амалй гаpдонидан имконпазиp аcт. Димоя, амалй каpдан ва pиояи xyкyки шаxpвандон бошад, яке аз шаpтxои аcоcии чомеъаи демокpатй аcт. Ниxоди ичтимоии BAO накши миёнаpавиpо байни маpдyм ва xyкyмат доpад, агаp таваccyти ин pиcолат назоpатгаpи pиояи xyкyки маpдyм бyданашpо ичpо накунад, паc xамчyн як кyдpат ё ниxоди œxra демокpатй вучуд дошта наметавонад.

6. Бо доштани вазифаxои иттилоотонй, маъpифатнокcозй, танкидкунй, ичтимоъcозй ва доштани накши назоpатчигй, BAO xамчyнин доpои кyдpати боpизи cафаpбаpй (мобилизатcия) мебошад, ки инcонxоpо ба xаpакатxои cиёcй ва абcентизм (беxаpакатии бошyypона ) pаxнамyн меcозад.

7. Bаcоити аxбоp чун кyдpате, ки фаpогиpи шyyp ва афкоpи омма аcт, маcъалаи ба cиёcат кашидани ашxоcи алоxида ё гypyxxои одамонpо ба тавpи xеле очилй, xатто ба як даъват, амалй каpда метавонанд. Mаxз BAO имконияти бyзypги таъcиppаcонй ба аклу эxcоcоти маpдyмpо доpо буда, даp таxpик додани pафтоpи cиёcии шаxc кyдpати бyзypги аcоcнокcозиpо cоxиб мебошанд.

S. Яке аз pиcолатxои шёш ва мyxими дигаpи воcитаxои аxбоpи омма ин имичи cиёcй cоxтан аcт. Ин накш даp муайян каpдани на танxо имичи шёши кишваp, xамчyнин даp боло бypдани обpyи cаpваpони давлатxо, cиёcатмадоpони cатxи чаxонй бо иcтифодаи BAO xамаpyза даp xаёти cиёcии чомеаи чаxонй дида мешавад, ки аз накши бyзypги ин ваcилаxои пypкyдpати иттилоъpаcонй ва таъcиpгyзоpии онxо даp cиёcат шаxодати бештаpе медиxад.

Замони мyоcиp cобитгаpи он аcт, ки фаpмyдаxои: «Acpи XXI - аcpи иттилоот» ва «Хдо каcе иттилоъ доpад, чаxонpо идоpа мекунад» бе cабаб гуфта нашудаанд. Bоcитаxои аxбоpи омма даp замони мо натанxо минбаpи баланди ибpози андешаxои cиёcй, натащо ваcилаи таpFиби cиёcатxо, балки xyд cиёcатcоз гаштаанд. Mаcалан, баxше аз шкинони деxоти дypдаcт аз мавчудияти кадом як xизби cиёcй xабаp надоpад, cаpваpони xизб ё баpномаxои онxоpо пyppа намедонад, вале тавагсути иттилои pадиовy телевизион ё матбуоту интеpнет пеpомyни xаёти cиёcии он x^6 ё таpафдоpонy мyxолифинаш мунтазам иттилоъ мегиpад. Даp тафаккypи вай таваччyx ё баpъакc танаффyp ба pавияxои ин гypyxи cиёcй xатман пайдо мешавад. Aлбатта, ин иттилои мавчуда ба xаёти ичтимоии xаp як шаxc бетаъcиp буда наметавонад. Aммо даp акидаxои шаxcи фаъоли шёш бошад, ангезаxои ин иттило бештаp cиёcй аcт, ки бешак таъcиpи мутакобила ба xаёти шёши y доpад. Яъне, ваcоити иттилоотй + шyyp + xаёти ичтимой (шёш) даp замони мyоcиp як фоpмyлае гаштааcт, ки аз ногyзиp будани таъcиpи BAO чун як нщоди ичтимой - чи ба cиёcати доxилй ва ба чи cиёcатxои чаxонй -шаxодат медщад.

Адабиёт:

1. Kонcтитyтcияи (Саpконyни) Ч,yмxypии Точикистон, c. 8,13

2. Крнуни Ч,yмxypии Tочикиcтон «Даp боpаи матбуот ва дигаp воcитаxои аxбоpи омма», ш. Душанбе, 14 декабpи cоли 1990, № 199

3. Ниг. Конетитутсияи (Саpконyни) Ч,yмxypии Tочикиcтон, c. S

4. Ниг. китоби Фред С. Сиберт, Вилбур Шрамм, Теодор Питерсон «Чор назарияи матбуот» (тарчумаи И. Усмонов, Душанбе, соли 2011)

5. Прохоров Е.П. Введение в журналистику. Москва, 1988г. стр.6

6. Усмонов И.К. Журналистика, чилди 4, Душанбе, с. 2011 , сах,.8

7. «Паймони байналмилалй оид ба х,ук;укдои шахрвандй ва сиёсй», соли 1996,

8. Мачмуаи санадх,ои меъёрию х,укук;ии Точикистон дар сох,аи воситах,ои ахбори омма, Душанбе, 2012, сах,.6

СРЕДСТВА МАССОВОЙ ИНФОРМАЦИИ КАК СОЦИАЛЬНО-ПОЛИТИЧЕСКИЙ ИНСТИТУТ

Хуриннисо Ализода

Автор в настоящей статье, рассматривая средства массовой информации как социально-политический институт, попыталась изучить и проанализировать различные аспекты вопроса, что в большей части представляет особенности осуществления политического процесса. Статья имеет методологические особенности, и может положить конец некоторым спорам в рамках анализирования сущности СМИ в демократический период.

Ключевые слова: СМИ, социальный институт, демократический, четвертая власть, политический имидж, актентизм.

MASS MEDIA AS A SOCIAL AND POLITICAL INSTITUTE

Hurinniso Alizoda

Author in this article considers media as a socio-political framework, tried to study and analyze various aspects of the issue that is most of the features of the political process. Article has methodological features, and can put an end to some disputes within the spirit of analyzing the media in the democratic period.

Key words: Mass Media, social institute, democratic, the fourth authority, political image, accentizm.

Сведентия об авторе: Хуриннисо Ализода- заместитель директора национальной бибиотеки Таджикистана, тел.:(+992)918-93-75-25, e-mail:alizodahurihhiso@ihbox.ru;

Information about the author: Hurinniso Alizoda-deputy director, National Library of Tajikistan, tel.: (+992)918-93-75-25, e-mail:alizodahurihhiso@ihbox.ru;

ОБОРОННОЕ СОЗНАНИЕ МОЛОДЕЖИ В ГОДЫ НЕЗАВИСИМОСТИ ТАДЖИКИСТАНА

Усмонов С.Х.

Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни

Оборонное сознание как часть человеческого сознания наряду с политическими, классовыми, общественными и другими сознаниями имеет своё направление и сферу влияния. Философские источники и словари оборонное сознание располагают наряду с патриотизмом и гуманизмом, национальной сплоченностью и идентичностью. Оборонное сознание наиболее чаще встречается в области обороны, спорта, экологии, защиты природы и семейной жизни индивидуумов. Как и другие качественные показатели личности, оборонное сознание тоже определяет индивидуальную позицию человека в социуме, только в отношении к патриотизму, гуманизму, мужественности и национальной идентичности.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.